Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯИ ВАТАНДЎСТӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паём аз 22 декабри соли 2016 иброз намуданд: "Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд".
Бешубҳа, имрўз терроризм ва ифротгароӣ барои пешрафт ва нумўи тамоми кишварҳои олам монеаи бузургеро эҷод намудааст. Иттилоотнокии мунтазами ноболиғону ҷавонон аз хатарҳои терроризм ва тундгароӣ барои ояндаи орому осоиштаи кишвар мусоидат менамояд.
Ҳисси ватандўстӣ, ки яке аз рукнҳои ҳувияти миллии мардуми тоҷик аст, омили асосии эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таҳдидҳои замони муосир ба ҳисоб меравад.
Аз ҳамин рў, маҳз ватандўстӣ метавонад бар зидди таҳдидҳои замони муосир ҳамчун қувваи бузурги муҳофизатии ватану таърихи он ва рўҳияи шикастнопазири миллат табдил ёбад.
- заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурдиҳӣ дар самти тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон;
- тарбияи фарҳангӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии ватандўстии ҷавонон;
- тарбияи ҷисмонӣ, варзишӣ ва ҳарбию ватандўстии ҷавонон, омодагии дифои онҳо;
- асосҳои иттилоотӣ, тарғиботӣ, бадеӣ ва оммавӣ дар самти тарбияи ватандўстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон;
- тарбияи маърифатӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва эстетикии ҷавонон.
- бевосита. Маблағҳои барнома бевосита тавассути воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон амалӣ гардонида мешаванд. Дар ин ҳолат ҷараёни маблағгузорӣ тартиби махсус ва ё мувофиқаи иловагиро талаб намекунад ва он бевосита аз ҷониби субъектхои зикршуда амалӣ мешавад;
- бавосита. Маблағҳои барнома ба воситаи ташкилотҳои система, марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар маҳал амалӣ гардонида мешаванд.
- заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурдиҳӣ дар самти тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ташаккул ёбад;
- ҷиҳати ташаккули ҷабҳаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон заминаҳои мусоид фароҳам оварда шаванд;
- ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ ва адои хизмати самараноки ҳарбӣ дар назди Ватан-модар тарбия ёбанд;
- ғояҳои ватандўстӣ, худшиносии миллӣ, тамаддунофарӣ, фарҳангдўстӣ ва аз худ кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар байни ҷавонон, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа васеъ таблиғ гарданд;
- дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ ва фаъолгардонии ҷамъиятии ҷавонон имкониятҳои зарурӣ ташаккул дода шаванд;
- ташаббусҳои ҷавонон дар самти амалишавии самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дастгирӣ ёбанд;
- сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон коҳиш ёбад;
- дастовардҳои истиқлолият, масъалаҳои бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ байни ҷавонону наврасон тарғибу ташвиқ карда шаванд;
- ҷавонон ба меҳнат ва ҳифзи Ватан омода гашта, инчунин ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои соҳаи маориф, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ, мукаммалгардонии ҳифозати шаҳрвандӣ ва маъмурӣ мусоидат карда шавад;
- ҷавонон, ихтиёриён ва афсарону сарбозон вобаста ба фаъолнокӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҳавасманд гардонида шаванд;
- имкониятҳо дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ ва фаъолгардонии ҷамъиятии ҷавонон ташаккул ёбад;
- ташаббусҳои ҷавонон оид ба амалишавии самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамаҷониба дастгирӣ карда шаванд;
- фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти тарбияи ватандўстии ҷавонон дастгирӣ ёбанд;
- фаъолият дар самти тарбияи ватандўстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ тақвият ёбад;
- эҳсоси ватандўстӣ, ифтихори милливу хештаншиносӣ, ташаккули тафаккури баланди садоқат ба Ватан ва ифтихори миллӣ дар байни ҷавонон боло равад;
- эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, арзишҳои маънавӣ, забони модарӣ, таъриху фарҳанги қадим ва рамзҳои давлатӣ зиёд гардад;
- ҷиҳати хубтару беҳтар бо истифода аз усулҳои муосири таъсиррасонӣ таблиғи ғояҳои ватандўстиву ифтихори миллӣ аз ҷониби тамоми мақомоти давлатӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд;
- тадбирҳои воқеӣ ҷиҳати пешгирии фаъолияти қувваҳои ифротгароӣ, ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷавонон оид ба ҳифзи Ватану миллат андешида ва густариш дода шаванд;
- роҳу усулҳои муосиру таъсирбахш ва самаранок дар байни ҷавонон ва ҷалби ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд;
- масъалаи ҷалби ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва сари вақт иҷро гардидани нақшаи даъвати баҳориву тирамоҳӣ ба сатҳи сифатан нав барояд;
- асосҳои илмию назариявӣ, методию амалӣ, меъёрию ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва кадрии сиёсати давлатии ҷавонон дар кори тарбияи ватандўстии ҷавонон ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ҷомеа тавсеа ва мустаҳкам гардад;
- фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти ватандўстии ҷавонон ва таҳкими ҳувияти миллӣ ҷоннок ва густариш ёбад;
- масъулияти тамоми масъулини мақомоти давлатӣ вобаста ба масъалаи тарбияи ватандўстии ҷавонон ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дучанд гардад;
- иштироки фаъоли насли ҷавон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин ва ба ин васила имконоти амалии ҷавонон тавассути пешоҳангии фармоиши иҷтимоии давлатӣ васеъ гардад;
- бо истифода аз роҳу усулҳои муосири муқовиматнокӣ поймолшавии ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонони осебпазир пешгирӣ карда шаванд;
- механизми муосири муқовиматнокӣ ба таассуб, тундгароӣ, терроризму экстремизм дар байни ҷавонон таҳия ва амалӣ гарданд;
- ҷалби ҳавасмандсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳияи филмҳо ва барномаҳои театрии дорои мавзўи ватандўстона таъмин карда шаванд;
- имкониятҳо ва амалисозии босамари барномаи ихтиёриёни ҷавонон дар самти ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонон ва ҳавасмандгардонии сарбозони ихтиёрӣ таҳким ёбад;
- донишу маърифати ҷавонон дар самти фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омўзиши таърихи пурғановати миллати худ баланд бардошта шавад;
- барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, ахлоқӣ, худшиносӣ, фароғатӣ ва бадеӣ дар байни ҷавонон дар шакли озмуну фестивалҳо таҳия ва амалӣ гарданд;
- ҷавонон дар рўҳияи эҳтиром ва пос доштани фарҳанги миллии либоспушӣ ва эмин будан аз бегонапарастию худсириштӣ тарбия ёбанд;
- шаклу усулҳои наву самарабахши тарбияи ватанпарастӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ташаккул ёбад.
Замимаи 1
ба Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" марти соли 2018, № 79
НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА АМАЛИШАВИИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯИ ВАТАНДЎСТӢ
ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
№ |
Номгўи чорабиниҳо |
Муҳлат |
Иҷрокунанда |
Хароҷоти молиявӣ (бо ҳазор сомонӣ) |
ҳамагӣ |
||||||||||||
2018 |
2019 |
2020 |
2021 |
2022 |
|||||||||||||
Бғ |
Мғ |
Бғ |
Мғ |
Бғ |
Мғ |
Бғ |
Мғ |
Бғ |
Мғ |
Бғ |
Мғ |
Ғамъ |
|||||
1. Заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурдиҳӣ дар самти тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон |
|||||||||||||||||
1. |
Таҳияи низомномаи «Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» |
Давоми сол |
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, вазоратҳои корҳои дохилӣ, мудофиа |
0 |
0 |
0 |
0 |
0 |
0 |
0 |
0 |
0 |
0 |
|
|
|
|
2. |
Таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниход намудани низомномаи намунавии маҳфилҳои доимоамалкунандаи «Пайравони Пешвои миллатем» (барои муҳассилини синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ) |
Давоми сол |
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи илмҳо |
0 |
0 |
0 |
0 |
0 |
0 |
0 |
0 |
0 |
0 |
|
|
|
|
3. |
Дастгирии таҳия ва чопи дастурҳои илмӣ, методӣ ва амалӣ вобаста ба ташаккули тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон |
Мунтазам |
Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш |
20 |
5 |
25 |
8 |
30 |
10 |
40 |
12 |
45 |
15 |
|
|
|
|
4. |
Дастгирии лоиҳаҳо оид ба таҳияи қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти ватандўстии ҷавонон ва амалигардонии тадқиқоти илмию амалӣ |
Мунтазам |
Вазорати мудофиа, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» |
10 |
3 |
15 |
5 |
17 |
7 |
20 |
8 |
22 |
10 |
|
|
|
|
5. |
Дастгирии лоиҳаҳо оид ба ташкили тадқиқоти сотсиологӣ дар самти тарбияи ватандўстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон |
Мунтазам |
Маркази тадқиқоти стратегӣ, Академияи илмҳо, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
40 |
8 |
50 |
10 |
60 |
13 |
70 |
15 |
80 |
17 |
|
|
|
|
6. |
Дастгирии таҳия ва чопи маводи иттилоотию тарғиботӣ ва тақсимотӣ (буклетҳо, тақвимҳои киссагӣ, брошюра, нишони сарисинагӣ ва ғайра) |
Мунтазам |
Вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Академияи илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
40 |
7 |
45 |
10 |
50 |
12 |
55 |
15 |
60 |
18 |
|
|
|
|
7. |
Мониторинг ва арзёбии сифати амалишавии лоиҳаҳо дар доираи Барнома |
Мунтазам |
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш |
20 |
|
30 |
|
40 |
|
50 |
|
60 |
|
|
|
|
|
|
Ҷамъи банди 1 |
|
|
130 |
23 |
165 |
33 |
197 |
42 |
235 |
50 |
267 |
60 |
994 |
208 |
1202 |
|
2. Тарбияи фарҳангӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии ватандўстии ҷавонон |
|||||||||||||||||
8. |
Дастгирии лоиҳаҳо дар самти таҳияи филмҳо, роликҳо ва барномаҳои телевизиониву театрии дорои мавзўи ватандўстона (сенарияи филмҳо ва барномаҳои консертӣ тавассути шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон) |
Мунтазам |
Кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш |
30 |
8 |
40 |
10 |
50 |
12 |
60 |
14 |
70 |
16 |
|
|
|
|
9. |
Амалишавии Барномаи «Ихтиёриёни ҷавон» |
Мунтазам |
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
30 |
7 |
40 |
9 |
50 |
12 |
60 |
14 |
70 |
15 |
|
|
|
|
10. |
Ташкили корҳои таблиғотӣ ва мулоқоту вохўриҳо дар муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ, шаҳраку деҳаҳои минтақаҳои осебпазир бо ҷалби зиёиён, собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони рўзгордида |
Мунтазам |
Вазоратҳои маориф ва илм, мудофиа, корҳои дохилӣ, Академияи илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
40 |
8 |
50 |
10 |
60 |
12 |
70 |
13 |
80 |
14 |
|
|
|
|
11. |
Ташкили конференсияҳо ва форумҳои илмию амалӣ дар мавзўи ватандўстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон |
Мунтазам |
Вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Академияи илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
40 |
10 |
50 |
12 |
60 |
13 |
70 |
14 |
80 |
15 |
|
|
|
|
12. |
Ташкил намудани аксияҳои мухталифи тарғиботӣ дар мавзўи «Ба муҳофизати Ватани маҳбубамон омодаем!», «Барои Тоҷикистони озоди соҳибистиқлол хизмат мекунем!», «Садоқат ба Пешвои миллат-садоқат ба Ватан!» |
Мунтазам |
Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
30 |
8 |
40 |
10 |
50 |
12 |
60 |
13 |
70 |
15 |
|
|
|
|
13. |
Ташкил ва гузаронидани фестивалҳои дўстии ҷавонон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ |
Мунтазам |
Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
30 |
7 |
40 |
10 |
50 |
15 |
60 |
20 |
70 |
22 |
|
|
|
|
14. |
Баргузории фестивалу озмунҳои мухталифи фарҳангӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ |
Мунтазам |
Вазорати фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
20 |
5 |
30 |
10 |
40 |
13 |
50 |
15 |
60 |
18 |
|
|
|
|
15. |
Ташкили рўзҳои дарҳои кушод дар муассисаҳои ҳарбӣ ва қисмҳои низомии кишвар ҷиҳати ҳавасманд гардонидани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ |
Мунтазам |
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
30 |
8 |
40 |
10 |
50 |
13 |
60 |
15 |
70 |
17 |
|
|
|
|
16. |
Баргузории фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз» бо иштироки афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ |
Мунтазам |
Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Вазорати мудофиа, Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, сохторҳои қудратӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
30 |
5 |
40 |
8 |
50 |
10 |
60 |
12 |
70 |
15 |
|
|
|
|
17. |
Дастгирии лоиҳаҳо дар самти ташкили лагерҳои фароғатию омўзишӣ ва сайёҳати наврасону ҷавонон ва ихтиёриён ба мавзеъҳои таърихӣ |
Мунтазам |
Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
30 |
8 |
40 |
10 |
50 |
12 |
60 |
14 |
70 |
16 |
|
|
|
|
18. |
Ташкили озмуни «Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» ва дигар озмунҳо дар самти ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон |
Мунтазам |
Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
20 |
|
30 |
|
40 |
|
50 |
|
60 |
|
|
|
|
|
19. |
Ташкили семинарҳои омўзишӣ ва мизи мудаввар дар мавзўи «Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ» |
ҳар сол як маротиба |
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
30 |
5 |
40 |
8 |
50 |
10 |
60 |
13 |
70 |
15 |
|
|
|
|
20. |
Ташкили фаъолияти гурўҳи тарғиботӣ бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ ба ҷомеа |
Мунтазам |
Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Вазорати мудофиа, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
20 |
5 |
30 |
8 |
40 |
10 |
50 |
12 |
60 |
15 |
|
|
|
|
21. |
Ташкили дарсҳои кушоди тарбиявӣ дар қисмҳои низомӣ миёни афсарону сарбозон, ҷавонони синни тодаъватӣ ва ихтиёриён дар мавзўи «Оинномаҳои ҳарбӣ – танзимгари ҳаёти сарбозон» |
Мунтазам |
Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Вазорати фарҳанг |
10 |
5 |
20 |
7 |
30 |
8 |
40 |
10 |
50 |
12 |
|
|
|
|
22. |
Иштироки ҷавонони синни даъватӣ дар маросими савгандёдкунии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Мунтазам |
Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, сохторҳои қудратӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
30 |
5 |
40 |
7 |
50 |
10 |
60 |
13 |
70 |
15 |
|
|
|
|
|
Ҷамъи банди 2 |
|
|
420 |
94 |
570 |
129 |
720 |
162 |
870 |
192 |
1020 |
220 |
3600 |
797 |
4397 |
|
3. Тарбияи ҷисмонӣ, варзишӣ ва ҳарбию ватандўстии ҷавонон, омодагии дифои онҳо |
|||||||||||||||||
23. |
Ташкил ва гузаронидани мусоби-қаҳои ҷумҳуриявию минтақавии ҳарбӣ ва варзишии «ҳомии Ватан» байни ҷавонони синни тодаъватии ҳарбӣ ва «Сипар» байни хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомӣ |
Мунтазам |
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, сохторҳои қудратӣ |
20 |
5 |
25 |
7 |
30 |
10 |
40 |
12 |
45 |
15 |
|
|
|
|
24. |
Ташкил ва гузаронидани экскурсияҳои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба қисмҳои ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ |
Мунтазам |
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илм, сохторҳои қудратӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
15 |
5 |
20 |
10 |
30 |
12 |
35 |
15 |
40 |
20 |
|
|
|
|
25. |
Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ҳармоҳаи «Поси хотир» бо мақсади ободонии қабристонҳо ва лавҳаҳои хотиравии шаҳидон |
Мунтазам |
Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
20 |
5 |
25 |
10 |
30 |
12 |
40 |
14 |
45 |
15 |
|
|
|
|
26. |
Ташкили озмуни «Тирпарронӣ» миёни ҷавонон ва афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ |
Мунтазам |
Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш |
20 |
5 |
30 |
7 |
40 |
10 |
45 |
12 |
50 |
15 |
|
|
|
|
27. |
Ташкили озмуни зеҳнии «Шоҳмот» миёни ҷавонони синни тодаъватӣ ва сарбозону афсарони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ |
Мунтазам |
Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
25 |
5 |
30 |
10 |
40 |
12 |
45 |
13 |
50 |
15 |
|
|
|
|
28. |
Ташкил ва гузаронидани ҳафтаи машғулиятҳои саҳроии ҳарбӣ барои афсарони ҷавон дар байни мақомоти қудратӣ |
Мунтазам |
Вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа |
20 |
5 |
25 |
7 |
30 |
10 |
40 |
12 |
50 |
15 |
|
|
|
|
29. |
Дастгирии ташкили машқҳо ва тамринҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ |
Мунтазам |
Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио |
10 |
3 |
15 |
5 |
20 |
7 |
25 |
8 |
30 |
10 |
|
|
|
|
|
Ҷамъи банди 3 |
|
|
130 |
33 |
170 |
56 |
220 |
73 |
270 |
86 |
310 |
105 |
1100 |
353 |
1453 |
|
4. Асосҳои иттилоотӣ, тарғиботӣ, бадеӣ ва оммавӣ дар самти тарбияи ватандўстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон |
|||||||||||||||||
30. |
Мавриди омўзиши доимӣ қарор додани суханрониҳо ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни ҷавонони тамоми манотиқи ҷумҳурӣ |
Мунтазам |
Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ |
20 |
5 |
25 |
7 |
30 |
9 |
35 |
10 |
40 |
12 |
|
|
|
|
31. |
Дастгирии барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар самти ватандўстии ҷавонон |
Мунтазам |
Кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа |
30 |
7 |
40 |
9 |
50 |
11 |
60 |
14 |
70 |
16 |
|
|
|
|
32. |
ҳавасмандгардонии муаллифони ҷавон оид ба нашри мақолаҳои беҳтарини публисистӣ дар мавзўи ватандўстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон |
Мунтазам |
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
20 |
5 |
30 |
7 |
35 |
10 |
40 |
12 |
45 |
15 |
|
|
|
|
33. |
Таъсиси гурўҳи махсуси тарғибгарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои расмӣ аз ҳисоби ҷавонони фаъол дар муқовимат бо таҳдидҳои иттилоотӣ |
Мунтазам |
Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон |
10 |
4 |
15 |
5 |
20 |
8 |
25 |
10 |
30 |
13 |
|
|
|
|
34. |
Эълони озмунҳо тариқи воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои тарғиботии интернетӣ |
Мунтазам |
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш |
30 |
5 |
35 |
7 |
40 |
10 |
45 |
12 |
50 |
15 |
|
|
|
|
35. |
Дастгирии таҳияи барномаи электронӣ бо ҷамъоварии мақолаҳои илмӣ ва шеъру ғазалиётҳо дар васфи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ аз ашъор ва эҷодиёти адибон |
Мунтазам |
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон |
20 |
5 |
30 |
7 |
35 |
10 |
40 |
12 |
50 |
15 |
|
|
|
|
36. |
Чопи дастури иттилоотию амалӣ оид ба омодагӣ ба дифои ҳарбии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ |
Давоми сол |
Вазоратҳои маориф ва илм, мудофиа, Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
30 |
4 |
35 |
6 |
40 |
9 |
45 |
12 |
50 |
15 |
|
|
|
|
|
Ҷамъи банди 4 |
|
|
160 |
35 |
210 |
48 |
250 |
67 |
290 |
82 |
335 |
101 |
1245 |
333 |
1578 |
|
5. Тарбияи маърифатӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва эстетикии ҷавонон |
|||||||||||||||||
37. |
Гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати фаъол намудан ва ҷалби духтарону ҷавонзанон ба корҳои ҷамъиятӣ |
Мунтазам |
Кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
20 |
5 |
25 |
7 |
30 |
10 |
40 |
12 |
50 |
15 |
|
|
|
|
38. |
Баргузории чорабиниҳои маърифатӣ ва ватандўстӣ дар байни духтарону ҷавонзанон оид ба тарғиби фарҳанги миллӣ |
Мунтазам |
Кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
20 |
6 |
30 |
10 |
40 |
12 |
50 |
14 |
60 |
15 |
|
|
|
|
39. |
Ташкили конфронси ҷумҳуриявӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷавонзанону духтарон ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу харакатҳои тундрав |
Соле як маротиба |
Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
20 |
5 |
28 |
7 |
38 |
10 |
50 |
12 |
60 |
14 |
|
|
|
|
40. |
Таҳия ва чопи маводи тарғиботӣ вобаста ба эмин нигоҳ доштани духтарону ҷавонзанон аз таҳдиди фарҳанги ба мо бегона |
Мунтазам |
Кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ |
30 |
5 |
40 |
8 |
50 |
10 |
60 |
12 |
70 |
15 |
|
|
|
|
|
Ҷамъи банди 5 |
|
|
90 |
21 |
123 |
32 |
158 |
42 |
200 |
50 |
240 |
59 |
811 |
204 |
1015 |
|
|
ҲАМАГӢ |
|
|
930 |
206 |
1238 |
298 |
1545 |
386 |
1865 |
460 |
2172 |
545 |
7750 |
1895 |
9645 |
|