Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
тасдиқ шудааст
КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- таъмин намудани амнияти шахс, ҳуқуқ ва озодии он, инчунин ҷамъият ва давлат аз таҳдиди бо ҷинояткорӣ алоқамандбуда;
- ҳимояи муносибатҳои ҷамъиятии ҳаётан муҳим, махсусан дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ;
- ҳимояи манфиатҳои давлат дар дохил ва хориҷи кишвар аз таҷовузи ҷинояткорона;
- паст намудани сатҳи шиддатнокии иҷтимоӣ дар ҷамъият дар асоси танзими муносиб ва боадолатонаи бартараф намудани низоъи аз ҷиноят ба амал омада;
- мусоидат барои расидан ба беҳбудӣ ва некўаҳволии иҷтимоӣ инчунин дар асоси бавуҷудоварии афкори сафедкунии иҷтимоӣ ва реинтегратсияи иҷтимоии шахсоне, ки бо сабаби ҷиноят ба низоъ ҷалб гардидаанд.
- бо дарназардошти талаботи муайян ва суботи ҳуқуқӣ роҳ надодан ба тафсири васеи таркиби ҷиноят;
- таъмини воқеии мувофиқати қонунгузории ҷиноятӣ бо таҳдидҳои ҷиноятӣ ва тамоюлҳои пешбаранда дар рушди ҷинояткорӣ;
- мутобиқати пурраи қонунгузории ҷиноятӣ ва таҷрибаи татбиқи он бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва амнияти ҷамъиятӣ;
- рушд додани асос ва механизмҳои ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии (унификатсияи) қонунгузории ҷиноятӣ дар доираи ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини кафолати боэътимоди устувори ҳуқуқи давлат барои татбиқи чораҳои таъсирбахши ҳуқуқию ҷиноятӣ нисбат ба шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд ва кафолати амнияти мустақилияти ҳуқуқию ҷиноятии давлат аз таҳдидҳои берунӣ ва дохилӣ;
- кафолати ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҷабрдида аз ҷиноятҳо, таъмини амнияти онҳо, фароҳам овардани шароит ҷиҳати ба ҳадди пурра татбиқ гардидани ҳуқуқҳои инсон барои дастрасӣ ба адолат, суди одилона ва ҷуброни зарари аз ҷинояткорӣ расонидашуда;
- таҷдиди низоми оқибатҳои ҷиноятию ҳуқуқии содир кардани ҷиноятҳо бо дарназардошти зарурати дар як вақт ҳал намудани масъалаҳои ҷазодиҳӣ, барқарорсозӣ, иҷтимоию реинтегратсионӣ ва пешгирикунанда;
- беҳтаршавии сифатии ҳолати воқеии ҷинояткориро ба даст овардан, аз ҷумла паст кардани сатҳ ва сохти хатари ҷамъиятии намудҳои алоҳидаи он: ҷинояткориҳои ретсидивӣ, муташаккилона, террористӣ, љаразнок, коррупсионӣ, экстремизм, бо роҳи зуроварӣ содиршаванда ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиљон.
- мутобиқ намудани он ба талаботи санадҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, аз ҷумла ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи коррупсия;
- мониторинги доимии мутобиқати қонунгузории ҷиноятӣ вобаста ба таҳаввулотҳои мавҷуда ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ;
- пурзўр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ, террористӣ ва экстремистӣ дошта, муомилоти љайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, савдои одамон ва дигар ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ;
- декриминализатсияи баъзе аз ҷиноятҳо;
- бо дарназардошти асосҳои илман асоснок криминализатсия намудани кирдорҳои ба ҷамъият хавфнок;
- аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ намудани масъалаи такрори ҷиноят;
- таҷдиди назар намудани ретсидиви ҷиноят ҳамчун нишонаи банду басткунӣ;
- сабук намудани ҷазо барои баъзе категорияҳои шахсон, аз ҷумла барои ноболиљон, занон ва шахсоне, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштанд;
- таҷдиди назар намудани санксияҳои моддаҳои алоҳидаи Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ;
- аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ намудани маҳдуд кардани озодӣ ҳамчун намуди ҷазоӣ ва ба ҷои он ҷорӣ намудани дигар намуди ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда.
- инсондўстии қонунгузории ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёнаро содир намудаанд шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ эҳтиёҷманд - занони ҳомила ё кўдаки ноболиљ дошта, ноболиљон ва шахсоне, ки дар пиронсолӣ ҷиноят содир намудаанд;
- давом додани фаъолият оид ба декриминализатсияи ҷиноятҳое, ки ба ҷамъият хавфнок нестанд, тавассути ворид намудани онҳо ба категорияи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва пурзўр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин кирдорҳо, ҳамчунин аз нав баҳо додани баъзе кирдорҳои ҷиноятӣ барои кам намудани ҷазои ҷиноятӣ (депенализатсия);
- бо дарназардошти таҷрибаи мавҷудаи тафтишотӣ-судӣ, инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар кишвар, санадҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ муайян кардани зуҳуроти нави ҷиноятӣ, ки бо Кодекси ҷиноятӣ фаро гирифта нашуда, барои онҳо ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шудааст, ё умуман ҷавобгарӣ пешбинӣ нашудааст, муқаррар кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани онҳо (криминализатсияи ин ҷиноятҳо);
- пурзўр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд ё аз таъқиботи ҷиноятӣ пинҳон шудаанд;
- пурзўр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳо муқобили ноболиљон, занон ва шахсоне, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштанд, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин вазнин намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноят дар ҳайати гурўҳи муташаккил, ташкилоти ҷиноятӣ ё иттиҳоди ҷиноятӣ;
- ба таври васеъ паҳн намудани татбиқи ҷазоҳои бо маҳрумкунӣ аз озодӣ алоқаманд набуда, тавассути хориҷ намудани маҳрумкунӣ аз озодӣ аз муҷозоти моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятӣ;
- бознигарии ҷарима ҳамчун яке аз ҷазоҳои самаранок бо кам кардани андозаи ҷарима барои ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна;
- мутобиқ намудани санксияҳои моддаҳои Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои дараҷаашон якхела мутобиқи принсипи адолат;
- таҷдиди назар намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати ҷиноятҳои алоҳида ва иваз намудани он бо дигар намудҳои ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда;
- инкишоф додани институти озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, ҷазои ҷиноятӣ, шартан татбиқ накардани ҷазо ва шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод намудан.
- қонунгузории ҷиноятӣ ба сифати санади меъёрии ҳуқуқии мустақим дар мавриди баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва ба сифати маҳаки асосии арзёбии хусусияти ҳуқуқии нишондодҳои он табдил дода шавад;
- мониторинги доимии муқаррароти қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи татбиқи он ба матлаби мувофиқати Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тарҳрезии усулҳои дар амалия ҷорӣ кардани экспертизаи криминологии лоиҳаи қонунҳо дар бораи ворид намудани таљйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- мониторинги доимии муқаррароти қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи истифодаи он ба матлаби мувофиқат ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, татбиқ карда шавад;
- рушди ҳамкориҳои байналмилалию ҳуқуқӣ дар соҳаи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ дар доираи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти байналмилалӣ, иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи ёрии ҳуқуқии дуҷониба оиди парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар шартномаҳои байналмилалӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ самаранок карда шуда, ташкили якҷоя амал кардан ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суди ҷиноятии байналмилалӣ ба роҳ монда шавад;
- тарҷумаи қарорҳои судӣ оиди ҳуқуқи инсон аз рўи шикоятҳои зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардашуда аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расонидани онҳо ба маълумоти мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда бо роҳи нашри мунтазам ва саривақтӣ ҷорӣ карда шавад.
- хусусияти ҳуқуқии қонунгузории ҷиноятӣ ва натиҷаҳои истифодаи он наметавонад ҷудо аз заминаҳои умумии танзими ҳуқуқӣ- ҷиноятӣ, принсипҳои умумии ҳуқуқ, асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии муносибатҳои шахс ва давлат, принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофнамудаи ҳуқуқи байналмилалӣ бошад;
- дар мутобиқат ва бо назардошти нишондодҳои қонунгузории соҳаҳои дигари ҳуқуқ ҷиноят эътироф намудани кирдорро Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад; маънидодкунии васеи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ дар қисмати асоси ҷавобгарии ҷиноятиро муайянкунанда манъ аст;
- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳадди ақали мукаммали номгўи кирдорҳои ҷиноят эътирофшавандаро доро бошад, ки муқовимат ба онҳо наметавонад бо воситаи қонунгузории соҳавии дигар самаранок амалӣ карда шавад;
- қонуният набояд имконияти салоҳияти ҳуқуқтатбиқкунандаро дар танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ истисно намояд, инчунин мавҷуд будан ва ҳудуди салоҳият набояд бо афкорҳои қонуният зид бошад;
- баробарии шаҳрвандон дар назди қонун бояд ба таври зарурӣ низоми васеи масунияти беасосро аз таъқиби ҷиноятӣ истисно намояд; қонунгузории ҷиноятӣ набояд меъёрҳо ва нишондодҳое, ки мақоми махсуси ҷиноятӣ-ҳуқуқии шаҳрвандонро дар асоси мансубияти онҳо ба гурўҳи номаълуми иҷтимоӣ ташкилкунанда доро бощад;
- баробарии шаҳрвандон дар назди қонун имкониятҳо ва мувофиқи мақсад будани тафриқабандии ҷавобгарии ҷиноятиро бо назардошти маълумотҳо оиди шахсияти айбдоршуда истисно наменамояд, дар ин маврид аломатҳои тавсифдиҳандаи шахсияти айбдоршуда наметавонанд ба низоми аломатҳое, ки асоси ҷавобгарии ҷиноятиро муайян мекунанд, ворид шавад;
- принсипи инсондўстии ҳуқуқи ҷиноятӣ маънои беасос сабук кардани ҷазои ҷиноятии шахси ҷиноят содиркардаро надорад; инсондўстии ҳуқуқи ҷиноятӣ бо талаботи барқарор намудани адолати иҷтимоӣ бояд зиддият надошта бошад.
- афзалиятҳои меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ дар эътироф кардани кирдор ҳамчун ҷиноят нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад; дар байни ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ, аз ҷумла ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, фарқият ҷорӣ карда шавад;
- категорияҳои ҷиноят, бо назардошти ҷорӣ намудани сабукӣ нисбати ҷиноятҳои начандон вазнин ва ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиршуда ва арзёбӣ нисбати ҷиноятҳои муташаккил ва трансмиллӣ таҷдиди назар карда шавад;
- асосҳо ва ҳадди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷинояти нотамом бо мақсади аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ намудани ҷавобгарӣ барои тайёрӣ ба ҷиноят муайян карда шавад;
- институти такрори ҷиноят аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ карда шавад;
- калимаҳои мураккаб дар байни шаклҳои алоҳидаи маҷмўи ҷиноят бартараф карда шаванд; муайян кардани мазмуни ҳуқуқии ретсидиви ҷиноят бо назардошти принсипи адолат, аз ҷумла ретсидиви ҷиноят ҳамчун нишонаи бандубасткунӣ мукаммал карда шавад;
- институти шарикӣ дар ҷиноят, муаяйн кардани аломатҳои шарикӣ мукаммал гардонида шаванд; мухолифати байни аломати шаклҳои алоҳидаи шарикӣ дар ҷиноят ва аломатҳои алоҳидаи таркиби ҷиноят бартараф карда шавад;
- мафҳумҳои асосии қонунгузории ҷиноятӣ ва қоидаҳои асосии бандубасткунии ҷиноят дар худи Кодекси ҷиноятӣ мустаҳкам гардонида шаванд;
- техникаи қонунгузории ҷиноятӣ бо назардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" мукаммал гардонида шавад.
- таносуби категорияҳои "ҷавобгарии ҷиноятӣ", "чораҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ" ва "ҷазои ҷиноятӣ" мутобиқи назария ва мувофиқи Консепсия танзим карда шавад;
- тавозуни муносиби ҷазодиҳӣ, барқароркунӣ ва воситаи тадбирҳои танзими ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ, ки истифодаи комплекси онҳо барои ноил гардидан ба мақсади сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ мусоидат менамояд, таъмин карда шавад;
- низоми чораҳои хусусияти ҳуқуқию ҷиноятӣ дошта, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, бо низоми маҳдудкуниҳо ва манъкуниҳои ҳуқуқӣ барои шахсони ҷиноятсодиркарда дар қонунгузории соҳаи дигари тааллуқият мувофиқа карда шавад;
- бо назардошти санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муносиб кардани низом ва мазмуни ҷазоҳои асосӣ, кор карда баромадани низоми алоҳидаи ҷазоҳои иловагӣ, ки бо низоми дигар чораҳои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятӣ дошта мувофиқа карда шудааст; низоми адои ҷазоҳои асосӣ ва иловагӣ бо назардошти шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шавад;
- таркиби (конструксияи) ҳуқуқии ҷиноятие, ки барои ҳал намудани вазифаҳои ҷуброни зарар ва расонидани кўмаки дигар ба ҷабрдидагони ҷиноят асос фароҳам меорад, ҷорӣ карда шавад;
- муносибати системавӣ ва тафриқаи пайдарҳами ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳангоми муқаррар кардани санксияи моддаҳои Қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шуда, ҳаҷм ва ҳадди салоҳдиди суд ҳангоми таъин намудани ҷазои ҷиноятӣ ва дигар чораҳои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятидошта муқаррар карда шавад.
- таҳияи таклифҳо оид ба такмили самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ;
- гузаронидани экспертизаи лоиҳаи қонунҳо оид ба ворид намудани таљйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи қонунгузории ҷиноятӣ;
- таҳлили таҷрибаи татбиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани таклифҳо оид ба ворид намудани таљйиру иловаҳои зарурӣ ба он;
- пешниҳод намудани таклифҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар бораи таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи қонунгузории ҷиноятӣ.
- низоми ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоотии оморӣ дар бораи ҳолати таҷрибаи татбиқи қонунгузории ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шавад;
- бо мақсади ташкили махзани маълумот дар бораи ҳолати ҷинояткорӣ ва амнияти криминологӣ дар мамлакат пурсишҳои доимии љайриидоравии умумиҷумҳуриявӣ ва минтақавии виктимологӣ ва дигар пурсишҳои сотсиологии аҳолӣ дар бораи сифати татбиқи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ ташкил карда шавад;
- гузаронидани тадқиқотҳои пешгўикунанда барои гирифтан ва истифодабарии иттилоот дар бораи дурнамои рушди қонунгузории ҷиноятӣ, самтҳо ва шаклҳои фаъолияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқӣ, ҳолат ва ҷараёни инкишофи (динамикаи) ҷинояткорӣ ҳамчун асоси муҳими қабули қарор дар соҳаи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ ҳавасманд карда шавад;
- дастрасии пурраи шаҳрвандон ба иттилоот дар бораи ҳолати ҷинояткорӣ дар мамлакат, натиҷаҳо ва сифати татбиқи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ таъмин карда шавад;
- дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ мубодилаи доимии иттилоот дар бораи навъҳои самараноки танзими ҳуқуқии ҷиноятӣ ташкил карда шавад;
- бо мақсади муҳокимаи оммавии самтҳои асосӣ ва натиҷаҳои сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ, сомона ва маҷаллаи илмӣ-таҳлилии "Қонунгузорӣ"нашрияи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сомона ва маҷаллаи мақомоти татбиқкунандаи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ вобаста карда шаванд.
- мониторинги ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалияи татбиқи он; - пешгўӣ ва навкунонии ҳуқуқии ҷиноятӣ ва криминологӣ;
- омўзиши сабаб ва шароитҳои содир намудани ҷиноят аз нигоҳи криминологӣ ва самаранокии қонунгузории ҷиноятӣ;
- таҳлили низом ва таҷрибаи татбиқи чораҳои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятидошта ва дигар оқибатҳои ҳуқуқии содир намудани ҷиноят;
- коркарди методикаҳои самараноки экспертизаҳои криминологӣ, зиддикоррупсионӣ, ҳуқуқӣ, забоншиносӣ ва дигар экспертизаҳои қонунгузории ҷиноятӣ;
- истифодаи ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ.
- таносуби вазъи ҷинояткорӣ, ки дар асоси пурсишҳои мунтазами виктимологӣ муқаррар карда шудааст, бо маълумотҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи миқдори ҷиноятҳои бақайдгирифташуда ва тафтишшуда, ки имконият медиҳад сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат ва самарабахш будани назорат аз болои вазъияти криминогенӣ ба таври воқеӣ баҳо дода шавад;
- сифати кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар қисми эътинои саривақтӣ, асоснок ва самарабахш ба таҳдиди амнияти криминологӣ дар асоси пурсишҳои афкори ҷамъиятӣ ва арзёбии экспертӣ муайян карда мешаванд;
- самарабахшии таҷрибаи судии баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, ки дар асоси маълумотҳо дар бораи риояи муҳлатҳои оқилонаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, таљйир додан ё бекор кардани қарорҳо оиди банду басти ҷиноятҳо, таҷрибаи таъин намудани ҷазоҳои ҷиноятӣ ва дигар чораҳои хусусияти ҳуқуқии ҷиноятӣ дошта, сифат ва мўҳлатҳои иҷрои ҳукмҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳо баҳо дода мешавад;
- таносуби андозаи зарари расонидашуда бо ҷиноятҳои содиршуда бо маълумотҳои муқоисашаванда дар бораи пардохтҳои талофӣ ва дигар пардохтҳо ба ҷабрдидаҳои ҷиноятҳо;
- арзёбии ҷамъиятии сатҳи амнияти криминологӣ, инчунин самаранокӣ ва кифоягии чораҳои эътинои ҳуқуқии ҷиноятӣ ба таҳдидҳои криминологӣ, ки дар асоси маълумотҳои пурсишҳои мунтазами сотсиологӣ муайян карда мешавад.
а) Дар марҳалаи якум (солҳои 2014-2017) заминаҳои ташкилӣ, иттилоотӣ ва илмӣ-методӣ барои такмили қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи татбиқи онро фароҳам овардан зарур аст.
б) Дар марҳалаи дуюм (солҳои 2018-2020) самтҳои асосии такмили қонунгузории ҷиноятӣ давом дода шавад.
- ташкили консепсияи қонунгузории ҷиноятии ҳозиразамон, ҷавобгўи таҳдидҳои омилҳои криминогенӣ бо назардошти талаботи назария ва амалия, ки барои рушди минбаъдаи вай дар шароити модернизатсияи давлат ва ҷомеа асосҳоро ба вуҷуд меорад, ҳавасманд намояд;
- ислоҳоти сифатноки нақшавии қонунгузории ҷиноятӣ, мутобиқгардонии онро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амният ва ҳуқуқи инсон кафолат диҳад;
- мавҷудияти инфрасохторҳои ташкилӣ, иттилоотӣ, меъёрӣ ва илмӣ-методии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин кунад.