Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад

 

Мутобиқи моддаи 169 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади муайян намудани иншооти сайёҳӣ ва татбиқи имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Номгӯй ва миқдори таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии воридшаванда тибқи тартиби муқарраршуда дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ Раҳмон

аз 12 апрели соли 2018 № 189

ш.Душанбе

 

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "12" апрели соли 2018, № 189

тасдиқ шудааст

 

 

 

Рӯйхати

иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту

техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда

ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад

 

 

Номгӯйи иншоот

Эзоҳ

1.

Меҳмонхонаҳо, аз ҷумла меҳмонхонаҳои махсус (хурд, гестҳаус, ҳостел)

 

2.

Осоишгоҳҳои табобатӣ, истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳо

 

3.

Марказҳои хизматрасонии маҷмӯии сайёҳӣ (маҷмааи сайёҳӣ)

 

4.

Нуқтаҳои хизматрасонии маҷмӯии сарироҳӣ (мотел)

 

5.

Боғҳои фарҳангию фароғатӣ

 

 

Мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва динӣ (осорхонаҳо, зиёратгоҳҳо, иншооти таърихӣ)

 

7.

Инфрасохтори моҳигирӣ ва шикор бо мақсади сайёҳӣ

 

8.

Тарабхонаҳои дорои бренди байналмилалӣ

 

9.

Марказҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ

 

10.

Пойгоҳҳои махсуси мутобиқгардонии минтақаҳои баландкӯҳ барои сайёҳон

 

11.

Маҷмааи сайёҳию лижаронӣ

 

12.

Марказҳои омӯзишӣ барои кӯҳнавардӣ, лижаронӣ, роҳбаладӣ