ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ОМЎЗИШ ВА АРЗЁБИИ ЗАХИРАҲОИ МЕТАЛЛҲОИ НОДИР

БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2026

 

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи давлатии омўзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Барномаи мазкур ҳангоми таҳияи барномаи миёнамўҳлати хароҷоти давлатӣ ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ чораҳои мушаххас андешанд.
  3. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоию иқтисодӣ масъалаҳои вобаста ба омўзиши конҳои канданиҳои фоиданокро бо Барномаи мазкур мутобиқ намоянд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 28 ноябри соли 2015, № 728

ш. Душанбе