ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади ҳимояи шахс, ҷамъият ва давлат аз таҷовузҳои ҷиноятӣ ба воситаи қонунгузории ҷиноятӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорату идораҳо иҷрои Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 2 ноябри соли 2013, № 492

ш. Душанбе