Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «1» марти соли 2018, №96

тасдиқ шудааст.

 

 

Низомномаи

намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ

оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим (минбаъд – Низомнома) асосҳои ташкил ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимро (минбаъд – комиссияи ҷамъиятӣ) муқаррар менамояд.
  2. Низомнома дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шудааст.
  3. Комиссияи ҷамъиятӣ бо мақсади назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад (минбаъд – ташкилот), таъсис дода мешавад.
  4. Комиссияи ҷамъиятӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

 

  1. ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТӢ

 

  1. Комиссияи ҷамъиятӣ аз рӯи асосҳои зерин ҷаласа доир менамояд:
  1. Ҷаласаи комиссияи ҷамъиятӣ ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он зиёда аз нисфи ҳайати он иштирок дошта бошад.
  2. Қарори ҷаласаи комиссияи ҷамъиятӣ бо протокол ба расмият дароварда мешавад. Дар рафти ҷаласа мумкин аст, сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ истифода гарданд, ки онҳо низ ба протокол замима карда мешаванд. Ба протокол раис ва котиби комиссия имзо мегузоранд.

 

  1. ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТӢ

 

  1. Вазифаҳои асосии комиссияи ҷамъиятӣ назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кормандони ташкилот ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин самт мебошад.
  2. Комиссияи ҷамъиятӣ барои иҷрои вазифаҳои асосии худ ваколатҳои зеринро доро мебошад:
  1. Дар сурати ошкор намудани риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” комиссияи ҷамъиятӣ дар муҳлати се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар ин бор хабар медиҳад.

 

  1. ВАКОЛАТҲОИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТӢ

 

  1. Раиси комиссияи ҷамъиятӣ:

 

  1. Котиби комиссияи ҷамъиятӣ:
  1. Узви комиссияи ҷамъиятӣ:

 

  1. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

  1. Комиссияи ҷамъиятӣ тибқи тартиби муқарраршуда ҳар нимсола ва солона ба комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ҳисоботи муфассал ва таҳлилӣ пешниҳод менамояд. Комиссияи ҷамъиятии вазорату идораҳо ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ бевосита ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола ва солона ҳисобот пешниҳод менамояд.
  2. Назорати иҷрои Низомномаи мазкур аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим таъмин карда мешавад.
  3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Низомномаи мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.