ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ КИНОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022

 

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
  2. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо амалӣ намудани Барномаи мазкурро таъмин намоянд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 29 сентябри соли 2017, № 457

ш. Душанбе