Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ ТАЪЛИМИ КАСБИИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
- созмон додани заминаи ҳуқуқии соҳа тавассути коркард ва қабули санадҳои Меъёрии ҳуқуқӣ;
- муайян намудани самтҳои асосии рушди таълими касбии калонсолон дар маҷмўъ то давраи соли 2020;
- ба роҳ мондани омори расмии соҳавӣ;
- ҷорӣ намудани системаи арзёбии воқеии сифати таълим;
- васеъ намудани шабакаи марказҳои таълими калонсолон бо фарогирии тамоми манотиқи Тоҷикистон, таъмини молиявии ин раванд;
- татбиқи чорабиниҳои иттилоотӣ дар самти ҷалби калонсолон ба таълими касбӣ, ҳамкории мунтазам ба расонаҳои хабарӣ;
- идомаи фаъолият дар таъминоти моддӣ ва рушди заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии соҳа;
- васеъ намудани фаъояият дар самти таъминоти кадрии Соҳа, ба роҳ мондани таълим дар омода намудани мутахассисони дорои сатҳу сифати баланди касбӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;
- рушди заминаи илмии таълими касбии калонсолон дар Тоҷикистон;
- васеъ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти таълими касбии калонсолон ва ҷалби бештари шарикони рушд.
- рушди заминаҳои сохтории таълими касбии калонсолон;
- васеъ намудани дастрасии калонсолон ба таълими касбии босифат;
- ҷалби ҳарчӣ бештари калонсолон ба таълими касбҳои гуногун.
- таҳия ва ҷорӣ намудани сохтори мукаммали ҷамъоварии маълумоти омории таълими касбии калонсолон ва фарогирии аҳолии калонсол ба таълими касбӣ;
- таҳияи низоми ягонаи эътирофкунии расмии (сертификатсиякунонии) малакаҳои касбии муҳоҷирони бозгашта, бо дарназардошти Таснифоти касбии амалкунандаи Тоҷикистон;
- дар заминаи Пажўҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани тақиқотҳои илмӣ дар самти таълими касбии калонсолон.
- васеъ намудани шабакаи марказҳои таълими калонсолон дар манотиқи гуногуни кишвар бо технологияи муосир ва таъминоти кадрӣ;
- ҷорӣ намудани курсҳои кўтоҳмуддати таълими касбии калонсолон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;
- дар доираи маблағҳои пешбинишудаи Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ба роҳ мондани курсҳои кўтоҳмуддатӣ доимоамалкунандаи мутахассисони соҳаи таълими касбии калонсолон;
- андешидани чораҳо ҷиҳати дастрасии таҳсилот барои маъюбон ва дигар табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар марказҳои таълими калонсолон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- ҷорӣ намудани омўзиши асосҳои соҳибкорӣ дар нақша ва барномаҳои таълими касбии калонсолон дар муассисаҳои таълими калонсолон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ,
- амали намудани чорабиниҳои иттилоотию тарғиботи дар байни ҷавонон ва калонсолони корҷўянда;
- васеъ намудани ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма дар самти тарғиботи зарурати таҳсилот дар тўли тамоми ҳаёт;
- дар муассисаҳои таълими калонсолон васеъ намудани омўзиши касбҳои гуногун, бо дарназардошти талаботи табақаи калонсоли аҳолӣ;
- фаъолгардонии иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ вобаста ба самти таълими касбии калонсолон ва ҷалби иқтидори шарикони рушд.
- созмон додани заминаи ҳуқуқии таълими касбии калонсолон бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ;
- ба роҳ мондани омори соҳавӣ ва ҷамъоварӣ намудани маълумоти оморӣ оид ба фарогирии калонсолон ба курсҳои кўтоҳмуддати таълими касбӣ;
- тайёр намудани олимони дорои унвонҳои илмӣ бахшида ба соҳаи таълими калонсолон дар Пажўҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
- фарогирии калонсолон бо таълими касбӣ вобаста ба нишондоди соли 2015;
- ташкил ва гузаронидани такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи таълими калонсолон;
- ҷорӣ намудани омўзиши асосҳои соҳибкорӣ дар ҳамаи курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзии муассисаҳои таълими калонсолон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ.
Замима
Замима
ба Барномаи рушди таълими
касбии калонсолони Тоҷикистон
барои солҳои 2016-2020
Тадбирҳои
амалӣ намудани Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
№ р/т |
Номгӯи чорабиниҳо |
Мӯҳлати иҷро |
Масъулин |
1. |
Таҳия ва ҷорӣ намудани механизми ҷамъоварии маълумоти омории таълими касбии калонсолон ва фарогирии аҳолии калонсол ба таълими касбӣ |
2016-2017 |
Агентии омор, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, вазорату идораҳои дахлдор |
2. |
Дар заминаи Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба роҳ мондани таҳқиқотҳои илмӣ дар самти таълими касбии калонсолон |
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор |
3. |
Васеъ намудани шабакаи марказҳои таълимии калонсолон дар манотиқи гуногуни кишвар |
2016-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ |
4. |
Ба роҳ мондани курсҳои кӯтоҳмуддати таълими касбии калонсолон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ |
|
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ/Вазорати маориф ва илм |
5. |
Бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат, таҳия намудани нақша ва барномаҳои курсҳои кӯтоҳмуддати таълими касбии калонсолон |
2017 |
Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ |
6. |
Дар доираи маблағҳои пешбинишудаи Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ба роҳ мондани курсҳои доимоамалкунанда барои таълими касбии калонсолон |
2017-2019 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ |
7. |
Ба роҳ мондани ҳамкорш доимӣ оид ба ҷалби шарикони рушд ҷиҳати маблағгузорӣ ва рушди соҳа |
2016-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, |
8. |
Андешидани чораҳо ҷиҳати дастрасии таҳсилот барои маъюбон ва дигар табақаи осебпазири аҳолӣ дар марказҳои таълими калонсолон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ |
2016-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм |
9. |
Ҷорӣ намудани омӯзиши асосҳои соҳибкорӣ дар нақша ва барномаҳои таълими касбии калонсолон дар муассисаҳои таълими калонсолон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ |
2016-2018 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм |
10. |
Амалӣ намудани чорабиниҳои иттилоотию тарғиботӣ дар байни ҷавонон ва калонсолони корҷӯянда |
2016-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио |
11. |
Васеь намудани ҳамкорӣ бо ВАО дар самти тартиби зарурати таҳсилот дар тӯли тамоми ҳаёт |
2016-2018 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи телевизионва радио |
12. |
Дар муассисаҳои таълими калонсолон васеъ намудани омӯзиши касбҳои иловагӣ бо дарназардошти талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷи кишвар |
2018-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ |
13. |
Фаъолгардонии иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ вобаста ба самти таълими касбии калонсолон ва ҷалби бештари иқтидори шарикони рушд |
2016-2020 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ |