Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" декабри соли 2011 № 599

тасдиқ карда шудааст

 

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СОҲАИ ГЕОЛОГИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020

 

ПЕШГУФТОР

 

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

"Азнавсозии сохтории саноат бояд дар заминаи пайвастани илм ва истеҳсолот, истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ, ташкили истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридот ивазкунанда равона гардида, барои амалӣ гардонидани он истифодаи ҳарчи пурраи захираҳои бойи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шавад.

Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон аз самаранок истифода гардидани захираҳои бойи табиии он ва вусъат додани истеҳсолоти саноатӣ вобастагии калон дорад.

Ин раванд ислоҳоти ҷиддии қонунгузорӣ ва сиёсати танзимкунониро тақозо дорад, зеро имрўз қонунгузории амалкунандаи мамлакат дар ин самт ба талаботи муосир пурра ҷавобгў намебошад ва бояд бо дарназардошти таҷрибаи пешрафта ва ҳимояи манфиатҳои кишвар дар соҳаи истифодабарии қаъри замин такмил дода шавад.

Ислоҳоти мазкур бояд барои ташаккули низоми нави идоракунии соҳа, ки дар он салоҳият ва вазифаҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдор муайян гардидаанд, шаффофу устувор сурат гирифтани муносибати байни давлат ва истифодабарандагони қаъри замин, инчунин соддагардонии дастрасӣ ба захираҳои табиӣ заминаи мустаҳкам гузорад.

Ҳамзамон бо ин, ҷалби боз ҳам бештари сармоягузорӣ тавассути ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, воридоти техника ва технологияҳои муосир ва зина ба зина афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, алалхусус, дар асоси коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо, инчунин ҷиҳати тараққӣ додани соҳаҳои саноати металлургияи ранга, химия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ зарур мебошад.

Аз ин рў, ҷиҳати рушди соҳаҳои саноат дар заминаи истифодаи захираҳои маъдани маҳаллӣ ба Саридораи геология супориш дода мешавад, ки барномаи нави давлатиро оид ба корҳои ҷустуҷўиву иктишофи сарватҳои зеризаминӣ таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намояд".

Дар асоси супориши мазкур Саридораи геология таҳлил ва арзёбии ҳолати заминаи ашёи минералии ҷумҳурӣ ва вазъи имрўзаи соҳаро бо дарназардошти рафти иҷрои "Барномаи рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон дар солҳои 2007-2015", "Барномаи рушди соҳаи заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015" ва "Барномаи иктишофи геологӣ, истихроҷ ва коркарди уран дар солҳои 2009-2020" гузаронида, Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2012-2020 таҳия намудааст.

Дар барнома масъалаҳои ҷустуҷў, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои он, намуди канданиҳои фоиданоке, ки имрўз рушди самтҳои афзалиятноки саноати кўҳии ҷумҳуриро таъмин менамоянд, аз ҷумла, конҳои металлҳои ранга, сиёҳ, қиматбаҳо, ашёи радиоактивӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, ашёи агросаноатӣ, маводи сохтмонӣ, обҳои зеризаминӣ ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Ҷустуҷў ва иктишофи конҳои маводи сўзишворӣ ва энергетикӣ (нафту газ ва ангишт), бинобар сабаби хусусияти хос доштани омўзиши геологии онҳо ва дар дигар барномаҳо инъикос ёфтанашон, баррасӣ карда нашудаанд.

Фармоишгари корҳои дар барнома пешбинишуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақоми иҷроияи ин корҳо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Саридораи геология) ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ мебошанд.

Дар барнома вазъи омўзиши геологии конҳои канданиҳои фоиданок, тавозуни захираҳо аз рўи намудҳои муҳими канданиҳои фоиданок тибқи ҳолати 01.01.2011, фаъолияти ҳамаи корхонаҳои кўҳии маъдан ва корхонаҳои истифодабарандаи ашёи минералӣ ва таъминоти онҳо бо ашёи минералӣ барои солҳои наздик таҳлил карда шудаанд.

Барнома самтҳои корҳои иктишофию геологӣ ва натиҷаҳои чашмдошти онҳо, сари вақт, самаранок ва хушсифат иҷро намудани вазифаҳои гузошташуда, манбаъҳои молиявӣ, масъалаҳои кадрӣ ва таҷҳизонидани техникии соҳаро дар бар мегирад.

Барномаи мазкур аз рўи принсипи соҳавӣ, бо дарназардошти рушди минбаъдаи минтақаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2012-2020 таҳия шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар барнома вобаста ба хусусиятҳои хоси корҳои омўзиши геологӣ, ки вақтталаб ва марҳилавӣ мебошанд, иҷрои корҳо дар баъзе объектҳо баъди соли 2020 низ дар назар аст.

 

1. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

 

1) Мақсади асосии Барномаи давлатӣ афзунгардонии заминаи ашёи минералӣ барои мунтазам фаъолият намудани корхонаҳои амалкунанда, бунёдшаванда ва банақшагирифташуда буда, инчунин таъмини талаботи саноати кишвар бо захираҳои ашёи минералӣ ва кам кардани вобастагии иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз воридотӣ ашёи маъданӣ мебошад.

2) Барнома имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои мушаххаси омўзиши кону зуҳуроти канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ карда шаванд. Тибқи сиёсати давлатӣ дар Барнома самтҳои афзалиятноки омўзиш ва кашфи конҳои нави гилхоки алюминий, оҳан, тилло, флюорит ва ғайраҳо муайян карда шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар Барнома ба самтҳои дигари корҳои геологӣ, ки барои хоҷагии халқ, ба мисоли назорат аз рўи равандҳои хатарноки геологӣ, омўзиши обҳои зеризаминӣ ва ғайра заруранд, аҳамият дода шудааст.

3) Барои ноил гаштан ба ин мақсад дар Барнома иҷрои вазифаҳои муҳими зерин пешбинӣ шудааст:

- мураттаб ва ба таври комплексӣ омўхтани қаъри замин барои пурзўр кардани заминаи ашёи минералӣ;

- барои кашфи конҳои дорои гилхоки алюминий, оҳан ва флюорит интихоб намудани майдонҳо ва таъмин намудани корҳои омўзиши геологӣ дар он мавзеъҳо;

- амалӣ гардонидани чорабиниҳое, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти иқтисодиёти давлат ба захираҳои ашёи минералӣ равона шудаанд;

- таъмини афзоиши захираҳои иктишофшудаи канданиҳои фоиданок;

- арзёбии комплексӣ ва дурнамои ҳолати муҳандисӣгеологӣ, гидрогеологии муҳити зист;

- омўзиш ва назорати равандҳои хатарноки геологӣ ва мувофиқи тартиби муқарраршуда бо иттилооти зарурӣ таъмин намудани мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳо ва аҳолӣ; - омўзиши обҳои зеризаминӣ ва додани хулосаҳо доир ба онҳо;

- таъмин ва ташкили омўзиш, бозомўзӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони соҳа; - пешбурди системаи ягонаи фонди ахбороти геологӣ;

- бо маводҳои моддию техникӣ таъмин намудани корҳои иктишофи геологӣ.

 

2. ВАЗЪИ ОМЎЗИШИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

 

4) Ибтидои омўзиши геологии Тоҷикистонро ба солҳои бистуми асри XIX марбут медонанд гарчанде таърихи коркарди маъданҳо дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон тибқи маълумоти археологҳо таърихи беш аз ҳазорсола дорад.

5) Марҳилаи нави омўзиши геологии Тоҷикистон бо ташкили экспедитсияи калони Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷумхуриҳои Шўрои Сотсиалистӣ дар соли 1928 ва аз соли 1932 бо ташкили Экспедитсияи комплексии Тоҷикистон, ки соли 1933 ба Экспедитсияи ТоҷикуПомир табдил ёфт, ибтидо мегирад. Дар ҳамон давра тамоми сарзамини Тоҷикистон дар миқёси 1:1000000 аксбардори гардида, миқдори зиёди конҳо, ки қисман дорои аҳамияти саноатӣ буданд, кашф шуданд.

6) Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-45) дар Тоҷикистон гузаронидани аксбардории геологии давлатии дар миқёси 1:200000 ва аз солҳои 1960 миқёси 1:50000 шурўъ гардид. То 1 январи соли 2011 бо аксбардории геологии майдамиқёси 1:1000000, 1:500000 ва 1:200000 ҳудуди ҷумҳурӣ 100 фоиз фаро гирифта шудааст, вале аксбардории геологии миқёси 1:100000 танҳо дар масоҳати 54038км2, ки 37,7 фоизи майдони умумии (143100км2) ҷумҳуриро ташкил менамояд, гузаронида шудааст. Бо аксбардории геологии калонмиқёси 1:50000 68064 км2 ҳудуди ҷумҳурӣ, ки 41,5 фоизи майдони умумиро ташкил медиҳад, фаро гирифта шудааст.

7) Аксбардории геологии калонмиқёси 1:25000 ва 1:10000 мутобиқан дар майдонҳои 27036 ва 4498км2 иҷро карда шудааст, ки нисбати майдони умумии ҷумҳурӣ мутобиқан 18,8 ва 3,1 фоизро ташкил менамояд.

8) Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар баробари дастовардҳои муҳим ҷиҳати ба охир расонидани корҳои аксбардории геологии майдамиқёс ва миёнамиқёс ҳаҷми корҳои ҳанўз иҷронагардида низ зиёд мебошанд. Ин хусусан ба аксбардории геологии миқёсҳои 1:100000, калонмиқёси 1:50000 ва калонтар аз ин дахл дорад.

9) Сатҳи омўзиши геологии (аксбардории геологии) минтақаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати гуногун қарор доранд, ки дар замимаи 1 инъикос ёфтааст.

10) Натиҷаҳои корҳои ҷустуҷўӣ ва иктишофи геологии солҳои охир нишон медиҳанд, ки имкониятҳои кушодани конҳои нав зиёданд.

11) Саридораи геология ба ғайр аз корҳои геологию ҷустуҷўӣ ва иктишофии геологӣ оид ба ошкор намудан ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки сахт, ҳамчунин корҳои гидрогеологӣ, геологияи муҳандисӣ, геоэкологӣ ва ғайраро дар ҷумҳурӣ иҷро менамояд (дар замимаи 2 оварда шудааст). Ин корҳо аз омўзиши майдонҳои партовгоҳҳо ва хоктўдаҳои ҷинсҳои кўҳӣ, пешбурди кадастри давлатии обҳои зеризаминӣ, омўзиши низом (режим) ва ченкунии самтҳои онҳо, ошкор намудани минтақаҳои зоҳиршавии равандҳои хатарноки экзогении геологӣ ва миқёси зарари онҳо ва мувофиқакунии иҷозатҳо барои истифодабарии махсуси об иборат мебошанд.

12) Бо аксбардории комплексии гидрогеологӣ ва муҳандисии геологии миқёси 1:50000 3,4 фоизи (4814км2) ҳудуди ҷумҳурӣ фаро гирифта шудааст. Аксбардории миқёси 1:50000 барои сохтмони мелиоративӣ гузаронида мешавад ва шарт нест, ки тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ бо он фаро гирифта шавад, яъне вобаста ба зарурат. Аксбардорӣ дар майдони тақрибан 20-25 ҳаз. км2 ба нақша гирифта шудааст.

 

3. САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СОҲА

 

13) Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бояд ба қонеъ гардонидани корхонаҳои ҷумҳуриявӣ бо ашёи минералии худӣ таваҷҷўҳ зоҳир шавад.

14) Ғанӣ гардонидани заминаи ашёи минералии ҷумҳурӣ заминаи асосӣ барои баланд бардоштани саноат ва некўаҳволии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

15) Аз ин хотир, дар Барномаи мазкур ба самтҳои зерин афзалият дода мешавад:

16) Омўзиши кон ва зуҳуроти тилло, ки ҷумҳурӣ метавонад ба кишвари захираҳои бойи тилло дошта табдил ёбад, дар мадди аввали мақсадҳои Барнома гузошта шудааст. Анҷомдиҳии омўзиши геологии зуҳуроту конҳо ва дар тавозуни давлат мондани захираҳои тилло, ки барои истихроҷ омода шудаанд барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ фоидаовар мебошад. Бо ин роҳ бойгардонии хазинаи тиллою асъории ҷумҳуриро ба маротиб метавон таъмин намуд.

17) Заводи алюминии тоҷик - корхонаи калонтарини саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, имрўз ашёи хомро пурра аз хориҷи кишвар ворид месозад. Маъдани асосӣ барои истеҳсоли гилхок (А12Оз) бокситҳои аълосифат мебошанд, ки захираашон дар ҷаҳон тамоюли камшавӣ дорад. Аз ин бармеояд, ки нархи маҳсулот минбаъд ба тадриҷ баланд мешавад. Бояд қайд кард, ки бокситҳои баландсифат дар давлатҳои Австралия, Гвинея, Бразилия (71,2% истихроҷи бокситҳо дар ҷаҳон) ва Ямайка, Суринам, Гайана (15,5%) истеҳсол карда мешаванд, ки дастрас карданаш барои Тоҷикистон душвориҳо дорад. Аз ин рў, имрўз тақозои замон аст, ки дар Тоҷикистон маъдани хокаи алюминийдор омўзиш, кашф ва мавриди истифода қарор дода шавад.

18) Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои калони маъдани ғайрибокситӣ, ба монанди нефелин-сиенитҳо, ставролитҳо, мусковитҳо, анортозитҳо, каолинҳо, кианитҳо ва ғайраҳо буда, дар таркибашон миқдори зарурии пайвастагии А12Оз мавҷуд мебошад.

19) Барои истеҳсоли гилхок имконияти калонро хокаҳои (консентратҳои) кианитӣ доранд, ки миқдори гилхок дар онҳо то 62,6% мебошад ва онҳо баробари бокситҳои баландсифат арзёбӣ мешаванд. Дар хокаҳои каолинӣ миқдори гилхок то 42,6% расад ҳам, вале истеҳсоли гилхок аз регҳои каолиндор нисбат ба истеҳсоли гилхок аз хокаҳои кианитӣ хеле арзон аст.

20) Ҳисоботи пешакии иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки нархи гилхоки тариқи химиявӣ-металлургӣ аз маъданҳои гуногуни алюминийдори ба тарзи коркарди комплексии ашёи аввалия гирифташуда, нисбат ба нархи гилхоки аз бокситҳои баландсифат гирифташуда метавонад пасттар шавад.

21) Дар ҷумҳурӣ, дар минтақаи Курговади ноҳияи Дарвоз варақсангҳои ставролитӣ ва мусковитӣ таҳти омўзиш қарор дода шуданд ва дар сурати ба ҳаҷми кофи маблағгузорӣ шудани давоми корҳо, мумкин аст, ки натиҷаҳои мусбӣ ба даст оварда шаванд.

22) Барои истеҳсоли криолит, ки дар заводи электрохимиявии Ёвон ба роҳ монда шудааст флюорит зарур аст. Аз ин рў, дар Барнома омўзиши геологии зуҳуротҳои флюорит дар назар аст.

23) Самти афзалиятноки дигаре, ки бо Барнома дар назди соҳа гузошта мешавад ин омўзиши зуҳуроти оҳани ҷумҳурӣ ба мақсади бо ашёи маҳаллӣ таъмин намудани заводи металлургии сохташудаистода мебошад. Дар ҷумҳурӣ кони оҳани Шоҳқадамбулак ба пуррагӣ омўхта шудааст ва барои истихроҷ омода гардидааст. Барои дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ муайян намудани захираҳои оҳан дар Барнома корҳои омўзиши геологӣ ба нақша гирифта шудаанд.

 

4. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

 

24) Иҷрои Барономаи мазкур пеш аз ҳама ба ташкили механизми саривақтӣ ва кофӣ маблағгузоришавии он вобастагӣ дорад.

25) Ба хотири таъмини рушди устувори соҳаи геологияи ҷумҳурӣ ва ноил гаштан ба мақсадҳои дар Барнома муайяншуда, инчунин ҳалли вазифаҳои гузошташуда маблағгузории корҳои омўзиши геологии қаъри замин бояд аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат гирад.

26) Барои ин зарур аст, ки усули идораи (пардохти) маблағҳои молиявии барои соҳа ҷудошаванда қисман тағйир дода шавад. Дар ин ҷо пеш аз ҳама бояд, ки маблағгузорӣ аз тарзи пардохти корҳо баъд аз ба итмом расидани онҳо ба тарзи маблағгузории пешакии семоҳа (пешпардохти семоҳа дар ҳаҷми 40% аз меъёри дар семоҳа пешбинишуда) гузаронида шавад. Таҷрибаи мусбии чунин тартиби пардохткунии корҳо дар солҳои гузашта зарурияти аз нав барқарор намудани ин системаро тақозо менамояд.

27) Дар Барнома тақсимоти маблағҳо аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои объектҳои мушахассе, ки пештар дар онҳо корҳо оғоз гардиданду анҷоми мантиқии худро тақозо менамоянд, инчунин маблағҳо барои объектҳои ашёи минералӣ, ки вақтҳои наздик аз ҷониби корхонаҳои истихроҷкунанда дархост карда мешаванд, пешбинӣ гардидааст (маблағгузории мушахасси объектҳо дар замимаи 3 оварда шудааст).

28) Пешбурди корҳои иктишофи геологӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ то марҳалаи иктишофи қаблӣ пешбинӣ шудааст, ҳамзамон пешниҳод мегардад, ки барои ба охир расонидани корҳо ҷиҳати ба азхудкунии саноатӣ тайёр кардани конҳо хароҷот ба зиммаи истифодабарандагони қаъри замин гузошта шавад.

29) Маҳсулоти ниҳоии соҳаи геология ин иттилоот оид ба захираҳои иктишофшуда дар шакли ҳисобот, харитаҳо ва ғайра буда бо тартиби муқаррарнамуда тасдиқшудаи захираи намудҳои гуногуни канданиҳои фоиданоки конҳои мушаххаси қаъри замин мебошад.

30) Соҳаи геология маҳсулоти ниҳоии худро намефурўшад ва бинобар ин имконият надорад фонди рушди истеҳсолотро ташкил намояд, ки барои навсозии фондҳои асосӣ, таъмири таҷҳизоти амалкунанда ва объектҳои соҳаи иҷтимоӣ кофӣ бошад. Аз ин рў, Барнома пешбинӣ менамояд, ки барои ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои асосии муттамаркази буҷети давлатӣ маблағ ҷудо карда мешавад (маблағи лозимӣ барои азнавсозии фондҳои асосӣ дар замимаи 3 оварда шудааст).

31) Омўзиши геологии қаъри замин, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз тарафи сохторҳои Саридораи геология амалӣ мегарданд.

32) Маблағгузорӣ аз ҳисоби сармоягузорони ватанию хориҷӣ барои омўзиши қаъри замин баъд аз он, ки аз тарафи онҳо тибқи тартиби муқарраргардида иҷозатнома гирифта мешавад, амалӣ мегардад. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки аз ҳисоби худ омўзиши геологии кони кандании фоиданокро бо маблағ таъмин намудаанд, барои гирифтани иҷозатнома барои коркарди он афзалият доранд.

33) Давра ба давра зиёд кардани маблағгузории соҳаи геология аз сарчашмаҳои гуногун воситаи асосии расидан ба натиҷаи ниҳоии ин барнома ба ҳисоб меравад (объектҳое, ки омўзиши онҳо аз ҳисоби маблағҳои сармоягузор ба роҳ монда шудааст, дар замимаи 4 оварда шудаанд).

34) Маълумот дар бораи маҷмўи маблағгузорӣ, тақсим ва манбаъҳои он умуман ва тақсимбандӣ ба солҳо дар бобҳои минбаъдаи Барнома муайян карда шудаанд.

 

5. ВАЗЪИ ИМРЎЗАИ СОҲАИ ГЕОЛОГИЯ

 

35) Арзиши фондҳои асосии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳолати 1 январи соли 2011 ба маблағи 12584072 сомонӣ, аз ҷумла: - иморат ва иншоот 4618630 сомонӣ; - таҷҳизот 5256285 сомонӣ;

- воситаҳои нақлиётӣ 2212262 сомонӣ ва ғайра 496895 сомонӣ арзёбӣ мегардад.

36) Фарсудашавии фондҳои асосӣ 6714657 сомониро ташкил медиҳад. 37) Арзиши боқимонда ба 5869415 сомонӣ баробар аст.

38) Фарсудашавии миёнаи ҳамаи фондҳои асосӣ 53%-ро ташкил медиҳад, ки асосан ба бино ва иншоот рост меояд. Ба ҳисоби миёна фарсудашавии таҷҳизот ва воситаҳои нақлиётӣ 85%-ро ташкил менамояд.

39) Аз ин рў бояд таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва техникаи заминкобӣ мунтазам нав карда шаванд. Навсозии воситаҳои асосӣ, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва техникаи заминковӣ, ки ҳангоми марҳилаҳои ҷустуҷўи ва ҷустуҷуию арзёбии корҳои иктишофии геологӣ истифода мешаванд аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, бо роҳи ҳар сол ҷудо намудани маблағҳо аз рўи моддаи "маблағгузории асосӣ", ҳамчунин аз ҳисоби манбаъҳои дигаристифодаи маблағҳои инвесторҳо, сафарбарсозии грантҳо (асосан таҷҳизоти лабораторӣ, компютерҳо бо барномаҳояш) дар назар аст.

40) Саривақтӣ гузаронидани корҳои иктишофии геологӣ, самаранок ва хушсифат иҷро намудани вазифаҳои дар барнома муайяншуда аз бисёр ҷиҳат ба дараҷаи муҷаҳазгардонии техникии соҳа алоқаманд мебошад.

41) Тибқи маълумотҳои пешниҳодшуда ҳолати техникии таҷҳизоти иктишофӣ-геологӣ ва воситаҳои нақлиётӣ ба санаи 1 июни соли 2011 дар замимаи 5 оварда шудааст.

42) Тавре ки аз замимаи 5 бармеояд, дастгоҳу таҷҳизоти мавҷуда, воситаҳои нақлиёт ва техникаи заминковӣ ба ҳисоби миёна 40 фоиз коршоям буда, навсозии батадриҷро тақозо менамояд.

43) Мавҷудият, вазъи таҷҳизоти техникӣ дар Саридораи геология ба ҳолати 01.06.2011 дар замимаҳои 6 ва 7 нишон дода шудааст. Дар ҷадвалҳо миқдори хариди таҷҳизоти нав бо дарназардошти афзоиши ҳаҷми корҳои иктишофии геологӣ то соли 2020 дар замимаи 6 нишон дода шуда, нархҳои харид ва барқарорсозии таҷҳизот, бошад ба ҳисоби сомонӣ то ҳолати 01.07.2011дар замимаи 8 нишон дода шудааст.

44) Таҷҳизоти лабораторӣ ва геофизикии соҳа низ ба навсозӣ ва таъмир эҳтиёҷ доранд. Таҷҳизоти мавҷуда ҳаматарафа маънаван ва ҷисман кўҳна шудаанд ва таъмири таҷҳизоти корношоям имкон надорад, зеро онҳо аз истеҳсолот бардошта шуда, қисмҳои эҳтиётии онҳо вуҷуд надоранд. Аз ин лиҳоз, хариди таҷҳизоти лабораторӣ ва геофизикии нави дақиқ ва замонавӣ мувофиқи мақсад аст (дар замимаи 9 оварда шудааст).

45) Барои таъмир ва барқарорсозии таҷҳизоти иктишофии геологии мавҷуда ва воситаҳои техникӣ 642180 сомонӣ ва барои хариди таҷҳизоти нав то соли 2020, 16027000 сомонӣ зарур аст.

46) Илова бар ин, биною иншоот низ ба таъмири асосӣ ва ҷорӣ эҳтиёҷ доранд. Дар баланси экспедитсияҳо хобгоҳҳо барои зисти кормандон мавҷуд мебошанд. Чунин хобгоҳҳо панҷ адад буда, дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, шаҳракҳои Сирдарёи шаҳри Қайроққум, Сомониёни ноҳияи Рўдакӣ ва Разведчики ноҳияи Ваҳдат ҷойгиранд. Бинобар ин зарур аст, ки ҳамасола аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз рўи моддаи "маблағгузории асосӣ" барои таъмири биною иншоот давра ба давра ҷудо намудани маблағ дар ҳаҷми 3000000 сомонӣ пешбинӣ карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки дар муддати панҷ сол бинои хобгоҳҳо пурра таъмир гардида, кормандони соҳа қисман бо манзил таъмин карда шаванд.

47) Ҳамчунин биноҳои лабораторияҳои Марказӣ, Экспедитсияи комплексии геологии Қайроккум ва Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён низ таъмирталабанд. Барои таъмири ҳар кадом биноҳои озмоишгоҳҳо зарур аст, ки ба ҳисоби миёна 800000 сомонӣ ва дар давоми 3 сол аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рўи моддаи "маблағгузории асосӣ" барои таъмир дар ҳаҷми 2400000 сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шавад ва барои таъмин намудани кормандони соҳа бо ҷои зист, сохтмони як иншооти истиқоматии баландошёнаи замонавӣ эҳтиёҷ дорад. Барои сохтмони иншооти мазкур тақрибан 3130820 сомонӣ маблағ лозим мебошад. Ин амал шавқу рағбати кормандони соҳаро зиёд намуда, барои ҷалби мутахассисони дигар имкон медиҳад.

48) Ҳалли самарабахши масъалаҳои дар Барнома гузошташуда аз бисёр ҷиҳат ба нерўи кадрӣ алоқаманд аст.

49) Соли 1985 дар соҳаи геологияи ҷумҳурӣ 9266 нафар фаъолият доштанд, ки аз онҳо 3130 нафар мутахассисони дипломдор (31,5 фоиз аз миқдори умумии коргарон), аз ҷумла 26 номзадҳои илм, 1444 мутахассиси дорои маълумоти олӣ ва 1660 мутахасссиси дорои маълумоти миёнаи махсус буданд. Ҳар сол соҳа бо хатмкунандагони мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси муассисаҳои таълимӣ такмил мегардид. Шумораи онҳо то ба 200 нафар дар як сол мерасид.

50) Дар ин давра мутахассисони дипломдор давра ба давра сатҳи тахассусии худро дар мактабҳои олии гуногун, пажўҳишгоҳҳои Вазорати геологияи Иттиходи Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ ва идораҳои дигар баланд мебардоштанд.

51) Талабот ба кадрҳои коргарии баландихтисос (400-450 нафар) аз ҳисоби тарбияи онҳо дар муассисаҳои такмили ихтисоси ҷумҳурӣ ва Комбинати таълимии Саридораи геологияи Шўравии Вазирони Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъмин мегардид.

52) Аз соли 1991 фаъолият ҷиҳати баланд бардоштани тахассуси мутахассисон таназзул ёфта, тайёр кардани кадрҳои коргар амалан қатъ гардид. Зиёда аз ин шумораи зиёди мутахассисон ҷумҳуриро тарк намуданд. Танҳо соли 1993 Саридораи геологияро 1493 коргари баландихтисос ва 278 мутахассисон-роҳбарони экспедитсияҳои геологӣ, партияҳо, гурўҳҳо, лабораторияҳо ва 522 нафар мутахассисони самтҳои мухталиф тарк кардаанд.

53) То июли соли 2011 дар системаи Саридораи геология 920 нафар, аз ҷумла 405 корманди дипломдор фаъолият доранд. Ҳисоби миёнаи синну соли кормандони Саридора 53 солро ташкил медиҳад. Таркиби кадрҳо то ҳолати 1 июли соли 2011 чунин аст: коргарон 23 фоиз, роҳбарон 14 фоиз, мутахассисон 26 фоиз, хизматчиён 6 фоиз.

54) Қайд кардан зарур аст, ки дар давраи шўравӣ ба ҳалли аксар масъалаҳои илмӣ, илмӣ-методии истеҳсолоти геологӣ, асосноккунии техникӣ-иқтисодии истифодаи захираҳои ашёи минералии Тоҷикистон пажўҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, донишкадаҳои лоиҳавии Вазорати геологияи Иттиходи Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ, идораҳои Россия, Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳо машғул буданд. Шўъбаи Пажўҳишгоҳи умумииттифоқии илмӣ-тадқиқотии нафт дар Тоҷикистон (ки ба Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ашёи минералии Тоҷикистон табдил дода шуда буд) аз сабаби аз кор рафтани мутахассисон соли 1994 баста шуд.

55) Ташкилотҳои истеҳсолии геологияи ҷумҳурӣ имрўз ба мутахассисони касбҳои гуногуни ҳам дорои маълумоти олӣ ва ҳам дорои маълумоти миёнаи махсус - геологҳои ихтисосҳои гуногун, геофизикҳои самтҳои мухталиф, гидрогеологҳо ва муҳандисонгеологҳо, мутахассисони техникаи иктишофи намудҳои гуногуни ашёи минералӣ, мутахассисони усулҳои геохимикии ҷустуҷў, механикҳои мошинҳои кўҳӣ ва таҷҳизот, маркшейдерҳо, мутахассисони самтҳои гуногуни тадқиқотҳои лабораторӣ, мутахассисони техникаи компютерӣ, барномарезон, химикҳо-таҳлилгарон эҳтиёҷ доранд. Дар маҷмўъ барои кишвар мутахассисони беш аз 50 самт заруранд. Ба ғайр аз ин барои ҳалли масъалаҳои лоиҳавӣ бояд шумораи зиёди коргарони касбӣкўҳканҳо, пармагарон, тарконандаҳо, ронандагони автомобилҳои боркаши калонҳаҷм, кафшергарҳо ва ихтисосҳои дигар ҷалб карда шаванд.

56) Хусусияти истеҳсолоти корҳои иктишофию геологӣ аз корманди соҳа меъёри муайяни дилбастагӣ ба чунин фаъолиятро тақозо менамояд. Тибқи таҷрибаи солҳои охир мутахассисони ҷавоне, ки мактабҳои олии ҷумҳуриро хатм намудаанд, қариб нисфашон дар давоми солҳои аввали кор соҳаро тарк менамоянд. Миқдори ками онҳо баъди гузашти панҷ сол ба кори мустақилона шурўъ мекунанд. Аз ин рў, масъалаи тайёр кардани мутахассисон барои соҳаи геология аҳамияти муҳим пайдо мекунад.

57) Барои ҳалли масъалаи кадрҳои соҳаи геология андешидани тадбирҳои зайл зарур аст:

- ҳамасола 15 нафар вобаста ба ихтисосҳои асосии геология ба таври мақсаднок барои таҳсил ба мактабҳои олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фиристода шавад;

- тарбияи мутахассисон дар Донишгоҳи кўҳӣ-металлургӣ ва факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи дархости Саридораи геология, вазорату идораҳои дахлдор анҷом дода шавад;

- пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ашёи минералӣ барқарор карда шавад, ки дар баробари бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ иҷрои таҳияи дастурамалҳо оид ба гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ барои навъҳои гуногуни конҳои канданиҳои фоиданок амалӣ кунад;

- бартараф кардани камбудиҳо дар тайёр намудани кадрҳои ҷавони баландихтисос ин вазифаи донишгоҳ ва роҳбарони соҳаҳои марбут ба ихтисос мебошад. Дар ин ҷода бояд тибқи созишномаҳои тарафайн омўзиши донишҷўён ба роҳ монда шавад. Дониши дар факулта гирифта бо таҷрибаомўзӣ дар коргоҳҳои геологӣ (корҳои саҳроӣ ва ғайра) мустаҳкам карда шавад;

- зарурати донишомўзӣ дар шўъбаи ғоибона агар бо дархости корхонаҳо сурат гирад нафъи бештар медошт. Тибқи таҳлиҳо аз донишҷўён миқдори ками онҳо дар истеҳсолот фаъолият доранд, ки боиси нигаронист. Хуб мешуд, агар донишҷўи ғоибхон дар ягон корхона кор мекарданд ва бо роҳхати он дар Донишгоҳ таҳсили илми назариявӣ менамуд;

- лоиҳаҳои дипломӣ бояд ба истеҳсолот наздик бошанд ва агар дилхоҳ лоиҳаи дипломӣ тибқи дастурамалҳои соҳавӣ тартиб дода шуда бошад метавонад барои иҷро ба коргоҳҳои соҳа тавсия шавад. Дар ин ҷо бояд кўшиш ба харҷ дод, ки алоқамандии илм ва истеҳсолотро зич намоем. Ҳимояи лоиҳаҳои дипломиро бо истифода аз компютерҳо ва дигар таҷҳизоти электронӣ бояд ба роҳ монд. Инчунин бояд ба инобат гирифт, ки истеҳсолоти иктишофи геологӣ, ҷамъбасти маълумоти илмӣ, таҳияи маводи нақшавӣ (графикӣ) ва ҳалли вазифаҳои амалӣ ҳам дар соҳаи ҷустуҷў ва иктишофи канданиҳои фоиданок ва ҳам дар соҳаи ҳисоби захираҳо дар баробари усулҳои анъанавӣ инчунин истифодаи иттилооти аэрокайҳонӣ, спутникӣ, компютерҳо, барномаҳои компютерӣ асбобу таҷҳизоти навро тақозо менамояд. Ҳалли ин масъалаҳо бе ҷалби мутахассисони бо технологияи компютерӣ коркунанда ва барномарезҳо ғайриимкон аст.

58) Азбаски мактабҳои олии ҷумҳурӣ аз рўи ихтисоси геология на ҳамаи спектри мутахассисонро тайёр менамоянд, зарур аст, ки ҳар сол бо дархости Саридора тибқи квотаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии дахлдор берун аз ҷумҳурӣ фиристода шуда, пардохти таълим аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат гирад.

59) Манбаи хароҷоти молиявӣ барои тарбияи кадрҳо дар дохили ҷумҳурӣ яке аз моддаҳои хароҷоти иловагӣ буда, ба арзиши аслии корҳои иктишофии геологӣ, ки аз ҷониби сохторҳои тобеи Саридораи геология гузаронида мешаванд, дохил мегардад. Ғайр аз ин, дар назар аст, ки тарбияи кадрҳо барои истеҳсолоти корҳои иктишофи геологӣ бо усули сафарбаркунии маблағҳои истифодабарандагони қаъри замин ва грантҳои институтҳои гуногуни молиявӣ амалӣ карда мешавад.

60) Музди меҳнати кормандони соҳа ҳам аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҳам аз ҳисоби шартномаҳо мустақиман ба ҳаҷми иҷрои корҳо алоқаманд аст. Интизор меравад, ки раванди афзоиши музди миёнаи меҳнати кормандони соҳа бо зиёд гардидани ҳаҷми иҷрои корҳо бо усули хоҷагидорӣ сурат мегирад.

61) Дар замимаи 10 талаботи сохторҳои тобеи Саридораи геология ба мутахассисони дорои маълумоти олӣ барои солҳои 2012-2020 оварда шудааст.

 

6. СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАИ ГЕОЛОГИЯ

 

62) Соҳаи геология яке аз шохаҳои асосии иқтисодиёти давлат буда аз сохторҳои идоравӣ, ташкилотҳои истеҳсолӣ ва илмии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки талаботи давлат ва ҷамъиятро дар самти омўзиши геологӣ, афзунгардонии заминаи ашёи минералӣ ва ҳифзи қаъри замин таъмин менамояд, иборат мебошад.

63) Стратегияи пешниҳодгардида самтҳои асосии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити ҳозираи ривоҷи бозори ҷаҳонии ашёи минералӣ ва хизматрасонӣ дар пешбурди корҳои омўзиши геологӣ муайян месозад.

64) Рушди соҳаи геология дар чорчўбаи Барномаи мазкур дар самтҳои зерин пешбинӣ мегардад:

- такмилдиҳии идоракунии давлатии дар ҷодаи омўзиши геологии қаъри замин, афзунгардонӣ ва истифодаи заминаи ашёи минералӣ ба мувофиқкунонии сохтори ташкилии соҳаи геология ва рушди принсипҳои банақшагирии барномавӣ-мақсаднокии корҳои иктишофи геологӣ асос карда мешавад.

- дар самти афзунгардонии заминаи ашёи минералии карбогидратӣ (углеводородӣ) саҳми давлат бояд бо марҳилаи минтақавии омўзишӣ (тадқиқотҳои илмӣ, пармакунии пармачоҳҳои параметрӣ дар музофотҳои нави нафтугаздор, корҳои геофизикии миқёси минтақавӣ дошта, аз ҷумла сейсмикӣ) маҳдуд бошад. Тадқиқотҳои нисбатан дақиқи геофизикӣ, пармакунии пармачоҳҳои параметрӣ бо сафарбаркунии сохтҳои ояндадор барои пармакунӣ ва инчунин пармакунии ҷустуҷўӣ- иктишофӣ бояд дар доираи масъулияти ширкатҳои истихроҷи нафтугазӣ бошанд ва аз ҳисоби онҳо маблағгузорӣ шаванд.

- барои афзунгардонии базаи ашёи минералии канданиҳои фоиданоки сахт супориши давлатӣ асосан гузаронидани корҳои марҳилаи ҷустуҷўӣ-геологӣ, вале дар баъзе ҳолатҳо (барои конҳои аҳамияти давлатии аввалиндараҷа ва ҳарбӣ-стратегӣ дошта) - корҳои иктишофиро низ метавонад дарбар гирад.

65) Баландбардории сатҳи ҷолибияти объектҳои сармоявӣ ва афзунгардонии базаи ашёи минералӣ аз омилҳои зерин вобастагӣ дорад:

- таъмини такмилдиҳии қонунгузории амалкунандаи истифодаи қаъри замин;

- воридсозии ҳавасмандкунии иқтисодии омўзиши геологии қаъри замин;афзунгардонии заминаи ашёи минералӣ;

- самаранок истифодабарии манбаъҳои заминаи ашёи минералӣ.

66) Мукаммалсозии таъмини меъёри-ҳуқуқӣ барои аз байн бардоштани монеаҳои маъмурӣ ҳангоми батанзимдарории омўзиши геологии қаъри замин ва афзунгардонии заминаи ашёи минералӣ равона карда мешавад.

67) Ба мақсади рушди фаъолияти иктишофи геологӣ ва ҳавасмандсозии истифодаи самараноки қаъри замин чорабиниҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

- мукаммалсозии таснифи захираҳо ва манбаъҳои канданиҳои фоиданок дар қисми баҳисобгирии омилҳои иқтисодии азхудкунии онҳо;

- таҳияи чораҳои ҳавасмандкунии кашофии конҳои канданиҳои фоиданок ва мукаммалсозии минбаъдаи институти кашф.

68) Такмилдиҳии системаи тартиби ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил, нигоҳдорӣ ва пешниҳоди иттилооти геологӣ барои истифода, таъмини пурра, эътиборнокӣ ва фаврӣ дастрас гардидани иттилооти геологиро мутобиқ ба талаботи замонавӣ ва ояндадории истеҳсолоти иктишофи геологӣ ва идоракунии давлатӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин, пешбинӣ менамояд.

69) Ташкили тартиби ройгон пешниҳод намудани иттилооти геологӣ ва иловагӣ пешбинӣ карда мешавад. Барои ширкатҳои геологӣ имконияти мустақилона фурўхтани маҳсули омўзиши геологии қаъри замин, ки аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ гирифта шудааст, дар назар аст.

70) Натиҷаҳои корҳои иктишофи геологии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои ширкатҳои хусусӣ иҷрошуда метавонанд дар давоми вақти муайян сирри тиҷоратиро ташкил намоянд, вале баъдан барои истифодаи озод дастрас мегарданд.

71) Барои таъмини дастрасии озод ба иттилооти кушодаи геологӣ, портали иттилоотӣ, ки маълумот оид ба динамикаи манбаи захираҳо ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, намудҳо, ҳаҷмҳо, арзиш ва самаранокии корҳои иктишофи геологиро дорад, ташкил карда мешавад.

72) Мукаммалсозии таъмини илмӣ-техникии корҳои иктишофи геологӣ дар самтҳои зерин ба нақша гирифта мешавад:

- таҳияи самтҳои ояндадори илмӣ, қарорҳои илми-техникӣ, усулҳои замонавӣ ва технологияҳо, асбобҳо ва таҷҳизот барои баланд бардоштани самаранокии омўзиши геологии қаъри замин, афзунгардонӣ ва истифодаи базаи ашёи минералӣ;

- таҳияи моделҳои дурнамои геологии конҳои канданиҳои фоиданок барои ошкор намудан ва баҳодиҳии онҳо дар минтақаҳои гуногуни мамлакат;

- муайянкунии оянданокии кашфи конҳои нав ва маъданҳои ниҳон дар ҳудуди майдонҳои маъдандор, дар ҷаноҳҳо ва уфуқҳои поёнии конҳои истихроҷшаванда;

- ихтироъ ва ҷорӣ намудани технологияҳои ҷадиди корҳои ҷустуҷўӣ, иктишофӣ, истихроҷ, маъдантозакунӣ ва коркарди ашёи минералӣ, истифодаи гуногунсоҳаи он барои баландбардории самаранокии энергетикӣ ва паст намудани таъсироти манфии он ба муҳити зист.

73) Зарурияти марҳилаҳои корҳои дар соҳаи геология иҷрошаванда (корҳои таъиноти умумии геологӣ ва минерагенӣ, ҷустуҷўи, баҳодиҳӣ, иктишофӣ ва азхудкунии кон) ин иҷро намудани корҳои илмию методӣ мебошад, ки барои афзунгардонии фонди истифодаи қаъри замин, қисмҳои камёфт ва бозоргири он равона шудааст.

74) Ҳангоми гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ ва тадқиқотҳои лабораторӣ пойгоҳи нави метрологии таъминкунандаи андозагириро тартиб бояд дод.

75) Дастовардҳои илмӣ-техникии пешқадам натиҷаҳо ва сифати корҳои иктишофи геологиро, ки ба талаботи стандартҳо, регламентҳо, пешниҳодҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёри вобастагӣ доранд, бояд муайян намоянд.

76) Гузаштан ба роҳи инноватсионии рушди соҳаи геология воситаҳои ба даст овардани ахбороти геологӣ, коркарди он, тафсиру пешниҳод ба истифодабариро бо технологияи нав дар назар дорад. Дар ин самт иҷрои корҳои зерин дар назар аст:

- компютерикунонии системаи ҷамъкунӣ, коркард ва пешниҳоди фаврии маълумотҳои геологӣ, геофизикӣ ва геохимиявӣ;

- ворид намудани қарорҳои ахборотӣ-технологӣ аз сарчашмаҳои расмии ахбороти рақамикунонидашуда оиди истифодаи қаъри замин.

77) Барои ин фароҳам овардани шароити асоснок, ки барои ворид намудани технологияи пешқадами гузаронидани ҳамаи намудҳои корҳои геологӣ мусоидат мекунад, дар назар дошта шудааст.

78) Мукаммал намудани системаи тайёркунии мутахассисон, коркард ва ҷорӣ намудани барномаи тайёр намудани мутахассисони тахассуси геологӣ, ки ба инҳо чорабиниҳои ташкилӣ, меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва молиявӣ-иқтисодӣ дохил мешаванд, дар назар аст.

79) Таъмин намудани талаботи кадрӣ аз ҳисоби баланд бардоштани нуфузи касби геолог ва ба соҳа вобаста кардани мутахассисони маълумоти ба талабот ҷавобгў лозим аст.

80) Таъмини босифати кадрҳо, такмили доимии дониш ва ҷорӣ кардани принсипҳои пайвастаи тайёр намудани мутахссисон дар ҳамаи марҳалаҳои таълимӣ зарур аст.

81) Дар мактабҳои миёна инкишоф додани фаъолияти геологии хурдсолон ва ҷавонон (маҳфилҳои геологӣ, гурўҳҳо ва экспедитсияҳои ҷавонон, экскурсияҳо, слётҳо, намоишгоҳҳо, олимпиада ва озмунҳо), ки машҳур намудани касби геологиро дар байни насли ҷавон таъмин мекунад, дар назар дошта шудааст.

82) Ташкил намудани мониторинги тахассусии соҳаи геология ба таъиноти назорати динамикӣ ва самаранокии тайёр намудану истифодаи мутахассисон ва роҳбарони дараҷаҳои гуногуни соҳаи геология тааллуқ дорад.

 

ХУЛОСА

 

Иктишофи геологӣ чун соҳаи махсуси истеҳсолоти моддӣ дорои як қатор хусусиятҳои хос буда, аз дигар соҳаҳо куллан фарқ мекунад. Фарқияти мақсад ва вазифаҳо, аз ҷумла вобастагии ташкили корҳо ва натиҷаҳои ниҳоӣ аз омилҳои табиӣ, мавҷудияти таваккали истеҳсолӣ, мушаххасоти усул ва технологияи раванди истеҳсолот, солҳо тўл кашидани мўҳлати давомнокии он, хусусиятҳои маҳсулоти ниҳоӣ -захираҳои иктишофшудаи қаъри замин дар муқоиса бо корхонаҳои саноатӣ ва дигар корхонаҳо шароитҳои ғайримуқаррарии истеҳсолиро ба амал меорад. Хусусиятҳои асосии иктишофи геологӣ инҳоянд:

- вобастагии пурраи корҳои иктишофӣ-геологӣ аз таъминнокии воқеии соҳаҳои истихроҷи маъдан бо захираҳои иктишофнамудаи канданиҳои фоиданок, ки мутобиқи меъёрҳои таъминнокӣ, бо дарназардошти суръати рушди соҳа муқаррар карда шудаанд;

- гуногунии шароити ҷуғрофӣ ва табиии хобиш ва ҷойгиршавии конҳо, такрорнашавандагии тавсифҳои миқдории объектҳои иктишофӣ;

- эҳтимолияти гирифтани натиҷаҳои манфӣ дар раванди иктишоф ва вобаста ба он зарурияти ташкили марҳилавии гузаронидани корҳо, ки метавонанд боиси маҳдуд намудани хароҷоти ғайрисамаранок гарданд;

- давомнокии тўлонии раванди омўзиши конҳо, фаъолияти гуногунсамти истеҳсолӣ ва вобаста ба ин зарурат ба хоҷагии лабораторӣ, энергетикӣ, нақлиёт, сохтмони иншооти истеҳсолӣ ва манзили муваққатӣ, обод намудани базаҳо;

- набудани меъёрҳои боэътимод ва объективии арзёбии самаранокии иқтисодии гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ дар мўҳлатҳои алоҳида ва начандон калони таҳлили он (моҳ, квартал ва баъзан сол).

Барномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифат ва самараи корҳои иктишофии геологӣ, такмили усули истеҳсоли онҳо, кам кардани мўҳлати омўзиш ва зудтар барои истифода омода намудани конҳо таҳия гардидааст.

Барномаи пешниҳодгардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки фаъолияти худро баҳри дарёфт ва ҷудо намудани маблағҳои молиявӣ барои соҳаи геология, ки дар бобҳои дахлдори он барои таҳкими заминаи ашёи минералии корхонаҳои истихроҷи маъдани амалкунанда ва таъсиси корхонаҳои нав асоснок карда шудаанд, равона созад.