ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АВФ ВОБАСТА БА ҚОНУНИГАРДОНИИ МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДЕ, КИ БА ТАВРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАНД
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми якдафъаина оид ба авфро вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди давлатҳои собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, муқаррар менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- авф – аз ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ озод намудани шаҳвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди давлатҳои дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қарордошта (минбаъд – шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд) барои риоя накардани тартиби истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҷавобгарӣ озод намудани шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи истиқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;
- қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд – раванди бақайдгирӣ, додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд;
- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд – шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе раводид (агар тартиби раводидии вуруд ва истиқомат муқаррар гардида бошад), бе бақайдгирии шиносномаҳо дар ҷойи истиқомат, аз рӯи ҳуҷҷатҳои беэътибор, бе ҳуҷҷат қарор доранд;
- муҳлати қонунигардонӣ – муҳлати пешбининамудаи моддаи 3 Қонуни мазкур, ки дар ин давра шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта метавонанд барои қонунигардонии истиқомати худ аз рӯи маҳали зист ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
- шахсони бешаҳрванди дорои гувоҳномаи иқомати дар давлати хориҷӣ додашуда, ки муҳлати эътибори он ба анҷом расидааст, шахсони бешаҳрванде, ки гувоҳномаи иқомати дар давлати хориҷӣ додашударо гум кардаанд ё аз онҳо гувоҳномаи иқомати дар давлати хориҷӣ додашуда гирифта шудааст;
- шахсоне, ки дорои шиносномаи шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ мебошанд ё шиносномаи шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро гум кардаанд ва шаҳрванди давлати хориҷӣ намебошанд, инчунин онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд;
- шахсони дорои шаҳодатномаи таваллуд, ки он аз ҷониби давлатҳои дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қарордошта дода шудааст ё шахсони шаҳодатномаи таваллудро гумкарда, ки шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ намебошанд, инчунин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд;
- шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи шаҳрванди собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, шаҳодатномаи таваллуд) нагирифтаанд ва онҳо шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ намебошанд, инчунин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намераванд;
- шаҳрвандони хориҷие, ки онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мансубият ба давлати хориҷиро надоранд, муҳлати амали ҳуҷҷатҳояшон ба охир расидааст ё ҳуҷҷатҳояшон беэътибор мебошанд;
- шаҳрвандони хориҷие, ки дар ноҳияҳои сарҳадии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаи эътиборноки аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ додашуда қарор доранд, вале онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонанд раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас кунанд, шиносномаҳои хориҷиашонро ба қайд гузоранд ва ҳуҷҷатҳояшонро барои истиқомати доимӣ мондан супоранд.
- маълумоти бардурӯғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод намоянд;
- узви ҳизб ё ташкилоти дигаре бошанд, ки фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман манъ шудааст;
- бо асосҳои дигар таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор дошта ё дар шакли маҳрумӣ аз озодӣ адои ҷазо карда истода бошанд.
Моддаи 3. Муҳлати қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
Муҳлати қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор доранд, се солро аз рӯзи интишори расмии Қонуни мазкур фаро мегирад.
Моддаи 4. Тартиби қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
1.Қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, бо роҳи бақайдгирии онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои ба истиқомати доимӣ мондан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо додани гувоҳномаи иқомат амалӣ карда мешавад.
Моддаи 5. Авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
Моддаи 6. Кафолатҳои давлат нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки мақоми ҳуқуқии худро қонунӣ гардондаанд
Давлат ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандеро, ки мутобиқи Қонуни мазкур мақоми ҳуқуқии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ гардондаанд, кафолат медиҳад.
Моддаи 7. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 8. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
18 декабри соли 2019,
№ 1652