ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ МАҶМЎИИ РУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021

 

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи маҷмўии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
  2. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалигардонии Барномаи маҷмўии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 муқаррар карда шавад.
  3. Маблағгузории Нақшаи чорабиниҳои Барнома дар соли 2017 аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети давлатӣ ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ шудааст, таъмин карда шаванд.
  4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти имкониятҳои воқеии буҷети давлатӣ дар солҳои 2018-2021 хароҷоти вобаста ба амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои Барномаро дар сатри алоҳида пешбинӣ намояд.
  5. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои ҳамасола ҷудошудаи буҷети давлатӣ барои амалӣ намудани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол на дертар аз 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои анҷомёфта маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 27 майи соли 2017, № 260

ш. Душанбе