Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 октябри соли 2016, № 456
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ МИЛЛИИ ИММУНОПРОФИЛАКТИКА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
- иммунопрофилактика - усули муҳофизати инфиродӣ ё оммавии аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ бо роҳи ташаккули масунияти сунъӣ;
- иммунизатсия - ин раванде мебошад, ки тавассути он шахс масъуниятро бар зидди бемориҳои сироятӣ бо роҳи гузаронидани ваксина пайдо мекунад;
- сессияи иммунизатсионӣ - ҷараёни гузаронидани иммунизатсия;
- иммунизатсияи нақшавӣ - гузаронидани иммунизатсия тибқи тақвими миллии иммунизатсия;
- ваксина - маводи тиббии иммунобиологие мебошад, ки барои пайдо намудани масуният бар зидди бемориҳои сироятӣ истифода бурда мешавад;
- воя - миқдори муайяни ваксина мебошад, ки барои иммунизатсия истифода бурда мешавад;
- занҷири хунукитаъминкунанда - ин системаи таъминкунандаи шароити зарурӣ барои нигоҳдорӣ ва интиқоли маводи иммунобиологӣ аз муассисаи истеҳсолкунанда то иммунизатсиягиранда мебошад;
- элиминатсия - қатъ намудани гардиши вируси маҳаллӣ ё ба сифр расонидани миқдори ҳодисаҳои муайяни бемориҳои сироятӣ дар ягон минтақаи муайяни географӣ;
- қобилияти иммуногенӣ - қобилияти пайдо намудани масуният бар зидди бемориҳои сироятӣ;
- верификатсия - расман тасдиқ намудан;
- ҳодисаи эндемикӣ - ҳодисаи бемории сироятие, ки бо тариқи озмоишгоҳӣ тасдиқ шудааст ё алоқамандии эпидемиологӣ дорад ва дар натиҷаи интиқоли сирояти маҳаллӣ ба амал меояд;
- интиқоли эндемикӣ - интиқоли мунтазами сироят дар минтақаи муайяни географӣ;
- назорати эпидемиологӣ - шакли ташкили чорабиниҳои зидди эпидемикие мебошад, ки дар асоси таҳлили маълумот имконияти муайян намудани сабаб ва шароити ташаккулёбии бемориҳоро бо мақсади таҳияи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ, паст ва маҳв намудани бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда фароҳам меоварад;
- фалаҷ - бемории шадиди сироятшаванда буда, барангезандаи он се намуди вируси бемории фалаҷ ба ҳисоб меравад ва аз одами бемор ё ҳомили барангезанда ба воситаи хўрок, об, гуфтугўй ба шахси сиҳат мегузарад. Ба он иллатнок намудани системаи асаб ва пайдошавии фалаҷ хос аст;
- гулўзиндонак - бемории шадиди ниҳоят хатарноки сироятшаванда буда, ба он газаки гулў ва роҳҳои нафаскашӣ бо пайдо шудани пардаи зардобдор дар мавқеи ҳалқ ва заҳролудшавии бадан хос аст. Фавт аз ин беморӣ зиёд мебошад;
- кабудсулфа - бемории шадиди сироятшаванда буда, осеб додани роҳҳои болоии системаи нафаскашӣ, хурўҷи сулфаи давомноки ихтилоҷӣ хоси он аст;
- кузоз - бемории шадади сироятшаванда буда, ба он иллатнок намудани системаи асаб, хурўҷи ларзиши беихтиёронаи мушакҳои бадан хос аст. Кузози навзодон одатан бо фавти кўдак анҷом меёбад;
- сурхча - бемории шадиди сироятшаванда буда, аслан баландшавии ҳарорати бадан, газаки роҳҳои нафас, газаки милкҳои чашм ва холҳои популёзӣ дар бадан хосиятҳои он мебошанд. Бемории сурхча ба нуқсон меоварад ва хеле хатарнок буда, ба фавт мерасонад;
- гулафшон - бемории шадиди сироятӣ буда, ба воситаи вирусҳо мегузарад. Асосан барои ҳомиладорон ниҳоят хатарнок аст. Агар зани ҳомиладор ба ин беморӣ гирифтор шавад, кўдаки навзоди ў бо нуқсонҳои зиёд - каршавӣ, нобиноӣ, нуқсони модарзодии дил ба дунё меояд. Чунин нишонаҳои сегонаро - алоими гулафшони модарзодӣ меноманд;
- сил - бемории сироятшаванда буда, одатан ба иллатнок шудани шуш, устухонҳо, системаи асаб, узвҳои таносул, роҳҳои пешоббарор ва узвҳои зиёди дигар оварда мерасонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бемориҳои паҳншуда ба ҳисоб меравад;
- гепатити В - бемории сироятшаванда буда, асосан ҷигарро иллатнок мекунад. Ба воситаи вирусҳо аз одами бемор, ҳомили барангезандаи ин беморӣ бо роҳи сўзангузаронӣ, хунгузаронӣ, дандонканӣ, алоқаи ҷинсӣ ба одами сиҳат мегузарад;
- бемории гемофилии типи b - бемории сироятӣ буда, барангезандааш чўбчаи типи b, ки асосан сабабгори бемориҳои газаки шуш ва газаки пардаи мағзи сар мебошад, ба ҳисоб меравад;
- сирояти ротавирусӣ - яке аз намудҳои бемориҳои паҳншудаи шикамрави кўдакон буда, ниҳоят хатарнок мебошад, ки асосан дар фасли тобистон авҷ мегирад. Махсусан, кўдакони то 2 - сола бештар бемор мешаванд ва бе табобати фаврӣ ба ҳалокат мерасанд;
- ваксинаи пентавалентӣ - ваксина бар зидди бемориҳои гулўзиндонак, кабудсулфа, кузоз, сирояти гемофилии типи b ва гепатити В;
- ваксинаи пневмококкӣ - ваксина бар зидди бемории илтиҳоби шуше, ки барангезандааш бактерияи пневмококк мебошад;
- ВДБФ - ваксинаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи даҳон гузаронида мешавад;
- ВсДБФ - ваксинаи севалентаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи даҳон гузаронида мешавад;
- ВдДБФ - ваксинаи дувалентаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи даҳон гузаронида мешавад;
- ВҒБФ - ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи сўзандору гузаронида мешавад;
- СГ - ваксинаи зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон;
- Гепатити В - ваксинаи зидди бемории гепатити В;
- Hib - ваксинаи зидди сироятии гемофилии типи b;
- ВҶТГК - ваксинаи зидди бемориҳои гулўзиндонак, кабудсулфа ва кузоз;
- ВҶГК - ваксинаи зидди бемориҳои гулўзиндонак ва кузоз;
- ВҶГКк - ваксинаи зидди бемориҳои гулўзиндонак ва кузоз бо микдори камтарини антигенҳо;
- АК - анатоксин бар зидди бемории кузоз;
- СММ - Созмони Милали Муттаҳид;
- БМА/СУТ - Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ;
- СУТ - Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ;
- ХКСММ - Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид;
- АГВИ - Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия;
- АРБ ИМА - Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико;
- АҲБҶ - Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон;
- БМИ - Барномаи миллии иммунопрофилактика;
- ВТҲИА ҶТ - Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- МД МҶТТҲС - Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим";
- ФМД МҶИ - филиали Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика";
- МИ - маркази иммунопрофилактика;
- КАТС - кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- БВИ - барномаи васеи иммунизатсия;
- ҲНБИ - ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия;
- КҲБИ - Кумитаи ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба масъалаҳои иммунопрофилактика;
- ВАО - воситаҳои ахбори омма;
- АГМ - алоими гулафшони модарзодӣ - ин сироятёбии кўдак ба гулафшон аз модари сироятёфта;
- ФШС - фалаҷи шадиди суст;
- ТАС - тартиби амалиётҳои стандартӣ;
- ИСВ - идоракунии самараноки ваксинаҳо;
- МДМ - маҷмўи даромади миллӣ;
- БСЖ - ваксинаи зидди бемории сил.
- дарёфти ? 2 ҳодисаи ба таври озмоишгоҳӣ манфӣ ба бемории сурхча дар минтақаҳои бо 100000 нафар аҳолӣ, инчунин дар минтақаҳои аҳолинишини бо шумораи камтари аҳолӣ мувофиқи нишондодҳои ба он муносиб;
- фарогирии иммунизатсия бо 2 вояи ваксинаи сурхча - гулафшон ? 95% дар ҳамаи сатҳҳо (ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, муассисаҳои тиббӣ ва минтақаҳои тиббӣ).
- нигоҳ доштани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ (пешгирии ворид шудани вируси ёбоии фалаҷ аз хориҷи кишвар) то соли 2020;
- элиминатсияи сурхча (пешгирии гардиши вируси маҳаллии сурхча) то соли 2020;
- элиминатсияи гулафшон (пешгирии гардиши вируси маҳаллии гулафшон) то соли 2020;
- пешгирии алоими гулафшони модарзодӣ, ба даст овардани нишондоди ?1 ҳодиса ба 100000 кўдакони зинда таваллудшуда то соли 2020;
- роҳ надодан ба ҳодисаҳои кузози навзодон то соли 2020;
- ноил шудан ба нишондоди паҳншавии ҳодисаҳои бемории гулўзиндонак камтар аз 0,1 ба 100000 аҳолӣ то соли 2020;
- кабудсулфа камтар аз 1 ҳодиса ба 100000 аҳолӣ то соли 2020;
- назорати эпидемиологии сироятёбии гепатити В. Коркарди нақшаи чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди гепатити В мувофиқи тавсияи "Нақшаи амалии Аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба ваксина дар солҳои 2015-2020" то соли 2017;
- роҳ надодан ба хатогиҳои кормандони тиб, ки ба ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия оварда мерасонанд, то соли 2020;
- васеъ намудани қисмҳои иммунология ва иммунопрофилактика дар ҷумҳурӣ, дар нақшаҳои таълимии таҳсилоти тиббии муассисаҳои давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино", "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" ва "Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" то соли 2018;
- коркард ва дар амал ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ барои кормандони тиб оид ба масъалаҳои иммунопрофилактика аз соли 2017.
- ноил шудан ба сатҳи баланди масъулияти миллӣ барои таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо кормандони баландихтисоси тиб ва захираҳои моддии зарурӣ барои ҳалли масъалаҳои дар пеш гузошташуда;
- ноил шудан ба баландшавӣ ва устувор нигоҳ доштани сатҳи баланди фарогирии иммунизатсияи нақшавӣ (?95%) бо панҷ вояи ваксинаи зидди фалаҷ, ду вояи ваксинаи сурхча - гулафшон, чор вояи ваксинаи гепатити В дар муҳлатҳои муайяншуда мувофиқи тақвими миллии иммунизатсия, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст;
- иммунизатсияи нопурраи кўдакони синни то 1-сола аз соли 2016 то соли 2020 бо вояҳои ваксинаи зидди бемориҳои гулўзиндонак, кабудсулфа ва кузоз 1 - ваксинаи зидди бемориҳои гулўзиндонак, кабудсулфа ва кузоз 3, ваксинаи даҳонии бемории фалаҷ 1ваксинаи даҳонии бемории фалаҷ 3 бояд дар ҳамаи шабакаҳои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ на беш аз 5 %-ро ташкил диҳад;
- устувор намудани барномаҳои иммунизатсияи нақшавӣ бар зидди бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, бо роҳи тақвияти ҷузъҳои асосии инфрасохтори мавҷудбудаи иммунопрофилактика;
- баланд бардоштани бехатарӣ ва самаранокии иммунизатсия;
- коркарди системаи мониторинги фарогирии иммунизатсия бо мақсади кам кардани шумораи кўдаконе, ки курси пурраи иммунизатсияро ба анҷом нарасонидаанд;
- кам кардани сатҳи имкониятҳои аз даст дода ва шумораи зидди нишондодҳои беасос барои иммунизатсия;
- таълими иловагии мутахассисон ва рушди системаи иттилоотӣ, инчунин коркарди маводи таълимӣ ва робита бо ҷомеа;
- истифодаи чорабиниҳои иловагии иммунизатсионӣ (иммунизатсияи маҳдуд дар манбаъҳои бемориҳои сироятӣ);
- тақвияти низоми назорати эпидемиологӣ аз рўи бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда бо роҳи гузаронидани тафтишоти мукаммал ва бо тасдиқи озмоишгоҳии тамоми ҳодисаҳои гумонбаршуда;
- ворид намудани назорати эпидемиологӣ аз рўи ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия дар барномаи таълимии кормандони шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ оид ба назорати эпидемиологӣ аз болои бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда;
- беҳтар намудани дастрасӣ ба маълумоти сифатнок ва дақиқ оид ба манфиат ва хатарҳо, вобаста ба иммунизатсияи бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва аҳолӣ, дар якҷоягӣ бо кормандони соҳаи маориф, пешвоёни дин, воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ, табибони оилавӣ, кормандони миёнаи тиб ва фаъолони касбии омўзонидашуда дар соҳаи тандурустӣ;
- гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии самтҳои асосии Барнома.
- тартибдиҳии нақшаи иммунизатсияи кўдакон мувофиқи фармоиши тасдиқшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2014, № 643 "Дар бораи такмилдиҳии системаи пешгирии бемориҳои бо ваксина идорашаванда";
- баҳисобгирии миқдори зарурии тамоми намуди ваксинаҳои барои фарогирии иммунизатсияи гурўҳи мақсаднок пешбинишуда бо дарназардошти захираи онҳо;
- риояи қатъии усулҳои бехатар гузаронидани иммунизатсия;
- баҳисобгирии иммунизатсия (дафтари қайди иммунизатсия), таърихи инкишофёбии кўдак (шакли 112), корти қайди иммунизатсияи кўдак (шакли 63), шиносномаи иммунизатсияи кўдак ва тайёр намудани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ - ҳисобот оид ба иммунизатсия ва баҳисобгирии ваксинаҳо (шакли 2);
- назорат ва баҳисобгирии ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия;
- риояи қатъии тартиби амалиётҳои стандартӣ оид ба занҷири хунукитаъминкунанда;
- истифодаи оқилона, назорати даромаду хароҷоти ваксинаҳо, сўзандоруҳо ва қуттиҳо барои бехавф маҳв намудани маводи тазриқии истифодашуда (дафтари назорати ваксинаҳо, сўзандоруҳо ва қуттиҳои маҳви бехатар);
- таъмини системаи пайгирӣ аз рўи кўдаконе, ки иммунизатсияро ба пуррагӣ нагирифтаанд (яъне вояи ваксинаи навбатиро сари вақт қабул накардаанд);
- асосноккунии зидди нишондодҳо, гузаронидани иммунизатсияҳои пешгирикунанда ва таҳлили зидди нишондодҳои мавҷудбуда;
- фарогирии баланди иммунизатсияи кўдакон дар соли аввали ҳаёташон;
- гузаронидани таҳлили ҳармоҳаи иҷрои нақшаи иммунизатсияи солона, моҳона, имкониятҳои аздастдодашуда бо тартибдиҳии диаграммаҳои мониторинги иммунизатсия ва иммунизатсияи ба итмом норасонида;
- баҳодиҳии мунтазами сатҳи дастрасӣ (сатҳи фарогирии иммунизатсияи кўдакони то 1-сола (?95%)) ва самаранокии (иммунизатсияи ба итмом норасонида (?5%)) хизматрасонии соҳаи иммунопрофилактика;
- муҳокима намудани масьалаҳои иммунопрофилактика дар шўрои тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.
а) вазифа - баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ва самаранокии иммунизатсия барои ҳар як кўдак, паст кардани имкониятҳои аздастдода ва иммунизатсияи ба итмом норасонида, дар он хусус, ки ягон кўдак бе асос иммунизатсия ногирифта намонад;
б) стратегия - ноил шудан ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани фарогирии иммунизатсия барои кўдакони синну соли то 1-сола ва иммунизатсияи такрорӣ (?95%) мувофиқи вазифаҳо оид ба сатҳи фарогирии иммунизатсия (замимаи 1);
в) гузарондани иммунизатсияи нақшавӣ бо истифода аз:
- сессияҳои доимӣ;
- сессияҳои сайёр;
- ташкил намудани бригадаҳои мобилӣ бо истифода аз манбаъҳои иловагии маҳаллӣ барои нақлиёт ва сўзишворӣ;
г) тақвими миллии иммунизатсия - ҳуҷҷатест, ки муҳлат ва тартиботи ба аҳолӣ гузарондани иммунизатсияро муқаррар мекунад (замимаи 2);
ғ) барои ташкили коргузории иммунизатсия, аҳамияти аввалиндараҷа ба дуруст ва пурра бақайдгирии тамоми кўдаконе, ки дар ин ҳудуд зиндагӣ мекунанд, мавҷудияги ҳуҷҷатҳо барои ҳар як кўдак, бақайдгирии аниқи кўдаконе, ки иммунизатсия гирифтаанд ва онҳое, ки иммунизатсияро мувофиқи муҳлатҳои дар тақвим пешбинишуда нагирифтаанд, дода мешавад. Ҳамаи шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бояд нақшаи иммунизатсияи кўдаконро дошта бошанд;
д) дар нақша маълумоти рақамӣ оид ба шумораи аҳолӣ, миқдори ваксинаҳои зарурӣ, чорабиниҳо ва манбаъҳои лозима барои гузарондани иммунизатсияи нақшавӣ бояд нишон дода шавад. Диққати махсус бояд ба пуррагии сатҳи фарогирии иммунизатсия дар байни гурўҳҳои осебпазир (маҳаллаҳои душворгузар, бо ақаллиятҳои этникӣ, географӣ, бо кормандони тиб таъмин набудани баъзе аз муассисаҳои тиббии дурдаст, маҳаллаҳои лўлинишин) дода шавад:
- тақвият додани сиёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани зидди нишондодҳои беасос ва кафолат додани он, ки танҳо кормандони тибби шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ метавонанд хулосаи охиронро оид ба нишондодҳои зид диҳанд;
- бо мақсади дарёфти мушкилоти вобаста ба дастрасӣ ва паст будани самаранокии хизматрасониҳои иммунизатсионӣ ва муайян намудани ҳудудҳое, ки ба чораҳои аввалиндараҷа ниёз доранд, инчунин андешидани чораҳо барои бартараф намудани онҳо, дар сатҳи ҳар як муассисаи тиббии шаҳру ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ, "Таҳлили миқдории маълумот" ҷорӣ карда шавад.
а) дар маҷмўъ, тамоми хизматрасониҳои иммунопрофилактика дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ ройгон гузаронида мешаванд:
- ташкил намудани таъминот бо ваксинаҳо ва маводи иммунизатсионӣ, бартарияти муҳими барнома ба ҳисоб меравад;
- дастраскунии ваксинаҳое, ки барои амалигардонии барномаи миллӣ лозиманд, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика" ба воситаи филиали Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика" ва Маркази иммунопрофилактика дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буда, тамоми муассисаҳои тиббии ҷумҳуриро таъмин менамояд. Тамоми ваксинаҳо аз ҷониби Шуъбаи таъминоти Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Копенгагени Шоҳигарии Дания ҷойгир буда, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика" харидорӣ карда мешаванд;
- барои бомуваффақият амалисозии Барнома, таъминоти пурра ва доимии ваксинаҳо ва дигар маводи иммунизатсионӣ лозим аст;
б) талабот ба ваксинаҳо - тамоми ваксинаҳое, ки барои иммунизатсия истифода бурда мешаванд, бояд безарар, қобилияти иммуногении баланд дошта, дорои сертификати сифати мутобиқати талаботи байналмилалӣ ба маводи иммунобиологиро дошта бошанд:
- ваксинаҳое, ки аз ҷониби Шуъбаи таъминоти Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид барои иҷрои мақсадҳои барномаи васеи иммунизатсия дар Тоҷикистон харидорӣ карда мешаванд, сифати боварии комилро доро мебошанд. Тамоми ваксинаҳое, ки тавассути системаи Созмони Милали Муттаҳид харидорӣ карда мешаванд, дорои сертификати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошанд;
- ба тамоми ваксинаҳое, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, аз тарафи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ сертификати мутобиқат дода мешавад;
- арзёбии идоракунии самараноки ваксинаҳо дар ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2012 гузаронида шуда буд, нишон дод, ки идоракунии ваксинаҳо ва мониторинги захираҳо дар ҷумҳурӣ мувофиқи талабот амалӣ карда мешавад;
в) вазифа - баланд бардоштани идоракунии самараноки ваксинаҳо ва идоракунии сифат;
г) қисми асосии системаи идоракунии самараноки ваксинаҳо ва идоракунии сифатро тартиби амалиётҳои стандартӣ ташкил медиҳад, ки аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия карда шудааст;
ғ) бо мақсади таъмин намудани идоракунии самараноки ваксинаҳо ва назорати сифат дар соли 2015 Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика" дар якҷоягӣ бо Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид, тартиби амалиётҳои стандартиро коркард намуданд, ки дар нуҳ меъёр (қабули ваксинаҳо, мониторинги ҳарорат, ҳаҷми нигоҳдорӣ, бино, таҷҳизот ва нақлиёт, хизматрасонии техникӣ ва таъмир, назорати захираҳо, тақсимот, борбандии яхдонҳои сайёр, идоракунии ваксинаҳо ва идоракунии барномавии умумӣ) ба шароити миллӣ мутобиқ карда, ба филиали Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика", Маркази иммунопрофилактика, шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо ва роҳбарони соҳаи иммунопрофилактика барои дар амал татбиқ намудан пешниҳод карда шуданд.
а) вазифа - риояи қатъии талаботи ваксинаҳо дар ҳама марҳилаҳо, ҳангоми интиқолдиҳӣ, нигоҳдорӣ дар яхдон ё дар хонаяхдон, инчунин ҳангоми истифодабарии он дар вақти гузарондани иммунизатсия дар муассисаҳои тиббӣ;
б) стратегияҳо - ташкил намудани занҷири хунукитаъминкунанда, ки се ҷузъи муҳимро дар бар мегирад:
- мутахассиси омўзонидашуда, ки бевосита бо таҷҳизоти хунукитаъминкунанда кор мекунад;
- таъминот бо таҷҳизоти хунукитаъминкунанда барои нигоҳдорӣ ва интиқолдихии ваксинаҳо;
- амалӣ намудани тартиби назорат аз рўи тақсимот ва истифодабарии ваксинаҳо;
в) барои таъмин намудани занҷири хунукитаъминкунанда дар солҳои 2016-2020:
- идома додани бозомўзии мутахассисон дар тамоми сатҳҳо оид ба тартиби амалиётҳои стандартӣ доир ба таҷҳизоти занҷири хунукитаъминкунанда;
- дар сатҳи анбори марказӣ ва анборҳои вилоятӣ ваксинаи даҳонии зидди бемории фалаҷ (ВДБФ) дар ҳарорати -15 -25 С° нигоҳ дошта мешаванд (ҳарорати мувофиқ барои нигоҳдории ваксинаҳои дигар +2+8 С° );
- дар марказҳои иммунопрофилактикаи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тиббию профилактикӣ нигоҳдорӣ ва интиқоли тамоми ваксинаҳо дар ҳарорати +2 +8 С° таъмин карда шавад;
- муқаррар намудани ҳисоботи мунтазам оид ба мавҷудият ва ҳолати техникии таҷҳизоти хунукитаъминкунанда;
- банақшагирии хизматрасонии техникии таҷҳизоти хунукитаъминкунанда ва таъмири онҳо, дастур додани мутахассисоне, ки бо ин таҷҳизот кор мекунанд;
- вобаста намудани мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои дастгирии иловагии харидории таҷҳизоти занҷири хунукитаъминкунанда ба муассисаҳои тиббии дахлдор (замимаи 3);
- таъмин намудани иҷрои тартиби амалиётҳои стандартӣ оид ба таҷҳизоти занҷири хунукитаъминкунанда;
- дар тамоми муассисаҳои тиббие, ки ваксинаҳо нигоҳ дошта мешаванд, "Нақшаи чорабиниҳои фаврӣ дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда", ки метавонад ба бехатарии ваксинаҳо таъсир расонанд, тартиб дода шавад.
- дар ҷои тозаи махсус ҷудокардашуда (ақаллан дар мизи алоҳида);
- дар ҷараёни омодашавӣ ва гузаронидани иммунизатсия ба сўзан бояд даст нарасонанд, инчунин ба рўйпўшҳои тамйизнабуда сўзан бояд нарасад;
- барои тоза кардани ҷои иммунизатсия, танҳо пахтаи тамйизёфта истифода бурда шавад;
- ваксинаро танҳо ҳамон вақте, ки кўдак ба иммунизатсия тайёр мебошад ба сўзандору гирифтан лозим аст;
- дар давоми сессияи иммунизатсионӣ ваксина бояд дар зери қабати поролонии ҷузвдони ҳароратӣ (термосумка) нигоҳ дошта шавад;
- ваксинаҳои зинда бояд танҳо бо ҳалкунандаҳои ҳамон истеҳсолкунандаи ваксина ҳал карда шаванд;
- ваксинаҳои зинда (ваксинаи зидди бемории сил (БСЖ), сурхчагулафшон) баъди ҳалкуниашон танҳо дар давоми шаш соат бояд истифода бурда шаванд;
- зарфҳои бо ваксинаҳои ҳалшуда аз нурҳои офтоб ҳимоя карда шаванд;
- вояи пурраи ваксинаро бояд ба ҷойи муайяншуда ва ба таври дуруст ворид кард (китф, рони пой, зери пўст, дохили пўст, дохили мушак);
- талафи ваксинаҳо мувофиқи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бояд ба инобат гирифта шавад (замимаи 4).
- мониторинг - ин назорати мунтазам аз рўи нишондодҳои "индикаторӣ"-и аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсиядодашуда мебошад, ки имконияти баҳодиҳии сифат ва самаранокии иҷрои самтҳои асосии Барномаро амалӣ мегардонад;
- мониторинги мунтазам ва баҳодиҳии самтҳои асосии Барнома барои ошкор намудани он қисмҳое, ки ба такмилдиҳӣ ниёз доранд, зарур мебошад, инчунин барои дастрас намудани маълумоте, ки мувофиқ ва сифатнок будани маълумоти пешниҳодгардидаро тасдиқ мекунад;
- ин махсусан барои баҳодиҳии мақсад ва вазифаҳои дар Барнома гузошташуда оид ба паст ва маҳв намудани бемориҳои сироятии пешгиришаванда то соли 2020 муҳим аст;
- мониторинг, таҳлили фарогирии иммунизатсия ва назорати эпидемиологӣ аз рўи бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, бояд дар сатҳи ҳамаи минтақаҳои маъмурӣ ва муассисаҳои тиббӣ амалӣ гардонида шавад (кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, сохтори госпиталӣ, раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳрҳо ва дар сатҳи ҷумҳурӣ). Системаи мониторинги боэътимод дар бар мегирад: фарогирии иммунизатсия, сифат ва бехатарии ваксинаҳо, тазриқҳои бехатар, занҷири хунукитаъминкунанда ва назорати эпидемиологӣ аз болои ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия;
- илова ба мониторинги нақшавӣ, мебояд таҳлили амиқи даврии системаи иммунопрофилактика ва назорати эпидемиологиро аз рўи бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда гузаронд, ки ин имконияти баҳодиҳии сифатнокӣ, пуррагӣ, қобили истифода будан ва самаранокии онро фароҳам меоварад;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гурўҳҳои мониторингиро барои гузаронидани мониторингҳои мунтазами фаъолияти соҳаи иммунопрофилактика дар муассисаҳои тиббии дахлдор, бо воситаҳои нақлиёт ва сўзишворӣ таъмин намоянд.
- истифодабарии муқаррароти стандартии муайян намудани ҳодисаҳо, ки аз тарафи Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ коркард шудааст;
- ошкор кардани ҳодисаҳо;
- бақайдгирӣ ва баҳисобгирӣ;
- расонидани хабарнома оид ба дарёфти ҳодисаҳо ба идораҳои боломақом дар муддати ?24 соат;
- гузаронидани тафтишоти эпидемиологии дақиқ дар муддати ?48 соат аз лаҳзаи дарёфт бо пур намудани шакли тафтишотӣ;
- гирифтани мавод барои ташхиси озмоишгоҳӣ ва интиқоли он ба ташхисгоҳ;
- гузаронидани таҳлили озмоишгоҳӣ дар озмоишгоҳҳои боварибахши Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ;
- таҳти назорат гирифтани беморон бо фалаҷи шадиди суст, сурхча, гулафшон, гулўзиндонак, ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия; - чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ дар манбаи беморӣ, иммунизатсияи маҳдуд дар маҳаллаҳои аҳолинишин;
- пуррагӣ ва саривақтии хабарномаҳои "сифрӣ"-и ҳафтаина бо ҳисоботи моҳона;
- фарогирии иммунизатсия сол ба сол, дар минтақаҳои маъмурӣ, муассисаҳои тиббӣ;
- иммунизатсияи ба итмом норасида дар минтақаҳои маъмурӣ, муассисаҳои тиббӣ, сол ба сол;
- шумораи ҳодисаҳо ва нишондодҳои бемориҳо мувофиқи синну сол, ҷинс ва вазъи иммунизатсионӣ;
- назорат ва таҳлили нишондодҳои стандартии сифатнокии назорати эпидемиологӣ, ки аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия шудааст, бо қабул намудани қарорҳои мушахасс;
- омўзонидани кормандони тамоми сатҳҳо оид ба масъалаҳои назорати эпидемиологӣ;
- нигоҳ доштани алоқа бо мутахассисоне, ки маълумоти авваларо пешниҳод менамоянд.
а) аз соли 2017 дар ҷумҳурӣ аз нав ҷорӣ намудани иммунизатсия дар байни:
- наврасон ва калонсолон бар зидди гулўзиндонак ва кузоз бо анатоксини ваксинаи зидди бемориҳои гулўзиндонак ва кузоз бо миқдори камтарини антигенҳо;
- занҳои ҳомила бар зидди кузоз бо анатоксини бар зидди бемории кузоз;
б) иваз намудани ваксинаи сурхча - гулафшон ба ваксинаи сурхчапаротит-гулафшон;
в) аз соли 2017-ум ворид намудани ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи сўзандору гузаронида мешавад;
г) ворид намудани ваксинаи пневмококкӣ аз соли 2018;
ғ) ворид намудани ваксинаи зидди саратони гарданаки бачадон аз соли 2020.
- беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти эътимоднок оид ба бартариҳо ва хатарҳои иммунизатсия бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда барои кормандони тиб ва аҳолӣ;
- давом додани омўзиши кормандони тиб оид ба муоширати байни шахсиятҳо;
- васеъ истифода бурдани иқтидори рўзноманигорон барои баён намудани масъалаҳои иммунизатсияи нақшавӣ;
- ворид намудани дарсҳои омўзишӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таъмин намудани вақти кофӣ барои фаҳмондадиҳии оилаҳое, ки кўдаконашонро ба иммунизатсия меоранд;
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд чораҳоро оид ба зиёд намудани барномаҳои тарғиботӣ дар бораи моҳияти иммунизатсия ва бехатарии ваксинаҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма (телевизион, радио ва интернет) биандешад;
- Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим" - пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашавандаро дар фаъолияти худ ҳамчун яке аз афзалияти асосии кори худ дохил намояд.
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Точикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон давом дода, барои рушди стратегияҳо ва расидан ба дастовардҳои мустақилонаи иқтисодии (худмаблағгузорӣ) Барнома ва хизматрасонии иммунизатсия бояд чораҳо андешад;
- ба сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳрҳо, менеҷерони шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сартабибони беморхонаҳои марказӣ бо дархост баромадан ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои зиёд намудани саҳми онҳо дар маблағгузории Барнома (инчунин барои харидории яхдонҳо, хизматрасонии техникӣ, омўзишҳо, фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва дигар хароҷот).
Замимаҳои 1-5
Замимаи 1
Вазифаҳо оид ба сатҳи фарогирии иммунизатсия
Ваксинаҳо |
2016 |
2017 |
2018 |
2019 |
2020 |
1) БСЖ (ваксинаи зидди бемории сил) |
98% |
98% |
98% |
98% |
98% |
2) ВҶТГК (ваксинаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак, кабудсулфа ва кузоз) |
95% |
95% |
95% |
95% |
95% |
3) Пентавалентӣ |
95% |
95% |
95% |
95% |
95% |
4) ВҶГК (ваксинаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз) |
95% |
95% |
95% |
95% |
95% |
5) Сурхча/гулафшон |
95% |
95% |
95% |
95% |
95% |
6) ВДБФ (ваксинаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи даҳон гузаронида мешавад) |
95% |
95% |
95% |
95% |
95% |
7) Ротавирусӣ |
95% |
95% |
95% |
95% |
95% |
8) ВҒБФ (ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи сӯзандору гузаронида мешавад) |
95% |
95% |
95% |
95% |
95% |
9) Гепатити В |
98% |
98% |
98% |
98% |
98% |
Замимаи 2
Тақвими миллии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ваксинаҳо
|
Синну сол |
|
Иммунизатсия |
Иммунизатсияи такрорӣ |
|
*ВДБФ (ваксинаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи даҳон гузаронида мешавад) |
0-дар муддати 24 соати баъд аз таваллуд, 2,3 ва 4-моҳагӣ |
12 - моҳа |
**Гепатити В |
дар муддати 24 соати баъд аз таваллуд |
- |
БСЖ (ваксинаи зидди бемории сил) |
3-5 рӯзи баъд аз таваллуд |
6,16 - сола |
Пентавалентӣ (ВҶКГК, Hib, гепатити В) |
2-3-4 - моҳа |
- |
Сурхча — гулафшон |
12 - моҳа |
6 - сола |
ВҶКГК-4(ваксинаи ҷабидашудаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз) |
- |
16-23-моҳа |
Гулӯзиндонак ва кузоз (ВҶГК) |
- |
6 - сола |
Гулӯзиндонак ва кузоз бо миқдори камтарини антигенҳо (ВҶГК-М) |
- |
16-26-36-45-56 - сола |
Ротавирусӣ |
2-3 - моҳа |
- |
Ғайрифаъолкардашуда бар зидди бемории фалаҷ ***(ВҒБФ) |
3 - моҳа |
- |
* Дар ҳолате, ки агар тифл ҳангоми таваллудшавӣ вояи сифрии ВДБФ-ро нагирифта бошад, бояд ӯ иммунизатсияро дар давоми 14 рӯзи баъд аз таваллуд гирад.
** Дар ҳолате, ки агар тифл ҳангоми таваллудшавӣ вояи гепатити В нагирифта бошад, бояд ба ӯ дар давоми 7 рӯзи баъди таваллуд иммунизатоия гузаронида шавад.
*** Ҷорикунии ваксинаи ВҒБФ аз соли 2017-ум ба нақша гирифта шудааст.
Замимаи 3
Талабот ба яхдонҳо барои муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Минтақа |
Марказҳои саломатии деҳотӣ (адад) |
Бунгоҳҳои саломатӣ (адад) |
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
20 |
159 |
Минтақаи Рашт |
8 |
101 |
Минтақаи Кӯлоб |
7 |
84 |
Минтақаи Қӯрғонтешга |
- |
228 |
Вилояти Суғд |
16 |
178 |
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла: |
- |
125 |
н. Рӯдакӣ |
- |
41 |
ш, Ваҳдат |
- |
31 |
н. Файзобод |
- |
15 |
ш. Ҳисор |
- |
14 |
ш. Турсунзода |
- |
- |
н. Варзоб |
- |
22 |
н. Шаҳринав |
- |
2 |
Ҳамагӣ: |
51 |
875 |
Замимаи 4
Вазифаҳо оид ба нишондоди талафи ваксинаҳо
Ваксинаҳо |
2016 |
2017 |
2018 |
2019 |
2020 |
1) БСЖ (ваксинаи зидди бемории сил) |
25% |
25% |
25% |
25% |
25% |
2) ВҶКГК (ваксинаи ҷабидашудаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз) |
20% |
20% |
20% |
20% |
20% |
3) Пентавалентӣ |
5% |
5% |
5% |
5% |
5% |
4) ВҶГК (ваксинаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз) |
20% |
20% |
20% |
20% |
20% |
5) Сурхча/гулафшон |
20% |
20% |
20% |
20% |
20% |
б) ВДБФ (ваксинаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи даҳон гузаронида мешавад) |
20% |
20% |
20% |
20% |
20% |
7) Ротавирусӣ |
5% |
5% |
5% |
5% |
5% |
8) ВҒБФ (ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ, ки бо тариқи сӯзандору гузаронида мешавад) |
20% |
20% |
20% |
20% |
20% |
9) Гепатити В |
5% |
5% |
5% |
5% |
5% |
Замимаи 5
Талабот ба ваксинаҳо ва маводи тазриқӣ барои
иммушазатсияи нақшавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ваксинаҳо
|
Соли 2016 |
Соли 2017 |
Соли 2018 |
Соли 2019 |
Соли 2020 |
||||||||||
Гурӯҳи мақсад-нок (нафар) |
Миқдори умумии вояҳо бо ҳисоби нишондоди сарфиёт ва 25% захираи эҳтиётӣ (воя) |
Ба маблағи умумӣ бо доллари ИМА |
Гурӯҳи мақсаднок (нафар) |
Миқдори умумии вояҳо 6о ҳисоби нишондоди талаф (воя) |
Ба маблағи умумӣ бо доллари ИМА |
Гурӯҳи мақсаднок (нафар) |
Миқдори умумии вояҳо бо ҳисоби нишондоди талаф (воя) |
Ба маблағи умумӣ бо доллари ИМА |
Гурӯҳи мақсаднок (нафар) |
Миқдори умумии вояҳо бо ҳисоби нишондоди талаф (воя) |
Ба маблағи умумӣ бо доллари ИМА |
Гурӯҳи мақсаднок (нафар) |
Миқдорк умумии вояҳо бо ҳисоби нишондоди талаф (воя) |
Ба маблағи умумӣ бо доллари ИМА |
|
БСЖ (20 – воягӣ) |
274000 |
455525 |
31887 |
282768 |
376081 |
26326 |
291817 |
388117 |
27168 |
301155 |
400536 |
28038 |
310792 |
413353 |
28935 |
Пентавалентӣ (1 – воягӣ) |
274000 |
1078875 |
2805075 |
282768 |
890719 |
2315869 |
291817 |
919224 |
2389982 |
301155 |
948638 |
2466459 |
310792 |
978995 |
2545387 |
ОПВ (20 – воягӣ) |
274000 |
1616600 |
339486 |
282768 |
1334665 |
280280 |
291817 |
1377376 |
289249 |
301155 |
1761251 |
369863 |
310792 |
1817610 |
381698 |
Гепатити В (1 – воягӣ) |
274000 |
359625 |
136658 |
282768 |
296906 |
112824 |
291817 |
306408 |
116435 |
301155 |
316213 |
120161 |
310792 |
326332 |
124006 |
Ротавирусӣ (1 – воягӣ) |
274000 |
719250 |
14744" |
282768 |
593813 |
1217317 |
291817 |
612816 |
1256273 |
301155 |
632426 |
1188961 |
310792 |
652663 |
1227006 |
ИПВ (10 – воягӣ) |
274000 |
404150 |
767885 |
282768 |
333666 |
633965 |
291817 |
344344 |
654254 |
301155 |
355363 |
675190 |
310792 |
366735 |
696797 |
Сурҳча гулафшон (10 – воягӣ) |
262000 |
435575 |
252634 |
270384 |
359611 |
208574 |
279036 |
371118 |
215248 |
247298 |
711899 |
412901 |
297180 |
734681 |
426115 |
АКДС (10 – воягӣ) |
262000 |
435575 |
87115 |
270384 |
359611 |
71 922 |
279036 |
37Ш8 |
74224 |
287965 |
382993 |
76599 |
297180 |
395249 |
79050 |
АДС – (10 – воягӣ) |
225000 |
374062 |
44887 |
232200 |
308826 |
37059 |
239360 |
318708 |
38245 |
247298 |
328906 |
39469 |
255212 |
339432 |
40732 |
Ваксинаҳо |
|
|
6344326 |
|
|
5237873 |
|
|
5405495 |
|
|
5470955 |
|
|
5646026 |
Сӯзандоруҳо |
|
|
223815 |
|
|
184780 |
|
|
190696 |
|
|
168666 |
|
|
174062 |
Фрахт+хиз-матрасонӣ+ буфер |
|
|
1323769 |
|
|
1092902 |
|
|
1127878 |
|
|
1128979 |
|
|
1165105 |
Маблағи умумӣ |
|
|
7891910 |
|
|
6515 555 |
|
|
6724069 |
|
|
6768600 |
|
|
6985193 |
Ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 октябри соли 2016, № 456
тасдиқ шудааст
Нақшаи
чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи миллии иммунопрофилактика
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
р/т |
Чорабиниҳо |
Иҷрокунандагон |
Муҳлати татбиқ |
Маблағ бо доллари ИМА |
Сарчашмаи маблағгузорӣ |
1. Такмили соҳаи иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи тақвияти базаи моддию техникӣ |
|||||
1.1. |
Беҳтар намудани заминаи моддию техникии марказҳои иммунопрофилактикаи шаҳру ноҳияҳо |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2016-2020 |
93750,00 |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ |
1.2. |
Нигоҳ доштани сатҳи баланди фарогирии иммунизатсия мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсия |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2016-2020 |
- |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ |
1.3. |
Назорати фаъоли эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2016-2020 |
- |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ |
1.4. |
Мониторинг ва баҳодиҳии самтҳои асосии Барнома |
Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2016-2020 |
- |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ |
1.5. |
Тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба ҷустуҷӯ намудани шарикони нав барои расонидани кумак дар амалигардонии Барнома |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2016-2020 |
- |
- |
2. Такмили барномаҳои омӯзишӣ дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва инчунин баланд бардоштанн сатҳи дониши мутахассисони соҳа, махсусан тайёрии тодипломӣ ва баъдмидипломии мутахассисон |
|||||
2.1. |
Васеъ намудани қисмҳои иммунология ва иммунопрофилактика дар барномаҳои таълимӣ |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино" |
2016-2020 |
- |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ |
2.2. |
Ворид намудани сессияҳои омӯзишӣ оид ба қисмҳои соҳаи иммунопрофилактика дар барномаҳои таълимӣ |
Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" |
2016-2020 |
- |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ |
2.3. |
Мунтазам гузаронидани семинарҳои таълимӣ оид ба назорати эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2016-2020 |
15000,00 |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ
|
3. Харидорӣ, интиқол ва таъмин намудани нигоҳдории ваксинаҳо бо риояи шароити занҷири хунукитаъминкунанда |
|||||
3.1. |
Таъмини талаботи аҳолӣ бо ваксинаҳои сифатнок |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2016-2020 |
34, 885, 327 |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ |
3.2. |
Беҳтар намудани системаи занҷири хунукитаъминкунанда |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2016-2020 |
6250,00 |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ |
3.3. |
Тартиб додан ва ҷорӣ намудани "ТАС оид ба ИСВ" |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2016-2020 |
- |
Маблағҳон пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ |
3.4. |
Баргузор намудани омӯзишҳои таълимӣ дар байни кормандони тиб оид ба ТАС |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2016-2020 |
- |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ |
3.5. |
Мониторинги мунтазами иҷрои ТАС оид ба ИСВ |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2016-2020 |
- |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ |
3.6. |
Гузаронидани баҳодиҳии ИСВ ва пешниҳод намудани тавсияҳо барои такмили он |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2016-2020 |
- |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ |
4. Сафарбаркунии иҷтимоӣ |
|||||
4.1. |
Таҳияи маводи иттилоотию таълимӣ барои кормандони тиб ва аҳолӣ оид ба самаранокии иммунизатсия |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2016-2020 |
500 |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ |
4.2. |
Омӯзипш кормандони тиб оид ба ташвиқот ва сафарбаркунӣ |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2016-2020 |
- |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ |
4.3. |
Истифода намудани рӯзномаҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаҳои интернетӣ барои ташвиқоти иммунизатсия |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2016-2020 |
200 |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ |
4.4 |
Беҳтар намудани дастраснокии маълумоти сифатнок ва дақиқ оид ба манфиатҳои иммунизатсия дар байни аҳолӣ |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2016-2020 |
- |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ |
5. Ворид намудани ваксинаҳои нав |
|||||
5.1. |
Ворид намудани ваксинаи ғайрифаъолкардашуда бар зидди бемории фалаҷ (ИПВ) |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2017 |
- |
Кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ |
5.2. |
Аз нав амалӣ гардонидани иммунизатсия дар ҷумҳурӣ дар байни наврасон ва калонсолон бар зидди гулӯзиндонак ва кузоз бо ваксинаи ВҶГКк |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2017 |
- |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ |
5.3. |
Ворид намудани анатоксин бар зидди кузоз дар байни занони ҳомила (АК) |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2017 |
- |
Маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ |
5.4. |
Иваз намудани ваксинаи сурхча-гулафшон ба ваксинаи сурхча-паротит-гулафшон |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2017 |
- |
Маблағхри пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ |
5.5 |
Ворид намудани ваксинаи пневмококкӣ ба тақвими миллии иммунизатсия |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2018 |
- |
Кумаки ташкилотҳои байналминалӣ |
5.6. |
Ворид намудани ваксинаи зидди саратони гарданаки бачадон ба тақвими миллии иммунизатсия |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ |
2020 |
- |
Кумаки ташкилотҳои байналмалалӣ |