ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2025

 

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини вазъи устувори иқтисодӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои ояндаи кўтоҳмуҳлат ва миёнамуҳлат нишондиҳандаҳои Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ намоянд.
  3. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо мақсади амалӣ намудани нишондиҳандаҳои Барномаи мазкур, тибқи тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷотӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории заруриро барои ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ таҳия намуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
  4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025-ро таҳти назорат қарор дода, ҳар сол то 1 март оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хисобот ирсол намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 1 марти соли 2018 № 78

ш.Душанбе