Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2012, № 755

тасдиқ шудааст

 

КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАЛБ ВА ҲИМОЯИ САРМОЯГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

  1. Муқаррароти умумӣ

 

  1. Сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (сиёсати сармоягузории давлат) ба рушди иҷтимоию иқтисодии давлат ва ноил гардидан ба самараи манфиати умум дар соҳаи сармоягузорӣ нигаронида шуда, иштироки бевоситаи давлатро дар фаъолияти сармоягузории дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва инчунин ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузории аз тарафи бахши хусусӣ анҷом додашударо, дар бар мегирад.

Сиёсати давлатии сармоягузорӣ бояд ба фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ ва бартараф намудани маҳдудиятҳои қонунгузорӣ ва институтсионалӣ барои афзоиши сармоягузориҳо дар истеҳсолот, тақвиятбахшии тамоюли иҷтимоии онҳо, озод намудани ташаббуси бахши хусусии иқтисод, муқовимат ба таҳдидҳои баъди бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ бавуҷудомадаи бесуботии фаъолияти хоҷагидорӣ дар кишвар бинобар фарсудагии ҷисмонии аз ҳад зиёди бахши истеҳсолӣ нигаронида шавад.

  1. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

- таъмин намудани рушди мутавозин ва босуботи иқтисоди кишвар:

- муқаррар кардан ва дар қонунгузорӣ дақиқан зикр намудани "қоидаҳои бозӣ" дар соҳаи фаъолияти сармоягузорӣ, бо дарназардошти манфиатҳои стратегии кишвар ва афзалиятҳои рушди он, ки сиёсати дақиқ ва пайгиронаи ба дурнамои дарозмўҳлати ҷалби сармоягузориҳо ва ҳимоя намудани эътимоди сармоягузорон нигаронидаи давлатро инъикос менамояд;

- ошкоро ва дастрас будани иттилоот дар соҳаи фаъолияти сармоягузорӣ;

- таъмин намудани шароити баробар дар дастрасӣ ба захираҳои сармоягузорӣ (дастрасии баробари сармоягузорони ҳам ватанӣ ва ҳам хориҷӣ ба иттилоот, барномаҳои сармоягузорӣ, озмунҳои лоиҳаҳо ҷиҳати ворид намудан ба барномаҳои сармоягузорӣ ва ширкат дар озмунҳои сармоягузорӣ);

- мутобиқати муқаррароти асосии сиёсати ҷалби сармоягузорӣ дар тамоми шохаҳои ҳокимият дар сатҳи давлатӣ ва минтақавӣ, инчунин дар доираҳои соҳибкорӣ;

- мутобиқати изҳорот ва амалҳои воқеӣ, вуҷуд надоштани таљйироти муваққатии (конъюнктурии) сиёсӣ, возеҳии барномаи мушаххаси амалҳои мақомоти ҳокимияти давлатии сатҳҳои мухталифе, ки рў баамалҳои мақомоти ҳокимияти давлатии сатҳҳои мухталифе, ки рў ба беҳбудӣ овардани муҳити сармоягузориро дар кишвар таъмин менамояд;

  1. Афзалиятҳои сиёсати давлатии сармоягузорӣ бояд ба ҷанбаҳои зерин мутамарказ карда шаванд:

- афзалиятҳои соҳавӣ: ташвиқ намудан ва ҳавасмандгардонии намудҳои фаъолияти барои кишвар муҳим, аз ҷумла содироти маҳсулоти рақобатпазир ва воридоти технологияҳои нав, ҷалби сармоягузориҳо ба соҳаҳои афзалиятноке, ки номгўйи онҳо бояд ба таври мунтазам таҷдиди назар карда шавад;

- афзалиятҳо нисбати ширкатҳо: дар баробари ҳавасмандгардонии сармоягузориҳои ширкатҳои бузург бояд ба ҷалби сармоягузориҳои ширкатҳои хурд ва миёна, ки ба такмилдиҳии заминаи умумии қонунгузории ҳавасмандгардонии сармоягузориҳо ва пешниҳод гардидани кафолатҳои устувории шароити фаъолияти сармоягузорӣ дар тамоми сатҳҳо эҳтиёҷи хеле бештар дорад;

- афзалиятҳои рушди минтақавӣ: дар баробари амалияи фароҳамоварии шароити махсусан мусоиди фаъолияти сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии алоҳида, истифодаи ташаббус ва иқтидорҳои захиравии минтақаҳо бо дарназардошти рушди инфрасохтор ва ниҳодҳои маъмурие, ки барои ҷалби сармоягузориҳои ояндадор зарур мебошад;

- афзалиятҳои минтақавӣ ва кишвар: суръатбахшии раванди ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисоди кишвар вусъатбахшии (диверсификатсияи) манбаъҳои воридоти сармоя ба кишварро, ҳам аз ҳисоби давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ мутараққӣ ва ҳам аз кишварҳои дорои бозорҳои босуръат рушдёбанда, бо дарназардошти эҳтиёҷот ва тамоюли рушди тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ, талаб менамояд.

 

  1. Истилоҳот

 

  1. Истилоҳот ва мафҳумҳои асосии дар Консепсия истифодашаванда:

- муҳити сармоягузорӣ - маҷмўи омилҳои барои кишвар хос, ки имкониятҳои ширкатҳоро ҷиҳати вусъатбахшии фаъолият дар заминаи анҷомдиҳии сармоягузориҳои муфид муайян менамоянд. Давлат бояд ба ташаккулёбии муҳити ҷолиби сармоягузорӣ, аз нигоҳи таъмини кафолатҳои ҳуқуқи моликият, танзими ҳуқуқӣ ва андозбандии самараноки тиҷорат, шартҳои фаъолияти бозори молиявӣ ва бозори меҳнат, бунёди инфрасохтори бозорӣ, инчунин ҳалли чунин масъалаҳои ба монанди коррупсия, ҷинояткорӣ ва таъмини суботи сиёсӣ, таъсири зиёд дошта бошад;

- иқтидори сармоягузорӣ - маҷмўи хусусиятҳои таркибӣ ва ё шароитҳое, ки ба ҷалби сармоягузориҳо мусоидат менамоянд. Иқтидори сармоягузории кишвар иқтидорҳои захираҳои ашёи хом, зеҳнию меҳнатӣ, истеъмолию фурўш, истеҳсолӣ, инноватсионӣ, институтсионалӣ, иқтисодию ҷуљрофӣ, демографӣ ва молиявиро дар бар мегирад;

- қонунгузории сармоягузорӣ - маҷмўи санадҳои меъёрии ҳукуқии танзимкунандаи муносибатҳои сармоягузорӣ;

- тадбирҳои сиёсати сармоягузории давлат - чораҳое, ки ба ташаккул ва татбиқи сиёсати сармоягузорӣ, муқаррар намудани таркиб ва ҳаҷми сармоягузориҳо, самтҳои истифодаи онҳо ва манбаъҳои гирифтани онҳо дар соҳаҳо ва бахшҳои иқтисод равона карда шуданд;

- афзалиятҳои сармоягузорӣ - самтҳо ва лоиҳаҳои аз ҷониби давлат муайяншавандае, ки барои рушди кишвар аҳамияти стратегӣ доранд ва/ё ҷалби сармоягузориҳоро дар асоси меъёрҳои махсуси соҳа (бахш) бо мақсади рушди минбаъда талаб мекунад;

- ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ - низоми тадбирҳои давлат, ки ба ҷалб ва ҳимояи сармоягузорӣ равона карда шудаанд;

- инфрасохтори сармоягузорӣ - соҳаҳои нисбатан муҳими иқтисод, ки раванди баамалбарории сармоягузориро таъмин ва бевосита хизматрасонӣ менамоянд;

- симои (имиҷи) сармоягузории кишвар - инъикоси маҷмўии ҷанбаҳои мухталифи муҳити сармоягузорӣ дар тасаввури сармоягузорон;

- ҷолибияти сармоягузорӣ - мавҷудияти шароити муайяне, ки ба афзалияти сармоягузор дар интихоби объекти сармоягузорӣ таъсир мерасонад;

- таваккали (риск) сармоягузорӣ - инъикоси мақсаднокии баамалбарории сармоягузорӣ дар ҳудуди мазкур, эҳтимолияти талаф додани сармоягузориҳо ё даромад аз онҳо.

 

  1. Зарурати қабули Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузориҳо мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти дарозмўҳлати миллии рушд мебошад. Дар чанд соли охир, бо ташаббуси Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, як зумра ислоҳоти бузург дар соҳаи пешбурди тиҷорат (соҳибкорӣ), ки ба кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолати давлат ба фаъолияти хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ равона гардида буданд, анҷом дода шуд, ки дар қатори онҳо ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, батанзимдарории санҷишҳо ва ҷорӣ намудани принсипҳои "Равзанаи ягона"-ро ҳангоми бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ номбар кардан мумкин аст. Қабули як зумра қонунҳои нав ва ворид намудани таљйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар соҳаи батанзимдарории муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ имкон дод, ки нишондиҳандаҳои кишвар дар гузориши ҳарсолаи Бонки ҷаҳонӣ "Пешбурди Тиҷорат" хеле беҳтар гарданд. Дар солҳои 2010 ва 2011 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори даҳ кишвари ислоҳотгари гузориши мазкур шомил буд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парламенти кишвар 20 апрели соли 2012, бори дигар таъкид карда шуд, ки ҷиҳати устувор гардонидани пешрафти иқтисодӣ дар шароити таҳдиду хавфҳои глобалии торафт афзоянди ба иқтисодиёти кишвар таъсиррасонанда ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя ба соҳаҳои гуногун нақши муҳим мебозад. Ба сифати татбиқи тадбирҳои амалӣ зикр карда шуд, ки: "Бо мақсади суръат бахшидани вусъатбахшии (диверсификатсияи) иқтисодиёт ва боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузории мамлакат, таъмини ҳуқуқии кафолату имтиёзҳои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва ҷорӣ намудани механизми пешбурди сиёсати ягонаи сармоягузорӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳо Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузориро таҳия карда, то охири сол ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд".

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ иқтидорҳо дорад. Барои ин таъмин намудани идомаёбии бомуваффақияти ислоҳоти сохторӣ, аз ҷумла навигардонии бахши молиявӣ, баанҷомрасонии хусусигардонии ширкатҳои давлатӣ, навсозии (модернизатсияи) бахшҳои асосии иқтисод ва инфрасохтори мавҷуда зарур мебошад.

Дар раванди татбиқи ин имкониятҳо монеаҳои ҷиддӣ дар низоми батанзимдарорӣ ва маъмурӣ вуҷуд доранд, ки ба фаъолнокии тиҷоратӣ таъсир мерасонанд. Ин омилҳо монеаҳои асосии садди роҳи суръатбахшии раванди ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар мебошанд. Иқтисод бояд барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ аз ҳисоби анҷомдиҳии тадбирҳои зарурие, ки барои кам кардани иштироки давлат дар соҳибкорӣ, паст кардани сатҳи коррупсия ва тақвиятбахшии системаи судӣ нигаронида шудаанд, ҷолибтар гардад.

Боз як афзалият барои рушди иқтисодӣ дар дурнамои миёнамўҳлат - ин зарурати таъмин намудани рушди гуногунҷонибаи иқтисод мебошад, то ки вобастагии амиқ аз содироти алюминий ва пахта камтар карда шавад. Фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузории мустақими хориҷӣ бояд омили ҳалкунанда барои таҳия ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд, ба роҳ мондани шарикии байналмилалӣ миёни корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, аз он ҷумла дар соҳаи соҳибкории хурд ва миёна бошад.

Вазифаи муҳими давлат - ин ба кишвар ҷалб намудани сармояи хориҷӣ бидуни маҳрум намудани он аз ҳавасмандии худӣ ва равон намудани он бо тадбирҳои танзими иқтисодӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузорӣ (минбаъд - Консепсия) - ҷавоб ба тақозои замон, воситаи гузариш ба даври нави рушди иқтисоди кишвар, аз ҳисоби муайян намудани роҳҳои рушди минбаъдаи бахши хусусӣ ва беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ, бо мақсади татбиқи муқаррароти Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 мебошад.

  1. Консепсия ба сифати зайл хизмат хоҳад кард:

- воситаи сиёсат барои қабули қарорҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ;

- замина барои таҳияи ҳуҷҷатҳои минбаъдае, ки татбиқи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузориро танзим менамоянд;

- иттилоот барои сармоягузорони имконпазир (эҳтимолӣ) дар бораи тадбирҳои ба нақша гирифташаванда оид ба беҳтарсозии муҳити сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- иттилоот барои шарикони рушд барои дарк намудан ва дастгирӣ пайдо кардани афзалиятҳои сиёсати сармоягузории давлат аз ҷониби онҳо;

- раҳнамо барои бахши хусусӣ оид ба пешбинӣ намудани фаъолияти сармоягузории худ;

- иттилоот барои аҳолӣ ва аҳли ҷомеа оид ба нақши давлат дар соҳаи сармоягузорӣ ва сиёсати сармоягузории он.

  1. Ҳангоми таҳияи Консепсия ба инобат гирифта шуд, ки:

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалб ва ҳимояи сармоягузорон пайгирона саъю талоши доимӣ дошта, дарк мекунад, ки ҷалби сармоягузорӣ - яке аз омилҳои асосии суръатбахшии рушд ва ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии стратегии кишвар мебошад;

- саъю талошҳо оид ба ислоҳ намудани муҳити сармоягузорӣ, кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва ташаккул додани симои мусбии сармоягузории аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, идомадиҳии муттасили ислоҳотро дар асоси бархурди илмӣ ва таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ, таҳти таваҷҷўҳи пайгиронаи давлат тақозо менамояд;

- бо вуҷуди дорои захираҳои бузурги табиӣ будан, аз ҷиҳати иқтидорҳои гидроэнергетикӣ дар қатори даҳ кишвари аввали ҷаҳон қарор доштан, доштани имкониятҳои беҳамто барои рушди соҳаҳои муайяни иқтисоди миллӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабабҳои объективӣ наметавонад ин афзалиятҳоро танҳо аз ҳисоби саъю талошҳо ва маблаљу воситаҳои худ пурра амалӣ намояд;

- сиёсати сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд афзалияти кишварро дар назди кишварҳои рақобаткунанда на танҳо дар минтақа, балки дар арсаи ҷаҳонӣ низ таъмин намояд, ки бояд мавриди мониторинги доимӣ қарор дода шавад ва омилҳои таъсиррасонии берунӣ ва тасҳеҳоти муосири тадбирҳои андешидашаванда ба инобат гирифта шаванд;

- беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ ва боло бурдани симои сармоягузории кишвар, тавре ки таҷрибаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, вақти муайянеро талаб мекунад ва наметавонад дар як лаҳза анҷом дода шавад, яъне - саъю талошҳои ҳамоҳангшудаи (муштараки) тамоми тарафҳои манфиатдор - давлат, ҷомеа ва аҳли тиҷорат дар шахсияти сармоягузорони ҳам дохилӣ ва ҳам байналмилалӣ зарур мебошад.

 

  1. Мақсадҳои таҳияи Консепсия

 

  1. Мақсади асосии таҳияи Консепсия таъмин намудани рушди устувор ва мутавозини иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии он, фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, молиявӣ ва ташкилӣ мебошад, ки барои фаъолияти пурсамари сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд. Мақсадҳои асосии Консепсия ба ҳалли вазифаҳои стратегии рушди бахши хусусӣ ва ҷалб намудани сармоягузориҳое, ки Страгегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз афзалиятҳои дарозмўҳлати рушди миллӣ муайян намудааст, нигаронида шуданд.
  2. Ноил гардидан ба мақсадҳои зикргардидаи сиёсати давлатии сармоягузорӣ амалӣ намудани тадбирҳои таъхирнопазирро оид ба фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар, дастгирӣ намудани ташаббусҳои бахши хусусии иқтисод, куллан баланд бардоштани нақши давлат дар таъмини шароити ҷолиби қонунгузорӣ ва институтсионалии фаъолияти хоҷагидории сармоягузорони хусусӣ, ки ба талаботи имрўзаи бозор мутобиқат мекунанд, тақозо менамояд.
  3. Мақсадҳои таҳияи Консепсия:

- муайян намудани вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузорӣ;

- мутобиқ намудани сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузорӣ бо тамоюлҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи сармоягузорӣ;

- муайян намудани механизмҳои асосии татбиқи сиёсати сармоягузорӣ;

- муайян намудани нақши мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҷалб ва ҳимояи сармоягузорӣ;

- муайян намудани механизмҳои мониторинг ва критерияҳои арзёбии (баҳодиҳии) сиёсати давлатии сармоягузорӣ.

 

  1. Вазифаҳои Консепсия

 

  1. Бо дарназардошти мақсадҳо, вазифаҳои асосии Консепсия инҳо мебошад:

- фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ;

- баланд бардоштани самаранокии сиёсати танзимии давлат дар соҳаи сармоягузорӣ;

- сафарбарсозии захираҳои сармоягузорӣ ва таъмини истифодаи самараноки онҳо;

- баланд бардоштани сатҳи диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар;

- таъмини рушди иқтидори содиротӣ;

- ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва механизмҳои муосири идоракунии равандҳои соҳибкорӣ;

- модернизатсияи истеҳсолот, навсозии заминаи моддию техникии он ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ.

 

  1. Тамоюлҳо дар соҳаи сармоягузории ҷаҳонӣ

 

  1. Дар солҳои охир симои сиёсати сармоягузорӣ дар сатҳи байналмилалӣ босуръат таљйир меёбад. Бо вуҷуди таъсири идомаёфтаистодаи бўҳрони ҷаҳонӣ ва шиддатёбии проблемаи қарздорӣ дар баъзе кишварҳои мутаракқӣ, воридоти сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар ҷаҳон рў ба афзоиш дорад, гарчанде ки пастшавии суръати рушд ба мушоҳида мерасад. Таљйиироти назаррас дар сохтори соҳавии сармоягузорӣ рўй медиҳанд. Воридоти сармоягузориҳо ба соҳаи молия, соҳаҳои хўрокворӣ, саноати истихроҷ ва кимиё аз нав афзоиш ёфта истодааст, дар холе ки воридоти сармоягузории мустақим ба соҳаи автомобилсозӣ кам гардида истодааст.

Пешравиҳои муайяне аз нигоҳи ҷуљрофӣ низ рўй доданд. Дар гурўҳи кишварҳои дар ҳоли иқтисодӣ гузариш, ки ба он кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Европаи Ҷанубу Шарқӣ ва Гурҷистон дохиланд, афзоиши нисбатан босуръати воридоти сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба мушоҳида мерасад.

Бо вуҷуди он, ки таҳияи сиёсати сармоягузорӣ дар сатҳи минтақавӣ суръати бештар пайдо мекунад, миқдори шартномаҳои нави дуҷонибаи сармоягузорие, ки ҳар сол ба имзо расонида мешаванд, рў ба камшавӣ дорад.

Дар сиёсати байналмилалии сармоягузорӣ таваҷҷўҳи ҳарчӣ бештар ба рушди устувор зоҳир карда мешавад. Сафарбаркунии сармоягузориҳо ва таъмини саҳми онҳо дар рушди устувор барои ҳамаи кишварҳо афзалиятнок мебошад. Сиёсати сармоягузории насли нав ташаккул меёбад: акнун дар назди ҳукуматҳои кишварҳо доираи васеътар ва мураккабтари вазифаҳо дар соҳаи рушд қарор дорад, ки бояд ҳамзамон бо фароҳам овардан ё таъмин намудани муҳити умумии мусоиди сармоягузорӣ ҳал карда шавад.

Дар доираи сиёсати сармоягузории "насли нав" ҳадафи асосии ҷалби сармоягузориҳо ва ба даст овардани фоида аз онҳо афзоиши фарогир ва рушди устувор мегардад.

Ин боиси ба вуҷуд омадани вазифаҳои муайян дар соҳаи сиёсати сармоягузорӣ дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ мегардад. Дар сатҳи миллӣ ин вазифаҳо ҳамгироии сиёсати сармоягузориро ба стратегияи рушд, ба сиёсати сармоягузорӣ ворид намудани мақсадҳои рушди устувор ва таъмин намудани муҳимият ва самаранокии онро дар бар мегирад.

Дар сатҳи байналмилалӣ вазифаи таҳким ва рушд бахшидани ниҳоди созишномаҳои байналмилалии сармоягузорӣ қарор дорад, ки тавозуни ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои давлат ва сармоягузоронро ҳамзамон бо ҳалли проблемаҳои сохторан беандоза бузург будани созишномаҳои байналмилалии сармоягузорӣ таъмин менамояд.

 

  1. Вазъи кунунӣ дар соҳаи фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Дар солҳои ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки барои барқарорсозӣ ва тараҳқӣ додани иқтисоди кишвар корҳои зиёдеро анҷом диҳад.

Заминаи асосии қонунгузорӣ ва меъёрии ҳукуқие, ки ба ташаккулёбии механизмҳои бозории хоҷагидорӣ мусоидат менамояд, қабул карда шуд.

Аз соли 2002 ва то имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ ислоҳоти зиёде, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок равона гардида, анҷом дода шуда ва гузаронида шуда истоданд.

Ҷанбаи калидии он қабул гардидани Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" мебошад.

Хусусияти фарқкунандаи Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" он гардид, ки таҳти мафҳуми сармоягузорон ин Қонун на танҳо сармоягузорони хориҷӣ, балки инчунин сармоягузорони ватаниро низ фаро гирифт ва ҳамин тариқ ба рушди сармоягузории дохилӣ мусоидат намуд.

Иловатан, дар сатҳи миллӣ барои ҳавасмандгардонии воридшавии сармоягузориҳо ва фароҳам овардани муҳити мусоидтари сармоягузорӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи созишномаҳои тақсими маҳсулот", "Дар бораи консессияҳо", "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ", "Дар бораи таърихи қарзҳо", "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" қабул карда шуданд. Гузашта аз он, бо дарназардошти воқеияти замони имрўза Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ", ки ба беҳтарсозии ҳарчӣ бештари муҳити сармоягузории кишвар равона гардидааст, қабул шуда истодааст.

Баъди эълон намудани мақсади ташаккулдиҳии муҳити мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар, ислоҳот оид ба соддагардонии расмиёти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, расмиёти гумрукӣ, гирифтани иҷозатнома барои сохтмон ва љайра гузаронида шуданд. Танҳо дар тўли чанд соли охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои муҳимро барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ барои соддагардонии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ андешид, ки ба нишондиҳандаҳои фаъолнокии соҳибкорӣ таъсири басо мусбат расониданд.

Ҷорӣ гардидани принсипи "равзанаи ягона" барои бақайдгирии тиҷорат (соҳибкорӣ), кам кардани шумораи иҷозатномаҳои зарурӣ ва ҳама гуна иҷозатҳо, ихтисор намудани шумораи хадамоти назоратӣ ва батанзимдарории санҷишҳо, такмилдиҳии расмиёти муфлисшавӣ ва ҳифзи саҳомони хурд (миноритарӣ) аз ҷумлаи он ислоҳот оид ба беҳтарсозии муҳит барои пешбурди тиҷорат (соҳибкорӣ) мебошанд, ки дар сатҳи байналмилалӣ ба онҳо баҳои сазовор дода шуд.

Фаъолият дар соҳаи беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ тавассути Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дастгирӣ мегардад, ки ба ҳайати он ҳам намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам намояндагони бахши хусусӣ дохиланд.

Қонунгузории кишвар барои сармоягузорон ва фаъолияти сармоягузорӣ маҷмўи кафолатҳоро муқаррар намудааст, ҳам барои сармоягузорони ватанӣ ва ҳам барои сармоягузорони хориҷӣ низоми ягона ташаккул дода шудааст, озодии интиқоли фойда ва дигар шаклҳои даромад аз фаъолияти сармоягузорӣ ва бисёр омилҳои дигар кафолат дода шудаанд. Қонунгузорӣ низоми имтиёзоти андозӣ ва гумрукиро пешбинӣ менамояд. Имтиёзоти махсус барои он сармоягузороне пешбинӣ гардидаанд, ки дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар, масалан, дар бунёди нерўгоҳҳои барқии обӣ саҳм мегиранд ва дар корхонаҳои дорои силсилаи пурраи коркарди нахи пахта фаъолият анҷом медиҳад.

Дар сатҳи байналмилалии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои ҳавасмандкунандаи сармоягузорие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва эътироф гардидаанд, созишномаҳои канорагирӣ аз андозбандии дукарата бо 25 кишвари ҷаҳон ва Созишномаҳои оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо бо 18 кишвари ҷаҳон басташуда мебошад.

Омили муҳими беҳтаргардии минбаъдаи муҳити сармоягузорӣ ва баландшавии сатҳи фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эътироф ва ба иҷро расонидани қарорҳои судҳои ҳакамӣ (арбитражӣ) аз 10 июни соли 1958 гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви чунин созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС), Созмони Конференсияи Исломӣ (СКИ), Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд (ББТР), Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), Бонки Умумиҷаҳонӣ (БУ), Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (КБМ), Бонки Осиёии Рушд (БОР), Бонки Исломии Рушд (БИР), Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР), Ассотсиатсияи Байналмилалӣ оид ба Кафолатҳои Сармоягузориҳо (АБКС), Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноатӣ (ЮНИДО), Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (ИФАД), Комиссияи иқтисодӣ барои Европа (ЕАК) ва чунин созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Ҷомеаи Иқтисодии АвруОсиё (ЕвраАзЭС), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошад.

Дар муддати 10 соли охир (солҳои 2002-2011) дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо дастгирии молиявии шарикони рушд ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ зиёда аз 200 созишномаҳои лоиҳавӣ ба маблаљи умумии 2,13 миллиард доллари ШМА ба имзо расонида ва татбиқ карда шудаанд, ки аз онҳо қарзҳо 1, 614 миллиард доллари ШМА, грантҳо 371, 5 миллион доллари ШМА, саҳми Ҳукумат 119,12 миллион доллари ШМА ва дигар воридот 28,7 миллион доллари ШМА-ро ташкил медиҳанд. Ба солҳои бўҳронии 2008-2010 1,038 миллиард доллари ШМА ё 48% аз маблаљи умумии маблаљҳои дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ азхудшуда рост меоянд (Ҷадвали №1).

 

Ҷадвали №. 1

Сармоягузориҳо дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ солхои 2002-2011

+---------+----------------------------------------------------------ҷ|         |          Ҳаҷми маблаљи азхудшуда, млн. долл. ШМА         ||  Солҳо  +-----------+-----------+-----------+-----------+----------+|         |   Қарз    |  Грант    |   Саҳми   |  дигарҳо  |  Ҳамагӣ  ||         |           |  Ҳукумат  |           |           |          |+---------+-----------+-----------+-----------+-----------+----------+| 2002    |  54,253   |  10,183   |  0,701    |  0,447    |  65,584  |+---------+-----------+-----------+-----------+-----------+----------+| 2003    |  42,543   |  9,039    |  3,442    |  0,400    |  55,424  |+---------+-----------+-----------+-----------+-----------+----------+| 2004    |  97,594   |  16,364   |  10,507   |  1,077    |  125,542 |+---------+-----------+-----------+-----------+-----------+----------+| 2005    |  75,934   |  8,594    |  10,394   |  1,557    |  96,480  |+---------+-----------+-----------+-----------+-----------+----------+| 2006    |  76,599   |  15,688   |  15,536   |  7,766    |  115,590 |+---------+-----------+-----------+-----------+-----------+----------+| 2007    |  282,499  |  27,190   |  18,933   |  6,339    |  334,960 |+---------+-----------+-----------+-----------+-----------+----------+| 2008    |  354,904  |  45,501   |  13,611   |  4,900    |  418,917 |+---------+-----------+-----------+-----------+-----------+----------+| 2009    |  252,817  |  93,372   |  12,653   |  2,054    |  360,896 |+---------+-----------+-----------+-----------+-----------+----------+| 2010    |  179,630  |  55,091   |  20,584   |  3,040    |  258,344 |+---------+-----------+-----------+-----------+-----------+----------+| 2011    |  197,524  |  90,460   |  12,757   |  1,116    |  301,858 |+---------+-----------+-----------+-----------+-----------+----------+| Ҳамагӣ  |  1614,297 |  371,483  |  119,119  |  28,696   |  2133,595|+---------+-----------+-----------+-----------+-----------+----------+

Манбаъ: Системаи иттилоотии идоракунии кўмаки берунаи КДСИАД

(www.amcu.gki.tj)

Дар иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2006-2011 тамоюли пастравии суръати рушди сармоягузориҳо дар сармояи асосӣ ба мушоҳида мерасад, ки он ба оқибатҳои бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ алоқамандӣ дорад. Дар айни ҳол, таъсироти манфии бўҳрон ба афзоиши сармоягузориҳо нисбат ба тамоюли таљйирёбии Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (минбаъд ММД) хеле назаррас аст. Масалан, агар суръати афзоиши ММД дар давраи солҳои 2006-2011 тақрибан дар доираи 6,5-7,9 фоиз дар як сатҳ қарор дошта бошад (ба истиснои соли 2009, ки дар он онҳо 3,4 фоизро ташкил медоданд), он гоҳ суръати афзоиши сармоягузориҳо дар сармояи асосӣ аз 69,6 фоиз дар соли 2006 то 5 фоиз дар соли 2011 поён рафт. Дар соли 2009 суръати афзоиши ММД аз суръати афзоиши сармоягузориҳо 18,9 фоиз боло рафт, дар соли 2011 бошад-2,4 фоиз.

 

Ҷадвали №2.

Суръати афзоиши ММД, сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ, ҳаҷми корҳо дар сохтмон ва ба истифода додани хонаҳои истиқоматӣ дар солҳои 2006-2011, фоиз нисбат ба соли гузашта

+-----------------------––––––––––---+--–----+--–----+-–-----+----–--+–------+--–----ҷ|  Номгўи нишондиҳандаҳо   | 2006 | 2007 | 2008 | 2009 | 2010 | 2011 |+-----------------------–-–––––––––--+---–---+----–--+--–----+---–---+-–-----+-----–-+| Суръати афзоиши ММД, фоиз| 107  | 107,8| 107,9| 103,4| 106,5| 107,4|+------------------------––––––––––--+--–----+---–---+----–--+---–---+---–---+-–-----+| Суръати афзоиши сармоя   | 169,6| 216,2| 160,8| 84,5 | 111,5| 105,0|| дар сармояи асосӣ (аз    |      |      |      |      |      |      || ҳисоби ҳамаи манбаъҳои   |      |      |      |      |      |      || маблаљгузорӣ), фоиз      |      |      |      |      |      |      |+--------------------------+------+------+------+------+------+------+| Суръати афзоиши ба исти- | 112,0| 108,0| 122,8| 109,6| 123,1| 88,2 || фодадиҳии хонаҳои истиқо-|      |      |      |      |      |      || матӣ, фоиз               |      |      |      |      |      |      |+--------------------------+------+------+------+------+------+------+

Манбаъ: Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ (http://www.cisstat.com/)

Таҳлил нишон медиҳад, ки ҳаҷми қиёсии сармоягузориҳо дар ММД дар давраи баррасишаванда тақрибан дар як сатҳ қарор дорад, вале дар соли 2011 пастравии он то 7,3 фоиз ба мушоҳида мерасад, ки ин нисбат ба соли 2010 2,9 зербанд поёнтар аст (Ҷадвали №3).

 

Ҷадвали № 3

Нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии фаъолияти сармоягузорӣ

+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------ҷ|         Солҳо              | 2007  | 2008  | 2009  | 2010  |  2011 |+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------+| Ба кор андохтани фондҳои   |765701 |970087 |2696108|2119240|2371535|| асосӣ                      |       |       |       |       |       |+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------+| Сармоягузориҳо дар сармояи |2828663|4341444|3899376|4669365|4988319|| асосӣ                      |       |       |       |       |       |+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------+| Аз он ҷумла:               |       |       |       |       |       |+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------+| - таъиноти истеҳсолӣ       |2002281|3173660|2481478|2797983|2664916|+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------+|   ҳисса дар ҳаҷми умумии   |70,8   |73,1   |63,6   |59,9   |53,4   ||   сармоя, фоиз             |       |       |       |       |       |+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------+| - таъиноти љайриистеҳсолӣ  |826382 |1167784|1417898|1871382|2323403|+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------+|   ҳисса дар ҳаҷми умумии   |29,2   |26,9   |36,4   |40,1   |46,6   ||   сармоя, фоиз             |       |       |       |       |       |+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------+|   Ҳиссаи сармоягузорӣ дар  |8,1    |10,3   |10,2   |10,2   |7,3    ||   ММД, фоиз                |       |       |       |       |       |+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------+| Баистифодадиҳии манзилҳои  |621    |763    |836    |1029   | 908   || истиқоматӣ, масоҳати умумӣ,|       |       |       |       |       || ҳаз.м. мураббаъ            |       |       |       |       |       |+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------+

Манбаъ: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар давраи баррасишаванда таљйирёбии таносуб байни хаҷмҳои сармоягузориҳое, ки ба иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ва љайриистеҳсолӣ равона карда мешаванд, рўй дод. Ҳаҷми қиёсии сармоягузориҳо ба иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ дар давраи солҳои 2007-2011 аз 70,8 фоиз то 53,4 фоиз паст шуд, ҳаҷми қиёсии сармоягузориҳо ба иншоотҳои таъиноти љайриистеҳсолӣ бошад - аз 29,2 фоиз то 46,6 фоиз афзоиш ёфт. Ба ин аслан афзоиши сармоягузориҳо ба чунин иншоотҳои таъиноти љайриистеҳсолӣ, ба монанди: сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, беморхонаҳо, муассисаҳои амбулаторию поликлиникӣ ва монанди инҳо боис шуданд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки дар давраи солҳои 2007-2011 ҳаҷми сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ дар маҷмўъ тамоюли рушдёбӣ дорад, асосан аз ҳисоби манбаъҳои давлатӣ, ширкатҳои саҳомӣ, корхонаҳои хусусӣ, инчунин аз ҳисоби иштироки аҳолӣ дар маблаљгузории фаъолияти соҳибкорӣ. Бояд зикр намуд, ки дар давраи баррасишаванда ҳаҷмҳои сармоягузориҳои хориҷӣ ва ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии сармоягузориҳо аз 72,8 фоиз то 21,9 фоиз кам гардиданд.(Ҷадвали №4).

 

Ҷадвали №4.

Сохтори сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ мутобиқи манбаъҳои маблаљгузории солҳои 2007-2011

                      (бо нархҳои воқеан вуҷуддошта, ҳазор сомонӣ)

+-----------------------+--------------+--------------+--------------ҷ|        Солҳо          |         2007 |         2008 |        2009  |+-----------------------+-------+------+-------+------+-------+------+| Дар Ҷумҳурӣ           |2828663|100,0%|4341444|100,0%|3899376|100,0%|+-----------------------+-------+------+-------+------+-------+------+| Давлатӣ               |547530 |19,4% |1014998|23,4% |1219324|31,3% |+-----------------------+-------+------+-------+------+-------+------+| Хоҷагиҳои деҳқонӣ     |5234   |0,2%  |7756   |0,2%  |2745   |0,1%  |+-----------------------+-------+------+-------+------+-------+------+| Саҳомӣ                |28725  |1,0%  |39686  |0,9%  |67488  |1,7%  |+-----------------------+-------+------+-------+------+-------+------+| Аҳолӣ                 |105351 |3,7%  |211258 |4,9%  |280724 |7,2%  |+-----------------------+-------+------+-------+------+-------+------+| ҶДММ                  |27678  |1,0%  |72644  |1,7%  |128675 |3,3%  |+-----------------------+-------+------+-------+------+-------+------+| Корхонаҳои хусусӣ     |44248  |1,6%  |62019  |1,4%  |67323  |1,7%  |+-----------------------+-------+------+-------+------+-------+------+| Тоҷикматлубот         |5039   |0,2%  |8067   |0,2%, |10584  |0,3%  |+-----------------------+-------+------+-------+------+-------+------+| Корхонаҳои муштарак   |6376   |0,2%  |41302  |1,0%  |37509  |1,0%  |+-----------------------+-------+------+-------+------+-------+------+| Сармоягузориҳои хориҷӣ|2058482|72,8% |2883714|66,4% |2085004|53,5% |+-----------------------+-------+------+-------+------+-------+------+давоми таблитса         |+--------------+--------------+--------------------------------------+|        2010  |         2011 |+-------+------+-------+------+|4669365|100,0%|4988319|100,0 |+-------+------+-------+------+|1677370|35,9%,|2490034|49,9% |+-------+------+-------+------+|1647   |0,0%  |4017   |0,1%  |+-------+------+-------+------+|213551 |4,6%  |264303 |5,3%  |+-------+------+-------+------+|356241 |7,6%  |452384 |9,1%  |+-------+------+-------+------+|355778 |7,6%  |197596 |4,0%  |+-------+------+-------+------+|176894 |3,8%  |196246 |3,9%  |+-------+------+-------+------+|20985  |0,4%  |23251  |0,5%  |+-------+------+-------+------+

Манбаъ: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яке аз хусусиятҳои асосии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳими маблаљҳои давлатӣ дар манбаъҳои маблаљгузории сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ мебошад. Дар давраи аз соли 2007 то соли 2011 аз ҳисоби маблаљҳои давлатӣ 6 949,3 млн. сомонӣ сармоягузориҳо ба сармояи асосӣ маблаљгузорӣ карда шудаанд, аз он ҷумла аз ҳисоби маблаљҳои буҷети давлатӣ 5 796,1 млн. сомонӣ ё 28 фоиз, ва аз ҳисоби маблаљҳои худии корхонаҳо ва ташкилотҳо - 1 153,2 млн. сомонӣ ё 5,5 фоиз. (Ҷадвали №5). Дар айни ҳол, дар соли 2011 ҳаҷми сармоягузории давлатӣ дар муқоиса бо соли 2007 4,5 маротиба афзоиш ёфта, ба 2 490,0 млн. сомонӣ расид, ки ин 50 фоизи хаҷми умумии сармоягузориҳоро ба сармояи асосӣ ташкил медиҳад ва 42 фоизи он ба маблаљҳои буҷети ҷумҳуриявӣ рост омада, 8 фоизро маблаљҳои худии корхонаҳо ва ташкилотҳо ташкил медиҳад.

 

Ҷадвали №5.

Сармоягузории давлатӣ дар сармояи асосӣ

                        (бо нархҳои воқеан вуҷуддошта, ҳазор сомонӣ)

+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------ҷ|         Солҳо              | 2007  | 2008  | 2009  | 2010  |  2011 |+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------+|                   Сармоягузорӣ дар сармояи асосӣ                   |+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------+| Ҳамагӣ                     |2828663|4341444|3899376|4669365|4988319|+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------+| Давлатӣ, аз он ҷумла:      |547530 |1014998|1219323|1677370|2490034|+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------+| - маблаљҳои худи корхонаҳо |127538 |217569 |150762 |266672 |390614 ||   ва ташкилотҳо            |       |       |       |       |       |+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------+| - маблаљҳои буҷавӣ         |419992 |797429 |1068561|1410698|2099420|+----------------------------+-------+-------+-------+-------+-------+

Манбаъ: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Афзоиши ҳаҷм ва ҳиссаи маблаљҳои буҷети давлатӣ дар манбаъҳои маблаљгузории сармоягузориҳо ба сармояи асосӣ яке аз шартҳои сабукгардонии оқибатҳои бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар давраи солҳои 2008-2011 буд.

Ҳаҷмҳои сармоягузориҳо ба сармояи асосӣ дар соли 2011 - 4 988,3 млн. доллари ШМА-ро ташкил доданд, ки нисбат ба соли 2010 318,9 млн. доллари ШМА зиёдтар мебошанд. Дар соли 2011 қариб 94 фоизи тамоми сармоягузориҳо ба соҳаи саноат (66,9%) ва нақлиёт (26,7%) ворид гардиданд. Дар айни ҳол, афзоиши нисбатан бештари сармоягузориҳо ба бахшҳои зерини "иқтисоди воқеӣ" рост меояд: Энергетика (65,2%), Истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва ранга (15,4%), Саноати сабук (15,1%). Бояд зикр намуд, ки агар ҳаҷми қиёсии сармоягузориҳо ба ду бахши охир нисбат ба солҳои пешин мутобиқан ба 5% ва 6,8% афзоиш ёфта бошад, он гоҳ ҳиссаи Энергетика ба андозаи 13,4% кам шудааст (Ҷадвали №6).

 

Ҷадвали №6.

Сармоягузориҳо ба сармояи асосӣ дар соҳаҳои иқтисод

+----------------------+----------------------+----------------------ҷ|                      |        2010          |       2011           ||                      +----------+-----------+----------+-----------+|                      |  Ҳазор   |  фоиз     |  Ҳазор   |  фоиз     ||                      |  сомонӣ  |  нисбати  |  сомонӣ  |  нисбати  ||                      |          |  ҳамагӣ   |          |  ҳамагӣ   |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+| Ҳамагӣ               | 4669365  | 100       | 4988319  | 100       |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+| Соҳаҳои истеҳсолӣ    | 2797983  | 60,0      | 2664916  | 53,4      |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+| Саноат               | 1923337  | 68,7      | 1781934  | 66,9      |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+| Аз он ҷумла:         |          |           |          |           |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+| энергетика           | 1511543  | 78,6      | 1161303  | 65,2      |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+| истихроҷи нафт       | -        | -         | 4470     | 0,3       |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+| истихроҷи газ        | 2148     | 0,1       | -        | -         |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+| металҳои қиматбаҳо   | 199668   | 10,4      | 274602   | 15,4      || ва ранга             |          |           |          |           |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+| кимиё ва нафт        | 3650     | 0,2       | 699      | -         |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+| сабук                | 159758   | 8,3       | 269284   | 15,1      |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+| Хўрокворӣ            | 17333    | 0,9       | 60245    | 3,3       |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+| Сохтмон              | 29238    | 1,5       | 11332    | 0,4       |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+| Кишоварзӣ            | 58373    | 2,1       | 24588    | 0,9       |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+| Нақлиёт              | 646356   | 23,1      | 710955   | 26,7      |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+| Савдо                | 63790    | 2,3       | 35093    | 1,3       |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+| Дигар соҳаҳои        | 106127   | 3,8       | 101014   | 3,8       || истеҳсолӣ            |          |           |          |           |+----------------------+----------+-----------+----------+-----------+

Манбаъ: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сохтори технологии сармоягузориҳо ба сармояи асосӣ дар давраи солҳои 2007-2011 чандон зиёд таљйир наёфтааст. Дар айни замон, дар давраи баррасишаванда ҳиссаи корҳои сохтмонию васлгарӣ аз 79 фоиз то 83 фоиз, ҳиссаи таҷҳизот, асбобҳо ва инвентар (ҷиҳозу олот) аз 14,8 фоиз то 11 фоиз афзоиш ёфтааст (Ҷадвали №7).

 

Ҷадвали № 7.

Сохтори технологии сармоягузориҳо ба сармояи асосӣ

                       (бо нархҳои воқеан вуҷуддошта, ҳазор сомонӣ)

+-----------------------+--------------+--------------+--------------ҷ|        Солҳо          |         2007 |         2008 |        2009  |+-----------------------+--------------+--------------+--------------+|                  Сармоягузориҳо ба сармояи асосӣ                   |+-----------------------+-------+------+-------+------+-------+------+| Ҳамагӣ                |2828663|100%  |4341444|100%  |3899376|100%  |+-----------------------+-------+------+-------+------+-------+------+| Корҳои сохтмону       |2235094|79,0% |3562924|82,1% |3278659|84,1% || васлгарӣ              |       |      |       |      |       |      |+-----------------------+-------+------+-------+------+-------+------+| Таҷҳизот ва асбобу    |419527 |14,8% |594135 |13,7% |244258 |6,3%  || анҷом                 |       |      |       |      |       |      |+-----------------------+-------+------+-------+------+-------+------+| Дигар корҳои асосӣ    |174042 |6,2%  |184385 |4,2%  |376459 |9,7%  || ва хароҷот            |       |      |       |      |       |      |+-----------------------+-------+------+-------+------+-------+------+давоми таблитса         |+--------------+--------------+--------------------------------------+|        2010  |         2011 |+--------------+--------------++-------+------+-------+------+|4669365|100%  |4988319|100%  |+-------+------+-------+------+|4127136|88,4% |4154779|83,3% |+-------+------+-------+------+|315123 |6,7%  |549009 |11,0% |+-------+------+-------+------+|227106 |4,9%  |284531 |5,7%  |+-------+------+-------+------+

Манбаъ: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нисбати сохтори таҷдиди (бозтавлиди) сармоягузориҳо ба сармояи асосӣ тибқи иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ, бояд зикр намуд, ки дар солҳои 2007-2011 сармоягузориҳо барои азнавтаҷҳизонии техникӣ ва навсозии корхонаҳои амалкунанда (ҳиссаи онҳо аз 4 фоиз то 28 фоиз афзуд), инчунин барои нигоҳдории иқтидорҳои мавҷуда афзоиш ёфт. Ҳаҷми сармоягузориҳо ба сохтмонҳои нав кам шуданд, ҳаҷми қиёсии онҳо аз 92 фоиз то 56 фоиз кам гардид (Ҷадвали №8).

 

Ҷадвали 8.

Сохтори бозтавлиди сармоягузориҳо ба сармояи асосӣ тибқи иншооти таъиноти истеҳсолӣ

                                     (бо нархҳои воқеан вуҷуддошта)

+--------+-----------+-----------+-----------+-----------+-----------ҷ|  Солҳо |    2007   |    2008   |   2009    |   2010    |   2011    |+--------+------+----+------+----+------+----+------+----+------+----+| Ҳамагӣ | млн  |  % | млн. |  % | млн. |  % | млн. |  % | млн. |  % ||        | сом. |    | сом. |    | сом. |    | сом. |    | сом. |    ||        +------+----+------+----+------+----+------+----+------+----+|        |2002,3|100 |3173,7|100 |2481,5|100 |2798  |100 |2664,9|100 |+--------+------+----+------+----+------+----+------+----+------+----+|Аз нав  |87,1  |4,3 |161,9 |5,1 |493,4 |19,9|677,8 |24,2|749,9 |28,1||таҷҳизо-|      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||нии тех-|      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||никӣ ва |      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||навсозии|      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||корхона-|      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||ҳои     |      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||амалку- |      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||нанда   |      |    |      |    |      |    |      |    |      |    |+--------+------+----+------+----+------+----+------+----+------+----+|Васеъку-|8,6   |0,4 |34,9  |1,1 |11,6  |0,5 |18,1  |0,6 |257,6 |9,7 ||нии кор-|      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||хонаҳои |      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||амалку- |      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||нанда   |      |    |      |    |      |    |      |    |      |    |+--------+------+----+------+----+------+----+------+----+------+----+|сохтмон |1874,4|93,6|2922,5|92,1|1433,6|57,8|1086,7|38,8|1493,8|56,1|+--------+------+----+------+----+------+----+------+----+------+----+|Сохтмони|30,9  |1,5 |54,4  |1,7 |17,7  |0,7 |91,5  |3,3 |163,6 |6,1 ||объект- |      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||ҳои ҷу- |      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||догонаи |      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||корхона-|      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||ҳои     |      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||амалку- |      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||нанда   |      |    |      |    |      |    |      |    |      |    |+--------+------+----+------+----+------+----+------+----+------+----+|Ҳимояи  |1,3   |0,1 |      |    |525,2 |21,2|869,1 |31,1|42,3  |1,6 ||корхона-|      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||ҳои     |      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||амалку- |      |    |      |    |      |    |      |    |      |    ||нанда   |      |    |      |    |      |    |      |    |      |    |+--------+------+----+------+----+------+----+------+----+------+----+

Манбаъ: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Танҳо дар давраи солҳои 2008-2011 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти технологию истеҳсолӣ ва маводи мукаммалгардонии онҳо ба маблаљи зиёда аз 1,73 млрд. долл. ШМА, ва дар 9 моҳи соли 2012 ба маблаљи умумии зиёда аз 280 млн. долл. ШМА ворид карда шудааст. (Ҷадвали № 9)

 

Ҷадвали № 9.

Таҷҳизотҳои истеҳсолию технологии воридшуда

+----+-----------------+------------------+-----------------ҷ|  № |    солҳо        |     Маблаљ       |     Миқдор      ||    |                 | (доллари ШМА)    |      (кг)       |+----+-----------------+------------------+-----------------+| 1  |    2008         |   471456 896     |   76 570 559    |+----+-----------------+------------------+-----------------+| 2  |    2009         |   274 265 336    |   56179202      |+----+-----------------+------------------+-----------------+| 3  |    2010         |   292 436 444    |   53 400 109    |+----+-----------------+------------------+-----------------+| 4  |    2011         |   410 668 603    |   62 749 269    |+----+-----------------+------------------+-----------------+| 5  | Нўҳ  моҳи 2012  |   280 974 523    |   52 537 040    |+----+-----------------+------------------+-----------------+|    | Ҳамагӣ          |   1729 801802    |   301436179     |+----+-----------------+------------------+-----------------+

Манбаъ: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар давраи аз солҳои 2007 то 2011 ва нимсолаи аввали соли 2012 ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 9 439 млн. доллари ШМА сармоягузории хориҷӣ ворид гардид. Аз ҷумлаи онҳо 1 428 млн. доллари ШМА, ё ки 15,1 фоиз сармоягузориҳои мустақим, зиёда аз 7 936 млн. доллари ШМА, ё ки 84,65% дигар сармоягузориҳо. Бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар соли 2009, вақте ки воридоти камтарини сармоягузориҳои хориҷӣ дар ин давра дар ҳаҷми 677,3 млн. доллари ШМА буд, ва ҳамагӣ 33 фоизи ҳаҷми соли 2007 ва 37 фоизи ҳаҷми соли 2008-ро ташкил медод, ба ин нишондиҳанда таъсири зиёди манфӣ расонд. Аллакай дар соли 2010 воридоти сармоягузориҳои хориҷӣ ба кишвар тамоюли рў ба афзоишро дар ҳачми 149 фоиз нисбат ба соли пешин пайдо кард ва дар соли 2011 ба иқтисоди кишвар зиёда аз 2 268 млн. доллари ШМА сармоягузориҳои хориҷӣ ворид гардиданд, ки нисбат ба нишондиҳандаи мушобеҳи соли 2010 2 маротиба бештар мебошад ва аз нишондиҳандаи мушобеҳи соли тобўҳронии 2007 зиёд аст.

Дар сохтори маҷмўии сармоягузориҳои хориҷие, ки дар соли 2011 ба иқтисоди кишвар ворид гардидаанд, қисмати аз ҳама бештарро дигар сармоягузориҳо ташкил доданд (96,6 фоиз), ки дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 - 200 фоиз афзоиш ёфтанд. Дар нимсолаи аввали соли 2012 ин тамоюл боқӣ монда, ҳиссаи дигар сармоягузориҳо дар сохтори маҷмўии сармоягузориҳои хориҷӣ қариб 88,7 фоизро ташкил дод.

Воридоти сармоягузориҳои портфелӣ дар давраи аз соли 2007 то соли 2011 дар сатҳи хеле паст қарор дошта, ҳиссаи онҳо дар сохтори маҷмўии сармоягузориҳои хориҷие, ки дар муддати ин давра ҷалб карда шуда буданд, ҳамагӣ 0,25 фоизро ташкил дод. (Ҷадвали № 10).

 

Ҷадвали №10.

Сохтори сармоягузориҳои хориҷӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2012

                        ҳазор долл. ШМА фоиз нисбат ба соли гузашта

+-----+---------+---------+-------+---------+-----+-----+------+-----ҷ|Сол  | Ҳамагӣ  |Мустақим | Порт- |  Дигар  |Ҳама-|Мус- |Порт- |Дигар||     |         |         | фелӣ  |         |гӣ   |тақим|фелӣ  |     |+-----+---------+---------+-------+---------+-----+-----+------+-----+|2007 |2060707,5|388436,1 |199,9  |1672071,5|  -  |  -  |  -   |  -  |+-----+---------+---------+-------+---------+-----+-----+------+-----+|2008 |1810899,8|716708,6 |17014,4|1077176,8|87,7 |211,7|8549,7|64,4 |+-----+---------+---------+-------+---------+-----+-----+------+-----+|2009 |677332,4 |76882,2  |184,2  |600266,0 |37,4 |10,7 |1,8   |55,7 |+-----+---------+---------+-------+---------+-----+-----+------+-----+|2010 |1119865,2|51027,7  |6511,2 |1062326,3|165,5|66,3 |3534,8|176,9|+-----+---------+---------+-------+---------+-----+-----+------+-----+|2011 |2268397,3|76284,6  |52,0   |2192060,7|200,2|149,4|0,79  |200,6|+-----+---------+---------+-------+---------+-----+-----+------+-----+|2012 |1502017,4|169436,2 |  -    |1332581,2|66,2 |222,1|  -   |60,8 ||дар  |         |         |       |         |     |     |      |     ||6 моҳ|         |         |       |         |     |     |      |     |+-----+---------+---------+-------+---------+-----+-----+------+-----+|ҳама-|9439219,6|1478775,4|23961,7|7936482,5|     |     |      |     ||гӣ % |         |         |       |         |     |     |      |     ||нис- |         |         |       |         |     |     |      |     ||бати |         |         |       |         |     |     |      |     ||маб- |100%     |15,66%   |0,25%  |84,65%   |     |     |      |     ||лаљи |         |         |       |         |     |     |      |     ||умумӣ|         |         |       |         |     |     |      |     |+-----+---------+---------+-------+---------+-----+-----+------+-----+

Манбаъ: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумотҳои Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар сохтори сармоягузориҳои хориҷӣ дар иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи навъҳои фаъолияти иқтисодӣ дар давраи солҳои 2005 - 2011 таљйироти назаррас рўй доданд. Агар дар солҳои 2006-2008 ҳиссаи аз ҳама бештари сармоягузориҳо ба бахши "Энергетика" ворид гардида бошад, он гоҳ дар соли 2011 61,2 фоизи ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба бахши "Нақлиёт ва алоқа" ҷалб карда шуда буданд. Дар айни замон, дар соли 2011 ҳаҷми сармоягузориҳо дар муқоиса бо соли 2010 ба бахши "Нақлиёт ва алоқа" 4,5 маротиба, ба соҳаи "Саноати истихроҷи маъдани кўҳӣ" қариб 2 маротиба афзоиш ёфт. Афзоиши воридоти захираҳои сармоягузорӣ дар соли 2011 ба соҳаи нақлиёт бо ихтисори миқёси фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон, инчунин ба соҳаҳои вобаста ба миёнаравии молиявӣ сурат гирифт. (Ҷадвали № 11).

 

Ҷадвали № 11.

Сохтори соҳавии сармоягузории хориҷӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

                         (фоиз аз маблаљи умумии ҳаҷми солонаи СМХ)

+---------------------------------+----+----+----+----+----+----+----ҷ|     Навъи фаъолияти иқтисодӣ    |2005|2006|2007|2008|2009|2010|2011|+---------------------------------+----+----+----+----+----+----+----+| Саноати коркард                 |24  |2,5 | -  | -  |1,41| -  | -  |+---------------------------------+----+----+----+----+----+----+----+| Саноати кўҳкорӣ                 |38  |5,4 |5,1 | -  |3,2 |9,3 |16,7|+---------------------------------+----+----+----+----+----+----+----+| Энергетика                      | -  |59,2|42,6|75,7| -  | -  | -  |+---------------------------------+----+----+----+----+----+----+----+| Нақлиёт ва алоқа                |7   |12,9|12,1|4,7 |46,2|13,7|61,2|+---------------------------------+----+----+----+----+----+----+----+| Сохтмон                         |8   | -  |27,6|10,5|7,9 |19,1|10,2|+---------------------------------+----+----+----+----+----+----+----+| Хизматрасонии иҷтимоӣ           |2   |8,5 | -  | -  | -  | -  | -  |+---------------------------------+----+----+----+----+----+----+----+| Миёнаравии молиявӣ              |9   | -  |10,5|6,2 |41,3|40,9|11,8|+---------------------------------+----+----+----+----+----+----+----+| Савдои яклухт ва чакана         |12  | -  | -  | -  | -  | -  | -  |+---------------------------------+----+----+----+----+----+----+----+| Соҳаҳои дигар                   |    |11,6|2,1 |2,9 | -  |17  | -  |+---------------------------------+----+----+----+----+----+----+----+| Ҳамагӣ                          |100 |100 |100 |100 |100 |100 |100 |+---------------------------------+----+----+----+----+----+----+----+

Манбаъ: Бонки Миллии Тоҷикистон. Тавозуни пардохт

Дар сохтори ҷуљрофии сармоягузорҳои хориҷие, ки ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, мавқеи асосиро Федератсияи Россия, Британияи Кабир, Қибрис (Кипр), Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва љайра ишљол менамоянд. Тибқи натиҷаҳои соли 2011 ҳаҷми аз ҳама бештар, 3, 022 миллион доллари ШМА, ё ки 46,1 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷиеро, ки дар давраи зикргардида ба иқтисоди кишвар ворид гардидаанд, ба Федератсияи Россия тааллуқ дорад, аз Британияи Кабир 341,2 миллион доллари ШМА (15,4 фоиз), аз Қибрис - 209,48 миллион доллари ШМА (9,4 фоиз), Штатҳои Муттаҳидаи Америка - 129,61 миллион доллари ШМА ё 5,8% сармоягузориҳои хориҷӣ ворид гардидаанд. (Ҷадвали № 12)

Ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз ба ташаккулёбии бахши сармоягузории пуриқтидор мусоидат накардааст. Марҳилаи кунунии рушди фаъолияти сармоягузории кишвари мо дорои чунин хусусиятҳои хос, ба монанди ҳаҷмҳои ками воридоти сармоягузориҳои портфелӣ ва сармоягузориҳои мустақим, сатҳи комилан пасти рақобатпазирии ширкатҳои маҳаллӣ дар муқоиса бо шарикони хориҷӣ, заиф будани заминаи технологии миллӣ ва амсоли инҳо мебошад.

Ҷадвали 12.

Сохтори ҷуљрофии сармояҳои хориҷӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2004-2011

                                                  (млн. долл . ШМА)

 +------------+-------------------------------------------------------ҷ |            |                      Солҳо                            | |            +-------------+-------------+-------------+-------------+ |   Номгўи   |     2004    |     2005    |     2006    |     2007    | |  давлатҳо  +------+------+------+------+------+------+------+------+ |            | млн  |  %   | млн. |  %   | млн. |  %   | млн. |  %   | |            |  $   |      |  $   |      |  $   |      |  $   |      | +------------+------+------+------+------+------+------+------+------+ |Ҳамагӣ      |260,7 |100   |263   |100   |385,2 |100   |388,4 |100   | +------------+------+------+------+------+------+------+------+------+ |Аз он ҷумла:|      |      |      |      |      |      |      |      | +------------+------+------+------+------+------+------+------+------+ |Кишварҳо ИДМ|0,4   |0,15  |2,8   |1,06  |234,3 |60,8  |171,2 |44,1  | +------------+------+------+------+------+------+------+------+------+ |Озарбойҷон  |-     |-     |-     |-     |-     |-     |-     |-     | +------------+------+------+------+------+------+------+------+------+ |Қазоқистон  |-     |-     |-     |-     |2,4   |0,62  |10,9  |2,8 1 | +------------+------+------+------+------+------+------+------+------+ |Қирљизистон |-     |-     |-     |-     |-     |-     |-     |-     |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Россия      |0,3   |0,12  |2,8   |1,06  |231,7 |60,2  |160,2 |41,2  |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Давлатҳои   |0,1   |0,04  |0,04  |0,02  |0,1   |0,03  |0,1   |0,03  ||дигар       |      |      |      |      |      |      |      |      |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Давлатқои   |260,3 |99,8  |260   |99    |150,9 |39,2  |217,2 |55,9  ||хориҷаи ДУР |      |      |      |      |      |      |      |      |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Британияи   |6,8   |2,6   |28,6  |10,9  |25,9  |6,72  |10,8  |2,78  ||Кабир       |      |      |      |      |      |      |      |      |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Олмон       |0,04  |0,02  |1,5   |0,57  |1,7   |0,44  |0,1   |0,03  |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Эрон        |0,4   |0,02  |4,7   |1,79  |2,5   |0,65  |10,3  |2,65  |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Ҳиндустон   |-     |-     |2,7   |1,03  |1,2   |0,31  |0,2   |0,05  |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Канада      |3,4   |1,3   |0,9   |0,34  |-     |-     |1,4   |0,36  |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Кипр        |4,1   |1,6   |1     |0,38  |36,1  |9,37  |88,7  |22,8  |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Хитой       |2,1   |0,81  |2,5   |0,95  |34,9  |9,06  |6,4   |1,65  |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Нидерландия |-     |-     |-     |-     |-     |-     |-     |-     |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Туркия      |0,9   |0,35  |1,6   |0,61  |3,3   |0,86  |0,2   |0,05  |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Сингапур    |-     |-     |-     |-     |-     |-     |-     |-     |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|ШМА         |2     |0,8   |5,4   |2,05  |37,3  |9,68  |71,7  |18, 5 |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Фаронса     |-     |-     |-     |-     |-     |-     |-     |-     |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Ҷазираҳои   |-     |-     |-     |-     |-     |-     |-     |-     ||Вирҷиния    |      |      |      |      |      |      |      |      |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Швейтсария  |2     |0,8   |2,1   |0,8   |0,2   |0,05  |15,5  |3,99  |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+|Давлатҳои   |0,2   |0,09  |0,7   |0,27  |7,8   |2,02  |11,9  |3,1   ||дигар       |      |      |      |      |      |      |      |      |+------------+------+------+------+------+------+------+------+------+давоми таблитса        |+--------------------------------------------------------------------++-------------------------------------------------------+------------ҷ|                      Солҳо                            |            |+-------------+-------------+-------------+-------------+            ||     2008    |     2009    |     2010    |     2011    |            |+------+------+------+------+------+------+------+------+  ҳамагӣ    || млн  |  %   | млн. |  %   | млн. |  %   | млн. |  %   |            ||  $   |      |  $   |      |  $   |      |  $   |      |            |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|716,7 |100   |76,88 |100   |51,03 |100   |76,3  |100   | 2218,21    |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------++------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|603,1 |84,1  |45,21 |58,8  |9,3   |18,2  |43,5  |57    | 1109,81    |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|-     |-     |-     |-     |0,66  |1,3   |-     |-     | 0,66       |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|36,2  |5,05  |26    |33, 8 |2,34  |4,6   |0,46  |0,6   | 75,96      |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|-     |-     |0,72  |0,94  |-     |-     |0,03  |0     | 0,75       |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|566,8 |79,1  |18,5  |24,0  |6,3   |12,3  |35,4  |46,4  | 1022       |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|0,1   |0,01  |-     |-     |-     |-     |-     |-     | 0,44       |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|113,6 |15,9  |31,68 |41,2  |41,74 |81,8  |32,8  |43    | 1066,5     |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|7,1   |0,99  |0,9   |1,2   |3,07  |6     |7,6   |9,9   | 341,2      |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|-     |-     |-     |-     |9,01  |17,7  |-     |-     | 12,4       |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|3,5   |0,49  |1,58  |2,1   |4,13  |8,1   |10,7  |14    | 37,81      |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|0,7   |0,1   |2,05  |2,7   |3,84  |7,5   |0,41  |0,5   | 11,1       |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|0,8   |0,11  |      |      |-     |-     |-     |-     | 6,5        |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|70,2  |9,79  |2,15  |2,8   |4,63  |9,1   |2,6   |3,4   | 209,48     |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|24,7  |3,45  |0,3   |0,4   |-     |-     |-     |-     | 70,9       |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|-     |-     |18,1  |23, 5 |0,62  |1,2   |3,7   |4,8   | 22,42      |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|0,2   |0,03  |-     |-     |8,68  |17    |-     |-     | 14,88      |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|-     |-     |0,05  |0,06  |0,14  |0,3   |-     |-     | 0,19       |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|5,1   |0,71  |3,05  |4     |1,06  |2,1   |4     |5,3   | 129,61     |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|-     |-     |2,6   |3,4   |0,36  |0,7   |-     |-     | 2,96       |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|-     |-     |0,05  |0,07  |0,2   |0,4   |-     |-     | 0,32       |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|1     |0,14  |0,82  |1,1   |5,9   |11, 6 |4,2   |5,6   | 31,72      |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+|0,3   |0,04  |-     |-     |0,1   |0,2   |-     |-     | 21         |+------+------+------+------+------+------+------+------+------------+

Манбаъ: Бонки миллии Тоҷикистон. Тавозуни пардохт

 

  1. Мушкилоти асосии фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Бо вуҷуди дастовардҳои дар тўли солҳои охир дар соҳаи беҳтарсозии фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноилгардида, таҳлили анҷомдодашуда ва пурсиши дар байни соҳибкорон ва сармоягузорон гузаронидашуда имкон дод, ки муаммоҳои зерини барои кишвари мо дар соҳаи сармоягузорӣ хосбуда муайян карда шаванд:

- бозори дохилии нисбатан начандон калон ва ҳамгироии заифи тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ;

- рушди љайрикофии инфрасохтори ҷисмонӣ (роҳҳо, хатҳои интиқоли қувваи барқ, обтаъминкунӣ ва монанди инҳо) дар як қатор минтақаҳои кишвар;

- камбуди мавсимии қувваи барқ;

- нуқсонҳо дар қонунгузории кишвар дар соҳаи сармоягузорӣ ва механизмҳое, ки ҳуқуқи моликият, риояи бояду шояди қонунҳо ва муносибатҳои шартномавии субъектҳои хоҷагидориро таъмин мекунанд, нигилизми ҳуқуқӣ;

- шароити заифи рақобатпазирӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо (низомҳои андоз, гумрук ва раводид);

- нисбатан дур будан аз бозорҳои истеъмолии бузурги ҷаҳонӣ ва шоҳроҳҳои асосии тиҷоратию нақлиётӣ;

- инкишоф наёфтани инфрасохтори сармоягузорӣ (бонкӣ, иттилоотию таҳлилӣ, консалтингӣ (машваратӣ) ва љайра);

- баланд будани сатҳи бюрократизатсияи (расмиятпарастии) идораи давлатӣ;

- дар кишвар ба миқдори кофӣ вуҷуд надоштани кадрҳои идоракунанда ва коргарии дорои донишу малакаи муосир, баланд будани сатҳи муҳоҷирати берунӣ.

 

  1. Иқтидори сармоягузорӣ ва хавфҳо

 

  1. Дурнамои иқтидори сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба туфайли он, ки кишвар дорои захираҳои табиии хеле зиёд мебошад, метавонад бузург арзёбӣ карда шавад, аз ҷумла мавриди истифода қарор додани иқтидори бузурги энергияи об, ҷорӣ намудани технологияҳои ҳозиразамон дар соҳаҳои афзалиятнок, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ бо арзиши баланди изофа, маҳсулоти коркардшудаи озуқа, металлҳои қиматбаҳо ва нодир, инчунин имкониятҳои рушди туризм.
  2. Дар баробари ин хавфҳои (рискҳои) зиёдеро, ки ба рушди кишвар таҳдид мекунанд ва метавонанд дар шакли зайл зоҳир гарданд, нодида гирифтан мумкин нест:

- кам шудани захираҳои ашёи хом ва пастшавии минбаъдаи нархҳои ҷаҳонии пахта ва ҳамзамон болоравии арзиши аслии истеҳсоли он, ки боиси косташавии ҷолибияти сармоягузории кишвар мегарданд;

- аз даст додани иқтидори мавҷудаи саноатию истеҳсолии кишвар

бинобар сатҳи баланди фарсудашавии воситаҳои асосӣ ва ҳаҷми ками сармоягузориҳо ба сармояи асосӣ;

- симои манфии сармоягузорӣ пайдо кардани кишвар дар натиҷаи ба таври зарурӣ риоя нагардидани сиёсати давлатӣ оид ба ҷалби сармоягузорӣ;

- талафоти бевоситаи буҷети давлатӣ бинобар истифодаи љайрисамараноки маблаљҳое, ки барои ҷалби сармоягузорӣ равона карда шудаанд;

- мавҷудияти омилҳои нооромӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва вуҷуд доштани хавфи бунбасти иқтисодӣ бинобар пешгўинашаванда будани рушди вазъи сиёсии хориҷӣ дар минтақа.

 

  1. Тадбирҳои асосӣ оид ба ноил гардидан ба мақсадҳои Консепсия ва механизмҳои татбиқи онҳо

 

  1. Санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ дар соҳаи фаъолияти сармоягузорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" № 260 мебошад, ки 12 майи соли 2007 қабул гардидааст. Қонун меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои марбут ба сармоягузориро муттаҳид сохта, барои сармоягузориҳои хориҷӣ ва миллӣ низоми умумии ҳукуқиро муқаррар намуд ва ба сармоягузороне, ки фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, кафолатҳои баробар пешниҳод кард.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" амалан тамоми ҷанбаҳои фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад, ба қадри кофӣ кафолатҳо ва имтиёзоти имконпазирро пешбинӣ менамояд, вале, таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя ва таҳлили муқоисавию ҳуқуқии қонунҳои сармоягузории онҳо, инчунин назариёт ва дархостҳои сармоягузорон нишон доданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" ба таҷдиди назар ва ба он ворид намудани таљйиру иловаҳо ниёз дорад.

  1. Дар навбати аввал, муайян намудани мафҳуми қонунгузории сармоягузорӣ зарур мебошад, то ки ба таври дақиқ муайян карда шавад, ки маҳз кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба чунмн навъ қонунгузорӣ ворид карда шаванд.
  2. Ҳамоҳангсозии (мутобиқсозии) умумии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз нуқтаи назари ягонагии истилоҳот, тадбирҳои пешбинишаванда, ба тавозуни озодиҳо ва масъулияти ҳам сармоягузорон ва ҳам давлат мутаносиб намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зарур мебошад. Ҳамчунин принсипҳои эълоннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" бояд дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ инъикоси худро пайдо кунанд, то ки онҳо аз сатҳи декларативӣ ба сатҳи татбиқи амалӣ гузаронида шаванд.
  3. Дар сатҳи қонунгузорӣ бояд чунин механизмҳои бунёдии сармоягузорӣ, ба монанди созишномаи сармоягузорӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, лоиҳаҳо, барномаҳои сармоягузорӣ ва љайра инъикос ёбанд ва ба таври дақиқ ба танзим дароварда шавад.
  4. Барои ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ таҷдиди назар намудани критерияҳое, ки мутобиқи онҳо метавонанд имтиёзоти андозӣ ва гумрукӣ пешниҳод карда шаванд, инчунин ба таври дақиқ муқаррар намудани тартиби пешниҳод намудани онҳо зарур мебошад. Рушди чунин навъ кафолати аз ҷониби давлат пешниҳодшаванда, ба монанди додани грантҳои давлатӣ зарур дониста мешавад. Барои ин ташаккул додани заминаи кофии меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст.
  5. Дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудани механизми пешниҳоди шикоят аз ҷониби сармоягузорон нисбати риоя нагардидани кафолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ", инчунин расмиёти вокуниши мақомоти ваколатдор ба ин шикоятҳо зарур мебошад.
  6. Фароҳам овардани низоми мусоиди моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қабул намудани санадҳои махсуси меъёрии ҳуқуқии алоҳидае, ки масъалаҳои милликунонӣ, реквизитсия (мусодира кардан) ва љайраро танзим менамоянд, зарур мебошад. Љайр аз ин анҷомдиҳии тадбирҳо оид ба таъминоти воқеии ҳифзи ҳуқуқи ҳам молумулкӣ ва ҳам љайри молумулкӣ, эътироф намудани конвенсияҳо ва дигар санадҳои байналмилалии ба ҳимояи сармоягузорӣ нигаронидашуда зарур аст.
  7. Фаъолияти минбаъдаи мураттаб ва муназзам оид ба паст кардани монеаҳои маъмурӣ, соддагардонии расмиёт, хусусан дар соҳаи иҷозатномадиҳӣ, инчунин такмилдиҳии соҳаи тафтишу назорат бо мақсади паст кардани фишор ба тиҷорат ва кам кардани дахолати давлат ба фаъолияти бахши хусусӣ, ҷорӣ намудани низоми нави андозбандӣ ва имтиёзоти рақобатпазире, ки ба ҷалби сармоягузорон мусоидат мекунанд, зарур мебошад.
  8. Давлат бояд шарики баробарҳуқуқи гражданӣ, иштироккунандаи муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ бо сармоягузор шавад ва барои ин бояд заминаи меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва системаи мувозина ва маҳдудиятҳо нисбати сармоягузориҳо, ки ба рушди иқтидорҳои миллӣ таҳдид мекунанд, ташаккул дода шавад.

 

 

  1. Барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии фаъолияти сармоягузорӣ, беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ ва афзун намудани воридоти сармоягузориҳо ба иқтисод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани системаи комили ягонаи идоракунии давлатии равандҳои сармоягузорӣ, ки сохторҳои марбутаи кор бо сармоягузориҳои хориҷӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият бо ташкилотҳои (созмонҳои) байналмилалӣ, гузаронидани экспертизаи (ташхиси) лоиҳаҳои муҳимтарин ва интихоби озмунии онҳоро фаро мегирад, зарур мебошад.
  2. Таъмин намудани такмилёбии минбаъдаи функсияҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми давлатии ваколатдор дар соҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла ба он додани ваколатҳои бештар оид ба мониторинги лоиҳаҳои сармоягузорӣ, пешбурди феҳристи (реестри) лоиҳаҳои сармоягузорӣ мувофиқи матлаб буда, барои ин тамоми мақомоти давлатие, ки ба раванди сармоягузорӣ ҷалб шудаанд, бояд иттилооти марбутаи дар ихтиёрашон мавҷудбударо ба таври доимӣ ба он пешниҳод намоянд. Ҳамзамон, дастрасӣ ба феҳрист (реестр) бояд озод бошад, феҳрист бояд расман дар сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор карда шавад.
  3. Барои ҳалли муаммоҳои дорои хусусияти институтсионалӣ (вуҷуд доштани шумораи зиёди мақомоти давлатие, ки ба сармоягузор лозим меояд, ки бо онҳо сарукор дошта бошад, сатҳи баланди дахолати мақомоти "иҷозатдиҳанда", такроркунии функсияҳои маъмурии мақомоти давлатӣ) дар ҷараёни татбиқи Консепсияи мазкур бояд вариантҳои амалисозии механизми Созишномаи сармоягузорӣ баррасӣ гарданд, ки ҳангоми он давлат тамоми мувофиқакунониҳои зарурӣ ва расмиёти маъмурӣ, ва/ё ҷорӣ намудани системаи "равзанаи ягона"-и мутамарказкунандаи функсияҳои/хизмарасониҳои ҳамаи мақомоти давлатии зарурии ба раванди додани тамоми ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии лозимӣ ҷалбшударо ба зиммаи худ мегирад, то ки ба сармоягузорӣ муроҷиаткарда ҳарчи зудтар хизмат расонида шавад.
  4. Васеъ намудани имкониятҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти давлатии ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои ҷалби сармоягузориҳо, дастгирии фаъолияти ҷории сармоягузорон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва фароҳамоварии шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Точикистон бошад, мувофиқи мақсад мебошад.

 

 

  1. Ба динамикаи воридоти сармоягузориҳо мавҷудияти инфрасохтори рушдёфта, аз ҷумла энергетика, алоқа, системаи телекоммуникатсия, нақлиёт, меҳмонхона ва дигар хизматрасониҳо таъсири мусбат мерасонад. Бинобар ин, ҳамзамон бо саъю талошҳо оид ба татбиқи яке аз мақсадҳои стратегии кишвар - баромадан аз бунбасти нақлиётӣ, шарти муҳими сиёсати муваффақонаи сармоягузорӣ халли проблемаҳои таъмини қувваи барқ, алоқа ва хизматрасонӣ хоҳад буд.

Ҷузъи таркибии муҳими механизми ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба минтақаҳои кишвар инфрасохтори рушдёфтаи сармоягузорӣ мебошад. Барои ташаккулёбии пурра ва такмилёбии доимии он таҳия ва татбиқ намудани маҷмўи тадбирҳо оид ба рушди инфрасохтори махсуси сармоягузорӣ зарур мебошад - бонкҳои тиҷоратӣ, фондҳои сармоягузорӣ, фондҳои љайридавлатии нафақа, ҷамъиятҳои суљуртавии тиҷоратӣ, консорсиумҳои љайридавлатии сармоягузорон, бонкҳои ипотекавӣ, инчунин ниҳодҳои љайримолиявӣ - агентиҳои маркетингӣ ва консалтингӣ, хадамоти кадрӣ ва рекрутингӣ, таҳсилоти иловагӣ ва махсус ва бизнес-таҳсилот.

  1. Дар мадди таваҷҷўҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сармоягузориҳо бояд тадбирҳои минбаъда оид ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва таъмини онҳо бо инфрасохтори дахлдор қарор гиранд. Ворид намудани таҷрибаи мусбии байналмилалӣ ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имкон медиҳад маҷмўи проблемаҳои барои ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил умумибударо, ки ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ имкон намедиҳанд афзалиятҳои худро дар ҳаҷми пурра амалӣ намоянд, зарур мебошад. Ба ҷумлаи муаммоҳои мазкур инҳоро мансуб донистан мумкин аст:

- танзим ва идоракунии љайрисамаранок;

- вуҷуд надоштани баҳисобгирии хусусиятҳои хоси минтақаҳо;

- нокифоя ҷудо гардидани маблаљгузории буҷетӣ барои ташаккулёбии институтсионалӣ ва таъсиси инфрасохтори зарурӣ, самаранокии пасти хароҷоти буҷетӣ;

- ноустувории қонунгузории андоз барои резидентҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ.

  1. Бояд ҳам таҷрибаи мусбӣ ва ҳам таҷрибаи манфии ҷомеаи ҷаҳониро ба инобат гирифт ва омўхт, ки ин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, то модели худро бо такя ба таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ созад.

Барои беҳтар намудани ҷолибият ва иқтидори минтақаҳои озоди иқтисодии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуддошта баррасӣ намудани механизми таҳти идораи ширкатҳои махсусгардонидашуда супоридани онҳо мувофиқи матлаб хоҳад буд, ки ин дар тамоми ҷаҳон ба таври васеъ амалӣ мегардад, ё ки барои тақвиятбахшии иқтидори идоракунии маъмурияти онҳо маблаљҳои зиёди буҷетӣ ҷалб карда шаванд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки омили рушди босуръати иқтисодӣ аз ҳисоби фаъолгардонии муомилоти байналмилалии мол, сарфарбарсозии сармоягузориҳо, вусъатбахшии равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, таъсиси минтақаҳои махсуси иқтисодӣ мебошад. Дар баробари ин, пешбинӣ намудани тадбирҳо оид ба таъсиси минтақаҳо ва майдонҳои саноатии сармоягузории дорои дастрасӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ бидуни пешниҳод кардани имтиёзот ва афзалиятҳо мувофиқи матлаб хоҳад буд.

 

 

  1. Дастрас будани иттилоот, шаффоф ва возеҳ будани қонунгузорӣ омили муҳимтарини ташаккулёбии симои сармоягузории кишвар мебошад. Муқаррар намудани принсипи дар боло зикргардида дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" лаҳзаи мусбӣ ба ҳисоб меравад, вале дар амалия ин принсип риоя карда намешавад. Дастрасии сармоягузорони эҳтимолӣ (имконпазир) ба иттилоот мушкил буда, он ба қабули қарорҳои мусбат оид ба сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намекунад.
  2. Ноил гардидан ба иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузорӣ оид ба интишори расмии тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз он ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар сатҳи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд, зарур мебошад.
  3. Барои бартараф намудани холигии иттилоотию таҳлилӣ инҳо зарур мебошанд:

- зоҳир намудани таваҷҷўҳи махсус ба таъминоти иттилоотии сармоягузорони хориҷӣ ҳамчун зинаи нисбатан заиф дар механизми танзими ин раванд. Воситаҳои иттилоотӣ ва марказҳои мусоидат ба сармоягузорони хориҷӣ бояд сармоягузоронро бо маълумот дар бораи лоиҳаҳои мухталиф ва шартҳои татбиқи онҳо, шартҳои ҷойгиркунӣ ва фаъолият дар минтақаҳои махсуси иқтисодӣ, системаи андозбандӣ, расмиёти маъмурию ҳуқуқӣ, кафолатҳои давлат, роҳҳои ҳалли масъалаҳои баҳснок ва проблемаҳо таъмин намоянд;

- андешидани тадбирҳо оид ба беҳтарсозии дастрасӣ ба иттилоот ва пешниҳод кардани иттилооти пурра дар бораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои мухталифи кишвар, инчунин дар ҳаҷми пурра татбиқ намудани кафолатҳо ва имтиёзоте, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузорон пешниҳод менамояд. Андешидани тадбирҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳуқуқии соҳибкорон ва хизматчиёни давлатӣ дар минтақаҳо тавассути беҳтар намудани сатҳи огоҳӣ оид ба ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар соҳаи сармоягузорӣ қабул гардидаанд;

- ҳавасмандгардонӣ ва ташвиқ намудани таъсиси сохторҳои махсусгардонидашудаи љайридавлатие, ки ба хизматрасонии таҳқиқотӣ, консалтингӣ, аудиторӣ ва дигар хизматрасониҳо барои бахши соҳибкорӣ нигаронида шудаанд;

- баррасӣ намудани имконияти интишори мунтазами маводҳои иттилоотию таҳлилӣ оид ба вазъи бахшҳои иқтисод, тафсирҳои соҳавӣ, маҷмўаҳои оморӣ бо нишондиҳандаҳои рушди иқтисод, тафсирҳои нархҳо ва монанди инҳо. Пешбинӣ намудани фаслҳои махсус ҳангоми таҳияи барномаҳои сармоягузорӣ, ки дар онҳо чорабиниҳо оид ба иттилоотонии ҳамаи сармоягузорони эҳтимолӣ (имконпазир) дарҷ мегарданд тавассути ҳама гуна усулҳои дастрас (истифодаи захираю имкониятҳои сафоратҳо ва намояндагиҳои тиҷоратӣ, ташкили форумҳо, аз ҷумла форумҳои интернетӣ ва намоишгоҳҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва љайра);

- тақвият додани иқтидорҳои фаъолиятдоштаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамарўза бо сармоягузорон рўбарў мешаванд, то ки онҳо иттилооти комилан навро оид ба вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунанд, имконият дошта бошанд дар сатҳи баланди касбӣ бо сармоягузорон муошират кунанд. Навкунии иттилооте, ки мақомоти давлатӣ дар сомонаҳо ва дар манбаъҳои дигар интишор менамоянд, бояд ўҳдадории мақомоти давлатӣ бошад ва барои иҷрои накардани чунин ўҳдадорӣ бояд ҷавобгарии маъмурии роҳбари аввали мақомоти давлатии дахлдор пешбинӣ карда шавад.

 

 

  1. Ташаккули сиёсати муқтадири сармоягузорӣ, ки ба воридоти сармоягузориҳо мусоидат мекунад ва шароити мусоид фароҳам меоварад, бояд тавассути тадбирҳои системавии сиёсати макроиқтисодӣ, инчунин тадбирҳои интихобӣ дар заминаи татбиқи муносибати инфиродӣ, чораҳои дастгирии хизматрасонии бахшҳои мушаххаси иқтисод, минтақаҳои муайян, гурўҳҳои корхонаҳо ва лоиҳаҳо тавассути пешниҳоди имтиёзҳои гуногуни фискалӣ ва сабукиҳои маъмурӣ анҷом дода шавад.

Тадбирҳои системавии сиёсати иқтисодӣ бояд ба ташаккулдиҳии макромуҳити ҷолиби сармоягузорӣ ва заминаи конунгузорӣ, ба тадбирҳо оид ба таъмини шароити рақобатпазири ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, инчунин ба тадбирҳо оид ба баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ равона карда шаванд.

Тадбирҳои интихобӣ бояд дар асоси муносибати инфироди (мушаххас) дар кор бо сармоягузорони хориҷӣ, маҷмўи тадбирҳои якҷояи дастгирии молиявӣ ва хизматрасонии бахшҳои ба содирот нигаронидашуда, корхонаҳо ва лоиҳаҳо анҷом дода шаванд, инчунин бояд ба ташаккулдиҳии симои мусбии сармоягузории кишвар дар бозорҳои байналмилалии сармоя равона карда шаванд.

  1. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои нисбатан муҳими ҳавасмандгардониҳои махсус барои сармоягузорони хориҷӣ инҳо бояд бошанд:

- ҳавасмандиҳои андозӣ (фискалӣ): рухсатиҳои андозӣ, имтиёзот дар мавриди андоз аз фоида, имтиёзот нисбати маблаљҳое, ки барои сармоягузорӣ ва сармоягузории такрорӣ истифода карда мешаванд, низоми босуръати (сареҳи) азҳисоббарориҳои истеҳлокӣ (амортизатсионӣ), имтиёзот дар мавриди андози даромад барои кормандони хориҷии корхонаҳо бо иштироки хориҷиён, имтиёзот ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти савдои хориҷӣ, имтиёзот дар мавриди воридоти технологияҳои нав ва љайра;

- ҳавасмандиҳои молиявӣ: пардохтани субсидияҳои ҳукуматӣ барои пўшонидани як қисми хароҷоти ољози фаъолият, пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок ё кафолатҳо барои қарзҳо, таъмин намудани шароити имтиёзноки суљуртакунии давлатӣ, иштироки давлат дар сармояи саҳомӣ, ҳавасмандгардонии андўхт, таъсиси фондҳои сармоягузорӣ;

- таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки сармоягузорие, ки ба рушди минтақаҳои рушднаёфта ва соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар равона карда шудаанд. Таъминоти иқтисодии татбиқи барномаҳои мақсадноки сармоягузорӣ асосан бояд тавассути беҳтарсозии механизми молиявии ҷалби сармоягузориҳо ба таҳияи низоми баҳодиҳӣ ва идоракунии таваккалҳо анҷом дода шавад. Таъминоти ҳуқуқии татбиқи ин барномаҳо андешидани тадбирҳои маҷмўӣ оид ба идома додани ислоҳоти қонунгузорӣ, баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ва шаффофияти иттилоотро тақозо менамояд;

- бекор кардани раводидҳо (визаҳо) ё тартиби соддагардидаи додани раводидҳо ба сармоягузорон (роҳбарон ва намояндагони зинаи роҳбарикунанда, инчунин мутахассисони баландихтисоси ширкатҳои дорои технологияҳои рушдёфта) барои анҷом додани музокирот, шиносоӣ бо истеҳсолот, бастани шартномаҳо (муоҳидаҳо). Асос барои вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни раводид (виза) дар ин ҳолат бояд даъватномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба сармоягузориҳо, иҷозат барои баровардани фоида, додани шаҳрвандӣ ба сармоягузороне, ки зиёда аз ҳадди ақали маблаљи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ намудаанд.

 

 

  1. Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд (UNCTAD) дар гурўҳи кишварҳои дорои иқтидорҳои зиёд ва сатҳи пасти сармоягузориҳо далели вуҷуд доштани зарурати анҷом додани корҳо оид ба беҳтарсозии симои сармоягузории кишвар мебошад.

Намудҳои асосии ташкили идоракуниро бо ҳалли мушкилоти имиҷӣ дар доираи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва пешбинӣ намудани маҷмўи чорабиниҳо оид ба беҳтарсозии симои сармоягузории кишвар дар шакли фасли Барномаи ҷалби сармоягузориҳо, баррасӣ намудан зарур аст:

  1. Механизми амалии баланд бардоштани имиҷи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд иқдомҳои зеринро дар бар гирад:

- муайян намудани мақоми давлатии масъуле, ки таҳти роҳбарӣ ва назорати бевоситаи он барномаи мақсадноки баланд бардоштани симои сармоягузории кишвар татбиқ карда хоҳад шуд;

- таъсиси гурўҳи кории доимӣ аз ҷумлаи коршиносони мустақил;

- таъсиси гурўҳи тадқиқотии (коршиносии) муваққатӣ иборат аз коршиносон;

- муайян намудани рўйхати рейтингҳои байналмилалие, ки барои арзёбии муҳити сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мебошанд;

- тасдиқ намудани рўйхати рейтингҳои байналмилалӣ, омўхтани методология, муайян намудани имконият ва роҳҳои беҳтарсозии нишондиҳандаҳои (индикаторҳои) мушаххас дар ин рейтингҳо;

- таҳия намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтарсозии нишондиҳандаҳо, муайян намудани масъулон, назорати ҷараёни корҳо;

- дар ҷараён ва баъди баанҷомрасии корҳо маъракаҳои густурдаи иттилоотӣ бо мақсади таблиљи дастовардҳо, натиҷаҳои мушаххас, беҳтарсозии муҳити самоягузории кишвар гузаронида мешаванд;

  1. Боло бурдани симои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи иттилоотии ҷаҳонӣ бо истифодаи воситаҳои зерин имконпазир мебошад:

- дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷаҳонӣ ҷойгир кардани наворҳои видеоӣ ва аудиоӣ оид ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷойгир кардани билбордҳо дар фурудгоҳхо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ;

- сомонаи интернетии иттилоотии бисёрзабонаи ба таври доимӣ навшаванда барои сармоягузорон;

- таҳия ва интишор намудани маводҳои чопии иттилоотию таҳлилӣ ва муаррифотӣ;

- кори мураттаб бо воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ оид ба боло бурдани симои мусбати сармоягузории кишвар, аз ҷумла ахбороти мунтазами иттилоотӣ дар воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, мақолаҳо ва нашрияҳои мавзўӣ, интишори наворҳои видеоии муаррифотӣ;

- гузаронидан ва фаъолона ба маърази ҷомеаи тиҷоратии байналмилалӣ пешниҳод намудани чорабиниҳои оммавии иқтисодӣ ва сармоягузорӣ - бизнес-форумҳо, роҳнамоҳо, семинарҳо, конференсияҳо, намоишгоҳҳо;

- иштироки фаъолона дар чорабиниҳои оммавии байналмилалии сармоягузорӣ ва иқтисодӣ;

- инъикоси васеи фаъолияти ширкати махсусгардонидашудаи миллӣ оид ба ҷалби сармоягузориҳо "Тоҷинвест" ҳам дар хориҷа ва ҳам дар дохили кишвар;

- таъсис додани системаи дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ташаккулдиҳии симои мусбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҳвилгари кадрҳои баландихтисос ба ҷомеаи иқтисодии ҷаҳонӣ.

  1. Кор бо воситаҳои ахбори омма бояд дар ҳама самтҳои муҳимсиёсат, иқтисод, туризм (сайёҳӣ), фарҳанг ва љайра бо таъмин намудани таъсиррасонии иттилоотӣ ба ҳама гурўҳҳои мавриди назар ташкил карда шавад. Барои ҳамоҳангсозии кори мазкур бояд як мақомоти масъул ё комиссияи байниидоравӣ муайян карда шавад ва ба ҳайати он намояндагони бахши тиҷорати хусусӣ, ки симои худро дар хориҷа фаъолона муаррифӣ менамоянд, шомил карда шаванд.

 

 

  1. Ҷанбаи муҳими сиёсати сармоягузории давлат мутобиқати он бо сиёсати иқтисодии хориҷӣ мебошад, ки барои ҳамаҷониба мусоидат намудан ба рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамгироии иқтисоди миллӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалии иқтисодӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва энергетикӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ ва ба бозорҳои нав баромадани субъектҳои тиҷорати миллӣ нигаронида шудааст.
  2. Бо мақсади ҳалли вазифаҳои зикргардида ва суръатбахшии ислоҳоти иқтисодӣ идома додани ҳамкории мутақобилан судманд бо созмонҳои байналмилалии мўътабари молиявӣ, аз ҷумла Бонки Умумиҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки Осиёии рушд, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки исломии рушд мувофиқи матлаб мебошад.
  3. Рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди гумрукӣ низ бояд ба яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии хориҷии кишвар тадбил ёбад.
  4. Омили муҳимтарини таъмини рушди иқтисоди кишвар ва ҳамгироии он ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошад. Узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба ҳарчӣ бештар дар оянда пешгўишаванда будани иқтисоди кишвар мусоидат хоҳад кард ва ба кишвар имкон медиҳад, ки стандартҳои ягона бо ҳама аъзои ин созмон дошта бошад, маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намояд ва ба бозори дохилӣ барои молҳои хушсифати истеҳсолкунандагони ҷаҳонӣ дастрасӣ муҳайё намояд.
  5. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо кишварҳои Америка, Осиё ва Аврупо муносибатҳои иқтисодӣ дорад, инчунин ҷонибдори ҳамкориҳои ҳарчӣ амиқтар бо тамоми созмону ташкилотҳои иқтисодии минтақавӣ мебошад. Яке аз муҳимтарини онҳо Созмони Конференсияи Исломӣ мебошад, ки дар доираи он Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти густариш додани ҳамкориҳои ҳарчӣ амиқтарро бо кишварҳои ҷаҳони ислом дорад.

 

 

  1. 67,5 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аҳолии аз 29-сола ҷавонтар ташкил медиҳанд, бинобар ин ҷавонони Тоҷикистон дар муайянкунии ояндаи иқтисодӣ ва суботи кишвар нерўи асосӣ хоҳанд буд.

Зарурати рушди иқтисод аз Ҳукумати кишвар таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои нави рушди бозори меҳнат ва таъмини шуљлро тақозо менамояд, ки дар қабул намудани Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои давраи солҳои 2010-2015 инъикос мегардад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи баланди муҳоҷирати дохилӣ хос мебошад. Муҳоҷирати дохилӣ, ҳамчун самти шуљл, то андозае масъалаҳои ҳиҷрати қувваи кориро аз маҳалҳои аҳолинишини деҳоти "бо қувваи корӣ таъминбуда", ки дар он ҷойҳо захираҳои меҳнатии худӣ бо ҷойҳои корӣ таъмин намебошанд, ба шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳал менамояд.

Муҳоҷирати меҳнатии хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои ҳамсоя "барои пулкоркунӣ" дар давраи гузариш вусъати бештар пайдо кард ва андозаи хеле зиёдро ташкил медиҳад. Тамоюл ба камшавӣ дар шароити кунунӣ ба мушоҳида намерасад. Тибқи маълумоти таҳлили қувваи корӣ дар соли 2009, ҳиссаи муҳоҷирати меҳнати 21,9 фоизи аҳолии машљули корро ташкил медиҳад.

Ҳисобҳо нишон медиҳанд, ки ҳадди ақал, барои нигоҳдории сатҳи шуљли аҳолӣ ва ба соҳаи шуљл ҷалб намудани қисми ҳар сол афзоишёбандаи аҳолии қобили меҳнат, муҳайё намудани чунин шароити иқтисодие зарур мебошад, ки афзоиши ҳарсолаи одамони ба кор машљулбуда на камтар аз 7% аз ҳисоби ҳамасола таъсис додани 150 ҳазор ҷойҳои кории самаранок таъмин карда шавад. Дар ҳоли ҳозир суръати афзоиши миёнаи солонаи одамони ба кор машљулбуда ҳамагӣ 1,0 фоизро ташкил медиҳад. Ба таври воқеӣ иқтисоди кишвар ҳоло наметавонад афзоиши зарурии шумораи ҷойҳои кориро таъмин намояд. Бинобар ин, дар марҳилаи кунунӣ шуљл дар хориҷи кишвар ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати шуљли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ҳаҷми умумии интиқолоти пулии муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2011 - 40 фоизи ММД-ро ташкил дод. Омили мазкур ҳоло барои нигоҳдории суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосӣ маҳсуб гардида, талаботи дохилӣ ва истеъмолоти шахсиро дастгирӣ менамояд.

Дар шароити муосир мавҷудияти қувваи кории болаёқат ин нишонаи муҳими ҷолибияти сармоягузории давлат мебошад.

Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 20102015 ҷабҳаҳои асосии рушди бозори меҳнат ва таъмини шуљли меҳнатро муайян месозанд.

  1. Ҳамзамон, аз нуқтаи назари иҷрои сиёсати сармоягузорӣ афзун намудани иқтидор ва баланд бардоштани сатҳи ҷолибияти сармоягузорӣ, самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар ин ҷабҳа бояд чунин шаванд:

- рушди ҳамаҷонибаи иқтидори кадрҳо;

- баланд бардоштани сатҳи тахассуси кадрҳо;

- таъсис додани системаи омўзиши эҳтиёҷот (талабот) дар бозори меҳнати дохили кишвар, бо дарназардошти фаъолияти иқтисодии сармоягузорӣ.

 

  1. Механизми мониторинг ва арзёбии самаранокии татбиқи Консепсия

 

  1. Механизми мониторинг ва арзёбии самаранокии Консепсия бо механизмҳои татбиқи сиёсати сармоягузорӣ алоқамандии зич дорад. Барои мониторинг ва арзёбӣ намудани самаранокии татбиқи чорабиниҳои банақшагирифташуда механизмҳои зерин истифода карда мешаванд:

- мониторинги ҳарсолаи муҳити сармоягузорӣ дар асоси пурсиши назариёти сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ аз соҳаҳои мухталифи саноат ("барометри" муҳити сармоягузорӣ), Таҷрибаи кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз таъсири мусбати чунин механизм гувоҳӣ медиҳад, ба шарте, ки он дар асоси илмии иҷтимоӣ татбиқ карда мешавад, барномаҳо ва воситаҳои таҳқиқот таҳия карда шудаанд, интихоби посухдиҳандагон бо шарти роҳ надодан ба натиҷаҳои ҷонибдорона ба таври дақиқ ба нақша гирифта шудааст, таҳлили амиқи натиҷаҳои бадастомадаи пурсиш, ки дар асоси онҳо тадбирҳо оид ба тасҳеҳи амалҳо ва беҳтарсозии минбаъдаи муҳити сармоягузорӣ таҳия карда мешаванд. Ташкилкунандаи пурсиш дар ин маврид метавонад мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сармоягузорӣ бошад, вале иҷрокунанда бояд ширкати махсусгардонидашудаи мустақил (мумкин аст хориҷӣ) бошад, ин имкон медиҳад сатҳи воқеияти натиҷаҳо баланд бардошта шавад, зеро имкон медиҳад ба вобастагӣ ва фишори маъмурӣ роҳ дода нашавад ва аз ҳама муҳимтар - дар маҷмўъ ба ташаккулёбии минбаъдаи симои мусбати кишвар ва аз ҷумла мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сармоягузориҳо мусоидат хоҳад кард;

- мониторинги шароит барои сармоягузориҳо дар кишварҳои рақиб, дар мавриди зарурат, барои андешидани тадбирҳои фаврии вокуниш. Таҳлили доимии муқоисавии ин шароит барои таъмини рақобатнокӣ ва "ҷубронҳои" тарафҳои заиф бо афзалиятҳо (имтиёзот) дар дигар ҷанбаҳо зарур мебошад;

- таҳлили нишондиҳандаҳо - индикаторҳои миқдории муҳити сармоягузории кишвар - ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷии ҷалбшаванда, миқдори сармоягузорони ҷалбшаванда, ҳаҷми молҳо ва хизматрасониҳое, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсол ва пешниҳод карда шудаанд, миқдори лоиҳаҳои сармоягузории татбиқшаванда ва љайра;

- таҳлили вазъи кишвар дар рейтингҳои байналмилалӣ. Пешакӣ рейтингҳои зерин тавсия карда мешаванд: GCI WEF, DB WB, Index of Economic Freedom, Соrruption Perceptions Index, Inward FDI Attraction Index UNCTSD, tre А.Т. Кеаrney Љоreign Direct Investment Confidence Index, Brand Finans National Brands. Дар ҳоли ҳозир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 2 рейтинги охир пешниҳод нашудааст ва саъю кўшишҳои муайяне зарур мебошанд, то ки вазъи кишвар дар онҳо инъикос карда шавад. Инро дар мисоли баъзе кишварҳо (масалан, Қазоқистон) кардан мумкин аст, тавассути эълон намудани ишљоли мавқеъҳои муайян дар рейтинги масъалаҳои рушд;

- пешбурди Феҳристи (реестри) ягонаи давлатии сармоягузориҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади доштани фаҳмиши дақиқ оид ба миқдори сармоягузорони хориҷии воқеан амалкунанда, оид ба ҳаҷмҳои сармоягузориҳои хориҷӣ, оид ба соҳаҳое, ки ба онҳо сармоягузорон саҳм мегузоранд, инчунин дар ихтиёр доштани иттилоот оид ба тамоюли рушди чунин нишондиҳандаҳо.

  1. Дар баробари таҳияи Барномаи ҷалби сармоягузориҳо ва ислоҳоти сиёсати сармоягузорӣ, таҳияи Барнома ва Қоидаҳои мониторинги самаранокии татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ, ки тамоми тадбирҳои дар боло номбаршударо дар шакли чорабиниҳои мушаххас дар бар мегиранд, зарур мебошад.

 

  1. Интикаторҳо ва нишондиҳандаҳои самаранокии татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҷалб ва ҳимояи сармоягузорӣ

 

  1. Индикаторҳо ва нишондиҳандаҳои арзёбии (баҳодиҳии) самаранокӣ барои ҳар яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ оид ба ҷалб ва ҳифзи сармоягузориҳо, ки дар Консепсияи мазкур зикр гардидаанд, алоҳида муайян карда мешаванд.

а) ҷалб ва ҳимояи сармоягузориҳо (дигаргунсозиҳои сохторӣ дар иқтисод, кафолатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиқистон ба сармоягузорон, имтиёзоти андозӣ, гумрукӣ ва љайра, низоми соддагардидаи раводид барои сармоягузорон, стратегияи идоракунии қарзи хориҷӣ).

Индикаторҳо:

- ҳиссаи бахши хусусигардонидашуда дар иқтисод;

- ҳиссаи ММД, ки дар бахши хусусигардонидашуда истеҳсол гардидааст;

- ҳиссаи захираҳои меҳнатие, ки дар бахши хусусигардонидашуда машљуланд;

- сармоягузориҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар бахшҳои асосии иқтисод;

- ҷалби сармоягузорони мақсаднок (масалан, ширкатҳое, ки ба рўйхати Global-2000 ворид карда шудаанд).

- ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ нисбат ба ММД;

- ҳиссаи қарзи беруна (хориҷӣ) нисбати ММД;

- бастани созишномаҳо бо давлатҳои хориҷӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо;

- таҳия ва қабул намудани низоми соддагардидаи раводидӣ барои сармоягузорон ("раводиди сармоягузор").

б) такмилдиҳии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" ва љ.).

Индикаторҳо:

- таҳия ва қабул намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани таљйиру иловаҳо ба як қатор санадҳои қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои ҳавасмандгардонии сармоягузориҳо ва такмили низоми иҷозатдиҳӣ;

- таҳия ва қабул намудани қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ниҳодҳои асосии сармоягузорӣ;

- миқдори вақт ва иқдомҳое (зинаҳое, расмиёте), ки барои гузаштан аз равандҳои асосии маъмурӣ талаб карда мешаванд.

в) дигаргунсозии асосҳои институтсионалии идоракунии сармоягузориҳо (ислоҳоти фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идора амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис додани низоми (системаи) "Равзанаи ягона".

Индикаторҳо:

- дараҷаи қаноатмандии сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ аз ҳамкории мутақобил бо мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ;

- миқдори муроҷиатҳо ба "Равзанаи ягона", аз онҳотакроран, барои ҳалли ҳамон як масъала;

- миқдори бозгардонидани ҳуҷҷатҳо ба муроҷиаткунандагон бинобар сабабҳои рад кардан;

г) рушди инфрасохтори фаъолияти сармоягузорӣ (дар навбати аввал - минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва чунин унсурҳои зарурӣ, ба монанди дастгирии молиявӣ ва љайримолиявӣ, таъминоти иттилоотию таҳлилӣ).

Индикаторҳо:

- миқдори минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- миқдори ширкаткунандагони минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- ҳаҷми маҳсулот ва хизматрасониҳое, ки ширкаткунандагони минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсол ва пешниҳод намудаанд;

- миқдори ширкатҳои BSP (таҳвилгарони бизнес-хизматрасониҳо - иттилоотӣ, машваратӣ, таҳлилӣ ва љайра);

- ҳаҷми хизматрасониҳое, ки ширкатҳои таҳвилгари бизнесхизматрасониҳо пешниҳод намудаанд;

- таъсис додан ва нав кардани веб-портали сармоягузории дорои манбаи иттилоот оид ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми иттилооти барои сармоягузорон зарурбуда.

д) беҳтарсозии симои сармоягузории кишвар ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалӣ.

Индикаторҳо:

- шумораи маводҳои рекламавӣ-иттилоотӣ дар бораи имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шумораи чорабиниҳое, ки имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таблиљ мекунанд;

- ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои муайяни Шохиси (индекси) ҷаҳонии (глобалии) рақобатпазирии Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ аз рўи индикаторҳои "Таъсири қоидаҳои танзими сармоягузориҳои мустақим ба соҳибкорӣ" ва "Сармоягузориҳои мустақим ва технологияҳои хориҷӣ";

- беҳтаргардии мавқеъ дар рейтинги "Doing Business" аз рўи индикатори "Ҳифзи сармоягузорон";

- беҳтаргардии мавқеъ дар рейтингҳои Index of Economic Freedom, Соrruption Perceptions Index, Inward FDI Attraction Index UNCTSD;

- ба роҳ мондани ҳамкории мутақобил бо ташкилкунандагон ва ворид кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баҳодиҳии Тre А.Т. Кеаrney Љоreign Direct Investment Confidence Index ва Brand Finans National Brands.

 

  1. Муқаррароти хотимавӣ

 

Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври куллӣ бо Стратегияи миллии рушд ҳамоҳанг сохта шуда, барои иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 гузошташуда равона карда шудааст. Иҷрои бандҳои асосии Консепсияи мазкур барои ташаккули сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба ҷалбу ҳимояи сармоягузорӣ, бо мақсади ноил шудан ба афзоиши сармоягузорӣ дар иқтисодиёти мамлакат, зиёд намудани даромади буҷети давлатӣ дар асоси беҳтар намудани сифати шароити пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.