ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ МИЛЛӢ ОИД БА БАРҲАМДИҲИИ ШАКЛҲОИ БАДТАРИНИ МЕҲНАТИ

КЎДАКОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020

 

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини иҷрои чорабиниҳои Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти татбиқи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ба зиммаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуљли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
  3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳар сол оид ба раванди иҷрои Барномаи мазкур ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуљли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 31 октябри соли 2014 № 690

ш. Душанбе