ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ РУШДИ

НИЗОМИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини иҷрои банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013, № 446 "Дар бораи Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои буҷетӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Нақшаи мазкур тадбирҳо андешида, оид ба корҳои анҷом додашуда ҳар сол то 1 феврал ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
  3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсоз иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин карда, оид ба рафти иҷрои он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 23 августи соли 2016, № 368

ш. Душанбе