ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ДИН

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

  1. Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Назорати амалӣ намудани Консепсияи мазкур ба зиммаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
  3. Вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:

- ҷиҳати фаҳмондани моҳият ва мақсади ҳуҷҷати мазкур корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ монанд;

- оид ба иҷрои Консепсияи мазкур ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 15 январи ҳар сол гузориш пешниҳод намоянд.

  1. Консепсияи мазкур дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда шавад.
  2. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи ҷамъбасти ҷараёни иҷрои Консепсияи мазкур на дертар аз 15 феврали ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе, 4 апрели соли 2018 № 1042