ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ РУШДИ НИЗОМИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448)

 

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар муддати шаш моҳ лоиҳаи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Консепсияи мазкурро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2015 № 448).
  3. Татбиқи Консепсияи мазкур дар доираи маблағҳои барои вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинишуда, инчунин аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва кўмаки беруна амалӣ карда шавад.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 4 октябри соли 2013, № 446

ш. Душанбе