ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ВОРИД НАМУДАНИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии раванди берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро муайян намуда, ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ равона гардидааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ, новобаста ба шакли моликият, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, мансубанд:
  1. Берун баровардан ва ворид намудани силоҳе, ки сарвати таърихию фарҳангӣ маҳсуб меёбад, инчунин сарватҳои таърихию фарҳангии дорои металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Доираи амали Қонуни мазкур гардиши маснуоти муосири армуғонӣ ва ашёи таъиноти фарҳангии истеҳсоли силсилавӣ ва оммавиро фаро намегирад.

Моддаи 4. Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун баровардани онҳо манъ аст.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангии зерин, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, манъ аст:

Моддаи 5. Сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки ворид намудани онҳо манъ аст.

  1. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангие, ки мавриди кофтуков ё баҳси судӣ қарор доранд, ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, манъ аст. Сарватҳои таърихию фарҳангии ғайриқонунӣ ба ҳудуди кишвар воридгардида тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда, барои экспертизаи давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.
  2. Ворид намудани маводи дорои мазмуни фаҳшу бадахлоқона, ашёи дигар дар намуди сарватҳои таърихию фархангӣ, ки бо мақсади тағйир додани сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзӣ, тарғиби ҷанг, терроризм, экстремизм, зӯроварӣ, нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ истифода мешаванд, манъ аст.

Моддаи 6. Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки берун бароварда мешаванд

Аз ҷониби молики сарватҳои таърихию фарҳангӣ гузашт намудани салоҳият нисбат ба соҳибият, истифодабарӣ, фурӯш ва ихтиёрдории сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки он боиси ғайриқонунӣ берун баровардан ва ворид намудани онҳо мегардад, манъ аст.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ВОРИД НАМУДАНИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

Моддаи 7. Танзими давлатии берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

  1. Танзими давлатии берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) ва мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ амалӣ менамоянд.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ:
  1. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тибқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро назорат мекунад.
  2. Тартиби берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ (аз ҷумла муваққатан) ва ташкил кардани экспертизаи давлатии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаррар менамояд.

Моддаи 8. Шӯро оид ба ҳифз ва мубодилаи байналмилалии сарватҳои таърихию фарҳангӣ

  1. Бо мақсади мусоидат намудан ба танзими меъёрию ҳуқуқии масъалаҳо оид ба берун баровардан, экспертиза ва арзёбии сарватҳои таърихию фарҳангии берун баровардашаванда, ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, рушди ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ, дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ Шӯро оид ба ҳифз ва мубодилаи байналмилалии сарватҳои таърихию фарҳангӣ (минбаъд Шӯро) таъсис дода мешавад.
  2. Шӯро аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, мутахассисони осорхонаҳо, китобхонаҳо, ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки дар соҳаи фарҳанг фаъолият мекунанд, коллексионерони сарватҳои таърихию фарҳангӣ, бостоншиносон, ходимони театр, илм ва фарҳанг, коршиносон, фарҳангшиносон таъсис дода мешавад.
  3. Низомномаи Шӯро аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешанад.
  4. Шӯро дар доираи ваколатҳои худ вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

Моддаи 9. Экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ

  1. Сарватҳои таърихию фарҳангии берун баровардашаванда, аз ҷумла муваққатан берун баровардашаванда, аз экспертизаи давлатӣ гузаронда мешаванд.
  2. Экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо мақсади зерин гузаронда мешавад:
  1. Муҳлати гузарондани экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ 15 рӯзи тақвимӣ муқаррар карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи тартиби гузарондани экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ.
  2. Пешниҳод накардани ашёи берун баровардашаванда ба экспертизаи давлатӣ асос барои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ қабул кардани қарор дар бораи иҷозат надодан барои берун баровардани он мебошад.
  3. Ҳангоми берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ, агар дар натиҷаи экспертизаи давлатӣ барои дохил намудани ашёи пешниҳодшуда ба Рӯйхати сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки берун баровардани онҳо манъ аст, инчунин барои ворид намудани онҳо ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ асос пайдо гардад, ашёи мазкур аз муроҷиаткунанда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда, ба мақоми ваколатдори давлатӣ супорида мешавад.
  4. Зарари моддии молик ҳангоми аз ӯ гирифтани ашёи ба Рӯйхати сарватҳои таърихию фарҳангӣ дохилшуда, ки берун баровардани онҳо манъ аст, инчунин ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид гардидааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
  5. Баҳсҳо оид ба натиҷаҳои экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

Моддаи 10. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

  1. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бе пешниҳоди шаҳодатномаи дахлдор манъ аст.
  3. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби муаллиф, новобаста ба он, ки ӯ барои истиқомати муваққатӣ ё доимӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунад, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.
  4. Берун баровардани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони мукофотонидашуда дар асоси пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мукофотонидан амалӣ карда мешавад.
  5. Ворисони шахсони фавтидаи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозшуда, ки барои истиқомати доимӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, ҳуқуқ доранд танҳо ҳуҷҷатҳо дар бораи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардондани ин шахсонро бо худ баранд.
  6. Берун баровардани сарватҳое, ки мавриди кофтуков қарор доранд, танҳо бо мақсади ба моликони қонуниашон баргардондани онҳо амалӣ мегардад, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 11. Муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

  1. Сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зерин мувакқатан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун бароварда мешаванд:
  1. Муҳлати дар хориҷи кишвар карор гирифтани сарватҳои таърихию фарҳангии мувақкатан берун баровардашуда набояд аз шаш моҳ зиёд бошад.
  2. Қарор дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ дар асоси натиҷаи экспертизаи давлатӣ қабул гардида, ба дархосткунанда шаҳодатномаи дахлдор бо уҳдадории баргардондани онҳо дар муҳлати муқарраргардида дода мешавад.
  3. Бе пешниҳоди шаҳодатномаи дахлдор мувакқатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ манъ аст.

Моддаи 12. Рад намудани дархости муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

Дархост оид ба муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо асосҳои зерин рад карда мешавад:

- дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доштани ашёи берун баровардашаванда;

 - мавҷуд набудани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишваре, ки ба он сарватҳои таърихию фарҳангӣ бароварда мешаванд.

Моддаи 13. Муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

  1. Муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Барои ба ҳудуди Ҷумхурии Тоҷикистон муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ шаҳодатномаи дахлдори мақомоти ваколатдори давлатии кишваре, ки ин сарватҳо дар ҳудуди он ба вуҷуд омадаанд, пешниҳод карда мешавад.
  3. Мансуб будани ашёи воридшаванда ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз рӯи натиҷаи экспертизаи давлатӣ муайян карда мешавад.

Моддаи 14. Ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан берун баровардашуда

Ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангие, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан берун бароварда шудаанд, аз ҷониби шахсони онҳоро ба берун бароварда ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишвари қабулкунанда таъмин карда мешавад.

Моддаи 15. Кафолати ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан воридшуда

Додани кафолати ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 16. Фурӯши сарватҳои таърихию фарҳангӣ

  1. Фурӯши сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун баровардани онҳо манъ аст, танҳо баъди ба тариқи хаттӣ огоҳ намудани мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
  2. Ба фурӯш гузоштани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба тариқи музояда дар асоси розигии хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Моддаи 17. Транзит ва ирсол намудани сарватҳои таърихию фархангӣ тавассути шуъбаҳои алоқа

  1. Ҳангоми транзити сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуҷҷатҳои дахлдори муайяннамудаи мақомоти мазкур пешниҳод карда мешаванд.
  2. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо роҳи ирсол намудани онҳо тавассути шуъбаҳои алока тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 18. Баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

  1. Давлат тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангии дуздидашуда ва ё ғайриқонунӣ берун баровардашуда чораҳо меандешад.
  2. Нисбат ба талабот онд ба баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангии аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ баровардашуда муҳлати даъво татбиқ намегардад.

Моддаи 19. Тартиби истифодаи сарватҳои таърихию фарҳангии мусодирашуда

  1. Сарватҳои таърихию фарҳангии аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусодирашуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади нигоҳдорӣ, гузарондани экспертизаи давлатӣ дода шуда, рӯйхати онҳо ба воситаҳои ахбори омма барои нашр супорида мешавад.
  2. Дар сурати бо тартиби судӣ муқаррар намудани ҳуқуқи моликият ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ онҳо ба моликон ё намояндагони қонунии онҳо баргардонда мешаванд. Хароҷоти вобаста ба нигоҳдорӣ ва гузарондани экспертизаи давлатӣ аз ҷониби моликон пардохт карда мешаванд, агар бо қарори суд тартиби дигар пешбинӣ карда нашавад.
  3. Дар ҳолати тибқи санади судӣ ба моликияти давлат гузарондани сарватҳои таърихию фарҳангии мусодирашуда онҳо бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ барои нигоҳдории доимӣ ба хазинаҳои давлатии осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо ё ташкилотҳои дигар супорида мешаванд.

Моддаи 20. Боҷу пардохтҳо ҳангоми берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

Боҷу пардохтҳо ҳангоми берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд.

БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 22. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 511; с. 2008, №12, қ.2, мод. 1014; с. 2014, №12, мод. 825) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе

4 апрели соли 2019

№1593