Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 октябри соли 2017, № 485
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ ҚАРЗГИРИИ БЕРУНАИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2020
1. МУҚАДДИМА
- бо Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи "Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ, марҳилаи 2" ба маблағи 5,56 млн доллари ИМА, лоиҳаи "Барномаи мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал" ба маблағи 9,0 млн доллари ИМА, лоиҳаи "Бақайдгирии амволи ғайриманқул" ба маблағи 10,00 млн доллари ИМА, лоиҳаи "Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ" ба маблағи 2,5 млн доллари ИМА;
- бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи "Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд" ба маблағи 2,5 млн доллари ИМА, лоиҳаи "Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Норак" ба маблағи 3,0 млн доллари ИМА;
- бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки Осиёгии Сармоягузории Инфрасохтор оид ба лоиҳаи "Сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода, сарҳади Ўзбекистон қисмати роҳ аз гирдроҳаи пайкараи Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе" ба маблағи 55,0 млн доллари ИМА;
- бо Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ оид ба лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо, марҳилаи 2" ба маблағи 8,69 млн доллари ИМА;
- бо Бонки Осиёгии Рушд оид ба лоиҳаи "ҲИМОМ (ЦАРЭС) оид ба беҳдошти коридорҳои 2, 5 ва 6, марҳилаи 1 (таҷдиди роҳи Душанбе - Қўрғонтеппа)" ба маблағи 49,40 млн доллари ИМА, лоиҳаи "Идоракунии захираҳои обии ҳавзаи дарёи Панҷ" ба маблағи 19,15 млн доллари ИМА.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА
- то ҳадди имкон маҳдуд кардани қабули уҳдадориҳо оид ба ҷалби қарзҳои давлатҳои хориҷӣ ва қарзҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ аз рўи лоиҳаҳои банақшагирифташудае, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;
- ҷалби қарзҳо барои маблағгузории хароҷоти лоиҳаҳои татбиқшаванда бо мақсади ба анҷом расонидани онҳо;
- мутамарказонидани захираҳои қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои банақшагирифташудаи бузурги инфрасохтории дорои аҳамияти стратегии умумидавлатӣ, ки ҷиҳати татбиқи онҳо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.
3. БАХШҲОИ ИҚТИСОДИЁТ
- бахши кишоварзӣ ва мелиоратсия 20 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба барқарорсозӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, таҷдиди системаҳои ирригатсионӣ ва обёрии заминҳо равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 30,05 млн доллари ИМА ё 8,5 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;
- бахши тандурустӣ 6 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки асосан ба рушди рукни ибтидоӣ ва заминавии тандурустӣ равона шудаанд;
- бахши маориф 11 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба дастгирии рушди бахши маориф, сохтмон ва таҷдиди муассисаҳои таълимӣ равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 23,4 млн доллари ИМА ё 6,7 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;
- бахши энергетика ва саноат 29 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба барқароркунии инфрасохтори дохилӣ ва дастгирии рушди тиҷорати байналмилалии захираҳои энергетикӣ равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 155,99 млн доллари ИМА ё 44,3 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;
- бахши нақлиёт ва коммуникатсия 45 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба таҷдид ва рушди низоми нақлиёти кишвар равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 115,23 млн доллари ИМА ё 32,7 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;
- бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ 32 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба барқарорсозии системаи обрасонӣ ва идораи партовҳои сахт равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 7,23 млн доллари ИМА ё 2,1 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;
- бахши идоракунии давлатӣ 13 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки барои дастгирии буҷет ва мукаммалгардонии молияи давлат равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 20,0 млн доллари ИМА ё 5,7 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;
- бахши ҳифзи иҷтимоӣ 1 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 0,27 млн доллари ИМА ё 0,1 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад.
4. ПОРТФЕЛИ ҚАРЗГИРӢ
- Бонки Умумиҷаҳонӣ - 29 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 19 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;
- Бонки Осиёгии Рушд - 22 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 18 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;
- Бонки Исломии Рушд - 29 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 21 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;
- Хазинаи Саудии Рушд - 10 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 6 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;
- Хазинаи Кувайтии Рушд - 6 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 3 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;
- Хазинаи Абузабӣ - 2 созишномаи қарзӣ;
- Хазинаи Созмони Давлатҳои Содиркунандаи Нафт - 4 созишномаи қарзӣ;
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд - 42 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 18 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;
- Эксимбонки Ҷумҳурии Халқии Хитой - 5 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 2 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;
- Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ - 4 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 2 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад;
- Хазинаи Зиддибуҳронии Иттиҳоди Иқтисодии Евразия - 2 созишномаи қарзӣ;
- Хазинаи Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ - 1 созишномаи қарзӣ;
- Бонки Осиёгии Сармоягузории Инфрасохторӣ - 2 созишномаи қарзӣ;
- Хазинаи Иқлими Сабз - 1 созишномаи қарзӣ.
***Замимаҳо дар матни аслӣ