Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «6» феврали  соли 2018, №1005

тасдиқ шудааст

 

КОНСЕПСИЯИ

СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2028

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бе таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст.
  2. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вазифаҳои якумдараҷаи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
  3. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, мафкуравӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи минбаъдаи онҳо роҳандозӣ мешавад. Хусусиятҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои татбиқи ҳуқуқ ташкил медиҳанд. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо самтҳои асосии сиёсати давлат амалӣ гардида, заминаи ҳуқуқии сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигари сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
  4. Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробари шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд.
  5. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад. Сиёсати ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои хатарзо), ҳифзи фазои иттилоотии ҷумҳурӣ аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир равона карда мешавад.
  6. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, буҳрони молиявию иқтисодӣ ва шиддат гирифтани зиддиятҳои минтақавию тамаддунӣ яке аз воситаҳои муҳими ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, устувории давлати ҳуқуқбунёд ва ҳимояи манфиатҳои халқи Тоҷикистон, ин дуруст, бонизом ва мутобиқ ба арзишҳои башарӣ ва манфиатҳои миллӣ ба роҳ мондани сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад.

 

  1. ВАЗЪИ КУНУНИИ ҚОНУНГУЗОРИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

  1. 9 сентябри соли 1991 халқи тоҷик соҳиби давлати комилан мустақил гардид. Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ҳамчунин бо дар назар доштани дастовардҳои нави ҷомеа ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуда, марҳилаи нави такмили сохтори конститутсионӣ оғоз гардид ва он имкон дод, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуда, мазмуну муҳтавои низоми ҳуқуқии кишвар такмил ва асосҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявии он таҳким ёбад. Дар таърихи сиёсии кишвар бори нахуст парламенти думаҷлиса ба фаъолият шурўъ намуд. Мақомоти иҷроия ва судӣ, инчунин сохтори иқтисодии кишвар такмил дода шуда, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў ба сифати арзиши олӣ ва дигар андешаҳои демократӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, ки айни замон ба шароиту талаботи дохилӣ ва байналмилалӣ ҷавобгў мебошанд.
  2. Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқии мусоидаткунанда ба рушди низоми нави ҳуқуқӣ, фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро ба марҳилаи сифатан нав, ба монанди банақшагирии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ, гузаронидани тадқиқоти илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ, гузаронидани экспертизаҳои ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии лоиҳаҳои қонунҳоро ворид намуд. Дар баробари қабул гардидани шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар кишвар ва эътироф гардидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин дар ин давра як қатор консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва қабул карда шуданд, ки ба ташаккул ва рушди минбаъдаи муносибатҳои нави иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Дар натиҷа корҳо оид ба таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои муайян, аз ҷумла қонунгузории конститутсионӣ, гражданӣ, соҳибкорӣ, молиявӣ, бонкӣ, гумрук, андоз, ҷиноятӣ, маъмурӣ, мурофиавии  гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ, истеҳсолоти иҷро ва ғайра густариш пайдо намуданд.
  3. Бояд тазаккур дод, ки дигаргуниҳои бунёдии дар раванди ҷаҳонишавӣ ва буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ бавуқўъомада, инчунин вусъат ёфтани ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, иштироки фаъолонаи он дар созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, таъсиси субъектҳои муштараки хоҷагидорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зарурати барқарор намудани иқтисодиёт пас аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, такмили фаъолияти давлатро дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ баҳри мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ ба талаботи нави рушду пешрафти ҷаҳони имрўза, тақозо менамояд. Ҳамзамон, дар ин давра Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки дар асоси он шаш барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самту соҳаҳои гуногун барои солҳои 2012-2015 таҳия ва тасдиқ карда шуданд.
  4. Дар давоми зиёда аз бисту шаш соли гузашта рукнҳои давлатдории муосири Тоҷикистон хеле таҳкиму такмил ёфтанд ва барои торафт мустаҳкам гардидани истиқлолияти воқеии кишвар мунтазам мусоидат менамоянд. Бинобар ин, ислоҳоти гузаронидашуда ба такмили минбаъдаи демократикунонии институтҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ мусоидат намуд.
  5. Аз ин рў, барои бапуррагӣ иҷро гардидани барномаҳои зикршуда, дар чунин шароит стратегияи ба мақсад мувофиқи ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи он бо дар назар доштани ҳалли вазифаҳои дарозмуҳлат дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигари қонунгузорӣ бояд амалӣ карда шаванд. Вобаста ба ин, инкишофи минбаъдаи қонунгузории кишвар бояд тибқи консепсияи ягонаи сиёсати ҳуқуқӣ, ки дурнамои инкишофи онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, сурат гирад.

 

  1. ЗАРУРАТ ВА АҲАМИЯТИ ҚАБУЛИ КОНСЕПСИЯ

 

  1. Зарурати қабули Консепсия аз талабот ва омилҳои зерин бармеояд:

 

  1. САМТҲОИ АСОСИИ РУШДИ ҲУҚУҚИ МИЛЛӢ

 

  1. Қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар 6 ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа гардиданд.
  2. Бо вуҷуди пешравиҳо дар самти сохтори конститутсионии кишвар, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, ташаккул ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар шароити имрўза низоми конститутсионии кишвар ба такмил ниёз дорад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:

- такмили идоракунии давлатӣ бо таваҷҷуҳ ба инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ.

  1. Ҳуқуқи маъмурӣ ҳамчун ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқи миллӣ дар таҳким ва устувории пояҳои дастгоҳи давлатӣ нақши асосӣ дорад. Ҳуқуқи маъмурӣ муносибатҳои марбут ба идоракунии давлатиро танзим намуда, дар худ падидаҳо ва зерсоҳаҳои муайянро дар бар мегирад, ки зарурат ба рушд додани онҳо ба миён омадааст. Рушди ҳуқуқи маъмурӣ ислоҳоти маъмуриро дар кишвар ба миён меорад. Ислоҳоти маъмурӣ ба амалигардонии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар сатҳи идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, устувории ташкил ва самаранокии фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия, рушди хизмати давлатӣ, таъмини мукаммали қонуният ва интизом дар идоракунии давлатӣ ва такмили мурофиаи маъмурӣ мусоидат менамояд.
  2. Дар шароити муосир муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ, махсусан идоракунии давлатӣ рушд ёфта истодаанд. Фаъолияти амалии мақомоти ҳокимияти иҷроия нишон медиҳад, ки устуворӣ дар раванди баамалбарории идоракунии давлатӣ дар сатҳи муайян дида мешавад. Новобаста аз ин, фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия ва худи идоракунии давлатӣ имрўз ба такмил ниёз дорад. Якчанд омилҳое мавҷуданд, ки зарурати такмили масъалаҳои зикргардидаро ба миён меоваранд:
  3. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо мукаммал шудани қонунгузории молиявӣ фаъолияти молиявии давлат ҳамчун бахши таркибии муҳим ва зарурии низоми сиёсати иҷтимоии давлат қарор гирифта, васоит ва тарзу усулҳои гуногуне ба кор бурда шуд, ки онҳо ба коҳиш додани нобаробарии иҷтимоӣ равона карда шудаанд. Ба монанди тағйироти иҷтимоӣ, ки дар муносибатҳои ҳуқуқии соҳибкорӣ (додани имтиёзҳои андоз, қарзҳои дарозмуддат, имтиёзнок ва ғайра), таъсиррасонии давлатӣ ба муносибатҳои меҳнатӣ (муҳофизати меҳнат, ҷорӣ шудани меъёрҳои имтиёзнок нисбати занон, ҷавонон ва ғайра), таъмин кардани дастрасии умум ба хизматрасониҳои муҳимтарин (суғуртаи иҷтимоӣ, муроҷиати ройгони корманд оид ба баҳсҳои меҳнатӣ ба судҳо ва ғайра), камтар кардани нобаробарии молумулкӣ аз ҳисоби маблағҳои давлат (додани грантҳои ҳукуматӣ, қарзҳои имтиёзнок барои сохтмони манзил) ва дигар чорабиниҳои иҷтимоӣ инъикос ёфтаанд.
  4. Дар баробари мавҷудияти дастовардҳои зикршуда дар соҳаи ҳуқуқи молия як қатор мушкилот ҷой дорад, ки барои ҳалли онҳо анҷом додани чунин корҳо мувофиқи мақсад аст:
  1. Андоз яке аз нишонаҳои давлатдорӣ буда, ифодагари сиёсати мустақилона дар бахши молия мебошад ва маҳз ба туфайли маблағҳои ҷамъовардаи андоз давлат мавқеву қувваи иқтисодиро соҳиб мегардад. Дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон рушди қонунгузории андоз боиси он гардид, ки давлат аз он ба сифати воситаи ҳуқуқӣ ҷиҳати таъсиррасонӣ ба иқтисодиёти бозорӣ ҳамчун фишанги муҳими механизми танзими давлатии иқтисодиёт истифода намуда, буҷети давлатиро ғанӣ гардонид.
  2. Дар соҳаи ҳуқуқи андоз як қатор мушкилот ҷой дорад, ки барои ҳалли онҳо анҷом додани корҳои зерин мувофиқи мақсад аст:

- бо дар назар доштани талаботи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад, аз нав таҷдиди назар намудани меъёри андоз барои захираҳои табиӣ;

  1. Ихтилофот байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии гумрукӣ, норасоиҳо дар қонунгузории гумрук, воридшавии молҳои пастсифат ба бозори дохилӣ, ҷавобгў набудани маҳсулоти миллӣ ба сифат ва талаботи бозори ҷаҳонӣ, хатар ва таҳдидҳои сиёсии иқтисодӣ ба бозори дохилӣ ва иқтисодиёти миллӣ, дуруст роҳандозӣ нагаштани ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории гумрук бо қонунгузории кишварҳои узви созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, рушди қочоқи маводи мухаддир дар ҷаҳон, ноустувории иқтисодиёти миллӣ, муҳити носолими рақобат дар соҳаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ба самаранокии сиёсати ҳуқуқии гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.
  2. Аз ин нигоҳ бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ зарурати анҷом додани чунин корҳо пеш меояд:
  1. Сиёсати ҳуқуқии бонкӣ яке аз ҷузъи таркибии сиёсати молиявии давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар асоси қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маҷмўи барномаҳои давлатии дахлдор ба амал бароварда мешавад.
  2. Дар соҳаи фаъолияти бонкӣ як қатор мушкилот ҷой дорад, ки барои ҳалли онҳо анҷом додани корҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:
  3. Дар замони муосир қонунгузории ҷиноятӣ ба сифати яке аз воситаҳои муҳими танзимсозандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ баромад намуда, манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлатро аз таҷовузҳои ҷинояткорона ҳифз менамояд. Ҷаҳонишавӣ, ба вуқўъ омадани шаклҳои нави ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва киберҷиноятҳо аз давлат талаб менамояд, ки қонунгузории ҷиноятиро давра ба давра такмил диҳад.
  4. Таъмини самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ аз ҳалли мушкилиҳои зерини қонунгузории ҷиноятӣ вобастагӣ дорад:
  1. Масъалаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар маҷмўъ ба вазъи умумии ҷинояткорӣ дар кишвар, бахусус ба сифат ва дараҷаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон таъсири калон мерасонад. Дар ин замина, масъалаҳои ташкили системаи самараноки иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ба ҳаёти иҷтимоӣ мутобиқшавии воқеии шахсони озодшуда аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ аҳамияти муҳим доранд.
  2. Новобаста аз ҷой доштани дастовардҳои муайян дар соҳаи сиёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Тоҷикистон боз як қатор мушкилоти ҳалношуда дар ин самт то ҳол боқӣ мемонад. Аз ҷумла, ташкили системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ такмили минбаъда талаб намуда, тарбия ва ислоҳ намудани шахсони маҳкумшуда дар муассисаҳои ислоҳӣ, мутобиқгардонии иҷтимоии онҳо баъди озод шудан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ масъалаҳои ҳалталаби замони муосир мебошанд.
  3. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти вобаста ба қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ инҳо заруранд:
  1. Оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист аз ҷумлаи мубрамтарин вазифаҳои ҷомеа маҳсуб мешаванд. Ҳалли мусбати ин масъалаҳо, дар соҳа дар навбати худ ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки агар муносибати инсоният бо табиат ва сарватҳои табиӣ бо қонунҳо муайян гашта, идора карда шавад. Муносибати инсон бо муҳити зист як соҳаи таркибӣ ва ҷудонопазири низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад, аз ин рў, бояд мисли дигар соҳаҳо тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ танзим ёбад.
  2. Дар замони имрўза рушди бемайлони иқтисодиёти ҷаҳонӣ, илму техника, соҳаи саноату кишоварзӣ боиси афзудани партовҳо ва дигар омилҳои таъсиррасонии инсон ба муҳити зист мешавад, ки ба ташаккул ва инкишофи соҳаи ҳуқуқи экологӣ мусоидат менамояд. Дар самти мазкур як қатор мушкилоти зерин мавҷуд аст, ки барои ҳалли онҳо зарур аст:
  1. Замин яке аз ҷузъҳои асосии табиат буда, сарвати муҳими ҷамъияту давлат мебошад. Асоси иқтисодиёти тамоми давлатҳоро замин ва сарватҳои он ташкил медиҳад. Дуруст истифода набурдани замин як қатор мушкилотро дар ҷомеа ба миён меорад, аз қабили мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ. Мубрам будани масъалаҳои ҳуқуқии замин инчунин дар он зоҳир мегардад, ки ҳама вақт бояд дар назар дошт, ки замин на танҳо боигарии табиат, сарчашмаи ҳаёт, балки захираи табиат ва пеш аз ҳама объекти моликият низ мебошад, ки истифодаи самараноки он бояд ба таври дуруст ба роҳ монда шавад.
  2. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Бо мақсади танзими раванди тақсими замин дар маҳалҳо, истифодаи самараноки он, беҳдошти ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилхезгардонии замин, пешгирии омилҳои муомилоти ғайриқонунии замин, тартиби амалигардонии чорабиниҳои заминсозӣ, ташкили заминистифодабарии нав ва мавҷуда қонунгузории соҳаи замин аз мониторинги ҳуқуқӣ гузаронида шуда, санади меъёрии ҳуқуқии ягонаи мукаммал - Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул карда шавад. Дар маҷмўъ таҷрибаи заминистифодабарии кишвар ифодаи он аст, ки номукаммалии қонунгузории замин инкишофи муътадилии ин муносибатҳоро бозмедорад.
  3. Беҳтар намудани танзими ҳуқуқии муносибатҳои заминистифодабарӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта анҷом додани корҳои зеринро талаб менамояд:
  1. Яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бунёди давлати индустриаливу аграрӣ мебошад. Дар шароити имрўза сиёсати давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ инкишофи соҳаи кишоварзӣ на ба истеҳсолоти ашёи хом, балки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоие, ки бевосита ба истеъмолкунандагон пешкаш карда мешавад, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, вусъат ва инкишофи боғдорӣ, чорводорӣ, занбўрпарварӣ, моҳипарварӣ, вусъат додани истеҳсолоти пахта ва дигарҳо равона гардидааст. Чунин талабот истеҳсоли на танҳо маҳсулоти кишоварзӣ, балки саноати коркарди маҳсулоти кишоварзиро низ тақозо менамояд.
  2. Қонунгузории кишоварзиро дар самтҳои зерин такмил додан зарур аст:

- такмил додани қонунгузории кишоварзӣ бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маводи озуқаворӣ, таъмини саноати коркарди ашёи хом, инчунин баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар;

  1. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти муҳим доштани соҳаи энергетика дар сиёсати давлатии Тоҷикистон зарурати танзими мушаххаси ҳуқуқии масъалаҳои вобаста ба рушди ин соҳа ба миён меояд. Дар ин соҳаи муҳими стратегӣ бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои мавҷудаи ҳуқуқӣ, инчунин андешидани тадбирҳо доир ба истифодаи оқилонаву сарфакорона аз захираву имкониятҳои энергетикии кишвар, дуруст ба роҳ мондани истифодаи ҳарчи пурра ва самарабахши иқтидорҳои иншооти мавҷудаи энергетикӣ, андешидани тадбирҳо барои таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар дар навбати аввал меистад.
  2. Бо мақсади ҳалли мушкилоти мавҷуда анҷом додани чунин корҳо мувофиқи мақсад аст:
  1. Бо рушди мавқеи инсон дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, талабот ба танзими ҳуқуқи гражданӣ зиёд мегардад. Дар ин ҷода Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши марказӣ дошта, танзими муносибатҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии ба худмухторӣ ва баробарӣ асосёфтаи иштирокчиёни онро анҷом медиҳад. Баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зарур аст, ки дар заминаи дастовардҳои илми ҳуқуқи гражданӣ ва хусусияти миллӣ касб намудани сиёсати ҳуқуқии гражданӣ бояд қонунгузории гражданӣ такмил дода шавад. Барои ин зарур аст, ки ин корҳо анҷом дода шаванд:
  1. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими ҳуқуқии ақди никоҳ ва оила бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла таъмини ҳуқуқи инсон ба ташкили оила, солимии оила, тарбияи фарзандон равона гардидааст. Ҳамзамон, раванди афзоиши қатъи ақди никоҳ дар ҷумҳурӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ақди никоҳ ва оила халалдор мекунад. Аз ин хотир, мониторинги мунтазами қайд ва қатъи ақди никоҳ, омилҳо ва сабабҳои он, таҳрезии роҳҳои мустаҳкам намудани оила яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ақди никоҳ ва оила мебошад.
  2. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ақди никоҳ ва оила бо ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бобати мустаҳкам намудани оила амалӣ карда мешавад. Ҷалби мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (шўрои маҳалла, кумитаи маҳалла, кумитаи манзил) дар кори таблиғотиву ташвиқотӣ бо мақсади мустаҳкам намудани оила дар назар дошта мешавад. Бо мақсади танзими фаъолияти миёнаравӣ дар ҳалли низоъҳои дохилиоилавӣ қабули санади қонунгузории дахлдор ба мақсад мувофиқ мебошад.
  3. Самтҳои асосии танзими муносибатҳои оилавӣ роҳандозии масъалаҳои зеринро талаб мекунад:
  1. Бо мақсади тақвияти ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ ва такмили асосҳои ҳуқуқии таъмини кафолати давлатии ҳимояи маъюбон ва кўдакони ятиму бепарастормонда қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоят ва парасторӣ» мувофиқи мақсад аст.
  2. Иқтисоди бозорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ, аз ҷумла фаъолияти соҳибкорӣ заминаи асосии пешравии иқтисодиёти ватанӣ ва рушди давлатдорӣ гардида истодааст. Рў овардани ҷомеа ба иқтисоди бозорӣ, кафолат додани фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва дигар фаъолиятҳои бо қонун манънашуда дар сатҳи конститутсионӣ, озодии рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, муҳайё намудани фазои ягонаи иқтисодӣ, шомилшавии кишвар ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати кафолат додани гуногуншаклии моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ омили асосии рушди соҳибкорӣ ва такомул ёфтани он дар кишвар гаштааст.
  3. Дар баробари ислоҳоти гузаронидашуда дар ин бахш анҷом додани корҳои зерин, ки ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, мувофиқи мақсад аст:

технологияҳо, миёнаравҳои технологӣ, системаҳои экспертизаҳо, сертификатсия, стандартизатсия ва аккредитатсия;

  1. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишвар инкишофи танзими давлативу ҳуқуқии фаъолияти сайёҳӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ хеле фаъол гардид. Пешрафти хизматрасонии сайёҳӣ, эътироф гардидани соҳаи сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки рушди иқтисодиёти мамлакат, аъзо шудани кишвар ба Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ташкилу танзими ҳуқуқиву давлатии фаъолияти сайёҳӣ талаб намуд, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳиро ташкил медиҳанд.
  2. Омилҳое, ки ба самаранокии сиёсати ҳуқуқии давлат дар соҳаи сайёҳӣ таъсири манфӣ мерасонанд, дуруст ва самаранок истифода нашудани имкониятҳои мавҷуда дар соҳаи сайёҳӣ ва пурра инкишоф наёфтани инфрасохтори сайёҳӣ, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў набудани сифати хизматрасонии сайёҳӣ, нокифоя будани танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, паст будани сатҳи сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад.
  3. Барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ анҷом додани корҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
  1. Гузариш ба иқтисоди бозорӣ танзими шартномавии муносибатҳои меҳнатиро бемайлон афзун намуд. Муносибатҳои иқтисодии бозорӣ боиси дигаргунии моҳият ва мазмуни муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ, усул, сарчашмаҳо ва принсипҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ гардид.
  2. Дар соҳаи ҳуқуқи меҳнат як қатор мушкилиҳои ҳуқуқӣ низ ҷой доранд, ки барои ҳалли онҳо зарурати анҷом додани корҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошад:
  1. Дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ тағйироти амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҷомеа ба вуқўъ пайваст ва он таъсири худро ба сатҳи некуаҳволии табақаҳои ниёзманди ҷумҳурӣ расонид. Дар раванди дигаргунсозиҳо ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ҷумҳурӣ бо зарурати аз нав дида баромадани усулҳои бунёдии соҳаи сиёсати иҷтимоӣ, маҳз дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоӣ дучор омад. Низоми мураттаби ҳифзи иҷтимоӣ бо иқтисодиёти давраи гузариш унсури муҳими рушди иқтисодӣ, устувории иҷтимоӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Марҳалаи кунунии рушди ҷомеа бо мавҷудияти бекории пинҳонӣ, тафриқаи намоёни вазъи иҷтимоӣ, имконияти то андоза маҳдуди иқтисодии қисми асосии аҳолӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ислоҳоти низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолиро гузошт.
  2. Дар соҳаи ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ анҷом додани чунин корҳо мувофиқи мақсад аст:
  1. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, ки адолати судиро оид ба парвандаҳои гражданӣ, дастрасии он, сари вақт, муносиб ва самаранок ҳимоя гардидани ҳуқуқ ва озодии шахсият, манфиати ҷомеа ва давлатро дар бештари мавридҳо таъмин менамояд, амал мекунад. Ҳуқуқи мурофиавии граждании амалкунанда ба принсипҳои конститутсионии мубоҳисавӣ, баробарҳуқуқии тарафҳо, диспозитивӣ ва ошкоро будани баррасии парвандаҳои гражданӣ дар суд асосан мутобиқ буда, меъёрҳои он ҷавобгўи талаботи стандартҳои байналмилалии муҳокимаи одилонаи судӣ мебошад.
  2. Ҳамзамон, дар самти рушди ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ анҷом додани корҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
  1. Тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи ҷиноятӣ дар асоси эътирофи принсипҳои ҳимояи судӣ, эҳтимолияти бегуноҳӣ, мубоҳиса ва баробарии тарафҳо, ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва дигарҳо ба роҳ монда шудааст. Мурофиаи ҷиноятӣ аз мурофиаи айбдоркунӣ ба мурофиаи мубоҳисавӣ табдил дода шуд. Мурофиаи ҷиноятӣ чун тарзи маъруфи ҳифзи ҳуқуқи инсон аз таҷовузҳои ҷинояткорона ва аз ғайриқонунӣ маҳдуд намудани ҳуқуқ ва таъқиби беасос оид ба парвандаи ҷиноятӣ эътироф шуда, баҳри таъмин намудани адолат равона карда шудааст. Чунин фаҳмиши мурофиаи ҷиноятӣ ғояи асосӣ буда, дурнамои рушди сиёсати ҳуқуқии давлатро дар ҷодаи адлияи ҷиноятӣ ифода менамояд.
  2. Муносибати байниҳамдигарии шахсият бо давлат аз ҳаллу фасли одилонаи парвандаҳо аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ва судӣ вобастагӣ дорад. Стандарти муҳокимаи одилонаи парвандаҳои ҷиноятиро маҳз қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ пешбинӣ менамояд, ки бинобар рўзафзун будани талаботи инсон бояд мунтазам такмил ёбад.
  3. Бо таъмин намудани мурофиаи одилонаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ корҳои зерин бояд пеш бурда шавад:

 

  1. СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ, ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ҲУҚУҚӢ ВА ЁРИИ ҲУҚУҚӢ

 

  1. Баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шаҳрвандон оид ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо, воситаҳо, шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ баромад намуда, тавассути таъмини сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби ҳуқуқӣ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносони касбӣ амалӣ мешавад.
  2. Тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати тарбиявии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигар тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Ташаккули инсони комил истифодаи якҷояи ҳамаи намудҳои тарбияро талаб мекунад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад.
  3. Сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқӣ ҳалли вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд: тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносӣ касбии баландихтисос, ки барои фаъолияти ҳуқуқӣ дар шароити вусъати равобити байналмилалӣ омода мебошанд, такмили сиёсати таҳсилот дар соҳаи тарбияи кадрҳои ҳуқуқшинос, баланд намудани сатҳи донишомўзии ҳуқуқи байналмилалӣ бо дар назар доштани дурнамои ҳалли бахсҳои ҳуқуқӣ дар судҳои байналмилалӣ, такмили тахассус пас аз гирифтани таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, омода намудани кадрҳои дорои донишҳои махсуси иттилоотӣ дар шароити васеъ шудани иттилои ҳуқуқӣ, таҳдидҳо ба амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ, тарбияи кадрҳои нави ҳуқуқшиносон, ки барои кор дар шароити роҳандозии ҳукумати электронӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ омодаанд, мустаҳкам намудани унсурҳои иттилоотӣ ва технологии сиёсати таҳсилот бо дар назар доштани ворид шудани технологияҳои иттилоотӣ дар амалияи ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани махзани иттилоотии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, иттилоъгардонии фаъолияти судӣ, тафтишотӣ, мурофиавӣ, оперативӣ-ҷустуҷўӣ, иттилои ҳуқуқӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ.
  4. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд.
  5. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ андешидани чораҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
  1. Яке аз омилҳои босамар амалӣ гаштани сиёсати ҳуқуқии давлат ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ин инкишоф додани илми ҳуқуқшиносӣ дар давлат мебошад. Пояи қонунгузорӣ ва сиёсати ҳуқуқии кишварро тадқиқотҳои илмӣ ташкил медиҳанд, ки дар онҳо масоили гуногуни доғи рўз ҳамаҷониба таҳлилу таҳқиқ мешаванд, ҷанбаҳои гуногуни он, аз ҷумла қонуниятҳои рушди онҳо ошкор гардида, таҷрибаи давлатҳои дигар, таҷрибаи таърихию ҳуқуқии давлатдории тоҷикон омўхта мешаванд. Таъсиси институти илмӣ-тадқиқотӣ оид ба давлат ва ҳуқуқ дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи ҳуқуқ имконият фароҳам оварда, метавонад такягоҳи бузурги илмии сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолият гашта, сабаби боло рафтани обрўю эътибори кишвар, такмили қонунҳо, рушди таҷрибаи илмию амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардад ва дар мўҳлати кўтоҳ инчунин норасоии кадрии илмии кишварро дар соҳаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ кам намояд.
  2. Бо мақсади мутобиқу муносибгардонии фаъолияти муассисаҳои такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муттаҳид намудани онҳо ба муассисаи ягонаи марказонидашуда ва доимоамалкунанда ба роҳ монда шавад.
  3. Яке аз унсури асосӣ ва калидии раванди болоравии фарҳанги ҳуқуқӣ ин тарғиботи ҳуқуқӣ мебошад. Тарғиботи ҳуқуқӣ раванди мақсаднок ва идорашаванда мебошад, ки амалишавии бомуваффақияти он таъминоти пурқуввати иттилоотиро талаб менамояд. Тарғиботи ҳуқуқӣ ҳамон вақт самаранок буда, натиҷаи интизоршавандаро ба вуҷуд оварда метавонад, ки агар субъектони тарғиботи ҳуқуқӣ бо тағйироти иҷтимоӣ-ҳуқуқие, ки дар ҷомеа рух додаанд ба хубӣ огоҳ бошанд. Дар корҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиботи ҳуқуқӣ, воситаҳои ахбори омма мавқеи хоса дошта, аз имкониятҳои он бояд ба таври васеъ истифода бурда шавад.
  4. Заминаи асосии ба роҳ мондан ва ташаккул додани низоми давлатии ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эълон гардида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ эътироф шуда, ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад. Дар баробари кафолати ҳимояи судие, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқҳои шаҳрвандонро оид ба ёрии ҳуқуқии ройгон пешбинӣ менамоянд.
  5. Муҳим будани масъалаи рушди ёрии ҳуқуқии ройгон дар Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015 дарҷ гардидааст. Консепсияи мазкур таҷрибакунонӣ ва таҳияи низоми идоракунӣ доир ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ва ҷорӣ намудани намунаҳои (моделҳои) мухталифи ёрии ҳуқуқии ройгонро пешбинӣ менамояд. Бо дар назар доштани натиҷаҳои таҷрибакунонӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ, аз ҷумла қишри осебпазири ҷомеа ба адолати судӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ зарур аст. Ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, ҳимоя аз таъқиби ҷиноятӣ, намояндагии шаҳрвандон дар судҳо ва дигар мақомоти давлатӣ иборат мебошад.
  6. Андешидани чораҳои муассир барои дар амал татбиқ гардидани талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаи ройгон яке аз афзалиятҳои давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Таҳлилу омўзишҳо собит намуданд, ки ба роҳ мондани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дар тамоми давлатҳои ҷаҳон, ҳатто дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта ва тараққиёфта низ мушкилоту муаммоҳои зиёд дорад. Чунки ба ин самт аз ҳисоби буҷети давлат бояд маблағҳои зиёд равона карда шаванд. Аз ин лиҳоз, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули низоми расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бояд зина ба зина амалӣ карда шуда, сараввал дар доираи мурофиаи ҷиноятӣ ва сипас бо дар назар доштани рушди иқтисоди миллӣ, дар дигар соҳаҳои ҳуқуқҳои мурофиавӣ низ ба роҳ монда шавад.

 

  1. СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

  1. Истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд, ки ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида, узви Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва беш аз 50 созмонҳои байналмилалию минтақавӣ пазируфта шавад.
  2. Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамуда сиёсати ҳуқуқии хориҷии худро дар асоси меъёру принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ бо ҳадаф ва манфиатҳои миллии зерин муайян ва амалӣ менамояд:
  1. Яке аз дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ин ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, ба шумор меравад, ки бо шарофати чунин сиёсати хориҷӣ, Тоҷикистон марҳила ба марҳила дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст.
  2. Сиёсати ҳуқуқии кишвар роҳандозии чунин сиёсати хориҷиро пешбинӣ менамояд, ки он ба мутобиқ намудани рушди давлати Тоҷикистон ба равандҳои тавсеаёбандаи ҳамгироӣ, минтақавишавӣ ва ҷаҳонишавӣ мусоидат намояд, имкониятҳои муносиби навро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи таҳдиду хатарҳои имконнопазир ва амнияти миллии он фароҳам оварад, заминаҳои мусоидро барои татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар асоси воқеъбинӣ ва мутавозӣ таъмин намояд.
  3. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба эҳтироми бечунучарои ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфта, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадаф ва манфиатҳои миллӣ равона гардида, ба роҳ мондани муносибатҳои дўстона ва мутақобилан судмандро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ тақозо менамояд. Бо чунин дар назар доштан самтҳои афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дипломатияи дуҷониба, бисёрҷониба, иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи об, фарҳангӣ, башардўстона ва иттилоотӣ ташкил медиҳад.
  4. Ихтилофот байни меъёрҳои ҳуқуқи миллӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳдидҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, низоъҳои байналмилалӣ, паҳнгардии силоҳи ядроӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, номукаммалии кафолати амнияти ҷаҳониву минтақавӣ, номувофиқатии манфиатҳои кишварҳои абарқудрат, дастёб нашудани ҳалли мухолифатҳо байни кишварҳо, бархурди тамаддунҳо, ҳал нагаштани баҳсҳои марбут ба об дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, эҳтиром нагузоштан ба демократия ва поймолгардии ҳуқуқи инсон ба самаранокии сиёсати ҳуқуқи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
  5. Барои таҳкими сиёсати байналмилалии ҳуқуқии кишвар дар марҳилаи имрўза бо дар назар доштани манфиатҳо, хусусиятҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва маънавӣ-ахлоқии миллӣ зарур аст:

 

  1. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

  1. Пурра амалӣ гардидани Консепсия андешидани чораҳои ташкилӣ, техникӣ, моддӣ, молиявӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, ҳамчунин иштироки фаъолонаи мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандонро талаб мекунад.
  2. Консепсияи мазкур тавассути таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои ҳар ду сол амалӣ мегардад.
  3. Маблағгузории Консепсия аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, инчунин дигар маблағҳои ғайрибуҷетӣ, грантҳо ва сарчашмаҳои иловагие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад.
  4. Дар рафти пурра амалӣ гардидани Консепсия ба даст овардани натиҷаҳои зерин дар назар дошта мешаванд:
  1. Татбиқи Консепсия ба зиммаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ба мақомоти судии ҷумҳурӣ, вазоратҳои адлия, кишоварзӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ вогузор карда мешавад.