ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ОИД БА СТРАТЕГИЯИ РУШДИ УСТУВОРИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2027

 

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмин намудани шароит барои нигаҳдорию пурзўр намудани саломатӣ ва такмили натиҷаҳои таълимии хонандагон бо роҳи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, барои амалӣ намудани Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027 чораҳои зарурӣ андешад;

- оид ба натиҷаҳои амалисозии Стратегияи мазкур ҳамасола то 15 декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 29 сентябри соли 2017 № 456

ш.Душанбе