ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ ЧАРОГОҲҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

 

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади беҳтар намудани чарогоҳҳои ҷумҳурӣ ва афзун гардонидани захираи хўроки чорво, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати молияи Ҷумҳурин Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани Барномаи мазкур ҳамасола ба Муассисаи давлатии "Трести чарогоҳу мелиоративӣ"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷнкистон ҳангоми таҳияи Буҷети давлатӣ дар солҳои 2016-2020 дар ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ маблағро пешбинӣ намоянд.
  3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ чораҳои мущаххас андешанд.
  4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилоятн Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи Барномаи мазкур тамоми тадбирҳои заруриро андешида, ҳар сол то 20 феврал аз ҷараёни иҷрои корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 28 ноябри соли 2015, № 724

ш. Душанбе