ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ПАРДОХТӢ ВА НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 1-2, мод. 20)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти низоми пардохтӣ ва тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди низоми пардохтӣ равона карда шудааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- аксепти пардохткунанда – розигии пардохткунанда барои аз суратҳисоби бонкии ў дар асоси шартнома бо талаби маблағгиранда интиқол додани маблағ;

- таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ – Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзие, ки барои интиқол додани маблағҳо хизмат мерасонанд;

- хизматрасониҳои пардохтӣ – қабул намудан ва додани маблағҳои нақд, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барориш (эмиссия) ва (ё) хизматрасонии воситаҳои пардохтӣ ва хизматрасонӣ оид ба қабули пардохтҳо;

- воситаи пардохт – восита ва (ё) маҷмўи расмиёте, ки байни муштарӣ ва таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ мувофиқа шудааст ва муштарӣ барои додани фармоиши пардохтӣ онҳоро истифода мебарад;

- интиқоли маблағ – амали таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ оид ба пешниҳоди маблағи пардохткунанда ба маблағгиранда;

- воситаи электронии пардохтӣ – восита ва (ё) усуле, ки ба муштарии таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ барои таҳия, тасдиқ ва додани фармоиши пардохтӣ бо мақсади интиқоли маблағ дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳомили электронии иттилоот, аз ҷумла корти пардохтии бонкӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ имкон медиҳад;

- интиқоли фаромарзии маблағҳо – интиқоли маблағҳое, ки ҳангоми анҷом додани он пардохткунанда ё маблағгиранда берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва (ё) ҳангоми амалӣ намудани интиқоли маблағ ба пардохткунанда ё маблағгиранда бонки марказии (миллии) хориҷӣ ё бонки дигари хориҷӣ хизмат мерасонад;

- оператори низоми пардохтӣ – шахси ҳуқуқие, ки қоидаҳои низоми пардохтиро муайян карда, уҳдадориҳои дигарро тибқи Қонуни мазкур иҷро менамояд;

- оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ – шахси ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои амалиётӣ ва (ё) хизматрасониҳои клиринги пардохтиро пешниҳод мекунад, инчунин барои иҷрои вазифаҳои иттилоотӣ ва вазифаҳои дигари технологӣ дар низоми пардохтӣ ҳангоми интиқоли маблағ ваколатдор шудааст;

фармоиши пардохтӣ – супорише, ки аз ҷониби пардохткунанда ё маблағгиранда дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барои интиқол додани маблағ ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ дода мешавад;

- хизматрасониҳои амалиётӣ – хизматрасониҳои оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки дастрасии хизматрасониҳо оид ба интиқоли маблағҳоро ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва муштариёни онҳоро аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ, инчунин мубодилаи паёмҳои электронӣ таъмин менамояд;

- хизматрасонии клиринги пардохтӣ – хизматрасонии оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки дар доираи низоми пардохтӣ қабули фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ барои интиқоли маблағҳо, инчунин ҳисоби мутақобилаи талаботу уҳдадориҳои пулии иштирокчиёни низоми пардохтиро таъмин менамояд;

контрагенти марказии клиринги пардохтӣ – Бонки миллии Тоҷикистон ва (ё) ташкилоти қарзие, ки тибқи Қонуни мазкур пардохткунанда аз рўи талабот ва маблағгиранда аз рўи уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ мебошанд;

- маркази ҳисоббаробаркунӣ – Бонки миллии Тоҷикистон ва (ё) ташкилоти қарзие, ки дар доираи низоми пардохтӣ фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтиро бо роҳи хориҷ ва ворид намудани маблағҳо аз суратҳисобҳои бонкии онҳо иҷро карда, дар ин бора ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ тасдиқнома ирсол менамояд;

- агенти бонкии пардохтӣ – шахси ҳуқуқӣ, ба истиснои ташкилоти қарзӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ барои анҷом додани амалиёти алоҳидаи бонкӣ мутобиқи Қонуни мазкур ҷалб карда мешавад;

субагенти бонкии пардохтӣ – шахси ҳуқуқӣ, ба истиснои ташкилоти қарзӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ барои анҷом додани амалиёти алоҳидаи бонкӣ мутобиқи Қонуни мазкур ҷалб карда мешавад;

- бебозхонд будани интиқоли маблағҳо – хусусияти интиқоли маблағҳо, ки имконнопазир будани бозхонди фармоиш ё қатъи имконияти бозхонди фармоишро оид ба интиқоли маблағҳо дар лаҳзаи муайяни вақт ифода мекунад;

- бечунучароии интиқоли маблағҳо – хусусияти интиқоли маблағҳо, ки мавҷуд набудани шартҳоро барои интиқоли маблағҳо ё иҷрои ҳамаи шартҳоро барои интиқоли маблағҳо дар лаҳзаи муайяни вақт ифода мекунад;

- анҷомёбии интиқоли маблағҳо – хусусияти интиқоли маблағҳо, ки пешниҳоди маблағҳоро ба маблағгиранда дар лаҳзаи муайяни вақт ифода мекунад;

низоми пардохтӣ – маҷмўи ташкилотҳое, ки бо мақсади интиқоли маблағҳо мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ якҷоя амал менамоянд;

- субъектҳои низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон – маҷмўи таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ, операторони низомҳои пардохтӣ, операторони хизматрасонии инфрасохтори пардохтӣ ва ташкилоти алоқаи почта ҳангоми анҷом додани интиқоли маблағҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пурра ё қисман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд;

- низоми идоракунии хавфҳо дар низоми пардохтӣ – маҷмўи чорабиниҳо ва усулҳои коҳиш додани пайдоиши эҳтимолии оқибатҳои ногувор дар фаъолияти мунтазами низоми пардохтӣ;

қоидаҳои низоми пардохтӣ – ҳуҷҷате (ҳуҷҷатҳое), ки шартҳои иштирок дар низоми пардохтӣ, анҷом додани интиқоли маблағҳо, пешниҳоди хизматрасонии инфрасохтори пардохтӣ ва шартҳои дигари муайянкардаи оператори низоми пардохтиро тибқи Қонуни мазкур дар бар мегирад (мегиранд);

- иштирокчиёни низоми пардохтӣ – шахсони ҳуқуқие, ки бо мақсади пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба интиқоли маблағҳо ба низоми пардохтӣ ҳамроҳ шудаанд ва тибқи қоидаҳои он амал мекунанд;

- маблағҳои электронӣ – маблағҳо бо пули миллӣ ё асъори хориҷӣ, ки қаблан аз ҷониби шахси воқеӣ ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ пешниҳод шудаанд ва аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ иттилоот оид ба андозаи пулҳои бе кушодани суратҳисоби бонкӣ додашуда барои иҷрои уҳдадориҳои пулии шахси воқеӣ дар назди шахсони сеюм ба ҳисоб гирифта мешавад;

- терминал – таҷҳизоти барномавию техникии электронӣ, ки барои хондани маълумот аз воситаи электронии пардохтӣ, таҳия, интиқол ва қабул намудани маълумот дар бораи амалиёт бо воситаи электронии пардохтӣ ба (аз) низоми пардохтии дахлдор имконият медиҳад;

- терминали худкори худхизматрасон – таҷҳизоти барномавию техникии электронӣ, ки барои қабули маблағҳои нақд ва анҷом додани пардохтҳо ба ташкилотҳои коммуналӣ, операторони алоқаи мобилӣ, интернет ва дигар пардохтҳо, бо дарназардошти қисми 16 моддаи 13 Қонуни мазкур, инчунин барои анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ пешбинӣ шудааст;

- банкомат – таҷҳизоти барномавию техникии электронӣ, ки барои қабул ва додани маблағҳои нақд ва пешниҳоди хизматрасониҳои дигари ташкилоти қарзӣ бо истифодаи воситаи электронии пардохтӣ пешбинӣ шудааст.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

БОБИ 2. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ПАРДОХТӢ ВА ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ ЭЛЕКТРОНИИ ПАРДОХТӢ

 

Моддаи 3. Тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ

  1. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ дар асоси шартномаҳои бо муштариён ва дигар таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ басташуда дар доираи шаклҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдии истифодашаванда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии пардохтиро пешниҳод менамояд.
  2. Агентҳои бонкии пардохтӣ ва субагентҳои бонкии пардохтӣ дар асоси шартномаҳои бо таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ ва агентҳои бонкии пардохтӣ басташуда, тибқи талаботи моддаи 13 Қонуни мазкур дар пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ иштирок менамоянд.
  3. Ташкилотҳои алоқаи почта хизматрасонӣ оид ба интиқоли маблағро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 4. Тартиби интиқоли маблағҳо

  1. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ маблағҳоро дар асоси фармоиши пардохтии муштарӣ (пардохткунанда ё маблағгиранда), ки дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тартиб дода шудааст (минбаъд – фармоиши пардохтӣ), интиқол медиҳад.
  2. Интиқоли маблағҳо аз ҳисоби маблағҳои пардохткунанда, ки дар суратҳисоби бонкии ў мавҷуданд ё бе кушодани суратҳисоби бонкӣ пешниҳод шудаанд, амалӣ мегардад.
  3. Интиқоли маблағҳо дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути ворид намудани маблағ ба суратҳисоби бонкии маблағгиранда, додани маблағи нақд ба маблағгиранда ё баҳисобгирии маблағ ба фоидаи маблағгиранда бе кушодани суратҳисоб, ҳангоми интиқоли маблағҳои электронӣ амалӣ мегардад.
  4. Интиқоли маблағҳо, ба истиснои интиқоли маблағҳои электронӣ, дар муддати на зиёда аз се рўзи корӣ, аз рўзи хориҷ гардидани маблағ аз суратҳисоби бонкии пардохткунанда ё аз рўзи пешниҳод намудани маблағи нақд аз ҷониби пардохткунанда бо мақсади интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб амалӣ мегардад.
  5. Бебозхонд будани интиқоли маблағ, ба истиснои интиқоли маблағҳои электронӣ, аз лаҳзаи хориҷ гардидани маблағ аз суратҳисоби бонкии пардохткунанда ё аз лаҳзаи аз ҷониби пардохткунанда пешниҳод гардидани пули нақд барои интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб фаро мерасад, агар дар қонунгузории соҳаи бонкӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  6. Аз лаҳзаи аз ҷониби пардохткунанда ва (ё) маблағгиранда ё шахсони дигар иҷро гардидани шартҳои амалигардонии интиқоли маблағ, аз ҷумла амалигардонии интиқоли маблағи мутақобил бо асъори дигар, таҳвили мутақобили коғазҳои қиматнок, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ё ҳангоми мавҷуд набудани шартҳои нишондода, интиқоли маблағ бечунучаро ҳисобида мешавад.
  7. Агар ба пардохткунанда ва маблағгиранда як таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ хизмат расонад, аз лаҳзаи ба суратҳисоби бонкии маблағгиранда ворид гардидани маблағ ё ба маблағгиранда додани имконияти гирифтани пули нақд, интиқоли маблағ, ба истиснои интиқоли маблағҳои электронӣ, анҷомёфта ҳисобида мешавад.
  8. Агар ба пардохткунанда ва маблағгиранда таҳвилгарони гуногуни хизматрасониҳои пардохтӣ хизмат расонанд, интиқоли маблағ аз лаҳзаи ворид гардидани маблағ ба суратҳисоби бонкии таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтие, ки ба маблағгиранда хизмат мерасонад, бо назардошти талаботи моддаи 21 Қонуни мазкур анҷомёфта ҳисобида мешавад.
  9. Аз лаҳзаи анҷом ёфтани интиқоли маблағ уҳдадории таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтие, ки ба пардохткунанда хизмат мерасонад, дар назди пардохткунанда қатъ мегардад.
  10. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст, ки пеш аз интиқол додани маблағ муштариёнро дар шакли ба онҳо дастрас бо шартҳои анҷом додани интиқоли маблағ дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ шинос намояд, аз ҷумла:

- бо андозаи ҳаққи хизмат ва тартиби ситонидани он, агар дар шартнома пешбинӣ шуда бошад;

- бо тарзи муайян намудани қурби мубодила ҳангоми анҷом додани интиқоли маблағ бо асъори хориҷӣ (дар ҳолати фарқ кардани асъори маблағе, ки пардохткунанда пешниҳод намудааст ва асъори маблағи интиқолшаванда);

- бо тартиби пешниҳоди иддао, аз ҷумла бо иттилооте, ки барои тамос бо таҳвилгари хизматрасониҳои пардохт зарур мебошад.

  1. Муштарӣ уҳдадор мебошад, ки барои тамос гирифтан бо ў ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ иттилооти аниқро пешниҳод кунад ва ҳангоми тағйир ёфтани чунин иттилоот сари вақт иттилооти навшударо ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ манзур намояд. Уҳдадории таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ оид ба фиристодани огоҳиномаи пешбининамудаи Қонуни мазкур ба муштарӣ ҳангоми фиристодани огоҳинома мувофиқи иттилооти дар ихтиёрдоштааш барои тамос бо муштарӣ иҷрошуда ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 5. Фармоиши пардохтӣ, тартиби  барои иҷро қабул намудан ва иҷро кардани он

  1. Фармоиши пардохтӣ иттилоотеро дар бар мегирад, ки мувофиқи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барои интиқол додани маблағ имконият диҳад (минбаъд – мушаххасоти интиқол). Номгўи мушаххасоти (реквизитҳои) интиқолро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Бо шартномае, ки байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва муштарӣ ё байни таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ баста шудааст, мумкин аст мушаххасоти иловагии интиқол муқаррар карда шавад.
  2. Фармоиши пардохтӣ метавонад дар шакли электронӣ интиқол гардад, барои иҷро қабул карда шавад, иҷро гардад ва нигоҳ дошта шавад.
  3. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ барои иҷрои фармоиши пардохтии муштарӣ ҳуқуқ дорад аз номи худ фармоиш тартиб диҳад.
  4. Ҳангоми барои иҷро қабул намудани фармоиши пардохтӣ, таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст ба ҳуқуқ доштани муштарӣ ба ихтиёрдории маблағ боварӣ ҳосил намояд, мушаххасоти интиқол ва кифоягии маблағро барои иҷрои фармоиши пардохтӣ санҷад, инчунин расмиёти дигари барои иҷро қабул намудани фармоиши пардохтиро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро намояд.
  5. Агар ҳуқуқи муштарӣ барои ихтиёрдории маблағ тасдиқ нагардад, ё маблағ дар суратҳисоби бонкӣ нокифоя бошад, инчунин агар мушаххасоти интиқол ба талаботи муқарраршуда ҷавобгў набошад, таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ фармоиши пардохтиро барои иҷро қабул накарда, ба муштарӣ дар муддати на дертар аз рўзи ояндаи қабули фармоиши пардохтӣ дар ин бора огоҳинома ирсол менамояд.
  6. Ҳангоми нокифоя будани маблағ таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ фармоиши пардохтиро оид ба интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барои иҷро қабул намекунад ва ба муштарӣ дар ин бора бетаъхир огоҳинома ирсол менамояд.
  7. Қабули фармоиши пардохтӣ барои иҷро аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома тасдиқ мегардад.
  8. Фармоиши пардохтиро муштарӣ метавонад пеш аз фаро расидани лаҳзаи бебозхондии интиқоли маблағ бо тартиби пешбининамудаи шартнома бозхонд намояд.
  9. Фармоиши пардохтӣ аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҳаҷми маблағи дар фармоиши пардохтӣ зикршуда иҷро мегардад. Ҳаққи хизмати таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ (ҳангоми ситонидани он), ба истиснои ҳолатҳои анҷом додани интиқоли фаромарзии маблағҳо, наметавонад аз маблағи интиқолшаванда гирифта шавад.
  10. Иҷро шудани фармоиши пардохтиро таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартнома тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 6. Хусусиятҳои анҷом додани интиқоли маблағ бо талаби маблағгиранда

  1. Ҳангоми интиқоли маблағ бо талаби маблағгиранда (дебети бевосита) таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ дар асоси шартнома бо пардохткунанда маблағҳоро аз суратҳисоби бонкии пардохткунанда дар асоси розигии ў бо фармоиши маблағгиранда (минбаъд – талабномаи маблағгиранда) хориҷ менамояд.
  2. Ҳуқуқи маблағгиранда оид ба пешниҳоди талабот ба суратҳисоби бонкии пардохткунанда дар шартномаи байни пардохткунанда ва таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки ба ў хизмат мерасонад, пешбинӣ карда мешавад.
  3. Аксепти пардохткунанда метавонад то ворид гардидани талабномаи маблағгиранда (аксепти қаблан додашуда) ё баъд аз ворид гардидани чунин талабнома ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки ба пардохткунанда хизмат мерасонад, дода шавад. Аксепти пардохткунанда метавонад дар шартномаи байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки ба пардохткунанда хизмат мерасонад ва пардохткунанда ё дар шакли ҳуҷҷати алоҳида (мактуб, паёми электронӣ ва ғайра) дода шавад.
  4. Дар ҳолати набудани аксепти қаблан додашудаи пардохткунанда таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ талабномаи воридгаштаи маблағгирандаро на дертар аз рўзи ояндаи ворид гаштани талабномаи маблағгиранда барои аксепт ба пардохткунанда равон мекунад. Аксепти пардохткунанда дар муддати панҷ рўзи корӣ дода мешавад, агар дар шартномаи байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва пардохткунанда муҳлати нисбатан кўтоҳ пешбинӣ нашуда бошад.
  5. Аксепти пардохткунанда метавонад ба як қисми маблағи дар талабномаи маблағгиранда зикршуда (аксепти қисман додашудаи пардохткунанда) дода шавад, агар дар шартномаи байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва пардохткунанда тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Дар ҳолати қисман дода шудани аксепти пардохткунанда, таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст ҳангоми тасдиқи иҷрои талабномаи маблағгиранда дар ин бора ишора намояд.
  6. Ҳангоми аз ҷониби пардохткунанда надодани аксепт ё дар муҳлати муқарраршуда нагирифтани аксепт, талабномаи маблағгиранда бо нишон додани сабаби он ба ў баргардонида мешавад.
  7. Ҳангоми ворид гардидани талабномаи маблағгиранда бо аксепти қаблан додашудаи пардохткунанда, таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки ба пардохткунанда хизмат мерасонад, уҳдадор аст мувофиқати талабномаи маблағгирандаро ба шартҳои аксепти қаблан додашудаи пардохткунанда санҷад.
  8. Дар сурати мувофиқат кардани талабномаи маблағгиранда ба шартҳои аксепти қаблан додашудаи пардохткунанда талабномаи маблағгиранда дар ҳаҷми маблағ ва муҳлате, ки дар шартҳои аксепти қаблан додашуда пешбинӣ шудааст, иҷро мегардад.
  9. Дар сурати мувофиқат накардани талабномаи маблағгиранда ба шартҳои аксепти қаблан додашудаи пардохткунанда ё набудани имконияти санҷиши чунин шартҳо, таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ, ки ба пардохткунанда хизмат мерасонад, талабномаи маблағгирандаро бе иҷро бармегардонад, агар дар шартнома уҳдадорӣ дар бораи аз пардохткунанда дархост кардани аксепти ў пешбинӣ нашуда бошад.
  10. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст оид ба иҷрои талабномаи маблағгиранда на дертар аз рўзи ояндаи иҷро гардидани талабнома ба пардохткунанда хабарнома равон кунад.

 

Моддаи 7. Тартиби истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ

  1. Истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ дар асоси шартномаи истифодаи воситаҳои электронии пардохтии байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва муштарӣ, инчунин шартномаҳои байни таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ басташуда амалӣ мегардад.
  2. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҳуқуқ дорад бастани шартномаро бо муштарӣ оид ба истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ рад намояд.
  3. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст:

- муштариро дар бораи шартҳои истифодаи воситаи электронии пардохтӣ, аз ҷумла доир ба маҳдудияти усулҳо ва ҷойҳои истифодабарӣ, ҳолатҳои хавфи барзиёд ҳангоми истифодаи воситаи электронии пардохтӣ пеш аз бастани шартномаи истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ хабардор намояд;

- муштариро оид ба ҳар амалиёти гузаронидаи ў, ки бо истифодаи воситаи электронии пардохтӣ сурат мегирад, бо роҳи фиристодани огоҳиномаи дахлдор бо тартиби муқарраркардаи шартномаи бо муштарӣ басташуда хабардор намояд;

- имконияти аз ҷониби муштарӣ ба ў фиристодани огоҳинома дар хусуси гум кардани воситаи электронии пардохтӣ ва (ё) бе иҷозати муштарӣ истифода шудани воситаи электронии пардохтиро таъмин намояд;

- огоҳиномаҳои ба муштарӣ фиристода ва аз муштарӣ гирифтаро ба қайд гирифта, иттилооти дахлдорро на кам аз 3 сол нигоҳ дорад;

- ҳуҷҷатҳо ва иттилоотеро, ки ба истифода шудани воситаи электронии пардохтии  муштарӣ дахл доранд, бо тартиби муқарраркардаи шартнома ба ў пешниҳод намояд;

- аризаи муштарӣ, аз ҷумла баҳсҳои бамиёномадаро, ки ба истифодаи воситаи электронии пардохтии муштарӣ алоқаманданд, баррасӣ намояд, инчунин ба муштарӣ барои гирифтани маълумот оид ба натиҷаи баррасии ариза, аз ҷумла дар шакли хаттӣ, бо талаби муштарӣ дар муҳлати муқарраркардаи шартнома, аммо на зиёда аз 30 (сӣ) рўз аз рўзи гирифтани чунин ариза ва ҳангоми истифодаи воситаи электронии пардохтӣ барои интиқоли фаромарзии маблағ на дертар аз 60 (шаст) рўз аз рўзи қабули чунин ариза имконият фароҳам орад.

  1. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ метавонад истифодаи  воситаи электронии пардохтиро ҳангоми аз ҷониби муштарӣ риоя накардани тартиби истифодаи воситаи электронии пардохтӣ, ки дар шартнома муқаррар шудааст ё дар асоси огоҳиномаи аз муштарӣ гирифташуда боздошт ё қатъ намояд.
  2. Боздошт ё қатъ намудани истифодаи воситаи электронии пардохтӣ аз ҷониби муштарӣ иҷрои уҳдадориҳои муштарӣ ва таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтиро, ки то лаҳзаи боздошт ё қатъ гардидани истифодаи воситаи электронии пардохтии мазкур ба вуҷуд омадаанд, қатъ намегардонад.
  3. Ҳангоми гум кардани воситаи электронии пардохтӣ ва (ё) истифодаи он бе иҷозати муштарӣ, муштарӣ уҳдадор аст фавран огоҳиномаи дахлдорро ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бо тартиби дар шартнома пешбинигардида, аммо на дертар аз рўзи ояндаи гирифтани огоҳинома аз таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ оид ба амалиёти анҷомдода ирсол намояд.
  4. Пас аз гирифтани огоҳиномаи муштарӣ тибқи қисми 6 моддаи мазкур таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст маблағи амалиёти бе иҷозати муштарӣ гузаронидашударо баъди гирифтани огоҳиномаи зикргардида ба муштарӣ ҷуброн намояд.
  5. Агар таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадориҳои худро дар бораи огоҳ кардани муштарӣ оид ба амалиёти гузарондашуда тибқи сархати дуюми қисми 3 моддаи мазкур иҷро накунад, таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ уҳдадор аст маблағи амалиётеро, ки муштарӣ оид ба иҷрои он огоҳ карда нашуда буд ва бе иҷозати муштарӣ гузаронида шуда буд, ҷуброн намояд.
  6. Агар таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ муштариро оид ба амалиёти гузаронидашуда тибқи сархати дуюми қисми 3 моддаи мазкур хабардор кунад, вале муштарӣ ба таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ тибқи қисми 6 моддаи мазкур огоҳинома ирсол накарда бошад, он гоҳ таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ уҳдадор намебошад, ки маблағи амалиёти бе иҷозати муштарӣ иҷрошударо ҷуброн намояд.
  7. Агар таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ муштарӣ - шахси воқеиро оид ба амалиёти гузарондашуда тибқи сархати дуюми қисми 3 моддаи мазкур хабардор кунад ва муштарӣ - шахси воқеӣ ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ тибқи қисми 6 моддаи мазкур огоҳинома ирсол карда бошад, он гоҳ таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ уҳдадор аст, ки маблағи амалиёти бе иҷозати муштарӣ гузаронидаро то лаҳзаи фиристодани огоҳинома аз ҷониби муштарӣ - шахси воқеӣ ҷуброн намояд. Дар ин маврид таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ уҳдадор аст маблағи амалиёти бе иҷозати муштарӣ гузарондашударо ҷуброн намояд, агар исбот карда натавонад, ки муштарӣ тартиби истифодаи воситаи электронии пардохтиро барои гузаронидани амалиёт бе иҷозати муштарӣ - шахси воқеӣ риоя накардааст.
  8. Муқаррароти қисми 10 моддаи мазкур доир ба уҳдадории таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ барои ҷуброн намудани амалиёте, ки бе розигии муштарӣ то лаҳзаи аз ҷониби муштарӣ - шахси воқеӣ ирсол шудани огоҳинома иҷро гардидааст, дар сурати анҷом додани амалиёти интиқоли маблағҳои электронӣ аз ҷониби муштарие, ки дар лаҳзаи иҷрои амалиёт тибқи талаботи қонунгузорӣ мушаххас нашудааст, татбиқ намегардад.

 

БОБИ 3. МАБЛАҒҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ИНТИҚОЛИ ОНҲО

 

Моддаи 8. Талабот нисбат ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҳангоми интиқоли маблағҳои электронӣ

  1. Танҳо таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ, ки ташкилоти қарзӣ мебошад, ҳуқуқи анҷом додани амалиёти интиқоли маблағҳои электрониро дорад.
  2. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ пеш аз оғози фаъолият оид ба интиқоли маблағҳои электронӣ Бонки миллии Тоҷикистонро ба таври хаттӣ огоҳ менамояд.
  3. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст қоидаҳои интиқоли маблағҳои электрониро муқаррар карда, мунтазамии интиқоли маблағҳои электрониро тибқи талаботи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон таъмин намояд.
  4. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҳуқуқ дорад бо ташкилотҳои дигар шартнома бандад, ки аз рўи шартҳои он ташкилотҳои мазкур метавонанд ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҳангоми интиқоли маблағҳои электронӣ хизматрасонии амалиётӣ ва (ё) клиринги пардохтиро пешниҳод намоянд.
  5. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ пеш аз бастани шартнома бо муштарӣ – шахси воқеӣ уҳдадор аст ба ў маълумоти зеринро пешниҳод намояд:

- оид ба ном ва маҳалли ҷойгиршавии таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, инчунин рақами иҷозатномаи ў барои анҷом додани амалиёти бонкӣ;

- оид ба шартҳои истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ;

- оид ба тарз ва маҳалли амалӣ намудани интиқоли маблағҳои электронӣ;

- оид ба тарз ва маҳалли додани пул ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ аз ҷониби муштарӣ - шахси воқеӣ;

- оид ба андоза ва тартиби аз ҷониби шахси воқеӣ пардохтани ҳаққи хизмат ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, агар гирифтани ҳаққи хизмат пешбинӣ шуда бошад;

- оид ба тарзҳои пешниҳоди иддао ва тартиби баррасии он, аз ҷумла маълумот барои тамос бо таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ.

  1. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст оид ба амалиёт бо маблағҳои электронӣ ва аҳду амалиёти шубҳанок бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешниҳод намояд.

 

Моддаи 9. Интиқоли маблағҳои электронӣ

  1. Барои амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар шакли интиқоли маблағҳои электронӣ муштарӣ маблағҳоро ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ тибқи шартномаи басташуда (аз ҷумла дар намуди офертаи оммавӣ) пешниҳод менамояд.
  2. Муштарӣ – шахси воқеӣ метавонад маблағҳоро бо истифодаи суратҳисоби бонкии худ ё бе истифодаи он ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ пешниҳод намояд.
  3. Муштарӣ – шахси воқеӣ ҳуқуқ дорад маблағҳои электронии шахсии худро истифода барад ва оид ба ихтиёрдории маблағҳои электронии худ танҳо бо истифодаи воситаҳои электронии алоқа (коммуникатсия) фармоишҳо диҳад.
  4. Маблағҳое, ки шахси воқеӣ ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ пешниҳод кардааст, бо роҳи ташаккулдиҳии сабти электронӣ, ки дар он андозаи уҳдадориҳои таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ дар назди шахси воқеӣ баробар ба маблағи супурдаи шахси воқеӣ (минбаъд – бақияи маблағҳои электронӣ) бо назардошти асъор инъикос ёфтааст, ба ҳисоб гирифта мешаванд.
  5. Маблағҳои электронӣ аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бе кушодани сураҳисоби бонкӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Баҳисобгирии маблағҳои ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ супурдаи муштариён дар суратҳисобҳои маҷмўии баҳисобгирии маблағҳои электронӣ, вобаста ба намуди асъор, амалӣ мегардад.
  6. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҳуқуқ надорад барои зиёд намудани бақияи маблағҳои электронии муштарӣ ба ў маблағ пешниҳод намояд.
  7. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҳуқуқи ҳисоб намудани фоиз ё пардохти ҳаққи хизматро ба бақияи маблағҳои электронӣ надорад.
  8. Маблағҳои электронӣ дар асоси фармоиши пардохткунанда ба фоидаи маблағгиранда интиқол мегарданд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи байни пардохткунанда ва таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, байни пардохткунанда ва маблағгиранда, интиқоли маблағҳои электронӣ метавонад бо талаби маблағгиранда тибқи моддаи 6 Қонуни мазкур анҷом дода шавад.
  9. Маблағҳои электронӣ метавонад байни пардохткунанда ва маблағгиранда, ки муштарии як ё чанд таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ мебошанд, интиқол дода шаванд.
  10. Ҳангоми интиқоли маблағҳои электронӣ шахсони ҳуқуқӣ метавонанд танҳо маблағгиранда бошанд. Ба маблағҳои электронии ба суратҳисобҳои шахсони ҳуқуқӣ гузарондашаванда ҳангоми зарурат рўйхат замима мегардад, ки дар он маблағи гузаронидаи ҳар як пардохткунанда нишон дода мешавад.
  11. Интиқоли маблағҳои электронӣ бо роҳи аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ дар як вақт қабул намудани фармоиши муштарӣ, кам намудани бақияи маблағҳои электронии пардохткунанда ва зиёд намудани бақияи маблағҳои электронии маблағгиранда дар ҳаҷми интиқоли маблағҳои электронӣ амалӣ мегардад.
  12. Интиқоли маблағҳои электронӣ пас аз қабули фармоиши муштарӣ аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ фавран амалӣ мегардад.
  13. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ пас аз иҷрои фармоиши муштарӣ дар бораи интиқоли маблағҳои электронӣ ба муштарӣ оид ба иҷро шудани фармоиш фавран тасдиқнома ирсол менамояд.
  14. Интиқоли маблағҳои электронӣ баъди аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ иҷро гардидани талаботи дар қисми 11 моддаи мазкур пешбинишуда бебозхонд ва анҷомёфта ҳисобида мешавад.
  15. Уҳдадории пулии пардохткунанда дар назди маблағгиранда баъд аз анҷомёбии интиқоли маблағҳои электронӣ қатъ мегардад.
  16. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ мунтазам иттилоот оид ба бақияи маблағҳои электронӣ ва маблағҳои электронии интиқолдодаро ба ҳисоб мегирад.
  17. Ғайр аз интиқоли маблағҳои электронӣ, бақия ё қисми бақияи маблағҳои электронии муштарӣ – шахси воқеӣ бо фармоиши ў метавонад ба суратҳисоби бонкӣ гузаронида шавад, бе кушодани суратҳисоби бонкӣ интиқол дода шавад ё ба таври нақдӣ пешниҳод карда шавад.
  18. Бақия ё қисми бақияи маблағҳои электронии муштарӣ – шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ бо фармоиши муштарӣ метавонад танҳо ба суратҳисобҳои бонкии ў гузаронида шавад.
  19. Муштарӣ – шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ уҳдадор аст барои интиқоли бақия ё қисми бақияи маблағҳои электронӣ дар таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ суратҳисоби бонкӣ кушояд ё дар бораи суратҳисоби бонкии ин шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки дар дигар ташкилоти қарзӣ кушода шудааст ва ба он бақия ё қисми бақияи маблағҳои электронӣ метавонад интиқол дода шавад, ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ маълумот пешниҳод намояд.
  20. Нисбат ба интиқоли маблағҳои электронӣ бо асъори хориҷӣ талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор татбиқ мегардад.
  21. Агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм шахсияти муштарӣ – шахси воқеӣ мушаххас нашуда бошад, таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ интиқоли маблағҳоро бо фармоиши чунин муштарӣ барои пардохти молу хизматрасониҳо бо шарте анҷом медиҳад, ки бақияи маблағҳои электронии муштарӣ аз 20 нишондиҳанда барои ҳисоб зиёд набошад, аммо ҳаҷми умумии маблағҳои электронии интиқолшаванда бо истифодаи як воситаи электронии пардохтӣ дар давоми як моҳи тақвимӣ аз 50 нишондиҳанда барои ҳисоб зиёд набошад. Чунин муштарӣ - шахси воқеӣ ҳуқуқи интиқоли маблағҳои электрониро ба дигар шахси воқеӣ ё ҳуқуқи гирифтани маблағҳои электрониро аз дигар шахси воқеӣ надорад.

 

Моддаи 10. Талабот нисбат ба фаъолияти таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҳангоми зиёд намудани бақияи маблағҳои электронии шахсони воқеӣ – муштариёни оператори алоқа

  1. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ метавонад бо оператори алоқа, ки ҳуқуқи мустақилона пешниҳод намудани хизматрасонии вобаста ба алоқаи мутаҳаррики радиотелефониро (алоқаи сайёри мобилӣ) (минбаъд – оператори алоқа) дорад, бо мақсади зиёд намудани бақияи маблағҳои электронии шахси воқеӣ – муштарии чунин оператори алоқа оид ба ҳамкории иттилоотию технологӣ шартнома бандад. Бақияи маблағҳои электронии муштарӣ аз ҳисоби маблағҳои ў, ки ҳамчун пешпардохти хизматрасониҳои алоқа мебошанд, зиёд карда мешавад. Муносибатҳои таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бо муштарии оператори алоқа дар асоси шартномаи пешбининамудаи қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур ба роҳ монда мешавад.
  2. Оператори алоқа ҳуқуқ надорад ба шахси воқеӣ – муштарӣ бо мақсади аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ зиёд намудани бақияи маблағҳои электронии муштарӣ маблағи пулӣ пешниҳод намояд.
  3. Бақияи маблағҳои электронии шахси воқеӣ – муштарии оператори алоқа дар асоси фармоиши ў, ки оператори алоқа онро ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ирсол менамояд, тибқи шартномаи байни шахси воқеӣ – муштарӣ ва оператори алоқа зиёд карда мешавад.
  4. Оператори алоқа уҳдадор аст маблағҳои пулии шахси воқеӣ – муштариро, ки ҳамчун пешпардохт барои хизматрасониҳои алоқа ворид намудааст, пас аз гирифтани тасдиқномаи таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ оид ба зиёд намудани бақияи маблағҳои электронии шахси воқеӣ – муштарӣ фавран кам намояд. Аз лаҳзаи зиёдшавии бақияи маблағҳои электронӣ таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ба андозаи маблағе, ки бақияи маблағҳои электронӣ зиёд гардид, дар назди шахси воқеӣ уҳдадор мегардад.
  5. Агар оператори алоқа ва (ё) таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ аз шахси воқеӣ – муштарӣ барои зиёд намудани бақияи маблағҳои электронӣҳаққи хизмат гирад, он гоҳ оператори алоқа то супурдани фармоиши муштарӣ ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ба шахси воқеӣ - муштарӣ барои даст кашидан аз супурдани фармоиш имконият диҳад ва маълумоти зеринро пешниҳод намояд:

- оид ба воситаи электронии пардохти шахси воқеӣ;

- оид ба ҳаҷми зиёд намудани бақияи маблағҳои электронӣ;

- оид ба ҳаҷми ҳаққи хизмате, ки шахси воқеӣ-муштарӣ пардохт мекунад, агар он гирифта шавад;

- оид ба сана ва вақти пешниҳоди иттилоот.

  1. Оператори алоқа уҳдадор аст пас аз гирифтани иттилооти дахлдор аз таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ фавран ба шахси воқеӣ – муштарӣ ба воситаи алоқаи радиотелефонии сайёр оид ба зиёд гардидани бақияи маблағҳои электронӣ тасдиқнома равон кунад. Дар тасдиқнома маълумоти пешбининамудаи қисми 5 моддаи мазкур дарҷ мегардад.
  2. Оператори алоқа уҳдадор аст ҳисоббаробаркуниҳоро бо таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ дар ҳаҷми бақияи зиёдшудаи маблағҳои электронӣ на дертар аз рўзи кории пас аз рўзи зиёдшавии бақияи маблағҳои электронӣ амалӣ намояд. Дар сурати аз ҷониби оператори алоқа иҷро нагардидани уҳдадории мазкур таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ зиёд кардани бақияи маблағҳои электрониро то иҷрои чунин уҳдадорӣ аз ҷониби оператори алоқа бозмедорад.

 

Моддаи 11. Пешниҳоди ҳисобот ба Бонки миллии Тоҷикистон

Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки ба интиқоли маблағҳои электронӣ машғул аст, ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба маблағҳои электронии интиқолгардида дар шакли муайяннамудаи  Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

 

БОБИ 4. СУБЪЕКТҲОИ НИЗОМИ ПАРДОХТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАЛАБОТ БА ФАЪОЛИЯТИ ОНҲО

 

Моддаи 12. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва талабот ба фаъолияти он

  1. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтиро тибқи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
  2. Ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтиро тибқи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 13. Талабот нисбат ба фаъолияти таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҳангоми ҷалби агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ

  1. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки ташкилоти қарзӣ мебошад, ҳуқуқ дорад агенти бонкии пардохтиро дар асоси шартнома барои анҷом додани фаъолияти зерин ҷалб намояд:

- қабул намудани маблағи нақд аз шахси воқеӣ ва (ё) додани маблағи нақд ба шахси воқеӣ, аз ҷумла бо истифодаи терминалҳо, терминалҳои худкори худхизматрасон;

- пешниҳоди воситаҳои электронии пардохтӣ ба муштариён ва таъмини истифодаи ин воситаҳо мувофиқи шартҳои муқаррарнамудаи таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ;

- мушаххас намудани шахсияти муштарӣ – шахси воқеӣ бо мақсади интиқол додани маблағ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ё пешниҳоди воситаи электронии пардохтӣ ба шахси воқеӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм».

  1. Агенти бонкии пардохтӣ, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад, дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи бо таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ басташуда ҳуқуқ дорад субагенти бонкии пардохтиро дар асоси шартнома барои анҷом додани фаъолияти (як қисми фаъолияти) дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи мазкур зикршуда ҷалб намояд.
  2. Аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ҷалб гардидани агенти бонкии пардохтӣ метавонад ҳамзамон бо риоя гардидани талаботи зерин анҷом дода шавад:

- анҷом додани фаъолияти (як қисми фаъолияти) дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда (минбаъд – амалиёти агенти бонкии пардохтӣ) аз номи таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ;

- мушаххас намудани шахсияти муштарӣ – шахси воқеии намояндаи ў ва (ё) манфиатгир аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ бо мақсади интиқол додани маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»;

- аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ истифода шудани суратҳисоби (суратҳисобҳои) махсуси бонкӣ барои пурра ворид намудани маблағҳои нақди аз шахсони воқеӣ гирифташуда мутобиқи қисмҳои 5 ва 6 моддаи мазкур;

- аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ тасдиқ намудани гирифтани (додани) маблағи нақд бо додани чиптаи (расиди) хазина, ки ҷавобгўи талаботи қисми 7 моддаи мазкур мебошад;

- аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ ба шахсони воқеӣ пешниҳод гардидани иттилооте, ки қисми 10 моддаи мазкур пешбинӣ намудааст;

- истифодаи терминалҳои худкори худхизматрасон аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳо бо маблағи нақд.

  1. Ҷалби субагенти бонкии пардохтӣ аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ метавонад ҳамзамон бо риоя гардидани талаботи зерин амалӣ гардад:

- талаботе, ки дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд;

- гузаронидани амалиёти субагенти бонкии пардохтӣ, ки муайян намудани шахсияти шахси воқеиро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» талаб намекунад;

- ба субагенти бонкии пардохтӣ манъ намудани ҷалби шахсони дигар барои анҷом додани амалиёти субагенти бонкии пардохтӣ.

  1. Агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ амалиёти зеринро ба воситаи суратҳисоби махсуси худ метавонад анҷом диҳад:

- ворид намудани маблағҳои нақдӣ аз шахсони воқеӣ қабулгардида;

- ворид намудани маблағҳо аз дигар суратҳисоби махсуси бонкии агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ;

- хориҷ кардан ва ба суратҳисобҳои бонкӣ ворид намудани маблағҳо.

  1. Гузаронидани амалиёти дигар бо суратҳисоби махсуси бонкии агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ манъ мебошад.
  2. Таҷҳизоти назоратию хазинавӣ дар дохили терминали худкори худхизматрасон, ки ба агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ тааллуқ дорад, додани чиптаи (расиди) хазинаро бо мушаххасоти ҳатмии зерин таъмин менамояд:

- номгўи ҳуҷҷат – чиптаи (расиди)  хазина;

- маблағи умумии қабулшуда ё додашуда;

- номгўи амалиёт;

- сана ва вақти гузаронидани амалиёт;

- маблағи ҳаққи хизмате, ки шахси воқеӣ пардохт мекунад, дар мавриди гирифтани он;

- рақами чиптаи (расиди)  хазина ва таҷҳизоти назоратию хазинавӣ;

- суроғаи маҳалли анҷом додани амалиёт;

- номгўи таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ ва агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ, инчунин рақами мушаххаси андозсупорандаи онҳо;

- рақами телефонҳои таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ ва дигар мушаххасоте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

  1. Ҳамаи мушаххасоти (реквизитҳои) дар чиптаи (расиди) хазина зикршуда дақиқ ва дар муддати на камтар аз шаш моҳ имконияти хонда шудан дошта бошанд.
  2. Дар сурати гирифтани розигии шахси воқеӣ, чиптаи (расиди) хазина метавонад дар намуди электронӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба шахси воқеӣ пешниҳод гардад.
  3. Дар ҳар як ҷойи гузаронидани амалиёт аз ҷониби агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ то оғоз намудани ҳар як амалиёт ба шахсони воқеӣ иттилооти зерин пешниҳод карда мешавад:

- суроғаи маҳалли анҷом додани амалиётҳои агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ;

- номгўй ва маҳалли ҷойгиршавии таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ, инчунин рақами мушаххаси андозсупорандаи онҳо;

- рақами иҷозатномаи таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ барои анҷом додани амалиёти бонкӣ;

- мушаххасоти шартномаи байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва агенти бонкии пардохтӣ, инчунин ҳангоми ҷалби субагенти бонкии пардохтӣ мушаххасоти шартномаи байни он ва агенти бонкии пардохтӣ;

- маблағи ҳаққи хизмате, ки шахси воқеӣ пардохт мекунад;

- тарзи пешниҳоди иддао ва тартиби баррасии он;

- рақами телефонҳои таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ.

  1. Дар сурати аз ҷониби агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ истифода гардидани терминали худкори худхизматрасон, иттилооти тибқи қисми 10 моддаи мазкур пешбинигардида ба шахсони воқеӣ дар реҷаи автоматӣ пешниҳод карда мешавад.
  2. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ пешбурди рўйхати агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтиро таъмин менамояд, ки дар он суроғаи ҳамаи ҷойҳои гузаронидани амалиёти агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ зикр мегардад ва бо дархости шахсони воқеӣ бо он шинос шудан мумкин аст. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор аст дар асоси дархости мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рўйхати агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтиро ба онҳо пешниҳод намояд. Агенти бонкии пардохтӣ уҳдадор аст ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ оид ба субагентҳои бонкии пардохтии ҷалбгардида, ки ба рўйхати мазкур ворид карда мешаванд, бо тартиби пешбининамудаи шартнома бо таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ иттилоотро пешниҳод намояд.
  3. Таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ бояд аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ риоя шудани шартҳои ҷалб кардани ўро, ки моддаи мазкур ва шартномаи байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва агенти бонкии пардохтӣ муқаррар кардааст, инчунин риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм назорат намояд. Тартиби амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби агенти бонкии пардохтӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва шартномаи байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва агенти бонкии пардохтӣ муқаррар карда мешавад.
  4. Агенти бонкии пардохтӣ бояд риоя шудани шартҳои ҷалби субагенти бонкии пардохтиро, ки моддаи мазкур ва шартномаи байни агенти бонкии пардохтӣ ва субагенти бонкии пардохтӣ муқаррар кардааст, инчунин иҷрои талаботи моддаи мазкурро назорат намояд. Тартиби амалисозии чунин назоратро шартномаи байни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва агенти бонкии пардохтӣ, инчунин шартномаи байни агенти бонкии пардохтӣ ва субагенти бонкии пардохтӣ муқаррар менамояд.
  5. Агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ бевосита бастани шартномаро бо таҳвилгарони хизматрасониҳои коммуналӣ, алоқа, қувваи барқ ва хизматрасонии дигар ҳуқуқ надорад ва наметавонад бидуни таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ қабули пардохтҳоро ба роҳ монад.
  6. Тартиби қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатиро, ки тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон амалӣ мегардад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 14. Оператори низоми пардохтӣ ва талабот нисбат ба фаъолияти он

  1. Низоми пардохтӣ аз тарафи оператори низоми пардохтӣ идора карда мешавад.
  2. Оператори низоми пардохтӣ метавонад Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти қарзӣ ё шахси ҳуқуқие бошад, ки ташкилоти қарзӣ намебошад.
  3. Оператори низоми пардохтие, ки Бонки миллии Тоҷикистон ё ташкилоти қарзӣ мебошад, метавонад фаъолияти худро бо фаъолияти таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, маркази ҳисоббаробаркунӣ ва дигар фаъолият якҷоя намояд, агар он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад.
  4. Оператори низоми пардохтие, ки ташкилоти қарзӣ намебошад, метавонад фаъолияти худро бо фаъолияти оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ва фаъолияти дигар якҷоя намояд, агар он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад.
  5. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти оператори низоми пардохтиро дар асоси Қонуни мазкур тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва шартномаҳои басташаванда амалӣ менамояд.
  6. Оператори низоми пардохтӣ уҳдадор аст:

- қоидаҳои низоми пардохтиро муайян намуда, назорати риоя шудани онҳоро аз ҷониби иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ташкил ва амалӣ  намояд;

- операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтиро ҷалб намояд, ба истиснои ҳолате, ки оператори низоми пардохтӣ дар як вақт вазифаи оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтиро низ иҷро кунад, назорати хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтиро, ки ба иштирокчиёни низоми пардохт расонида мешавад таъмин намояд, инчунин пешбурди номгўи операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтиро ба роҳ монад;

- низоми идоракунии хавфҳоро дар низоми пардохтӣ тибқи моддаи 24 Қонуни мазкур ташкил намуда, хавфҳои низоми пардохтиро арзёбӣ ва идора намояд;

- ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ имконияти баррасии баҳсҳоро бо тартиби то судӣ ва (ё) дар суди ҳакамӣ тибқи қоидаҳои низоми пардохтӣ  фароҳам орад.

  1. Оператори низоми пардохтие, ки ташкилоти қарзӣ намебошад, уҳдадор аст ташкилоти қарзиро ба ҳайси маркази ҳисоббаробаркунӣ ҷалб намояд.
  2. Барои низомҳое, ки ба ҳайси низомҳои ниҳоят муҳим муайян гардидаанд, танҳо Бонки миллии Тоҷикистон метавонад маркази ҳисоббаробаркунӣ бошад.
  3. Барои гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дархостро бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин ирсол менамояд:

- қарори мақоми идоракунии ташкилоти қарзӣ дар бораи ташкили низоми пардохтӣ;

- нақшаи фаъолият оид ба рушди низоми пардохтӣ барои ду соли  тақвимии наздик;

- қоидаҳои низоми пардохтӣ, ки ба талаботи ҳамин Қонун ҷавобгў мебошанд;

- номгўи операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки барои хизматрасонӣ дар низоми пардохтӣ ҷалб карда мешаванд.

  1. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзӣ намебошад, барои гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дархостро бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод менамояд:

- ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;

- қарори мақоми ваколатдори чунин шахси ҳуқуқӣ дар бораи ташкили низоми пардохтӣ;

- нақшаи фаъолият оид ба рушди низоми пардохтӣ барои ду соли  тақвимии наздик;

- қоидаҳои низоми пардохтӣ, ки ба талаботи ҳамин Қонун ҷавобгў мебошанд;

- номгўи операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки барои хизматрасонӣ дар низоми пардохтӣ ҷалб карда мешаванд;

- розигии хаттии ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла дар шакли шартномаи басташуда, дар бораи фаъолият кардани он ба ҳайси маркази ҳисоббаробаркунии низоми пардохтӣ;

- ҳуҷҷатҳое, ки дар онҳо оид ба андозаи сармояи оинномавии ташкилот маълумот оварда шудааст;

- ҳисоботи молиявие, ки дар рўзи охирини ҳисоботӣ пеш аз  пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатнома ба Бонки миллии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Ин ҳисобот аз ҷониби роҳбари мақоми идоракунии ташкилот ва сармуҳосиби он имзо карда мешавад;

- ҳуҷҷатҳое, ки риоя шудани талаботи пешбининамудаи сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 12 моддаи мазкурро тасдиқ мекунанд.

  1. Тартиби гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  2. Барои гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзӣ намебошад, бояд ба талаботи зерин ҷавобгў бошад:

- дорои сармояи оинномавии ҳадди ақалли на кам аз 2500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бошад;

- роҳбари мақоми иҷроияи чунин ташкилот бояд дорои таҳсилоти олӣ (иқтисодӣ, риёзӣ, ҳуқуқӣ ё таҳсилоти олӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия) ва на кам аз ду сол таҷрибаи корӣ ба ҳайси роҳбари шуъба ё дигар воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзӣ ё оператори низоми пардохтиро дошта бошад;

- роҳбари мақоми иҷроия ва сармуҳосиби чунин ташкилот бояд доғи судӣ барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ ё коррупсионӣ надошта бошанд.

  1. Дар муҳлати на зиёда аз 30 (сӣ) рўзи тақвимӣ аз рўзи қабули ариза аз шахси ҳуқуқие, ки хоҳиши оператори низоми пардохтӣ шуданро дорад, Бонки миллии Тоҷикистон қарор дар бораи додани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ ё раддияи додани иҷозатномаро қабул менамояд.
  2. Ҳангоми қабул гардидани қарор дар бораи додани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба шахси ҳуқуқӣ рақами бақайдгирӣ дода, дар ин бора ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ, ки дастраси умум мебошад, иттилооти дахлдор ворид менамояд ва дар муддати панҷ рўзи корӣ аз санаи қабули қарори мазкур барои анҷом додани фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба шахси ҳуқуқӣ иҷозатнома медиҳад. Пешбурди Феҳристи операторони низоми пардохтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Рўйхати операторони низоми пардохтие, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро гирифтаанд, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол моҳи январ дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешаванд.
  3. Шахси ҳуқуқӣ аз рўзи гирифтани иҷозатнома оператори низоми пардохтӣ мегардад.
  4. Оператори низоми пардохтӣ ҳангоми пешниҳоди иттилоот оид ба низоми пардохтӣ уҳдадор аст мавҷудияти иҷозатномаи оператори низоми пардохтии худро нишон диҳад.
  5. Низоми пардохтӣ дар номгўи худ калимаҳои «низоми пардохтӣ»-ро, ки дар қоидаҳои низоми пардохтӣ дарҷ гардидаанд, дорад. Ягон шахси ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз операторони низоми пардохтӣ, наметавонад дар номгўи худ калимаҳои «низоми пардохтӣ» ё ибораҳои аз онҳо бавуҷудомадаро дар ҳар шакле набошад, истифода барад. Операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, иштирокчиёни низоми пардохтӣ тибқи қоидаҳои низоми пардохтӣ ҳуқуқ доранд мансубияти худро ба низоми пардохтӣ нишон диҳанд. Бонки миллии Тоҷикистон калимаҳои «низоми пардохтӣ»-ро вобаста ба низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон истифода менамояд.
  6. Оператори низоми пардохтӣ, ки ташкилоти қарзӣ намебошад, уҳдадор аст талаботи пешбиникардаи қисми 12 моддаи мазкурро дар муддати амалӣ намудани фаъолияти оператори низоми пардохтӣ риоя намояд.
  7. Бонки миллии Тоҷикистон додани иҷозатнома дар бораи фаъолияти оператори низоми пардохтиро дар ҳолатҳои зерин рад менамояд:

- пешниҳод нагаштани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қисмҳои 9 ва 10 моддаи мазкур;

- номувофиқатии қоидаҳои низоми пардохтӣ ба талаботи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;

- муқаррар намудани номувофиқатии шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзӣ намебошад, ба талаботи қисми 12 моддаи мазкур.

  1. Дар ҳолати рад намудани додани иҷозатнома дар бораи фаъолияти оператори низоми пардохтӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба таври хаттӣ бо нишон додани сабабҳои радкунӣ дар муҳлати панҷ рўзи корӣ аз санаи қабули чунин қарор аризадиҳандаро огоҳ менамояд.
  2. Дар ҳолати тағйир ёфтани маълумот оид ба оператори низоми пардохтӣ, ки дар вақти гирифтани иҷозатнома нишон дода шудааст, оператори низоми пардохтӣ уҳдадор аст дар муддати панҷ рўзи корӣ пас аз рўзи фарорасии чунин тағйирот Бонки миллии Тоҷикистонро огоҳ намояд. Дар асоси огоҳиномаи гирифташуда аз оператори низоми пардохтӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ тағйироти дахлдор ворид менамояд.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома бо асосҳои зерин қарор қабул менамояд:

- дар асоси аризаи оператори низоми пардохтӣ;

- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 30 Қонуни мазкур;

- ҳангоми аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар рафти назорати низомҳои пардохтӣ муайян шудани далели номутобиқатӣ ба маълумоте, ки дар асоси он ба оператори низоми пардохтӣ иҷозатнома дода шуда буд;

 - ҳангоми аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд гардидани иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз ташкилоти қарзие, ки оператори низоми пардохтӣ мебошад;

 - ҳангоми барҳамхўрии оператори низоми пардохтӣ, ки ташкилоти қарзӣ намебошад, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар рўзи дигар, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба барҳамхўрии оператори низоми пардохтии мазкур маълум шудааст.

  1. Ба бозхонди иҷозатнома дар бораи фаъолияти оператори низоми пардохтӣ бо асосҳои дигар, ба истиснои асосҳои пешбининамудаи қисми 22 моддаи мазкур роҳ дода намешавад. Шахси ҳуқуқӣ уҳдадор аст иҷозатномаи худро ба Бонки миллии Тоҷикистон на дертар аз рўзи кории оянда пас аз рўзи гирифтани огоҳинома дар бораи бозхонди иҷозатнома баргардонад.
  2. Ҳангоми бозхонди иҷозатнома дар бораи фаъолияти оператори низоми пардохтӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи операторони низомҳои пардохтӣ сабти дахлдор ворид менамояд.
  3. Аз рўзи оянда пас аз рўзи аз ҷониби оператори низоми пардохтӣ, ки ташкилоти қарзӣ намебошад, гирифтани огоҳинома оид ба бозхонди иҷозатнома ва хориҷ гардидани маълумот аз Феҳристи операторони низоми пардохтӣ, интиқол додани маблағ дар доираи низоми пардохтӣ қатъ мегардад, аммо интиқоли маблағҳое, ки то рўзи нишон додашуда оғоз гардида буд, бояд аз тарафи контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ва (ё) маркази ҳисоббаробаркунӣ дар муҳлати дар қисми 4 моддаи 4 Қонуни мазкур муқарраргардида ба анҷом расонида шавад. Вобаста ба низомҳои ниҳоят муҳим муҳлати қатъ намудани интиқоли маблағҳо ва ба анҷом расонидани интиқоли маблағҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тамдид ёбад, аммо на зиёда аз як моҳ.
  4. Оператори низоми пардохтӣ уҳдадор аст тағйироти қоидаҳои низоми пардохтӣ ва тағйироти номгўи операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтиро на дертар аз 10 (даҳ) рўз пас аз рўзи ворид намудани тағйироти дахлдор ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
  5. Операторони низомҳои пардохтӣ метавонанд дар бораи ҳамкории мутақобили низомҳои пардохтии худ бо шарти нишон додани тартиби чунин ҳамкорӣ дар қоидаҳои низомҳои пардохтӣ шартнома банданд.
  6. Таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ, ба истиснои Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар он суратҳисобҳои бонкии на кам аз се таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтии дигар кушода шуда, байни ин суратҳисобҳо дар муддати се моҳ пай дар пай интиқоли маблағҳо дар ҳаҷми аз андозаи муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон зиёд сурат мегирад, уҳдадор аст тибқи талаботи моддаи мазкур ирсол намудани аризаи гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро дар муҳлати 30 (сӣ) рўз пас аз рўзи оғози мутобиқат ба талаботи зикргардида таъмин намояд. Баъд аз гузаштани чор моҳ аз рўзи оғози мутобиқат ба талаботи зикргардида, интиқоли маблағҳо байни суратҳисобҳои бонкии таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, ки дар чунин таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ кушода шудаанд, танҳо дар доираи низоми пардохтӣ иҷозат дода мешавад. Талаботи қисми мазкур нисбат ба таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, ки ҳамчун маркази ҳисоббаробаркунии низомҳои пардохтӣ амал карда, операторони низоми пардохтии онҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро гирифтааст, татбиқ намегардад.
  7. Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоте, ки фаъолияти оператори низоми пардохтиро анҷом медиҳад ва тибқи талаботи моддаи мазкур бо ариза барои гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат накардааст, талабнома дар бораи гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ ирсол менамояд. Ташкилоти мазкур уҳдадор аст дар муҳлати на дертар аз 30 (сӣ) рўзи тақвимӣ аз рўзи гирифтани чунин талабнома аризаи гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро ба Бонки миллии Тоҷикистон ирсол кунад ё амалисозии фаъолияти оператори низоми пардохтиро қатъ намояд.

 

Моддаи 15. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ва талабот нисбат ба фаъолияти он

  1. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ дар доираи низоми пардохтӣ метавонад хизматрасониҳои амалиётӣ ва (ё) хизматрасониҳои клиринги пардохтиро пешниҳод намояд.
  2. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ хизматрасониҳои амалиётӣ ва (ё) хизматрасониҳои клиринги пардохтиро тибқи қоидаҳои низоми пардохтӣ ва дар асоси шартномаҳо бо оператори низоми пардохтӣ, иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва маркази ҳисоббаробаркунӣ пешниҳод менамояд.
  3. Ташкилоти қарзӣ, шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзӣ намебошад ё Бонки миллии Тоҷикистон метавонанд оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ бошанд.
  4. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон ё ташкилоти қарзӣ мебошад, метавонад хизматрасониҳои амалиётӣ, клиринги пардохтӣ ва хизматрасониҳои маркази ҳисоббаробаркуниро анҷом диҳад.
  5. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки ташкилоти қарзӣ намебошад, метавонад ҳамзамон хизматрасонии амалиётӣ ва хизматрасонии клиринги пардохтиро дар доираи як ташкилот иҷро намояд.
  6. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки ташкилоти қарзӣ ё Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, метавонад фаъолияти худро бо фаъолияти таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, оператори низоми пардохтӣ ва фаъолияти дигар якҷоя намояд, агар чунин фаъолият ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад.
  7. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки ташкилоти қарзӣ намебошад, метавонад фаъолияти худро бо фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ва фаъолияти дигар якҷоя намояд, агар чунин фаъолият ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад.
  8. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтиро дар асоси Қонуни мазкур мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва шартномаҳои басташаванда амалӣ менамояд.
  9. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ фаъолияти худро мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ ва шартномаҳое, ки бо иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва операторони дигари хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ баста мешаванд, амалӣ менамояд.
  10. Талабот ба операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки тибқи Қонуни мазкур бо онҳо шартномаҳо бастан мумкин аст, бо қоидаҳои низоми пардохтӣ муайян мегарданд.
  11. Нисбат ба ҳолати молиявии операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, таъминоти технологии онҳо ва омилҳои дигаре, ки ба фаъолияти муттасили низоми пардохтӣ таъсир мерасонанд, талабот муайян карда мешавад ва он талаботи мазкур бояд воқеӣ (объективӣ) ва дастраси омма бошад, дастрасии баробарҳуқуқи операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтиро ба низоми пардохтӣ таъмин намояд.
  12. Операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ уҳдадоранд ба оператори низоми пардохтӣ оид ба фаъолияти худ (дар мавриди хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ) мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ иттилоот пешниҳод намоянд.
  13. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои амалиётӣ додугирифти паёмҳои электрониро байни иштирокчиёни низоми пардохтӣ, байни иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва муштариёни онҳо, оператори дигари хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтии пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои клиринги пардохтӣ ва маркази ҳисоббаробаркунӣ таъмин менамояд.
  14. Тибқи шартномаи хизматрасонии клиринги пардохтӣ, ки бо маркази ҳисоббаробаркунӣ баста мешавад, оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтии пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои клиринги пардохтӣ уҳдадор аст аз номи иштирокчиёни низоми пардохтӣ ба маркази ҳисоббаробаркунӣ фармоишҳои онҳоро барои иҷро пешниҳод намояд.
  15. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои амалиётӣ метавонад намудҳои дигари фаъолияти марбут ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро, ки барои фаъолияти низоми пардохтӣ зарур буда, бо қоидаҳои низоми пардохтӣ пешбинӣ шудаанд, анҷом диҳад.
  16. Оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ барои зарари воқеие, ки ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва (ё) маркази ҳисоббаробаркунӣ дар натиҷаи пешниҳод накардани (ба таври номатлуб пешниҳод кардани) хизматрасониҳои амалиётӣ ё хизматрасониҳои клиринги пардохтӣ расонидааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
  17. Оператори низоми пардохтӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи қоидаҳои низоми пардохтӣ ҳуқуқ дорад барои хизматрасониҳои амалиётӣ ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтии пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои амалиётиро, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ҷалб намояд. Дар ҳолати мазкур оператори низоми пардохтӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои муносиби амалиётӣ ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ масъул мебошад.

 

Моддаи 16. Талабот нисбат ба фаъолияти контрагенти марказии клиринги пардохтӣ

Контрагенти марказии клиринги пардохтӣ уҳдадор аст:

а) барои иҷрои уҳдадориҳояш маблағи кофӣ дошта бошад ё иҷрои уҳдадориҳояшро, аз ҷумла аз ҳисоби фонди кафолат, дар ҳаҷми уҳдадории зиёдтарине, ки аз рўи он контрагенти марказии клиринги пардохтӣ пардохткунанда мегардад, дар муҳлати муайяннамудаи қоидаҳои низоми пардохтӣ таъмин намояд;

б) ҳамарўза назорати хавфҳои иҷро нашудани (ба таври номатлуб иҷро шудани) уҳдадориҳо оид ба интиқоли маблағро аз ҷониби иштирокчиёни низоми пардохтӣ  амалӣ созад:

- нисбат ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ, ки таҳлили ҳолати молиявиашон аз хавфи барзиёд шаҳодат медиҳад, чораҳои маҳдудкунандаро истифода барад, аз ҷумла бо роҳи муқаррар намудани ҳаҷми барзиёди мавқеи клиринги пардохтӣ;

- таъмини барзиёди иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтиро оид ба интиқоли маблағҳо талаб намояд.

 

Моддаи 17. Талабот ба фаъолияти маркази ҳисоббаробаркунӣ

  1. Маркази ҳисоббаробаркунӣ фаъолияти худро тибқи қоидаҳои низоми пардохтӣ ва дар асоси шартномаҳои суратҳисоби бонкӣ, ки бо иштирокчиёни низоми пардохтӣ баста мешаванд, амалӣ менамояд.
  2. Маркази ҳисоббаробаркунӣ фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтии аз оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ воридгардидаро, ки хизматрасониҳои клиринги пардохтиро пешниҳод менамояд, бо роҳи хориҷ ва ворид намудани маблағҳо аз (ба) суратҳисобҳои бонкии иштирокчиёни низоми пардохтӣ иҷро менамояд.

 

БОБИ 5. ТАЛАБОТ БАРОИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ НИЗОМҲОИ ПАРДОХТӢ

 

Моддаи 18. Қоидаҳои низоми пардохтӣ

  1. Низоми пардохтӣ мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи оператори низоми пардохтӣ фаъолият менамояд.
  2. Қоидаҳои низоми пардохтӣ инҳоро муқаррар менамояд:

- номи оператори низоми пардохтӣ;

- сохтори ташкилӣ ва тартиби ҳамкории байни оператори низоми пардохтӣ, иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ;

- шартҳои иштирок, тартиби дохил шудан ва баромадан аз низоми пардохтӣ;

- шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ;

- тартиби интиқоли маблағҳо дар доираи низоми пардохтӣ, аз ҷумла лаҳзаҳои фарорасии бебозхондӣ, баҳснопазирӣ ва анҷомёбии интиқоли маблағҳо;

- тартиби пардохти хизматрасонӣ барои интиқоли маблағҳо ва хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки дар доираи низоми пардохт барои иштирокчиён ҳаммонанд мебошад;

- тартиби амалӣ намудани клиринги пардохтӣ ва ҳисоббаробаркунӣ;

- низоми идоракунии хавфҳо дар низоми пардохтӣ, аз ҷумла усули истифодашавандаи идоракунии хавфҳо, номгўи чорабиниҳо ва тарзҳои идоракунии хавфҳо;

- тартиби таъмини фаъолияти муттасили низоми пардохтӣ;

- тартиби таъмини иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ аз рўи интиқоли маблағҳо;

- талабот нисбат ба ҳифзи иттилоот;

- тартиби тағйир додани қоидаҳои низоми пардохтӣ;

- тартиби ҳалли ғайрисудии баҳсҳо бо иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ.

  1. Қоидаҳои низоми пардохтӣ метавонанд дар шакли ҳуҷҷати ягона ё якчанд ҳуҷҷати ба ҳамдигар алоқаманд таҳия карда шаванд.
  2. Дар қоидаҳои низоми пардохтӣ муқаррар намудани талаботи зерин манъ аст:

- талабот ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ дар бораи иштирок накардан дар дигар низомҳои пардохтӣ;

- талабот ба операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ оид ба маҳдуд (манъ) кардани хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ дар доираи низомҳои пардохтии дигар.

  1. Оператори низоми пардохтӣ уҳдадор аст ба ташкилотҳое, ки хоҳиши иштирок намуданро дар низоми пардохтӣ доранд, қаблан қоидаҳои низоми пардохтӣ, аз ҷумла тарифҳои хизматрасониро барои шиносоӣ пешниҳод намояд. Қоидаҳои низоми пардохтӣ, барои омма дастрас мебошанд, ба истиснои маълумоте, ки дастрасӣ ба он маҳдуд аст.
  2. Иштирокчиёни низоми пардохтӣ уҳдадоранд ҳамаи қоидаҳои низоми пардохтиро иҷро намоянд.
  3. Оператори низоми пардохтӣ метавонад ба таври яктарафа ба қоидаҳои низоми пардохтӣ тағйирот ворид намояд, ба шарте ки муҳлати ворид намудани тағйиротро на камтар аз ду моҳ аз рўзи огоҳ намудани иштирокчиёни низоми пардохтӣ муқаррар намояд.
  4. Қоидаҳои низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни мазкур муайян карда мешаванд.
  5. Хусусиятҳои қоидаҳои низоми пардохтӣ, ки дар доираи онҳо аз рўи амалиёти дар бозори муташаккил гузаронидашуда маблағ интиқол мегардад, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 19. Иштирокчиёни низоми пардохтӣ

  1. Шахсони ҳуқуқии зерин метавонанд ба шарти ба қоидаҳои низоми пардохтӣ ҳамроҳ шуданашон тибқи тартиби дар қоидаҳои низоми пардохтӣ муқарраргардида иштирокчии низоми пардохтӣ гарданд:

- таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ;

- иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки иштирокчиёни бозори муташаккил мебошанд;

- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Дар сурати баста шудани шартномаи ҳамкории низомҳои пардохтӣ байни операторони низоми пардохтӣ контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ва (ё) маркази ҳисоббаробаркунии низоми пардохтии дигар, ки бо супориши оператори чунин низоми пардохтӣ амал мекунанд, метавонанд иштирокчиёни низоми пардохтӣ бошанд.
  2. Ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ, бонкҳои хориҷӣ ва филиалҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд иштирокчиёни низоми пардохтӣ бошанд.
  3. Қоидаҳои низоми пардохтӣ иштироки мустақимро пешбинӣ менамоянд ва метавонанд иштироки ғайримустақимро дар низоми пардохтӣ, инчунин намудҳои гуногуни иштироки мустақим ва ғайримустақимро дар низоми пардохтӣ пешбинӣ намоянд.
  4. Иштироки мустақим дар низоми пардохтӣ талаб мекунад, ки дар маркази ҳисоббаробаркунӣ суратҳисоби бонкии ташкилоте, ки иштирокчии мустақим мегардад, бо мақсади анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ бо иштирокчиёни дигари низоми пардохтӣ кушода шавад.
  5. Иштироки ғайримустақим дар низоми пардохтӣ талаб мекунад, ки ба иштирокчии ғайримустақим аз ҷониби иштирокчии мустақими низоми пардохтӣ, ки таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ мебошад, бо мақсади анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ бо иштирокчиёни дигари низоми пардохтӣ суратҳисоби бонкӣ кушода шавад.
  6. Муносибатҳои байни иштирокчиёни мустақим ва ғайримустақим бо қоидаҳои низоми пардохтӣ ва шартномаҳои басташуда танзим мегарданд.
  7. Таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣҳуқуқ надоранд дар низоми пардохтие, ки оператори он иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро доро намебошад, иштирок намоянд.

 

Моддаи 20. Эътирофи аҳамиятнокии низоми пардохтӣ

  1. Бонки миллии Тоҷикистон гурўҳҳои зерини низоми пардохтии аҳамиятнокро муайян менамояд:

- низоми пардохтии ниҳоят муҳим;

- низоми пардохтии аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳим.

  1. Агар низоми пардохтӣ ба яке аз меъёрҳои зерин ҷавобгў бошад, он ниҳоят муҳим дониста мешавад:

- дар доираи низоми пардохтӣ дар давоми се моҳи тақвимӣ пай дар пай интиқол додани ҳаҷми умумӣ ва алоҳидаи маблағ ба андозаи на кам аз 30 фоизи ҳаҷми умумии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар доираи низоми пардохтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон интиқол додани маблағҳо ҳангоми маблағгузории такрории ташкилотҳои қарзӣ ва анҷом додани амалиёт дар бозори озод;

- дар доираи низоми пардохтӣ интиқол додани маблағҳо аз рўи аҳдҳое, ки дар бозорҳои савдои муташаккил анҷом дода шудаанд.

  1. Низоми пардохтӣ аз нигоҳи иҷтимоӣ вақте муҳим дониста мешавад, агар ба яке аз меъёрҳои зерин ҷавобгў бошад:

- дар доираи низоми пардохтӣ дар давоми се моҳи тақвимӣ пай дар пай интиқол додани ҳаҷми умумии маблағҳо ба андозаи на кам аз нишондоде, ки  Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст ва интиқоли аз нисф зиёди ин маблағҳоро ба андозаи на зиёда аз нишондоди муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ созад;

- дар доираи низоми пардохтӣ интиқоли маблағҳоро бо истифодаи кортҳои пардохтӣ дар давоми соли тақвимӣ ба андозаи на кам аз нишондоди муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ созад;

- дар доираи низоми пардохтӣ интиқоли маблағҳоро дар давоми соли тақвимӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба андозаи на кам аз нишондоди муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ созад;

- дар доираи низоми пардохтӣ дар давоми соли тақвимӣ интиқоли маблағҳои муштариён – шахсони воқеиро аз рўи суратҳисобҳои бонкии онҳо (ба истиснои интиқоли маблағҳо бо истифодаи кортҳои бонкии пардохтӣ) ба андозаи на кам аз нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ созад.

  1. Низоми пардохтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси иттилооте, ки мутобиқати низоми пардохтиро ба меъёрҳои муқарраргардида тасдиқ мекунад, дар ҳолатҳои зерин аҳамиятнок эътироф карда мешавад:

- ҳангоми додани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон;

- ҳангоми аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон назорат гардидани низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар асоси аризаи хаттии оператори низоми пардохтӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқати низоми пардохтиро ба меъёрҳои муқарраршуда тасдиқ мекунанд.

  1. Талабот ба низоми пардохтии аҳамиятнок, идоракунии хавфҳо дар он ва тартиби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон санҷидани мутобиқати қоидаҳои низоми пардохтии аҳамиятнок ба талаботи муқарраргардида, инчунин тартиби ворид намудани иттилоот оид ба низоми пардохтии аҳамиятнок ба Феҳристи операторони низомҳои пардохтӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон низоми пардохтии ниҳоят муҳим эътироф карда мешавад.
  3. Низоми пардохтие, ки интиқолҳои фаромарзиро бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ анҷом медиҳад ва ҳамчун низоми пардохтии ниҳоят муҳим ё аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳим барои иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ эътироф гардидааст, бояд дар Бонки миллии Тоҷикистон фонди кафолат дошта бошад. Тартиб, андоза ва шартҳои ташаккули фонди кафолатро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян менамояд.
  4. Агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Бонки миллии Тоҷикистон ба таври мустақим ё ғайримустақим дар идоракунии низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ иштирок намоянд, он гоҳ низоми пардохтӣ миллӣ дониста мешавад ва ҳамаи бонкҳо, аз ҷумла бонкҳои исломӣ – резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он бояд бошанд.
  5. Тартиби фаъолияти низоми пардохтӣ, ки тавассути он интиқолҳои фаромарзии маблағҳо анҷом дода мешавад, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 21. Амалӣ намудани клиринги пардохтӣ ва ҳисоббаробаркунӣ дар низоми пардохтӣ

  1. Клиринги пардохтӣ дар низоми пардохтӣ аз ҷониби оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки хизматрасониҳои клиринги пардохтиро пешниҳод менамояд, бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:

- анҷом додани расмиёти барои иҷро қабул намудани фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ, аз ҷумла санҷиши мутобиқати фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ ба талаботи муқарраршуда, муайян кардани кифоягии маблағҳои пулӣ барои иҷро намудани фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва муайян кардани мавқеи клиринги пардохтӣ;

- ба маркази ҳисоббаробаркунӣ барои иҷро супурдани фармоишҳои қабулшудаи иштирокчиёни низоми пардохтӣ;

- ба иштирокчиёни низоми пардохтӣ фиристодани огоҳиномаҳо (тасдиқномаҳо) барои иҷро қабул намудани фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ, инчунин ирсоли огоҳиномаҳо (тасдиқномаҳо) дар бораи иҷро шудани фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ.

  1. Расмиёти барои иҷро қабул намудани фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ аз ҷониби оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки хизматрасониҳои клиринги пардохтиро пешниҳод менамояд, мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ амалӣ мегардад.
  2. Мавқеи клиринги пардохтии иштирокчии низоми пардохтӣ метавонад ба таври маҷмўӣ ва (ё) холис муайян карда шавад.
  3. Мавқеи клиринги пардохтӣ ба таври маҷмўӣ ба андозаи маблағи фармоиши алоҳидаи иштирокчии низоми пардохтӣ ё маблағи умумии фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ, ки аз рўи онҳо иштирокчии низоми пардохтӣ пардохткунанда ё маблағгиранда мебошад, муайян карда мешавад.
  4. Баъди ба таври маҷмўӣ муайян кардани мавқеи клиринги пардохтӣ фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ аз ҷониби оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ба маркази ҳисоббаробаркунӣ барои иҷро дода мешаванд.
  5. Мавқеи клиринги пардохтӣ ба таври холис аз рўи андозаи фарқияти байни маблағи умумии фармоишҳои иҷрошавандаи иштирокчиёни низоми пардохтӣ, ки аз рўи онҳо иштирокчии низоми пардохтӣ пардохткунанда мебошад ва маблағи умумии фармоишҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ, ки аз рўи онҳо иштирокчии низоми пардохтӣ маблағгиранда мебошад, муайян карда мешавад.
  6. Баъди ба таври холис муайян кардани мавқеи клиринги пардохтӣ оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ фармоишҳои худ ва (ё) фармоишҳои қабулшудаи иштирокчиёни низоми пардохтиро ба маркази ҳисоббаробаркунӣ барои иҷро месупорад.
  7. Ҳисоббаробаркунӣ дар низоми пардохтӣ дар асоси фармоишҳои оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ аз ҷониби маркази ҳисоббаробаркунӣ бо роҳи дар суратҳисобҳои бонкии иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва (ё) контрагенти марказии клиринги пардохтӣ хориҷ ва дохил намудани маблағҳо ба андозаи муайяншудаи мавқеи клиринги пардохтӣ амалӣ мегардад.
  8. Ҳангоми баста шудани шартнома байни операторони низомҳои пардохтӣ оид ба ҳамкории низомҳои пардохтӣ клиринги пардохтӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо мақсади интиқоли маблағҳо байни низомҳои гуногуни пардохтӣ бо тартиби пешбининамудаи шартнома оид ба ҳамкорӣ байни низомҳои пардохтӣ амалӣ мегардад.

 

Моддаи 22. Таъмини сирри бонкӣ дар низоми пардохтӣ

Таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, операторони низоми пардохтӣ, операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ва агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ вазифадоранд сирри бонкӣ ва тартиби ифшои онро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» риоя намоянд.

 

Моддаи 23. Таъмини ҳифзи иттилоот дар низоми пардохтӣ

Таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, операторони низоми пардохтӣ, операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ва агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ уҳдадоранд ҳифзи иттилоотро оид ба воситаҳо ва усули таъмини амнияти иттилоот,  маълумоти шахсӣ ва дигар иттилооте, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман ҳифз мегардад, таъмин намоянд.

 

Моддаи 24. Низоми идоракунии хавфҳо дар низоми пардохтӣ

  1. Оператори низоми пардохтӣ уҳдадор аст яке аз усулҳои зерини идоракунии хавфҳоро, ки дар низоми пардохтӣ истифода мешавад, муайян намояд:

- идоракунӣ ва арзёбии мустақили хавфҳо дар низоми пардохтӣ аз ҷониби оператори низоми пардохтӣ;

- тақсимоти вазифаҳо оид ба арзёбӣ ва идоракунии хавфҳо байни оператори низоми пардохтӣ, операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ ва иштирокчиёни низоми пардохтӣ;

- супоридани вазифаҳо оид ба арзёбӣ ва идоракунии хавфҳо ба маркази ҳисоббаробаркунӣ аз ҷониби оператори низоми пардохтӣ, ки ташкилоти қарзӣ намебошад.

  1. Тарзҳои идоракунии хавфҳо дар низоми пардохтӣ бо дарназардошти хусусиятҳои ташкили низоми пардохтӣ, усули идоракунии хавфҳо, расмиёти клиринги пардохтӣ ва ҳисоббаробаркунӣ, миқдори интиқолҳои пулӣ ва маблағи онҳо, вақти анҷомёбии ҳисоббаробаркунӣ азҷониби оператори низоми пардохтӣ муайян карда мешавад.

 

Моддаи 25. Таъмини иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ

  1. Тартиби таъмини иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ бо қоидаҳои низоми пардохтӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Қоидаҳои низоми пардохтӣ метавонанд аз ҷониби оператори низоми пардохтӣ ё бо супориши ў аз ҷониби контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ё маркази ҳисоббаробаркунӣ таъсис додани фонди кафолати низоми пардохтиро аз ҳисоби маблағҳои (ҳақгузории кафолатии) иштирокчиёни низоми пардохтӣ пешбинӣ намоянд. Қоидаҳои низоми пардохтӣ, инчунин метавонанд ворид намудани маблағҳои оператори низоми пардохтӣ, контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ва (ё) маркази ҳисоббаробаркуниро ба фонди кафолати низоми пардохтӣ пешбинӣ намоянд.
  3. Фонди кафолати низоми пардохтӣ бо мақсади таъминоти иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ аз ҷониби оператори низоми пардохтӣ ва ё бо супориши ў аз ҷониби контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ё маркази ҳисоббаробаркунӣ истифода мегардад.
  4. Ҳангоми аз ҷониби иштирокчии низоми пардохтӣ иҷро нашудани (ба таври номатлуб иҷро шудани) уҳдадориҳо, ҳақгузории кафолатии ў барои қонеъгардонии талабот аз рўи чунин уҳдадориҳо истифода мегардад.
  5. Ҳангоми нокифоя будани ҳақгузории кафолатии иштирокчии низоми пардохтӣ, ҳақгузориҳои кафолатии дигар иштирокчиёни низоми пардохтӣ бо тартиби пешбининамудаи қоидаҳои низоми пардохтӣ истифода мегарданд. Дар ин ҳолат иштирокчии номбурдаи низоми пардохтӣ уҳдадор аст маблағи ҳақгузориҳои кафолатии истифодашударо ҷуброн карда, инчунин барои истифодаи онҳо фоиз пардохт намояд, агар ин бо қоидаҳои низоми пардохтӣ пешбинӣ шуда бошад.
  6. Ҳангоми қатъ шудани иштирок дар низоми пардохтӣ, ҳақгузории кафолатии иштирокчии низоми пардохтӣ бо тартиб ва муҳлати пешбининамудаи қоидаҳои низоми пардохтӣ баргардонида мешавад.
  7. Фонди кафолати низоми пардохтӣ дар суратҳисоби бонкии алоҳида (минбаъд – суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ), ки ба оператори низоми пардохтӣ, контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ё иштирокчиёни низоми пардохтӣ кушода мешавад, тибқи моддаи 26 Қонуни мазкур ба ҳисоб гирифта мешавад.
  8. Суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон кушода мешавад.

 

Моддаи 26. Суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ

  1. Ҳангоми ба оператори низоми пардохтӣ кушодани суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ, амалиёт аз рўи суратҳисоби мазкур дар асоси фармоишҳои оператори низоми пардохтӣ гузаронида мешавад.
  2. Ҳангоми ба контрагенти марказии клиринги пардохтӣ кушодани суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ, амалиёт аз рўи суратҳисоби мазкур дар асоси фармоишҳои оператори низоми пардохтӣ бе фармоиши контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ё дар асоси фармоиши контрагенти марказии клиринги пардохтӣ бо розигии оператори низоми пардохтӣ гузаронида мешавад.
  3. Ҳангоми ба иштирокчии низоми пардохтӣ кушодани суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ, амалиёт аз рўи суратҳисоби мазкур ё дар асоси фармоишҳои оператори низоми пардохтӣ ё контрагенти марказии клиринги пардохтӣ бе фармоиши иштирокчии низоми пардохтӣ, ки ба ў суратҳисоби мазкур кушода шудааст ё дар асоси фармоишҳои иштирокчии низоми пардохтӣ, ки ба ў чунин суратҳисоб кушода шудааст, бо розигии оператори низоми пардохтӣ ё контрагенти марказии клиринги пардохтӣ гузаронида мешавад.
  4. Ҳангоми ба контрагенти марказии клиринги пардохтӣ кушодани суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ, оператори низоми пардохтӣ ҳуқуқ дорад аз таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки дар он суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ кушода шудааст, оид ба амалиёт аз рўи суратҳисоби мазкур маълумотро дастрас намояд. Ҳангоми ба иштирокчии низоми пардохтӣ кушодани суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ, контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ва оператори низоми пардохтӣ ҳуқуқ доранд аз таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ, ки дар он суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ кушода шудааст, оид ба амалиёт аз рўи суратҳисоби мазкур маълумотро дастрас намоянд.
  5. Ҳангоми кушодани суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ ба контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ё иштирокчии низоми пардохтӣ, шахсе, ки ҳуқуқи додани фармоишро аз рўи ин суратҳисоб тибқи талаботи қисми 2 ва 3 моддаи мазкур дорад, муайян карда мешавад.
  6. Розигии оператори низоми пардохтӣ ё контрагенти марказии клиринги пардохтӣ барои гузаронидани амалиёт аз рўи суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ тибқи қоидаҳои низоми пардохтӣ бо он тартиби дар шартномаи суратҳисоби бонкӣ пешбинигардида дода мешавад.
  7. Оператори низоми пардохтӣ, контрагенти марказии клиринги пардохтӣ, иштирокчии низоми пардохтӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 5 моддаи 25 Қонуни мазкур маблағҳои худро ба суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ мегузаронанд.
  8. Дар ҳолати муфлис эътироф намудани оператори низоми пардохтӣ, контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ва иштирокчии низоми пардохтӣ, маблағҳои суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ ба ҳисоби дороиҳои ситонидашавандаи шахси муфлисшуда гузаронида нашуда, дар ҳаҷми маблағҳое, ки пас аз иҷрои ҳама уҳдадориҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ боқӣ мондаанд, ба шахсони пардохтнамуда баргардонида мешаванд.
  9. Аз рўи қарзҳои оператори низоми пардохтӣ, контрагенти марказии клиринги пардохтӣ, иштирокчии низоми пардохтӣ маблағҳои суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ наметавонанд ҳабс карда шаванд, инчунин амалиёт аз рўи суратҳисоби мазкур низ боздошта намешавад.
  10. Бо асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба боздошти амалиёт аз рўи суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ иҷозат дода намешавад.
  11. Маблағҳое, ки дар суратҳисоби фонди кафолати низоми пардохтӣ мавҷуданд, аз рўи уҳдадориҳои оператори низоми пардохтӣ, контрагенти марказии клиринги пардохтӣ ё иштирокчии низоми пардохтӣ ситонида намешавад.

 

БОБИ 6. НАЗОРАТИ НИЗОМИ ПАРДОХТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 27. Мақсади назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Мақсади асосии назорати низоми пардохтӣ – мусоидат ба фаъолияти босамару мунтазами низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  2. Назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон – фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон оид ба назорати риоя шудани талаботи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, операторони низомҳои пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ мебошад.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон риояи талаботи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва Қонуни мазкур назорат менамояд.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон риояи талаботи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро аз ҷониби операторони низоми пардохтӣ, операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, ки ташкилоти қарзӣ намебошанд (минбаъд – ташкилотҳои назоратшаванда) тибқи Қонуни мазкур амалӣ менамояд.

 

Моддаи 28. Амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ҳангоми амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон амалҳои зеринро анҷом медиҳад:

- ҷамъоварӣ, мураттабсозӣ ва таҳлили иттилоот (аз ҷумла маълумоти ҳисоботҳо), ки ба фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда ва иштирокчиёни низомҳои пардохтӣ, инчунин сохтори ташкилӣ ва фаъолияти низомҳои пардохтӣ дахл дорад;

- арзёбии фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда ва иштирокчиёни низоми пардохтӣ;

- омода намудани таклифҳо оид ба тағйир додани фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда ва иштирокчиёни низоми пардохтӣ аз рўи натиҷаи арзёбӣ;

- санҷиши фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда;

- татбиқ намудани чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ мутобиқи моддаи 30 Қонуни мазкур дар ҳолати аз ҷониби ташкилотҳои назоратшаванда риоя нашудани талаботи Қонуни мазкур ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон шакл ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботро оид ба низоми пардохтӣ ва усули таҳияи ҳисоботи мазкур муайян менамояд.
  2. Ҳангоми амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз ташкилотҳои назоратшаванда ва иштирокчиёни низоми пардохтӣ ҳуҷҷатҳо ва дигар иттилооти заруриро дастрас намояд.
  3. Тартиби амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 29. Тартиби гузаронидани санҷиши ташкилотҳои назоратшаванда

  1. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад на зиёдтар аз як маротиба дар ду сол дар ташкилотҳои назоратшаванда санҷиши нақшавӣ гузаронад.
  2. Ҳангоми халалдор шудани фаъолияти мунтазами низоми пардохтии аҳамиятнок Бонки миллии Тоҷикистон санҷишҳои ғайринақшавӣ мегузаронад.
  3. Ҳангоми гузаронидани санҷиши ташкилоти назоратшаванда намояндагони (хизматчиёни) ваколатдори Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:

- тафтиш намудани ҳуҷҷатҳои ташкилоти назоратшаванда;

- ҳангоми зарурат ҳамроҳ намудани нусхаи ҳуҷҷатҳо ба маводи санҷиш;

- гирифтани тавзеҳоти шифоҳӣ ва хаттӣ доир ба фаъолияти ташкилоти назоратшаванда;

- дастрасии ҷойҳои фаъолияти ташкилоти назоратшаванда;

- дастрасии низомҳои иттилоотии ташкилоти назоратшаванда, аз ҷумла барои гирифтани иттилоот дар шакли электронӣ.

  1. Аз рўи натиҷаи санҷиш намояндагони (хизматчиёни) ваколатдори Бонки миллии Тоҷикистон санади санҷиш тартиб медиҳанд, ки он маълумоти умумӣ оид ба фаъолияти ташкилоти назоратшаванда, иттилоот оид ба камбудиҳои дар рафти санҷиш ошкоргардидаро бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва маълумот оид ба далелҳои мухолифат ба гузаронидани санҷишро дар бар мегирад.
  2. Тартиби гузаронидани санҷиши ташкилотҳои назоратшавандаро Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 30. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ

  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонии дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишударо татбиқ намояд, агар ба он маълум гардад, ки ташкилоти назоратшаванда, кормандони роҳбарикунанда ё кормандони дигари он:

- талаботи Қонуни мазкур, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро риоя накардаанд;

- ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти муқарраршударо сари вақт пешниҳод накардаанд ё онро носаҳеҳу нопурра пешниҳод намудаанд;

- фаъолияти мунтазами низоми пардохтиро таъмин накардаанд.

  1. Ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба ташкилоти назоратшаванда чораҳои ислоҳӣ ё таъсиррасонии зеринро татбиқ намояд:

- ба ташкилоти назоратшаванда оид ба зарурати мувофиқи талаботи муқарраргардида фаъолият намудан дастур диҳад;

- ба ташкилоти назоратшаванда оид ба бартараф намудани камбудиҳо бо нишон додани муҳлати рафъи онҳо амрнома ирсол намояд;

- аз ташкилоти назоратшаванда таҳия ва пешниҳоди нақшаи чорабиниҳоро оид ба рафъи камбудиҳо ва ислоҳи вазъи баамаломада ё маълумотро оид ба чораҳои андешидашуда талаб намояд;

- бо амрнома пешниҳоди хизматрасониҳои амалиётӣ ва клиринги пардохтиро, аз ҷумла ҳангоми ҷалб намудани маркази амалиётии берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда, маҳдуд ё боздошт намояд;

- иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро бозхонд намояд.

  1. Қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
  2. Тартиби татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 31. Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти давлатӣ ҳангоми амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳангоми амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ намояд.

 

Моддаи 32. Ҳамкории байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва мақомоти назораткунандаи дигар дар низоми миллии пардохтии давлатҳои хориҷӣ мутобиқи созишномаҳои (ёддоштҳои тафоҳуми) ҳамкорӣ, ки бо онҳо баста шудааст, амалӣ мегардад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тибқи созишномаҳои (ёддоштҳои тафоҳуми) басташуда бо бонкҳои марказӣ (миллӣ) ё дигар мақомоти назорати низоми миллии пардохтии давлати хориҷӣ бо назардошти талаботи таъмини ҳифзи иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додугирифти иттилоотро дар соҳаи назорати низоми пардохтӣ ба роҳ монад. Бонки миллии Тоҷикистон уҳдадор аст нисбат ба иттилооте, ки аз бонкҳои марказӣ (миллӣ) ё дигар мақомоти назорати низоми миллии пардохтии давлати хориҷӣ гирифта шудааст, талаботи ифшои иттилоотро тибқи созишномаи (ёддошти тафоҳуми) басташуда риоя намояд.

 

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 33. Қоидаҳои гузариш

Ташкилотҳое, ки фаъолияти операторони низомҳои пардохтиро анҷом медиҳанд, уҳдадоранд фаъолияти худро ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ намуда, тибқи моддаи 14 Қонуни мазкур дар давоми  1 (як) сол аз рўзи мавриди амал қарор дода шудани он аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро гиранд.

 

Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 35. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

 

         ш. Душанбе

24 феврали соли 2017

           №1397