ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ

БАШАРДЎСТОНАИ ЗИДДИ МИНАҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2020

 

Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо барои солҳои 2017-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорату идораҳои марбута тибқи тартиби муқарраршуда барои амалигардонии Стратегияи мазкур мусоидат намоянд.
  3. Муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" оид ба рафти иҷрои чорабиниҳои Стратегияи мазкур ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 25 феврали соли 2017 № 91

ш.Душанбе