Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "26" ноябри соли 2016, № 503
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
- ба таври назаррас кам кардани вобастагӣ аз маҳсулоти воридотии асосии ниёзи мардум;
- таъмини болоравии истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда тавассути андешидани тадбирҳо дар самтҳои пешниҳоди механизми самараноки дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони молҳои ватанӣ ва гузаронидани ислоҳоти зарурӣ дар бахшҳои воқеӣ;
- таъсис додани марказҳои муосири логистикӣ ва васеъ кардани долонҳои байналмилалии коммуникатсионӣ, нақлиётӣ ва иқтисодӣ;
- ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани хизматрасонии хатсайрҳои роҳи оҳан, автомобилӣ, ҳавоӣ ва намудҳои дигари нақлиёт;
- таъмин намудани болоравии истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда тавассути андешидани тадбирҳо ҷиҳати мусоидат ба содиркунандагону сармоягузорони эҳтимолӣ, инкишофи ҳамкорӣ, занҷирҳои арзиши иловашуда ва гурўҳбандӣ.
- Барнома пеш аз Стратегияи миллии рушд қабул гардида, дар он афзалиятҳо ва индикаторҳои мақсадноки ба таври пурра ба инобат гирифта нашудаанд;
- ҳалли мушкилоти институтсионалии рушди содирот ҳамчун вазифаи афзалиятнок муайян нагардидааст;
- баҳисобгирии нокифояи тағйироти суратгирандаи сохторӣ ва такя ба содироти ашёи хом;
- таваҷҷуҳи нокифоя ба тарбияи кадрҳо, низоми маркетинг ва менеҷмент;
- дараҷаи пасти ҷалби бахши хусусӣ, пешгўии аз ҳад некбинонаи умедворӣ аз сармоягузорони хориҷӣ;
- ҳамоҳангсозии сусти амалҳои байни вазорату идораҳои соҳавӣ ва бахши хусусӣ, набудани мақоми мушаххаси ваколатдор оид ба татбиқи Барнома бо ваколатҳои кофӣ;
- пешбинӣ нашудани механизми таҷдиди назар ва дақиқсозии нишондиҳандаҳои дурнамо бо дарназардошти вазъи воқеии тағйирёбанда.
- сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот бинобар сатҳи пасти сифати технология, таҷрибаи истеҳсолкунандагон ва паҳлуҳои институтсионалии соҳаҳои дахлдор;
- мавҷудияти монеаҳои маъмурӣ барои содироти маҳсулот ҳам дар кишвар ва ҳам дар давлатҳои ҳамсоя;
- дараҷаи нокифояи озодии соҳибкорӣ, муҳити ғайри қобили пешгўии соҳибкорӣ ва манфиатдории маҳдуд барои ҷорӣ намудани инноватсия;
- мавҷуд набудани низоми мақсадноки маркетинг ва начандон самаранок будани менеҷмент, аз ҷумла менеҷменти сифат.
- дурӣ аз ҷараёни магистрали нақлиётӣ ва бозорҳои асосии хориҷӣ;
- ҳиссаи баланди хароҷоти нақлиётию экспедиторӣ дар арзиши маҳсулоти содиротӣ, аз ҷумла хироҷҳои ғайрирасмӣ;
- набудани сохторҳои мусоидат ва пешбурди маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ;
- сатҳи пасти дастгирии давлатии мусоидат ба рушди содирот;
- набудани воситаҳои воқеии ҳавасмандгардонии содирот барои истеҳсолкунандагон.
- ҳадафи дарозмуддати Барнома мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии иқтисодии хориҷӣ ва баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти молу маҳсулоти тайёр (коркардшуда ё ниҳоӣ) ва кам кардани молҳои истеъмолӣ ва хизматҳо дар ҳаҷми умумии воридот мебошад;
- ҳадафи миёнамуҳлати Барнома таъсис додани низоми самараноки миллии мусоидат ба содирот ва воридотивазкуние мебошад, ки барои баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ, инчунин заминаи объективӣ барои рушди устувори содироти молу маҳсулоти тайёр (коркардшуда ё ниҳоӣ) ва воридотивазкунии рақобатпазир мебошад.
1) Вазифаҳои стратегии Барнома инҳоянд:
- ба таври назаррас кам кардани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти асосии ниёзи мардум;
- таъмин намудани гузариш ба сатҳи нави технологӣ бо мақсади баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии маҳсулот;
- беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва бунёди фазои шарикӣ ва ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ;
- таъсис додани марказҳои муосири логистикӣ ва васеъ кардани долонҳои байналмилалии коммуникатсионӣ, нақлиётӣ ва иқтисодӣ;
- ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани хизматрасонии хатсайрҳои роҳи оҳан, автомобилӣ, ҳавоӣ ва намудҳои дигари нақлиёт;
- тақвият бахшидани иқтидори транзитии телекоммуникатсионии кишвар ва имконияти гузарониши трафики интернет.
2) Вазифаҳои мақсадноки Барнома инҳоянд:
- муайян намудани самтҳои стратегии афзалиятноки рушди содирот бо дарназардошти имкониятҳои кишвар ва вазъият дар бозорҳои ҷаҳонӣ;
- интихоби самтҳои мушаххаси ояндадор ва бозорҳои мақсаднок бо дарназардошти иқтидори мавҷудаи содиротӣ ва бартариятҳо дар рақобат;
- фароҳам овардани шароити хуби ташкилӣ, институтсионалӣ ва ҳуқуқӣ барои рушди содирот ва воридотивазкунӣ;
- дастгирии болоравии қобилияти рақобатноки маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ;
- ташкил намудани инфрасохтори муносибтарини содиротӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ, баланд бардоштани самаранокии воситаҳои ғайримолиявии дастгирии содирот;
- дастгирии молиявии ташкилотҳои содиркунанда, бо дар назардошти талаботи узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, инчунин сохторҳои дастгирии содирот, аз ҷумла дар давлатҳои хориҷӣ;
- ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи содирот ва воридотивазкунии қобили рақобат;
- ташкил намудани хизматрасониҳои муосири дастраси умум ва ҷорӣ намудани принсипи равзанаи ягона дар асоси технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ зимни хизматрасонии давлатӣ дар фаъолияти савдои хориҷӣ;
- ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои дурнамои рушди содирот ва воридотивазкунӣ аз рўи индикаторҳои мақсадноки Барнома, аз ҷумла параметрҳои маҳсулот;
- ташкили механизми муассири татбиқи Барнома ва низоми самараноки мониторинг ва назорат;
- баланд бардоштани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалии савдо;
- баланд бардоштани сатҳи боварии содиркунандагон, сармоягузорон ва воридкунандагон ба сиёсати иқтисодии хориҷии амалишаванда.
1) Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ:
- Гардиши савдои хориҷӣ, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз;
- Содирот, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз;
- Воридот, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз;
- Воридотивазкунӣ, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз;
- Савдои тавозуни савдо, млн.доллари ИМА.
2) Индексҳои:
- Қобилияти рақобати глобалӣ;
- Тамаркуз ва диверсификатсияи содирот;
- Тахассуси савдо;
- Шароити савдо;
- Соҳибкорӣ дар бахши савдои хориҷӣ.
3) Нишондиҳандаҳои маҳсулот:
- Содирот, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз;
- Воридот, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз;
- Воридотивазкунӣ, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз.
4) Индикаторҳои байнисоҳавӣ:
- афзоиши шумораи ҷойҳои корӣ дар соҳаи содирот ва воридотивазкунӣ;
- болоравии музди меҳнати миёна дар ташкилотҳои содиркунанда ва воридотивазкунанда;
- индикаторҳои мақсадноки Барномаи мазкур ҳамчунин ба ноил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳадафҳои асосии Рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид равона карда мешаванд. Индикатору нишондиҳандаҳои мақсадноки инкишофи фаъолияти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2020, дар нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 оварда шудаанд.
- яке аз воситаҳои беҳтарин ва дар амал худро хуб нишондодаи таҳлили стратегӣ дар сатҳи миллӣ SWOT - анализ мебошад. Дар Ҷадвали 3.2 натиҷаҳои SWOT - анализи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Дар он ҷонибҳои қавӣ ва заифи иқтидори содиротӣ ба сифати омилҳои дохилӣ ва имконияту хавфҳо ҳамчун омилҳои беруна нишон дода шудаанд;
- таҳлили гузаронидашуда нишон медиҳад, ки ҷонибҳои қавии Тоҷикистон афзалиятҳои рақобтпазирии он дар савдои байналмилалӣ буда, барои рушди содирот кам истифода мегардад. Ҷонибҳои сершумори заиф ҳанўз нисбат ба ҷонибҳои қавӣ зиёдтар буда, сабаби он сохти диверсификатсиянашудаи ашёи хом доштани содирот ва маҳдуд будани миқдори маҳсулоти қобили рақобати худӣ мебошад. Вале барои рушди содирот имкониятҳо низ мавҷуданд, ки дар сурати қабул гардидани модели нави инкишоф ва пай дар ҳам амалӣ намудани сиёсати давлатии иқтисодӣ натиҷаҳои воқеӣ дода метавонанд;
- тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба самаранокӣ, гуногуншаклӣ ва рақобатпазирии бахши воқеии иқтисодиёт афзалияти махсус дода шуда, оид ба он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
- содироти мол аз ҷумҳурӣ хусусияти устувори ашёи хомро дорад. Бинобар ин, дар давоми панҷ соли татбиқи Барнома тағйир додани сохтори бамиёномадаи содиротро, ки дар он содироти ашёи хом бартарият дорад, мушкил хоҳад буд. Вале тамоюли асосӣ - тадриҷан зиёд намудани содироти молу маҳсулоти ниҳоӣ, ҳиссаи маводи ҳомили энергия ва молҳо бо арзиши иловашудаи нисбатан баландтар, инчунин афзун намудани содироти хизматрасониҳо, аз ҷумла сайёҳӣ байналмилалӣ дар солҳои татбиқи Барнома ба мушоҳида хоҳад расид. Динамикаи тағйирёбии сохтори содироти мол аз Тоҷикистон дар давраи аз соли 2000 то соли 2020 дар Ҷадвали 1 нишон дода шудааст;
- номгўи дар давоми солҳои охир ташаккулёфтаи даҳ моли асосии аз Тоҷикистон содиротшаванда ("Тоҷикистон Топ-10: Содирот") шояд тағйир меёбад. Зеро дар баробари молҳои содиротии анъанавие, ки маъмулан аз Тоҷикистон ба бозорҳои хориҷӣ пешкаш мегарданд, молҳои нави ояндадор, аз ҷумла молу маҳсулоти сохтмонӣ, хўрокворӣ, нассоҷӣ, маъданҳо ва хизматҳои алоҳида, масалан, сайёҳии байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд. Тағйироти имконпазир дар номгўи молҳои содиротии "Тоҷикистон Топ-20: Содирот" тибқи пешгўи чунин буда метавонад (Ҷадвали 3);
Эзоҳ: Номгўи молҳои овардашудаи соли 2014 68 фоиз тамоми содироти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад.
- гарчанд ба назари аввал рўйхати номгўи маҳсулоти "Тоҷикистон Топ-20: Содирот" дар давоми 5 сол амалан мавқеи худро нигоҳ дошта, ҷойивазкунӣ дар рейтинг бисёр тағйир наёфта бошад ҳам, вале тағйирёбии ҳиссаи ин молҳо дар сохтори умумии содирот хеле аён аст;
- бозорҳои мақсаднок бо гурўҳҳои маҳсулоти содиротӣ, махсусан бо дарназардошти бартариятҳои дар рақобат доштаи Тоҷикистон, ки тавсифи онҳо дар ҷадвалҳои 3, 4 оварда шудааст, хеле ояндадор буда метавонанд.
- сохтори воридоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳлили мазкур аз рўи гурўҳи сармоягузорӣ (маводи ҳомили энергия, ашёи хом ва мавод, мошинҳо ва таҷҳизот) ва гурўҳи истеъмолии молҳо баррасӣ мешавад. Дар сохтори воридот аз рўи натиҷаҳои соли 2014 мавқеи бартариятнокро бешубҳа, гурўҳи "ашёи хом ва мавод" ишғол намуда, молҳои воридшавандаи ин гурўҳ зиёда аз сеяки ҳаҷми умумӣ (35,0 фоиз), инчунин мошинҳо ва таҷҳизот (21,3 фоиз) ва маводи ҳомили энергия (17,9 фоиз) ишғол менамоянд;
- дар гурўҳи истеъмолӣ дар ҷои аввал молҳои озуқаворӣ қарор дошта, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии воридот дар соли 2014 устувор боқӣ монда, 19,1 фоизро ташкил медиҳад. Мавқеи се кишвари пешсафи воридот дар соли 2014 - Россия (27,6 фоиз), Хитой (16,9 фоиз) ва Қазоқистон (15,8 фоиз) ҳамчунин устувор боқӣ мемонад;
- тамоюли тағйирёбии сохтори мавҷудаи воридот нишон медиҳад, ки вазни қиёсии воридоти захираҳои энергетикӣ коҳиш ёфта, воридоти мошину таҷҳизот ва молҳои озуқаворӣ зиёд мегардад, ашёи хому мавод ва молҳои ғайриозуқаворӣ амалан тағйир намеёбад. Зимнан таҳлили амиқтари сохтори молии воридот нишон медиҳад, ки коҳишёбии вазни қиёсии маводи ҳомили энергия асосан аз ҳисоби камшавии воридоти неруи барқ сурат гирифтааст. Динамикаи тағйирёбии сохтори воридот дар солҳои 2000-2020 дар Ҷадвали 4 оварда шудааст;
- тамоюли тағйирёбии минбаъдаи сохтори воридот нишонаи мақсадноки рушди воридотро инъикос менамояд, ки бо тағйироти мусбати сохторӣ дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ муайян карда мешавад. Ин дар коҳишёбии ҳаҷм ва хусусан вазни қиёсии воридоти озуқаворӣ ифода ёфта, ҷуброни касри онҳо аз ҳисоби воридотивазкунӣ таъмин карда хоҳад шуд. Зимнан ҳам ҳаҷм ва ҳам вазни қиёсии воридоти молҳои сармоягузорӣ дар шакли технология ва таҷҳизот хеле афзоиш хоҳад ёфт. Воридоти маводи ҳомили энергия ва молҳои ғайриозуқаворӣ дар маҷмўъ бе тағйироти назаррас боқӣ монда, ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии воридот андак зиёдтар хоҳад шуд;
- дар сохтори молии воридот ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, гилхок, гандум, орд, шакар, доруворӣ, воситаҳои нақлиёт ва ғайраҳо бартарият дорад. Тағйироти минбаъда дар номгўи молҳои "Тоҷикистон Топ-20: Воридот" мувофиқи пешгўӣ ба тариқи зайл хоҳад буд (Ҷадвали 5);
Эзоҳ: Номгўи молҳои овардашудаи соли 2014 36,1 фоиз тамоми воридоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад.
- динамикаи тағйирёбии бист номгўи аввали молҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ("Тоҷикистон Топ-20: Воридот"), ки дар асоси маълумот барои солҳои охир ва нишондиҳандаҳои дурнамои воридоти молҳои алоҳида барои соли 2020 таҳия гардидааст, дар ҷадвали болоии 5 оварда шудааст. Тавре аз ҷадвал бармеояд, тағйирёбии ҳам таркиби "иштирокчиёни" рейтинг ва ҳам дигаргуншавии назарраси молҳои воридотӣ ба сўи афзун гардидани молҳои сармоягузории ба технологияҳои нав асосёфта ва коҳишёбии маҳсулоти озуқаворӣ ва маводи ашёи хом аз ҳисоби сиёсати мутавозину суроғавии воридотивазкунӣ пешгўӣ карда мешавад.
- яке аз омилҳои дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зикргардида вобастагии Тоҷикистон аз воридоти баъзе намудҳои озуқаворӣ мебошад, ки хавфу хатари муайянеро барои амнияти озуқавории кишвар ба миён меорад. Ин зарурати воридотивазкуниро маҳз дар соҳаи кишоварзӣ ба мавқеи аввал мебарорад. Дар бобати воридотивазкунӣ дар доираи қоидаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо афзалият дар рушди истеҳсоли дохилии Тоҷикистон бояд маҳз ба истеҳсоли озуқаворӣ дода шавад: гўшт (гўшти гов, гўсфанд, мурғ), тухм, маҳсулоти ширӣ (твороги беравған, кефир, био-йогуртҳо), маҳсулоти ордӣ (анвои нон), маҳсулоти қаннодии шакардор, конфетҳои шоколадӣ, макарон. Аз рўи гурўҳи "чарбу, равғани растанӣ ва ҳайвонот" бояд имконияти ташкил ва афзун намудани истеҳсоли равғани пахта, офтобпараст, зағир, маъсар ва намудҳои дигари равғани растанӣ баррасӣ карда шавад;
- Тоҷикистон ба таври анъанавӣ воридкунандаи ғалла ва маҳсулоти коркарди ғаллагӣ мебошад. Ба даст овардани худтаъминкунӣ дар истеҳсоли гандум мувофиқи мақсад нест, зеро шароити аграрию иқлимии кишвар барои истеҳсоли он мутобиқ нест. Илова бар ин, барои ин мақсадҳо заминҳои обёришаванда истифода карда хоҳанд шуд, ки ин арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшударо нисбат ба чунин маҳсулоти аз Қазоқистон воридгардидаи дорои сифати баланд, арзиши паст, миқдори баланди ширекшаки ғаллаи мансуб ба навъҳои сахт баландтар хоҳад кард;
- ба истеҳсоли ҷуворимакка, юнучқа, картошка, шолӣ, соя, моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ ва мағзу донагиҳо аз ҷумла, чормағз, бодом ва писта таваҷҷуҳ зоҳир намудан лозим аст;
- аз молҳои ғайриозуқаворӣ имконияти истеҳсоли силсилаи пурраи маҳсулоти бофандагӣ то дўхтани маҳсулот аз матоъҳои 100 фоиз пахтагин барои бозори дохилӣ ва содирот ба Иттиҳоди Аврупо ва Федератсияи Россия, дар мисоли корхонаҳои муштараки мавҷуда бо Италия ва ИМА. Истеҳсоли маҳсулоти чармин (пойафзол, сумкаю қабчуқ, либос) ҳам барои бозори дохилӣ ва ҳам барои содирот (ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо ва Федератсияи Россия) ояндадор аст;
- истеҳсоли маҳсулоти фулузӣ аз алюминий (таъиноти сохтмонӣ ва электротехникӣ, инчунин ба эҳтиёҷоти маишӣ), конструксияҳои фулузӣ аз метали сиёҳ (барои сохтмон), маҳсулоти сохтмонӣ, аз ҷумла семент ва маҳсулот аз он (омехтаҳо, пенобетон, андова), маҳсулот аз чўб (тахта, дару тиреза, масолеҳи ороишӣ, мебел), зардевор, рангҳои сохтмонӣ, шиша, гармкунак, молҳо барои хона ва биноҳои ҷамъиятӣ (зарфи шишагӣ ва сафолӣ, мебел - аз чўб, алюминий, пластмасса), масолеҳи бомпўшӣ (бомпўши фулузӣ, сафоли бомпўшӣ), маҳсулот барои хоҷагии манзилию коммуналӣ (қубурҳои пластикӣ барои қубурҳои обгузаронӣ, гармидиҳӣ, обтаъминкунӣ ва корез), сўзишворию равғанҳои молиданӣ ва охирон аз рўи рўйхат, вале на аз рўи аҳамият ҷустуҷўи конҳои боксит ва аз он истеҳсол намудани оксиди алюминий (гилхок) - ашёи хом барои алюминийи аввалия - моли стратегии содиротии Тоҷикистон ояндаи хуб дорад. Бозори муносибтарин барои содироти масолеҳи сохтмонӣ, молҳо барои хона, маснуоти электротехникӣ, мебел ва сўзишворию равғанҳои молиданӣ Афғонистон мебошад;
- самти аз ҷиҳати стратегӣ барои иқтисодиёти миллӣ фоиданоктарин рушди истеҳсоли маҳсулот аз ашёи хоми маҳаллӣзахираи асосии воридотивазкунӣ ва зиёд намудани ҳаҷми коркарди ашёи хоми маҳаллӣ мебошад. Вале дар ин самт натанҳо имконияти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, инчунин хароҷоти иқтисодӣ барои ташкили истеҳсоли онҳо ва дурнамои инкишофи технологияҳои нави истеҳсоли ба назар гирифта шавад. Варианти бадтарин - ин агар истеҳсолоти воридотивазкунандаи нисбат ба стандартҳои ҷаҳонӣ пасттар ташкил карда шаванд;
- дар давраи татбиқи Барнома воридотивазкунии самаранокро таъмин намуда, тавассути ворид намудани маҳдудиятҳои тарифию ғайритарифии гумрукӣ ба баъзе молҳои воридотӣ бо назардошти риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ ба содироти намудҳои алоҳидаи он оғоз намудан мумкин аст. Масалан, истеҳсоли семент дар корхонаҳои ватанӣ имконият медиҳад, ки тавассути ба истифода додани корхонаҳои нав дар ноҳияҳои Ёвон, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Ваҳдат бо иқтидори умумии 3 млн. тонна Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба кишвари содиркунандаи семент мубаддал гардонида шавад. Бинобар ин, дар доираи имкониятҳои мавҷудаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо маҳдуд сохтани воридоти маҳсулот аз санг, гаҷ ва семент, ки 119,9 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ба мақсад мувофиқ хоҳад буд;
- дар мавриди истихроҷи ангишт низ ҳолат монанд аст: бо дар назардошти афзун намудани истеҳсоли худӣ, аз воридоти он, ба ғайр аз ноҳияҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ки ворид намудани ангишт аз Қирғизистон аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданоктар мебошад, даст кашидан мумкин аст;
- дар мавриди гурўҳи "металлҳои ғайриқиматнок" имконияти воридотивазкунии марбут ба рушди металлургияи сиёҳи ватаниро дар заминаи сохтмони комбинатҳои нави металлургӣ баррасӣ намудан лозим аст. Истеҳсоли кабели алюминӣ барои муҷтамаи сохтмони ватанӣ ҳамчунин самти ояндадорест, ки қариб нисфи эҳтиёҷоти дохилиро таъмин намояд;
- захираҳои калон бо воридотивазкунии маҳсулоти саноати кимиёӣ барои истеҳсоли алюминий алоқаманданд. Аз ҷумла кислотаи сулфат, шпати плавик, криолит ва дар оянда гилхок низ объектҳои воридотивазкунӣ шуда метавонанд. Бо ба истифода супурдани корхонаи истеҳсоли "Криолит" дар ноҳияи Ёвон воридоти криолит соли 2016 тадриҷан ихтисор ва сипас тамоман қатъ карда мешавад. Дар ноҳияи Рашт кони сиенити нефелин кашф шудааст, ки метавонад дар истеҳсоли алюминий истифода шавад. Ҳамчунин кони гилхоки Турпӣ маълум аст. Ин имконият медиҳад, ки дар ояндаи наздик аз воридоти гилхок даст кашем (танҳо хароҷоти нақлиёт барои интиқоли он зиёда аз 200 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад);
- мавҷудияти захираҳои калонтарини намак, оҳаксанг ва доломит дар тавъам бо неруи барқи аз лиҳози арзиши аслӣ арзон, барзиёдии қувваи корӣ ва захираҳои калони об самаранокии баланди воридотивазкунӣ ва рушди истеҳсолоти кимиёи худиро пешбинӣ менамояд;
- бунёди танҳо як корхонаи оид ба истеҳсоли нахи кимиёӣ, масалан дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар ҳайати Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Чунтай-Данғара-Текстил" истеҳсоли матоъҳои рақобатнок ва маҳсулоти тайёри дўзандагӣ (либоси мактабӣ, костюмҳо, куртаҳои занонаю мардона, галстук, либоси таг, маҳсулоти ҷўроббофӣ ва ғ.) воридотивазкунии анвои васеи маҳсулоти бофандагиро таъмин намуда, барои содироти минбаъдаи онҳо шароит муҳайё месозад. Ба роҳ мондани истеҳсоли пойафзоли кўдакона дар корхонаҳои ватанӣ имконият медиҳад, ки воридот тақрибан ба андозаи 30 млн.доллари ИМА коҳиш дода шавад;
- самтҳои зикргардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои ташкили истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот ва рушди содирот тамоми имконияту захираҳои лозимиро дорад.
- барои муайян намудани бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ва интихоби истеҳсолоти ояндадори дорои афзалиятҳои рақобат барои содирот ва иқтидор барои воридотивазкунӣ таҳлили рушди бахши воқеии иқтисодиёт бо истифодаи индекси тахассуси савдо дар давраи солҳои 1995-2012 гузаронида шуд. Истифодаи индекси тахассуси савдо имкон дод, ки тағйирот дар сатҳи рушди истеҳсолот ва савдои маҳсулоти асосии содиротию воридотии Тоҷикистон ба таври маҷмўӣ арзёбӣ карда шавад;
- маҳсулоти асосии содиротии соҳаи кишоварзӣ нахи пахта, меваи хушк, пиёзи барвақтӣ, ангур, шарбати меваю сабзавот, консерва ва хамираи томат мебошанд. Танҳо 10 фоиз нахи пахтаи истеҳсолшуда дар дохили кишвар коркард мешавад. Бинобар ин афзоиш ё камшавии ҳаҷми содироти нахи пахта дар давраи солҳои 2000-2014 истеҳсоли пахта вобаста ба тағйирёбии нархи ҷаҳонӣ сурат мегирифт. Маълумот дар бораи воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, маҳсулоти бофандагӣ ва дўзандагӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки бинобар мавҷуд будани монеаҳо, набудани дастгирӣ ва омилҳои дигар, истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори хориҷӣ дар вазъияти пасттари рақобат қарор дошта, имкониятҳои мавҷуда ва бартариятҳои қиёсӣ татбиқнашуда боқӣ мемонанд;
- дар маҷмўъ, таҳлили маълумот оид ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нишон медиҳад, ки пешрафт дар ҳамаи бахшҳои он ҷой дошта, махсусан дар соҳаи коркард бо суръат будааст. Соли 2013 дар саноати коркард дар муқоиса бо соли 2001 истихроҷи маводи энергетикӣ 145 баробар ва маводи ғайриэнергетикӣ бошад, 19 баробар афзудааст, мутаносибан ба 26,0 фоиз ва 27,5 фоиз суръати воқеии ҳар солаи афзоиш баробар аст. Суръати афзоиши миёнаи солонаи воқеии истихроҷи ангишт ва нафт дар сохтори истихроҷи маводи энергетикӣ мутаносибан 35 ва 28 фоизро ташкил дод. Суръати афзоиши миёнаи солонаи воқеии истихроҷи маъданҳои фулузӣ ва канданиҳои дигари фоиданок дар сохтори истихроҷи маводи ғайриэнергетикӣ мутаносибан 21 ва 34 фоизро ташкил доданд. Зимнан вазни қиёсии маводи ғайриэнергетикӣ 72 фоиз, маводи энергетикӣ бошад, танҳо 28 фоизро ташкил дод;
- дар сохтори истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ, газ ва об ҳиссаи неруи барқ, ки асосан дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад, зиёд аст. Истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва неругоҳҳои гармидиҳӣ дар соли 2013 нисбат ба соли 2001-ум 1,2 баробар афзуд. Суръати воқеии афзоиши бахш дар давраи солҳои 20012013 ба ҳисоби миёна 5,7 фоизро ташкил дод;
- истеъмолкунандагони асосии неруи барқ дар дохили кишвар саноат (42 фоиз), кишоварзӣ (23,4 фоиз) ва аҳолӣ (16,4 фоиз) мебошанд, ки дар маҷмўъ 82 фоиз неруи барқро истеъмол менамоянд; талафоти нерўи барқ 15 фоизро ташкил медиҳад. Қисми боқимондаи неруи барқи истеҳсолкунанда ба соҳаҳои нақлиёт, сохтмон ва бахшҳои дигари иқтисодиёт рост меояд;
- бахши коркарди саноат сохтори таркибии калонтарини он буда, дар соли 2014 ҳиссаи он 69,5 фоизро ташкил дод. Тамоюли афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва арзиши иловашуда дар саноати коркард тавассути барқарорсозӣ ва навсозии иқтидорҳои мавҷуда ва ҷорӣ намудани иқтидорҳои нав ба даст оварда шудааст.
1) Энергетика. Неруи барқ сарчашмаи муҳими даромади Тоҷикистон мебошад ва дар оянда метавонад яке аз манбаи асосии даромад аз содирот гардад. Тибқи маълумоти соли 2014 истеъмолкунандагони асосӣ Афғонистон (43,7 млн.доллари ИМА) ва Қирғизистон (4,4 млн.доллари ИМА) мебошанд. Савдои неруи барқ дар ҷаҳон дар доираи бозорҳои алоҳидаи минтақавӣ ва маҳаллие, ки 2-3 кишварро муттаҳид месозанд, инкишоф меёбад. Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, имконияти роҳ ёфтан ҳам ба бозорҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳам ба самти ҷануб, яъне Афғонистон дорад. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сурати амалӣ намудани лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000, содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон дар солҳои 2019-2020 метавонад то 133-136 млн.доллари ИМА афзоиш ёбад. Тибқи арзёбии коршиносон талабот ба неруи барқ аз ҷониби кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ба андозаи 0,1 млрд.доллари ИМА ва аз ҷониби Хитой ба андозаи 0,25-0,4 млрд.доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод. Тоҷикистон метавонад Қирғизистон ва вилоятҳои ғарбии Хитойро дар мадди назар қарор диҳад;
2) Комплекси металлургӣ. Савдои ҷаҳонии алюминий дар солҳои 2006-2013 бо суръати баланд ба ҳисоби миёна 5,5 фоиз дар як сол афзоиш ёфт, вале тайи чанд соли охир талабот ба он камшуда, нархи алюминийи аввалия поён меравад. Соли 2015 нархи як тонна алюминийи аввалия дар Биржаи металлҳои Лондон 1500 доллари ИМА-ро ташкил дода, ба нишондиҳандаи ҳадди ақали худ расид. Ширкатҳои пешбари байналмилалӣ болоравии нархи алюминийро дар солҳои 2016-2020 бо тариқи зайл пешгўӣ менамоянд: соли 2016 - 1425, соли 2017 - 1500, соли 2018 - 1550 ва солҳои 2019-2020 - 1650 доллари ИМА барои як тонна. Афзоиши имконпазири содироти алюминий дар ҷаҳон дар соли 2020 ба андозаи 2,3 млрд.доллари ИМА арзёбӣ гардида, аз онҳо ба Хитой, сарфи назар аз сустшавии суръати тараққиёти иқтисодӣ, 0,5 млрд.доллари ИМА рост меояд. Рақобатпазирии истеҳсоли алюминийи аввалияи Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати алюминийи Тоҷик", бо дарназардошти субсидия ба нархи неруи барқ, нисбатан баланд аст, вале дурӣ аз бандарҳо ва арзиши интиқол онро каме коҳиш медиҳанд. Дурнамои Тоҷикистон бештар бо нархи ҷаҳонии ашёи хом (гилхок), маҳсулоти асосӣ (алюминийи аввалия), инчунин бо он алоқаманд аст, ки ба роҳ мондани истеҳсол ва таҳвили маҳсулоти дорои арзиши баландтар (иловашуда) - прокат, инчунин маснуот аз он, масалан, маснуоти таъиноти сохтмонӣ ва электротехникӣ, инчунин барои эҳтиёҷоти маишӣ муяссар мегардад ё не;
3) Металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо. Савдои ҷаҳонии металҳо ва сангҳои қиматбаҳо тамоюли устувори болоравӣ дорад, гарчанд нархи онҳо таҳти таъсири вазъият солҳои алоҳида паст мешавад. Омили асосии болоравӣ мақоми металҳои қиматбаҳо ҳамчун объект барои сармоягузории молиявӣ мебошад. Мавқеи Тоҷикистон дар бозор аз манбаи ашёи хом ва имкониятҳои истифодабарии он вобаста мебошад. Имконияти афзоиши содирот ба ғайр аз зиёд намудани ҳаҷми ҷисмонии таҳвил дар баланд бардоштани дараҷаи коркард гузошта шудааст;
4) Комплекси агросаноатӣ. Мувофиқи арзёбии коршиносон дар ҷаҳон иқтидори калонтаринро моҳӣ ва маҳсулоту равғану чарбу (равғани растанӣ), инчунин маҳсулоти тайёри озуқаворӣ (маҳсулоти қаннодӣ, нўшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти тамоку, маҳсулоти меваю сабзавот, шакар, орд ва ғ.) доранд. Дар аксарияти ҳолатҳо бозори фурўш танҳо кишварҳои ҳамсоя ва наздиктарин мебошанд (барои Тоҷикистон ин бозорҳои Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон, Хитой ва Эрон);
5) Ангури тару тоза ва хушк. Бозорҳои асосии ҷаҳонии фурўши ангури хушк Ҳиндустон (60 фоиз), Россия (16 фоиз), кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (6 фоиз) мебошанд. Тоҷикистон ангури хушкро асосан ба Қазоқистон (90 фоиз) ва Хитой (5,68 фоиз) содир менамояд. Ангури тару тоза аз Тоҷикистон ба Қазоқистон (82 фоиз) ва Россия (18 фоиз) фиристода мешавад. Бозори Шарқи Наздик ояндадор аст (дар Амороти Муттаҳидаи Араб нархи ангур то 5 доллари ИМА барои 1 кг мерасад). Баъзе соҳибкорон ангури тару тозаро бо фураҳо аз Тоҷикистон тавассути Афғонистон ба Покистон (бандар дар Покистон ва аз он ҷо тавассути баҳр ба Япония, ки нархи мева дар он хеле баланд аст, мебаранд. Бозорҳои калонтарини ҷаҳон ИМА (946 млн.доллари ИМА, 12 фоиз), Германия (737 млн.доллари ИМА, 9,5 фоиз), Нидерланд (695 млн.доллари ИМА, 9 фоиз), Россия (337 млн.доллари ИМА, 4,37 фоиз) мебошанд;
6) Зардолу. Истеҳсоли зардолу дар Тоҷикистон соли 2013-ум 31 400 тоннаро ташкил дод (дар Қирғизистон ба андозаи сеяк камтар 23 000 тонна, дар Афғонистон се баробар зиёдтар - 99 000 тонна). Бозори асосии содирот барои Тоҷикистон Қазоқистон мебошад (99 фоиз), аз он ҷо қисми зиёди зардолу ба Россия, ки дуюмин бозори калонтарин дар ҷаҳон (38 млн.доллари ИМА, 8,9 фоиз) содироти такрорӣ мешавад. Воридкунандаи калонтарини зардолу дар ҷаҳон Германия (121 млн.доллари ИМА, 28 фоиз) мебошад, ҷойҳои минбаъдаро кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо ишғол менамоянд: Италия, Франсия, Британияи Кабир ва ғайра. Пешсафони содироти ҷаҳонӣ ва рақибони Тоҷикистон Испания (145 млн.доллари ИМА, 29 фоиз), Туркия, Ўзбекистон ва Афғонистон мебошанд. Ҳоло ҳиссаи Тоҷикистон дар савдои ҷаҳонии зардолу назаррас нест (0,87 млн.доллари ИМА, 0,18 фоиз), ин ҷои 14-ум дар рейтинг мебошад.
7) Гелос. Ба ақидаи коршиносони донандаи Хитой, дар Хитой гелос парвариш намеёбад. Содиркунандаи калонтарини гелос ба Хитой Чили буда, аз он ҷо гелос тавассути баҳр расонида шуда, дар вилоятҳои шарқӣ ва марказии Хитой паҳн карда мешавад. Бо дарназардошти "умри кўтоҳ" доштани гелос (1 моҳ) ва сарҳади умумӣ, молрасонӣ аз Тоҷикистон ба вилоятҳои ғарбии Хитой имконпазир аст, вале ба шарти муттаҳидсозиии он дар ҳаҷмҳои калон, банду баст ва таъмини интиқол тавассути якчанд нақлиёт дар асоси як қарордод. Логистика мураккаб аст, монеаҳо аз имкон дуранд. Музди меҳнат дар Хитой меафзояд, талабот меафзояд, яъне меваҷот (дар омор гелос бо зардолу, олуча ва шафтолу дар як сатҳ қарор дорад) имкониятҳои хуби фурўш дорад;
8) Лимў. Соли 2013 дар Тоҷикистон 1 900 тонна лимў ҷамъоварӣ гардид. Аз соли 1998 нишондиҳандаҳои истеҳсол ва содироти лимў хеле поён рафтанд. Тибқи арзёбии истеҳсолкунандагон лимўи Тоҷикистон бо пўсти тунук ва нармии калон фарқ карда, дар рақобат афзалият дорад. Бозори асосӣ ва қариб ягона барои Тоҷикистон ҳоло Қазоқистон (99 фоиз) мебошад. Федератсияи Россия бозори наздиктарин ва ояндадор мебошад. Бозорҳои эҳтимолӣ ИМА (363 млн.доллари ИМА,13 фоиз), Германия (305 млн.доллари ИМА, 11 фоиз), Франсия (198 млн.доллари ИМА, 7 фоиз), Нидерланд (176 млн.доллари ИМА, 6,3 фоиз) ва Федератсияи Россия (167 млн.доллари ИМА,6 фоиз) мебошанд;
9) Маҳсулоти органикӣ. Яке аз манбаъҳои мақсаднок барои содироти меваю сабзавот метавонад маҳсулоти органикии (бе истифодаи пеститсидҳо) аълосифат бошад. Синфи миёна, ки шуморааш дар кишвар ва минтақа меафзояд, ба чунин молҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Чунин истеъмолкунандагонро ҳам дар бозорҳои содиротии анъанавии Тоҷикистон (Урал ва Сибир), ҳам дар кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ, инчунин дар Аврупо пайдо намудан мумкин аст. Баррасӣ намудани бунёди номи тиҷоратӣ (бренд) барои маҳсулоти органикӣ, масалан, "Тоҷикӣ - яъне органикӣ" ("Таджикское - значит, органическое", "Tajik - it’s organic" ба мақсад мувофиқ аст;
10) Маҳсулоти ширӣ. Содироти маҳсулоти ширӣ (твороги бе равған, кефир, биойогурт) ба Хитой, ки бинобар даст кашидан аз сиёсати "1 оила - 1 кўдак" ва нобоварӣ ба истеҳсолкунандагони маҳаллӣ (ҷанҷолҳои марбут ба истеҳсолоти хатарнок) афзоиши талабот ба маҳсулоти воридотӣ пешбинӣ мегардад;
11) Сайёҳӣ. Афзалиятҳои рақобатии Тоҷикистон дар ин соҳа ба хусусиятҳои табиӣ ва иқлимии он асос меёбанд. Иқтидори содиротии сайёҳии байналмилалӣ дар Тоҷикистон асосан ҳам бо сайёҳии инфиродӣ ва ҳам гурўҳӣ (сайёҳӣ кўҳӣ, экологӣ, солимгардонӣ), инчунин сафарҳои корӣ марбут ба ҷойгиршавии идораҳои сершумори созмонҳои байналмилалии молиявӣ, агентиҳои рушд ва лоиҳаҳои мусоидати техникӣ (ҳамагӣ қариб 80) дар Тоҷикистон, инчунин майлу рағбати рўзафзуни давлатҳои ҳамсоя - шарикони тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ алоқаманд мебошад. Бозорҳои асосӣ: Осиёи Шарқӣ (Хитой), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон, Шарқи Наздик, Аврупои Ғарбӣ ва Шарқӣ, ИМА, Канада, Япония. Афзоиши талабот ба хизматрасонии сайёҳон аз сармоягузорӣ ба инфрасохтор, ривоҷ додани симои мусбати кишвар ва тарғиби фаъолонаи маҳсулоти сайёҳии дар хориҷа вобаста аст. Мутобиқи арзёбии Ташкилоти Умумиҷаҳонии сайёҳии ҳаҷми имконпазири содироти хизматҳои сайёҳии Тоҷикистон аз 3,2 млн.доллари ИМА дар соли 2016 то 4,0-4,3 млн.доллари ИМА дар солҳои 2019-2020 ташкил хоҳад дод;
12) Хизматрасонии нақлиётии транзитӣ. Тоҷикистон ба монанди Қазоқистон бояд мавқеи муносиби ҷуғрофии худро дар "қалби Осиё" истифода намуда, хизматрасонии нақлиётии транзитиро вусъат бахшад, яъне ба шабакаи нақлиётӣ "аз шимол ба ҷануб" барои содироти такрории мол аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Афғонистону Эрон ва сипас ба кишварҳои халиҷи Форс мубаддал гардад;
13) Хизматрасонии телекоммуникатсионӣ. Ширкатҳои хусусии ватанӣ "ExpressPay и Payvand" тайи чанд соли охир дар Афғонистон, Хитой ва Қирғизистон хизматрасонии худро аз рўи низоми пардохтҳои фаврӣ пешкаш менамоянд. Аз соли 2008 инҷониб хатти алоқаи нурию нахӣ арзи вуҷуд дорад, ки Душанберо бо Шерхон бандар мепайвандад. Онро, инчунин инфрасохтори ба он монанди Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"-ро, ки ҳанўз дастраси опреаторони алоқа нестанд, мавриди истифода қарор додан лозим аст. Лоиҳаи бунёди шабакаи нурию нахӣ аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути Афғонистон ҳамчунин ояндадор мебошад.
1) Аврупои Ғарбӣ. Шарикони асосии Тоҷикистон дар соли 2014 Швейтсария, Нидерланд ва Италия буданд. Талаботи кишварҳои минтақа ба алюминий, пахта, объектҳои фарҳанг, инчунин баъзе намудҳои камёфти маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ зиёд аст. Бо дарназардошти он, ки дар Аврупои Ғарбӣ (Германия, Швейтсария, Британияи Кабир) меваю хушкмеваи органикӣ (бе пестетсид парваришёфта) харидори зиёд доранд, ин бозори хеле калони эҳтимолӣ мебошад. Бояд маҳсулот ба талаботи стандартҳои сифат мутобиқ гардонида шуда, сертификатсияи он дар озмоишгоҳҳои хориҷӣ таъмин карда шавад ва дар доираи узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва системаи GSP+ механизмҳои дастрасӣ ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо, ки барои молҳо аз Тоҷикистон меъёрҳои сифрӣ татбиқ мегарданд, истифода карда шаванд. Дастрасӣ ба бозори Аврупо барои молҳо аз кишварҳои рў ба тараққӣ бо маҳдудиятҳои сершумори тарифӣ ва ғайритарифӣ, аз ҷумла талаботи ҷиддӣ ба сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва мавҷудияти сертификатҳои аврупоии фитосанитарӣ алоқаманд аст. Металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, хизматҳои туристӣ, алюминий, мис, хушкмеваи ба тариқи органикӣ парваришёфта дорои иқтидори назарраси содиротӣ мебошанд. Таъсиси корхонаҳои муштарак бо истеҳсолкунандагони аврупоӣ дар ҳудуди кишвар ба содироти ин маҳсулот мусоидат хоҳад кард.
2) Кишварҳои Осиё. Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар Осиёи Шарқӣ - Хитой, сарфи назар аз поёнравии суръати рушди иқтисодӣ, яке аз калонтарин дар ҷаҳон харидорони маҳсулоти саноати кўҳӣ ва кимиёӣ, пахта, металлҳои сиёҳ ва ранга, ашёи хоми пўст мебошад. Хитоиҳо меваи тару тоза ва хушки Тоҷикистонро мехаранд, ки аз рўи нарху сифат дар Хитой қобили рақобат мебошанд. Дурнамои рушди содирот бо имкониятҳои қонеъ гардонидани он, инчунин наздикии ҷуғрофӣ ва мавҷудияти инфрасохтор алоқаманд аст. Хавфҳои ҷойдоштаи марбут ба нооромии вазъият дар Афғонистон ба бехатарии савдои наздисарҳадӣ таъсири калон мерасонад. Сарфи назар аз ин, соҳибкорони ватанӣ намунаҳои молрасонии бомуваффақиятро ҳам ба Афғонистон ва ҳам тариқи транзит ба Покистон (бандари Карочӣ) ва сипас тавассути баҳр ба кишварҳои дигар намоиш медиҳанд.
3) Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ. Шарикони асосии қарордодӣ дар минтақа Туркия ва Эрон мебошанд. Амороти Муттаҳидаи Араб (37 млн.доллари ИМА дар соли 2014), Изроил, Миср, Алҷазоирро бозорҳои ояндадор ҳисобидан мумкин аст. Кишварҳои минтақа ба алюминий, нахи пахта, озуқаворӣ ва чўбу тахта мароқ зоҳир менамоянд. Тибқи пешгўии мутахассисони соҳа солҳои наздик нархи пахта муътадил мегардад ва ҳатто каме боло меравад: соли 2016 - 65 сент барои 1 фунт, соли 2017 - 75 сент барои 1 фунт, соли 2018 - 80 сент барои 1 фунт, соли 2019-2020 - 100110 сент барои 1 фунт. Афзоиши содирот бо иқтидори назарраси рушди иқтисодии кишварҳои минтақа (вале бо хавфҳои ҷиддии геополитикӣ дар кишварҳои араб) ва нигоҳ дошта шудани норасоии гурўҳҳои алоҳидаи маҳсулот (озуқаворӣ, маҳсулот аз чўбу коғаз, металлҳо) бо сабабҳои табииву иқлимӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, муайян карда мешавад. Фарқияти нархи ангур дар Тоҷикистон (тахминан 0,30-0,50 доллари ИМА барои 1 кг) ва дар Амороти Муттаҳиддаи Араб (5,0 доллари ИМА барои 1 кг) барои савдои он имкониятҳои ҷолиб фароҳам меорад. Вусъати ҳамкории мутақобилан судманд бо Эрон, ки аз бори гарони муҷозоти байналмилалӣ халос шуда, дорои захираҳои зиёди молиявӣ аз ҳисоби фурўши нафту газ мебошад, ояндаи хуб дорад. Эрон ба маҳсулоти озуқаворӣ: меваю тару тоза ва хушкмева, чормағз, консерваҳо, инчунин риштаю калобаи пахтагин, сими алюминий талаботи устувор дошта, дар оянда ба оби нўшокӣ низ талабот меафзояд. Ҳамчунин дар минтақа металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ғалла, чўбу тахта, плитаву фанера аз чўб, хизматрасонии саёҳии дурнамои хуб доранд.
4) Иттиҳоди иқтисодии Евразия. Россия ва Қазоқистон ҳам аз рўи содирот ва ҳам аз рўи воридот шарикони калонтарини Тоҷикистон мебошанд. Буҳроне, ки дар Россия соли 2014 оғоз гардида, боиси паст шудани суръати рушди иқтисодӣ гардид, ба музди меҳнат ва интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Вале ба ҳар ҳол, Россия яке аз кишварҳои калонтарини воридкунандаи меваю сабзавот, хушкмева, захираҳои минералӣ ва намудҳои сершумори молҳои дигар аз Тоҷикистон (ба андозаи 703,5 млн.доллари ИМА дар соли 2014) ва яке аз пешсафони воридот ба Тоҷикистон (34 млн.доллари ИМА дар соли 2014) боқӣ мемонад. Эмбаргое, ки Россия нисбати молҳои озуқаворӣ аз ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва баъзе кишварҳои дигар дар соли 2014 ҷорӣ намуда, сипас онро тамдид кард, ба Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки аз рўи баъзе мавқеъҳо, дар навбати аввал маҳсулоти меваю сабзавот, маҳсулоти озуқавории коркардшуда (шарбату консерваҳо) ҷои онҳоро ишғол намояд. Вале дар ин ҷода монеаҳои муайяни ғайритарифӣ ҷой доранд, масалан, дар Россия сертификатҳои фитосанитарии дар Тоҷикистон додашуда эътироф карда намешаванд ва ба содиркунандагон лозим аст, ки онҳоро дар ҳудуди Федератсияи Россия аз нав гиранд. Шабакаи савдои чаканаи Россия таҳти таваҷҷўҳи доимии мақомоти федералии масъули амнияти озуқаворӣ ва сифати он қарор дорад ва онҳо талаб менамоянд, ки содиркунандагони мол стандартҳои озуқавориро қатъиян риоя намоянд. Қазоқистон ба яке аз се кишвари калонтарини шарики тиҷоратии Тоҷикистон дохил мешавад (дар соли 2014 содирот518 млн.доллари ИМА, воридот - 181,5 млн.доллари ИМА) ва ҳиссаи он афзуда истодааст. Қазоқистон маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин маъдану консентратҳо (мис, сурб ва руҳ) ва нахи пахтаро фаъолона мехарад. Вале тибқи маълумоти ҷойдошта Қазоқистон бо истифода аз имтиёзҳои гумрукии барои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ муқарраршуда ба содироти такрории қисми молҳои аз Осиёи Марказӣ воридшуда ба Федератсияи Россия машғул аст. Дар Ҷадвали 7 дар поён овардашуда бозорҳои асосии мақсадноки мавҷуда (ҳарфи М) ва ояндадор (ҳарфи О) барои молу хизматҳои Тоҷикистон, ки имконияти бештар барои содирот доранд, пешниҳод гардидааст. Барои гирифтани маълумот дар бораи нарху сифат гузаронидани таҳқиқоти амиқтари маркетингие, ки пурсиши содиркунандагон ва воридкунандагони ватании маҳсулот ва хизматрасонии мавриди таваҷҷуҳро аз кишварҳо-шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар бар мегирад, зарур аст.
- ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, №93 "Дар бораи аз андози арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани техника, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ воридшаванда";
- гузаронидани таҳқиқоти заминаи меъёрии ҳуқуқии ҷойдошта ҷиҳати фароҳам овардани иқлими муносиби андозбандӣ барои содирот ва воридотивазкунандагон ва дар асоси он ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба кодексҳои андоз ва гумрук ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастгирии содирот ва баланд бардоштани қобилияти рақобат";
- таҳияи барномаи ташаккули гурўҳҳои (кластерҳои) асосии молҳои содиротӣ, аз ҷумла марказҳои рушди кластерӣ ва механизми татбиқ;
- тақвияти низоми мониторинг ва арзёбии Барнома, инчунин ташаккули механизми тасҳеҳи индикаторҳои мақсаднок дар асоси моделҳои пешгўишуда;
- таҳия низоми меъёрҳои афзалиятнокии лоиҳаҳои содиротӣ барои гирифтани дастгирии давлатии молиявӣ;
- ташаккули асосҳои ҳуқуқии субсидиякунонии меъёрҳои фоизии қарзҳо барои содирот ва воридотивазкунӣ;
- таҳияи асосҳои ҳуқуқӣ ва механизми истифодаи низоми фармоиши давлатӣ барои рушди истеҳсолоти ватании қобили рақобат;
- ҷорӣ намудани механизми самараноки дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони молҳои ватанӣ.
- таҳия ва ҷорӣ намудани консепсияи "иштирокчии боэътимоди бозор" барои содда гардонидани расмиёт дар доираи фаъолияти содиротӣ ва воридотивазкунӣ;
- истиснои такроршавии вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти сохторҳои назораткунанда ва таъминкунандаи фаъолияти содиротӣ;
- ислоҳоти низоми сертификатсиякунонӣ барои соддагардонии расмиёти содироту воридот;
- содда гардонидани барасмиятдарории гумрукӣ ва то ҳадди ақал кам кардани миқдори ҳуҷҷатҳо, вақт ва хароҷоти иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ марбут ба иҷрои расмиёт;
- такмили низоми ҷоригардидаи ҳуҷҷатгузории электронӣ ҳангоми содирот ва воридот ("Равзанаи ягона").
- таъсиси Бонки содиротӣ бо ваколати додани имтиёзҳо ва қарзҳои дарозмуҳлат ба содиркунандагон;
- ташкили ниҳодҳои (институтҳо)-и рушди содирот, аз ҷумла Агентии мусоидат ба содирот, Агентии суғуртаи амалиётҳои содиротӣ, аз ҷумал қарз, сармоягузорӣ ва фўруш;
- ташкили Феҳристи ҷамъбастии содиркунандагон ва воридкунандагони Тоҷикистон бо ҷудо кардани гурўҳи "иштирокчиёни боэътимоди бозор";
- таъсиси институти ваколатдор оид ба ҳуқуқи сармоягузорон ва содиркунандагон (соҳибкорон) дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузаронидани озмунҳои "Содиркунандаи беҳтарини Тоҷикистон";
- инкишофи шаклу усулҳои савдои наздисарҳадӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои миллии мусоидат ба содирот, мониторинги пешрафт дар асоси нишондиҳандаҳои миқдорӣ низоми ҳавасмандгардонӣ ва назорати самаранокӣ бояд вазифаи асосӣ дар баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои мусоидат ба содирот гардад.
- рушди инфрасохтори хориҷии дастгирии содирот, хусусан дар бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Афғонистон, Эрон, Хитой, Туркия, Покистон, Ҳиндустон;
- такмили Низомнома дар бораи намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа барои баланд бардоштани нақши онҳо дар пешбурди молҳои Тоҷикистон;
- истифодаи оқилонаи иқтидори диаспораҳои тоҷик дар хориҷа барои мусоидат ба содирот ва пешбурди маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ.
- ба стандартҳои тайёр намудани бакалавр ва магистрҳо аз рўи ихтисоси "Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ" ҷорӣ намудани дарсҳои амалӣ оид ба рушди содирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҷорӣ намудани курси омўзиши стандартҳои амнияти озуқавории HACCP ва ISO дар муассисаҳои таҳсилоти олии дахлдори техникӣ;
- ташаккули низоми миллии паҳн намудани донишҳои иқтисодии хориҷӣ;
- гузаронидани тренингҳо барои соҳибкории хурду миёна дар соҳаи рушди иқтидори содиротӣ ва инноватсия, логистика, маблағгузорӣ ва суғурта, маркетинг ва менеҷменти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тиҷоратикунонии кишоварзӣ;
- мусоидат ба ширкатҳои содиркунанда дар таҳия ва татбиқи стратегияи содирот ва маркетинг;
- омўзонидани коршиносон барои мавқеъгирӣ дар бозор, дарёфти ҷойҳои нав дар бозор, усулҳои муосири гузаронидани гуфтушунидҳо бо шарикони хориҷӣ;
- такмили низоми тарбия, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳое, ки дар соҳаи танзим ва рушди содирот фаъолият мекунанд;
- таълими кормандони дахлдори мақомоти Тоҷикстандарт, Хадамоти байторӣ, карантин, санитарӣ ва фитосанитарӣ оид ба истифодаи техника ва таҷҳизоти замонавии аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда ва воридшаванда. Ҳамин тариқ, такмили минбаъдаи асосҳои институтсионалии рушди содирот ва воридотивазкунӣ дар асоси татбиқи тадбирҳои дар Барнома пешбинигардида имконият медиҳад, ки хароҷоти марбут ба содирот кам карда, иқтидори сохторҳои мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ тақвият дода шавад, инчунин сатҳи боварии иштирокчиёни бозор ба сиёсати амалишавандаи савдои хориҷии давлат баланд бардошта шавад.
- кафолати давлатии дастгирии содирот оид ба пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат ва суғуртаи хавфҳо;
- додани қарзҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат барои содирот бо ҷалби маблағҳои буҷет, додани кафолатҳои содиротӣ ва маблағгузории тосодиротӣ;
- расонидани кумаки молиявӣ барои дастгирии субъектҳои ба содирот нигаронидашудаи соҳибкории хурду миёна;
- ҷуброни қисми меъёрҳои фоизии қарзҳои содиротӣ барои таҳвилгарони маҳсулоти ғайри ашёи хом;
- ташкили низоми суғуртакунии қарзҳои содиротӣ ва амалиёти содиротӣ аз хавфҳои тиҷоратӣ ва сиёсӣ.
- таъсиси порталҳои иттилоотӣ, замимаҳо барои платформаҳои iOS, Android, Windows барои пешбурд ва шинохта шудани молҳо дар бозорҳои эҳтимолӣ мусоидат хоҳад кард;
- дастгирии иттилоотию машваратдиҳӣ ва мусоидати маркетингию таҳлилӣ ҷиҳати ривоҷ додани содироти молҳои Тоҷикистон, таъмини пешниҳоди саривақтии маълумот, мусоидат ба фаъолияти марбут ба ташкили намоишу ярмакаҳо барои пешбурди молҳои истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ имконият фароҳам меорад;
- додани патент ба маҳсулоти ҳунарҳои бадеии мардумӣ, матоъҳои миллӣ дар Маркази миллии патенту иттилоот ва сохторҳои байналмилалии патентӣ барои эҳёи ҳунарҳои бадеии мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғл ва зиёд намудани даромади аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. (тадбирҳои мушаххаси дорои хусусияти ғайримолиявӣ дар Нақшаи чорабиниҳо оварда шудаанд).
- низомҳои муҳофизатӣ, боҷҳои ҷубронӣ ва чораҳои зиддидемпингӣ, ки дар доираи созишномаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пешбинӣ гардидаанд, дар баробари самту тадбирҳои дар боло зикргардида ҳамчунин барои ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватанӣ равона гардидаанд. Вале бояд қайд кард, ки низомҳои муҳофизатӣ, боҷҳои ҷубронӣ ва чораҳои зиддидемпингиро шарикони тиҷоратӣ низ нисбати истеҳсолкунандагони ватанӣ, дар сурати вайрон кардани муқаррароти созишномаҳои имзонамудаи Тоҷикистон, татбиқ намуда метавонанд. Бинобар ин, дар назар доштан лозим аст, ки узвият дар ҳар созмони минтақавӣ ё глобалӣ на танҳо ҳуқуқ, балки инчунин уҳдадориҳо низ дорад;
- ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №691 "Дар бораи Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо" санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро бо мақсади ҳифзи истеҳсолкунандагони ватанӣ аз рақобати носолим бетаъхир таҳия намудан лозим аст. Тадбирҳои мушаххас дар мавриди низомҳои муҳофизатӣ, боҷҳои ҷубронӣ ва чораҳои зиддидемпингӣ дар Нақшаи чорабиниҳо оварда шудаанд.
- яке аз бартариятҳои муҳим дар рақобати Тоҷикистон дар қиёс бо аксарияти кишварҳо, хусусан кишварҳои ҳамсоя мавҷудияти захираҳои арзони энергетикӣ мебошад, ки ба сифати қувваи пешбарандаи рушди тамоми иқтисодиёти кишвар, бахусус соҳаи саноат хизмат мекунанд;
- ҳамаи корхонаҳои саноатии кишвар барои 1 киловатт неруи истифодашуда дар давоми сол 34 дирам (5,3 сент бо қурби ҷории Бонки миллии Тоҷикистон) месупоранд. Зимнан, соли 2015 ба Қирғизистон ва Афғонистон неруи барқ мутаносибан бо нархи 2,5 ва 3,5 сент содирот шуд, ки истеҳсолкунандагони ватаниро дар муқоиса бо истеҳсолкунандагон дар кишварҳои ҳамсоя - воридкунандагони нерўи барқ баръало дар ҳолати ғайри рақобат қарор медиҳад;
- пешниҳоди тарифҳои тағйирёбандаи мавсимии неруи барқ (дар давраи барзиёд будани захираҳои гидроэнергетикӣ ва партофти бе истеҳсоли нерўи об, яъне дар давраи аз 1 май то 30 сентябр) барои ҳамаи корхонаҳои кишвар аз рўи тарифҳое, ки ба Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати алюминийи Тоҷик" пешниҳод мегардад (11 дирам) ба баланд бардоштани сатҳи истеҳсол ва паст кардани арзиши аслии воҳиди маҳсулоти истеҳсолшуда мусоидат хоҳад кард;
- тадбири дахлдор дар Нақшаи чорабиниҳо оварда шудааст, аз ҷумла чораҳои махсуси соҳавии дахлдор.
- фаъол гардонии сохторҳои дахлдор дар кори созмонҳои байналмилалии таҳиякунандаи стандартҳо, аз ҷумла кор бо Комиссияи Кодекси Алиментариус (Codex Alimentarius Commission);
- беҳтар намудани дастрасӣ ба стандартҳо ва барномаҳои техники миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ (ба даст овардани стандартҳо, тарҷума, махзани электронии маълумот дар бораи стандартҳо);
- ҷалби машваратчиён барои расонидани хизматҳои машваратдиҳӣ оид ба ҷорӣ намудан ва омўзиши стандартҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
- баланд бардоштани сатҳи огоҳии сохторҳои соҳибкорӣ дар бораи стандартҳои байналмилалӣ (сомонаи интернет, феҳрист, нашрияҳо дар воситаҳои ахбори омма, вохўрию семинарҳо ва тренингҳои мунтазам барои хизматчиёни давлатӣ ва коршиносон).
- гузариш аз назорати нақшавӣ ба назорати ба дараҷаи хавф асосёфта;
- нарасидани кадрҳо, набудани курсҳои такмили ихтисос, набудани Интернет барои огоҳонӣ ва гирифтани маълумот, озмоишгоҳҳои махсусгардонидашуда;
- набудани ҳаммонандкунии (идентификатсияи) чорвои калон ва хурди шохдор;
- набудани барнома усулҳои (расмиёти стандартии амалиётии) баҳодиҳии хавфҳо;
- набудани низоми назорати ҳашароти сирояткунандаи бемориҳои чорво.
- ташхисгоҳҳо ба таври бояду шояд муҷаҳҳаз нагардидаанд;
- ташхисгоҳҳо кўҳна шуда, инфрасохтори дахлдор надоранд;
- норасоии шадиди реагентҳо ва маводи масрафӣ;
- таъминоти номунтазами об ва неруи барқ;
- набудани қувваи зарурии корӣ.
- гузариш аз назорати нақшавӣ ба назорати ба дараҷаи хавф асосёфта;
- ташаккули низоми менеҷменте, ки ба стандартҳои миллии бо стандартҳои байналмилалии силсилаи ИСО 9000, ИСО 14000, ИСО 22000, HACCP мувофиқаткунанда асос ёфтааст;
- дар таҷрибаи корхонаҳои ба содирот нигаронидашуда ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифати ИСО 9000, ИСО 14000, ИСО 22000, HACCP.
- маблағҳои Фонди дастгирии соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар оғози татбиқи Барнома дар соли 2016 тахминан 200 млн.сомониро ташкил дода, сипас ҳар сол боз ба андозаи 200 млн.сомонӣ афзоиш меёбад. Сандуқи қарзии Фонд то охири соли 2020 тақрибан ба 1 млрд.сомонӣ расонида мешавад. Ҳангоми истифодаи маблағҳои Фонд ба лоиҳаҳои тиҷоратии қарзгирандагон дар навбати аввал ба довталабоне, ки лоиҳаи тиҷоратиашон самти содиротӣ ва воридотивазкунӣ доранд, бартарӣ дода мешавад;
- сандуқи муттаҳидгардидаи қарзии бахши бонкӣ, ташкилотҳои қарздиҳии хурд ва ташкилотҳои дигари қарзӣ. Қарзҳои минбаъдаи мақсаднок ва дарозмуҳлат, аз ҷумла аз бонки таъсисшавандаи "Тоҷикэксимбонк"
- маблағҳои буҷети давлат ки барои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасониҳо пешбинӣ шудаанд ва ба сифати фармоиши давлатӣ барои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ оид ба воридотивазкунӣ равона карда мешаванд. На камтар аз нисфи маблағҳои номбаршуда барои татбиқи Барнома равона карда мешаванд;
- кумаки техникӣ ва дастгирии донорҳо ва шарикони рушд дар асоси стратегияҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон;
- маблағҳои буҷетии вазорату идораҳои соҳавӣ, инчунин минтақаҳо дар доираи барномаҳои соҳавӣ ва лоиҳаи рушд дар сатҳи минтақавӣ;
- сармоягузории мустақими хориҷӣ;
- маблағҳои бахши хусусӣ.
- хавфи маблағгузории нокифояи чорабиниҳои Барнома ба иҷрои бомуваффақияти Барнома таъсири манфӣ расонида метавонад. Яке аз стратегияҳои муҳими то ҳадди ақал кам кардани ин хавф истифодаи имкониятҳои бонкҳои байналмилалии рушд ва кумаки шарикони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди иқтисодӣ коркунанда хоҳад буд;
- иҷрои номуттасили Барнома ҳалли нопурраи мушкилот дар бобати ислоҳоти низоми танзими техникӣ ва батартибандозии фаъолияти содиротӣ. Стратегияи асосии то ҳадди ақал кам кардани ин хавф истифодаи маҷмўии иқтидор ва захираи маъмурии Комиссия Ҳукумат оид ба воридотивазкунӣ, инчунин татбиқи самараноки низоми мониторинг ва назорати татбиқи Барнома хоҳад буд;
- набудани мониторинг ва арзёбии мунтазами иҷрои Барнома хавфи ба даст наовардани арзёбии объективии пешрафт мутобиқи натиҷаҳои мавриди интизор ва захираҳои ҷудогардида дорад. Стратегияи асосии то ҳадди ақал кам кардани ин хавф мониторинг ва арзёбии ҳарсолаи самаранокии Барнома дар охири муҳлати амали он мебошад ( боби 9);
- хавфи истифода нагардидани имкониятҳое, ки узвияти комилҳуқуқ дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад. Стратегияи асосии то ҳадди ақал кам кардани ин хавф омўзиши дақиқи чунин имкониятҳо, баланд бардоштани тахассуси намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ тавассути иштирок дар семинарҳо, мизҳои мудаввар ва конференсияҳое, ки аз рўи мавзўи дахлдор ташкил карда мешаванд, инчунин истифодаи фаъолонаи имкониятҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошад;
- хавфи истифода гардидани (ё нагардидани) имкониятҳое, ки узвият ё надоштани мақоми узвият дар иттиҳодияҳо ё иттифоқҳои минтақавии сиёсӣ ва ё иқтисодӣ пешкаш менамояд. Стратегияи то ҳадди ақал кам кардани ин хавф таҳлили дақиқи ҷонибҳои мусбат ва манфии истифодаи узвият, ки барои таъмини ҷараёнҳои ҳамгироӣ, тақвият ё заифгардонидани робитаҳои байни Тоҷикистон ва кишварҳои муайян, иттиҳодияҳо ва иттифоқҳои онҳо зарур аст.