ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатии иқтисодии хориҷӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, вусъати имкониятҳои содирот ва воридотивазкунӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурни Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барнома ҳисобот пешниҳод намояд;
- ҳангоми тағйирёбии вазъи иқтисодӣ ва дигаргуншавии сохтори молӣ ва молиявии Барнома таҳти таъсири омилҳои беруниву дохилӣ дар давраи татбиқи он тибқи тартиби муқарраршуда тағйиру иловаҳо пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 26 ноябри соли 2016, № 503
ш. Душанбе