Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2011, № 577

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020

 

Тавзеҳот

 

1) Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ таҳия карда шудааст.

2) Ба ғайр аз ин тибқи банди 12 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2011 № 23 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 ва вазифаҳо барои соли 2011" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, № 200 "Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи нишондодҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 баён гардидаанд" таҳия гардидани Барномаи давлатии ҳифзи мероси таьрихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 дар назар дошта шудааст.

3) Масъули Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақсади он ба низом даровардан, ҳифзу нигаҳдошт ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангии кишвар баҳри баланд бардоштани рўҳияи ватандўстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум ва дастраси ҷаҳони муосир гардонидани офаридаҳои таърихию фарҳангии тоҷикон ва таъмиру тармим, барқарорнамоӣ ва нигоҳдории ёдгориҳои меъмори ва бостонӣ баҳри ҳифзи таърихият ва аслияти онҳо, истифода намудан ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо, инкишофи сатҳи маънавӣ ва дониши таърихии аҳолӣ, таъмини нигаҳдошт ва истифодаи маҳсулноки мероси таърихию фарҳангии кишвар мебошад.

4) Амаликунанда ва маблағгузори Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сармояҳои иловагии ҷалбшуда ва грантҳо мебошанд.

5) Мўҳлати амалишавии Барнома солҳои 2012-2020-ро дар бар гирифта, дар назар дошта шудааст, ки дар ин муддат тамоми мақсад ва вазифаҳои дар он пешниҳодгашта амалӣ мегарданд.

 

1. Муқаррароти умумӣ

 

6) Иҷрои самарабахши вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба раванди тармиму барқарорсозии мероси таърихию фарҳангӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва ҷаҳонбинии фарҳангии омма, бахусус наврасон ва ҷавонон, густариши худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ нақши созандагӣ дорад. Дар навбати худ ин ёдгориҳо дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, худшиносию ватандўстӣ ва арзи сипос ба ҳунару санъати волои ниёгон, муаррифии халқи кўҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик ба олами муосир мақоми хосаи худро доранд. Аз ин лиҳоз, таҳияи

Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 (минбаъд Барнома) дастурамали муҳиме ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти осори ғайриманқули мероси таърихию фарҳангии кишвар хоҳад гашт.

7) Ёдгориҳои таърихию нотакрори Ҷумҳурии Тоҷикистон дер боз диққати оламиёнро ба худ ҷалб намудаанд. Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳар сол ҳазорон нафар сайёҳони хориҷӣ баҳри шинос шудан бо осори таърихиву фарҳангӣ ва табиати нотакрори кишвар ба ин сарзамим ташриф меоранд ва аз мероси бою рангини он баҳравар гашта, бо гузаштаву имрўзаи халқи тоҷик аз наздик шинос мешаванд.

8) Ҳифз ва тармиму нигаҳдошти ин мерос яке аз бахшҳои муҳими сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва ба татбиқи амалии он диққати ҷидди дода мешавад. Дар тўли 20 соли истиқлолияти кишвар дар радифи чораҷўиҳои зарурӣ нисбати ҳифзи ёдгориҳо ва ба корҳои ободонию барқарорнамоӣ фақат аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз 32 ёдгориҳои бостонию меъмориро фарогир шуданд. Аз ҷумла 7 ёдгорӣ аз нав пурра барқарор гардида, 16 ёдгорӣ тармим, 4 ёдгорӣ консерватсия, 2 ёдгорӣ таъмир ва 3 осорхона сохта шуда, ҳолати ҳифзи даҳҳо ёдгориҳои дигар беҳтар гардидааст, ки дар муқоиса бо замони Шўравӣ ин шумора хеле зиёд аст. Барои ин аз буҷети давлат 23 млн сомонӣ сарф шуд.

9) Дар ҳамин раванд ҷиҳати такмили меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" ва барои татбиқи он як силсила қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд, ки дар натиҷа бисёр паҳлўҳои ҳуқуқии масоили мазкур ҳалли худро пайдо намуданд. Ҳамчунин ҳамкориҳои доимӣ ва самарабахш бо созмонҳои байналмилалии дахлдор ба ҷумҳурӣ имкон дод, ки дар самти мазкур дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувори худро пайдо намояд.

10) Қабул гардидани ёдгории нодири яке аз аввалин кишоварзони Осиёи Марказӣ- Саразми 5500 - сола ба Мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ва ба рўйхати қаблӣ пазируфтани боз ҳашт ёдгориҳои беҳтарини ҷумҳурӣ ба монанди шаҳраки Панҷакенти қадим (асрҳои V-VIII), шаҳраки Бунҷикати қадим (асрҳои VI-IX), Қалъаи Ҳисор (асрҳои II-IX), Аҷинатеппа (асрхои VII-VIII), мадрасаи Хоҷа Машҳад (асрҳои IX-XI), шаҳраки Тахти Сангин (асрҳои IV то милод-III милодӣ), Шаҳри Ҳулбук (асрҳои IX-XI), Қалъам Ямчун (асрҳои II то милод-VII милодӣ) ҳамчун нишонаҳои нодири Шоҳроҳи бузурги абрешим шоҳиди бевоситае аз таърихи кўҳанбунёд ва тамаддунофарини халқи тоҷик мебошанд.

Вале ба ҳамаи ин бурдбориҳо нигоҳ накарда, то ҳол дар масъалаи мазкур камбудиҳо зиёданд. Пеш аз ҳама истифодабарии замини ёдгориҳо барои сохтмонҳои гуногун, таъсиси қабристонҳо дар ҳудуди онҳо, ба заминҳои кишт ё боғу токзорҳо табдил додани онҳо, истифодаи ёдориҳо ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ, наандешидани чораҳои зарурӣ баъди таҳқиқоти илмӣ ва ё дар натиҷаи офатҳои табии зарар дидани онҳо омилҳое мебошанд, ки дар натиҷа даҳҳо аз ин ёдгориҳо аслият ва таърихияти худро гум карда ва ё абадан аз байн рафтанд.

11) Сабаби асосии рух додани чунин ҳолатҳо аз як ҷониб дар бемасъулиятии роҳбарияти ба ъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва паст будани сатҳи донишҳои фарҳангии қисме аз аҳли ҷомеа буда, сабаби дигари он мавҷуд набудани мақоми назоратии салоҳиятноки давлатӣ ҷиҳати татбиқи қонунгузорӣ дар самти мазкур ва назорати вазъу ҳолати мероси таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла ёдгориҳои новобаста аз шакли моликияташон, мсбошад. Сохтори кунунии мақомоти ваколатдори ҳифзи ёдгориҳо ба талаботи имрўза ҷавобгў нест ва Барномаи номбурда метавонад дар ин самт мушкилоти мавҷударо ҳаллу фасл намуда, ҷиҳати ба низом даровардан ва пурмаҳсул гардонидани фаъолияти мақомоти номбурда нақши муҳим бозад.

12) Алҳол дар қайди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ 2020 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ қарор доранд, ки аз ин миқдор 1278-ро ёдгориҳои бостонӣ, 300-ро меъморӣ ва 441-ро таърихӣ - монументалӣ (аз ҷумла 160 ҳайкалу нимпайкараҳо) ташкил медиҳанд. Аз шумораи номбурда шаҳру шаҳракҳои қадима-220, конҳои қадима-83, қалъаҳо70, мақбара ва масоҷиди таърихӣ-110, катибаҳои рўисангӣ -43, тасвирҳои рўисангӣ-15, макон ва талу теппаҳои таҳқиқнагардида -654 ададро ташкил медиҳанд.

13) Вазъияти ҷойгиршавии ёдгориҳо вобаста ба вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин аст:

- Шаҳри Душанбе                      - 34  ёдгорӣ

- Вилояти Хатлон                     - 581 ёдгорӣ

- Вилояти Суғд                       - 724 ёдгорӣ

- Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 251 ёдгорӣ

- Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ             - 430 ёдгорӣ.

Вале қайд бояд кард, ки маълумоти мазкур нопурра аст. Чунки аз соли 1972 то ба ҳанўз санҷиши саросарии вазъу ҳолати ин ёдгориҳо гузаронида нашудааст ва ҳамчунин на ҳамаи ёдгориҳои дар ин муддат кашфшуда ва ё эъморгашта ба феҳристи ёдгориҳо ворид карда шудаанд. На ҳамаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ феҳристи мукаммали ёдгориҳои худро доранд. Дар аксари шаҳру ноҳияҳо бошад, дар харитаҳои заминсозӣ ин ёдгориҳо ва мавзеъҳои муҳофизатии онҳо умуман қайд нагардидаанд. Аз ин лиҳоз, азнавбақайдгирии пурраи ёдгориҳо ва дараҷабандии онҳо ҷиҳати муайян, омўзиш ва дар ҳолати зарурӣ тармиму таъмир, барқарорсозӣ ё маҳфузмонӣ намудани онҳо, дарёфти шаклу усулҳои дурусти ҳифз, истифодаи самаранок ва муаррифии онҳо ба ҷаҳониён талаботи замони муосир аст, ки тавассути Барномаи мазкур бояд татбиқи амалии худро ёбанд. Алҳол Барномаи мазкур 39 ёдгориҳои таърихиро фарогир аст, ки дар бурриши минтақаҳои ҷумҳурӣ ва намудҳо чунин мебошад:

- Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ             - 6  ёдгорӣ,

- Вилояти Хатлон                     - 12 ёдгорӣ,

- Вилояти Суғд                       - 13 ёдгорӣ,

- Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 4  ёдгорӣ.

 

Аз шумораи мазкур:

- калъаҳо                            - 15 адад.

- мадраса на масҷидҳои таърихӣ       - 9 адад.

- мақбараҳо                          - 7 адад.

- ибодатгоҳҳо                        - 3 адад

- конҳо,ғорҳо, нақбҳо                - 2 адад,

- шаҳракҳо                           - 2 адад,

- корвонсарой                        - 1 адад.

Аз шумораи мазкур ҳоло дар 7 ёдгорӣ корҳои тармиму барқарорнамои идома доранд,

 

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

 

14) Мақсад ва вазифаҳои асосии Барномаи мазкур псш аз ҳама ба низом даровардани масъалаи ҳифз ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангӣ мебошад. Вобаста ба ин, мустаҳкам намудан ва муҳайё намудани заминаи моддию техникии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тавассути бақайдгирӣ, шаҳодатномадиҳӣ, муайян намудани ҳудудҳои ҳифзшаванда. сертификаткунонӣ, ворид намудан ба рўйхати ягонаи ҷумҳуриявӣ ва хатсайрҳои туристӣ, тармим ва барқарор намудани ёдгориҳои тармимталаб мақсади асосии Барнома ба ҳисоб мераванд.

Ҳамчунин. андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати татбиқи самарабахши сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳарчи зудтар амалӣ гардонидани санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулгашта ва қонуну қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба соҳаи мазкур мақсади асосии Барнома мебошанд.

15) Туризми фарҳангӣ, ки дар он пеш аз ҳама ёдгориҳои таърихӣ мавқеи хоса доранд, яке аз самтҳои муҳими соҳа ба ҳисоб рафта, дар ҷалби дўстдорони таърихи гузаштаи минтақа ва мардуми он нақши муҳим мебозад. Аз ин лиҳоз, таъсиси бахши фарҳангии микроинфраструктураи туристии онҳо яке аз вазифаҳои муҳими Барнома мебошад.

Аз ҷониби дигар, муайян намудани мақоми ҳуқуқии ҳар як ёдгорӣ, дидани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқӣ ва техникии он, дарёфти роҳҳои истифодаи дуруст ва пурмаҳсули ҳар як объект, ташвиқу тарғиби онҳо, ворид намудани беҳтарини онҳо ба Мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ мақсади асосии Барнома мебошад.

 

3. Раванди асосии татбиқи Барнома

 

16) Раванди татбиқи Барнома дар ду давр сурат мегирад. Даври якум солҳои 2012-2015-ро дар бар гирифта, бештар корҳои ташкилӣ ва корҳои

тармимию барқарорнамоии иншоотҳои сохтмонии нотамом ва камхарҷ фарогир мебошад. Даври дуюм солҳои 2016-2020-ро дар бар гирифта бештар ба тармиму барқарорнамоии иншоотҳои бузургу зиёдхарҷ нигаронида шудааст. Барои ноил шудан ба мақсадҳои Барнома ҳарду марҳила пеш аз ҳама андешидани чораҳои зерин зарур аст:

- аз нав ба қайдгирии тамоми ёдгориҳо, сертификаткунонии онҳо ва таҳияи Феҳристи пурраи объектҳои мероси таърихию фарҳангии ҳудуди ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ:

- ба роҳ мондани корҳои омўзишӣ - таҳқиқӣ ва тармиму барқарорсозӣ дар асоси дастовардҳои пешқадами илми муосир;

- эҳё намудани мактабҳои меъмории ниёгон ва истифодаи васеи донишҳон гузашта дар фаъолияти тармимию барқарорсозии ёдгориҳо. Таъсис додани корхонаҳои коркарди масолеҳи таърихӣ;

- тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳо ва муқаддасоти ниёгон, эҳтиром, ҳифз ва истифодабарии дурусти онҳо;таъсиси воҳидҳои кории нозирони ҳифзи ёдгориҳо дар маҳалҳо.

омода намудани марказҳои тармиму барқарорнамоӣ, ҳифз ва роҳбарии ёдгориҳо дар сатҳи талаботи байналмилалӣ;

- татбиқи амалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ёдгориҳои таърихи ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Ҷумхурии Тоҷикистон эътироф шудаанд;

- таъсиси шакли электронии бойгонии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид намудани он ба шабакаи ягонаи мероси фарҳангии умумибашарӣ;

- муайян иамудани мавзеъҳои муҳофизатӣ ва гузоштани нишонаҳо дар ёдгориҳои таьрихию фарҳангии ба Феҳристи ёдгориҳо воридгардида:

- ҳамкориҳои самаранок бо созмонҳо, ташкилоту идораҳо ва мутахассисони дахлдор ҷиҳати пешбурди кори ҳифзу истифодаи ёдгориҳои таърихӣ;

- омода намудани лоиҳаҳо ва ба рўйхати Созмони Мероси Фарҳангӣ Ҷаҳонӣ дохил намудани ёдгориҳои қаблан номнависшуда тибқи талаботи байналмилалӣ;

мукаммал намудани сохтори роҳбарии ҳифзу истифодаи ёдгориҳои таърихӣ;

- таъсиси ҳудудҳои нави таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда дар шакли мамнўъгоҳҳо, маҷмааҳо ва ғ.

 

4. Таъминоти кадрӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа

 

17) Таъминоти кадрии соҳа аз ҷониби мактабҳои миёнаи махсус ва олии дахлдор дар ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ амалӣ карда шавад. Ҳамчунин, тибки шартномаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ барои баргузории ҳамоишҳо, конфронсҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои соҳавӣ ҷиҳати тайёр иамудани кадрҳо чораҳо андешида шаванд.

18) Семинарҳои омўзишӣ ва курсҳои такмили ихтисос бо дарназардошти таъмини адабиёту дастурамалҳои зарурӣ ҷиҳати тайёр намудани нозирони ҳифзи ёдгориҳо, аз ҷумла барои ҳудудҳои махсус ҳифзшаванда мунтазам ҷорӣ карда мешаванд. 5. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳо

19) Муҳимтарин ҳамкориҳои байналмилалӣ дар масоили ҳифзи ёдгориҳо ин ҳамкориҳо бо созмони ЮНЕСКО ва бахшҳои дахлдори он мебошад. Чунки мақоми ин сохтор ҳамчун муассисаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар ташаккулёбии ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзу истифодаи мероси фарҳангӣ дар тамоми ҷаҳон хеле муҳим аст. Ҳамкориҳо бо созмони номбурда тавассути татбиқи конвенсияҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Чумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, сурат мегирад. Ҳамкориҳо дар самти мазкур инчунин тибқи шартномаҳои байналмилалии имзошуда ва ҳамкориҳо бо ташкилоту созмонҳои вобаста амалӣ хоҳанд шуд.

 

6. Манбаъҳои маблағгузории Барнома

 

20) Маблағгузорӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пешбинӣ шудаанд ва дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

7. Натиҷаҳои амалисозии Барнома

 

21) Татбиқи пурраи Барномаи мазкур масъалаи роҳбарии ҳифзу истифодаи мероси таъриху фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ ба тартибу низоми ҷавобгўи талаботи байналмилалӣ ворид гардида, имкони истифода намудани ин мероси гаронбаҳо дар тарбияи ватандўстӣ ва худогоҳию хештаншиносии мардуми тоҷик ва муаррифӣ намудани дастовардҳои таърихии он ба оламиён шароити ниҳоят мусоид фароҳам хоҳад овард.

Аз дигар ҷониб имкон пайдо мешавад, ки қисми харобшуда ва зарардидаи ин ёдгориҳо аз нав барқарор ва тармиму таъмир гашта барои наслҳои оянда дар шакли таърихии худ пешниҳод гардад.

22) Ҳамчунин, дар асоси эҳёи суннатҳои меъморию шаҳрсозии ниёгон барои пурмаҳсул ба роҳ мондани туризми дохилию хориҷии фарҳангӣ, истифодаи манфиатноки ёдгориҳо шароити мусоид фароҳам омада, имкониятҳои афзун гардонидани буҷети мамлакат пайдо хоҳанд шуд.

23) Дар ҳамин раванд омўзиши илмии ин мерос, ки маҳсули санъату ҳунари волои ниёгон ба ҳисоб меравад, барои дарки таъриху фарҳанг ва посдории анъанаҳои гузаштагон заминаҳои муфид фароҳам хоҳад овард.

24) Назорати нигаҳдошту истифодаи онҳо ба талаботи замон ҷавобгў гашта, алоқаҳои соҳавӣ бо дигар кишварҳо ва созмонҳои дахлдори байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкаму самаранок хоҳад шуд.