ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
ДАР БОРАИ БАРНОМАИ АЗ ХУД НАМУДАНИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ВА СОХТМОНИ
НЕРЎГОҲҲОИ ХУРДИ БАРҚИ ОБӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- роҳбарии умумии татбиқи Барнома, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Помир Энерҷӣ"-ро амалӣ намояд;
- маълумоти аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вобаста ба рафти иҷрои Барномаи пешниҳодшударо ҷамъбаст ва таҳлил намуда, ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2015, № 795
ш. Душанбе