ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

аз 1 марти соли 2018                                                    №95

ш. Душанбе

 

ДАР БОРАИ НИЗОМНОМАИ НАМУНАВИИ КОМИССИЯҲОИ ДОИМИИ МАҲАЛЛӣ ОИД БА ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ

 

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар фаъолияти худ Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ гиранд.

 

           Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

        Тоҷикистон                                                                     Эмомалӣ Раҳмон