Замимаи 1

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "5" марти соли 2018, № 1033

 

КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ)

ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА

МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2025

 

Консепсияи мазкур дар заминаи таҳлили вазъ дар соҳаи қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин баҳогузории самаранокии фаъолияти низоми мавҷудаи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (минбаъд - низоми миллӣ) омода шуда, принсипҳои сиёсати давлатиро дар ин соҳа, ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои асосии рушди минбаъдаи низоми миллӣ, инчунин вазифаҳоро доир ба татбиқи ин Консепсия муайян менамояд.

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Низоми миллӣ маҷмўи мақомоти давлатии танзим ва назорат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд ва ин мақомоту ташкилот барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузоршуда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти онҳоро танзим мекунанд, салоҳият доранд.

Низоми миллӣ баҳри таъмини пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом равона шудааст.

Низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҷузъи муҳими сиёсати давлатии мубориза бо терроризм, ҷинояткорӣ ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом буда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

  1. Унсури асосии низоми миллӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд - департамент), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2009, №724 таъсис дода шуда, дар ин соҳа фаъолияти дигар мақомоти давлатиро ҳамоҳанг месозад.

Департамент ҳамчун ҷузъи разведкаи молиявӣ вазифаҳо дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро бо дигар сохторҳои давлатӣ амалӣ менамояд. Дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, иштирок мекунанд.

Заминаи ҳуқуқии фаъолияти департамент, дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоеро, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ташкил медиҳад.

  1. Марҳилаҳои муҳими ташаккули низоми миллӣ инҳоянд:

- Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои муассиси гурўҳи Авросиё дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мебошад. Ин гурўҳ фаъолияташро аз соли 2004 амалӣ менамояд;

- мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба талаботи тавсияҳо ва дигар стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт;

- созмон додани мақоми ваколатдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифааш муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом буда, дар ин соҳа фаъолияти дигар мақомоти давлатиро ҳамоҳанг месозад;

- мусоидат ба хориҷ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйхати кишвару ҳудудҳои идомадиҳандаи раванди мутобиқгардонии глобалӣ дар самти мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;

- эътироф намудани он, ки низоми ҳуқуқӣ ва институтсионалии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмўъ ба тавсияҳои Гурўҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бо софкории пул (минбаъд - ФАТФ) мутобиқат мекунад;

- Тоҷикистон моҳи июни соли 2014 аз мониторинги қатъӣ ба мониторинги стандартӣ дар гурўҳи Авросиё дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм гузаронида шуд ва моҳи ноябри соли 2014 аз мониторинг бароварда шуд.

 

  1. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ ДАР СОҲАИ ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ

ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

 

  1. Қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба амнияти миллӣ ва ҷаҳонӣ ба таври ҷиддӣ таҳдид карда, фаъолияти муътадили давлат ва институтҳои асосии иқтисодии онро халалдор месозад, ба таҳаввулоти бозорӣ ва назорати низоми молиявии мамлакат аз тарафи мақомоти давлатӣ садди роҳ мегардад, дар ҷомеа нисбат ба институтҳои давлатӣ нобовариро ба вуҷуд оварда, обрўю эътибори давлатро дар арсаи байналмилалӣ паст мекунад.
  2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро даромадҳое ташкил медиҳанд, ки дар натиҷаи фаъолияти гурўҳҳои ҷинояткор аз коррупсия, қаллобӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, одамрабоӣ ва савдои одамон, истеҳсол ва фурўши маҳсулоти қалбакӣ, сохтан ва истифода намудани пулҳои қалбакӣ, инчунин ҳамаи ҷиноятҳои дар қонунгузорӣ ҳамчун ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ) муайяншуда ва дигар фаъолияти ғайриқонунӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ба даст омадаанд.

Даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва қонунигардонидашуда, дар навбати худ сарчашмаи маблағгузории терроризм ба ҳисоб рафта, ба фароҳам овардани заминаи моддӣ барои аз нав ба вуҷуд овардани ҷинояти муташаккилона, аз ҷумла ҷинояткории фаромиллӣ мусоидат мекунанд.

Ташкилкунандагон ва фармоишгарони амалҳои террористӣ ва дигар амалҳое, ки бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, метавонанд марказҳо ва созмонҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ бошанд. Ба маблағгузории фаъолияти террористӣ бисёр вақт ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ, ки бо асосҳои қонунӣ таъсис шудаанд, ҷалб карда мешаванд.

  1. Ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом метавонад мусоидат кунад:

- коррупсия дар мақомоти давлатӣ;

- набудани назорати дахлдор ба истифодаи қонунгузорӣ аз тарафи субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар механизмҳои гузаронидани пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо, ки махфиятро таъмин ё мушаххаскунии иштирокдорони амалиётро бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк мушкил мегардонад;

- истифодаи низомҳои ғайрибонкии (алтернативии) интиқоли байналмилалии воситаҳои молиявӣ;

- номукаммалии механизмҳои назорату танзим ва иҷозатдиҳии фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва иқтисодии хориҷӣ, ки барои ба таври ғайриқонунӣ ба хориҷа баровардани маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк имкониятҳои зиёд фароҳам меорад;

- гардиши зиёди маблағҳои пули нақд.

 

  1. АСОСҲОИ ТАШАККУЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ НИЗОМИ МИЛЛӢ

 

  1. Ташаккул ва фаъолияти низоми миллӣ дар асос ва бо назардошти инҳо амалӣ мегарданд:

- хусусиятҳои вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, молиявӣ дар мамлакат, таҳдид ба амнияти давлат, сатҳ ва ҳолати ҷинояткорӣ;

- стандартҳо дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки ФАТФ, Кумитаи назорати бонкии Базел, Ассотсиатсияи байналмилалии назорати суғурта, Ташкилоти байналмилалии комиссияи коғазҳои қиматнок қабул кардааст, инчунин шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъномаҳои Шўрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, муқаррароти дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад;

- дарки қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ҳамчун анҷом додани аҳдҳои молумулкӣ ё дигар амалиёт бо даромадҳое, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд, махфӣ нигоҳ доштан ё пинҳон намудани хусусияти аслӣ, манбаъ, маҳалли ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, интиқол, ҳуқуқ ба молу мулк ё мансубият, инчунин истифода намудани ин гуна даромадҳо барои машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар фаъолияти иқтисодӣ ё истифодаи онҳо бо роҳи дигар;

- муқаррар кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани чораҳои пешгирии онҳо, аз ҷумла якҷо бо чораҳо оид ба бартараф кардан ва баланд бардоштани дараҷаи назорати дохилӣ дар ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд;

- ҳамоҳангсозии миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ.

 

  1. САБАБҲОЕ, КИ САМАРАНОКИИ НИЗОМИ МИЛЛИРО КОҲИШ МЕДИҲАНД

 

  1. Сабабҳое, ки самаранокии низоми миллиро коҳиш медиҳанд, инҳоянд:

- номукаммалии низоми таъмини иттилоотии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд ва парокандагии захираҳои иттилоотии идораҳо, ки дар онҳо барои ба роҳ мондани муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом маълумоти зарурӣ мавҷуд аст;

- норасоии кадрҳои дорои тайёрии махсус дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқтатбиқнамоӣ ва назоратӣ;

- нисбатан кам ошкор шудани ҷиноятҳои марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм;

- набудани таҷрибаи кофӣ барои баррасии судии парвандаҳои ҷиноятии ин категория;

- норасоӣ дар танзими меъёрии ҳуқуқии масъалаҳои марбут ба муайян кардани ваколатҳои мақомоти назоратӣ доир ба танзими меъёрӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳое, ки дар ин соҳа бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, паст будани тахассуси касбии кормандони ин категорияи ташкилотҳо, мушаххас кардан ва омўхтани муштариёни ташкилотҳои мазкур, ки ба гурўҳи дорои хавфи баланд мансуб дониста мешаванд.

 

  1. ПРИНСИПҲОИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ

 

  1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бояд дар асоси принсипҳои зерин ба роҳ монда шавад:

- нигоҳ доштани идомапазирӣ дар рушди низоми миллӣ ва хусусияти таҳаввулотии ин раванд;

- баланд бардоштани самарабахшии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

- таъмини ногузирии ҷавобгарӣ барои қонунвайронкунии марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

- ба ҳисоб гирифтани муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ, стандартҳо ва тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

- ташаккул ва рушди қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

- ба иттилои аҳли ҷомеа расонидани тартиби гузаронидани амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулки ҳатман назоратшаванда, банақшагирии тағйирдиҳии ин тартиб бо мақсади пурзўр кардани муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

- ягонагии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва тартибу усулҳои танзим дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом.

 

  1. ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ ВА САМТҲОИ АСОСИИ РУШДИ НИЗОМИ МИЛЛӢ

 

  1. Ҳадафҳои стратегии низоми миллӣ инҳоянд:

- таъмини ҳифзи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барҳам додани таҳдидҳои экстремизм ва терроризм, коҳиш додани миқдори ҷинояткории муташаккилона ва фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ;

- аз байн бурдани шароите, ки ба таъсис ва аз нав фароҳам овардани заминаи моддии ҷинояткорӣ мусоидат мекунанд;

- пешгирии ҳолатҳои ба таври ғайриқонунӣ ба хориҷа баровардани маблағҳои пулӣ;

- таъмини самаранокии татбиқи ваколатҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки дар муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом иштирок мекунанд, муносибсозии механизмҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо ва ҳамкории байни онҳо;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ҷиҳати муайян ва ошкорсозӣ, баҳодиҳии хавфҳо, назорати хавфҳо бо мақсади коҳиш додани онҳо дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом.

  1. Ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ бояд аз рўи самтҳои асосии зерин сурат гирад:

Таъмини меъёрии ҳуқуқии фаъолияти низоми миллӣ, ки инҳоро дар бар мегирад:

- таҳияи механизмҳое, ки ба маҳдуд кардани доираи иқтисодиёти сиёҳ равона шудаанд;

- рушду такмили низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, ки татбиқи босамари муқаррароти қонунҳоро дар ин соҳа таъмин менамоянд;

- тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи кофтуков ва мусодираи дороиҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;

- пурзўр кардани ҷавобгарӣ барои маблағгузории терроризм, инчунин барои ҷиноятҳои содиркардаи гурўҳҳои ҷинояткор, коррупсия, қаллобӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, силоҳ, маводи ядроӣ, кимиёӣ ва дигар маводи махсусан хатарноки алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳое, ки дар натиҷаи содир намудани ин ҷиноятҳо ба даст омадаанд;

- мушаххас кардани доираи субъектҳое, ки уҳдадоранд доир ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом тибқи тавсияҳои ФАТФ чораҳо андешанд;

- таҳия ва такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар доираи назорат намудан мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки аз болои амалиётҳои шахсони воқеӣ бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва роҳ надодани кирдорҳои марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар сурати мавҷуд будани маълумот дар бораи номутобиқатии маблағҳои воқеан харҷкардаи онҳо ба даромадҳои расман гирифташуда анҷом дода мешавад;

- ба тартиб даровардани омадурафти шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва гурезаҳо ба/аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва буду боши онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин истифодаи қувваи кории хориҷӣ.

Такмили усулҳои омўзиш ва мушаххас кардани муштариёни ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, аз ҷумла:

- истифодаи равишҳои гуногун барои муайян ва омўхтани муштариён вобаста ба мансубияти онҳо ба гурўҳи дахлдори хавф;

- таҳия ва такмили механизмҳо барои аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, гирифта шудани маълумоте, ки ҷиҳати муқаррар ва мушаххас кардани молик-бенефитсиар (манфиатгир) зарур мебошад.

Баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти назоратӣ, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:

- муносибсозии миқдори санҷиши ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, аз ҷониби мақомоти назоратӣ барои риоя намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин соҳа (истифодаи равиши ба хавф равонашуда);

- пурзўр кардани назорати сохтори моликияти ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, дар қисмате, ки ба ошкор кардани манфиатгирон ва моликони ҳақиқӣ дахл дорад;

- ҷамъоварии маълумот дар мақомоти назоратӣ оид ба муассисон (иштирокдорон) ва моликони ҳақиқии ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, инчунин дар бораи шахсони вобаста;

- андешидани чораҳо оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо барои баҳодиҳии хавфҳо, муайян ва ошкорсозии хавфҳои худ, мониторинг ва назорати хавфҳо бо мақсади коҳиш додани онҳо дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом.

Такмили пешбурди ташкили фаъолияти департамент ва дигар мақомоти давлатӣ, ки дар муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом иштирок мекунанд, инчунин беҳтар кардани таъминоти моддию техникии онҳо, ки инҳоро дар бар мегирад:

- васеъкунии имкониятҳои иттилоотию технологӣ ҷиҳати ҷамъоварӣ, коркард, нигаҳдорӣ ва интиқоли маълумоти зарурӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ;

- ташкили низоми ягонаи иттилоотии пойгоҳи маълумот дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки ба он пойгоҳи маълумотии мақомоти давлатии танзиму назорат дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бояд дохил карда шавад.

Такмил додани амалияи ҳуқуқтатбиқнамоии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо доир ба парвандаҳои марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, аз ҷумла:

- такмил додани усулҳои ошкор, ифшо, таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳо;

- таҳия ва дар ҳолатҳои зарурӣ татбиқ намудани чораҳои ҳимояи давлатии кормандони мақомоти давлатӣ, ки дар муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом иштирок мекунанд, инчунин иштирокдорони мурофиаи ҷиноятӣ аз рўи парвандаҳои ҷиноятии ин категория.

Тақвияти ҳамкориҳои департамент бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ байни худ ва мақомоти назоратӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо ташкилотҳои зертобеъ, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, инҳоро пешбинӣ менамояд:

- таъмини ҳамкориҳои департамент бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

- таҳияи методологияи муштараки муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин равишҳои ягонаи муайян кардани чунин навъи ҷиноятҳо;

- ба роҳ мондани низоми маҷмўии ҳисоботҳои омории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятдор оид ба пешгирӣ намудан, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқ ва баррасии ҷиноятҳои категорияи зикршуда, инчунин таъқиби шахсони онҳоро содиркарда.

Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:

- иштирок дар шартномаҳои байналмилалӣ ва кори созмонҳои махсуси байналмилалӣ;

- бастани созишномаҳои гуногуни байнидавлатӣ дар бораи додугирифти маълумот оид ба моликони ташкилотҳое, ки таҳти юрисдиксияи дигар кишварҳо қарор доранд;

- ривоҷ додани шаклҳои самарабахши ҳамкорӣ бо воҳидҳои разведкавии молиявӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус, дигар мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

- иштирок дар чорабиниҳои гурўҳи минтақавии Авросиё дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (гурўҳи минтақавӣ ба мисли ФАТФ) ва мусоидат ба фаъолияти пурраи он;

- мубодилаи таҷрибаи ҳамдигар ва мусоидат ба мақомоти дахлдори давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар рушди низомҳои миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин ба роҳ мондани додугирифти босамари маълумот бо онҳо дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом.

Баланд бардоштани омодагии касбии мутахассисон дар соҳаи ташкил ва муқовимати бевосита ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:

- ташкили низоми умумидавлатии омўзиши мутахассисон дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, аз ҷумла омодагии асосӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва махсус;

- таъсис додани маркази таълимӣ-методӣ;

- муқаррар намудани стандарти касбӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

- ривоҷ додани шаклҳои гуногуни бозомўзии касбии кормандонии мақомоти давлатии назорат дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо ва ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд.

 

  1. МУҲЛАТИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯ ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ОН

 

  1. Консепсия дар ду марҳила амалӣ карда мешавад.

Дар ояндаи кўтоҳмуддат (солҳои 2018-2022) ва ояндаи дарозмуддат (то соли 2025) бояд таъмин карда шаванд:

- муносибсозии низоми миллӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

- шаффофияти фаъолияти молиявию бонкӣ, пурзўр кардани назорат аз болои гардиши пули нақд дар ҳудудҳои дорои дараҷаи баланди хавфи содир намудани ҷиноят;

- гузариш аз ошкор, кушодан ва роҳ надодани ҷиноятҳои алоҳида ба маҷмўи чораҳои огоҳкунанда оид ба безарар ва пешгирӣ намудани фаъолияти гурўҳҳои ҷинояткор, ки дар қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом даст доранд;

- такмил додани таъмини иттилоотии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки дар муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом иштирок мекунанд;

- ривоҷ додани ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, аз ҷумла иштирок дар фаъолияти гурўҳи минтақавии Авросиё дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (гурўҳи минтақавӣ ба мисли ФАТФ) ва дигарҳо;

- ташкил кардани низоми чандсатҳаи бозомўзии кормандон барои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд;

- ташаккули муносибати мақбули фаҳмиши аҳли ҷомеа, субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти молиявию бонкӣ ба талаботу чораҳо дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом.

 

  1. САРЧАШМАИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯ

 

  1. Маблағгузории ҷараёни умумии амалӣ гардидани Консепсия аз ҳисоби маблағҳои вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо барои соли навбатии молиявӣ, манбаҳои ғайрибуҷетӣ, инчунин қарзҳо ва грантҳо сурат мегирад. Маблағгузории Консепсия дар доираи барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ барои соҳаҳои дахлдор анҷом дода мешавад.
  2. Барои самаранок идора кардани захираҳои мавҷуда ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои Консепсия самаранокии ҳамоҳангии кумакҳои донорҳо барои дастгирии амалишавии чорабиниҳо зарур мебошад.

 

  1. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

  1. Баҳри таъмини пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом низоми миллӣ таҳким меёбад.
  2. Ташаккул додани низоми ягонаи иттилоотии махзани маълумот дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, тавассути пайвастшавӣ ва дастрасии мустақими доимӣ ба низоми иттилоотии мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо барои гузаронидани корҳои таҳлилӣ анҷом меёбад, то ин ки амалҳои вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом сари вақт пешгирӣ карда шаванд.

 

 

Замимаи 2

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «5» марти соли 2018 № 1033

 

НАҚШАИ

ЧОРАБИНИҲО ДОИР БА АМАЛИШАВИИ КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ БАРОИ СОЛҲОИ 2018 - 2025

 

р/т

Номгӯи чорабиниҳо

Мақсади гузошташуда

Муҳлати иҷро

Иҷрокунанда

 

1

Такмили фаъолияти ҳуқуқии мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

а) ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2009, №724 вобаста ба муайян намудани мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом тағйирот ворид карда шавад

 

2018-2023

Бонки миллӣ, Вазорати молия,  Маркази миллии қонунгузорӣ, Прокуратураи генералӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук

2

Такмили  заминаи ҳуқуқии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бо софкории пул (ФАТФ), таҳия ва пешниҳод намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

а) мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботҳои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бо софкории пул (ФАТФ) ва ќатъномаҳои Шўрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид

б) пурзӯр намудани  мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом. Такмил додани механизми иҷрои тавсияҳои ФАТФ ва дигар ниҳодҳои СММ

2018-2023

Гурӯҳи кории Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, Вазорати адлия, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Прокуратураи генералӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Суди Олӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук

 

3

Ривоҷ додани ҳамкориҳо оид ба додугирифти маълумот байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва департаменти мониторинги молиявӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

 

мунтазам

Бонки миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук

 

4

Ташкили маркази омӯзишӣ ва бозомузӣ барои мутахассисони ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд ва мақомоти давлатӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

а) баланд бардоштани савияи дониши кормандони ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд ва мақомоти давлатӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромад-ҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда маблағ-гузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

б) иҷрои меъёрҳои байналмилалии ФАТФ. Мусоидат ба устувории низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромад-ҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

2018-2022

Бонки миллӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли, Вазорати корҳои дохилӣ Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук, Хадамоти алоқа

5

Пайвастшавӣ ва дастрасии мустақими доимӣ ба низоми иттилоотии мақомоти давлатӣ ҷиҳати саривақт гузаронидани корҳои таҳлилӣ ва пешгирии амалҳои ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом алоқаманд

а) ташкил намудани низоми ягонаи иттилоотӣ ва пешбурди манбаи маълумот  ҷиҳати ҷамъоварӣ, таҳлил, тадқиқ ва нигоҳдошти маълумот дар бораи  амалиётҳо (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва/ё молу мулки дигар, ки ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом вобаста мебошад

б) тезонидани раванди кор, саривақт ва оперативӣ андешидани чораҳои зарурӣ. Баланд бардоштани раванди мониторинги амалиётҳо ва корҳои таҳлилӣ

в) иҷрои меъёрҳои байналмилалии ФАТФ, мусоидат ба устувории низоми молиявии мамлакат

 

2018-2021

Бонки миллӣ, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли, Вазорати корҳои дохилӣ Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлия,  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук, Хадамоти алоқа, Агентии омор

6

Омӯзиш, таҳлил ва ҷамъбасти ҳолати муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом. Ба роҳ мондани пешбурди оморӣ, андешидани чораҳои дорои хусусияти ташкилӣ барои пурзӯр намудани муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

Пешбурди омориро дар асоси иттилооте, ки аз мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаҳои марбут ба самаранокӣ ва натиҷамандии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромад-ҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағ-гузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом гирифта шудааст, ба роҳ монад.

Ба роҳ мондани низоми маҷмӯии ҳисоботҳои омории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятдор оид ба пешгирӣ намудан, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқ ва баррасии ҷиноятҳои категорияи зикршуда, инчунин таъқиби шахсони онҳоро содиркарда

 

мунтазам

Бонки миллӣ, Вазорати молия, Вазорати адлия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи андоз, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук, Хадамоти алоқа

7

Баланд бардоштани самаранокии ошкор, пешгирӣ ва тафтиш намудани ҷиноятҳои марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм

Баланд бардоштани сатҳи тайёрии касбии кормандони оперативӣ, муфаттишон ва прокурорҳо дар ошкор кардани ин гуна ҷиноятҳо, ҷамъоварӣ, таҳлил ва баҳодиҳии далелҳо, ҳамкории байни сохторҳои тафтишотӣ, мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ ва суд

 

 

а) баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ дар соҳаи қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки аз ҷумла ба тахассуси зарурӣ надоштани судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста аст;

б) танзими меъёрии ҳуқуқии масъалаҳои марбут ба муайян кардани ваколатҳои мақомоти назоратӣ доир ба танзими меъёрӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, мушаххас кардан ва омӯхтани муштариёни ташкилотҳои мазкур, ки ба гурӯҳи дорои хавфи баланд мансуб дониста мешаванд. Такмил додани амалияи татбиқи ҳуқуқии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо доир ба парвандаҳои марбут ба қонунигардонии (расми-кунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

2018 - 2022

Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Суди Олӣ Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ

 

 

 

 

 

8

Мушаххас кардани фаъолияти субъектҳое, ки уҳдадоранд доир ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом тибқи тавсияҳои ФАТФ чораҳо андешанд

а) таҳия ва такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар доираи назорат намудан мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки аз болои амалиётҳои шахсони воқеӣ бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва роҳ надодани кирдорҳои марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом такмили усулҳои омӯзиш ва мушаххас кардани муштариёни ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд;

б) истифодаи равишҳои гуногун барои муайян ва омӯхтани муштариён вобаста ба мансубияти онҳо ба гурӯҳи дахлдори хавф;

в) таҳияи механизмҳо барои аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, гирифта шудани маълумоте, ки ҷиҳати муқаррар ва мушаххас кардани молик-бенефитсиар (манфиатгирон) зарур мебошад;

г) баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти назоратии мақомотҳои давлатӣ.

ғ) ташкилкунандагон ва фармоишгарони амалҳои террористӣ ва дигар амалҳое, ки бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, метавонанд марказҳо ва созмонҳои байнал-милалии террористӣ ва экстремистӣ бошанд. Ба маблағгузории фаъолияти террористӣ  бисёр вақт ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ, ки қонунӣ ташкил шудаанд, ҷалб карда мешаванд 

2018-2022

Бонки миллӣ, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Суди Олӣ Хадамоти гумрук, Хадамоти алоқа

9

Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ҷиҳати ошкорсозӣ ва баҳодиҳии хавфҳои худ, назорат ва коҳиш додани хавфҳо дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

Андешидани чораҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо, инчунин ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, барои баҳодиҳии хавфҳо, муайян ва ошкорсозии хавфҳои худ, мониторинг, назорати хавфҳо бо мақсади коҳиш додани хавфҳо дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромад-ҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағ-гузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

 

 

мунтазам

Вазорати молия, Вазорати адлия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Бонки миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Суди Олӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Хадамоти алоқа, ташкилотҳое, ки бо маблағ-ҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор

10

Дар ҷамбасти сол пешниҳод намудани маълумот ба Бонки миллӣ оид ба натиҷаҳои иҷрои нақшаи мазкур

 

Ҳар сол 20 декабр

Вазорати молия, Вазорати адлия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Суди Олӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Хадамоти алоқа ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор

 

11

Таъминоти молиявии амалишавии Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

    Маблағгузории ҷараёни амалӣ гардидани Консепсия аз ҳисоби маблағҳои умумии вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо барои соли навбатии молиявӣ, манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, инчунин қарзҳо ва грантҳо сурат мегирад

   Барои самаранок идора кардани захираҳои мавҷуда ва ба ҳадафҳои консепсия расидан самаранокии ҳамоҳангии кумакҳои донорҳо ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳо

мунтазам

Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор