Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 октябри соли 2016, № 438
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ТУХМИПАРВАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
1. МУҚАДДИМА
- Тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсолоти кишоварзӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Афзун намудани истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилшавии онҳо аз истифода бурдани тухмиҳои хушсифат вобастагии калон дорад. Вазифаи асосии тухмипарварӣ таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии хушсифат, нигоҳ доштани тозагии навъҳо ва хусусиятҳои биологии онҳо мебошад. Ҳалли вазифаи мазкур қабули маҷмўи тадбирҳоеро тақозо мекунад, ки ихтирои навъҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ, сари вақт гузаронидани санҷиши расмӣ ва минтақабоб намудани навъҳои беҳтарин бо мақсади ҳифзи хусусиятҳои генетикии онҳо, истеҳсол, коркард, сертификатсиякунонӣ ва маркетинги тухмиро дар бар мегирад.
- Тухмипарварӣ на танҳо барои таъмини бозори дохилӣ, балки барои содирот низ нигаронида шуда, имконият медиҳад, ки самаранокии соҳа ва даромаднокии истеҳсолот моҳиятан баланд бардошта шавад. Дар солҳои шўравӣ селексия ва тухмипарварӣ ба пуррагӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ таъмин мегардид, вале бинобар дар мамлакат ба амал омадани ислоҳоти иқтисодӣ маблағгузории ин соҳа якбора кам гардид.
- Дар ҷумҳурӣ дар баробари тухмипарварии ҷамъиятӣ бахши хусусии тухмипарварӣ ба миён омад, ки дар зинаи ибтидоии тараққиёт қарор дорад. Хоҷагиҳои алоҳидаи тухмипарварӣ дар интродуксияи навъҳои нав, бахусус зироатҳои ғалладонагӣ ва сабзавот, афзункунӣ ва фурўши тухмиҳо, чи дар дохили мамлакат ва чи берун аз он натиҷаҳои хуб ба даст меоранд.
- Бори аввал Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009, № 297 тасдиқ гардида буд, ки барои пешрафти соҳа такони ҷиддӣ бахшид.
2. НАТИҶАҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ТУХМИПАРВАРӣ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2014
- Дар доираи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 бо дастгирии Барномаи Оҷонсии ҳамкорим байналхалқии Шветсия (Sida) ва Бонки осиёгии рушд оид ба дастгирии соҳаи селексия, тухмипарварӣ ва карантини растаниҳо ба маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ корҳои назаррас иҷро гардидаанд.
- Аз ҷумла бинои Бозрасии назорати давлатии тухмӣ, озмоишгоҳи марказии ташхиси сифати тухмӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ ва озмоишгоҳҳо дар вилояти Суғду Хатлон таъмир карда шуда, бо таҷҳизоти лаборатории замонавӣ таъмин карда шуданд. Барои татбиқи барномаҳои селексионии Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, филиали ин Институт дар вилояти Суғд, Кооперативи истеҳсолии ба номи Л.Муродови шаҳри Ҳисор, хоҷагии "Чилгазӣ"-и шаҳри Исфара, стансияҳои давлатии навъсанҷии ноҳияҳои Қубодиён, Мўъминобод ва шаҳрҳои Турсунзода ва Конибодом бо техника ва мошинолотҳои замонавӣ, аз ҷумла бо 9 адад трактори тамғаи МТЗ-1025, 9 адад ядаки тракторӣ, 12 адад тухмипошак, 11 адад ғаллакўбак, 9 адад чархмола, 8 адад дорупошак, 8 адад нурипошак, 9 адад испори сетанагӣ, 9 адад ҷўйборкаши байниқаторӣ, 2 адад таҷҳизот барои муайян намудани сифати нахи пахта ва таҷҳизоти дигар таъмин карда шуданд. Дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон сехи коркарди тухмӣ ва луччаккунии пунбадонаи тухмӣ сохта, ба истифода дода шуд.
- Бо мақсади ба низом даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла заминаи қонунгузории селексия ва тухмипарварӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ҳамоҳанг карда шуд. Барои ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи санҷиш ва ҳифзи навъҳо, фитосанитария ва карантини растаниҳо, ҳамчунин назорати сифат ва сертификатсиякунонии тухмӣ замина фароҳам оварда шуд. Аъзогӣ ва ҳамкорӣ бо чунин ташкилотҳои бонуфуз барои ворид гардидани ҷумҳурӣ ба Созмони Умумумиҷаҳонии Савдо (СУС) мусоидат памуд.
- Вале вазъи имрўзаи хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба талаботи истеҳсолот ҷавобгўй нест ва аз ин рў зарурати таҳияи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистои барои солҳои 2016-2020 ба миён омадааст.
3. МАҚСАД ВА ЗАРУРАТИ ҚАБУЛИ БАРНОМА
- Мақсади асосии Барнома амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди селексияи растанӣ ва тухмипарварӣ ва бунёди соҳае мебошад, ки дар мутобиқат бо меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ фаъолият намояд.
- Барномаи мазкур сиёсати давлатро дар соҳаи селексия ва тухмипарварӣ ифода намуда, бо мақсади татбиқи меъёрҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" ва "Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ" таҳия шудааст ва дар он иҷрои масъалаҳои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти давлатии соҳаи тухмипарварӣ, санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳо, назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ, назорати фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, рушди селексияи растанӣ, истеҳсол, коркард ва маркетинги тухмӣ, тайёр намудани кадрҳо ва бозомўзии мутахассисони соҳа, таъмини амнияти тухмӣ ва таъсиси фондҳои давлатии тухмӣ пешбинӣ гардидааст.
- Селексия ва тўхмипарварӣ бояд барои офаридани навъ, интродуксия, санҷиш ва бақайдгирии навъҳо, истифодаи усулҳои гуногуни тухмипарварӣ барои васеъ намудани парвариши тухмии зироатҳои кишоварзӣ ба воситаи технологияҳои муосир, ҳамчунин истеҳсоли тиҷоратӣ, такрористеҳсолкунӣ, коркард, сертификатсиякунонӣ ва маркетинги тухмиҳои сифатан баланд барои бозори дохилӣ ва содирот мусоидат намояд. Шароити кунунии пешрафти ҷумҳурӣ, талаботи рўзафзуни хоҷагиҳо ба тухмиҳои хушсифати сертификатсиякардашудаи зироатҳои кишоварзӣ ва зарурати содироти тухмии зироатҳо ба дигар мамлакатҳо таҳия ва тасдиқи Барномаи мазкурро тақозо менамояд.
4. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНИИ СОҲАИ ТУХМИПАРВАРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Вазорати кишорарзии Ҷумҳурии Тоҷикиртон ҷиҳати таъмини соҳаи тухмипарварӣ ва беҳбудӣ бахшидан дар ин самт таи солҳои охир як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Ҳамин тариқ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ" дар таҳрири нав тибқи талаботи Конвенсияи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои растанӣ (UPOV) қабул гардид. Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ" ва моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" Дастурамали "Тартиби гузаронидани санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ" таҳия ва қабул гардид. Айни замон Муассисаи давлатии "Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо" тибқи талаботи Дастурамали мазкур фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
- Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи карантини растанӣ" Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба карантин ва ҳифзи растанӣ шомил гардид.
- Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" бо риояи талаботи Нақшаи сертификатсияи тухмии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) "Тартиби сертификатсияи тухмӣ, додани сертификатҳои тасдиқкунандаи навъ ва сифати тухмӣ" бо фармоиши Вазири кишоварзӣ аз 4 октябри соли 2010, № 132 тасдиқ карда шуд. Айни ҳол, Бозрасии назорати давлатии тухмӣ корро аз рўи Тартиби мазкур ба роҳ мондааст.
- Дар ҳайати шабакаи хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ 66 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативӣ ва ҷамоавӣ фаъолият доранд, ки ба минтақа ва хоҷагиҳои махсуси истеҳсолкунандаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ шомил гардидаанд. Аз ин ба парвариши пахтаи тухмӣ 29 адад, тухмии ғалладонагиҳо 7 адад, пахтаи тухмӣ ва тухмии ғалладонагиҳо 9 адад, картошкаи тухмӣ 16 адад, ба тухмии сабзавот 3 адад, тухмии юнучқа 1 адад ва ба парвариши картошкаи тухмӣ, ғалладонагиҳо 1 адад машғуланд. Дар солҳои охир дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани кори тухмипарварӣ ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ нисбат ба солҳои гузашта хубтар гардида бошад ҳам, ин талаботи хоҷагиҳои истеҳсолиро бо тухмии хушсифат таъмин карда наметавонад. Айни замон хоҷагиҳои тухмипарварӣ танҳо 30-40 фоизи талаботи хоҷагиҳои истеҳсолиро бо тухмии хушсифат таъмин намуда, қисми дигари хоҷагиҳо аз тухмиҳои шартӣ истифода мебаранд, ки боиси паст гардидани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ мегардад.
5. ТУХМИПАРВАРИИ ЗИРОАТҲОИ АСОСӣ
§1. Пахта
- Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими истеҳсоли ашёи хоми саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Пахта - маҳсулоти асосии содиротӣ буда, баланд бардоштани самарабахшии пахтакорӣ дар маҷмўъ ба вазъи иқтисодӣ таъсири мусбат мерасонад. Мутаассифона, солҳои охир соҳаи пахтакорӣ ба вазъияти мушкил гирифтор гардида, ба пешрафти дигар соҳаҳо низ монеъ шудааст. Имрўз аз сабаби коҳишёбии ҳосилнокӣ ва даромаднокии пахта нишондиҳандаҳои соҳа паст мебошанд.
- Ҳалли мушкилот дар навбати аввал ҷорӣ намудани навъҳои нави серҳосили пахта ва такмил додани тартиби истеҳсоли тухмии босифатро тақозо менамояд. Такмили агротехникаи парвариши пахта, истифодаи технологияҳои муосир ва навъҳои беҳтарин барои тухмӣ, таҳкими заминаи моддӣ - техникӣ, механизатсияи корҳои саҳроӣ, эътимоднокии кори системаи ирригатсионию мелиоративӣ имкон медиҳад, ки дар оянда ҳосилнокии пахта то 35-40 с/га баланд бардошта шуда, бидуни зиёд намудани майдони кишт то 500 ҳазор тонна пахта ба даст оварда шавад.
- Дар 6 соли охир дар натиҷаи санҷиши расмии давлатӣ 15 навъи пахтаи ватанӣ ва хориҷӣ минтақабоб гардонида шуд, ки аз онҳо 2 навъи пахтаи маҳиннах ("748-В", "Авесто"), 13 навъи пахтаи миёнанах ("Зироаткор-64", "Зарафшон-1", "Неъмат", "20-солагии Истиқлол", "Ориёӣ", "Шарора-1020", "Дўстӣ-ИЗ", "Б-70", "Лочин", "Ҳулбук", "Тоҷикистон", "Хатлон-2011" ва "Флора") дар истеҳсолот васеъ ҷорӣ шуда, дар хоҷагиҳо ҳосили дилхоҳ дода истодаанд. Вале тухмипарварии ин навъҳои пахта ва афзоиши тухмиҳо дар хоҷагиҳои тухмипарварӣ ба тариқи бояду шояд ба роҳ монда нашудааст.
- Дар ҷумҳурӣ 39 хоҷагии махсусгардонидашудаи тухмипарварӣ оид ба истеҳсоли тухмии пахта фаъолият менамояд, вале ҳеҷ яке аз ин хоҷагиҳо қобилият надорад, ки тухмии мутобиқ ба талаботи стандартҳоро истеҳсол намояд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 96 корхонаҳои коркарди пахта фаъолият менамоянд, ки хусусӣ буда, коркардкунандагон ба истеҳсоли маводи тухмии сифатан баланд хоҳишманд нестанд. Дар бештари мавридҳо ҳангоми коркарди ашёи хоми пахта ба омехташавии тухмии навъҳои гуногун ва осеб дидани чигити тухмӣ роҳ дода мешавад. Дар майдонҳои кишт бошад, сифати пасти тухмиҳо бештар бо меъёри зиёди кишти тухмӣ (то 120-130 кг/га) сарф карда мешавад, ки ба харҷи иловагии тухмӣ ва қувваи корӣ барои ягонакунии ниҳолҳо оварда мерасонад.
- Дар ҳамаи мамлакатҳои пахтапарварии олам аллакай, системаи делинтатсияи кислотагии тухмии пахта ё лучаккунии чигити тухмӣ дар таҷриба ҷорӣ гаштааст. Кишти пунбадонаи луччак ба меъёри 20-25 кг/га амалӣ гардонида шуда, аз ҳар гектар 40-45 сентнерӣ пахтаи хом ба даст оварда мешавад.
§2. Зироатҳои ғалладонагӣ
- Яке аз масъалаҳои асосии мустаҳкам намудани амнияти озуқавории кишвар таъмин намудани аҳолӣ бо нон ба ҳисоб меравад. Аз ин рў, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тараққӣ додани ғаллакорӣ ва афзун намудани истеҳсоли ғаллаи худӣ равона гардидааст. Дар солҳои охир истеҳсоли ғалла зиёд гардида бошад ҳам, ин талаботи аҳолии ҷумҳуриро қонеъ карда наметавонад. Ҳосилнокии ғалла паст буда, ба ҳисоби миёна ба 20-30 сентнер аз як гектар баробар аст, гарчанде дар хоҷагиҳои пешқадам то ба 60-70 с/га мерасад, Сабаби асосӣ дар он аст, ки технологияи парвариши зироатҳои ғалладонагӣ риоя карда намешавад ва хоҷагиҳои тухмипарварӣ заминаи пурқуввати моддию техникии тухмипарвариро соҳиб нестанд.
- Таҷриба нишон медиҳад, ки захираҳои зиёди баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ аз ҳисоби ҷорӣ намудани навъҳои серҳосил дар истеҳсолот ва беҳтаркунии агротехникаи онҳо мавҷуданд.
- Тухмипарварии ибтидоии навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ дар Институти "Зироаткорӣ"-и Академаяи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар асоси методикаи истеҳсоли тухмиҳои суперэлита ва элита ба роҳ монда шуда, ҳар сол дар парваришгоҳҳои тухмипарварии зерсохторҳои Институт зиёда аз 800 тонна тухмии хушсифати репродуксияҳои баланди зироатҳои ғалладонагӣ истеҳоол карда мешавад, ки ин талаботи хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳуриро пурра қонеъ гардонида наметавонад.
§3. Картошка
- Картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ёфта, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва ба кори доимӣ дар деҳот таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад. Картошка ҳамчун зироати муҳими истеъмолӣ дар водиҳо, минтақаҳои доманакўҳ ва баландкўҳи Тоҷикистон дар баландиҳои то 1200-2500 метр аз сатҳи баҳр парвариш меёбад. Барои парвариши ҳосили баланд ва тухмии хушсифати ин зироат қитъаҳои куҳию доманакўҳ, ки шароити иқлимии мусоиду хоки ҳосилхез доранд, мувофиқ мебошанд.
- Ҳосилнокии картошка дар хоҷагиҳои картошкапарвари ҷумҳурӣ паст буда, асосан ба сифати пасти маводи киштшаванда вобастагӣ дорад. То ҳол картошкаи тухмии элита ва репродуксионӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Дар Тоҷикистон технологияи истеҳсоли маводи солими киштшавандаи картошка бо истифода аз дастовардҳои биотехнология кор карда шудааст, ки барои дар шароити хоку иқлими ноҳияҳои кўҳӣ истеҳсол намудани маводи тухмии сифатнок барои фурўш ба мамлакатҳои ҳамсоя имконият медиҳад. Тоҷикистон метавонад аз кишвари воридкунандаи тухмии картошка ба кишвари содиркунандаи ин маҳсулоти арзишнок мубаддал гардад.
§4. Зироатҳои хўроки чорво
- Шароити хоку иқлими ноҳияҳои кўҳӣ ва наздикўҳии Тоҷикистон имконияти истеҳсол намудани тухмии зироатҳои хўроки чорво-юнучқа, ҷуворимакка ва қатраборон (эспарсет)-ро доро мебошад. Ҷуворимакка яке аз зироатҳои серҳосилу маъмули емию хошокӣ аст, ки дар соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода бурда мешавад. Ҷуворимакка аҳамияти калони хўрокӣ, озуқаворӣ ва техникӣ дошта, аз рўи ҳосилнокӣ ва арзиш нисбат ба аксар зироатҳои емию хошокӣ боло меистад. Дар ҷумҳурӣ солҳои охир майдони кишт ва истеҳсоли тухмии юнучқа низ зиёд шуда истодааст, вале техникаи тухмитозакунӣ дар хоҷагиҳо аз ҳад зиёд фарсудаю кўҳна гардидааст, ки имконияти сифатнок гузаронидани тозакунии тухмии истеҳсолшударо намедиҳад. Дар натиҷа киштзори юнучқа бо алафҳои бегона ифлос мегардад.
§5. Зироатҳои сабзавотӣ
- Селексионерони Тоҷикистон як қатор навъҳои арзишноки зироатҳои сабзавотӣ ва полезӣ рўёнидаанд. Хоҷагиҳои тухмипарварӣ солҳои пешин тухмии ин зироатҳоро истеҳсол менамуданд, ки қисми зиёди он берун аз мамлакат содир карда мешуд. Вале айни замон тухмипарварии навъҳои зироатҳои сабзавотӣ ва полезӣ ба талабот ҷавобгў нест. Тухмипаварии муқаррарӣ бошад, ба тариқи ғайрисистемавӣ татбиқ мегардад.
- Истеҳсоли воқеии маҳсулоти зироатҳои афзалиятноки зикрёфта аз сатҳи потенсиалии имконпазир хеле қафо мемонад. Истифодаи навъҳои комил ва маводи тухмии сифатан баланд дар бобати зиёд намудани ҳосилнокӣ ва истеҳсоли махсулот нақши муҳим мебозад.
6. СИСТЕМАИ САНҶИШ ВА БАҚАЙДГИРИИ НАВЪҲО
- Вазифаи асосии системаи санҷишу бақайдгирии навъҳо сари вақт гузаронидани санҷишҳои расмии навъҳои нав ва дурагаҳои селексияи маҳаллию хориҷӣ бо мақсади омўзиши аломатҳои арзишноки хоҷагидорӣ, зоҳир намудани навъҳои нисбатан серҳосил ва ба шароити мамлакат мутобиқшаванда, тавсия намудани онҳо ба кишоварзон бо мақсади парвариши васеи онҳо иборат мебошад. Ин ҷараён бояд ба сатҳи тараққиёти селексияи растаниҳо, ки дар шароити имрўза имконияти ҳарсола таъмин намудани бозорро бо навъу дурагаҳои нав фароҳам меорад, мутобиқат намояд. Татбиқи системаи санҷиши навъҳои растанӣ фарқкунандагӣ, ҳамгунӣ ва устуворнокӣ, ки ҳифзи қонунии навъро таъмин менамояд, муҳим аст.
- Барои баланд бардоштани сифати корҳо ҷиҳати санҷиш ва бақайдгирии навъҳо дар Барнома иҷрои Тартиби гузаронидани санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ, бозомўзии мутахассисони соҳа ҷиҳати кор бо таҷҳизоти озмоишӣ дар озмоишгоҳ ва мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва бо техникаи кишоварзӣ (тракторҳо, комбайнҳо, олотҳои кишоварзӣ, таҷҳизоти лабораторӣ) таъмин намудани 8 стансияи давлатии навъсанҷии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар вилояти Суғд (стансияҳои давлатии навъсанҷии шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), вилояти Хатлон (стансияҳои давлатии навъсанҷии ноҳияҳои Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Кўлоб) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (стансияи давлатии навъсанҷии ноҳияи Тоҷикобод) дар назар дошта шудааст.
7. СИСТЕМАИ НАЗОРАТИ СИФАТ ВА СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ ТУХМӣ
- Ҷорӣ намудани сиетемаи сертификатсиякунонии тухмиҳо, ки назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ, назорати кишти тухмӣ дар саҳро ва ташхиои лаборатории тухмиҳоро дар бар мегирад, барои истеҳсол, коркард ва маркетинги маводи тухмиҳои сифатан баланд мусоидат менамояд.
- Айни ҳол фаъолияти озмоишгоҳҳо дар маркази вилоятҳо ва шаҳри Душанбе хубтар гардида бошад ҳам, дар ноҳияҳои дурдасти вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҷҳизоти лабораторӣ дар озмоишгоҳҳо кўҳнаю фарсуда шуда, корношоям гардидаанд. Назорати саҳроии майдони киштзори тухмӣ ва сертификатсиякунонии тухмӣ гузаронида намешавад. Дар хусуси маводи тухмӣ бошад, танҳо аз натиҷаи таҳлилҳои лабораторӣ қазоват карда мешавад.
- Пурра ҷорӣ гардидани Тартиби сертификатсияи тухмӣ, додани сертификатҳои тасдиқкунандаи навъ ва сифати тухмӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо барои бемамониат баровардани тухмӣ, савдои байналмилалӣ ва ҷалб намудани ширкатҳои тухмиистеҳсолкунандаи хориҷӣ ҷиҳати рушди бозори дохилии тухмӣ ва содироти тухмӣ мусоидат менамояд. Маркетинги тухмӣ дар миқёси минтақавӣ ва байналмилалӣ ташкили озмоишгоҳҳои замонавии назорати сифати тухмиро талаб менамояд.
8. СИСТЕМАИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ КАРАНТИНИ ФИТОСАНИТАРӣ
- Тухмӣ дар баъзе ҳолатҳо метавонад сабабгори аз берун воридшавӣ ва паҳнгардии касалиҳои зараррасон ва тухмии алафҳои бегонаи карантинӣ гардад. Аз ин рў, санҷиши тухмиҳо, махсусан тухмиҳои ба ҷумҳурӣ воридшаванда бояд аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ пурзўр карда шавад. Айни замон озмоишгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ ҳарчанд фаъолият мекунад, вале зарур аст, ки озмоишгоҳҳои замонавӣ дар маҳалҳо низ бунёд карда шаванд.
- Ташкил намудани нуқтаҳои замонавии санҷиши сарҳадӣ дар маҳалҳои гузариши сарҳад бо боргузарии зиёд дар назар дошта шудааст. Ин имконият медиҳад, ки маводи тухмӣ ва маводи киштшавандаи ба мамлакат воридшаванда нисбат ба мавҷудияти организмҳои карантинӣ бемамониат аз санҷиши карантинӣ гузаронида шаванд ва барои интродуксияи касалию зараррасонҳои нав садди роҳ гардад. Инчунин дар Барнома сохтмони биноҳои махсус барои безараргардонии (фумигатсияи) маводи таҳти карантинӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст.
9. РУШДИ СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ ЗИРОАТҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Дар Барнома мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии барномаҳои Институти "Зироаткорӣ" ва Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ҳамчунин хоҷагиҳои хусусӣ дар назар дошта шудааст, ки суръат бахшидани ҷараёни ихтирои навъҳои нави зироатҳои афзалиятнок, такмил додани тухмипарварии тиҷоратӣ ва гирифтани фоидаи иловагиро барои рушди минбаъдаи соҳа имконпазир мегардонад. Шароити мусоиди хоку иқлими Тоҷикистонро барои истеҳсоли тухмиҳои босифат ба ҳисоб гирифта, ҷиҳати рушди истеҳсоли тухмиҳои сабзавотӣ ва растаниҳои ороишии маҳаллии дар Барнома зикргардида барои содирот, барқарор намудани робитаҳо, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва сармоягузорӣ зарур аст. Барномаю нақшаҳои кории муассисаҳои илмӣтадқиқотии марбутаи соҳавии ҷумҳурӣ бояд ба офаридани навъ бештар нигаронида: шаванд. Олимону мутахассисон ва роҳбарони хоҷагиҳои тухмипарварӣ бояд ҷиҳати дар истеҳсолот васеъ ҷорӣ гардидани навъҳои нави серҳосилу ояндадор, ташкили самараноки тухмипарварии онҳо дар ҳамбастагии зич фаъолият намоянд.
- Тавре маълум аст, таи солҳои охир ба ҷузъ аз институтҳо ва марказҳои давлатӣ хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида низ барои селексияи растаниҳо маром зоҳир карда истодаанд. Аз ин рў, бо мақсади эҷоди фазои рақобатпазиру озод дар соҳаи селексияи растаниҳо, дар Барнома дастгирии ҳамаи селексионерони ватанӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ба назар гирифта шудааст. Барои рушди селексияи хусусӣ низ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад ва он метавонад барои рушди соҳаи кишоварзӣ ҳиссаи арзанда гузорад.
10. ИСТЕҲСОЛ, КОРКАРД ВА МАРКЕТИНГИ ТУХМӣ
- Яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии тухмипарварӣ такмил додани агротехникаи парвариши зироатҳо ва риоя намудани дастурҳои технологӣ, аз ҷумла истифода бурдани тухмиҳои луччаки пахта, саривақт гузаронидани кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва истифода аз технологияи муосири кишти картошка, ки талаботро ба маводи тухмӣ хеле кам мегардонанд, мебошад (замимаи 1).
- Дар ин маврид имконияти баланд бардоштани ҳиссаи майдонҳое, ки ба тухмиҳои репродуксияашон баланд кишт карда шудаанд, ба миён меояд. Кам намудани меъёри кишт аз ҳисоби такмил додани агротехника ҳамчунин имконият медиҳад, ки тухмии пахта ва ғалла сарфа карда шуда, зиёдатии он барои истеҳсоли равған ва озуқаворӣ истифода гардад.
- Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла рушди тухмипарварии тиҷоратӣ ва ҷалб намудани сармоягузории хориҷӣ ба ин бахш шароити мусоид фароҳам меорад.
- Истифодаи тухмиҳои репродуксияашон баланд ва риояи агротехникаи он имконият медиҳад, ки ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ афзоиш дода шуда, сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда баланд бардошта шавад. Аз ин рў, дар Барнома ба роҳ мондани тухмипарварии ибтидоӣ ва батадриҷ зиёд намудани майдонҳо бо тухмиҳои киштшавандаи элитӣ (то 10-15 фоиз), пешниҳод намудани субсидия ба истеҳсолкунандагони тухмиҳои суперэлита ва элитаи зироатҳои кишоварзӣ, аз қабили пахта, зироатҳои ғалладонагӣ, лўбиёгӣ, картошка ва хўроки чорво дар назар дошта мешавад (замимаи 2).
11. ТУХМИИ МАВОДИ АЗ ҶИҲАТИ ГЕНЕТИКӣ ТАҒЙИРДОДАШУДА
- Бо рушди савдои байналмилалии тухмӣ хатари воридшавии тухмиҳои бетамға, махсусан бе тамғаи нишондиҳандаи маводи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда вуҷуд дорад. Айни замон дар кишвар ягон озмоишгоҳи замонавие мавҷуд нест, ки ташхиси генетикии тухмиро гузаронад. Аз ин рў, дар Барнома ташкили як озмоишгоҳ дар назди Институти "Зироаткорӣ"-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба назар гирифта шудааст.
12. ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲО ВА БОЗОМЎЗИИ МУТАХАССИСОНИ СОҲА
- Яке аз мушкилоти асосии соҳаи тухмипарварии мамлакат нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ мебошад. Аксарияти кадрҳои дар соҳа фаъолиятдошта мутахассисони нисбатан калонсол мебошанд. Аз ин рў, дар Барнома тайёр намудани мутахассисони ҷавон ва бозомўзии кадрҳои соҳаи селексия ва тухмипарварӣ дар дохили мамлакат ва хориҷи кишвар, хамчунин ҷалб намудани мутахассисони ҷавон бо роҳи баланд бардоштани манфиати онҳо пешбинӣ шудааст.
- Тайёр намудану бозомўзии кадрҳои соҳаи селексия ва тухмипарварии зироатҳои афзалиятнок (пахта, гандум, картошка ва хўроки чорво) дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Маркази миллии такмили ихтисоси Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон бо роҳи гузаронидани тренингҳо, сафарҳои таълимию шиносоӣ, курсҳои такмили ихтисос ба роҳ монда мешавад.
13. ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ТУХМӣ: ТАЪСИСИ ФОНДҲОИ ДАВЛАТӣ ВА СУҒУРТАВИИ ТУХМӣ
- Барнома таҳия намудани Тартиби ташкил ва истифодаи фонди давлатии тухмиро дар назар дорад, ки дар он бояд ташкил намудани фонди давлатии тухмӣ, оид ба хариди тухмиҳои хушсифат аз дохил ва хориҷи кишвар, нигоҳдорӣ, истифодабарии мақсадноки тухмӣ аз тарафи субъектҳои хоҷагидорӣ, гардиши фонди давлатии тухмӣ, ҷудо намудани тухмӣ ба хоҷагиҳои аз офатҳои табии зарардида ва дигар омилҳое, ки ба рушди соҳа мусоидат менамоянд, ба инобат гирифта шаванд.
- Аз ҳисоби захираҳои тухмии фонди давлатии ба фурўш нарафта ва тухмии дар субъектҳои хоҷагидорӣ боқимонда фонди суғуртавии тухмӣ ташкил карда мешавад. Тартиби ташаккул ва истифодаи фонди суғуртавии тухмиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муқаррар менамояд.
14. ТАТБИҚИ БАРНОМА
- Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Барнома ва татбиқи стратегия ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди селексия ва тухмипарварӣ иҷрои вазифаҳои зерин дар назар дошта шудааст:
- мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва иқтидори илмии пажўҳишгоҳҳои тадқиқотӣ дар соҳаи селексия ва тухмипарварии ибтидоии зироатҳои афзалиятнок - пахта, гандум, картошка, зироатҳои хўроки чорво ва дарахтони мевадор;
- дар баробари бахши ҷамъиятӣ инкишоф додани селексияи хусусии растаниҳо ва ҷорӣ намудани системаи ҷамъоварии ҳаққи муаллифии селексионерон;
- бо мақсади истеҳсоли тухмиҳои хушсифат ва пешгирӣ намудани омехташавии тухмиҳо, дар ҳар як минтақа ё дар заминаи корхонаҳои пахтатозакунӣ ташкил намудани хатҳои махсуси коркарди тухмии пахта, таҳти назорати доимии Вазорати кишоварзӣ;
- ташкили хоҷагиҳои тухмипарварии элитӣ дар заминаи хоҷагиҳои мавҷудаи тухмипарварӣ ва парваришхонаҳо (дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ, ангур) ва мустаҳкам иамудани заминаи моддию техникии онҳо;
- ташкили истеҳсоли тухмиҳои репродуксияашон баланди (суперэлита ва элита) зироатҳои афзалиятнак дар хоҷагиҳои тухмипарварии элитӣ дар асоси бастани қарордодҳо байни селексионер ва истеҳсолкунандагони тухмӣ;
- баланд бардоштани ҳавасмандии хоҷагиҳои тухмипарварии элитӣ бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли тухмиҳои репродуксияашон баланд бо роҳи пешниҳод намудани субсидияҳо аз буҷети давлатӣ, ҳавасмандгардонии истеҳсолот ва истифода бурдани тухмиҳои сертификатсиякунонидашуда;
- дастгирии рушди тухмипарварии тиҷоратӣ бо роҳи пешниҳод намудани қарзҳо, ҷалби кўмакҳои грантӣ ва сармояи хориҷӣ ба бахш ва муҳайё намудани шароит барои рақобати солими бахшҳои хусусӣ ва ҷамъиятии тухмипарварӣ;
- тайёр намудани кадрҳо ва такмил додани сатҳи дониш ва таҷрибаи мутаххассисон бо роҳи гузаронидани трейнингҳо, саёҳатҳои таълимӣ, курсҳои такмили ихтисос ва ғайра.
15. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
- Маблағгузории Барнома дастгирии рушди тамоми рукнҳои силсилаи тухмипарвариро бо роҳи пешниҳод намудани маблағҳо аз буҷети давлатӣ, худмаблағгузорӣ, қарзҳо, лаиҳаҳои грантӣ ва сармоягузорӣ, маблағҳои истеҳсолкунандагони тухмӣ, ҳамчунин ҷалб намудани сармоягузориҳо ба соҳа дар назар дорад.