Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2014 № 144

тасдиқ шудааст

 

КОНСЕПСИЯИ ПЕШРАФТИ ИННОВАТСИОНИИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

  1. Муқаррароти умумӣ

 

  1. Тоҷикистон пеш аз ҳама давлати аграрӣ мебошад ва рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иқтисодии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
  2. Дар шароити имрўза сиёсати давлатӣ оид ба таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ба рушди соҳаи кишоварзӣ, на танҳо дар шакли ашё, балки то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ки бевосита ба истеъмолкунанда мерасад, равона шудааст. Ин содироти маҳсулоти кишоварзӣ, суръат бахшидан ба рушди боғдорӣ, чорводорӣ, занбўрпарварӣ, моҳипарварӣ, ҳамчунин баланд бардоштани истеҳсоли пахта ва ғайра мебошад. Чунин талабот на танҳо ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, балки ба коркарди саноатии он низ дахл дорад.
  3. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли равон рушди инноватсионии мамлакатро ҳамчун масъалаи стратегии ҷомеа муайян намуданд.
  4. Хусусияти муҳими давраи тараққиёти замони муосир дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи агросаноатӣ зарурати суръат бахшидан ба рушди илмию техникии истеҳсолот мебошад, зеро дар асоси он равандҳои инноватсионие қарор доранд, ки барои дар заминаи дастовардҳои илму техника мунтазам таҷдиду такмил додани истеҳсолот имконият медиҳад.
  5. Айни замон бахши аграрии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба зарурати таҷдиди заминаи илмию иттилоотӣ, техникию технологии комплекси агросаноатӣ ва ба шаклҳои сифатан нави рушди инноватсионӣ гузаштан эҳтиёҷ дорад.
  6. Дар шароити пуршиддат гардидани рақобати глобалӣ дар иқтисодиёти аграрии озуқаворӣ, ки бозори мол, хизматрасонӣ ва сармояро фаро мегирад, рақобат дар бозори маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ боз ҳам шиддатноктар гардида, вобаста ба афзоиши истеъмоли маҳсулоти кишоварзӣ дигаргуниҳои назаррасро аз сар мегузаронад.
  7. Ҳосилнокии пасти меҳнат дар соҳаи иқтисодиёти аграрии ҷумҳурӣ ва оқилона истифода набурдани омилҳои истеҳсолот натиҷаи мушаххаси самаранокии пасти фаъолияти аксари субъектҳои хоҷагидорӣ дар комплекси агросаноатӣ ба ҳисоб меравад.
  8. Сармоягузории нокифояи соҳаи кишоварзӣ, махсусан дар деҳот ба рушди иҷтимоию иқтисодии деҳот вобастагии мустақим дошта, таъсири манфӣ мерасонад.
  9. Технологияҳои муосир талаботро нисбат ба дараҷаи тахассусии меҳнат дар соҳаи тиҷорат баланд бардошта, дар навбати худ сатҳи шуғлнокиро паст намудаанд.
  10. Дар хориҷа тиҷорат дар деҳот бо ду усули самарабахш тараққӣ меёбад. Инҳо тиҷорати омехта ва алтернативӣ мебошанд. Деҳот таъминкунандаи маводи тайёри ғизоӣ барои истеъмол ва ашёи хом барои молҳои саноатӣ буда, ба ин васила сатҳи даромаднокӣ зиёд ва дараҷаи некўаҳволии аҳолӣ баланд мегардад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ тамоюли баръакс низ ба назар расид, яъне аз шаҳрҳои калон ба шаҳрҳои хурд рафтани аҳолӣ, ки дар онҳо истеҳсолоти технологияҳои баланддошта ҷойгир шуда, барои рушди тиҷорати алтернативӣ дар деҳот хизмат мекунанд.
  11. Омили дигар имконнопазир будани ҳалли масъалаи таъмини аҳолӣ бо озуқаи дастрас ва баландсифати истеҳсоли ватанӣ дар ҳаҷме, ки ба меъёрҳои оқилонаи аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи ғизо мувофиқат намуда, дар Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 муайян шудааст, мебошад.
  12. Гузариши ҳамаҷониба ба технологияҳои мутараққии муосир ва шаклҳои идоракунии истеҳсолоти аграрӣ, суръат бахшидан ва наздик шудан ба дастовардҳои ҷаҳонӣ дар ин соҳа зарур аст. Аммо далелҳои асосноки дар Тоҷикистон амалкунанда ба таъсиси комёбиҳои илмӣ дар соҳаи аграрии озуқаворӣ мусоидат намекунанд, механизмҳои дастгирии давлатии комплекси агросаноатӣ бошанд, мутаассифона суръати зарурии рушди истеҳсолотро таъмин карда наметавонанд. Бинобар ин ба хулосае омадан мумкин, ки айни замон ҷорӣ намудани инноватсия дар истеҳсолот хеле бамаврид мебошад.
  13. Гузариш ба механизмҳои дастгирии давлатӣ зарур аст, ки он тамоми иқтидорҳои тиҷоратии комплекси агросаноатиро ба раванди рушди илмию техникӣ ва аз ҷониби онҳо ноил шудан ба дастовардҳои рақобатпазир ҷалб намуда, зарурати қабул намудани Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатиро пешбинӣ менамояд.
  14. Инноватсия асоси фаъолияти раванди инноватсионӣ мебошад. Яъне дар асоси фаъолияти инноватсионӣ ё раванди он худи инноватсия ҷой гирифтааст. Дар адабиёти ҷаҳонии иқтисодӣ истилоҳи "Инноватсия" ҳамчун табдилёбии рушди эҳтимолии илму техника ба маҳсулот ва технологияи воқеан нав шарҳ дода шудааст.
  15. Инноватсия - ин натиҷаи фаъолияти эҷодӣ буда, барои таҳия, таъсис ва паҳн намудани навъҳои нави маснуот, технологияҳо ва шаклҳои ташкилӣ равона карда шудааст. Инноватсия имконият медиҳад, ки корхонаи муайян моли нав истеҳсол карда, самаранокии онро баланд бардорад. Ин навоварӣ метавонад технологияи нав бошад, ки сифати молро беҳтар ва хароҷоти истеҳсолиро паст намояд. Дар ҳама ҳолат корхонаи дар асоси инноватсия фаъолияткунанда бояд бо мақсади муайян ба бозор ворид шавад ва ба он ҳамаҷониба таъсир расонад. Самаранокӣ аз тамоми давраҳои истеҳсолот вобастагӣ дорад.
  16. Имрўз инноватсияи иҷтимоӣ чунон аҳамияте пайдо кардааст, ки дар он тамоми қувва барои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, таъмини ҳадди зарурии сабади истеъмолии аҳолии деҳот, хизматчиён ва дигар табақаҳои аҳолӣ, ки бо фаъолияти фоидаовари ҷамъиятӣ машғуланд, равона карда шудааст.
  17. Рушди инноватсионии комплекси агросаноатӣ истифодаи маҷмўии омилҳои илмии истеҳсолот ва технологияҳо, ташкили иқтисодӣ ва идоракуниро барои таъмини рақобати устувори маҳсулот дар бозори дохилӣ ва берунӣ пешбинӣ менамояд.
  18. Дар байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ саҳми хоҷагиҳои хурд, ки ба талаботи сатҳи панҷуми технологӣ ҷавобгў набуда, истеҳсолоти (истеҳсоли маҳсулоти) онҳо ба инноватсия асос ёфтааст, чандон зиёд нест. Асосан инҳо корхонаҳои паррандапарварӣ ва сабзавоткорӣ мебошанд. Инчунин дар ин самт хоҷагиҳои шахсии ёрирасон ва хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ (фермерӣ) фаъолият доранд, ки дар аксари ҳолатҳо меҳнати дастӣ ва технологияи кўҳнашудаи оддиро истифода бурда, то ҳол дар сатҳи дуюм қарор доранд. Дар байни онҳо ва ташкилотҳои гуногуншакли кишоварзӣ, инчунин хоҷагиҳои калони деҳқонии (фермерии) сатҳҳои сеюму чорум навсозӣ зарур мебошад.

 

2. Моҳият, мақсад ва вазифаҳои Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Такмили фаъолияти комплекси агросаноатӣ баланд бардоштани суръати афзоиши истеҳсолотро дар асоси инноватсия, самаранокии иқтисодӣ ва рақобатпазарии маҳсулоти молистеҳсолкунандагони ҷумҳуриро, ки амнияти озуқавории мамлакатро таъмин менамоянд, пешбинӣ мекунад.
  2. Дар Тоҷикистон ин истилоҳ таи солҳои зиёд дар чаҳорчўбаи таҳқиқоти проблемаҳои иқтисодии пешрафти илмию техникӣ истифода карда мешуд.
  3. Мафҳуми "инноватсия" дар шароити гузариши иқтисодиёти мамлакат ҳам дар шакли мустақил ва ҳам барои ифодаи як қатор мафҳумҳои бо ҳам наздик истифода бурда мешавад:

- фаъолияти инноватсионӣ;

- раванди инноватсионӣ.

  1. Дар айни ҳол истилоҳи "инноватсия" аз ҷониби таҳқиқотчиён ба тарзи мухталиф маънидод карда мешавад. Масалан, баъзе аз олимон чунин мешуморанд, ки инноватсия ин раванди ҷамъиятию иқтисодӣ буда, тавассути истифодаи амалии ғояҳо ва ихтироот ба офаридани маснуоту технологияҳои беҳтарин зимни гирифтани фоида ва даромади иловагӣ оварда мерасонад. Аксари таҳқиқотчиён инноватсияро ҳамчун натиҷаи фаъолияти эҷодӣ мефаҳманд, ки ба таҳия, ташкил ва тавсеаи маҳсулот, технологияҳои нав ва ғайра равона шудааст.
  2. Мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ инноватсия ҳамчун натиҷаи ниҳоии фаъолияти инноватсионӣ дар намуди нав ё маҳсулоти такмилёфта, ки дар бозор ҷорӣ карда шудааст, муайян карда мешавад.
  3. Раванди инноватсионӣ аз чунин самтҳо иборат мебошад:

- дар доираи ин раванд истеҳсолкунандагони инноватсия бо мақсади гирифтани фоида навоварӣ чорӣ намуда, ба истеъмолкунандагон пешниҳод мекунанд;

- раванди инноватсионӣ он гоҳ татбиқ (амалӣ) мегардад, ки табодули иттилоот ба вуҷуд омада, натиҷаҳои он истифодабарандагони худро пайдо мекунад;

- таҳқиқот, истеҳсол ва кооператсия унсурҳои асосии сохтори раванди инноватсионӣ мебошанд.

  1. Ҳар як қисмат дар раванди умумӣ иштирок намуда, вазифаи муайянро иҷро мекунад:

- дар соҳаи таҳқиқот худи инноватсия таъсис меёбад;

- дар истеҳсолот адади нашр муайян мегардад;

- сипас ҳамаи онҳо дар соҳаи истеҳсолот ё истеҳсоли ғайриистеъмолӣ муттаҳид мешаванд.

  1. Дар ҷаҳони муосир се шакли мантиқии раванди инноватсионӣ мавҷуд аст:

- шакли оддии дохили ташкилот (аслӣ);

- шакли оддии байниидоравӣ (молӣ), ки навгонӣ (навоварӣ) ҳамчун воҳиди хариду фурўш ба ҳисоб меравад.

- дар раванди инноватсионӣ ду фарди хоҷагидор иштирок менамоянд истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи навоварӣ. Дар ҳолате, ки агар навоварӣ раванди технологӣ бошад, он гоҳ истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда метавонанд ҳамчун як шахси молик бошанд.

  1. Марҳилаҳои асосии технологияҳои инноватсионӣ инҳоянд:

- таҳқиқоти таҳлилии мушкилиҳо (ҷустуҷўи масъала ва ташаккули ақидаҳо дар шакли консепсияҳо, интихоби корҳои илмию таҳқиқотии афзалиятнок);

- таҳияи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва пешниҳоди лоиҳаҳои корҳои таҷрибавию конструкторӣ;

- таҳияи лоиҳаҳои тараққиёт;

- татбиқи лоиҳаҳои тараққиёт.

  1. Барои таъсис додани инноватсия на танҳо рушди илм ва истеҳсолот, балки ҳавасмандгардонии мардум лозим аст, ки инноватсияро ташкил намояд ва амалӣ гардонад. Агар ин самт мусбӣ бошад, он гоҳ навоварӣ низоми инноватсиониро ташаккул медиҳад, ки ба он тамоми ҷузъҳои сохтори раванди инноватсионӣ дохил мешаванд, аз ҷумла:

- ширкатҳои калон;

- тиҷорати хурди инноватсионӣ бо шакли махсуси маблағгузорӣ;

- заминаи қонунгузорӣ, сиёсати илмию техникӣ, ки барои мураттабсозӣ ва пайдо намудани шавқ ба раванди инноватсионӣ бо истифодаи ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ равона карда шудааст;

- бозори технологияи нав ва ғайра.

  1. Барои гузаштан ба усули инноватсионии рушди комплекси агросаноатӣ зарур аст, ки масъалаҳои умумии низоми рушд ҳал карда шаванд, зеро онҳо афзоиши самаранокиро бозмедоранд. Ин чорабинӣ рушди ниҳодҳои нави ташкилию ҳуқуқӣ ва механизмҳои дастгирии давлатии моддӣ, техникӣ ва маъмурии рушди комплекси агросаноатиро дар бар мегирад:

- ташаккули мувофиқ, устувор ва тараққиёфтаи бахши таҳқиқ ва коркард, ки васеъ намудани донишҳои дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатпазир, пеш аз ҳама дар соҳаи сафарбар намудани захираҳои биотехнологияи муҳандисии генетикӣ, селексия ва тухмипарварӣ, тибби байторӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, ки масъалаҳои амнияти озуқавории мамлакат ва ташкили муҳити пурсамари рушди инфрасохтори инноватсиониро таъмин менамоянд;

- ташаккули низоми маорифи ба талаботи замон ҷавобгў, ҳамчун асоси рушди инноватсионии комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла инкишоф додани тамоми зинаҳои низоми таҳсилоти касбӣ бо мақсади ба мутахассисони комплекси агросаноатӣ ва умуман аҳолии деҳот додани дониш ва маҳорату малакаи барои низоми инноватсионӣ ва иқтисодиёти инноватсионӣ зарур;

- таҷдиди технологияҳо ва аз нав ҷиҳозонидани бахшҳои асосии иқтисодиёт дар комплекси агросаноатӣ зимни баланд бардоштани фаъолнокии инноватсионии тиҷорат ва сиёсати фаъоли давлатӣ;

- ҳалли масъалаҳо вобаста ба рушди технологияҳои сермаҳсул дар соҳаи растанипарварӣ, чорводорӣ зимни истифодаи технологияҳои геоиттилоотӣ, навсозӣ дар асоси равандҳои сифатноки заминаи моддию техникии инноватсионӣ дар ҳамаи соҳаҳои комплекси агросаноатӣ;

- рушди фаъоли самтҳои муосири корҳои селексионию генетикӣ ва ҷорӣ намудани онҳо дар истеҳсолот, баланд бардоштани маҳсулнокӣ дар соҳаи растанипарварӣ ва чорводорӣ ба андозаи 1,5-2,0 маротиба, самаранок истифода намудани захираҳои табиӣ, энергетикӣ ва захираҳои меҳнатӣ;

- таъсиси низоми васеи гузариши инноватсия ба соҳаи кишоварзӣ бо роҳи таъмини тақвият бахшидан ба дастгирии низоми машваратии кишоварзӣ ва молистеҳсолкунандагон, таъсиси системаи миллии иттилоотӣ бо бонки ягонаи инноватсия ва таҷрибаи пешқадам;

- ташаккули механизми ташкилию иқтисодии рушди инноватсионии комплекси агросаноатӣ дар асоси риоя намудани механизмҳо, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва дигар меъёрҳои танзими фаъолияти инноватсионӣ, фаъолияти ташкилотҳои инноватсионии илмию истеҳсолӣ ва иттиҳодияҳои онҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, таъмини ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар роҳи рушди инноватсионии комплекси агросаноатӣ, истифодаи шаклҳо ва усулҳои нави ташкили идоракунии фаъолияти барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ, таъсис додани усулҳои нави молиявию иқтисодии дастгирии моддии давлатӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионию сармоягузории комплекси агросаноатӣ;

- ташаккули бахши рақобатпазир, босубот ва мутараққии соҳаи таҳқиқот, коркард, васеъ намудани доираи такрористеҳсолкунии он;

- ташаккули системаи инноватсионии баланд бардоштани сифатнокии донишҳо, омода намудани кадрҳои илмӣ;

- таҷдиди заминаи моддию техникии комплекси агросаноатӣ бо асосҳои сифатноки инноватсионӣ;

- ташаккули низоми бисёрсоҳавии ҷорӣ намудани инноватсия дар истеҳсолоти кишоварзӣ, ки барои азхуд намудани инноватсия дар истеҳсолот дар ҳаҷми на камтар аз 25 фоизи маҳсулоти истеҳсокунандагони кишоварзии мамлакат имконият медиҳад;

- таъсиси технологияҳои сарфаи захираҳо, ки дар шароити мусоид бояд 40-50 фоизи майдони кишти ҷумҳуриро бо истифодаи мошин ва таҷҳизоти кишоварзӣ, технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатар, кишоварзии органикӣ, технологияҳои танзими равандҳои татбиқи иқтидорҳои баланди ҳосилнокии растаниҳо ва сермаҳсулии чорворо фаро гирад;

- рушди системаи инноватсияи селексионию генетикӣ, ки барои дар истеҳсолот дохил кардани навъ ва гибридҳои ба шароити номусоид, бемориҳо ва зараррасонҳо тобовар заруранд, бояд босуръат инкишоф ёбанд, то ки дар соли 2030 зиёда 50 фоизи истеҳсолкунандагони кишоварзӣ тавонанд аз онҳо самаранок истифода баранд;

- ба вуҷуд овардани зоти чорвои гўштӣ, дар соҳаи паррандапарварӣ бошад, таъсис додани фермаҳои зоти нави сермаҳсул ( кроссҳо, бо роҳи ҷуфткунӣ), ки барои баланд бардоштани самаранокии чорводории ватанӣ то сатҳи рақобатпазирӣ зарур мебошанд;

- барои ҳар яки ин роҳҳои афзалиятнок бояд тадбирҳо андешида шуда, дар барномаҳои соҳавӣ инъикос карда шаванд.

 

3. Ҳолат ва арзёбии фаъолияти инноватсионӣ дар комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Дар соли 2012 соҳаи кишоварзӣ соҳаи муҳими иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, саҳми он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти дохилӣ 23,3 фоизро ташкил дод.
  2. Соли 2012 соҳаи кишоварзӣ 75976 хоҷагии калон, миёна ва хурд, аз онҳо 350 хоҷагии давлатӣ, 119 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ, 690-хоҷагии деҳқонии коллективӣ, 6 агрофирма, 15 ҷамъияти саҳомӣ, 499 хоҷагии ёрирасони корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ ва 73806 хоҷагии деҳқониро муттаҳид намуд. Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагӣ 16477,5 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2011 10,4 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 11836,3 млн. сомонӣ ё ки 10,6 фоиз ва чорводорӣ 4641,2 млн. сомонӣ ё 9,7 фоиз зиёд мебошад.
  3. Растанипарварӣ. Дар соли 2012 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1232567 тонна ғалладона, 417977 тонна пахта, 990615 тонна картошка, 1341930 тонна сабзавот, 465039 тонна маҳсулоти полезӣ, 314082 тонна меваҷот ва 167101 тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2011 ғалладона 12,2 фоиз, пахта 0,5 фоиз, картошка 14,8 фоиз, сабзавот 8,1 фоиз, маҳсулоти полезӣ 9,9 фоиз, меваҷот 19,4 фоиз ва ангур 8,0 фоиз зиёд буд.
  4. Чорводорӣ. То 1 январи соли 2013 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 2045,4 ҳазор сарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,0 ҳазор сар, ё 1,5 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гўсфанду буз 119,9 ҳазор сар ё 2,6 фоиз афзуд. Аз саршумори умумӣ 92,3 фоиз саршумори чорвои калон ва 83,1 фоиз саршумори гўсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои вилояти Суғд 1,6 фоиз, вилояти Хатлон 0,9 фоиз, ВМКБ 1,2 фоиз ва НТҶ 2,5 фоизро ташкил медиҳад.

 

 

  1. Ҷамъоварии ҳосил. Бо истиснои бахши хусуси дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар давраи ҳисобот 284829 гектар зироатҳои ғалладона ҷамъоварӣ ва кўфта шуд, 645600 тонна ғалла (бе ҷуворимакка) истеҳсол гардид, ки ҳосилнокии он аз ҳар гектар 22,7 сентнериро ташкил медиҳад. Аз 20637 гектар 450023 тонна картошка гирифта шудааст, ки ҳосилнокии ҳар гектар 218 сентнериро ташкил медиҳад. Аз 21550 гектар 440425 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар гектар 204 сентнериро ташкил медиҳад. Аз 14376 гектар 274092 тонна маҳсулоти полезӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар гектар 191 сентнериро ташкил медиҳад. Дар ҳамин давра 108722 тонна мева ё 33 фоиз ва 63530 тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз зиёд мебошад.
  2. То 1 январи соли 2013 хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар 12316 гектар замин зироати барвақтӣ кишт намудаанд. Аз замини умумии кишт 842 гектарро картошка, 8626 гектарро сабзавот ва 2773 гектарро зироатҳои хўроки чорво ташкил доданд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта картошка 2 фоиз, сабзавот 19 фоиз ва зироати хўроки чорво 7 фоиз зиёд кишт карда шудааст. То 1 январи соли 2013 хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 50363 тонна ғалладонаи тухмӣ (аз ҷумла гандум 44865 тонна) захира намудаанд.
  3. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тухмии ғалладона ва лўбиёгӣ 16 фоиз, аз ҷумла гандум 14 фоиз зиёд захира карда шудааст.
  4. Боғдорӣ ва ангурпарварӣ. Боғу токзорҳои нав то 1 январи соли 2013 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 9282,7 гектар бунёд карда шудааст, ки нисбат ба дурнамои пешбинигардида 9,2 фоиз зиёд аст. Аз масоҳати умумии боғҳо 2574,8 гектар мевагиҳои тухмдор, 5640,7 гектар мевагиҳои донакдор, 772,2 гектар мағздор, 291,9 гектар субтропикӣ ва 3,1 гектар ситрусӣ ташкил доданд. Аз миқдори умумии боғҳои нав 1991,0 гектар дар заминҳои лалмӣ бунёд шудаанд. Дар ҳамин давра 806,3 гектар токзорҳои нав бунёд ёфтанд. Аз замини умумии токзорҳои нав 103,2 гектар дар заминҳои лалмӣ бунёд ёфтанд. Ба ғайр аз ин, 1581,2 гектар боғ ва 242,3 гектар токзорҳо барқарор карда шудаанд.
  5. Тамоми марказҳои хизматрасонии техникиро такмил додан зарур мебошад, зеро имконияти истифодашавии онҳо танҳо 41-71 фоизро ташкил дода, ҳолати имрўзаи парки мошинҳо омили асосии пастравии рушди инноватсия ба ҳисоб меравад.
  6. Дар ҳар яке аз соҳаҳои кишоварзии мамлакат ба андозаи беш ё кам хоҷагиҳои дорои самаранокии баланд ва рақобатпазир мавҷуд мебошанд.
  7. Истифодаи оқилонаи рушди босамари иқтидорҳои агросаноатӣ имконият дорад ҳалли мушкилоти амнияти озуқавории мамлакатеро, ки зиёда аз 8 млн нафар аҳолӣ дорад, таъмин намояд.
  8. Дар ҷумҳурӣ 14255,4 ҳазор гектар заминҳои корамӣ бо иқтидорҳои агроиқлимии худ барои пешбурди самараноки истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқ мавҷуданд, ки аз ин 673,3 ҳазор гектар замини лалмӣ ва 470,1 ҳазор гектар обӣ мебошанд.
  9. Тавре ки таҳқиқҳо нишон медиҳанд ва таҷрибаи хоҷагиҳои пешқадам тасдиқ мекунад, рушди инноватсионӣ имконият медиҳад, ки ғалладонагӣ бо даромаднокии зиёда аз 22% ва ҳосилнокии зиёда аз 22 сентнер, офтобпараст бо даромаднокии зиёда аз 30% ва ҳосилнокӣ зиёда аз 16 сентнер, картошка бо даромаднокии зиёда аз 23% ва ҳосилнокии зиёда аз 250 сентнер ва ғайра, аз ҷумла зироати хўроки чорво истеҳсол карда шавад.
  10. Ҳамин тавр манбаи баланд бардоштани истеҳсоли навъҳои асосии маҳсулоти растанипарварӣ вуҷуд дорад, ки дар солҳои наздик на камтар аз сеяки он дар асоси татбиқи технологияҳои инноватсионии муосир ва сарфакунанда ба даст оварда шавад.
  11. Рушди минбаъдаи онҳо ба технологияи инноватсионию саноатӣ дар шароити азхудкунии заминҳои нишебу ёлаҳо пурра гузаштанро пешбинӣ менамояд, ки он ҳалли масъалаҳои мураккаби ташкилию техникӣ ва пеш аз ҳама ҷорӣ намудани усулҳои нави обёриро (синхронию импулсӣ, қатравӣ, зерихокӣ ва ғайраро) дар бар гирифта, омодасозии кадрҳои махсуси техникиро талаб мекунад.
  12. Ҳамзамон проблемаҳои сиёсати техникӣ ба интихоби самтҳои нисбатан самарабахши рушди иқтисодии соҳа, ки омили муайянкунандаи он аз ҷойгирсозии зерсоҳаҳо мутобиқи талаботи шароитҳои табиию иқтисодии фаъолияти инноватсионии истеҳсол вобастагӣ дорад, зич алоқаманд мебошад.
  13. Бо назардошти талаботи зикргардида арзёбии захираҳои замин ва шароитҳои ҳар як зерсоҳаи боғдорӣ бо истифода аз технологияи муосири инноватсионӣ аҳамияти муҳим пайдо мекунад;

- айни замон боғпарварии субтропикӣ дар давраи ибтидоии рушд қарор дошта, дар майдонҳои начандон калон ҷойгир шудаанд ва ҳосилнокии ниҳоят паст доранд;

- дар оянда бунёди 200 ҳазор гектар боғҳои субтропикӣ бо обёрии қатрагӣ зимни истифодаи технологияҳои муосир дар адирҳои (заминҳои кишоварзии) водии Вахш ба нақша гирифта шудааст, ки дурнамои он метавонад Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати содиркунандаи меваҳои субтропикӣ муаррифӣ намояд;

- боғҳои зикршудаи субтропикӣ дар ҷумҳурӣ дорои захираҳои бойи заминӣ буда, дар онҳо барои таъсиси заминаҳои пуриқтидори истеҳсоли анор, хурмо, анҷир, челон, бодом, пекан ва чормағзҳо, инчунин меваҳои ситрусӣ, махсусан лимў имкониятҳо вуҷуд доранд;

- бо мақсади самаранок ба роҳ мондани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулот аз як воҳиди майдон дар оянда бо истифода аз дастовардҳои инноватсионӣ барои парвариши зироатҳои лўбиёгӣ ба монанди лўбиё ва соя зарурат пайдо мешавад. Дар ин самт тавсеаи таҷрибае, ки дар бахши хусусӣ ба даст омадааст, аҳамияти ниҳоят калон дорад;

- дар Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, парвариши тухмии зироатҳои кишоварзӣ, баррасии масъалаҳои фаъолияти истеҳсолӣ, маркетинг, аз ҷумла бахши хусусӣ низ пешбинӣ шудааст;

- ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи чорводорӣ низ дар сатҳи паст қарор дорад, зиёда аз 50 фоизи ширу гўшт дар хоҷагиҳои хусусӣ асосан бо истифодаи меҳнати дастӣ истеҳсол мешавад;

- таҳқиқот ва таҷрибаи хоҷагиҳои пешқадам нишон медиҳанд, ки даромаднокии истеҳсоли шир ҳангоми дар як сол дўшидани 6000 литр шир аз як 1 гов таъмин мегардад;

- масъалаи рушди инноватсионии чорвои гўштӣ бо истифодаи зотҳои гўштии чорвои калони шохдор мушкилтар аст;

- то ҳол дар ин соҳа мавқеи рақобатпазири истеҳсоли гўшти ватании чорвои калони шохдор нисбат ба гўшти воридотӣ паст буда, усулҳои коркарди муосири чунин маҳсулоти чорво дар деҳот, ки ба сокинони он даромади калон оварда, аҳолии шаҳрҳоро таъмин менамояд, вуҷуд надорад.

- дар асоси инноватсия паррандапарварӣ низ метавонад рушд намояд. Нигоҳ доштани суръати рушди он дар мўҳлати 4-5 сол имконят медиҳад, ки рақобатпазирии истеҳсоли чунин зерсоҳаи кишоварзӣ то ҳаҷми зарурӣ баланд бардошта шавад;

- муҳити нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми комплекси агросаноатӣ бояд мутараққӣ бошад. Дар 20 соли охир аз ҳисоби таҷҳизоти воридотӣ зиёда аз 4/1 иқтидорҳои коркард аз нав ҷиҳозонида шуданд.

  1. Дар давоми 5 соли охир корхонаҳои нави коркард қариб 9 фоиз гўшт ва зиёда аз 4 фоиз шир истеҳсол мекунанд.
  2. Манбаи муҳими рушд дар асоси инноватсияи логистикии сатҳи сеюми комплекси агросаноатӣ ташкили коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди деҳот бо асосҳои кооперативӣ, инчунин таъмини мунтазами марказҳои тақсимкунӣ ва нуқтаҳои савдо бо маҳсулоти тайёри истеъмолӣ мебошад.
  3. Ҳамин тавр иқтидори табиии ҷумҳурӣ ва сатҳи рушди истеҳсолоти кишоварзӣ оид ба мавҷудияти манбаъҳои муҳими рушди чунин истеҳсолот ва имкониятҳои воқеӣ шаҳодат медиҳанд, ки то соли 2030 аксари соҳаҳои кишоварзӣ ба комёбӣ ноил гарданд.
  4. Ин танҳо дар шароити рушди самараноки комплекси агросаноатӣ дар асоси инноватсия бо фарогирии 25-30 фоизи молистеҳсолкунандагони нисбатан қобилиятдори соҳаи кишоварзӣ, ки истеҳсоли самараноки аз чор се ҳиссаи тамоми маҳсулотро таъмин менамоянд, мумкин аст. Рушди инноватсия на танҳо аз ҳисоби истифодаи техникаю технологияҳои хориҷӣ ва ҳатто маводи тухмӣ, тавре ки навоварони имрўза амал мекунанд, балки аз истифодаи дастовардҳои ватанӣ, таҷрибаи пешқадам ва аз ҳама муҳим, ҳангоми мавҷуд будани кадрҳои сатҳи муносиби омодагӣ барои татбиқи технологияҳои инноватсионӣ имконпазир мебошад.
  5. Дар илми аграрии тоҷик танҳо тибқи самтҳои алоҳидаи илмии ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик таҳқиқот бурда мешаванд. Самарабахшии чунин таҳқиқот чандон баланд нест. Сатҳи пасти таъминоти моддии илми аграрӣ ва музди меҳнати олимон шавқи кадрҳои ҷавонро ба илм кам мекунад.
  6. Дар шароити иқтисодиёти гуногунсохт дар истеҳсолоти агросаноатии мамлакат то ҳол чанд намуди технологияҳои ақибмонда истифода мешаванд, ки ба рушди комплекси агросаноатӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Технологияҳои мазкур дар давлатҳои мутараққӣ истифода намешаванд.
  7. Ҳангоми таҳлили проблемаҳо хусусиятҳои таъсис ва азхудкунии инноватсия дар соҳаи кишоварзӣ зоҳир мешаванд, ки ба роҳҳои бартараф намудани падидаҳои бўҳронӣ дар рушди ҷараёни инноватсионӣ асос мегарданд. Бояд қайд намуд, ки зинаи сусти ташаккули бозори инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ омўзиши талабот ба инноватсия мебошад.
  8. Агар нақши фаъолияти таҷрибавиро дар инноватсия ба назар нагирем оид ба моҳияти инноватсия ва фаъолияти инноватсионӣ тасаввуроти пурра пайдо намешавад. Маҳз бо ҳалли ҳамин масъала раванди инноватсионӣ тараққӣ меёбад.
  9. Дар сатҳи субъекти мушаххаси хоҷагидорӣ раванди инноватсионӣ, чун қоида, чунин марҳилаи ҳаётии инноватсия, ба монанди таъсис доданро дар бар намегирад, балки танҳо ҷорӣ намудан ва истифодаи онро дар бар мегирад. Бинобар ин самаранокии раванди инноватсиониро вобаста ба сатҳи он баррасӣ намудан мувофиқи мақсад мебошад.
  10. Дар доираи иқтисодиёти миллӣ раванди инноватсиониро ҳам ба таври пурра ва ҳам маҳдуд дар маҳсулоти мушаххаси инноватсионӣ баррасӣ намудан мумкин аст. Чунин ҳолатро бояд қайд намуд: агар дар сатҳи иқтисодиёти миллӣ самаранокӣ мусбӣ бошад, метавонад дар сатҳи субъекти мушаххаси хоҷагидорӣ самаранокӣ вуҷуд надошта бошад, баръакс шудани ҳолат низ ҷой дорад.
  11. Ҳамаи ин зарурати таҳия ва истифодаи нишондиҳандаҳои гуногуни арзёбии самаранокии ҷараёни инноватсиониро дар сатҳҳои гуногун муайян месозад.
  12. Рушди ҷараёни инноватсионӣ дар комплекси агросаноатии мамлакат дар давраҳои гуногун вобаста ба талаботи истеҳсолот, мавҷуд будани захираҳои моддию техникӣ ва дастовардҳои инкишофи илму техника муайян мегардид.
  13. Ба рушди ҷараёни инноватсионӣ дар комплекси агросаноатӣ сатҳи пасти талабот ба қобилияти маблағгузории маҳсулоти илмию техникӣ таъсири ниҳоят номусоид мерасонад. Набудани маблағҳои хусусӣ дар дасти аксари молистеҳсолкунандагон ва воқеан ғайриимкон будани гирифтани қарз барои инноватсия ба онҳо имконият намедиҳад, ки технологияҳои навро самаранок азхуд намоянд.
  14. Мавҷуд набудани механизми маблағгузорӣ ва пурра қатъ гардидани он аз ҷониби мақомоти минтақавии идоракунии комплекси агросаноатӣ оид ба азхудкунии комёбиҳои илму техника дар истеҳсолот ва татбиқи барномаҳои инноватсионӣ вазъиятро боз ҳам мураккабтар мегардонанд.
  15. Айни замон илми аграрӣ иқтидори кофӣ дорад, ки дар бахши аграрӣ сиёсати фаъоли инноватсиониро таъмин намояд. Бинобар ин қабул намудани тадбирҳои қатьӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи иқтидорҳои илмию техникии соҳа зарур мебошад.
  16. Солҳои охир новобаста ба вазъияти мураккаби иқтисодии комплекси агросаноатӣ ва корхонаҳои он раванди инноватсионӣ дар соҳа тадриҷан фаъол гардида истодааст.
  17. Махсусан ин ба он гурўҳи корхонаҳои пешқадами кишоварзии мамлакат дахл дорад, ки равандҳои инноватсияро дар истеҳсолот бо суръат азхуд намуда истодаанд. Пеш аз ҳама ин дар мисоли баланд шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва маҳсулнокӣ дар чорводорӣ ба назар мерасад.
  18. Бо вуҷуди ин қайд намудан зарур аст, ки аз рўи ҳаҷм истеҳсолоти инноватсионӣ дар муҳит ва соҳаҳои асосии агросаноатии азхудкардашуда ба таври назаррас фарқ мекунад, ки ин ба хусусиятҳои соҳавӣ, функсионалӣ, техникию технологӣ ва ташкилии онҳо вобастагӣ дорад.
  19. Таҷрибаи давлатҳои хориҷа нишон медиҳад, ки истифодаи натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ аз ҷониби молистеҳсолкунандагон боз як бори дигар нишон медиҳад, ки тамоюли муосири рушди равандҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ бояд мутақобил арзёбӣ гарданд. Аз як тараф, илми аграрӣ дар солҳои охир ба мушкилиҳои ҷиддии иқтисодӣ нигоҳ накарда, бояд бомуваффақият фаъолият намояд ва миқдори бештари маҳсулоти хушсифати илмӣ истеҳсол кунад, аз тарафи дигар бошад, хоҷагиҳои пешқадам бояд ҳолатҳои манфиро бартараф намуда, инноватсияро азхуд намоянд.
  20. Вазъи иқтисодии бавуҷудомада ба тамоюли баръакс оварда расонд, яъне паст шудани талабот ба маҳсулоти илмию техникӣ ва маҳсулоте, ки дахолати илмиро талаб мекунад, суст гардидани рушди инноватсионӣ.
  21. Ҳамаи мушкилоте, ки бо ягон тарзе ба истифодаи дастовардҳои инноватсионӣ муносибат доранд, ба молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ имконият медиҳанд, ки бе кўмаки амалии давлат онҳоро ҳал намоянд.
  22. Солҳои охир ба таври зарурӣ таваҷҷўҳ зоҳир накардан ба технологияи инноватсионӣ сабаби кам гардидани ҳаҷми маблағгузорӣ ба илм ва бад гардидани заминаи моддию техникии муассисаҳои илмию маърифатии соҳа гардид.
  23. Гузаштани комплекси агросаноатӣ ба роҳи рушди инноватсионию технологӣ танҳо дар асоси ба эътибор гирифтани имкониятҳои иқтисодӣ ва хусусиятҳои ташаккул дар шароити иқтисоди бозорӣ амалӣ мегардад.

 

  1. Ҳама гуна буҳрони иқтисодӣ бо ҷори намудани технологияҳои мутараққӣ, пайдо шудани имкониятҳои зиёди истеҳсолӣ бартараф карда мешавад. Бўҳрони умумии иқтисодии аз моҳи октябри соли 2008 оғозгардида айни замон иҷрои аксари масъалаҳои стратегӣ, аз ҷумла иҷрои Барномаҳои рушди кишоварзии ҷумҳуриро то соли 2015 зери хатар гузошт. Бўҳрони бозоргирӣ (ликвидность) системаи бонкиро водор намуд, ки масъалаҳои маблағгузориро аз нав баррасӣ намояд ва дар натиҷа бахши воқеии иқтисодиёт бе дастгирии молиявӣ монд, барномаҳои сармоягузорӣ маҳдуд шуданд, бисёри корхонаҳои қарздор барои пардохти қарзҳо душвориҳои ҷиддиро аз сар мегузаронанд.
  2. Ҳалли самараноки вазифаҳои стратегии рушди инноватсионии комплекси агросаноатӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои дарозмўҳлат чунин аст:

- таҳлили маҷмўии имкониятҳои захиравии (иқтисодӣ, табиӣ, моддӣ ва ғайримоддӣ) ҷумҳурӣ мутобиқ ба масъалаи таҳияи тадбирҳои аввалиндараҷаи зиддибўҳронӣ;

- ба эътибор гирифтани махсусияти аграрии минтақа бо назардошти таназзули иқтисодиёт;

- ташаккули комплекси инфрасохтори инноватсионӣ, ки ташаббуси расмии навовариро (ноу-хау) дар соҳаи истеҳсолот, хизматрасонӣ ва инноватсияи технологӣ ҳавасманд месозад.

 

4. Сиёсати инноватсионӣ дар комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои асосии он

 

  1. Таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки ҳангоми татбиқи сиёсати аграрӣ яке аз унсурҳои асосии он бояд сиёсати инноватсионӣ бошад, ки зарурати ташаккулу иҷрои он дар шароити имрўза хеле муҳим гардидааст.
  2. Сиёсати инноватсионӣ бояд ба истифодаи самараноки иқтидорҳои илмию техникӣ, баланд бардоштани нақши илми соҳавӣ дар инкишофи иқтисодиёти истеҳсолоти агросаноатӣ ва таъмини маҳсулоти рақобатпазир равона карда шавад.
  3. Сиёсати давлатии инноватсионӣ дар комплекси агросаноатӣ ин маҷмўи тадбирҳои мушаххас оид ба муқаррарсозии равандҳои афзалиятноки инноватсионӣ мебошад, ки таҳия ва амалӣ намудани онҳо ба вусъат ёфтани рушди илмию техникии истеҳсолоти агросаноатӣ таъсир мерасонад.
  4. Дар баробари рушди қувваҳои истеҳсолкунанда ва гузаштани соҳа ба муносибатҳои нави иқтисодӣ нақши сиёсати давлатии инноватсионӣ ба таври назаррас афзоиш меёбад.
  5. Сиёсати давлатии инноватсионӣ дар бахши аграрӣ бояд ба стратегияи рушд ва дурнамоҳои наздику дур асос ёбад, ки самтҳои асосии онҳо инҳоянд:

- фаъолгардонии кори муассисаҳои илмию техникӣ ва дар ин асос ташаккул додани истеҳсолоти самараноки агросаноатӣ;

- таъмини моддию техникии соҳа ва экологикунонии соҳаи кишоварзӣ;

- мукаммалсозии муносибатҳои иқтисодӣ ва замин, такмили сохтори истеҳсолот ва идоракунӣ, инчунин амалигардонии сиёсати иҷтимоӣ.

  1. Мақсади ниҳоии татбиқи сиёсати инноватсионӣ муҳайё намудани шароит барои рушди босуботи фаъолияти инноватсионӣ ва таъмини вусъатёбии пешрафти илмию техникӣ дар ҳамаи соҳаҳои комплекси агросаноатӣ мебошад.
  2. Вазифаи асосии сиёсати давлатии инноватсионӣ дар комплекси агросаноатӣ дар солҳои наздик бартараф намудани бўҳрони системавӣ, ҳамгироии имкониятҳои иқтидори илму техникии соҳа барои таҷдиди техникӣ ва технологии соҳаи кишоварзии ватанӣ мебошад. Дар давраи гузарондани ислоҳоти аграрӣ дар мамлакат теъдоди коргарон дар соҳаи илми аграрӣ ба миқдори 1/3 (аз се як ҳисса) кам шуда, ҳолати заминаи моддию техникии ташкилотҳои илмӣ ба таври назаррас бад гардид, ҳаҷми маблағгузории илм ва сатҳи музди меҳнати олимон хеле поён рафт. Дар чунин шароитҳо муассисаҳои илмӣ маҷбуранд кўшиши худро барои рўзгузаронӣ ва нигоҳ доштани иқтидори илмию техникии вуҷуддошта равона созанд. Бинобар ин афзалияти аввалиндараҷа бояд ба дастгирии давлатии таҳқиқоти фундаменталӣ равона карда шавад.
  3. Механизми асосии якҷоя намудани илми аграрӣ бо истеҳсолоти кишоварзӣ барномаҳои мақсаднок мебошанд, ки аксари онҳо фаслҳои махсуси корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро дар худ инъикос мекунанд.
  4. Дар марҳилаи аввал Консепсияи сиёсати давлатии инноватсионӣ дар комплекси агросаноатӣ таҳия мешавад, ки дар он муносибати давлат ба инкишофи раванди инноватсионӣ ҳамчун асоси пешрафти илму техника амиқ ташаккул ёфта, мақсадҳо, афзалиятҳо ва самтҳои асосии татбиқи сиёсати мазкур нишон дода мешавад.
  5. Хусусияти сохтори америкоии идоракунии равандҳои илмию техникӣ алоқаи зичи давлат ва тиҷорати хусусӣ ба ҳисоб мерафт. Вазни қиёсии ташкилотҳои омехта, ки аз ҳисоби манбаъҳои давлатӣ ва хусусӣ маблағгузорӣ мешаванд, хеле калон аст. Ин ташкилотҳо Маркази миллии таҳқиқоти саноатӣ, Академияи миллии илмҳо, Академияи миллии техникӣ ва Ассотсиатсияи америкоии кўмак ба рушди илм мебошанд.
  6. Робитаи ниҳодҳои давлатӣ ва хусусӣ дар соҳаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ хусусияти муҳими механизми инноватсионӣ мебошад. "Кашф"-и иқтисодии Иёлоти Муттаҳидаи Америкаи даҳсолаи охирро тиҷорати венчурӣ номидан мумкин аст.
  7. Афзоиши пуравҷи шумораи ширкатҳои хурд ва миёна, ки дар ҷустуҷўи ғояҳои нав ва такмили онҳо мебошанд, хусусияти хоси ҷараёни инноватсионии америкоӣ ба ҳисоб меравад. Мақомоти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои таъсиси шароити мувофиқи андоз, қарз, фаъолияти ширкатҳои венчурӣ ва ташкили бозори ягонаи миллии сармояи венчурӣ мусоидат намуданд.
  8. Модели ҷопонии танзими давлатии Рушди Илму Техника дар охири солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-ум ба принсипҳои зерин замина гирифтааст:

- мавҷуд будани барномаи дарозмуддати рушди илму техникаи мамлакат;

- такя ба ширкатҳои калон барои татбиқи сиёсати илмию техникӣ;

- ҳавасманд кардани таҳқиқҳои таҷрибавӣ ва коркард;

- ҳавасмандгардонии хариди фаъоли иҷозатномаҳо аз хориҷа.

  1. Дар давлатҳои мутараққии аврупоӣ (Ҷумҳурии Федералии Олмон, Британияи Кабир, Фаронса) мақомоти давлатии миллӣ дар ташаккули иқтидорҳои миллии илмию техникӣ, дастгирӣ намудани ширкатҳое, ки имконияти баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти худӣ ва иқтисодиёти миллиро доранд, нақши муҳим мебозанд.
  2. Солҳои 80-ум барои вусъат додани раванди навовариҳои технологӣ, ки шарти иҷрои ислоҳоти сохтории иқтисодиёти миллӣ ва афзоиши рақобатпазирии онҳо мебошад, ҳукумати давлатҳои мутараққии Аврупо таҳкими ҷорӣ намудани натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструктории ташкилотҳои давлатии таҳқиқотро дар саноат дастгирӣ намуда тадбирҳо андешиданд.
  3. Яке аз хусусиятҳои асосии сиёсати илмию техникии Аврупои Ғарбӣ дар солҳои 80-ум танзими давлатии барномаҳои калонҳаҷм дар сатҳи байналмилалӣ гардид.
  4. Тавре ки омўзиши таҷрибаи хориҷӣ нишон медиҳад, такмили механизми инноватсионӣ дар марҳилаҳои алоҳида самарабахшии равандро ба куллӣ баланд мебардорад.
  5. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои ҳавасманд намудани рушди фаъолияти инноватсионӣ давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба монанди Америка, Олмон, Италия, Фаронса, Ҷопон, Канада, Бразилия, Исроил ва Австралия дар 10-15 соли охир таҷрибаи бойи ташкили ҷараёни инноватсиониро захира намуда, чораҳои зерин андешиданд:

- дар ҳудуди 20 фоиз маблағҳои аз фаъолияти инноватсионӣ бадастомада андозбандӣ карда намешаванд;

- дар ҳолати ворид намудани технологияи инноватсионӣ имтиёзҳо пешниҳод карда мешаванд;

- аз андоз озод будани воситаҳои дорои хатарнокии баланд;

- дастгирии давлатӣ (субсидия) барои кашфи моли нав ва хатҳои технологӣ;

- пешниҳоди маблағҳои давлатии бебозгашт (дотатсия) барои бозомўзии кадрҳои илмӣ ва илмию таҳқиқотӣ дар давлатҳои мутараққие, ки натиҷаҳои назарраси инноватсионӣ ба даст овардаанд;

- фароҳам овардани шароити мусоид оид ба дастрасии қарзҳои имтиёзнок барои фаъолияти инноватсионӣ дар комплекси агросаноатӣ;

- ҳамасола аз буҷаи ҷумҳурӣ муайян намудани ҳаҷми маблағҳо барои фаъолияти инноватсионӣ.

  1. Сиёсати давлатии инноватсионӣ дар комплекси агросаноатӣ бояд аз ҷониби мақоми ваколатдор бо иштироки бевоситаи пажуҳишгоҳҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) ташаккул ёфта, ҳамчун ҷузъи асосии барномаи рушди комплекси агросаноатии мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шавад.

 

5. Аҳамияти Консепсияи рушди инноватсионии комплекси агросаноатӣ ва роҳҳои татбиқи сиёсати инноватсионӣ

 

  1. Муайян намудани таркиб, хусусият, омилҳои илмии истеҳсолот, асоснок намудани самтҳо ва шаклҳои воқеии инноватсия низ ба асосҳои институтсионалии рушди инноватсия дохил мешаванд.
  2. Муҳити институтсионалии инноватсия дар комплексҳои агросаноатӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ, иттилоотонии деҳот, мушкилоти демографӣ ва ғайра рушд накардаанд.
  3. Гузаштан ба усули инноватсионии рушди комплекси агросаноатӣ бо таҷдиди техника ва таҷҳизот, равандҳои технологӣ дар асоси рушди илм ва тавсияи таҷрибаи пешқадам, таъмини истифодаи васеи инноватсия зарур мебошад.
  4. Таҳияи мақсадноки Консепсия то соли 2030, дар мўҳлате, ки комплекси агросаноатӣ тавонад технологияҳои дараҷаи 5-6 - ро азхуд намояд. Ин 2 панҷсола дар давоми 20 сол, аз солҳои 2014 то 2018, 2019 то 2023 ва як мўҳлати дарозмуддат, аз солҳои 2024 то 2030 - ро дар бар мегирад.
  5. Ин ба мо имконият медиҳад, ки дар асоси Консепсия барномаҳои татбиқи рушди инноватсионии комплекси агросаноатиро пешниҳод намоем.
  6. Қадамҳои нахустин бояд тавассути барномаи фароҳам сохтани шароит барои рушди дастовардҳои инноватсионӣ бо истифода аз усулҳое, ки рушди инноватсиониро дар ҳаёт тадбиқ менамоянд, амалӣ гарданд. Консепсияи рушди инноватсиониро ба марҳилаҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст: солҳои 2014-2018 - раванди ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилию иқтисодӣ барои гузаштан ба навсозӣ дар асоси инноватсияи комплекси агросаноатӣ аз рўи самтҳои зерин:

- ташаккули инфрасохтори фаъолияти инноватсионӣ дар комплекси агросаноатӣ зимни рушди мактабҳои афзалиятноки илмӣ, ҳам дар муассисаҳои амалкунандаи илмӣ ва илмию таълимӣ ва ҳам таъсиси корхонаҳои нави инноватсионӣ, донишгоҳҳои таҳқиқотии миллӣ ва байниминтақавии аграрӣ, консорсиумҳо ва дигар иттиҳодияҳои илмию истеҳсолӣ.

- дар ҷумҳурӣ инкишоф додани системаи бисёрсоҳаи машваратии дастгирии кишоварзӣ, ки тавсеаи калонҳаҷми инноватсиониро таъмин мекунад.

- муайян намудани самтҳои афзалиятноки таъмини рушди калонҳаҷми инноватсионии комплекси агросаноатӣ ва иҷрокунандагони ин корҳо дар шахси пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотӣ бо роҳи озмунии интихоби лоиҳа ва ҷудо намудани грантҳои дарозмўҳлат барои татбиқи онҳо бо шарти ҷорӣ ва гузаронидани комёбиҳои инноватсионӣ ба истеҳсолот.

  1. Инчунин дар асоси интихоби озмунии лоиҳаҳо ва дастгирии грантӣ метавонад донишгоҳҳои аграрии таҳқиқотӣ таъсис дода шавад, ки ташкилотҳои илмию ва таҷрибавиро дар бар гирифта, омодасозии кадрҳои баландихтисосро зимни омўзиши комёбиҳои тараққиёфтаи илм таъмин месозанд.
  2. Аз рўи натиҷаҳои иҷрои марҳилаи аввалаи Консепсияи ислоҳот муайян кардани мақсадҳо барои соли 2019 ва 3-4 соли минбаъда зарур мебошад. Марҳилаи дигар "Гузариш ба рушди инноватсионӣ" (солҳои 2019-2023) тавсеаи механизмҳои инкишофи таъмини рушди инноватсионии кишоварзиро дар комплекси агросаноатӣ бо фарогирии на камтар 25 фоизи намояндагони истеҳсолоти бахши умумӣ ва на камтар аз 5 фоизи шаклҳои хурди хоҷагидорӣ пешбинӣ мекунад.
  3. Ташаккули ташкилотҳои илмию ҷоринамоӣ, донишгоҳҳои таҳқиқотӣ, дигар иттиҳодияҳои илмию маърифатӣ механизмҳои дасттирии давлатӣ ва маблағгузории силсилаи корҳои "таҳқиқот- истеҳсолот" - ро дар асоси усулҳои шарикии хусусӣ-давлатӣ ба анҷом мерасонад.
  4. "Рушди умумии инноватсионӣ барои солҳои 2019-2023" пурра гузаштан ба рушди комплексӣ агросаноатӣ дар асоси фаъолияти калонҳаҷми инноватсионӣ, ки дар рафти иҷрои он метавонад самараи зиёд ба даст оварда шавад.
  5. Марҳилаи дигар "Рушди озмунии инноватсия" (солҳои 2024-2030) пурра гузаштани комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ ба рушди фаъолияти калонҳаҷми инноватсионӣ, ки дар асоси татбиқи он самараи бештар ба даст меояд.
  6. Дар асоси интихоби озмунии лоиҳаҳо ва дастгирии грантии донишгоҳҳо метавонанд донишгоҳҳои таҳқиқотии аграрӣ таъсис ёфта, ба ҳайати худ ташкилотҳои илмӣ ва таҷрибавиро дохил намоянд, ки омодасозии кадрҳои баландихтисосро бо омўзиши комёбиҳои пешрафтаи илм таъмин месозанд.
  7. Дар ҷумҳурӣ заминаи иттилоотию методии инноватсия ва таҷрибаи пешқадам ташаккул меёбад, шабакаи дастгирии робитаҳои иттилоотӣ таъсис дода мешаванд, ки гузаронидани конференсияҳои фосилавӣ, машғулиятҳо ва мубодилаи таҷрибаро таъмин менамоянд.
  8. Рушди калонҳаҷми инноватсионӣ пурра гузаштан ба рушди комплекси агросанотӣ дар асоси фаъолияти калонҳаҷми инноватсионӣ буда, дар ҷараёни он ба дастовардҳои зиёди самаранок ноил гардидан мумкин аст.
  9. Муҳити инкишофнаёфтаи инноватсияи институтсионалӣ дар комплексҳои агросаноатӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ, иттилоотонии аҳолии деҳот, душвориҳои демографӣ ва ғайра аз масъалаҳое мебошанд, ки бояд ҳалли худро пайдо кунанд.

 

6. Омилҳои таъсиркунанда ва механизмҳои рушди иқтисодии фаъолияти инноватсионӣ дар комплекси агросаноатӣ

 

  1. Мавҷудияти қувваҳои ҳаракатдиҳанда, монеаҳо ва таҳдидҳо ба рушди инноватсия дар комплекси агросаноатӣ, талаботи объективии амнияти озуқавории мамлакатро таъмин менамояд. Иқтидори имконияти инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои ташаккул ёфтан ва амалӣ намудани технологияи нав, селексия, тухмипарварӣ, хушзоткунии чорво ва ғайра тадриҷан мусоидат менамояд. Тамоми монеаҳо дар ниҳояти кор ба зиёд гардидани воридоти озуқавории баландсифат аз хориҷа ва баландшавии сунъии рақобатпазирии онҳо дар бозори дохилӣ оварда мерасонанд. Монеаҳои дигар нарасидани мутахассисони баландихтисос ва сармоя барои татбиқи барномаҳои инноватсионӣ мебошад. Ҳалли масъалаҳои суръатбахшии гузариш ба роҳҳои инноватсионии рушд дар шароити таъсири як қатор таҳдиду шартҳо ба комплекси агросаноатӣ дохил гашта, аз як тараф ноил шудан ба мақсадҳои гузошташударо мураккаб месозанд, аз тарафи дигар зарурати кўшишҳои боз ҳам зиёдро барои ҳалли мушкилиҳои дар соҳаи аграрии иқтисодиёт мавҷудбуда илқо мекунанд.
  2. Таҳдидҳои асосӣ дар роҳи рушди инноватсионии комплекси агросаноатӣ аз инҳо иборатанд:

- таҳкими рақобати байнисоҳавии омилҳое, ки рақобатпазирии системаҳои инноватсиониро дар комплекси агросаноатӣ муайян месозанд;

- тағйирёбии иқлим ва заъфи иқтидори агрономии хок. Сатҳи баланди вобастагии хоҷагии кишоварзӣ аз шароитҳои хоку иқлим, махсусан дар шароити тағйирёбии обу ҳаво фаъолияти соҳаро ноустувор месозад. Махсусгардонии истеҳсолоти кишоварзӣ ва гузариш ба киштгардониҳои ротатсионӣ, сатҳи пасти нуриандозӣ ва ноустувор гардидани дигар тадбирҳои хокивазкунанда боиси гирифтани ҳосили паст мегардад;

- бемориҳои сироятӣ ва зараррасонҳо, алафҳои бегона зиёд мешаванд;

- сатҳи пасти даромаднокии аксари молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ имконияти амалӣ намудани такрористеҳсолкунии маъмулӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ, инчунин ба технологияи сарфаи захираҳо гузаштанро маҳдуд месозад;

- дар натиҷа чунин ҳолат ба вуҷуд меояд, ки майдонҳои калони замини кишоварзӣ дар шароити норасогии озуқаворӣ аз истифода берун мемонанд;

- таваҷҷўҳи қисми зиёди истеҳсолоти кишоварзӣ ба хоҷагиҳои хурди камдаромади аҳолӣ нигаронида мешавад, ки барои ба рушди инноватсионӣ гузаштан имконият надоранд;

- заминаи сусти моддию техникӣ ва суръати пасти таҷдиди фондҳои асосии истеҳсолӣ, ки ба коркарди саривақтии ашёи хом ва сифати маҳсулоти истеҳсолшуда таъсири манфӣ расонида, имконият намедиҳанд, ки бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ пурра таъмин гардад. Модернизатсияи саноати хўрокворӣ ва коркард дар асоси таҷҳизоти хориҷӣ амалӣ мегардад, ки барои рушди соҳа таҳдидҳои зиёд ба вуҷуд меоварад. Идома ёфтани қафомонии техникию технологии истеҳсолоти агросаноатӣ, рушд накардани системаи инноватсионии комплекси агросаноатӣ, заъфи истеҳсолоти кишоварзӣ, махсусан саноати хўрокворӣ ва коркард, инчунин дигар соҳаҳои саноат, аз ҷумла соҳаи хизматрасонии истеҳсолии бахши аграрӣ аз омилҳои асосии монеъшаванда ба афзоиши маҳсулнокии меҳнат, рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқавории ватанӣ мебошанд;

- қафомонии таъсиси заминаи муосири меъёрию техникӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ (регламенти техникӣ, стандартҳои миллӣ ва ғайра), ки истеҳсолот ва гардиши ашёи хоми кишоварзию маҳсулоти ғизоиро таъмин месозад;

- қафомонии инфрасохтори иҷтимоии деҳот аз шаҳр, сатҳи пасти нуфузи меҳнати деҳқон, паст шудани сатҳи сокиншавии аҳолӣ дар маҳаллаҳои деҳот, аз кор рафтани кадрҳои баландихтисос, махсусан ҷавонон аз соҳаи фаъолияти кишоварзӣ, зиёд шудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, инфрасохтори инкишофнаёфтаи бозори агросаноатӣ, афзоиши воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва хўрокворӣ;

- бад шудани ҳолати экологии истеҳсолоти агросаноатӣ дар минтақаҳои алоҳидаи ҷамоатҳои деҳот бо сабаби сатҳи пасти технологияи истеҳсолот ва сифати маҳсулоти ғизоӣ.

  1. Дар доираи татбиқи Консепсия бартараф ё паст намудани таҳдидҳои нишондодашуда зарур аст, то онҳо ба маҳдудшавии имкониятҳо ҳангоми гузаштани комплекси агросаноатӣ ба иқтисодиёти инноватсионӣ ва аз даст додани иқтидорҳои мавҷудаи илмӣ оварда нарасонанд.
  2. Мақсади сиёсати иқтисодӣ дар соҳаи рушди инноватсионӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои муассисаҳои молиявию қарзӣ ва ширкатҳои суғуртавӣ мебошад, ки маблағгузории инноватсионӣ ва суғуртаи хатари қарзиро амалӣ месозанд.
  3. Механизми молиявию иқтисодии татбиқи сиёсати инноватсионӣ дар комплекси агросаноатӣ аз инҳо иборат мебошад:

- истифодаи маблағгузории такрории таҳияи илмию техникӣ, инчунин кўмакҳои давлатӣ, субсидия ва грантҳо;

- дастгирии барномаҳои байниминтақавии технологияҳои баланди инноватсионӣ;

- ҳавасманд намудани сармоягузорон;

- инкишоф додани лизинги технологияҳои илмӣ ва таҷҳизоти нодир;

- дастгирии фаъолияти патентӣ ва ихтироотӣ, мусоидат намудан барои ҳимояи моликияти зеҳнӣ, ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар ҷумҳурӣ ва хориҷа;

- пешниҳод намудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳибкории хурди инноватсионӣ ҳангоми эълон намудани озмоиш барои татбиқи лоиҳаҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ.

  1. Бинобар он, ки шароити бавуҷудомада раванди сармоягузории ҷараёни инноватсионӣ дар комплекси агросаноатӣ барои бонкҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ чандон фоидаовар намебошанд, инчунин доир ба гузаронидани сиёсати фаъоли инноватсионӣ андешидани чораҳои махсус ва ҳамаҷониба талаб карда мешавад.
  2. Дар баланд бардоштани фаъолнокии инноватсионӣ худи молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ, ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам ҳуқуқӣ нақши муҳим мебозанд. Вазифаи аввалиндараҷа беҳтар намудани вазъи молиявӣ ва барқарор намудани қобилияти пардохт доштани молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ мебошад.
  3. Бояд қайд намуд, ки қисми асосии корхонаҳои кишоварзӣ бинобар вазъи номусоиди иқтисодӣ пардохти қарзи ҷамъшударо дар мўҳлатҳои муқарраршуда имконияти бозгардонидан надоранд. Бинобар ин ташкили системаи муайяни ҳавасмандгардонии роҳбарон, мутахассисон ва коргарон барои азхудкунии инноватсия дар истеҳсолот зарур мебошад.
  4. Механизми иқтисодии татбиқи сиёсати инноватсиониро дар комплекси агросаноатӣ аз рўи чунин самтҳо инкишоф додан мувофиқи мақсад аст:

- таҳкими ҳавасмандгардонии иқтисодии фаъолияти инноватсионӣ дар ҳамаи давраҳои раванди рушд;

- мувофиқати пурраи он ба механизмҳои иқтисодии фаъолияти комплекси агросаноатӣ;

- рушди мунтазами муносибатҳои ҳисоби хоҷагӣ ва афзоиши ҳиссаи хароҷоти молистеҳсолкунандагони бевосита ба фаъолияти инноватсионӣ.

 

7. Самтҳои афзалиятнок ва натиҷаҳои татбиқи сиёсати инноватсионӣ дар комплекси агросаноатӣ

 

  1. Дар шароити ба анҷом расидани ташаккули соҳаи кишоварзии гуногунсохт гузариши босуръат ба принсипҳои бозори тақсимоти маҳсулот, такмили манфиатнокии меҳнат ва ҳавасмандкунии моддии коргарон, инкишофи муносибатҳои ҳисоби хоҷагӣ дар дохили корхонаҳо, такмили системаи фурўши маҳсулот дар асоси маркетинг, ташкил намудани коркарди маҳсулоти дохилӣ ва фурўши фирмавӣ ба амал меояд.
  2. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва ташаккули механизми нави иқтисодии фаъолияти корхонаҳо дар амал ҷорӣ намудани шаклҳои нави ташкили истеҳсолот, такмили системаи банақшагирии идоракунӣ, баҳисобгирӣ ва назорати истеҳсолот дар заминаи истифодаи васеи технологияҳои нави иттилоотиро дар ҳамаи сатҳҳо талаб мекунад.
  3. Дар соҳаи растанипарварӣ равандҳои инноватсионӣ бояд ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи растанипарварӣ дар асоси баланд бардоштани ҳосилнокии замин, афзоиши ҳосилнокии зироати кишоварзӣ, беҳтар кардани сифати маҳсулот, бартараф намудани ҷараёни таназзул ва вайроншавии муҳити табиӣ, сарфаи захираҳои энергетикӣ, кам намудани вобастагии маҳсулнокии растанипарварӣ аз омилҳои табиӣ, баланд бардоштани истифодаи самараноки заминҳои обӣ ва бекорхобида, сарфа намудани хароҷоти меҳнатию моддӣ, нигоҳдорӣ ва беҳтар намудани экологияи муҳити зист равона шаванд.
  4. Вобаста ба ҳамин сиёсати инноватсионӣ дар соҳаи растанипарварӣ бояд зимни такмили усулҳои селексия, офаридани навъҳои нави зироати кишоварзӣ, азхуд намудани системаи илмии заминкоркунӣ ва тухмипарварӣ амалӣ гардонида шавад.
  5. Яке аз самтҳои нави инноватсия ин системаи биотехнологии парвариши чорво бо истифодаи усулҳои инженерияи генӣ ва инженерияи ҳуҷайрагӣ мебошад, ки ба истифодаи навъҳои нави чорвои трансгенӣ зимни беҳдошти сифати маҳсулоти ба бемориҳо тобовар равона карда шудааст.
  6. Дар рушди раванди инноватсионӣ дар соҳаи чорводорӣ гурўҳҳои технологӣ ва илмию техникӣ, ки ба инноватсия, индустриякунонии истеҳсолот, механизатсия ва автоматизатсияи равандҳои истеҳсолӣ, азнавҷиҳозонии истеҳсолот, азхудкунии технологияҳои илмӣ ва афзоиши маҳсулнокии меҳнат вобастагӣ доранд, аҳамияти калон дорад.
  7. Раванди инноватсионӣ дар соҳаи механизатсия, электрификатсия ва автоматизатсияи истеҳсолоти агросаноатӣ бояд мувофиқи барномаи мақсадноки бардавом ва рушди соҳаи муҳандисию техникии комплекси агросаноатӣ инкишоф ёбад.
  8. Истифодаи техникаи нави муосир имконият медиҳад, ки маҳсулнокии агрегатҳо ва таҷҳизот, таъмини бехатарӣ ва амнияти экологии коргарон, сарфаи захираҳои истифодашаванда (меҳнат, мавод, воситаҳои энергетикӣ, мол) баланд бардошта шавад.
  9. Самтҳои умумии азхудкунии инноватсия ва равандҳои илмию техникӣ дар соҳаҳои коркарди комплекси агросаноатӣ бояд аз инҳо иборат бошанд:

- аз нав ҷиҳозонидани корхонаҳои дорои ҳама гуна шаклҳои моликият бо таҷҳизоти самаранокии баланддоштаи технологӣ;

- такмили технологияҳои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва баланд бардоштани сифати онҳо;

- ба қадри зарурӣ қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти серғизо;

- ташаккули механизмҳо оид ба истифодаи оқилонаи ашёи хом.

  1. Арзёбии фаъолияти инноватсионӣ асосан бояд ба инноватсияи мушаххас, ки дар истеҳсолоти агросаноатӣ азхуд карда шудааст, робитаи бевосита дошта бошад.
  2. Дар давраи муосир бояд ба фаъолнокии кори ташкилотҳои аграрию илмӣ ва беҳтар намудани сифати таҳқиқҳои илмӣ, вусъат додани таъсиси инноватсияи баландсифат таваҷҷўҳи махсус зоҳир карда шавад.
  3. Дар шароити нокифоя будани маблағгузории соҳаи илмию техникии комплекси агросаноатӣ ва нарасидани маблағ ба молистеҳсолкунандагон барои рушди равандҳои инноватсионӣ самтҳоеро муайян кардан муҳим аст, ки ҳам барои таъсиси инноватсия ва ҳам барои бевосита азхуд намудани онҳо дар истеҳсолот камхарҷ бошанд, инчунин мутобиқсозии бевоситаи механизмҳои илми аграрӣ ба сохтори бозорҳои аграрӣ зарур мебошад.
  4. Барои ин ғайр аз дастгирии хоҷагиҳои таҷрибавию истеҳсолии ташкилотҳои илмӣ, ки навъҳои нави тухмиҳоро истеҳсол мекунанд, инчунин зарур аст, ки хоҷагиҳои мазкур бо роҳи баланд бардоштани нарх ба маҳсулоти илмӣ то сатҳи кофии такрористеҳсолкунии равандҳои селексионӣ ҳавасманд гардонида шаванд.
  5. Барои минбаъд суръат бахшидан ба азхудкунии инноватсия таъсиси бозори махсуси инноватсия ба мақсад мувофиқтар аст, ки бояд ба пешравии онҳо на танҳо дар бозори маҳсулоти илмию техникии ватанӣ, балки дар бозорҳои хориҷӣ, инчунин ба устувории соҳибкории давлатии венчурӣ бо мақсади ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба фаъолияти инноватсионӣ мусоидат намояд. Дар ин самт ҳамкории мунтазами муассисаҳои ҷумҳурӣ бо марказҳои бонуфузи илмии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар мамлакатҳои мутараққӣ мувофиқи мақсад мебошад.
  6. Татбиқи бомуваффақияти сиёсати инноватсионӣ такмили заминавии идоракунии фаъолияти инноватсиониро дар комплекси агросаноатӣ барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар асоси маблағгузории оқилонаи давлатӣ ба соҳаи илм ва рушди соҳибкории инноватсионӣ талаб мекунад.
  7. Татбиқи самтҳои афзалиятноки сиёсати инноватсионӣ барои пешрафти илму техника дар соҳаҳои гуногуни комплекси агросаноатӣ метавонад таҷдиди назарраси истеҳсолоти агросаноатӣ, ташкилӣ, техникию технологӣ ва баланд бардоштани самаранокии онҳоро таъмин намояд.

 

8. Таҳия ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар асоси Консепсияи пешрафти инноватсионӣ

 

  1. Татбиқ гардидани Консепсия дар се сатҳ ба мақсад мувофиқ мебошад:

- таҳияи Барномаҳои таҳқиқотии фундаменталӣ ва амалӣ барои таъсиси системаи илмии истеҳсолот дар комплекси агросаноатӣ;

- таҳияи барномаҳои соҳавии инноватсионӣ ва истифодаи онҳо дар таҳқиқҳои дақиқ ва амалӣ;

- таҳияи барномаҳои соҳавӣ, идораҳо ва ташкилотҳои соҳавии комплекси агросаноатӣ бо мақсади муайян намудани таъсири натиҷаҳои объектҳои инноватсионӣ.