ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАЛБ ВА ҲИМОЯИ САРМОЯГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.
  3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 29 декабри соли 2012, № 755

ш. Душанбе