Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ МИЛЛИИ РУШДИ ДОНОРИИ ХУН ВА ҶУЗЪҲОИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2019
- аккредитатсия - расмиёти эътироф намудани мақоми махсус ва соҳибҳуқуқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои амалӣ намудани фаъолияти тиббию фармасевтӣ, инчунин барои гузаронидани арзёбии мустақили экспертии фаъолияти субъектҳои тандурустӣ мутобиқи стандартҳои муқарраршудаи аккредитатсия;
- албумин - сафедаи плазмаи хуни одам буда, дар организм функсияҳои ҷаббанда интиқолӣ ва гемодинамикиро иҷро намуда, захираи асосии сафедаи организм мебошад;
- плазмаи зиддистафилококкӣ (ПЗС) - плазмаи зиддистафилококкии ба тозагӣ яхкунонидашуда, ки дар таркиби худ ҷисмҳои бегонаи махсуси зиддистафилококкиро бо титри баланд дорад. Аз донорҳое тайёр карда мешавад, ки бо анатоксини стафилококкӣ эм карда шудаанд. Он дар муолиҷаи бемориҳои римдору тааффунии пайдоишашон стафилококкӣ истифода бурда мешавад. Мўҳлати нигоҳдорӣ дар ҳарорати пасттар аз 25°С то 3 сол мебошад;
- коннектори асептикӣ - дастгоҳ барои пайвасткунии бесирояти магистралҳои контейнерҳои пластикӣ бо хун ё ҷузъҳои он мебошад. Принсипи системаи пўшидаро таъмин менамояд;
- аутогемотрансфузия - трансфузияи (баргардонидани) хуни худӣ ё ҷузъҳои онро ба ресипиент (бемор) дар назар дорад, ки аз он пешакӣ тайёр карда шудааст;
- ҷузъҳои аутологии хун - ҷузъҳои хун, ки аз шахси воқеӣ бо мақсади дар ҳолати зарурӣ ба худи вай гузаронидан тайёр карда шудаанд;
- аферез - аз хуни даврзананда гирифтани ҷузъҳои алоҳидаи хун ва тайёр намудани он бо истифодаи сепараторҳои махсуси ҳуҷайраҳои хун;
- валидатсия - амале, ки тибқи принсипҳои таҷрибаи зарурии истеҳсолӣ исбот менамояд, ки ягон хел методика, раванд, таҷҳизот, ашёи хом, фаъолият ё система дар воқеъ боиси натиҷаҳои пешбинишаванда мегардад;
- иммуноглобулини дохиливаридӣ (ИГДВ) - доруи хун, ки дар таркиби худ фраксияи иммуноглобулинии хунро дошта, барои тазриқи дохиливаридӣ пешбинӣ шудааст;
- тарозу-омехтакунанда - дастгоҳест, ки барои назорати миқдори зарурии хуни аз донор гирифташаванда ва омехтакунии баробари он бо маҳлули консервакунандаи контейнер (гемакон) ҳангоми тайёр намудани хун пешбинӣ карда шудааст;
- вирусҳои лейкози Т-ҳуҷайравӣ - вирусҳои Т-лимфотропии навъҳои I ва II-и одам (НТLV-I), ки боиси бемориҳои бадсифати системаи хун ва иллати системаи марказии асаб мегарданд НТLV-I ба ретровирусҳо, НТLV-II бошад, ба онковирусҳо дохил мешаванд. Онҳо дорои лимфотропият ва нейротропияти зоҳиршаванда мебошанд;
- вирусинактиватсия - усуле мебошад, ки ғайрифаъол намудани вирусҳоро дар ҷузъҳо ва доруҳои хун таъмин менамояд. Ғайрифаъолинамоии вирус кимиёвӣ ва ҳароратӣ мешавад;
- ҳомили вирус-одами бо ин ё он вирус сироятшуда бе аломатҳои клиникии ин беморӣ, ки вирус ба вуҷуд меоварад;
- назорати дохили лаборатории сифат (НДС)-маҷмўи чорабиниҳое, ки аз тарафи кормандони озмоишгоҳ барои арзёбии доимии сифати корҳои озмоишгоҳӣ ва натиҷаҳои ҳосилшуда андешида мешаванд;
- арзёбии берунии сифат (АБС)-ин усули санҷиши воқеии таҳқиқоти озмоишгоҳи мебошад, ки аз тарафи ташкилоти беруна гузаронида мешавад. Барномаи арзёбии берунии сифат барои гирифтани иттилоот оид ба мушкилоти имконпазири сифат дар ҳар як озмоишгоҳи алоҳида имконият медиҳад;
- гемофилия - ин ихтилоли генетикӣ мебошад, ки бо норасоӣ ё набудани яке аз сафедаҳои (ё омилҳои) плазмаи хун, ки барои лахташавии он ҷавобгар мебошад, вобастагӣ дорад. Дараҷаи пасти яке аз сафедаҳои плазма боиси хунравӣ ва душвории лахташавии хуни бемор мегардад. Норасоии аз ҳама паҳншудаи сафедаи лахташавии хун норасоии омили VIII мебошад, гарчанде ҳар яке аз ин омилҳо метавонанд мавҷуд набошанд ё нокифоя бошанд. Норасоии омили IX аз рўи басомад ҷои дуюмро ишғол мекунад. Норасоии омили VIII - гемофилияи Агемофилияи муқаррарӣ мебошад. Норасоии омили IX - гемофилияи В бемории Кристмас мебошад. Барои муолиҷаи ин ду намуди гемофилия доруҳои хун - консентратҳои омилҳои VIII ва IX истифода бурда мешаванд;
- донатсия - чорабинии аз ҷониби донор додани хун ё плазма;
- функсияи донорӣ - иқдоми ихтиёрии донор, ки муоинаи тиббӣ ва иҷрои чорабинии додани хун ва ҷузъҳои онро бо мақсадҳои тиббӣ дар бар мегирад;
- маркази ягонаи иттилоотии донорӣ - сохтори маркази хун, ки вазифаи асосии он ҷамъоварии маълумот оид ба шахсони бо ВНМО сироят ёфта, зардпарвинҳои вирусӣ, оташак, ки дар қайди муассисаҳои махсусгардондашудаи тиббӣ ба мақсади роҳ надодани ин доираи одамон барои иштирок дар донорӣ қарор доранд, инчунин маълумоти бойгонӣ оид ба донорҳо мебошад;
- кафшеркунандаи магистралҳо - асбоби барои кафшеркунии магистралҳои контейнерҳои пластикии хун ва ҷузъҳои он пешбинӣ шудааст. Принсипи системаи пўшидаро таъмин менамояд;
- таҳқиқоти изоиммунологӣ (иммуногематологӣ) - ба гурўҳҳо ҷудо намудани хун аз рўи антиген ва ҷисмҳои бегонаи гуногуни гурўҳӣ (таҳқиқи мансуб будани хуни донорӣ ба системаи АВО ва резус ҳатмӣ мебошад);
- зардобҳои изогемаглютинатсиякунанда (стандартӣ)стандартҳои ташхисӣ, ки аз хун ва баъзе моеъҳои дигари организми одам тайёр карда шуда, мансубияти муайяни гурўҳӣ доранд ва барои муайян намудани гурўҳи хуни одам пешбинӣ карда шудаанд;
- иммуноглобулини одами мўътадил - фраксияи аз ҷиҳати иммунологӣ фаъоли зардоби хуни одам, ки аз зардоб ё плазмаи одам ҷудо карда шудааст. Консентратсияи сафеда - 100 мг/мл; стабилизатор - глитсин (22,5 +/- 7,5 мг/мл).
- инфузия - ба маҷрои хунгузар рехтани хунивазкунандаҳо ва доруҳо;
- карантинизатсияи ҷузъҳои донории хун - аз нигоҳдории онҳо дар давоми вақти муайян пас аз донорӣ то вақте мебошад, ки донорҳои муносиб такроран барои нишонаҳои (маркерҳои) сироятӣ муоина карда нашаванд. Ҳангоми натиҷаи манфии таҳлилҳо, ҷузъҳои хуни қаблан тайёркардашуда барои мақсадҳои тиббӣ истифода бурда мешаванд;
- ҷузъҳои хун - қисмҳои таркибии хун, ки аз он бо усулҳои гуногун дар шакли ҳуҷайраҳои хун ва бе муҳити ҳуҷайравӣ ҷудо карда шудаанд. Бо роҳи полоиш (филтратсия), сентрифугакунонӣ ва яхкунонӣ бо усулҳои дар ташкилотҳои хадамоти хун қабулкардашуда ҷудо карда мешаванд. Намояндагони асосӣ: вазни эритроситӣ, консентрати тромбоситҳо, плазмаи ба тозагӣ яхкунонидашуда, криопресипитат, фраксияи плазмаи супернатантӣ, плазмаи зиддистафилококкӣ ва ғайра;
- табобати ҷузъӣ - усули муолиҷа, ки бо трансфузияи ҷузъҳои хун асоснок карда шудааст;
- консентрати тромбоситҳо - ин тромбоситҳои қобили ҳаёт ва аз ҷиҳати гемостатикӣ фаъол дар плазма мебошанд, ки бо усули силсилавии сентрифугакунонии хуни нигоҳдошташуда ё бо роҳи тромбоситаферези хуни як донор тайёр карда мешавад. Мўҳлати нигоҳдорӣ дар ҳарорати +22°С дар шароити омехтакунии доимӣ аз 3 то 5 шабонарўз;
- криоконсервакунонии ҷузъҳои хун - дароз намудани вақти нигоҳдории ҷузъҳои хун бо роҳи яхкунонӣ;
- криопресипитат - ҷузъи дорои фраксияи криоглобулини омилҳои плазмавии лахташавии хун, ки то ҳаҷми 20 мл ҷамъ карда шудааст. Дар муолиҷаи бемориҳо ва ҳолатҳои бо норасоии омили VIII лахташавӣ асоснокшуда (гемофилияи А, бемории Виллебранд), ҳангоми муолиҷаи ДВС-синдром (лахташавии диссеминии дохиливаридӣ) истифода бурда мешавад. Мўҳлати нигоҳдорӣ аз лаҳзаи тайёр намудани хун аз донор бо ҳарорати пасттар аз -25°С то 3 сол мебошад;
- лейкофилтратсия (лейкодеплесия) - гирифтани лейкоситҳо аз хун ва ҷузъҳои он бо ёрии полоишҳои махсуси лейкоситарӣ;
- эритроситҳои соф - ҷузъе, ки ҳангоми сентрифугикунонии хун ва гирифтани плазма бо минбаъд софкунии эритроситҳо дар маҳлули изотонӣ ҳосил карда мешавад;
- давраи даричаи иммунологӣ - даврае, ки дар давоми он озмоишҳои айни замон барои сироят истифодашаванда ошкор намудани нишонаҳои сироятшавии инсонро имконият намедиҳанд, то он вақте ки сироят дар организми вай мавҷуд аст;
- плазмаферез - расмиёти донатсияи хун, ки тайёр намудани плазмаро аз донор бо трансфузияи бозпаси ҳуҷайраҳои хун ба вай пешбинӣ менамояд;
- аксуламали полимерази занҷирӣ (АПЗ) - синтези "in vitro" нусхаи махсуси қитъаи кислотаи дезоксирибонуклеинӣ (КДН) ё кислотаи рибонуклеинӣ (КРН) дар давоми якчанд соат бо ёрии ферменти КДН (КРН) полимераз мебошад. АПЗ барои ошкор намудани далели дар маводи таҳқиқшаванда вуҷуд доштани микроорганизми бемориовар дар давраи даричаи иммунологӣ имконият медиҳад;
- ретсипиент - шахси воқеӣ (бемор), ки ба ў хуни донорӣ ё ҷузъҳои он гузаронида мешавад;
- плазмаи ба тозагӣ яхкунонидашуда (ПТЯ) - ҷузъи аз хуни холис ё плазма истеҳсолкардашуда, ки бо усули плазмаферез тайёр карда шудааст, ба чунин мўҳлатҳо ва бо чунин ҳарорате ях кунонида мешавад, ки дар ҳолати функсионалӣ ҳамаи омилҳои лахташавии хунро нигоҳ медорад. Ҳангоми вайроншавии системаи лахташавии хун, махсусан дар он ҳолатҳое истифода бурда мешавад, ки норасоии системаи лахташавӣ аз рўи якчанд омилҳо вуҷуд дорад. Вақти яхкунонӣ то ҳарорати - 30°С дар ядрои контейнер бо плазма на зиёдтар аз як соат мебошад. Мўҳлати нигоҳдорӣ дар ҳарорати пасттар аз - 25°С то 3 сол аст;
- фраксияи плазмаи супернатантӣ (ФПС) - ҷузъе, ки аз плазма баъди гирифтани криопресипитат ҳосил карда шудааст. Он назар ба ПТЯ фаъолнокии баланди зиддилахташавӣ дорад. Дар муолиҷаи бемориҳои бо лахташавии баланди хун алоқаманд истифода бурда мешавад. Мўҳлати нигоҳдорӣ дар ҳарорати пасттар аз - 25°С то 3 сол аз лаҳзаи тайёр кардани хун аз донор аст;
- тест - система - маҷмўъ барои таҳлили иммуноферментӣ;
- типпикунонии хун - муайян кардани таркиби антигении хун;
- трансфузия - ба шахси воқеӣ (ретсипиент) гузарондани ҷузъҳо ё доруҳои хуни донорӣ;
- табобати трансфузионӣ - усули муолиҷа, ки ҳангоми он ҷузъҳо ва доруҳои хуни донорӣ истифода бурда мешаванд;
- воситаҳои трансфузионӣ - ҷузъҳо ва доруҳои хуни донорӣ;
- сироятҳои трансфузионӣ (трансмиссивӣ) - бемориҳои сироятӣ, ки ҳангоми гузарондани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он ба ретсипиент мегузаранд. Намудҳои нисбатан аҳамиятноки онҳоВНМО, гепатитҳои ғайрирўдагӣ, оташак, сирояти ситомегаловирусӣ ва герпесӣ;
- тромбоситаферез - чорабинии донатсияи хун, ки тайёр намудани тромбоситҳои дар плазма ҳалшударо бо трансфузияи бозпаси эритроситҳо ва плазмаҳои вай ба донор пешбинӣ менамояд;
- омили VIII - сафедаи системаи лахташавии хун;
- омили IX - сафедаи системаи лахташавии хун;
- ситаферез - усули ҳосил намудани ҷузъҳои ҳуҷайравии хун аз як донор бо истифодаи сепараторҳои автоматикии ҳуҷайраҳои хун;
- ситомегаловирус (СМВ) - КДН-и вирус бо тропизми зоҳиршаванда ба лейкоситҳо. СМВ бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, инчунин тавассути моеъҳои биологӣ ҳангоми аллотрансплантатсияҳо ва гузарондани ҷузъҳои хун мегузарад;
- хуни холис - ин хуне мебошад, ки аз донор бо истифодаи антикоагулянти бесирояту апирогенӣ ва контейнер гирифта шудааст.
Ҳамчун маводи аввалия барои тайёр намудани ҷузъҳои хун истифода бурда мешавад;
- моддаи холиси эритроситӣ - ин ҷузъи хун мебошад, ки аз хуни нигоҳ дошташуда баъди сентрифугакунонӣ ва гирифтани қисми плазма бо минбаъд ба вазни эритроситӣ илова намудани маҳлули ғизлаткунанда бо мақсади зиёд намудани мўҳлати нигохдорӣ ва беҳтар намудани хусусиятҳои реологӣ ҳосил қарда шудааст;
- вазни эритроситӣ - ҷузъе, ки баъди аз хун гирифтани қисми плазма ҳосил мешавад. Барои ҷуброн намудани талафёбии хун ва муолиҷаи камхунӣ истифода бурда мешавад. Мўхдати нигоҳдорӣ дар ҳарорати +4°С аз 21 то 42 шабонарўз вобаста ба таркиби маҳлули нигохдошташуда, ҳангоми истифодаи технологияи яхкунонӣ то 10 сол мебошад.
Барои худтаъминкунии ҷумҳурӣ бо доруҳои муосири хун кор карда баромадани 25 ҳазор литр плазма дар як сол зарур аст. Ҳоло талаботи муассисаҳои тиббӣ ба албумин на беш аз 15 фоизи аз тарафи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсияшуда, қаноатманд карда мешавад. Истеҳсоли як қатор доруҳои муҳими хун (албумин, иммуноглобулииҳои таъсири самтнок, омилҳои лахташавии хуни VIII ва IX, иммуноглобулинҳои дохиливаридӣ) ба роҳ монда нашудааст. Аз ҷониби давлат мушкилоти харидани доруҳои гарони хун аз хориҷи кишвар ҳал нагардидааст.
- такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва сохтори ташкилии хадамоти хун;
- татбиқи технологияҳои муосир дар асоси таҷдиди заминаи моддию техникӣ;
- баланд бардоштани тахассуси мутахассисони хадамоти хун;
- рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар асоси таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ;
- ташкили системаи назорати сифати маҳсулоти хуни донорӣ.
- такмил додани заминаи қонунгузорӣ, меъёрӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилии сохтори Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун", филиалҳои вилоятии он ва ҳуҷраҳои табобати трансфузионӣ дар муассисаҳои тиббию профилактикии ҷумҳурӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ;
- дар солҳои 2016-2019 такмил ва таҳкими мутамарказии соҳаи хун дар якҷоягӣ, инчунин фазои ягонаи иттилоотию компютерӣ дар сатҳи миллӣ (дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии илмии хун);
- дар давоми солҳои 2016-2019 ташкил намудани лабораторияҳои занҷираи полимеразӣ бо мақсади пайдо намудани вируси серонегативӣ дар филиалҳои Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" бо таъмини минбаъдаи муассисаҳои тиббию профилактикии ҷумҳурӣ бо ҷузъҳои хуни бехатар;
- татбиқи марҳила ба марҳилаи технологияи муосир ва таъмин намудани муассисаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ барои таҳлили хуни донорӣ;
- дар солҳои 2016-2018 таҳия намудани стандарту талаботи ягона ба таҷҳизот ва маводи сарфашаванда, таъмин намудани лабораторияҳои назорати сифат дар филиалҳои Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун";
- мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он" донорон дар рўзи супоридани хун аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор бо хўроки ройгон таъмин карда мешаванд;
- дар давоми солҳои 2016-2019 таъмин намудани марказҳои хун бо нақлиёти махсусгардонидашуда барои интиқоли мутамаркази ҷузъҳои хун аз марказҳои хун ба муассисаҳои тиббию профилактикӣ;
- таъин намудан бо таҷҳизоти махсус барои истеҳсол, нигоҳдории ҷузъҳои хун, гузаронидани тадқиқоти лаборатории намунаҳои хуни донорҳо дар солҳои 2016-2019;
- дастрас намудани маводи истифодаашон якдафъаина барои тайёр намудани хун ва ҷузъҳои он, лейкофилтратсия, пробиркаҳои истифодаашон якдафъаина тест-системаҳои баландсифат барои таҳқиқи хуни донорон барои сироятҳои трансмиссивӣ бо усулҳои иммуноферментӣ ва табодули занҷирии полимеразӣ, реагентҳои моноклоналӣ ва бисёрклоналӣ;
- такмили ихтисоси мутахассисони хадамоти хун дар марказҳои хуни пешрафта ва таълимгоҳҳои хориҷии дуру наздик ва даъват намудани мутахассисони варзидаи хадамоти хун барои тайёр намудан ва бозомўзии мутахассисони хадамоти хун дар заминаи Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун";
- рушди шаклҳои гуногуни донории хун, ҷузъҳои он ва дар асоси татбиқи таҷрибаи байналмилалии ташкил намудани он, ҷалб намудани Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, пешвоёни сиёсӣ, динӣ, ашхоси машҳури давлат, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои ташвиқу тарғиби донории ройгон.
- такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои рушди хадамоти хун тавассути ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани онҳо;
- таҳия ва татбиқи стандарти системаи иттилоотии маркази хун.
- таҳияи стандарту талаботи ягона барои таҷҳизонидани хадамоти хун ва таъмин намудани он бо маводи сарфшаванда;
- таъмин намудани марказҳои хун бо таҷҳизоти махсусгардондашудаи тайёр кардан, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва интиқоли ҷузъҳои хун, таҳқиқи лаборатории намунаи хуни донорҳо;
- таҷҳизондани хадамоти хун бо компютерҳои шахсӣ ва таҷҳизоти серверӣ ҷиҳати таҳкими системаи иттилоотии хадамоти хун;
- таъмин намудани марказҳои хун бо нақлиёти махсусгардонидашуда барои тайёр намудани хун ва ҷузъҳои он дар шароитҳои сайёр вобаста ба доираи маркази хун ва шумораи аҳолие, қи хизматрасонӣ пешбинӣ менамояд, таҷҳизонидан бо автоприсеп-модулҳо (дар маҷмўъ бо таҷҳизот) барои тайёр намудани хун дар шароити сайёр ва модулҳо барои тайёр намудани плазма (дар маҷмўъ бо таҷҳизот ва ядак);
- таъмин намудани марказҳои хун бо тест-системаҳои баландсифат ва маводи сарфшавандаи истифодаашон яккарата барои таҳқиқи сироятҳои трансфузионӣ;
- таъмин намудани марказҳои хун бо реагентҳои моноклоналӣ ва маводи сарфшавандаи истифодаашон яккарата барои гузаронидани таҳқиқоти иммуногематологии донорҳо, хунқабулкунандаҳо ва ҳомиладорон;
- татбиқи технологияи агглютинатсия дар гел ва типпикунонии автоматикардашудаи хун;
- таъмин намудани марказҳои хун бо маводи сарфшавандаи тайёр намудани хун ва ҷузъҳои он, лейкофилтратсия бо дарназардошти таҷҳизоти мавҷуда ва миқдори баҳисобгирифташудаи донории хун ва ҷузъҳои он;
- таъмин намудани шўъбаҳои хунгузаронӣ ва ҳуҷраҳои табобати I, трансфузионӣ бо таҷҳизоти махсусгардондашудаи нигоҳдории ҷузъҳои хун;
- зиёд намудани ҳаҷми ба ҳиссаҳо тақсим намудани плазма дар криопресипитат ва плазмаи крионатантӣ.
- такмили ихтисоси мутахассисон дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии илмии хун: инчунин дар марказҳои пешрафтаи давлатҳои хориҷи дуру наздик;
- даъват намудани мутахассисони хориҷии соҳаи тибби трансфузионӣ барои гузаронидани курсҳо, тренингу семинарҳо бо мақсади дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии илмии хун тайёр намудани мутахассисони хадамоти хун.
- рушди донории ихтиёрии ройгон, тавассути иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ бо роҳи ҷойгиркунонии фармоиши иҷтимоӣ дар сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- ҷалби ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои иштирок дар тарғибу ташвиқи донорӣ бо маблағгузории чорабиниҳо тавассути буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ аз рўи принсипи фармоиши иҷтимоӣ;
- ба донорӣ ҷалб намудани хизматчиёни ҳарбии воҳидҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон;
- ташкил намудани донории ихтиёрии ройгон дар шароити сайёр;
- таъмин намудани ғизои донории ройгон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он" амалӣ карда мешавад.
- таҳияи стандартҳои сифати ҷузъҳои, донорӣ ва доруҳои хун, стандартҳои таҳқиқоти лабораторӣ ва стандартҳои нишондиҳандаҳои истифодаи клиникӣ воситаҳои трансфузионӣ ва усулҳои трансфузиологияи клиникӣ;
- таҳияи низомнома оид ба аккредитатсияи ташкилоту воҳидҳои хадамот.
Нақша
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон _
2 июли соли 2015, № 422 тасдиқ шудааст
Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019
№ |
Чорабиниҳо |
Иҷрокунандагон |
Мӯҳлати иҷро |
Бо солҳо |
Маблағи умумӣ (оомонӣ) |
Сарчашмаҳои маблағгузорӣ |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
|
|
|
2016 |
2017 |
2018 |
2019 |
|
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||
1 |
Такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои таълимию методӣ оид ба масоили рушди хадамоти хун |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2016 |
|
|
|
|
|
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст |
||||||||||||||||||||||||||||||||||
2 |
Ташкил намудани гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои истифодаи ҷузъҳои хун |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2016 |
|
|
|
|
|
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст |
||||||||||||||||||||||||||||||||||
3 |
Такмил додани хадамоти марказонидашудаи хун дар – ҷумҳурӣ. Таъмин намудани шароит барои 50000 хунсупорӣ дар як сол дар Маркази ҷумҳуриявии илмии хун (25000) ва филиалҳои он |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассичаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
2016-2019 |
|
|
|
|
|
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст |
||||||||||||||||||||||||||||||||||
4 |
Таъмин намудани хадамоти хун бо реагентҳои моноклоналӣ ва бо маводи якдафъаинаи сарфшаванда барои гузаронидани тадқиҳоти иммунологии хун |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассиоаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
2016-2017 |
150000 |
150000 |
|
|
300000 |
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
5 |
Таъмин намудани Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ва филиалҳои вилоятии он бо халтачаҳои хунгирӣ |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
2017-2019 |
|
2000000 |
2000000 |
4000000 |
8000000 |
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷеги давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
6 |
Таъмин намудани Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ва филиалҳои вилоятии он бо таҷҳизоти озмоишии генетикии занҷираи полимеразӣ |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии ""Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
2018-2019 |
|
|
400000 |
600000 |
1000000 |
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
7 |
Таъмин намудани Маркази чумҳуриявии илмии хун ва филиалҳои вилоятии он бо дастгоҳи даврзанонии рефрежератории хун |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
2019 |
|
|
|
2500000 |
2500000 |
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
8 |
Таъмин намудани Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ва филиалҳои вилоятии он бо дастгоҳи пайвасткунии найчаҳои халтачаҳои хун |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикиотон, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
2019 |
|
|
|
500000 |
500000 |
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
9 |
Таъмин намудани Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ва филиалҳои вилоятии он бо яхдонҳои саноатӣ барои нигоҳдории хун |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
2017-2019 |
|
150000 |
150000 |
300000 |
600000 |
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
10 |
Таъмин намудани Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ва филиалҳои вилоятии он бо найчашишаҳо барои таҳлили хун |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассиоаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
2019 |
|
|
|
600000 |
600000 |
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
11 |
Ташкил намудани |
Вазорати тандурусти |
2016 |
100000 |
|
|
|
100000 |
Аз ҳисоби маблағҳои |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
|
даврҳои омӯзиши барои кормандони хадамоти хун ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ мутобиқи тавсияҳои нави таълимию методӣ оид ба трансфузиология |
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
|
|
|
|
|
|
Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
12 |
Дар барномаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва инчунин дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон ҷорӣ намудани куроҳои омӯзишӣ оид ба масъалаҳои мубрами тибби трансфузиологӣ |
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон |
2016 |
|
|
|
|
|
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
13 |
Гузаронидани такмили ихтисоси мутахассисони хадамоти хун дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии илмии хун, хориҷаи наздик ва дур |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии хун" |
2017-2019 |
|
200000 |
200000 |
100000 |
500000 |
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
14 |
Таъмин намудани |
Вазорати тандурустӣ |
2016-2018 |
40000 |
30000 |
30000 |
|
100000 |
Аз ҳисоби маблағҳои |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
|
даъвати мутахассисони варзидаи хориҷӣ барои тайёр намудани мутахассисони хадамоти хун дар заминаи Маркази Ҷумҳуриявии илмии хун |
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
|
|
|
|
|
|
Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
15 |
Таҳкими заминаи моддию техникии шӯъбаи таълимию методии Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
2018 |
|
|
100000 |
|
100000 |
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
16 |
Таъмин намудани рушди донории ихтиёрии хун ва ҷузъҳои он |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
2016-2019 |
|
|
|
|
|
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
17 |
Пурзӯр намудани тарғибу ташвиқи донории ихтиёрии ройгон: бо истифода аз ВАО, кӯмаки созмонҳои ҷамъиятӣ ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муасрисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
2016-2019 |
|
|
|
|
|
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
|
пурзӯр намудани фаъолияти тарғибу корҳо оиди аз байн бурдани шумораи донорони пулакӣ ва зиёд намудани шумораи донорҳои ихтиёрии ройгон |
|
|
|
|
|
|
|
шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
18 |
Таъмини ҳифзи саломатии донорҳо аз ҷониби мақомоти тандурустӣ ва бо ин мақсад амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои зерин: - ҷамъ кардани донорҳо; - риояи шароити беҳдоштию эпидемиологии хунгирӣ; - дар сатҳи зарурӣ тайёр намудани кормандони тиб; - назорати донорҳо дар марказҳои саломатӣ. |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассиоаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
2016 |
|
|
|
|
|
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
19 |
Мустаҳкам гардонидани имконоти таъмини бехатарии хун, аз ҷумла харидории таҷҳизоти зарурӣ, маводи сарфшаванда, гузаронидани |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тбҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
2018-2019 |
|
|
|
|
|
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбннӣ |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
|
семинарҳо оид ба амалӣ намудани тавсияҳо |
|
|
|
|
|
|
|
шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
20 |
Ташкили маркази ягонаи донорӣ барои ҷамъоварии иттилоот аз минтақаҳои ҷумҳурӣ оид ба вазъи эпидемиологии донорҳои эҳтимолӣ, вазъи саломатии донорҳо |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
2017 |
|
|
|
|
|
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлагӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
21 |
Ташкил намудани Референс-лаборатория дар назди Маркази ҷумҳуриявии илмии хун барои назорати сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда аз тамоми филиалҳои "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
2017-2019 |
|
|
|
|
|
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
22 |
Такмил додани системаи ягонаи мониторинг ва арзёбӣ дар назди "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" |
2018-2019 |
|
|
|
|
|
Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии хун" пешбинӣ шудааст |
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||
|
Ҳамагӣ |
|
|
290000 |
2530000 |
2880000 |
8600000 |
14300000 |
|
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||