ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 320; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 248; с. 2005, № 12, мод. 657; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 1004; с. 2010, № 1, мод. 15)
(Қонунҳои ҶТ аз 10.05.2002, № 31, аз 28.12.2005, № 145, аз 31.12.2008, № 470, аз 12.01.2010, № 591, аз 3.08.2018, № 1541)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷиро муқаррар намуда, ба танзими раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст (ҚҶТ аз 3.08.2018, № 1541).
(ҚҶТ аз 3.08.2018, № 1541)
хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 10.05.2002, № 31).
- муҳоҷирати меҳнати ба хориҷа - сафари ихтиёрии қонунии шаҳрвандони ба таври доими дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ба хориҷи кишвар, инчунин сафари шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванди ба таври доими берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ба қаламрави он барои машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнати;
- муҳоҷирати меҳнатии наздисарҳади - сафари харрӯза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави давлати ҳамсарҳад ва сафари харрӯза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони давлати ҳамсарҳад ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнати, бо шарти истиқомати доими дар ҳудуди давлати таркнамудаашон;
- коргари муҳоҷир - шахсе, ки дар давлати ҷои кор, ба таври доими истиқомат намекунад, шаҳрванди он намебошад, ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ё машғул мешавад;
- коргари наздисарҳади - коргари муҳоҷире, ки ҷои истиқомати муқаррарии худро дар давлати ҳамсарҳад нигоҳ медорад ва ҳар рӯз ё як маротиба дар як ҳафта ба он ҷо бармегардад;
- давлати таркнамуда - давлате, ки коргари муҳоҷир дар қаламрави он ба таври доими истиқомат дорад ва барои машғул шудан ба кори музднок ба давлати дигар сафар мекунад;
- давлати ҷои кор - давлате, ки дар он коргари муҳоҷир ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ва ё машғул мешавад (ҚҶТ аз 10.05.2002, № 31);
- муҳоҷирати меҳнати - муҳоҷирати шахси воқеи аз як кишвар ба кишвари хориҷӣ бо мақсади мардикори (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470);
- муҳоҷирати дохили - ҷойивазкунии бебозгашт, муваққати инчунин мавсимии шахси воқеи дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470);
- муҳоҷири хориҷи - шаҳрвандони хориҷи ё шахси бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққати ё доими омадаанд (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470);
- муҳоҷирати хориҷи - ҳиҷрати шаҳрвандони хориҷи ё шахси бешаҳрванд ба Ҷумхурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққати ё доими (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470);
- муҳоҷирати оилавии хориҷиён - ҳиҷрати гурӯҳи хешовандон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққати ё доими);
- муҳоҷирати коллективонаи хориҷиён - муташаккилона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчида омадани шаҳрвандони хориҷи ва шахси бешаҳрванд (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470);
- муҳоҷирони ғайриқонунии хориҷи - шаҳрвандони хориҷи ё шахси бешаҳрванд, ки мустақилона, бе иҷозати дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд ё онро бо роҳи фиреб гирифтаанд, инчунин ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозати дахлдор омада, вале онро баъди гузаштани мӯҳлати будубош тарк накардаанд (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470, аз 12.01.2010, № 591, аз 3.08.2018, № 1541)
- муҳоҷирон - шахсоне, ки бо мақсади истиқомати доимӣ ба маҳалли пештараи зист, ба ватани аҷдодӣ баргаштаанд (репатриантҳо), инчунин шахсоне, ки бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ бастаанд ё шахсоне, ки кишвари истиқомати доимии худро ихтиёран тарк карда, барои истиқомати доимӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд (ҚҶТ аз 3.08.2018, № 1541);
- муҳоҷирони иҷборӣ - шахсе, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бинобар нисбат ба онҳо содир гардидани зӯровари ва таъкиб, ё вобаста ба нишонаҳои мансубияти нажоди ё милли, эътиқоди дини, забони, мавқеи сиёси, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимои вобаста ба хавфи таҳдиди воқеии таъкиб на танҳо ба худи онҳо, балки ба аъзои оилаи онҳо иҷборан маҳалли истиқомати доимии худро тарк карда, дар қаламрави кишвари хориҷӣ мебошанд (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470).
- маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирон - маҳалли аҳолинишини қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти марказии иҷроия бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдор муайян шудааст ва дар он хонаҳои истиқоматие мавҷуданд, ки барои ҷойгир кардан ва истиқомати муваққатии репатриантҳо, реэмигрантҳо, муҳоҷирони иҷбори ва фирориён мувофиқанд (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470, аз 12.01.2010 № 585);
- репатриатсия - ба ватан бозгашт ё баргардонидани асирони ҳарби, шахси зӯран кӯчонидашуда, фирориён ва муҳоҷирон (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470);
- репатриантҳо - шахси воқеие, ки вобаста ба репатриатсия бармегарданд (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470);
- эмигратсия - ҳиҷрати бебозгашт ё муваққатии шахси воқеи аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари хориҷӣ (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470);
- реэмигрантҳо - ба Ватан баргаштани шахси дар эмигратсия буда (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470);
- эмигрантҳо - шахси воқеие, ки эмигратсия мекунад (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470);
- муҳоҷири экологи - шахсе, ки манзили худро бар асари офатҳои экологи ноилоҷ тарк кардаанд (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470, аз 12.01.2010, № 591);
- муҳоҷирати экологӣ - ҷараёни маҷбурии кӯчидани шаҳрвандон дар ҳудуди давлати худ вобаста ба вайрон гардидани вазъи ҳуқуқии муҳити зист ё фалокатҳои экологӣ (ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591);
- субъектҳои хоҷагидорӣ - шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки фаъолияти хоҷагидориро ба амал мебароранд ва барои фаъолияти бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд (ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591).
- таъмини ҳуқуқии инсон барои интихоби озодии маҳалли истиқомат, озодии меҳнат, интихоби озоди навъи фаъолият ва касб, озодии ҳиҷрат, озодии рафтуомад;
- норавоии ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқ аз рӯи миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди дини, мавқеи сиёси, маълумот, вазъи ҳуқуқии иҷтимои ва молу мулк (ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591);
- иштироки мақомоти дахлдори давлати дар ташкили ба низом овардани равандҳои муҳоҷират;
- иштироки шахсии муҳоҷирон дар ҷобаҷокуни дар маҳалли нави истиқомат бо дастгирии унвонии давлатии ташаббус ва худфаъолияти ҳар як шахс, дар навбати аввал онҳое, ки аз минтақаҳои офати экологи ва табии кӯчонида шудаанд;
- манъи бадарға ё баргардонидани маҷбурии муҳоҷирон ба кишваре, ки онҳо аз он омаданд;
- ҳамкори бо кишварҳои хориҷӣ.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470).
Тартиби амали намудани муҳоҷирати дохили ва муҳоҷирати экологиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
(ҚҶТ аз 3.08.2018, № 1541)
(ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591, аз 3.08.2018, № 1541)
Мақомоти ваколатдори давлатӣ ваколатҳои зайлро дорад (ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591, аз 3.08.2018, № 1541):
1) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратро ҳамоҳанг месозад;
2) ба шаҳрвандони хориҷи ва шахси бешаҳрванд барои анҷом додани фаъолияти меҳнати, иҷозати дахлдор медиҳад (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470);
3) равандҳои муҳочиратро дар кишвар таҳлил ва пешгӯи намуда, аз ин хусус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иттилоъ медиҳад (ҚҶТ аз 3.08.2018, № 1541);
4) ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули квотаҳои муҳоҷирати хориҷи пешниҳод манзур менамояд;
5) дар доираи квотаҳои тасдиқгардида кӯчонидан, қабул ва ҷобаҷокунии репатриантҳо, реэимигрантҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ташкил мекунад;
6) бақайдгири, баҳисобгирии репатриантҳо, реэмигрантҳо ва муҳоҷирони иҷбориро анҷом медиҳад;
7) Дархости хаттии шахсеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиши дарёфти паноҳгоҳи сиёсиро доранд, қабул мекунад ва асноди заруриро ба расмият медарорад (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470);
8) бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷаро амалӣ менамояд (ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591);
9) барои амалӣ гардонидани фаъолияти бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома медиҳад ва ҷиҳати ташкили фаъолият ба субъектҳои хоҷагидорӣ мусоидат намуда, санҷиши фаъолияти онҳоро амалӣ мекунад (ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591);
10) муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонуниро пешгирӣ менамояд, дар ҳолати ошкор намудани вайронкунии қоидаҳои истиқомат аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидани онҳо мавод таҳия мекунад (ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591);
11) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд (ҚҶТ аз 3.08.2018, № 1541).
Моддаи 8. Фиристодани коргарони муҳоҷир барои кор ба хориҷа
- дар давлати ҷои кор мавҷуд будани қонунгузории меҳнати ва иҷтимоии ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷирро ҳифзкунанда;
- иштироки давлати ҷои кор дар созишномаҳои байналмилали, эъломияҳо ва қатъномаҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир иртибот доранд;
- мавҷуд будани шартномаҳои дутарафа ё бисёртарафаи давлати ҷои кор бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир дар хориҷа;
- қабули тадбирҳои амалии мусби оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир аз тарафи давлати ҷои кор (ҚҶТ аз 10.05.2002, № 31).
Аз ҷониби субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани фаъолияти оид ба таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷои кор дар хориҷа ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи (литсензия) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ додашаванда, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" сурат мегирад (ҚҶТ аз 10.05.2002, № 31, аз 28.12.2005, № 145, аз 12.01.2010, № 591, аз 3.08.2018, № 1541).
- мӯҳлати амали он, хусусият ва ҷои кори музднок, шароити меҳнат ва тартиби додани музди он, аз ҷумла барои кори шабона, кор дар рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои ид;
- андозаи мукофотпули, иловапулиҳо ва нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат;
- ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулияти тарафҳо, тартиб ва шароити бекор кардан ё дароз кардани шартномаи (қарордоди) меҳнати;
- ташкили тағйири макон, таъминот бо озуқа, истиқомат, хизматрасонии тиббии коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи ӯ;
- тартиб ва шартҳои суғуртаи иҷтимоии коргари: муҳоҷир;
- тартиби ҷуброни зарари ба саломатии коргари муҳоҷир дар ҷараёни фаъолияти меҳнатии музднокаш расонидашуда ва дигар кафолатҳои иҷтимои.
(ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591)
Тартиби додани иҷозат барои корро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591).
Квотаи муҳоҷирати хориҷи ва ҷалби қувваи кории хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як соли тақвими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (Қонун №31 аз 10.05.02с.)
Коргарони муҳоҷире, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии музднок машғуланд, метавонанд маблағҳои пулии бадастоварда ва пасандозашонро ба ҳудуди давлати таркнамудаашон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил намоянд (ҚҶТ аз 10.05.2002, № 31).
Шахсе, ки муҳоҷири хориҷи эътироф шудааст ва иҷозат барои истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст, аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад, инчунин барои ӯҳдадориҳои пешбиникардаи қонунҳо ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470, аз 12.01.2010, № 591).
(ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470)
- хизмати ҳарбиро дар қисмҳои ҳарбие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, адо намоянд (ҚҶТ аз 3.08.2018, № 1541);
- дар ҳайати намояндагиҳои дипломати ва ташкилотҳои байналмилалӣ бошанд;
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили илм мекарда бошанд ё худ дар истеҳсолот ба коромӯзи машғул бошанд;
- тибқи шартномаҳои байналмилалӣ фаъолияти меҳнатиро анҷом медода бошанд;
- сайёҳ (турист), дар сафари хизмати, муҳоҷирони меҳнатии муваққати (аз ҷумла варзишгарон, дастаҳои варзишгарон, ҳунарпешагон), ки ба тариқи транзит мегузаранд, тоҷирон ё амонатгузорон, сармоядорон бошанд;
- намояндагони воситаҳои ахбори оммавии хориҷи, радио ва телевизион, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон акредитатсия шудаанд, бошанд;
- дар иттиҳодияҳои диние, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қайд гардидаанд, ба фаъолияти касби машғул бошанд;
- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани кӯмаки хайрия ва башардӯстона омада бошанд;
- аъзои сарнишини киштиҳои баҳриву дарёи, нақлиёти ҳавои, роҳи оҳан ва автомобили бошанд.
(ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591)
(ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470)
(ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470)
- баъди гирифтани роҳхат ба маҳалли муваққатии сукунати муҳоҷирон дар давоми як моҳ ба он ҷо ҳозир шавад ва агар ҷои сукунатро мустақилона интихоб карда бошад, барои ин розигии мақомоти корҳои дохилӣ зарур аст (ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591, аз 3.08.2018, № 1541).
- тартиби муқарраргардидаи сукунатро дар маҳалли зисти муваққатии муҳоҷирон риоя намояд;
- бо талаби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муоинаи тиббӣ гузарад, худро эм кунонад, табобат ёбад, ҳамчунин дастурҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустиро ба ҷо оварад (ҚҶТ аз 3.08.2018, № 1541);
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот заруриро барои баррасии ин дархост хабар диҳад (ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591, аз 3.08.2018, № 1541).
(ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470)
Муҳоҷирати коллективонаи хориҷиён мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муташаккилона кӯчонидани шахсе, ки хоҳиши ба тариқи коллективона ба ватани аҷдодиашон баргаштанро изҳор кррдаанд, сурат мегирад (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470).
Тартиби ба расмият даровардани ҳиҷрати муҳоҷирони хориҷи ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад (ҚҶТ аз 3.08.2018, № 1541).
1) агар ӯ зидди сулҳ ва амнияти башар ҷиноят содир карда бошад;
2) агар ӯ хусумати байнидавлати, байналмилли ва диниро барангезад;
3) агар ӯ дидаву дониста муқобили соҳибихтиёри ва истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кунад;
4) агар ӯ барои амали террористӣ ва экстремистӣ маҳкум ё худ барои ҷинояти вазнин ва махсусан вазнини қаблан содиркардааш доғи суди дошта бошад (ҚҶТ аз 3.08.2018, № 1541);
5) агар ӯ ҳангоми пешниҳоди дархост дар хусуси ҳиҷрат дар бораи худ маълумоти бардуруг дода бошад ё ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарда бошад;
6) агар ӯ қаблан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ронда шуда бошад;
7) агар дар вақти будубоши қабли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ӯ ҳодисаҳои вайрон кардани қонунгузори ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида бошад (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470);
8) агар ин барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур бошад.
9) агар амалҳои ӯ ба саломатии аҳолӣ ва тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намоянд (ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591);
10) агар амалҳои ӯ ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавф дошта бошанд (ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591);
11) агар ба фаъолияти террористӣ ё дигар намуди фаъолияти экстремистӣ, хариду фурӯши одамон, силоҳу аслиҳа ва маводи тарканда, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар кирдорҳои ғайриқонунӣ, ки ба мудофиаи давлат, амният ё тартиботи ҷамъиятӣ зарар мерасонанд, иртибот дошта бошад (ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591, аз 3.08.2018, № 1541).
(ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591)
Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки барои истиқомати доимӣ" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати мақоми ваколатдори давлатиро гирифтаанд, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ иҷозат барои истиқомат ва ба шахсони бешаҳрванд бошад, шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд дода мешавад, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591, аз 3.08.2018, № 1541).
(ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591)
1) ба муҳоҷири ғайриқонунии хориҷи;
2) ба шахсе, ки аз ҳабс озод шуданду маҳалли истиқомати доимии онҳо то содир кардани ҷиноят берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470);
3) ба шахсе, ки зидди инсоният ҷиноят содир кардаанд;
4) ба шахси мубталои беморие, ки он метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси сироят гардад (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470, аз 3.08.2018, № 1541);
5) шахсе, ки қонунгузориро дар бораи ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон мекунанд, дар асоси қарори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомотҳои корҳои дохили ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470, аз 3.08.2018, № 1541)
(ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470)
- фарзандон (аз ҷумла писархондҳо), шавҳари (зани) репатриант;
- бародарон ва хоҳарони репатриант;
- набера ва аберагони репатриант;
- оилаҳое, ки фарзандон, наберагон ва аберагони болиғи репатриант бунёд кардаанд. Қарори репатриант эътироф намудани шахсро мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми си рӯзи баъди бақайдгири дархост дар бораи репатриант эътироф намудани шахс қабул мекунад (ҚҶТ аз 12.01.2010, № 591, аз 3.08.2018, № 1541).
1) худашон ва молу мулки онҳоро бепул ба маҳалли истиқомати маваққатии муҳоҷирон ё маҳалли истиқомати доими мерасонад (ҚҶТ аз 3.08.2018, № 1541);
2) ҳифзи давлатии интиқоли маблағи пулиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқи мерос гирифтани онро таъмин менамояд;
3) барои ба кор таъмин шудан, дар сурати ғайриимкон будани таъмин бо кор, сарфи назар аз мӯҳлати истиқомат вобаста ба бекори ба гирифтани кӯмакпули кӯмак мерасонад;
4) пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
5) пардохти кӯмакпулиҳои яквақта, ҷудо намудани қитъаҳои замин ва қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат барои сохтмони манзил ва ташкили хоҷагиҳоро тибқи тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда анҷом медиҳад;
6) мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар имтиёзҳоро фароҳам меорад.
1) аз маълумоти дорои сирри давлати ё дигар навъи сирри тибқи қонун ҳифзшаванда огоҳ, бошад;
2) дар содир кардани ҷиноят ҳамчун гумонбар дастгир ё ба сифати айбдоршаванда ҷалб шуда бошад - то қабул намудани қарор вобаста ба парванда ё эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми суд;
3) барои содир намудани чиноят махкум шуда бошад - то адои мухлати чазо;
4) дар хизмати ҳарбии ҳатми бошад - то анҷоми мӯҳлати адои ин хизмат;
5) ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати ҳиҷрат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидаву дониста дар бораи худ маълумоти бардуруғ дода бошад - то аз ҷониби мақоме, ки чунин аснодро ба расмият медарорад, ҳал гардидани ин масъала, вале на зиёда аз як моҳ;
6) аз иҷрои ӯҳдадориҳое, ки суд ба зиммаи ӯ гузоштааст саркаши кунад - то иҷрои ӯҳдадориҳо;
7) нисбат ба ӯ ба суд даъвои шаҳрванди пешниҳод шуда бошад - то анҷоми истеҳсолоти парванда.
Масъулият барои ғайриқонуни дохил шудани хориҷиён ва шахсони бешаҳрванди ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ғайриқонуни аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
(ҚҶТ аз 3.08.2018, № 1541)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (ҚҶТ аз 31.12.2008, № 470).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов
ш. Душанбе
11 декабри соли 1999
№ 881