Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР СОЛҲОИ 2016-2020
- офаридани навъу дурагаҳои серҳосили зироатҳо, дарахтони мевадиҳандаву ток, зоту типҳои сермаҳсули чорво;
- гирд овардан, омўхтану нигоҳ доштани захираҳои генетикии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳамавлоди ёбоии онҳо, чорвои кишоварзӣ ва микроорганизмҳои иллатангез;
- коркарди технологияи самараноки парвариши зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳандаву ток ва ҳайвоноти кишоварзӣ;
- коркарди усулҳои самараноки ҳифзи растаниҳо ва чорво аз касалиҳою зараррасонҳо;
- таҳияи усулҳои баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва пешгирии он аз таназзулёбӣ ва шўршавӣ;
- тарҳрезӣ ва такмили мошину олотҳои кишоварзӣ;
- гузаронидани таҳқиқот оид ба масъалаҳои пешбурди иқтисодиёти кишоварзӣ;
- ҳамоҳангсозии илми кишоварзӣ дар муассисаҳои Комплекси агросаноатӣ;
- тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ;
- тарғиб ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ.
- гузаронидани таҳқиқотҳо дар самтҳои афзалиятноки илми кишоварзӣ;
- ташкили озмоишгоҳҳои замонавӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизотҳои муосир;
- тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар самтҳои афзалиятноки илми кишоварзӣ ва бозомўзии онҳо;
- беҳтар намудани тарғибу татбиқи дастовардҳои илм ва технологияҳои инноватсионӣ;
- густариши ҳамкориҳо оид ба иҷрои таҳқиқотҳои бунёдиву амалӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ бо муассисаҳои илмию таълимии ватанию хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
- такмили сохтор ва идоракунии муассисаҳои илмии АИКТ.
селексия ва биотехнологияи зироатҳои кишоварзӣ ва чорво вобаста ба тағйирёбии иқлим;
коркарди технологияи захирасарфакунанда ва инноватсионии ҳосилхезгардонии хок, парвариши зироатҳои кишоварзӣ, чорво ва муҳофизати интегралии онҳо аз касалию ҳашаротҳои зараррасон;
бунёди генофонди маҳаллии зироатҳои кишоварзӣ, ҳайвонот ва микроорганизмҳо;
биотехнологияи муосири истеҳсоли маводи биологӣ бар зидди касалиҳои ҳайвоноту растанӣ ва таъмини бехатарии беҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ;
таҳияи пешниҳодҳо оид ба баланд бардоштани самараи иқтисодии истеҳсолоти кишоварзӣ.
ташкил намудани докторантураи PhD аз рўи ихтисос дар назди муассисаҳои илмии АИКТ;
беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои илмии АИКТ оид ба аспирантура ва докторантура;
ташкили Шўроҳои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадию докторӣ ва доктори PhD дар назди муассисаҳои илмии АИКТ оид ба бахшҳои илмии зироаткорӣ, хокшиносию агрохимия, чорводорӣ, тибби ветеринарӣ, иқтисодиёти кишоварзӣ ва ғайра;
тайёр намудани олимони ҷавон ва бозомўзии онҳо дар бахшҳои афзалиятноки илми кишоварзӣ дар муассисаҳои илмию таълимии бонуфузи хориҷи кишвар;
ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон ба корҳои илмӣ, роҳбарони аспирантону докторантон барои сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ;
таъсиси унвонҳои фахрӣ ва ҷоизаҳо ба номи олимони варзидаи бахшҳои гуногуни кишоварзӣ барои дастовардҳои назарраси илмӣ;
ташкил намудани курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ;
таъмиру ҷиҳозонидани хобгоҳи магистру аспирантон, докторантон ва олимони ҷавон;
андешидани чораҳо ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин барои манзили зисти олимон.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии соҳавии он;
Институти илмию таҳқиқотии гидротехника ва мелиоратсия (Тоҷик НИИГиМ)-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии хоҷагии ҷангали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур;
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино;
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ;
Муассисаҳои илмию таълимии соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Муассисаҳои илмии байналмилалӣ ва хориҷи кишвар - Маркази байналмилалӣ оид ба таҳқиқотҳои кишоварзӣ дар минтақаҳои хушк (ИКАРДА), Маркази байналмилалии захираҳои генетикии мамлакатҳои шимол (СИДА), Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), Маркази байналмилалӣ оид ба картошкапарварӣ (СИП), Маркази байналмилалӣ оид ба сабзавоткорӣ (АСИРО), Институти умумиҷаҳонии захираҳои генетикии дарахтони мевадиҳанда (ИПГРИ), Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (МАГАТЭ), Маркази байналмилалии илмию техникӣ (МНТС), Институти илмию таҳқиқотии "Назиллӣ"-и Туркия, Академияи илмҳои кишоварзии Синсизяни Ҷумҳурии Хитой.
- барқарор кардани марказҳои илмии АИКТ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд;
- таъсиси марказҳои ҳифзи растаниҳо ва машваратию иттилоотӣ дар назди АИКТ;
- таъсиси стансияи таҷрибавии зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара ва дигар воҳидҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳими рушди илми соҳавӣ;
- ба тобеияти АИКТ гузаронидани Стансияи таҷрибавии пиллапарварӣ аз сохтори Институти зироаткорӣ;
- мувофиқгардонии сохтори муассисаҳои илмии АИКТ ба талаботҳои муосири рушди илми соҳавӣ ва истеҳсолоти кишоварзӣ;
- ташкили фонди ғайрибуҷетии рушди илми кишоварзӣ;
- пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ ҷиҳати амалӣ намудани Барнома;
- андешидани чораҳо ҷиҳати такмили идоракунӣ ва истифодаи самараноки заминҳои муассисаҳои тобеи АИКТ;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи АИКТ.
1) Институти зироаткорӣ
- ташкили озмоишгоҳи ташхиси сифати маҳсулоти ғалладонагиҳо, зироатҳои равғанидиҳанда, хўроки чорво, сифати нахи пахта, касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти муосир;
- ташкили озмоишгоҳи биологӣ оид ба ҳимояи растаниҳо.
2) Институти боғпарварию сабзавоткорӣ
- муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳи илмию истеҳсолии биотехнологияи картошка;
- ташкили озмоишгоҳи ташхиси сифати маҳсулоти зироатҳои сабзавотӣ, картошка, мевагӣ ва ангур.
3) Институти хокшиносӣ
- ташкили озмоишгоҳи ташхиси хусусиятҳои обию физикӣ, беҳдошт ва таназзулёбии хок, муҷаҳҳазгардонии он бо таҷҳизотҳои муосир.
4) Институти чорводорӣ
- ташкили озмоишгоҳи таҳлили умумӣ, экология ва генетикаи чорво;
- ташкили озмоишгоҳи ташхиси сифати пашм ва маҳсулоти чорво дар назди филиали институт дар вилояти Суғд.
5) Институти ветеринарӣ
- ташкили озмоишгоҳҳои микобактериозӣ ва биотехнологияи маводи ветеринарӣ, муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти муосир.
6) Институти масоили амнияти биологӣ
- ташкили шуъбаи тарҳрезӣ ва истеҳсоли маводи биологию табобатӣ, муҷаҳҳазгардонии он бо хати истеҳсолии саноатӣ;
- таҷдид ва такмили озмоишгоҳҳои мавҷудаи ба талаботи замонавӣ ҷавобгў ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизотҳои муосир.
7) Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ
- ташкили озмоишгоҳи таҷдиду барқароркунии тухмии зироатҳои кишоварзӣ;
- ташкили озмоишгоҳи генетикаи молекулявӣ;
-ташкили шуъбаи иттилоотӣ ва робитаҳои байналмилалӣ.
8) Маркази механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ
- ташкили озмоишгоҳи ташхиси воситаҳои техникӣ;
- ташкили шуъбаи таъмири мошинҳо.
Замимаи 1
ба Барномаи давлатии рушди
Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
дар солҳои 2016-2020
ДАСТОВАРДҲОИ ЧАШМДОШТИ МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ АИКТ
ДАР СОЛҲОИ 2016-2020
Р/т |
Офаридани навъу дурагаҳои зироатҳо, зоту ҷинси чорво, маводи биологӣ, тарҳрезии технологияҳои нав ва мукаммалгардонии онҳо |
Патент/ шаҳодат- номаҳо |
Китобу брошюра/ тавсияю дастур |
Натиҷаи ниҳоӣ, самаранокӣ |
Вазорат, муассисаю хоҷагиҳое, ки дастовардҳо татбиқ мегарданд |
||
|
Институти зироаткорӣ |
||||||
1. |
9 навъи пахтаи миёнанаху маҳиннах, 8 навъи ғаллагиҳо (гандум, ҷав, тритикале), 6 навъи лўбиёгиҳо (нахўд, наск, мушунг), 5 навъи зироатҳои равғандиҳанда (зағир, маъсар, офтобпараст), 5 навъи хўроки чорво (юнучқа, ҷуворимакка), 4 навъи тамоку ва шолӣ офарида мешаванд |
37 патент, 34 шаҳодатномаи муаллифӣ |
6/22 |
Дар натиҷаи корҳои селексионӣ навъҳои серҳосилу ба касалиҳову хушксолӣ тобовари зироатҳои кишоварзии дорои хусусиятҳои ба дигаргуншавии иқлим мутобиқ офарида мешаванд. Дар зинаи аввали тухмипарварӣ тухмиҳои хушсифати онҳо истеҳсол мегарданд, ва дар хоҷагиҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ қитъаҳои намоишӣ ташкил карда мешаванд |
Вазорати кишоварзии ҶТ, раёсату идораҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ |
||
2. |
Технологияи самараноки парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва истифодаи заминҳои обию лалмӣ коркард карда мешавад |
3 патент, 9 шаҳодатномаи муаллифӣ |
1/4 |
Меъёрҳои мусоиди воридсозии нуриҳои маъданию органикӣ ва обёрӣ, инчунин усулҳои нави истифодаи самараноки заминҳои обию лалмӣ таҳия карда мешаванд |
Вазорати кишоварзии ҶТ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ, раёсату идораҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ |
||
3. |
Навъҳои дарахтони серҳосили тут ва зоту дурагаҳои сермаҳсули кирмаки абрешим офарида мешавад |
7 шаҳодатномаи муаллифӣ |
1/4 |
Зоту дурагаҳои серҳосили дарахти тут ва кирмаки абрешим офарида шуда, дар хоҷагиҳои кирмакпарварии ҷумҳурӣ татбиқ гардонида мешаванд |
Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, раёсату идораҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ
|
||
Институти боғпарварию сабзавоткорӣ |
|||||||
1. |
8 навъи нави дарахтони мевадиҳандаю ток, зироатҳои сабзавотию полизӣ ва картошка офарида мешаванд |
8 патент, 16 шаҳодатномаи муаллифӣ |
4/15 |
Навъҳои дорои маҳсулнокии баланд, ба талаботи бозор мувофиқ ва хусусияти содиротӣ дошта офарида мешавад |
Вазорати кишоварзии ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ |
||
2. |
Технологияи самаранокии парвариши дарахтони мевадиҳандаю ниҳол, ток, зироатҳои сабзавотию полизӣ ва картошка тарҳрезӣ мегардад. |
2 шаҳодатномаи муаллифӣ |
3/5 |
Технологияи муосири парвариши дарахтони мевадиҳанда ангур, зироатҳои сабзавотию полезӣ, картошка таҳрезӣ мегардад ва татбиқи онҳо имконият медиҳад, ки маҳсулнокии навъу намунаҳо баланд гардад |
Вазорати кишоварзии ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ |
||
3. |
Технологияи парвариши зироатҳои сабзавотӣ дар шароити гармхона коркард ва мукаммал гардонида мешавад |
2 шаҳодатномаи муаллифӣ |
1/4 |
Технологияи муосири парвариши зироатҳои сабзавотӣ дар шароити гармхона мавриди истифода қарор дода мешавад, ки ин барои баланд гардидани самаранокии истеҳсолот мусоидат менамояд |
Вазорати кишоварзии ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ |
||
4. |
Технологияи муосири хушконидани зардолу, олу ва дигар меваҷот |
1 патент |
1/2 |
Истифодаи технологияи муосири хушконидани меваҷот барои баланд гардидани самаранокии истеҳсолот мусоидат менамояд |
Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ |
||
Институти хокшиносӣ |
|||||||
1. |
Тарҳрезии технологияҳо оид ба беҳдошти заминҳои шўршудаю таназзулгардида ва санглох |
1 патент |
1/3 |
Истифодаи технологияҳои беҳдошти хусусиятҳои хок, пешгирии шусташавӣ ва шуршавӣ, таназзулёбии заминҳо барои барқарор ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок мусоидат менамояд |
Вазорати кишоварзии ҶТ, Агентии мелиоратсия ва захираҳои об, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ |
||
2. |
Технологияҳои пешгирии шусташавии хок, истифодаи самараноки заминҳои шўршуда, беҳдошти ҳолати мелиоративии замин ва роҳҳои биологии баланд бардоштани ҳосилхезии хокҳо мукаммал гардонида мешавад |
2 патент |
4/5 |
Татбиқи технологияҳои самараноки пешгирии шусташавии хок, истифодаи самараноки заминҳои шўршудаю беҳдошти ҳолати мелиоративии замин ва роҳҳои биологии баланд бардоштани ҳосилхезии хокҳо барои баланд шудани ҳосилхезии заминҳо ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд
|
Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ |
||
3. |
Ташкили махзани маълумотҳо оид ба тавсифи хокҳо ва тарҳрезӣ намудани харитаҳои таснифотӣ бо усулҳои нави замонавӣ |
1 патент |
1/2 |
Таъсиси махзани маълумотҳо оид ба тавсифи хокҳо ва тарҳрезӣ намудани харитаҳои муосири таснифоти хокҳо барои баҳодиҳии сифати хок ва парвариши зироатҳои муайяни кишоварзӣ мусоидат менамояд. |
Вазорати кишоварзии ҶТ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ |
||
Институти чорводорӣ |
|||||||
1. |
Офаридани зоти тоҷикии говҳои сиёҳало ва швитсузубумонанд |
2 шаҳодатномаи муаллифӣ |
1/2 |
Истифодаи зоти тоҷикии говҳои сиёҳало ва швитсузубумонанд ба 4-10% зиёд шудани маҳсулнокии ширӣ имконият медиҳад |
Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои чорводории вилояти Хатлон ва НТҶ |
||
2. |
Ба вуҷуд овардани зоти тоҷикии занбўри асал |
1 шаҳодатномаи муаллифӣ |
1/2 |
Татбиқи зоти тоҷикии занбўри асал барои ба 15-20% зиёд шудани маҳсулнокии онҳо мусоидат менамояд |
Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои занбўриасалпарварии ҷумҳурӣ |
||
3. |
Офаридани типи зарафшонии қутосҳои Помирӣ |
1 шаҳодатномаи муаллифӣ |
1/2 |
Истифодаи типи зарафшонии қутосҳои Помирӣ барои ба 10-15% зиёд шудани маҳсулнокии онҳо имконият медиҳад |
Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои чорводории водии Зарафшон |
||
4. |
Тасдиқи типи шаҳринавии гўсфандони зоти ҳисорӣ |
1 шаҳодатномаи муаллифӣ |
1/2 |
Истифодаи типи шаҳринавии гўсфандони зоти ҳисорӣ барои беҳтар шудани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии онҳо мусоидат мекунад |
Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои чорводории водии Ҳисор |
||
5. |
Тақвият бахшидани корҳои селексионӣ оид ба офаридани ҷинси тоҷикии говҳои сергўшт |
2 шаҳодатномаи муаллифӣ |
1/2 |
Тақвият бахшидани корҳои селексионӣ оид ба ҷинси тоҷикии говҳои сергўшт барои тасдиқи онҳо замина мегузорад |
Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои минтақаҳои баландкўҳ |
||
Институти ветеринарӣ |
|||||||
1. |
Технология ваҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ оид ба истеҳсоли ваксинаи зидди брутселлёзи чорвои кишо-варзӣ тарҳрезӣ карда мешавад |
2 патент |
1/3 |
Самаранокии истифодаи ваксина ба 1 сомонии масрафгардида 2,5 сомониро ташкил менамояд |
Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ |
||
2. |
Технологияи истеҳсоли мавод бар зидди касалиҳои гелментии чорвои кишоварзӣ мукаммал гардонида мешавад |
3 патент |
1/3 |
Самаранокии истифодаи мавод бар зидди касалиҳои ҳелментӣ ба 1 сомонии масрафгардида 3,5 сомониро ташкил менамояд |
Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ |
||
3. |
Технология ва 5 маводи микробиологӣ ва кимиёвӣ бар зидди касалиҳои ҷавонаҳои чорвои кишоварзӣ тарҳрезӣ карда мешавад |
3 патент |
1/5 |
Самаранокии истифодаи маводи мазкур ба 1 сомонии масрафгардида 3,8 сомониро ташкил медиҳад |
Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ |
||
4. |
Такмили усулҳои пешгирии касалиҳои бештар паҳнгаштаи сироятии парандаҳо, занбури асал ва моҳӣ |
2 патент |
1/3 |
Самаранокии истифодаи усулҳои такмилёфта ба 1 сомонии масрафгардида 2,4 сомониро ташкил медиҳад |
Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои парандапарварӣ, занбўриасалпарварӣ ва моҳипарварии ҷумҳурӣ |
||
Институти масоили амнияти биологӣ |
|||||||
1. |
Технология ва ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ оид ба истеҳсоли 6 ваксина бар зидди бемориҳои сироятии чорво тарҳрезӣ карда мешавад |
2 патент |
1/ 5 |
Самаранокии истифодаи ваксинҳои тарҳрезишуда ба 1 сомонии масрафгардида 5 сомониро ташкил менамояд |
Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ |
||
2. |
Технология ва ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ оид ба истеҳсоли 5 маводи ташхисии бемориҳои чорво тарҳрезӣ карда мешавад |
2 патент |
1/ 5 |
Самаранокии истифодаи маводи ташхисии тарҳрезишуда ба 1 сомонии масрафгардида 3 сомониро ташкил менамояд |
Вазорати кишоварзии ҶТ, озмоишгоҳҳои ветеринарии ҷумҳурӣ |
||
3. |
Технология ва ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ оид ба истеҳсоли 7 маводи табобатию кимиёвӣ тарҳрезӣ карда мешавад |
2 патент |
1/ 5 |
Самаранокии истифодаи маводи табобатию кимиёвии тарҳрезишуда ба 1 сомонии масрафгардида 4 сомониро ташкил менамояд |
Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ |
||
Институти иқтисодиёти кишоварзӣ |
|||||||
1. |
Таҳияи пешниҳод оид ба баланд бардоштани самараи иқтисодии маҷмўи хоҷагиҳои боғу токпарварӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ |
1 шаҳодатномаи муаллифӣ |
1/4 |
Истифодаи пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани фаъолияти маҷмўи хоҷагиҳои боғу токпарварӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани самараи иқтисодии истеҳсолот ба 20-22 % мусоидат мекунад |
Вазорати кишоварзии ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ
|
||
2. |
Таҳияи нақшаи таъминоти бозорҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ бо назардошти талаботи аҳолӣ
|
1 шаҳодатномаи муаллифӣ |
1/3 |
Татбиқи нақшаи таъминоти бозорҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ барои беҳтар намудани таъмини талаботҳои аҳолӣ бо маҳсулотҳои кишоварзӣ ба 18-20% имконият медиҳад |
Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ, бозорҳои кишоварзӣ |
||
3. |
Муайян намудани хусусиятҳои ташаккулёбии сабади истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ ва таҳияи консепсияи низоми иқтисодии хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ |
1 шаҳодатномаи муаллифӣ |
1/2 |
Омўзиши хусусиятҳои ташаккулёбии сабади истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ барои муайян намудани вазифаҳои хоси иқтисодиву иҷтимоии хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ ва фарҳанги истеъмолӣ мусоидат менамояд
|
Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати тандурустии ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ
|
||
4. |
Таҳияи пешниҳод оид ба татбиқ намудани технологияҳои инноватсионии истеҳсол, коркарду нигоҳдорӣ, фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ |
1 шаҳодатномаи муаллифӣ |
1/4 |
Истифодаи пешниҳодҳо оид ба татбиқ намудани технологияҳои инноватсионии истеҳсол, коркарду нигоҳдорӣ, фурўши маҳсулоти кишоварзӣ барои беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ ба 18-20 % имконият медиҳад |
Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Вазорати саноат ва технологияи нави ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ |
||
Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ |
|||||||
1. |
Коркарди усулҳои самараноки ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва омўзиши хусусиятҳои селексионию морфоботаникии навъу намунаҳои зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳандаи маҳаллию мутобиқгардида |
6 шаҳодатномаи муаллифӣ |
2/5 |
Натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба коркарди усулҳои самараноки ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва омўзиши хусусиятҳои селексионию морфобота-никии навъу намунаҳои зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳандаи маҳаллию мутобиқгардида барои пешбурди корҳои селексионӣ доир ба офаридани навъҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳанда мусоидат менамояд |
Дар Институтҳои зироаткорӣ, боғпарварию сабзавоткорӣ ва дигар муассисаҳои илмии соҳавӣ, хоҷагиҳои тухмипарварӣ
|
||
Маркази механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ |
|||||||
1. |
Мошинолотҳои каммасраф барои коркарди хок ва кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ихтироъ карда мешаванд |
6 патент,
|
1/10 |
Татбиқи мошинолотҳои каммасраф барои коркарди хок ва кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои беҳтар намудани кишт ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва самаранокии истеҳсолот мусоидат мекунанд |
Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, раёсату идораҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ |
||
Стансияи таҷрибавии кишоварзии Помир |
|||||||
1. |
Муайян намудани навъҳои серҳосили пиёз, сабзӣ, картошка ва технологияи самараноки парвариши онҳо дар шароити Вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон |
3 шаҳодатномаи муаллифӣ |
1/3 |
Татбиқи навъҳои серҳосили пиёз, сабзӣ, картошка ва технологияи самараноки парвариши онҳо дар хоҷагиҳои ВМКБ барои зиёд шудани ҳосилнокии онҳо ба 20-30% мусоидат менамояд |
Дар корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ ва аҳолии ВМКБ |
||
2 |
Коркарди роҳҳои самараноки хп Помирӣ ва технологияи парвариши онҳо |
1 шаҳодатномаи муаллифӣ |
1/1 |
Истифодаи роҳҳои самараноки хушзоткунии қутосҳои экотипи помирӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо ба 10-20% мусоидат менамояд. |
Дар хоҷагиҳои чорводории ВМКБ |
||
Замимаи 2
ба Барномаи давлатии рушди
Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
дар солҳои 2016-2020
Эҳтиёҷоти муассисаҳои илмии АИКТ барои хариди таҷҳизотҳои замонавии озмоишгоҳию техникӣ ва маводи кимиёвию ташхисӣ
дар солҳои 2016-2020
Р/т |
Номи муассисаи илмӣ |
Маблағ, ҳазор сомонӣ |
Маблағи умумӣ, ҳазор сомонӣ |
Аз он ҷумла |
||||||||||
2016 |
2017 |
2018 |
2019 |
2020 |
аз буҷети давлатӣ, ҳазор сомонӣ |
дигар манбаъҳо, ҳазор сомонӣ |
||||||||
аз буҷаи давлатӣ |
дигар манбаъҳо |
аз буҷаи давлатӣ |
дигар манбаъҳо |
аз буҷаи давлатӣ |
дигар манбаъҳо |
аз буҷаи давлатӣ |
дигар манбаъҳо |
аз буҷаи давлатӣ |
дигар манбаъҳо |
|||||
1 |
Институти зироаткорӣ |
151 |
38 |
162 |
41 |
173 |
44 |
190 |
48 |
209 |
54 |
1110 |
885 |
225 |
2 |
Институти боғпарварию сабзавоткорӣ |
51 |
13 |
55 |
14 |
59 |
17 |
65 |
17 |
71 |
18 |
380 |
301 |
79 |
3 |
Институти хокшиносӣ |
37 |
9 |
40 |
10 |
43 |
12 |
47 |
12 |
52 |
13 |
275 |
219 |
56 |
4 |
Институти чорводорӣ |
85 |
22 |
90 |
23 |
96 |
24 |
107 |
27 |
117 |
29 |
620 |
495 |
125 |
5 |
Институти ветеринарӣ |
39 |
10 |
42 |
10 |
45 |
12 |
50 |
13 |
55 |
14 |
290 |
231 |
59 |
6 |
Институти масоили амнияти биологӣ |
62 |
14 |
66 |
16 |
71 |
17 |
78 |
19 |
86 |
21 |
450 |
363 |
87 |
7 |
Институти иқтисодиёти кишоварзӣ |
45 |
12 |
48 |
13 |
51 |
13 |
56 |
14 |
62 |
16 |
330 |
262 |
68 |
8 |
Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ |
38 |
10 |
41 |
10 |
44 |
11 |
48 |
12 |
53 |
13 |
280 |
224 |
56 |
9 |
Маркази механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ |
105 |
27 |
112 |
28 |
120 |
31 |
132 |
33 |
145 |
37 |
770 |
614 |
156 |
10 |
Стансияи кишоварзии Помир |
27 |
8 |
29 |
8 |
31 |
8 |
34 |
9 |
37 |
9 |
200 |
158 |
42 |
|
Ҳамагӣ |
640 |
163 |
685 |
173 |
733 |
189 |
807 |
204 |
887 |
224 |
4705 |
3752 |
953 |
Замимаи 3
ба Барномаи давлатии рушди
Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
дар солҳои 2016-2020
Талабот барои нашри тавсияю дастур ва китобҳо, гузаронидани коференсияю семинарҳо дар муассисаҳои илмии АИКТ
барои солҳои 2016-2020
Р/т |
Номи муассисаи илмӣ |
Маблағ, ҳазор сомонӣ |
Маблағи умумӣ, ҳазор сомонӣ |
Аз он ҷумла |
||||||||||
2016 |
2017 |
2018 |
2019 |
2020 |
аз буҷети давлатӣ, ҳазор сомонӣ |
дигар манбаъҳо, ҳазор сомонӣ |
||||||||
аз буҷаи давлатӣ |
дигар манбаъҳо |
аз буҷаи давлатӣ |
дигар манбаъҳо |
аз буҷаи давлатӣ |
дигар манбаъҳо |
аз буҷаи давлатӣ |
дигар манбаъҳо |
аз буҷаи давлатӣ |
дигар манбаъҳо |
|||||
1 |
Институти зироаткорӣ |
30 |
9 |
32 |
10 |
34 |
10 |
37 |
11 |
41 |
12 |
226 |
174 |
52 |
2 |
Институти боғпарварию сабзавоткорӣ |
22 |
13 |
24 |
7 |
26 |
8 |
29 |
9 |
32 |
10 |
180 |
133 |
47 |
3 |
Институти хокшиносӣ |
8 |
2 |
9 |
3 |
10 |
3 |
11 |
3 |
12 |
4 |
65 |
50 |
15 |
4 |
Институти чорводорӣ |
23 |
7 |
25 |
7 |
27 |
8 |
30 |
9 |
33 |
10 |
179 |
138 |
41 |
5 |
Институти ветеринарӣ |
8 |
2 |
9 |
3 |
10 |
3 |
11 |
3 |
12 |
4 |
65 |
50 |
15 |
6 |
Институти масоили амнияти биологӣ |
8 |
2 |
9 |
3 |
10 |
3 |
11 |
3 |
12 |
4 |
65 |
50 |
15 |
7 |
Институти иқтисодиёти кишоварзӣ |
15 |
5 |
16 |
5 |
17 |
5 |
19 |
6 |
21 |
6 |
115 |
88 |
27 |
8 |
Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ |
16 |
5 |
17 |
5 |
18 |
5 |
20 |
6 |
22 |
7 |
121 |
93 |
28 |
9 |
Маркази механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ |
2 |
1 |
2 |
1 |
2 |
1 |
3 |
1 |
4 |
1 |
18 |
13 |
5 |
10 |
Стансияи кишоварзии Помир |
3 |
1 |
3 |
1 |
4 |
1 |
4 |
1 |
5 |
2 |
25 |
19 |
6 |
|
Ҳамагӣ |
135 |
47 |
146 |
45 |
158 |
47 |
175 |
52 |
194 |
60 |
1059 |
808 |
251 |
Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2015 №790
тасдиқ шудааст
Нақшаи чорабиниҳо
оид ба амалисозии барномаи давлатии рушди академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2020
№ т/р |
Номгўйи чорабиниҳо |
Муҳлати иҷро |
Масъулин |
1 |
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оиннома ва такмили сохтори АИКТ |
2016-2017 |
Раёсат ва муассисаҳои илмии АИКТ |
2 |
Мукаммалгардонӣ ва иҷрои таҳқиқотҳо дар самтҳои афзалиятноки илми кишоварзӣ |
2016-2020 |
Раёсат ва муассисаҳои илмии АИКТ, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |
3 |
Ташкили озмоишгоҳҳои замонавӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизотҳои муосир |
2016-2020 |
Раёсат ва муассисаҳои илмии АИКТ, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои ҳамкори дохилӣ ва хориҷӣ |
4 |
Тайёр намудани кадрҳои илмӣ вобаста ба талаботи муосири рушди илму истеҳсолоти кишоварзӣ ва бозомўзии онҳо |
2016-2020 |
Раёсат ва муассисаҳои илмии АИКТ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фондҳои байналмилалӣ, барномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ |
5 |
Беҳтар намудани тарғибу татбиқи дастовардҳои илми кишоварзӣ ва техникаю технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот |
2016-2020 |
Раёсат ва муассисаҳои илмии АИКТ, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон |
6 |
Густариши ҳамкориҳо оид ба таҳқиқотҳои бунёдию амалӣ бо муассисаҳои илмию таълимии ватанӣ ва хориҷӣ |
2016-2020 |
Раёсат ва муассисаҳои илмии АИКТ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳҳои аграрӣ, миллӣ, тиббӣ ва омўзгории Тоҷикистон, Марказҳои илмии байналмилалӣ |
7 |
Таҳияи лоиҳаҳо барои ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ҷиҳати амалӣ намудани Барнома ва пешниҳоди онҳо ба вазорату идораҳои дахлдор |
2016-2020 |
Раёсат ва муассисаҳои илмии АИКТ |