ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЧАРОГОҲ

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ танзим менамояд.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи чарогоҳ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи чарогоҳ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Муқаррар намудани сарҳади чарогоҳ

  1. Сарҳади чарогоҳ байни истифодабарандагони чарогоҳи шаҳрак ва деҳоти ноҳия (шаҳр), шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҳудуди як вилоят, ноҳияҳо (шаҳрҳо) ва вилоятҳо бо назардошти ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, саршумори чорво, теъдоди аҳолӣ ва хоҷагиҳои дар ҳамин воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ фаъолияткунанда муқаррар карда мешавад.
  2. Барои муайян намудани сарҳади чарогоҳ ва ҳалли баҳсҳои байни ноҳияҳо (шаҳрҳо) ва вилоятҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи давлатӣ таъсис дода мешавад. Комиссияи давлатӣ ҳуқуқ дорад гурӯҳҳои корӣ ташкил намояд, ки онҳо масъалаҳои вобаста ба сарҳада чарогоҳ, аз ҷумла чарогоҳи мавсимӣ ва ҳалли баҳсҳои байни ноҳияҳо (шаҳрҳо) ва вилоятҳо ба вуҷудомадаро баррасӣ намуда, ба комиссияи давлатӣ маълумоти дахлдор пешниҳод менамоянд.
  3. Дар асоси пешниҳоди комиссияи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳади чарогоҳҳоро байни ноҳияҳо (шаҳрҳо) ва вилоятҳо тасдиқ менамояд.
  4. Сарҳади истифодабарии чарогоҳҳоро дар ҳудуди ноҳия (шаҳр) ва вилоят комиссияҳои танзими истифодабарии чарогоҳ, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (шаҳр) ва вилоят таъсис дода мешаванд, муайян менамоянд.
  5. Баҳсҳо оид ба сарҳади чарогоҳ дар ҳудуди ноҳия (шаҳр) байни истифодабарандагони чарогоҳ аз ҷониби комиссияҳои танзими истифодабарии чарогоҳ баррасӣ карда мешаванд.

Моддаи 4. Принсипҳои истифодабарии чарогоҳ

Принсипҳои истифодабарии чарогоҳ инҳоянд:

Моддаи 5. Тартиби идоракунии чарогоҳ

  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба исшфодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятӣ давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал дар доираи салоҳият ва ваколатҳои худ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чарогоҳро идора менамоянд.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ бо назардошти саршумори чорво ва иқлими минтақаҳои кишвар ҳудуди чарогоҳи мавсимиро муайян менамояд ва нақшаи тақсимоти онро байни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
  3. Чарогоҳи ба сифати чарогоҳи мавсимӣ ҷудогардидаро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва заминҳои фонди давлатии ҷангалро мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал дар ҳудуди худ идора мекунанд.
  4. Барои таъмини идоракунии чарогоҳ чорабиниҳои зерин гузаронда мешаванд:

Моддаи 6. Намудҳои чарогоҳ

Чарогоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъинот, мавсими истифодабарӣ ва мавқеи ҷойгиршавӣ ба намудҳои зерин ҷудо карда мешавад:

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТИФОДАБАРӢ ВА ҲИФЗИ ЧАРОГОҲ

Моддаи 7. Танзими давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ

  1. Танзими давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ бо мақсади таъмини манфиатҳои ҳуқуқӣ, экологӣ, иқтисодию иҷтимоии давлат ва ҷомеа анҷом дода мешаванд.
  2. Тартиб, қоида ва меъёрҳои танзими давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
  3. Танзими давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатии танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба замин ва ҳифзи муҳити зист, дигар мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ менамояд.

Моддаи 12. Мониторинги давлатии чарогоҳ

Мониторинги давлатии чарогоҳ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ, мақомоти ваколатдори давлатии танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба замин ва ҳифзи муҳити зист тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад.

Моддаи 13. Дастгирии давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ

Дастгирии давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

БОБИ 3. ИСТИФОДАБАРӢ ВА ИҶОРАИ ЧАРОГОҲ

Моддаи 14. Ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ

  1. Ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, он ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
  2. Ҳуқуқи маҳдуди истифодабарии чарогоҳ метавонад бо розигии тарафҳо муқаррар карда шавад. Дар мавриди зарурат ҳуқуқи маҳдуди истифодабарии чарогоҳ дар асоси карори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо, ноҳияҳо ё суд муқаррар карда мешавад.

Моддаи 15. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандагони чарогоҳ

  1. Истифодабарандагони чарогоҳ ҳуқуқ доранд:
  1. Истифодабарандагони чарогоҳ уҳдадоранд:

Моддаи 16. Тартиби ба истифодабарӣ додани чарогоҳ

  1. Чарогоҳ барои истифодабарӣ аз ҳисоби заминҳои захираи давлатӣ, заминҳои фонди давлатии ҷангал, маҳалҳои аҳолинишин, инчунин аз заминҳои таъиноти кишоварзӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
  2. Чарогоҳ барои истифодабарии бемуҳлат ва муҳлатнок дода мешавад.
  3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), хоҷагиҳои дигари кишоварзӣ ва ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ бо назардошти саршумор ва намудҳои чорво ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани чарогоҳ бо дархост муроҷиат менамоянд.

             Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ мансубанд:

Моддаи 9. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) ваколатҳои зеринро дорад:

           Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ ваколатҳои зеринро доранд:

Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ ваколатҳои зеринро доранд:

Моддаи 17. Нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ

  1. Истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ дар асоси нақшаҳои солона ва миёнамуҳлат ба роҳ монда мешавад.
  2. Нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ самтҳои зеринро дар бар мегиранд:

- харитаҳо, ки дар онҳо сарҳади чарогоҳ ва истифодабарандагони он замини фонди давлатии ҷангал, замини захираи давлатӣ, роҳҳои чорвогузар, майдонҳои обдиҳӣ ва объектҳои дигари инфрасохтории чарогоҳ, ҳолат ва сифати қитъаҳои чарогоҳ муайян карда шудаанд;

  1. Нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ аз ҷониби комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ таҳия гардида, бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
  2. Иҷрои нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарии чарогоҳ аз ҷониби истифодабарандагони чарогоҳ ҳатмӣ мебошад.

Моддаи 18. Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ

  1. Ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
  1. Қарор дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
  2. Баҳсҳое, ки дар натиҷаи қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ ба миён меоянд, бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

Моддаи 19. Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ

  1. Истифодабарандагони чарогоҳ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба истифодабарии чарогоҳ метавонанд ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳро ташкил намоянд.
  2. Ба ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ аъзо шуда метавонанд.
  3. Ҷамъияти исгафодабарандагони чарогоҳ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо дархост муроҷиат намуда, чарогоҳро тибқи шартнома ба иҷора мегирад ва истифодабарии оқилонаи онро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
  4. Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ дар асоси оиннома ва шартномаи аъзои он, нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарии чарогоҳ фаъолият менамояд. Роҳбари ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ аз ҷониби аъзои он интихоб карда мешавад.
  5. Роҳбари ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

Моддаи 20. Комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ

  1. Бо мақсади таъмини истифодабарии оқилона ва ҳифзи чарогоҳ бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (шаҳр) ва вилоят комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ таъсис дода мешавад.
  2. Ба ҳайати комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ намояндагони ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақоми ваколатдори давлатии танзимкунандаи муносибатҳои вобасга ба замин дар маҳал дохил мешаванд.
  3. Комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ ваколатҳои зеринро дорад:

Моддаи 21. Ба иҷора додани чарогоҳ

  1. Чарогоҳ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора дода мешавад.
  2. Ҳукуқи истифодабарии чарогоҳ аз ҷониби иҷорагирандагони чарогоҳ баъд аз бастани шартномаи иҷора ва ба қайди давлатӣ гирифтани он ба миён меояд.

Моддаи 22. Шартномаи иҷораи чарогоҳ

  1. Шартномаи иҷораи чарогоҳ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад.
  2. Дар шартномаи иҷораи чарогоҳ ғайр аз маълумоти пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зерин нишон дода мешавад:
  1. Муҳлати ба иҷора додани чарогоҳ дар асоси нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати истифодабарии чарогоҳ муайян карда мешавад.

Моддаи 23. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иҷорагирандагони чарогоҳ

  1. Иҷорагирандагони чарогоҳ ҳукуқ доранд: чарогоҳро мувофиқи мақсад ва шартҳои дар шартномаи иҷора муайяншуда истифода баранд;
  1. Иҷорагирандагони чарогоҳ ухдадоранд:
  1. Иҷорагирандагони чарогоҳ истифодабарии чарогоҳро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

Моддаи 24. Пардохти маблағ барои истифодабарии чарогоҳ

  1. Пардохти маблағ барои истифодабарии чарогоҳ аз пардохти андози замин ва маблағи иҷора барои истифодабарии чарогоҳ иборат мебошад.
  2. Истифодабарандагони чарогоҳ вобаста ба истифодабарии намуди чарогоҳ тибқи тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз месупоранд.
  3. Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки чарогоҳро ба иҷора гирифтаанд, инчунин истифодабарандагони фаръии чарогоҳ маблағи иҷораро барои . истифодабарии чарогоҳ мутобиқи меъёри муқаррарнамудаи шартномаи иҷора пардохт менамоянд.
  4. Маблағи иҷора барои истифодабарии чарогоҳ вобаста ба намуди чарогоҳ, саршумор ва намуди чорво муқаррар ва тағйир дода мешавад.
  5. Андозаи пардохти маблаги иҷораи чарогоҳ ҳар сол аз тарафи комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо назардошти намуди чарогоҳ, меъёрҳои ғунҷоиши чарогоҳ, саршумор ва намуди чорво, инчунин меъёри заминавии андози замин муайян ва барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (шаҳр) пешниҳод карда мешавад. Андозаи ҳадди ақалли пардохти маблағи истифодабарии чарогоҳ аз андозаи меъёри дукаратаи заминавии андоз зиёд буда наметавонад.
  6. Андозаи пардохти маблағи истифодабарии чарогоҳ барои мақсадҳои дигар вобасга ба намуд ва арзиши иқтисодии захираи чарогоҳ тибқи шартнома муайян карда мешавад.
  7. Маблағи иҷораи чарогоҳ ба буҷетҳои маҳаллӣ дохил гардида, дар асоси нақшаҳои солона ва миёнамуҳлати исгафодабарии чарогоҳ барои беҳтаргардонии ҳолат ва рушди объектҳои инфрасохтории чарогоҳ исгафода бурда мешавад.

БОБИ 4. ҲИФЗ ВА БЕҲТАРГАРДОНИИ ҲОЛАТИ ЧАРОГОҲ

Моддаи 25. Чорабиниҳо оид ба ҳифзи чарогоҳ

  1. Ҳифзи чарогоҳ аз низоми ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва тадбирҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон иборат буда, ба таъмини истифодабарии босамар, беҳтаргардонии ҳолат, нигоҳ доштани иқтидор ва афзун намудани ҳосилнокии он равона мегардад.
  2. Ҳифзи чарогоҳ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ва сохторҳои маҳаллии он, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, истифодабарандагон ва иҷорагирандагони чарогоҳ амалӣ гардонда мешавад.
  3. Ҳифзи чарогоҳ бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:
  1. Дар ҳудуди чарогоҳ анҷом додани корҳои сохтмонӣ, истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул (рег, шағал, хок, санг, манбаъҳои об), кушодани роҳҳои алоқа, ки ба истифодабарии чарогоҳ ва ташкили фаъолияти хоҷагидорӣ алоқаманд намебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 26. Беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ

  1. Беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ бо роҳи зиёд кардани ҳосилхезии замин, обёрӣ, кишт ва парвариши растаниҳои бисёрсолаи серҳосил дар чарогоҳ, ташкили корҳо оид ба мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва тадбирҳои дигар амалӣ карда мешавад.
  2. Гузарондани чорабиниҳоро оид ба беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳ мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, истифодабарандагон ва иҷорагирандагони чарогоҳ таъмин менамоянд.

Моддаи 27. Тадқиқоти геоботаникӣ ва гуногунии биологии чарогоҳ

  1. Тадқиқоти геоботаникӣ ва гуногунии биологии чарогоҳ бо мақсади муайян намудани хусусиятҳои табиию хоҷагидорӣ, баҳисобгирии нишондиҳандаҳои миқдорию сифатӣ, арзёбии ҳолати воқеии чарогоҳ барои истифодабарӣ, амалигардонии тадбирҳои беҳтаргардонии ҳолат ва ҳифзи он гузаронда мешаванд. Дар ҷараёни тадқиқоти геоботаникӣ ва гуногунии биологӣ хусусиятҳои зерини чарогоҳ барои истифодабарӣ муайян карда мешаванд
  1. Маводи тадқиқоти геоботиникӣ ва гуногунии биологии чарогоҳ барои амалӣ намудани тадбирҳои зерин истифода мешаванд:

Моддаи 28. Иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини ҳифзи чарогоҳ

  1. Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини ҳифзи чарогоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
  2. Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд бевосита ва (ё) ба воситаи намояндагони худ оид ба ҳолати воқеии чарогоҳ маълумот гиранд.
  3. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд бевосита ва (ё) ба воситаи намояндагони худ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар омода ва қабул намудани қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои ҳифзи чарогоҳ иштирок намуда, иҷрои онро назорат кунанд.
  4. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор уҳдадоранд амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандонро, ки дар қисмҳои 1-3 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, таъмин кунанд.
  5. Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар бораи масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва мақомоти судӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии вобаста ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ бо ариза, дархосту пешниҳодҳо муроҷиат намоянд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 29. Ҳамкории байналмилалӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ

Ҳамкории байналмилалӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи чарогоҳ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳургш Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013, №951, «Дар бораи чарогоҳ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. 194) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

               Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Эмомали Раҳмон

 

        ш.Душанбе

20 июни соли 2019

          № 1618