Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2018, №95

тасдиқ шудааст

 

Низомномаи

намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ
оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим (минбаъд – Низомнома) асосҳои ташкил ва фаъолияти комиссияҳои доимии вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимро (минбаъд - комиссияи доимӣ) муқаррар менамояд.
  2. Низомнома дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шудааст.
  3. Комиссияи доимӣ ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот (минбаъд - мақомоти маҳаллӣ) таъсис дода мешавад.
  4. Комиссияи доимӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

 

  1. ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ
    КОМИССИЯИ ДОИМ
    Ӣ

 

  1. Комиссияи доимӣ бо қарори (фармоиши) роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар ҳайати раис, муовин, котиб ва аъзои комиссия иборат аз 5 - 9 нафар таъсис дода мешавад.
  2. Низомномаи комиссияи доимиро маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тасдиқ мекунанд.
  3. Ба ҳайати комиссияи доимӣ роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони таҷрибадори мақомоти маҳаллӣ ворид карда мешаванд. Мудирони шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ ва сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ ба ҳайати комиссияи доимӣ ҳамчун котиб шомил карда мешавад.
  4. Роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот раиси комиссияи доимӣ мебошад.
  5. Ҷаласаҳои комиссияи доимӣ на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешаванд. Аъзои комиссияи доимӣ дар ҷаласа бе ҳуқуқи ивазшавӣ иштирок мекунанд. Ҳангоми зарурат бо тартиби муқарраргардида ба ҳайати комиссия тағйирот ворид карда мешавад.
  6. Комиссияи доимӣ аз рӯи асосҳои зерин ҷаласа доир менамояд:
  1. Ҷаласаи комиссияи доимӣ ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он беш аз нисфи ҳайати он иштирок дошта бошад.
  2. Қарори ҷаласаи комиссияи доимӣ бо протокол ба расмият дароварда мешавад. Дар рафти ҷаласа мумкин аст сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ истифода гарданд, ки онҳо низ ба протокол замима карда мешаванд. Ба протокол раис ва котиби комиссия имзо мегузоранд.

 

  1. ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯИ ДОИМӢ

 

  1. Вазифаҳои комиссияи доимӣ аз анҷом додани назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии риоя накардани талаботи Қонуни мазкур иборат мебошад.
  2. Комиссияи доимӣ барои иҷрои вазифаҳои худ ваколатҳои зеринро доро мебошад:

- таҳияи протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани қонунгузории соҳа;

  1. Дар ҳолати риоя нашудани талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим комиссияи доимӣ санади дахлдор таҳия намуда, онро барои татбиқи чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба суд барои баррасӣ пешниҳод менамояд.

 

  1. ВАКОЛАТҲОИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ДОИМӢ

 

  1. Раиси комиссияи доимӣ:
  1. Муовини раиси комиссияи доимӣ:
  1. Котиби комиссияи доимӣ:
  1. Узви комиссияи доимӣ:

 

  1. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

  1. Комиссияи доимӣ тибқи тартиби муқарраршуда ҳар семоҳа, нимсола ва солона ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассал ва таҳлилӣ пешниҳод менамояд.
  2. Назорати иҷрои Низомномаи мазкур аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад.
  3. Барои вайрон кардани талаботи ин Низомнома шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.