Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" июни соли 2017, № 322

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ АДОЛАТИ СУДӢ НИСБАТИ КЎДАКОН

 БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кўдакон барои солҳои 2017-2021 (минбаъд - Барномаи мазкур) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кўдак, меъёрҳо ва стандартҳои асосии байналмилалии адолат нисбати кўдакон ва тавсияҳои дахлдор дар соҳаи адолати судӣ нисбати кўдакон, ки аз ҷониби мақомоти қарордодаш Созмони Милали Муттаҳид ва Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, равона карда шудааст.
  2. Ҳадафи Барномаи мазкур ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва амалия дар соҳаи адолати судӣ нисбати кўдакон буда, барои таъсис додани низом барои кўдакони ҳуқуқвайронкунанда, шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зўроварӣ замима мегузорад. Барномаи мазкур муносибати муносибро нисбат ба кўдакон, ки дар он ҳуқуқ ва шаъну эътибори онҳо эҳтиром карда мешавад, таъмин сохта, нисбати эҳтиёҷоти ҳар як кўдак дар алоҳидагӣ самаранок эътино намуда, барои коҳиш додани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва такроран содир намудани он дар байни кўдакон мусоидат мекунад.
  3. Барномаи мазкур нисбати кўдакони зерин равона шудааст:

- кўдакони ба синни ҷавобгарии ҷиноятӣ расидае, ки ҳуқуқвайронкунӣ содир намудаанд;

- кўдакони ба синни ҷавобгарии ҷиноятӣ нарасидае, ки кирдори ҷиноятиро содир намудаанд;

- кўдакони шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зўроварӣ.

 

2. ИТТИЛООТИ МУХТАСАР ВА ДАСТОВАРДҲО

 

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии шартномаҳои асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон буда, меъёру принсипҳои онҳо қисми таркибии қонунгузории ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Дар асоси шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин тавсияҳои мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба қонунгузории кишвар тағйирот ворид гардида, қонунҳои нав қабул мешаванд.
  2. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кўдак мебошад. Соли 2010 дар натиҷаи гузориши даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кўдак тавсияҳои ниҳоӣ пешниҳод шуданд, ки онҳо ба масъалаҳои адолати судӣ нисбати кўдакон низ дахл доранд. Ҳамчунин дар натиҷаи баррасии гузоришҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар сохторҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид тавсияҳои дахлдор оид ба масъалаҳои адолати судӣ нисбати кўдакон пешниҳод гардидаанд.
  3. Тавсияҳои ниҳоии Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ва Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кўдак нуқтаи ибтидоӣ барои воридсозии меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ дар қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
  4. Моҳи сентябри соли 2001 Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис дода шуд.
  5. Бо мақсади амалигардонии муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кўдак, меъёрҳо ва стандартҳои асосии байналмилалӣ вобаста ба адолати судӣ нисбати кўдакон Нақшаи амали миллӣ оид ба ислоҳот дар самти адолат нисбати ноболиғон барои солҳои 2010-2015 тасдиқ ва амалӣ карда шуд.
  6. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кўдак соли 2016 мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
  7. Бо мақсади такмили қонунгузории танзимкунандаи низоми адолати судӣ нисбати кўдакон ба кодексҳои оила, ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила", "Дар бораи маориф", "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак" ва "Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон" қабул гардида, дар онҳо муқаррароти дахлдор дар соҳаи адолати судӣ нисбати кўдакон мутобиқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ пешбинӣ карда шуданд.
  8. Дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида кафолатҳои муҳими зерин оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдак дар низоми адолати судӣ нисбати кўдакон пешбинӣ карда шудаанд:

- ҳангоми пурсиши кўдакон иштироки ҳатмии адвокат, намояндаи қонунӣ, омўзгор ва ё равоншинос ҳатмӣ мебошад;

- пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ наметавонад дар як рўз бетанаффус зиёда аз 2 соат ва дар маҷмўъ бештар аз 4 соат давом ёбад;

- ҳангоми қабули кўдак ба ҳар ҷое, ки аз ҷомеа дар алоҳидагӣ нигоҳ дошта мешавад, муоинаи тиббии кўдак гузаронида мешавад;

- синну соли ҳадди ақал барои таъқиби ҷиноятӣ аз 14-солагӣ муайян карда шудааст;

- муҳлати ниҳоии тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати кўдак то 6 моҳ муқаррар карда шудааст;

- муҳлати ниҳоии аз озодӣ маҳрум намудани кўдак то 12 сол муқаррар шудааст.

  1. Аз соли 2010 оғоз намуда, омўзонидани кормандон яке аз самтҳои муҳими фаъолият мебошад, ки аз ҷониби ҳамаи вазорату идораҳо амалӣ гашта, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ оид ба ҳуқуқ ва манфиатҳои кўдакон байни судяҳо) кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, прокурорҳо ва мақомоти дахлдор равона карда шудааст.
  2. Муносибат ва ғамхорӣ дар ҳамаи муассисаҳои шакли пўшида ва нимпўшида дар натиҷаи гузаронидани мониторингҳои мустақил, навсозӣ ва барқароркунӣ, тайёр намудани кадрҳо, омўзонидани кормандони иҷтимоӣ, равоншиносон ва гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда барои кўдакон беҳтар гардидааст.

 

3. МУШКИЛИҲО

 

  1. Новобаста аз дастовардҳо дар соҳаи адолати судӣ нисбати кўдакон баъзе аз бандҳои Нақшаи амали миллӣ оид ба ислоҳот дар самти адолат нисбати ноболиғон барои солҳои 2010-2015 ба таври дахлдор иҷро нагардиданд. Яке аз сабабҳои иҷро нагардидани бандҳои алоҳидаи Нақшаи мазкур мавҷуд набудани механизми самараноки ҳамоҳангсозӣ мебошад.
  2. Мушкилиҳои дигар низ ҷой доранд:

- кўдакони ҳуқуқвайронкунанда (гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда) тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ ҳуқуқи дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии ройгонро доранд. Аммо дар амалия барои таъмини ёрии ҳуқуқии саривақтӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ мушкилиҳо ҷой доранд;

- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешниҳоди хизматрасонӣ вобаста ба дастгирии иҷтимоӣ барои кўдакони ҳуқуқвайронкунанда ва дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбати кўдакон ба таври фаъол ҷалб карда нашудааст;

- вобаста ба ташкили таъмини ҳимояи кўдакони шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зўроварӣ маълумоти оморӣ вуҷуд надорад, дар ҳоле ки ин гуруҳи кўдакон ба ёрӣ ва дастгирии дахлдор на камтар аз кўдакони ҳуқуқвайронкунанда эҳтиёҷ доранд.

 

4. ҲАДАФҲО ВА ВАЗИФАҲО

 

  1. Дар асоси меъёрҳои қонунгузорӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои асосии Барномаи мазкур аз инҳо иборат мебошад:

- таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва мониторинг дар низоми адолати судӣ нисбати кўдакон;

- коҳиш додани шумораи содиршавии ҷиноятҳои такрории кўдакон бо роҳи вокуниши самаранок ба талаботи ҳар як кўдак дар алоҳидагӣ;

- таъсис додани низоми нисбати кўдакон некхоҳонаи адолати судӣ, ки ҳуқуқи онҳоро дар қонунгузорӣ ва амалия ҳифз намояд;

- таҳияи барномаҳои самаранок оид ба офиятбахшӣ ва ҳамгироии кўдакон ба ҷомеа.

  1. Барномаи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ иҷрои вазифаҳои зерияро пешбинӣ менамояд:

- дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдор беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги низоми адолати судӣ нисбати кўдакон;

- ташкили низоми некхоҳонаи адолати судӣ нисбати кўдакон, инчунин таъмини муносибати сазовор нисбати кўдакони ҳуқуқвайронкунанда, эҳтироми ҳуқуқ ва шаъну эътибори онҳо;

- рушди хизматрасонӣ вобаста ба таъминоти иҷтимоӣ ва офиятбахшӣ дар муассисаҳои шакли пўшида ва нимпўшида бо мақсади дастгирии самаранок ва мусоидат барои ҳамгироии бомуваффақияти кўдакон ба ҷомеа баъди баромадан аз муассиса;

- рушд ва таъмини хизматрасонии иҷтимоӣ ва равонии кўдаконе, ки шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зўроварӣ мебошанд.

 

5. ПРИНСИПҲО ВА АМАЛҲО

 

  1. Принсипҳои асосии Барномаи мазкур инҳо мебошанд:

- чораҳои дорои хислати пешгирикунанда ҳамчун усули асосӣ дар низоми адолати судӣ нисбати кўдакон;

- офиятбахшӣ ва ҳамгироӣ ҳамчун ҳадафи аввалиндараҷаи ҳамаи чораҳои ҷавобӣ нисбати кўдакони ҳуқуқвайронкунанда;

- таъмини чораҳои алтернативии таъсиррасонӣ нисбати кўдакони ҳуқуқвайронкунанда бо мақсади раҳоии онҳо аз низоми расмии адолати судии ҷиноятӣ;

- пеш ва баъд аз мурофиаи судӣ аз озодӣ маҳрум намудани кўдакони ҳуқуқвайронкунанда ҳамчун чораи истисноӣ ва ба муҳлати кўтоҳтарини ҷоиз.

  1. Барномаи мазкур раванди рушди низоми адолати судӣ нисбати кўдаконро дар бар гирифта, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў мебошад ва ба амалӣ намудани ислоҳот дар асоси нақшаи амалҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кўдакон барои солҳои 2017-2021 мутобиқи замима (минбаъд - Нақшаи амалҳо) равона гардидааст.
  2. Дар давраи амалигардии Нақшаи амалҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо намояндагии Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ менамоянд.

 

6. НАТИҶАҲОИ ДАРНАЗАРДОШТАШУДА

 

  1. Амалӣ гардидани Барномаи мазкур барои таъсиси низоми маҷмўии адолати судӣ нисбати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалҳои зерин имконият медиҳад:

- мутобиқ намудани қонунгузории соҳаи адолати судӣ нисбати кўдакон ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ;

- омўзонидани кормандони мақомот ва муассисаҳои давлатӣ вобаста ба риояи ҳуқуқҳои кўдакон;

- ислоҳоти муассиоаҳои махсусгардонидашудаи шакли пўшида ва нимпўшида бо мақсади ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани муносибат ва ғамхорӣ нисбати кўдакон;

- беҳтаргардонии иттилоотонии аҳолӣ вобаста ба масъалаҳои адолати судӣ нисбати кўдакон;

- таъсис додани низоми некхоҳонаи адолати судӣ нисбати кўдакон.

  1. Амалишавии Барномаи мазкур бояд барои гузариш аз рушди низоми адлияи ноболиғон ба рушди низоми адолати судӣ нисбати кўдакон, ки такмили пешгирии ҳуқуқвайронкунии кўдакон, ҳимояи самаранок дар амалӣ гардидани адолати судӣ нисбати кўдакони ҳуқуқвайронкунанда, шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зўроварӣ, офиятбахшии иҷтимоии онҳо, бо дарназардошти ҷинс, хусусиятҳои инкишофи ақлонӣ, ҷисмонӣ ва рўҳӣ, инчунин ҳамгироии кўдаконро ба ҷомеа пас аз адои ҷазо дар намуди маҳрумӣ аз озодӣ пешбинӣ мекунад, замина гузорад.

 

7. ЗАМИНАҲОИ МУСОИД ВА ТАВАККАЛИ АМАЛИГАРДИИ БАРНОМАИ МАЗКУР

 

  1. Яке аз заминаҳои муҳими бомуваффақият амалӣ гардидани Барномаи мазкур такмил додани қонунгузорӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбати кўдакон, инчунин механизми самараноки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалишавии минбаъдаи он мебошад. Рушди иқтидори давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, истифодаи васеи амалияи байналмилалӣ ва усулҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакони ҳуқуқвайронкунанда, шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зўроварӣ омилҳои мусбат барои амалигардии Барномаи мазкур мебошанд.
  2. Дар баробари омилҳои мусбат омилҳое мавҷуданд, ки метавонанд барои амалӣ гардидани Барномаи мазкур монеъ шаванд, аз ҷумла норасоии воситаҳои молиявӣ, иқтидори нокифояи кадрӣ ва ғайра.
  3. Низоми мониторинг ва арзёбии амалигардии Барномаи мазкур дар марҳилаи иҷрои он яке аз ҷузъҳои калидӣ мебошад, зеро бо ду роҳи алтернативӣ - давлатӣ (расмӣ) ва ғайридавлатӣ (ҷомеаи шаҳрвандӣ) гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии Барномаи мазкур ба нақша гирифта шудааст.
  4. Дар асоси натиҷаҳои мониторинг марҳила ба марҳила самаранокии амалигардии Нақшаи амалҳо, бартарӣ ва норасоиҳо дар фаъолияти иҷрокунандагон ва ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ арзёбӣ мегардад.

 

Замима

 

 Замима

ба Барномаи

ислоҳоти низоми адолати

судӣ нисбати кӯдакон барои

солҳои 2017-2021

 

Нақшаи амалҳо

оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон

барои солҳои 2017-2021

 

Намуди фаъолият

Муҳлати иҷро

Мақомоти масьул

Натиҷа

 

1

2

4

3

1. Фаъолияти ҳамоҳангоозӣ

1

Муайян намудани шахсони масъул аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор барои амалӣ гардонидани Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021 ва пешниҳоди шахсони мазкур ба гурӯҳи кории байниидоравӣ

Июли

соли 2017

Вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Агентии омор

Гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба масъалаҳои ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо таъсис дода шуд

2

Гузаронидани мулоқоти аъзои гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон

2 маротиба дар як сол ва ҳангоми зарурат

Вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Агентии омор

Мулоқоти аъзои гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон гузаронида шуд

3

Ба нашр расонидани натиҷаҳои мониторинг оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур

2017-2021

(як маротиба

дар ду сол)

Вазоратҳои адлия, корҳои

дохилӣ, тандурустӣ ва

ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,

Суди Олӣ, Прокуратураи

генералӣ, Ваколатдор оид

ба ҳуқуқи инсон, Агентии омор

Натиҷаҳои

мониторинг оид ба

рафти иҷрои

Барномаи мазкур

нашр гардиданд

4

Таъсиси механизми ҷамъоварии маълумоти оморӣ оид ба кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда, шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зӯроварӣ

2017-2019

Прокуратураи генералӣ. суди Олӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, иттифоқи адвокатҳо

Механизми ҷамъоварии маълумоти оморӣ оид ба кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда, шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зӯроварӣ ва зӯроварӣ таъсис дода шуд

2. Қонунгузорӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбати кӯдакон

5

Гузаронидани таҳлили

қонунгузорӣ (аз ҷумла

санадҳои зерқонунӣ-дастурамалҳо ва ғайра)

вобаста ба ислоҳоти

низоми адолати судӣ

нисбати кӯдакон, аз ҷумла

кӯдакони шоҳид ё

ҷабрдидаи ҷиноят ва зӯроварӣ

2017-2018

Вазоратҳои адлия, корҳои

дохилӣ, тандурустӣ ва

ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,

Суди Олӣ, Прокуратураи

генералӣ, Ваколатдор оид

ба ҳуқуқи инсон

Таҳлили қонунгузорӣ

вобаста ба ислоҳоти

низоми адолати судӣ

нисбати кӯдакон, аз

ҷумла кӯдакони

шоҳид ё ҷабрдидаи

ҷиноят ва зӯроварӣ

гузаронида шуд

6.

Баррасии масъалаи ворид
намудани тағйиру иловаҳо
ба кодексҳои мурофиавии
ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии
маъмурӣ вобаста ба танзими масъалаҳои зерин:
- аз ҷониби танҳо муфаттишон ва ё прокурорҳои

махсусомӯзонидашуда
гузаронидани тафтишоти
парвандаҳо нисбати

кӯдакон;

- кӯдаки дастгиршуда дар
давоми 12 соат бояд
пурсида шавад;

- кам кардани муҳлати
нигоҳ доштани кӯдак дар
мақомоти дахлдор аз 72
соат то ба 24 соат;

- тартиби фавран огоҳ
намудани падару модар ва
намояндагони қонунии
кӯдак дар бораи ҳолати
дастгиркунӣ;

- дар алоҳидагӣ нигоҳ
доштани кӯдакон аз
калонсолон дар тамоми
марҳилаҳои дар ҳабс нигоҳ
доштан (аз ҷумла ба суд ва

дигар муассисаҳо интиқол додан);

- равон намудани кӯдакон
ба маркази таҳсилоти
иловагӣ ва дигар
марказҳои барқарорсозӣ,
ҳамчун  чораи
таъсиррасонии тарбиявӣ;

- ҳуҷраҳои хайрхоҳона барои пурсиши кӯдак дар судҳо ва       мақомоти тафтишотӣ

 

2017-2019

Прокуратураи генералӣ,

вазоратҳои корҳои дохилӣ,

адлия, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва

шуғли аҳолӣ, Суди Олӣ,

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи

инсон

 

Тағйиру иловаҳои дахлдор ба кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карда шуданд

 

7

Баррасии масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии            Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба танзими масъалаҳои зерин:

- манъи ҷойгиркунии кӯдак дар                тавқифгоҳҳои (изоляторҳои) интизомӣ;

- ташхиси ҳатмии кӯдакон аз    ҷониби кормандони тиббии   мустақил ҷиҳати муайян                 намудани нишонаҳои          зӯроварӣ, татбиқи шиканҷа       ва муносибати бераҳмона нисбати онҳо

2017-2019

Вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба хуқуқи инсон

Ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд

8

Баррасии масьалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда" вобаста ба танзими масъалаҳои зерин:

- манъи пурраи якҷоя нигоҳ доштани кӯдакон бо калонсолон;

- ташхиси ҳатмии кӯдакон аз     ҷониби кормандони тиббии   мустақил ҷиҳати муайян              намудани нишонаҳои          зӯроварӣ, татбиқи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати онҳо;

- манъи ҷойгиркунии кӯдак дар                тавқифгоҳҳои (изоляторҳои) интизомӣ

2017-2019

Вазорати корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда" тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд

9

Баррасии масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти     иловагӣ" ва Низомномаи намунавӣ дар бораи              муассисаҳои таҳсилоти             иловагии Ҷумҳурии        Тоҷикистон вобаста ба       танзими масъалаҳои зерин:

- таъсиси хадамоти иҷтимоӣ       дар назди комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

- омӯзондан ва тайёр намудани         кормандони иҷтимоӣ,    омӯзгорон ва равоншиносон  барои кор бо   кӯдакон   дар   низоми адолати     судӣ     нисбати кӯдакон

2017-2020

Вазорати маориф ва илм, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти иловагӣ" ва Низомномаи намунавӣ дар бораи муассисаҳои таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд

3. Такмили ихтисоси кормандони мақомоти дахлдор

10

Таҳия ва ҷорӣ намудани нақшаҳои тайёрии касбии ҳатмӣ вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои пенитенсиарӣ

2017

Вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ

Нақшаҳои дахлдор таҳия ва ҷорӣ карда шуданд

11

Омӯзонидани кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла нозирони минтақавӣ, муфаттишон ва ваколатдорони оперативии милитсия вобаста      ба адолати судӣ нисбати кӯдакон

мунтазам

Вазорати корҳои дохилӣ

Куроҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд

12

Такмили ихтисоси адвокатҳо дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои        кӯдак ва омӯзонидану              тайёр намудани адвокатҳои махсус дар заминаи машваратгоҳҳои ҳуқуқӣ дар   марказҳои шаҳр ва вилоятҳои ҷумҳурӣ

2017-2019

Иттифоқи адвоктҳо, Вазорати адлия

1. Курсҳои такмили ихтисоси адвокатҳо гузаронида шуданд;

2. Адвокатҳои дахлдор омӯзонида ва тайёр карда шуданд

13

Такмили иқтидори судяҳо дар   соҳаи адолати судӣ нисбати кӯдакон тавассути чорабиниҳои омӯзишӣ ва ба     барномаи Маркази таълимии   судяҳои назди Суди Олӣ ворид намудани мавзӯъ вобаста ба адолати судӣ нисбати кӯдакон

мунтазам

Суди Олӣ

Ба барномаи Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ мавзӯъ вобаста ба адолати судӣ нисбати кӯдакон ворид карда шуд

4. Пешгирӣ, офиятбахшӣ ва ҳамгироӣ

14

Омӯзиши масъалаи имконияти              таъсиси хадамоти шартан татбиқнамоӣ барои кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда

2017-2018

Вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ

Имконияти таъсиси хадамоти шартан татбиқнамоӣ барои кӯдакони

ҳуқуқвайронкунанда

15

Гузаронидани таҳдил оид ба нақши равоншинос дар низоми      адолати судӣ нисбати кӯдакон

2017-2018

Вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Таҳлил оид ба нақши равонпшнос дар низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон гузаронида шуд

16

Таҳияи барномаҳои пешгирикунанда дар ҳамаи              муассисаҳои таълимӣ бо      мақсади огоҳонии ҳуқуқвайронкунӣ байни кӯдакон

2017-2019

Вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, адлия, Прокуратураи генералӣ

Барномаҳои пешгирикунанда дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ таҳия карда шуданд

17

Баррасии масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбинӣ             намудани хизматрасониҳои     зарурӣ барои кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда

2017-2018

Вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, адлия, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ

Масъалаи таҷдиди назар намудани Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд

18

Омода намудани ҳуҷраҳои

нави хайрхоҳона барои

пурсиши кӯдакон дар

судҳо ва мақомоти

тафтишотӣ

2017-2019

Суди Олӣ, Вазорати

корҳои дохилӣ,

Прокуратураи генералӣ

Ҳуҷраҳои нави

хайрхоҳона барои

пурсиши кӯдакон

омода карда шуданд

5. Ислоҳоти муассисаҳои шакли пӯшида ва нимпӯшида

19

Таҳлили шароити нигоҳдории кӯдакон дар муассисаҳои шакли пӯшида ва нимпӯшида

мунтазам

Вазоратҳои адлия, корҳои

дохилӣ, маориф ва илм,

тандурустӣ ва ҳифзи

иҷгимоии аҳолӣ, меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,

Прокуратураи генералӣ,

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи

инсон

Таҳлили шароити

нигоҳдории кӯдакон

дар ҳамаи

муассисаҳои шакли

пӯшида ва нимпӯпшда

гузаронида шуд

20

Такмили ихтисоси ҳайати

кормандони муассисаҳои

шакли пӯшида ва нимпӯшида, ки бо кӯдакон кор мекунанд

мунтазам

Вазоратҳои адлия, корҳои

дохилӣ, маориф ва илм,

тандурустӣ ва ҳифзи

иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,

Прокуратураи генералӣ

Курсҳои такмили

ихтисоси кормандони

муассисаҳои шакли

пӯшида ва нимпӯшида, ки бо кӯдакон кор

мекунанд, гузаронида

шуданд

21

Таҳия, қабул ва амалигардонии барномаҳо вобаста ба пешгирӣ   ва офиятбахшии кӯдакони

ҳуқуқвайронкунанда дар

асоси арзёбии эҳтиёҷ ва талаботи инфиродии онҳо

мунтазам

Вазоратҳои адлия, корҳои

дохилӣ, маориф ва илм,

тандурустӣ ва ҳифзи

иҷтимоии аҳолӣ

Барномаҳои дахлдор

таҳия, қабул ва амалӣ

шуданд

22

Баррасии масъалаи ба воҳиди кории кормандони хадамоти нозироти корҳои ислоҳии     иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ворид  намудани воҳиди кории нозири кор бо кӯдакон аз ҳисоби

шумораи кормандони

мавҷуда

2017-2018

Вазорати адлия

Масъалаи ба воҳиди

кории кормандони

хадамоти нозироти

корҳои ислоҳии

иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

ворид намудани

воҳиди кории нозири

кор бо кӯдакон

баррасӣ карда шуд