ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АВФ"
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллатро баррасӣ намуда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ба муносибати 25 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» - ро қабул мекунад.
Моддаи 1
Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъйиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда, маҳкумшудагони зерин озод карда шаванд:
- занон;
- ноболиғон;
- мардони аз синни 55 боло;
- маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили фаъоли узвҳои нафас ва дигар узвҳои бадан, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда;
- иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд;
- шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд;
- шаҳрвандони хориҷӣ.
Моддаи 2
Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъйиншуда, аз адои ҷазо озод карда шаванд.
Моддаи 3
Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо ё адои ҷазо озод карда шаванд, агар:
- нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуда бошад;
- нисбати онҳо ҷазо шартан татбиқ накарда шуда бошад;
- онҳо ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истода бошанд;
- онҳо шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шуда бошанд;
- онҳо ба ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шуда бошанд;
- онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисми 3 моддаи 257 ва қисми 2 моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ карда бошанд;
- онҳо барои содир кардани ҷинояти гирифтани пора (моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) ё додани пора (моддаи 320 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) ба маблағи то 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардида бошанд;
- занҳое, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин зиёда аз дувоздаҳ сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо намуда бошанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда;
- онҳо ба синни 70 расида бошанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда, ба истиснои шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 104, 138, 139, қисми 4 моддаи 249 ва моддаи 401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишуда маҳкум шудаанд;
- шаҳрвандони хориҷие, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 1301, 181, қисми 3 моддаи 200, моддаҳои 237, 244, қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 247, моддаҳои 281, 284, 3071, 3072, 3073ва 335 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишуда маҳкум шудаанд.
Моддаи 4
Маҳкумшудагони зерин, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд:
- маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол аз озодӣ маҳрум сохта шудаанд;
- маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд;
- маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд.
Моддаи 5
Моддаи 6
Пешбурди парвандаҳои ҷиноятии зерин, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шавад:
- оид ба ҷиноятҳое, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаҳои 1, 2, сархатҳои ҳафтум, нуҳум, даҳуми моддаи 3 ва қисми 2 моддаи 5 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд;
- нисбати шахсоне, ки бори аввал қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд;
- нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисми 3 моддаи 257 ва қисми 2 моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) - ро содир карда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намудаанд.
Моддаи 7
Муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо амали моддаҳои 1, 2, сархатҳои шашум, ҳафтум, даҳуми моддаи 3, моддаҳои 4 ва 6 Қонуни мазкур татбиқ намегардад, кам карда шавад:
- нисбати маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷинояти беэҳтиётӣ ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст - аз ду як ҳисса;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст - аз ду як ҳисса;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст - аз се як ҳисса;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст - аз чор як ҳисса.
Моддаи 8
Муқаррароти моддаҳои 6 ва 7 Қонуни мазкур нисбат ба шахсони зерин татбиқ карда намешаванд:
- шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 186, 305, 306, 310, қисми 4 моддаи 319 (агар маблағи пора аз 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ зиёд бошад), моддаи 328, қисми 2 моддаи 330, моддаҳои 401 ва 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шудаанд;
- шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд;
- маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст;
- маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳали адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.
Моддаи 9
- барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 61, 62, 63, 64, 65, 66, 67, 68, 69, 70, 74, 104, 105 ва 121 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961);
- барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 2 моддаи 109, қисми 3 моддаи 110, моддаи 122, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, моддаҳои 130, 1301, қисми 3 моддаи 131, моддаҳои 137, 138, 139, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 141, қисми 2 моддаи 142, қисми 2 моддаи 1421, моддаҳои 1431, 167, 179, 1791, 1792, 1793, 181, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 1841, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1842, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1843, моддаҳои 1844, 185, 186, 187, 188, 189, 193, 195, 196, 199, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисми 4 моддаи 201, қисми 3 моддаи 202, қисми 3 моддаи 2021, қисми 3 моддаи 2022, қисми 3 моддаи 203, қисми 4 моддаи 204, қисми 2 моддаи 205, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212, қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 244, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 248, моддаҳои 249, 250, қисми 3 моддаи 252, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 289, моддаҳои 305, 306, 307, 3071, 3072, қисми 1 моддаи 3073, моддаҳои 3074, 308, 309, 310, 313, қисми 3 моддаи 314, қисми 4 моддаи 319 (агар маблағи пора аз 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ зиёд бошад), қисми 2 моддаи 320 (агар маблағи пора аз 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ зиёд бошад), моддаҳои 328, 329, қисми 2 моддаи 330, моддаҳои 331, 332, қисми 3 моддаи 335, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 3351, қисми 2 моддаи 3381, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), қисмҳои 2 ва 3 моддаи 356, моддаи 365, қисми 2 моддаи 368, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 369, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 370, моддаҳои 374, 375, 382, 383, 384, 385, қисми 4 моддаи 386, қисми 4 моддаи 391, моддаҳои 393, 395, 396, 397, 398, 399, 400, 401, 4011, 402, 403, 404 ва 405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998);
- нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд;
- нисбати шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст;
- нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳали адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд;
- нисбати шахсоне, ки ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир кардаанд;
- нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисми 3 моддаи 257 ва қисми 2 моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд.
Моддаи 10
Моддаи 11
Иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи мақомот ва муассисаҳои зерин гузошта шавад:
1) мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ - нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии ин мақомот қарор доранд;
2) судҳо:
- нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо ба судҳо ворид гардидаанд, вале то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур баррасӣ нашудаанд ё баррасӣ гардидаанд, вале ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо накардааст;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ ва фармондеҳии қисмҳои ҳарбие, ки рафтори маҳкумшуда ва хизматчиёни ҳарбиро назорат менамояд, аз ҷониби суди маҳали иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда ва судҳои ҳарбӣ);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳали маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз муҳлат аз ҷазо озод шудаанд ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъйиншуда то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ аз ҷониби суди маҳали иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд (бо пешниҳоди иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст);
3) муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- нисбати шахсоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду ба ҳабс гирифта нашудаанд ва ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст;
- нисбати шахсоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷойи корашон ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамоянд, адо мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ҳамчун ҷазои асосӣ маҳкум карда шудаанд;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҳукми суд нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст ва дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доранд;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд;
4) фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ - нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки нисбаташон пешбурди таҳқиқ ё парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқи қисмҳои ҳарбӣ оғоз карда шудааст.
Моддаи 12
Моддаи 13
Моддаи 14
1) сархатҳои якум ва дуюми моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғон ба шарте татбиқ мегарданд, ки онҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ҷиноят содир карда бошанд ва ҷинояти содиркардаашон ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, қисми 3 моддаи 1301, қисми 3 моддаи 138, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 139, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 185, 186, 187, қисми 4 моддаи 200, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212, моддаҳои 307, 3071, 3072, қисми 1 моддаи 3073, моддаҳои 3074, 308, 309, 310, 313, 395, 396, 397, 398, 399, 400, 401, 4011, 402, 403, 404 ва 405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) ва ҷиноятҳои дар моддаи 8 ҳамин Қонун пешбинишуда набошанд. Инчунин нисбати занон ва ноболиғоне, ки онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисми 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246 ва қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд (ба истиснои ҳолатҳое, ки маблағи зарар то 100 000 (сад ҳазор) сомонӣ бошад), татбиқ карда намешаванд;
2) амали сархати дуюми моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи содир кардани ҷиноят ба синни 18 нарасидаанд;
3) амали сархати сеюми моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати мардоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 55 расидаанд;
4) амали сархати нуҳуми моддаи 3 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 70 расидаанд;
5) сархати чоруми моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур маъюбони гурӯҳҳои I, II ва ё III дониста шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили фаъоли узвҳои нафас ва дигар узвҳои бадан, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV буда, то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраргардида дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта шудаанд;
6) таҳти амали сархати панҷуми моддаи 1 Қонуни мазкур қарор мегиранд:
- иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, ки дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои маҳали зисташон расман ба қайд гирифта шудаанд;
- шахсони бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарардида, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» ба гурӯҳи чунин шахсон дохил карда шудаанд.
Моддаи 15
Моддаи 16
Шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшаванда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.
Моддаи 17
Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин ҷиноятҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур анҷом ёфта бошанд.
Моддаи 18
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин мақомоти дахлдор вазифадоранд:
- барои бо ҷойи кор таъмин кардани шахсоне, ки аз адои ҷазо тибқи Қонуни мазкур озод шуда, ба маҳали зисташон баргаштаанд, чораҷӯӣ намоянд;
- назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни мазкур озодшударо ба падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои дар мактаб-интернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд;
- шахсони озодгардидаи беморро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони бесаробонро дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ҷойгир намоянд.
Моддаи 19
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони аз адои ҷазо озодшударо таъмин намуда, рафтори онҳоро таҳти мушоҳида ва назорат қарор диҳанд.
Моддаи 20
Моддаи 21
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баъди ду моҳи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Моддаи 22
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
25 октябри соли 2019,
№ 1648
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе,
25 октябри соли 2019,
№ 1463