Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 апрели соли 2018, № 1069
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 майи соли 2018, № 542
ҷонибдорӣ карда шуд.
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаракат дар роҳро муайян намуда, ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ равона гардидааст.
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- бехатарии ҳаракат дар роҳ - маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ равона гардидаанд;
- воситаи нақлиёт - воситае, ки барои бо роҳҳо интиқол додани одамон, бор ё таҷҳизоти дар болои он васлшуда таъйин шудааст;
- воситаҳои ташкили ҳаракат дар роҳ - маҷмӯи воситаҳои танзимкунанда, иншоот ва тасвирҳо дар роҳ, ки барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ (аломатҳо ва нишонаҳои роҳ, чароғаки роҳнамо, иҳотаҳои роҳ ва воситаҳои самтдиҳанда) истифода мешаванд;
- истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард - шахсоне, ки иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошанд, инчунин, дар роҳҳои автомобилгард ба фаъолияти иҷозатдодашуда машғуланд, ба ғайр аз фаъолияти роҳдорӣ ва корҳои роҳсозӣ;
- иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард - шахсоне, ки аз роҳҳои автомобилгард ва ҷойҳои дигаре, ки барои аз як ҷой ба ҷои дигар расондани одамон ва интиқоли бор тавассути воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд, истифода бурда, дар раванди ҳаракат ҳамчун ронанда, пиёдагард, мусофир, велосипедрон, чорворон, аробакаш ва шахсони дигар бевосита иштирок менамоянд;
- роҳ - қисми замин ё сатҳи иншооти сунъии ободкардашуда, ё мувофиқашуда, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон истифода мешавад;
- таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ - маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, таълимӣ, назоратӣ, ташвиқотию тарғиботӣ, муҳандисию техникӣ ва чораҳои дигаре, ки ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва сабук гардондани вазнинии оқибатҳои он равона шудаанд;
- ҳаракат дар роҳ - маҷмӯи муносибатҳое, ки дар раванди ҷойивазкунии одамон ва бор тавассути воситаҳои нақлиёт ё бе онҳо дар ҳудуди роҳҳои автомобилгард ба вуҷуд меоянд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Идоракунии давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти давлатии дахлдор сурат мегирад.
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ мансубанд:
- пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- тасдиқ намудани қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техникӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ; - тасдиқ намудани барномаи давлатии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- муқаррар намудани тартиби ягонаи ташкили ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он;
- муқаррар намудани талабот оид ба тармим ва ҳолати техникии воситаҳои нақлиёте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд;
- таъсиси комиссияи ҳукуматӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- муайян намудани фармоишгари давлатӣ оид ба тайёр намудани санадҳои расмӣ (бланкаҳо);
- муайян намудани тартиби додани иҷозатнома ва сертификат барои амалисозии фаъолияти вобаста ба истеҳсол, таъмир ва истифодаи воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбар, тайёр кардани ронандаҳо ва намудҳои дигари фаъолият, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ таъсир мерасонанд;
- муайян намудани меъёрҳои суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт, ронандаҳо ва мусофирон;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- аз мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, гирифтани маълумоти дахлдор дар хусуси ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, ҳолати нигоҳдории роҳҳо ва маълумоти дигари вобаста ба бехатарии ҳаракат дар роҳҳо;
- бо тартиби муқарраргардида амалӣ намудани ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- иҷрои вазифаҳои фармоишгари давлатӣ оид ба тайёр намудани гувоҳнома дар бораи хатми курсҳои таълимӣ оид ба тайёр кардани ронандагони воситаи нақлиёт, асноди ронандагӣ ва бақайдгирӣ (бланкҳои шаҳодатномаҳои ронандагӣ, иҷозатномаҳои муваққатӣ, шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ, талонҳои муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ, талонҳои сабти қоидавайронкунӣ ба шаҳодатномаҳои ронандагӣ, шаҳодатномаҳои бақайдгирӣ, талонҳои бақайдгирӣ), рақамҳои бақайдгирӣ ва асноди дигари муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- додани иҷозат ва иҷозатнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ;
- пешбурди низоми ягонаи баҳисобгирии нишондиҳандаҳои омории бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- ҷорӣ намудани технологияи муосир оид ба назорати бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- тадқиқ ва арзёбии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт;
- пешбурди низоми иттилоотию ҷустуҷӯӣ, баҳисобгирии ронандаҳо, воситаҳои нақлиёт, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии соҳа, ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва оқибати онҳо;
- амалисозии назорати фаъолияти истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, воситаҳои нақлиёт тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маҳдуд ва манъ кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, муайян намудани меъёру қоидаҳои дигаре, ки фаъолиятро оид ба таъмини бехатарӣ дар роҳ муқаррар мекунанд;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дохил мешаванд:
- татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ;
- таъмини бехатарии корҳо оид ба сохтмон, тармим, таъмир ва таъмини воситаҳои техникии ҳаракат дар роҳҳои таъиноти маҳаллӣ, кӯчаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ваколатҳои соҳибони роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Ба ваколатҳои шахсони ҳуқуқие, ки соҳибони воситаҳои нақлиёт мебошанд, дохил мешаванд:
- таъсис додани шабакаи муассисаҳои таълимӣ оид ба тайёр кардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ва такмили ихтисоси онҳо;
- таҳия ва татбиқи чораҳои таъмини тиббии бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- таҳия ва татбиқи чораҳои ҳифзи муҳити зист аз таъсири зараровари воситаҳои нақлиёт;
- баҳисобгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар роҳ, таҳлили сабабҳо ва шароити ба амал омадани онҳо;
- ташкил ва маблағгузории чораҳои пешгирӣ намудани маъюбшавӣ вобаста ба ҳодисаҳои роҳу нақлиёт;
- ҷуброни зарари дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт бо айби онҳо расондашуда, инчунин пардохти кумакпулии якдафъаина ба шахсони дар ин ҳодисаҳо зарардида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъсиси хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳалли масъалаҳои истифодаи воситаҳои нақлиёт дар вазъияти фавқулода.
Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ҳуқуқ доранд:
- бо шароити бехатар ва самараноки ҳаракат дар роҳ таъмин карда шаванд;
- оид ба шароити бехатари ҳаракат дар роҳ, сабабҳои ҷорӣ намудани маҳдудият ё қатъ кардани ҳаракат дар роҳ, вазн ва суръати ҳаракати иҷозатдодашуда, кор ва хизматрасонӣ вобаста ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ аз мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки танзим ва идораи давлатиро дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва таъмини бехатарии онро иҷро менамоянд, маълумот ба даст оранд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба амали (беамалии) кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ шикоят намоянд;
- аз роҳҳо бемамониат истифода баранд, агар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
- аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ уҳдадоранд:
- талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳаракат дар роҳро риоя намоянд;
- барои ҳаракат дар роҳ шароити бехатар муҳайё кунанд, бо амали (беамалии) худ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ монеа эҷод накунанд ё зарар нарасонанд;
- зарари расондашударо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд.
Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибони воситаҳои нақлиёт уҳдадоранд:
- интихоб, такмили ихтисос ва маҳорати касбии ронандагонро таъмин карда, вазъи саломатӣ, риояи низоми кор ва истироҳати онҳоро таҳти назорат қарор диҳанд;
- ба идоракунии воситаҳои нақлиёт шахсонеро, ки шаҳодатномаи идора кардани категорияи (зеркатегорияи) воситаи нақлиётро надоранд, бемор мебошанд, дар муҳлати муқарраршуда аз муоинаи тиббӣ нагузаштаанд, дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда қарор доранд, роҳ надиҳанд;
- истифодаи воситаҳои нақлиёте, ки ҳолати техникӣ ва таҷҳизоташон ба талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷавобгӯ нестанд, ҳамчунин бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта нашудаанд ё аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ нагузаштаанд, иҷозат надиҳанд;
- ҳолати зарурии техникии воситаҳои нақлиётро таъмин намоянд;
- ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар роҳро ба ҳисоб гиранд, сабабу ҳолатҳои рӯй додани онҳоро таҳлил ва барои бартараф намудани онҳо чораҳо андешанд;
- бо мақоми ваколатдори давлатӣ хатсайри воситаҳои нақлиёте, ки бори хатарнок, вазнин ва калонҳаҷмро мекашонанд, тартиби кашола карда бурдани ду ва беш аз он воситаи нақлиёт ва тағйир додани таҷҳизоти воситаи нақлиётро мувофиқа намоянд.
Тартиби тасниф ва истифодаи роҳҳои (кӯчаҳои) автомобилгардро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти роҳсозию роҳдорӣ уҳдадоранд барои таҷҳизонидани кӯчаҳо, роҳҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бо иншооти хизматрасонӣ, воситаҳои алоқаи таъҷилии мувофиқ ба меъёрҳои тасдиқгардидаи лоиҳакашӣ, нақшаҳои сохтмон ва нақшаҳои асосӣ тадбирҳо андешанд.
Тартиби муваққатан маҳдуд ё манъ намудани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Сохти (конструксияи) воситаҳои нақлиёт бояд ба талаботи қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳои амалкунанда, инчунин дараҷаи меъёрҳои муқарраргардидаи партови маводи ифлос- кунандаи ҳаво мутобиқат намояд.
Ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти мавриди истифода қарордошта, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи муҳити зист дахл дорад, бояд ба қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳои бо тартиби муқарраргардида тасдиқшуда мувофиқ бошанд.
Истифодабарии воситаҳои нақлиёт дар ҳолатҳои зерин манъ карда мешавад:
1) Бо кушода гирифтани рақамҳои бақайдгирии давлатӣ:
- ҷой доштани носозиҳои техникӣ ва шартҳое, ки номгӯи онҳо дар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муқаррар карда шудааст;
- бе иҷозати дахлдор аз нав таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт;
- нагузаштан аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ;
- бе иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ ба воситаҳои нақлиёт насб кардани садонишонакҳои (сигналҳои) махсуси овозӣ ё нурафкан;
2) Боздоштани воситаи нақлиёт бо ҷойгир намудани он дар истгоҳи махсус дар мавридҳои:
- идора кардани воситаҳои нақлиёт аз тарафи шахсон дар ҳолати мастӣ, инчунин надоштани ҳуҷҷатҳо оид ба ҳуқуқи идоракунӣ ё истифодабарии воситаи нақлиёт ё гузаштани муҳлати амали онҳо;
- идоракунии воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохти воситаҳои нақлиёт аз тарафи корхонаи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқаррарнамудаи стандартҳои давлатӣ мутобиқат намекунад, идоракунии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои оинагӣ, ба истиснои пардачаҳо дар шишаҳои автобусҳо, (микроавтобусҳо), инчунин ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ ва воситаҳои нақлиёти хизматии шахсони мансабдоре, ки рӯйхати онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
- идоракунии воситаҳои нақлиёте, ки рақамҳои қисму агрегатҳояшон ё рақамҳои бақайдгирии давлатиашон пинҳон, сохтакорӣ ё ба тарзи дигар тағйир дода шудаанд, инчунин бо навиштаҳои дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ зикргардида мувофиқат накардани рақамҳои қисму агрегатҳои воситаҳои нақлиёт;
- халалдор кардани ҳаракат дар роҳ тавассути риоя накардани қоидаҳои бозистӣ ё таваққуфи воситаҳои нақлиёт ҳангоми дар ҷойи ҳуқуқвайронкунӣ ҳозир набудани ронанда;
- идоракунии воситаҳои нақлиёт, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта нашудаанд ё рақамҳои бақайдгирӣ надоранд.
Мақоми ваколатдори давлатӣ барномаҳои давлатӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро таҳия, тасдиқ ва иҷрои онро назорат менамояд. Таҳияи ин барномаҳо дар асоси мутобиқати онҳо бо банақшагирии минтақавӣ ва соҳавӣ, ташаккул додани нишондиҳандаҳои ба ҳамдигар алоқаманду ҳамоҳанг бо назардошти шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии минтақаи мушаххас, дараҷаи рушди шабакаи роҳҳо, ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва нишондиҳандаҳои дигари низоми ягонаи баҳисобгирии давлатии ҳаракат дар роҳ сурат мегирад.
- муоинаи ҳатмӣ ва даврагии тиббии ронандагони воситаҳои нақлиёт;
- муоинаи тиббии ронандагон пеш аз сафар;
- расондани ёрии тиббии аввалия ба осебдидагони ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ;
- омӯзондани тарзу усулҳои расондани ёрии аввалия ба аҳолӣ.
Назорат дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, корхонаҳо, инчунин шаҳрвандон, риоя намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ташкил карда мешавад.
Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳое, ки ба лоиҳакашӣ, истеҳсол ва истифодаи воситаҳои нақлиёт машғул мебошанд, уҳдадоранд маҷмӯи тадбирҳоро оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири зараровари воситаҳои нақлиёт ба муҳити зист таҳия намуда, риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зистро таъмин намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳоро бо давлатҳои дигар оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард тибқи меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракат дар роҳ" аз 4 ноябри соли 1995, № 197 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 22, мод. 336; с. 1997, № 2324, мод. 333; с. 2000, № 11, мод. 527; с. 2008, № 3, мод. 189; с. 2009, № 12, мод. 822; с. 2010, № 1, мод. 4; с. 2015, № 11, мод. 974; с. 2017, № 7 - 9, мод. 577) аз эътибор соқит дониста шавад.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
17 майи соли 2018,
№ 1533