Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2015, № 188

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ МИЛЛИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020

 

Барномаи мазкур сиёсат дар соҳаи ҳифзи авиатсияи гражданӣ аз амалҳои мудохилавии ғайриқонунӣ ва тадбирҳоро ҷиҳати татбиқи он муайян месозад.

 

БОБИ 1. МАҚСАДИ БАРНОМА

 

  1. Мақсади Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ аз таъмини бехатарӣ, мунтазамӣ ва самарабахшии парвозҳои авиатсияи байналмилалии гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалӣ намудани чораҳо оид ба ҳимоя аз амалҳои мудохилавии ғайриқонунӣ тибқи қоидаҳо, амалия ва расмият иборат мебошад. Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ (минбаъд-БМБАГ) ба таъмини бехатарии истифодабарандагони миллӣ ва хориҷӣ, ки парвозҳоро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамоянд, инчунин фурудгоҳҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатсайрҳои байналмилалиро хизматрасонӣ менамоянд, равона шудааст.
  2. Бо дарназардошти созишномаҳои байналмилалӣ, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, Барномаи мазкур нисбат ба истифодабарандагони миллӣ ва хориҷии киштиҳои ҳавоӣ, истифодабарандагони фурудгоҳҳо, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, татбиқ мегардад.
  3. Муқаррароти Барномаи мазкур барои вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ашхоси мансабдори ташкилотҳои авиатсияи гражданӣ ва дигар ташкилотҳои ба таъмини бехатарии авиатсионӣ вобастабуда, новобаста аз шакли моликияташон, ҳатмӣ мебошад. Иҷро накардан ва ё вайрон намудани меъёрҳо, қоидаҳо ва расмият оид ба бехатарии авиатсионӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ оварда мерасонад.
  4. Барномаи мазкур ҷиҳати риояи Стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи тавсияшуда, ки дар Замимаи 17 ба Конвенсия оид ба авиатсияи байналмилалии гражданӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва баъзе амалҳои дигар, ки дар дохили киштии ҳавоӣ содир шудаанд, Конвенсия оид ба мубориза бо забти ғайриқонунии киштиҳои ҳавоӣ, Конвенсия оид ба мубориза бо амалҳои ғайриқонуние, ки ба муқобили бехатарии авиатсияи гражданӣ равона шудааст, Конвенсия оид ба тамғазании моддаҳои пластикии тарканда бо мақсади ошкор намудани онҳо ва протоколҳои иловагии авиатсияи гражданӣ оид ба мубориза бо амалҳои ғайриқонунии зўроварӣ дар фурудгоҳҳо, ки авиатсияи байналмилалии гражданиро хизматрасонӣ мекунанд, Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 1999, №87 "Дар бораи тасдиқи санадҳои меъёрӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ дар объектҳои авиатсияи гражданӣ" оварда шудаанд, пешбинӣ шудааст. Татбиқи Барномаи мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷро намудани ўҳдадориҳои худ дар доираи Конвенсияи байналмилалии гражданӣ, алалхусус вобаста ба таъмини бехатарии авиатсионӣ мусоидат менамояд.
  5. Иттилоот дар бораи чораҳои татбиқи Барнома, ҳамчун иттилооти барои паҳн намудан маҳдудкардашуда маҳсуб меёбад. Ҳамаи шахсони мансабдоре, ки иттилоотро дар бораи чораҳои татбиқи Барномаи мазкур гирифтаанд, набояд иттилооти гирифтаашонро ошкор намоянд.

 

БОБИ 2. МАФҲУМҲОИ АСОСӣ

 

  1. Дар Барномаи мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- бехатарии авиатсионӣ - маҷмўи тадбирҳо, инчунин захираҳои инсонию моддӣ, ки барои ҳифзи авиатсияи гражданӣ аз амалҳои ғайриқонунии дахолат пешбинӣ шудаанд;

- муассисаи авиатсионӣ- шахси ҳуқуқӣ, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият мақсади асосии фаъолияти ў ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон, бағоҷ, борҳо, почта ва иҷрои корҳои авиатсионии пардохтшаванда мебошад;

- амалҳои ғайриқонунии дахолат - амалҳо ё кўшиши содир намудани амалҳое, ки ба бехатарии авиатсияи гражданӣ ва киштии ҳавоӣ таҳдид мекунанд, аз ҷумла ғасби ғайриқонунии киштиҳои ҳавоӣ ҳангоми парвоз ва дар замин, ғасби гаравгонон дар дохили киштии ҳавоӣ ё аэродромҳо, маҷбурӣ ворид шудан ба дохили киштии ҳавоӣ, фурудгоҳ ё маҳалли ҷойгиршавии воситаҳо ва хадамоти аэронавигатсионӣ, дар дохили киштии ҳавоӣ ё фурудгоҳ ҷойгир намудани яроқ, таҷҳизот ё маводи хатарнок, ки барои мақсадҳои ҷиноятӣ пешбинӣ шудаанд, расонидани иттилооти бардурўғ, ки ба бехатарии киштии ҳавоӣ, мусофирон, аъзои экипаж, ҳайати кормандони заминӣ ё аҳли ҷамъият дар фурудгоҳ ё дар маҳалли ҷойгиршавии воситаҳо ва Хадамоти авиатсияи гражданӣ ҳангоми парвоз ё дар замин таҳдид мекунад, дар киштии ҳавоӣ, ки мавриди истифодабарӣ қарор дорад, ҷойгир кардан ё кўшиши ҷойгир кардани таҷҳизот ё моддаҳое, ки метавонанд онро вайрон кунанд ё боиси зиёне гарданд, ки ба бехатарии киштии ҳавоӣ таҳдид менамоянд;

- принсипҳои омили инсонӣ - принсипҳое, ки барои тарҳрезии таҷҳизоти авиатсионӣ, сертификатсия, омодасозии кадрҳо, фаъолияти эксплуататсионӣ, хизматрасонии техникӣ истифода шуда, баҳри таъмини ҳамкории бехатари байни инсон ва дигар унсурҳои система тавассути баҳисобгирии муносиби имкониятҳои инсон нигаронида шудааст;

- фурудгоҳ - маҷмўи биноҳое, ки дар худ аэродром, аэровокзал ва дигар биноҳоеро инъикос мекунад, ки барои қабулу гусели киштиҳои ҳавоӣ ва хизматрасонии ҳамлу нақли ҳавоӣ пешбинӣ шудааст;

- фурудгоҳи фиристодан - фурудгоҳе, ки аз он тибқи шартномаи байналмилалии ҳамлу нақли ҳавоӣ фиристодани мусофирон, бағоҷ ё бор амалӣ мегардад;

- фурудгоҳи таъинот- фурудгоҳе, ки бояд ба он мутобиқи шартномаи байналмилалии ҳамлу нақли ҳавоӣ мусофир, бағоҷ ё бор расонида шавад;

- бағоҷ - ашёи шахсии мусофирон ё ҳайати идоракунӣ, ки аз рўи созишнома бо истифодабаранда дар дохили киштии ҳавоӣ бурда мешавад;

- контейнери бағоҷӣ - зарфе, ки ба он бағоҷбарои ҳамлу нақл дар дохили киштии ҳавоӣ ҷойгир карда мешавад;

- бағоҷе, ки якчанд интиқолдиҳанда мебарад - бағоҷи мусофирон, ки аз як киштии ҳавоии истифодабаранда ба киштии ҳавоии истифодабарандаи дигар дар рафти ҳамлу нақли мусофирон бурда мешавад;

- захираҳои дохили ҳавопаймо барои хизматрасонии мусофиронтамоми ашё, ба истиснои захираи хўроки дохили ҳавопаймо вобаста ба хизматрасонии мусофирон ҳангоми парвоз, аз қабили рўзномаҳо, маҷаллаҳо, гўшмонакҳо, аудио ва видеонаворҳо, болишту курпаҳо, лавозимоти сафарӣ ва ғ.;

- киштии ҳавоӣ - ҳама гуна дастгоҳҳо, ки дар фазо аз ҳисоби таъсири мутақобила бо ҳаво нигоҳ дошта мешавад, ба истиснои таъсири мутақобила бо ҳаво, ки дар сатҳи замин инъикос меёбад;

- бор - ҳама гуна амволе, ки дар дохили киштии ҳавоӣ интиқол дода мешавад, ба истиснои почта, захираҳои дохили ҳавопаймо ва бағоҷи мушоиатшаванда ё фиристодашаванда.

- анбори борҳо - биное, ки ба воситаи он бор дар марҳилаи байни ҳамлу нақли ҳавоию заминӣ гузашта, дар он воситаҳои коркарди борҳо ҷойгир мебошанд ё борҳо то ҳамлу нақли ҳавоию заминӣ ҷойгир карда шудаанд.

- тахрибкорӣ - амал ё беэътиноии қасдан содиршуда, ки мақсади барқасдона ё бемаънии нест кардани амволро дошта, фаъолияти авиатсияи гражданӣ ва хадамоти онро зери таҳдид мегузорад ё ба ин фаъолият дахолати ғайриқонунӣ мекунад;

- тафтиш - истифодаи воситаҳои техникӣ ва дигар воситаҳо бо мақсади мушобеҳсозӣ ва/ё ошкор намудани яроқ, моддаҳои тарканда ё дигар таҷҳизоти хатарнок, ки метавонанд барои амалҳои ғайриқонунии дахолат истифода шаванд;

- тафтиши киштии ҳавоӣ - тафтиши толори мусофирон, ҳуҷраҳои маишию техникӣ ва ҷойҳои кушодаи беруни киштии ҳавоӣ бо мақсади ошкор намудани ҷойҳои пинҳонии моддаҳо ё таҷҳизоти зарароварандаи таркишӣ, оташангез, сабук даргиранда ва ғайраҳо;

- толори парвоз - минтақаи назоратии байни ҷойҳои бақайдгирӣ ва ҷойи интизоршавӣ мебошад;

- агенти бақайдгирифташуда - агент, ирсолкунандаи борҳо ё ҳама гуна дигар шахси ҳуқуқӣ, ки фаъолияти тиҷоратиро бо истифодабарандагон амалӣ месозад ва бо мақсади бехатарие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори дахлдор нисбат ба бор, муросилоти курерӣ ё почта эътироф ё талаб карда мешавад, назорат менамояд;

- бағоҷи фиристодашуда - бағоҷе, ки қасдан ё аз рўи беэътиноӣ аз мусофирон ё ҳайати экипаж ҷудо карда шудааст;

- минтақаи хизматрасонии техникии киштии ҳавоӣ - қитъаи замин, инчунин воситаҳо ва таҷҳизоте, ки барои хизматрасонии техникии нақлиёт пешбинӣ шудаанд: перронҳо, ангарҳо, бино ва устохонаҳо, ҷойи таваққуфи воситаҳои нақлиёти заминӣ ва роҳҳои ба онҳо пайвастшаванда мебошанд;

- минтақаи назоратӣ - майдони кории фурудгоҳ ва минтақаҳои атрофи он, ки дар назди бино ё дар як қисми он ҷойгир шуда, дастрасӣ ба онҳо зери назорат мебошад;

- назорат бо мақсади бехатарӣ - тадбирҳое, ки бо ёрии онҳо гузаронидани яроқ, моддаҳои тарканда ё дигар ашёи хатарнок, ки метавонанд бо мақсади содир намудани амали ғайриқонунии дахолат истифода шаванд, пешгирӣ карда мешаванд;

- тафтиши шахсӣ - тафтиш бе иштироки шахсони ғайр, ки дар ҳуҷраи махсус гузаронида шуда, барои муоинаи шахси конкретӣ пеш аз ба нақлиёти ҳавоӣ нишастани ў бо мақсади ошкор намудани моддаҳои тарканда, таҷҳизоти тарканда ё дигар таҷҳизоти хатарнок равона шудааст, ки метавонанд барои содир намудани амали ғайриқонунии дахолат истифода шаванд;

- фурудгоҳи байналмилалӣ - фурудгоҳе, ки дар он ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоӣ амалӣ гардонида шуда, назорати гумрукӣ, сарҳадӣ ва санитарию карантинӣ таъмин карда мешавад;

- ҷойи интизоршавӣ - ҷой байни толори парвоз ва баромадгоҳ аз бинои аэровокзал ба минтақаи назоратӣ мебошад;

- ҷойи ба навъҳо ҷудо кардани бағоҷҳо - ҷое, ки дар он бағоҷи фиристодашаванда барои тақсимот аз рўи хатсайрҳо ба навъҳо ҷудо карда мешаванд;

- истгоҳи киштии ҳавоӣ - қитъаи ҷудошуда дар перрон, ки барои истгоҳи киштии ҳавоӣ пешбинӣ шудааст;

- бағоҷи дархостнашуда - бағоҷе, ки ба фурудгоҳ оварда шудааст, вале онро касе нагирифтааст ё талаб накардааст;

- минтақаи ғайриназоратӣ - минтақаи фурудгоҳ бо иловаи биное, ки ба он мусофирон, инчунин шахсоне, ки мусофир ҳисоб намеёбанд, дастрасии бемаҳдуд дорад;

- бағоҷи шинохтанашуда - бағоҷе, ки бо тахтачаи бағоҷӣ ё бе тахтачаи бағоҷӣ ба фурудгоҳ оварда шудааст, вале он аз ҷониби мусофир гирифта ё шинохта нашудааст;

- бағоҷи мушоиатнашаванда - бағоҷе, ки ҳамчун бор дар дигар ё ҳамон як киштии ҳавоӣ ҳамлу нақл карда шуда, дар он шахси соҳиби бағоҷ ҷойгир мебошад;

- борҳои хатарнок - маснуот ё моддаҳое, ки қобилияти таҳдидкунӣ ба саломатӣ, бехатарӣ, амвол ё муҳити зистро дошта, дар рўйхати борҳои хатарнок дар дастурамали техникӣ нишон дода шудаанд ё мутобиқи ҳамин дастурамал хатарнок тасниф мешаванд;

- минтақаҳои муҳофизатшавандаи дастрасиашон маҳдуд минтақаҳои фурудгоҳ, ки ворид шудан ба онҳо бо мақсади таъмини бехатарии авиатсияи гражданӣ зери назорат мебошанд. Чун қоида ба қатори ҳамин минтақаҳо ғайри ҳамаи дигар минтақаҳое мебошанд, ки барои мусофирони парвозкунанда аз ҷойи тафтиш то нақлиёти ҳавоӣ, инчунин перрон, минтақаи коркарди бағоҷ, анборҳо, маркази ба навъҳо ҷудо кардани почта ва минтақаи назоратшавандаи бинои хадамоти қувватдиҳандаҳо ва тозакунии толорҳои киштии ҳавоӣ пешбинӣ шудаанд;

- мусофир - ҳама гуна шахс ба истиснои ҳайати идоракунӣ, ки мутобиқи шартномаи ҳамлу нақли ҳавоӣ дар киштии ҳавоӣ бурда мешавад ё бояд бурда шавад;

- минтақаи мусофирӣ - тамоми қитъаи замин, инчунин восита ва таҷҳизоте, ки барои коркарди ҷараёнҳои мусофири пешбинӣ шудааст (перронҳо, бинои аэровокзал, ҷойҳои исти воситаҳои нақлиёти заминӣ ва роҳҳои пайвастшаванда);

- перрон - майдони муайяни аэродроми хушкигардӣ, ки барои ҷойгир намудани киштиҳои ҳавоӣ бо мақсади нишастан ё фаровардани мусофирон, бор кардан ё фаровардани почта ё борҳо, бо сўзишворӣ пур кардан, ҷойи ист ё хизматрасонии техникӣ пешбинӣ шудааст;

- парвоз - ҳолати киштии ҳавоӣ дар давраи аз лаҳзаи маҳкам шудани дарҳои дохилшавӣ баъди шинонидани мусофирон ва (ё) ҳайати идоракунӣ барои иҷрои хатсайр то лаҳзаи кушода шудани дарҳо барои баромадани мусофирон ва (ё) ҳайати идоракунӣ баъди нишастани киштии ҳавоӣ ва аз кор монондани муҳаррикҳо;

- мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои бехатарӣ - мақоми аз ҷониби давлат дар доираи ваколати маъмурии худ таъиншуда, ки ба зиммаи ў масъулият барои таҳия, татбиқ ва таҷдиди барномаи миллии таъмини бехатарии авиатсияи гражданӣ гузошта шудааст;

- почта - муросилот ё дигар ашёе, ки аз ҷониби маъмурияти почта фиристода шудааст ё барои фиристодан пешбинӣ шудааст;

- иҷозатнома - системаи иҷозатномаҳо аз кортҳо иборат буда, ба шахсони алоҳидае дода мешаванд, ки дар фурудгоҳҳо кор мекунанд ё бо чунин сабабҳо додани иҷозатномаи тасдиқшуда дар фурудгоҳ, минтақаи назоратӣ ё минтақаи ҳифзшавандаи дастрасияш маҳдуд зарур мебошад. Мақсади он муайянкунии шахсият ва сабукгардонии иҷозатнома мебошад. Барои мақсадҳои ба ҳамин монанд иҷозатномаҳо барои воситаҳои нақлиёт дода ва истифода мешаванд;

- майдони корӣ - қисми аэродром, ки барои парвоз, нишастан ва ҳаракати киштии ҳавоӣ пешбинӣ шуда, аз майдони манёвркунӣ ва перрон иборат мебошад;

- тафтиши бори дастӣ - тафтише, ки барои муоинаи бори дастӣ ва (ё) бағоҷи мусофирон, ҳайати идоракунии киштии ҳавоӣ, кормандони фурудгоҳҳо ва дигар шахсони вазифадор нигаронида шуда, бе истифодаи воситаҳои техникӣ гузаронида мешавад;

- бори дастӣ - ашё ва чизҳое, ки дар назди мусофир ҷойгиранд;

- хадамоти бехатарии авиатсионӣ - хадамоте, ки ташкил ва иҷрои вазифаҳоро оид ба ҳифзи фаъолияти авиатсияи гражданӣ аз амалҳои ғайриқонунии дахолат анҷом медиҳад;

- минтақаи тамйизӣ - минтақа байни ҳама гуна нуқтаи санҷишӣ, назоратии махсуси мусофирон ва киштии ҳавоӣ, ки дастрасӣ ба он зери назорати сахт қарор дорад;

- мусофирони транзитӣ - мусофироне, ки аз фурудгоҳ бо ҳамон хатсайре парвоз мекунанд, ки тавассути он омада буданд;

- мусофирони трансферӣ - мусофироне, ки мустақиман аз як хатсайр ба хатсайри дигар мегузаранд;

- бағоҷи трансферӣ - бағоҷе, ки аз як хатсайр ба хатсайри дигар бор карда мешавад;

- бонги изтироб оид ба таҳдиди таркиш - ҳолати бонги изтироб, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори салоҳиятнок бо мақсади анҷом додани нақшаи амалиёт барои безараргардонии оқибатҳои эҳтимолӣ вобаста ба гирифтани бонги изтироб аз сарчашмаи номаълум ё аз дигар шабакаҳо ё ошкор намудани таҷҳизоти шубҳанок ё дигар ашёи шубҳанок дар дохили киштии ҳавоӣ, дар фурудгоҳ ё дар дохили воситаҳо ё хадамоти авиатсияи гражданӣ эълон карда мешавад;

- рабудани нақлиёти ҳавоӣ - истифодаи ғайриқонунии киштии ҳавоӣ бо роҳи идоракунии он ё равона кардани он ба таври зўрӣ ё таҳдиди маҷбуркунӣ ё дигар таҳдидҳо, ки дар нақша ва нуқтаи парвоз нишон дода шудааст;

- таҳдиди тарконидан - таҳдиде, ки аз сарчашмаи номаълум ё дигар шабакаҳо гирифта шуда, дар он иттилооти боварибахш ё бардурўғ дода мешавад ё дар назар дошта шудааст, ки ба бехатарии киштии ҳавоӣ ҳангоми парвоз ё дар замин ва ё ҳама гуна фурудгоҳ ё воситаҳои авиатсияи гражданӣ ё ҳама гуна шахсро метавонад моддаи тарканда ё дигар ашёю таҷҳизот таҳдид намояд;

- узви ҳайати идоракунӣ - шахсе, ки аз ҷониби истифодабаранда барои иҷрои ўҳдадориҳои муайян дар дохили киштии ҳавоӣ дар давоми вақти парвози хизматӣ таъин шудааст;

- истифодабаранда- шахс, ташкилот ё корхона, ки киштии ҳавоиро истифода мебарад ё дар ин соҳа хизматрасонии худро пешниҳод мекунад.

 

БОБИ 3. САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ СОҲАИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӣ

 

  1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Кодекси фазои ҳавоӣ, қонунҳо ва қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошанд.

 

БОБИ 4. ТАҚСИМОТИ ЎҲДАДОРИҲО

§ 1. Таъин намудани мақоми ваколатдори дахлдор оид ба масъалаҳои бехатарии авиатсионӣ

 

  1. Мақоми ваколатдори таъингардида оид ба бехатарии авиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (минбаъд - РАГ ВН ҶТ).
  2. Ба зиммаи Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадориҳои зерин вогузошта шудаанд:

а) таҳия, иҷро ва дастгирии Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) муайян ва тақсимоти вазифаҳо оид ба иҷрои ҷанбаҳои гуногуни Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ;

в) муайян намудани тарзҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти байналмилалии ташкилотҳои гуногун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҷанбаҳои гуногуни Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ машғул ё ҷавобгў мебошад;

г) ба ихтиёри мақомоти маъмурии фурудгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ, ки дар қаламрави он фаъолият мекунанд ва дигар тарафҳои манфиатдор дар шакли хаттӣ пешниҳод намудани қисмҳои дахлдори Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ;

д) аз нав дида баромадан ва дастгирии самарабахши Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ аз ҷумла аз нав арзёбии тадбирҳо ва расмиёти бехатари пас аз амалӣ мудохилаи ғайриқонунӣ ва андешидани амалҳо, ки ҷиҳати ислоҳ намудани камбудиҳо бо мақсади роҳ надодани такроршавии онҳо зарур мебошанд;

е) баррасӣ ва мувофиқа намудани барномаҳои бехатарии авиатсионии истифодабарандагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ, корхонаҳои авиатсионӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ж) таҳия ва ҳангоми зарурат аз нав дида баромадани сиёсати умумии миллӣ, ки ба бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад;

з) таҳия ва нашри муқаррароти ҳамаҷонибаи миллӣ, ки ба бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад;

и) таъмини бақайдгирии талаботи зарурии меъморӣ ва инфрасохторӣ бо мақсади татбиқи дурусти тадбирҳои байналмилалӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ ҳангоми лоиҳакашӣ ва таъсиси восита ва хадамоти нав инчунин ворид намудани ислоҳҳо ба восита ва хадамоти мавҷудбудаи фурудгоҳҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

к) таҳия ва иҷрои барномаи омодагӣ дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ, инчунин ҳамоҳангсозии таҳия ва тасдиқи барномаҳои омодагӣ дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ аз ҷониби муассиса ва ташкилотҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

л) гузаронидани мониторинг ва мушоҳидаҳо, иштирок намудан дар санҷишҳои назоратӣ ва аудитҳо мебошад.

 

§ 2. Мақоми ваколатдори назоратӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ

 

  1. Мақоми ваколатдори назоратӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (минбаъдХДНТСН ВН ҶТ).
  2. Ба зиммаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадориҳои зерин вогузор шудааст:

а) гузаронидани санҷишҳои назоратӣ, мушоҳидаҳо, аудитҳо ва тафтишоти садамаҳои авиатсионӣ;

б) иштироки бевосита дар гузаронидани аттестатсия, санҷиши дониши мутахассисоне (кормандоне), ки фаъолияти онҳо новобаста аз шакли моликият бо таъмини бехатарии авиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст.

 

§ 3. Мақоми маъмурии фурудгоҳ

 

  1. Мақоми масъули маъмурии фурудгоҳ марбут ба масоили бехатарии авиатоионӣ Роҳбари фурудгоҳ маҳсуб мешавад, ки сохтори бехатарии авиатсионии фурудгоҳро муайян менамояд ва сардори хадамоти бехатарии авиатсиониро таъин мекунад. Ҳар як ташкилоти дар фурудгоҳ қароргиранда ва ё фаъолияти истеҳсолии худро дар ҳудуди он баамалоранда, дар масъалаҳои таъмини бехатарии авиатсионӣ ба роҳбари маъмурияти фурудгоҳ ва сардори хадамоти бехатарии авиатсионии фурудгоҳ итоат мекунад.
  2. Хадамоти бехатарии авиатсионии фурудгоҳ, бевосита ба роҳбари фурудГОҳ, тобеъ мебошад. Хадамоти бехатарии авиатсионии (минбаъд - ХБА) фурудгоҳ мутобиқи талаботҳои боби 12-уми Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳамкорӣ бо хадамоти бехатарии авиатсионии муассисаи истифодабаранда (корхонаҳои ҳавопаймоӣ), ҳамчунин бо мақомотҳои махсуси салоҳиятдор, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна ҳуқуқ доранд, иҷроиши меъёрҳо, талаботҳо ва равандҳоро марбут ба бехатарии авиатсионӣ таъмин намуда, барои муайян ва иҷрои тадбирҳо оид ба бехатарӣ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои дахолати ғайриқонунӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў мебошад.
  3. Ўҳдадориҳои хадамоти бехатарии авиатсионӣ аз инҳо иборат мебошанд:

а) барномаи таъмини бехатарии авиатсиониро таҳия намуда, барои тасдиқ ба роҳбари фурудгоҳ ва барои мувофиқакунӣ ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) ба маълумоти кормандони фурудгоҳ, муассисаи авиатсионӣ ва шахсони ҳуқуқии манфиатдор расонидани талаботи барномаи таъмини бехатарии авиатсионии фурудгоҳ, дар қисме, ки ба онҳо дахл дорад;

в) ба маълумоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки иҷозати даромадан ба минтақаи назоратӣ ва ё ба бино, иншоот, ҳудудҳои қитъаҳои дар минтақаи муҳофизатӣ ҷойгир шудаанд, ки дар онҳо маҳдудиятҳои реҷавии иловагии маҳдудкунӣ муқаррар карда шудаанд, доранд (минбаъд - минтақаи маҳдуд барои дастрас), расонидани дастур оид ба реҷаҳои иҷозатдиҳӣ ва дохилииншоотӣ, тарҳҳои (нақшаҳои) ҷойгиршавӣ ва таъиноти ин минтақаҳо;

г) дар хусуси ҳодисаҳои содиршудаи дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ ё мавҷуд будани хатари воқеии содир шудани онҳо фавран ба роҳбари фурудгоҳ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти салоҳиятдор хабар медиҳад;

д) сари вақт ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани иттилооти ҷамъбастӣ оид ба чораҳои андешида ҷиҳати бартараф намудани содир шудани амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ ё барҳам додани оқибатҳои содир шудани онҳо;

е) ба барномаҳои таҳияшуда ва дастгиришаванда оид ба таъмини бехатарии авиатсионии фурудгоҳ ворид намудани чораҳои мушаххаси бехатарӣ, ки дар фурудгоҳ амал мекунанд ва мутобиқат ба талаботи Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданиро таъмин менамоянд;

ё) доир ба таъин намудани кормандони хадамоти бехатарии авиатсионии фурудгоҳ, ки ба онҳо ҳамоҳангсозии иҷрои муқаррароти мушаххаси барномаи бехатарии авиатсионӣ супориш шудааст, ба роҳбари фурудгоҳ пешниҳод пешкаш менамоянд;

ж) таъсис додани кумитаи фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ тибқи талаботи Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ;

з) таъмини бақайдгирии эҳтиёҷот дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ ҳангоми лоиҳакашӣ ва таъсис додани воситаҳо, хадамоти нав, азнавтаҷҳизонидани воситаҳо ва хадамот дар фурудгоҳ;

и) таъсиси комиссияи фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ, чорабиниҳое, ки ба ҳифзи фурудгоҳ, муассисаи авиатсионӣ ва истифодабаранда аз амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ, бартараф ва роҳ надодан ба ғасб ва рабудани киштиҳои ҳавоӣ равона шудаанд.

 

§ 4. Иҷорагирандагони фурудгоҳ

 

  1. Иҷорагирандагони фурудгоҳ аз ашхоси алоҳида ё соҳибкорон иборат мебошанд, ки ба онҳо мақомоти ваколатдори фурудгоҳ иҷозатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиро ҷиҳати амалӣ намудани ҳуқуқи амалиёти корӣ дар фурудгоҳи мазкур медиҳанд. Ба онҳо консессионерҳо, муассисаҳои хўроки умум ва хадамоти таъмирию техникӣ дохил мешаванд. Ўҳдадориҳои иҷорагирандагони фурудгоҳ дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ бояд ба барномаҳои бехатарии авиатсионии фурудгоҳӣ дохил карда шаванд. Ҳарр як иҷорагирандаи фурудгоҳ, муассиса ё хадамот, иншоот (ҳудуди), ки қисми сарҳади байни маҷмўаи аэровокзалӣ/майдони парвоз мебошанд ё тавассути онҳо ба маҷмўаи аэровокзалӣ ба майдони парвоз дастрасӣ пайдо мекунанд, ба назорат ҷиҳати пайдо кардани дастрасӣ тавассути бинои дар ихтиёри онҳо буда, тибқи муқаррарот ва талабот, ки ба ин ё он қисмҳои барномаи бехатарии фурудгоҳ дохил карда шудаанд, ҷавобгў мебошанд.

 

§ 5. Истифодабарандагони киштиҳои ҳавопаймоӣ

 

  1. Истифодабарандагони авиатсияи тиҷоратӣ ва авиатсияи таъиноти умумӣ бо мақсади риоя намудани талаботи Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании мазкур, барномаҳои таъмини бехатарии авиатсионии худро таҳия ва татбиқ менамоянд барномаи бехатарии авиатсионии интиқолгарони миллии авиатсионии авиатсияи гражданӣ барои мувофиқа ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад:

а) ҳангоми мувофиқакунӣ ва тасдиқи (розигии) иҷро намудани парвозҳои мунтазам ва номунтазами истифодабарандагони киштиҳои ҳавоии давлати хориҷӣ ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз истифодабаранда барномаи таъмини бехатарии авиатсиониро дархост менамояд. Ба истифодабарандаи киштиҳои ҳавоии давлатӣ, хориҷӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани он бо талаботи Барномаи мазкур ворид намудани илова ба барномаи таъмини бехатарии авиатсионӣ пешниҳод карда мешавад;

б) бо мақсади бехатарии авиатсионӣ интиқолдиҳандагон супоридани маълумоти шахсии мусофирони киштиҳои ҳавоиро ба маҳзани автоматикунонидашуда ва марказонидашудаи иттилооти шахсӣ дар бораи мусофирон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сурати ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоӣ бошад, ба мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қонунгузории давлатҳои хориҷии нуқтаи парвоз, таъинот ё транзит дар ҳаҷме, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, таъмин менамоянд.

  1. Дар барномаи бехатарии авиатсионии интиқолгари авиатсионӣ чораҳои амалӣ ва тартибу қоидаҳое оварда мешаванд, ки истифодабаранда бояд барои ҳифзи мусофирон, экипаж, кормандони фурудгоҳ, киштии ҳавоӣ ва хадамот аз амалҳои дахолати ғайриқонунӣ пайгирӣ намояд. Ҳар як барномаи бехатарии авиатсионии истифодабаранда ҳадди ақал бояд дар бар гирад:

а) мақсади барнома ва ўҳдадориҳо оид ба таъмини иҷрои он;

б) ташкили вазифаҳои истифодабаранда оид ба таъмини бехатарӣ ва ўҳдадорӣ, аз ҷумла таъин намудани сардори ходими истифодабаранда оид ба масъалаҳои бехатарии авиатсионӣ;

в) чораҳои мушаххаси бехатарии авиатсионӣ иборат мебошанд аз:

- санҷиши бехатарии киштии ҳавоӣ бо мақсади таъмини бехатарӣ;

- расмиёти азназаргузаронии мусофирон ва бори дастӣ, агар ин вазифа ба зиммаи интиқолгари авиатсионӣ вогузор шуда бошад;

- расмиёте, ки барои ба ҳавопаймо роҳ надодани мусофироне, ки ҳангоми таваққуфи транзитӣ дар дохили киштии ҳавоӣ силоҳ, моддаҳои тарканда, ашёи шахсӣ ё дигар лавозимоти хатарнокро мегузоранд, равона шудааст;

- муқаррар намудани мансубияти бағоҷи бақайдгирифташудаи мусофирон, ки дар дохили ҳавопаймо ҷойҳои худро ишғол намудаанд, аз ҷумла мусофирони транзитӣ ва трансферӣ;

- чораҳо оид ба ҳифзи бағоҷ, барои ҳавопаймо, почта; хўроки дохили ҳавопаймо ва воситаю лавозимоти дар ҷойи ҷудогонаи боркашонӣ интиқолшаванда;

- муносибат ба мусофироне, ки таҳти амали расмиёти судӣ ё маъмурӣ қарор доранд;

- расмиёти интиқоли силоҳ дар ҷойи нишасти мусофирон ва дар ҷойи ҷудогонаи боркашонии киштии ҳавоӣ;

- назорати дастрасӣ пайдо кардан ба киштии ҳавоии дар таваққуфгоҳ қарордошта ва таъмини ҳифзи он;

г) дар сурати ҳолатҳои ғайричашмдошт банақшагирӣ аз ҷумла:

- амалиёт ва расмиёт дар сурати ғасб, тахрибкорӣ ва таҳдиди истифода намудани воситаҳои тарканда;

- расмиёте, ки ҳангоми парвоз дар сурати пайдо намудани ашёи шубҳанок татбиқ мегардад ё оид ба вуҷуд доштани он дар дохили киштии ҳавоӣ эҳтимол меравад;

- таҳлияи одамон ва азназаргузаронии киштии ҳавоӣ дар замин;

- чораҳои махсус оид ба таъмини бехатарӣ, ки бояд ҳангоми таҳдиди дараҷаи баланд ва/ё нисбат ба хатсайрҳои махсусан муҳим истифода мешаванд;

д) чораҳо оид ба таъмини самарабахшии барнома, ки омодагии кормандон, санҷиши даврӣ ва арзёбии барномаро оид ба бехатарии авиатсионӣ дар бар мегирад;

е) дар масъалаи ҳифзи авиатсияи гражданӣ аз амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ, хадамоти бехатарии авиатсионии истифодабарандагон супориши хадамоти бехатарии авиатсионии фурудгоҳҳоро иҷро мекунанд, ки дар қаламрави онҳо қарор доранд ё дар он киштиҳои ҳавоии истифодабаранда фуруд омадааст;

ё) ҳангоми набудани шартнома бо хадамоти бехатарии авиатсионӣ барои хизматрасонии киштии ҳавоӣ дар фурудгоҳи нишасти мобайнӣ (транзитӣ), истифодабаранда мустақилона иҷро гардидани меъёрҳо, қоидаҳо ва расмиётро оид ба бехатарии авиатсионӣ таъмин менамояд;

ж) чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ, ки аз ҷониби истифодабаранда дар фурудгоҳ гузаронида мешаванд, бо хадамоти бехатарии авиатсионии фурудгоҳ мувофиқа карда мешаванд.

  1. Мутобиқи "Муқаррароти намунавӣ оид ба хадамоти бехатарии авиатсионии фурудгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо фармони Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2011, №21 ва "Муқаррароти намунавӣ оид ба хадамоти бехатарии авиатсионии муассисаи ҳавопаймоии (истифодабаранда) авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо фармони Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2011, №22 тасдиқ шудаанд, истифодабарандаи авиатсияи граждании Тоҷикистон бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Муқаррарот оид ба хадамоти бехатарии авиатсионии фурудгоҳ ва муассисаи ҳавопаймоӣ (истифодабаранда)" таҳия ва мувофиқа менамояд, ки дар он ўҳдадориҳои мушаххаси хадамоти бехатарии авиатсиониро инъикос мекунад (вале бо ин маҳдуд намешавад).

 

§ 6. Иҷозатдиҳӣ ва сертификатсия

 

  1. Фаъолияти субъектҳои авиатсияи гражданӣ, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо бевосита бо таъмин намудани бехатарии авиатсионӣ вобаста мебошанд, бояд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, сертификатсия ва иҷозатнома дода шаванд.
  2. Ба шахсони ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо бевосита бо таъмин намудани бехатарии авиатсионӣ вобаста аст, дар сурати мунтазам вайрон намудани бехатарии авиатсионӣ, инчунин иҷро накардани ўҳдадориҳо барои амалӣ намудани дастурҳои Раёсати авиатсияи гражданӣ ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон чораҳои зеринро татбиқ намуд:

- боздоштани амал ё бекор кардани иҷозатнома, ки барои амалӣ намудани фаъолият оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ дода шудааст;

- боздошт ё барҳам додани амали сертификати мутобиқат оид ба бехатарии авиатсионӣ.

 

§ 7. Мақоми ваколатдоре, ки вазифаи милитсияро иҷро мекунад

 

  1. Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - РКДН ВКД ҶТ) барои иҷро гардидани вазифаҳои милитсия ва фаъолият оид ба ҳифзи авиатсияи гражданӣ аз амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ масъул мебошад.
  2. Ўҳдадориҳои мушаххаси РКДН ВКД ҶТ дар фурудгоҳҳо дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ инҳоянд:

а) ошкор ва бартараф намудани ҷиноят ба муқобили воситаҳо ва хадамоти авиатсияи гражданӣ;

б) мушоҳида ва азназаргузаронии тамоми ҳудуди берунаи фурудгоҳ берун аз деворҳои канории аэродром ва инчунин минтақаҳои аэровокзал;

в) мушоҳидаи омаду рафти мусофирон бо мақсади ошкор намудани шахсоне, ки барои авиатсияи гражданӣ таҳдид менамоянд, ҳангоми даромадан ва баромадан аз аэровокзалҳо;

г) банақшагирии чораҳо дар сурати ҳолатҳои фавкулодда якҷоя бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии авиатсионӣ дар фурудгоҳҳо бо мақсади эътино ба амалҳои ғасби киштихои ҳавоӣ, тахрибкорӣ, таҳдиди таркиш ё дигар таҳдидҳо, ҳамла дар замин ва бесарусомониҳои шаҳрвандӣ ва барқарор намудани назорат аз болои онҳо;

д) таъмини андешидани чораҳои махсуси ҷавобӣ, аз ҷумла истифода бурдани воҳидҳои сохторӣ оид ба мубориза бо террористҳо, мудохила бо истифодаи силох, пешбурди гуфтушунидҳо ҳангоми озод намудани гаравгонҳо ва безараргардонии моддаҳои тарканда;

е) таъмини имконияти чораҳои фаврии ҷавобӣ бо истифодаи силоҳ дар сурати рўй додани ҳодисаҳои ғайричашмдошт дар фурудгоҳҳои маҳаллӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ж) омўзонидани кормандони дахлдор, ки вазифаҳои милитсияро дар амал дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ ва расмиёте, ки барои амалӣ намудани он дахл доранд, иҷро мекунанд.

 

§ 8. Мақомоти ҳарбӣ

 

  1. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини бехатарии авиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзад, дар ин сурат мақомоти мазкур бояд дар кумитаи миллӣ (байниидоравӣ) ва ҳангоми зарурат, фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ намоянда дошта бошад. Ҳамчун қоида, нақши мазкур арзёбии таҳдид ва тавсеаи иттилоот, пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба ошкор намудани моддаҳои тарканда ва нобуд сохтани онҳо, мудохила бо истифодаи силоҳ, азназаргузаронӣ ва дигар функсияи милитсияро дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад.
  2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро ташкил намуда, барои иҷрои онхо ҷавобгў мебошад:

- барои аз ҷониби қисмҳои ҳарбӣ, ки аз фурудгоҳҳо якҷоя бо авиатсияи гражданӣ қарор доранд, иҷро намудани тадбирҳо, қоидаҳо ва расмиёте, ки Барномаи мазкур муқаррар намудааст;

- барои ташкили ҳамкориҳои мутақобилаи қисмҳо ва воҳидҳои авиатсияи ҳарбӣ ва дигар қушунҳо бо муассисаҳои авиатсияи гражданӣ барои амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба бартараф намудани амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ дар фаъолияти авиатсияи гражданӣ;

- барои тайёр кардани кадрҳои мувофиқ, ки дар ҷодаи бехатарӣ ва тартиботи авиатсионӣ вазифаи муҳофизатчиро ба ҷо меоранд.

 

§ 9. Муассисаҳои дигар

 

  1. Муассисаҳои дигари давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки барои иҷро гардидани вазифаҳои мушаххас оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў мебошанд, маҳсуб мешаванд: хадамотҳои муҳоҷират ва гумрук, муассисаҳои назорати сарҳадӣ, мақомоти ваколатдори почта, шўъбаи робитаҳои беруна, агентии назорати маводи мухаддир ва дигар мақомоти ваколатдор, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд.
  2. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - КДАМ ҶТ) дар доираи салоҳияти худ амалӣ месозад:

- фаъолияти фаврию ҷустуҷўӣ бо мақсади ошкор, огоҳ ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳо ва дигар амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ дар фаъолияти авиатсияи гражданӣ;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти минтақавии онҳо, барои ҳар як фурудгоҳ дар сатҳи давлатӣ таҳияи нақшаҳои амалиётро оид ба огоҳӣ ва пешгирии амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ дар фаъолияти авиатсияи гражданӣ ташкил менамояд;

- дар кумитаҳои (комиссияҳои) миллӣ ва фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ фаъолияти ситодҳои оперативиро оиди пешгирии дахолати ғайриқонунӣ фаъолияти авиатсияи гражданӣ, ташкил менамояд;

- ҷамъоварӣ, арзёбӣ ва сари вақт ба маълумоти шахсони мансабдор расонидани иттилоот оид ба таҳдиди содир намудани амалҳои мудоҳилаи ғайриқонунӣ дар фаъолияти авиатсияи гражданӣ амалӣ менамояд. Фаъолияти ситоди миллиро Раиси (муовини Раиси) Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд.

  1. Назорати сарҳадӣ ва шиносномавӣ-раводидро Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ амалӣ месозад:

- тафтиши ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти ашхосе, ки аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд ва ба амал овардани назорати шиносномавию раводидӣ;

- додани иҷозат барои воридшавии кормандони хизматрасони авиатсионӣ ба минтақаи муҳоҷиратӣ мутобиқи Низомнома дар бораи реҷаи рухсатномадиҳӣ ва дохилиобъектии фурудгоҳ, ки аз ҷониби роҳбари фурудгоҳ тасдиқ карда шудааст.

  1. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ амалӣ месозад:

- фаъолияти фаврию ҷустуҷўиро бо мақсади ошкор, пешгирӣ ва тафтишоти амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ дар фаъолияти авиатсияи гражданӣ;

- тартиботи ҷамъиятиро дар иншооти авиатсияи гражданӣ таъмин менамояд;

- таҳияи муқаррарот, ки аз мақомоти ҳукуматии дахлдор расонидани кўмакро ба истифодабарандагони киштиҳои ҳавоӣ ҳангоми арзёбии ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ талаб мекунад;

- пешниҳоди намунаҳои ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ;

- механизме, ки ба кормандони истифодабарандаи киштиҳои ҳавоӣ барои муроҷиат намудан ҷиҳати расонидани кўмаки таъҷилӣ ба мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор вобаста ба ҳуҷҷатҳои иҷозатномавии шубҳанок имконият медиҳад.

  1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ амалӣ месозад:

- якҷоя бо дигар вазорату идораҳо дар таҳия ва татбиқи муқаррароти Барномаи мазкур, ки ба ҳамкории байналмилалӣ дахл дорад, иштирок менамояд;

- вазифаҳои мақоми марказии ҳамоҳангсозро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои байнидавлатӣ оид ба танзим даровардани ҳолатҳои бо амалҳои мудохилавии ғайриқонунӣ дар фаъолияти авиатсияи гражданӣ вобастабуда иҷро мекунад.

  1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ:

- вазифаҳои хусусияти машваратдиҳӣ оид ба масъалҳои ҳуқуқиро ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳо, ки ба таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалҳои мудохилавии ғайриқонунӣ равона шудаанд, иҷро менамояд.

  1. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни амалӣ намудани назорати гумрукӣ:

- ба мақомоти ваколатдор оид ба муқовимат бо терроризми байналмилалӣ дар доираи салоҳияти худ мусоидат менамояд;

- бо моли қочоқ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои қоидаҳои гумрукӣ мубориза мебарад.

а) ба расмиятдарории гумрукии мусофирон, бағоҷ ва бори дастии онҳо аз ҷониби хадамоти гумрук дар минтақаҳои (бахши) назорати гумрукии фурудгоҳ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

  1. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ, тамоми қувваю воситаҳоро барои паст намудани оқибатҳои амалҳои содиршудаи мудохилаи ғайриқонунӣ дар фаъолияти авиатсияи гражданӣ истифода бурда, инчунин дар бартараф намудани оқибатҳои ин амалҳо иштирок мекунад.
  2. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ, бо мақсади ошкор, пешгирӣ ва тафтишоти амалҳои гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, фаъолияти фаврию ҷустуҷўиро амалӣ менамояд.
  3. Муассисаҳои (ташкилотҳои) давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои мушаххас оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои дар Боби 3 Барномаи мазкур ишорашударо ба роҳбарӣ мегиранд.

 

БОБИ 5. ҲАМОҲАНГСОЗӣ ВА АЛОҚА

§ 1. Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ

 

  1. Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ (минбаъд - Комиссияи байниидоравӣ) мақоми ҳамоҳангсоз мебошад, ки амалҳои мувофиқашудаи мақомоти манфиатдори ҷумҳуриявии ҳокимияти иҷроия, ташкилотҳо ва муассисаҳои авиатсионӣ оид ба ҳифзи авиатсияи гражданӣ аз амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ таъмин менамояд. Комиссияи байниидоравӣ дар асоси низомнома амал намуда, мақоми доимоамалкунанда мебошад, ки дар асоси мунтазам ҷамъ мешавад ва тибқи ваколатҳои ба ў аз ҷониби ҳукумат дода амал мекунад. Барои андешидани чораҳои қатъӣ, Комиссияи байниидоравӣ бояд аз ашхоси мансабдори болоии ҳукумат ва намояндагони воломақоми соҳаи авиатсионӣ иборат бошад, ғайр аз ин ашхоси соҳибмансаби авиатсионӣ ба сифати машваратчиёни ҳукумат баромад мекунанд. Комиссияи байниидоравӣ дар як соли тақвимӣ бояд на камтар аз ду маротиба ҷаласа гузаронад.
  2. Ба қатори вазорату идораҳо, ки ба ҳайати Комиссияи байниидоравӣ шомил мебошанд, бояд мақоми ваколатдори авиатсияи гражданӣ дар соҳаи бехатарии авиатсионии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қувва ва хадамоти бехатарӣ, мақоми ваколатдор барои иҷрои вазифаҳои милитсия, хадамотҳои мухоҷират ва гумрук, дигар идораҳо, ки бо назорати сарҳад машғуланд, хадамоти почта ва идораҳое, ки бо робитаҳои беруна машғуланд, дохил карда шаванд. Бо мақсади осонгардонии иҷроиши расмиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Комиссияи байниидоравӣ бояд раиси мақомоти салоҳиятдор, ки мутобиқатӣ дар амалисозии барномаҳо ва имконияти баррасии натиҷаҳои имконпазири чораҳои бехатарӣ дар фаъолияти рўзмарраи авиатсия таъмин мекунад, шомил карда шавад. Ба кори Комиссияи байниидоравӣ дар мавридҳои зарурӣ ва дар асоси якдафъаина инчунин бояд намояндагони маъмурияти фурудгоҳҳо, истифодабарандагони ҳавопаймоҳо, корхонаҳои дигар, алалхусус, аъзои экипаж ва кормандони хадамотҳои ҳаракати ҳавоӣ ва алоқа ҷалб карда шаванд. Ин имконият медиҳад, ки дар рафти кор оид ба масъалаҳои фаврӣ ва техникӣ мушовараҳо гузаронида шаванд.
  3. Ҳайати Комиссияи байниидоравӣ оид ба бехатарии авиатсиониро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки бояд дар оинномаи Комиссияи байниидоравӣ зикр шавад. Бар замми аъзои доимии Комиссияи байниидоравӣ шахсони дигар низ метавонанд дар асоси якдафъаина ҷиҳати иштирок дар муҳокимаи масъалаҳои дахлдори техникӣ ба ҷаласаҳои Комиссия даъват карда шаванд.
  4. Бо мақсади саривақт андешидани чораҳо оид ба пешгирии амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ ва инчунин барои ҷамъ овардану ба мақомоти ҳокимияти иҷроия ва субъектҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани иттилоот, Хадамоти навбатдорию диспетчерии (минбаъд - ХНД) Вазорати наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад, ки захираҳои иттилоотии он иттилооти дастрасиашон маҳдуд маҳсуб меёбад. Тавассути ХНД мубодилаи иттилоот дар доираи ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии авиатсионӣ амалӣ мегардад.
  5. Ваколатҳои Комиссияи байниидоравӣ аз инҳо иборатанд:

а) расонидани кўмаки машваратӣ ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи тадбирот оид ба бехатарии авиатсионие, ки барои андешидани чораҳо алайҳи таҳдид ба авиатсияи гражданӣ ва хадамоти он зарур мебошанд;

б) мушоҳидаи доимии ҷараёни татбиқи чунин тадбирҳо, омода намудани тавсияҳо оид ба тағйироти онҳо дар ҷавоб ба иттилооти нав дар бораи таҳдид ва ҳодисаҳо дар соҳаи технология ва усулҳои таъмини бехатарии авиатсионӣ бо дарназардошти омилҳои дигар;

в) таъмини ҳамоҳангсозии чораҳо дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ байни раёсатҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки барои иҷрои Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ бо дарназардошти шаклу миқёси таҳдидҳо ҷавобгў мебошанд;

г) андешидани амалҳо, ки барои бақайдгирии ҷанбаҳои бехатарӣ ҳангоми банақшагирии фурудгоҳҳои нав ё васеъ намудани хадамоти мавҷудбуда мусоидат менамоянд;

д) дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор оид ба бехатарии авиатсионии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тавсияҳо оид ба паҳн намудани тағйирот дар сиёсати миллӣ дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ ва ҳамоҳангсозии тағйироти мазкур дар ҷараёни татбиқи онҳо;

ж) баррасии тавсияхо, ки аз ҷониби кумитаи фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ ворид шудааст ва мавриди муносиб ба баррасии мақоми ваколатдор оид ба бехатарии авиатсионии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тавсияҳои мазкур;

з) баррасии шаклҳои ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои дигар бо мақсади татбиқи стандартҳои ягонаи ҳадди ақали бехатарии авиатсионӣ, ки он имкон медиҳанд умуман бехатарии авиатсияи гражданиро беҳтар намоянд;

и) дигар вазифаҳое, ки қонунгузории соҳаи авиатсияи гражданӣ пешбинӣ менамояд.

  1. Мақсади Комиссияи байниидоравӣ дар сатҳи миллӣ ҳамоҳанг сохтани корҳое, ки вобаста ба иҷроиши стандарту амалҳои тавсиянамудаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ва инчунин ҷиҳати таъмин намудани тасҳеҳи мунтазами Барномаи миллии бехатарии авиатсионӣ баҳри қонеъ гардонидани мақсадҳои сиёсати давлатӣ ва бақайдгирии тағйирёбии хусусияти таҳдид ба амал оварда мешаванд, иборат мебошад.
  2. Комиссияи байниидоравӣ бояд масъалаҳоеро муҳокима намояд, ки бо тадбирҳо ва расмиёти эҳтиётӣ ва амалҳои бо онҳо вобастабуда, дахл доранд, мақсаднок мебошад кори он таҳти раисии шахси мансабдори болоии идораи давлатӣ, ки барои авиатсияи гражданӣ ҷавобгў мебошад, ба роҳ монда шавад. Баррасии нақшаҳои амалиёт ҳангоми рўй додани ҳолатҳои фавқулодда ва чорабиниҳои бо онҳо вобастабуда таҳти роҳбарии шахси мансабдори болоии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҳияи чунин нақшаҳо ва андешидани амалҳо ҷавобгў мебошад, гузаронида мешавад.
  3. Фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ ва кумита оид ба бехатарии авиатсионии фурудгоҳӣ (минбаъд - КБФ) бояд ба принсипҳои муайян ва консенсусӣ аъзои кумита асос гирад.

 

§ 2. Комиссияҳои фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ

 

  1. Бо мақсади амалӣ намудани ҳамоҳангсозии таҳия ва татбиқи чораҳо ва расмият дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ дар ҳар як фурудгоҳи байналмилалӣ муҳим аст Комиссияи фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ таъсис дода шавад. Комиссияи мазкур форумро барои муҳокимаи мунтазами масъалаҳои иҷрои Барномаи мазкур аз ҷониби ташкилотҳо ва шахсони алоҳида, ки бо ҷалби гуногуни барномаи бехатарии авиатсионии фурудгоҳ алоқаманданд, аз ҷумла чораҳои мушаххас ва тавсияҳоро оид ба такмили он таъмин менамояд. Комиссияи фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ (минбаъд - КФБА) дар ҳар як фурудгоҳ, ки ба авиатсияи граждании байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ менамояд, таъсис дода мешавад. Мақсади асосии комиссияи фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои машваратӣ дар самти таҳия ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳо ва расмият, вобаста ба бехатарии авиатсионӣ, мебошад.
  2. Оинномаи комиссияи фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ дар шакли хаттӣ ба барномаи бехатарии авиатсионии фурудгоҳ дохил карда мешавад. Ин оиннома бояд маълумотро дар бораи ҳайати комиссия, доираи ваколатҳои он, мушаххасот вобаста ба усулҳои фаъолият, аз ҷумла шумораи ҷаласаҳо дар як сол, маълумот дар бораи раис, инчунин омода ва фиристодани протоколҳо дар бар гирад.
  3. Вазифаи Комиссияи фурудгоҳи оид ба бехатарии авиатсионӣ дар асоси доимӣ аз баррасии самарабахши чораҳои таъмини бехатарӣ дар фурудгоҳ дар асоси арзёбии таҳдидҳои вуҷуддошта, маълумот дар бораи ҳодисаҳои охирин ва натиҷаҳои санҷишҳо дар идораи назорати сифат иборат мебошад. Комиссияи фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ инчунин барои ҳамоҳангсозии амалиёт оид ба таъмини бехатарӣ дар фурудгоҳ, муҳокимаи масъалаҳои фаврӣ, ки бо амалӣ намудани чораҳои фавқулодда ва ҳам ҷории таъмини бехатарӣ вобаста аст, форум мебошад. Комиссияи фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ инчунин метавонад бо мақоми ваколатдор оид ба бехатарии фурудгоҳ ва масъалахои вобаста ба бехатарии фурудгоҳ машварат диҳад.
  4. Доираи ваколатҳои комиссияи бехатарӣ вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:

а) ҳамоҳангсозии амалиёт оид ба амалӣ намудани Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ дар фурудгоҳ;

б) роҳбарӣ ва назорати иҷрои барномаи бехатарии фурудгоҳ, аз ҷумла чораҳои махсус, ки аз ҷониби маъмурияти фурудгоҳ, истифодабарандагон ва иҷорагирандагони фурудгоҳ андешида мешаванд;

в) тартиб ва таҷдиди рўйхати ҷойҳои суст, аз ҷумла таҷҳизот ва воситаҳои асосӣ такроран аз назар гузаронидани ҳолати бехатарӣ дар чунин ҷойҳо;

г) таъмини дурустии чораву тартиботи заминавии ҳадди ақали таъмини бехатарӣ бо дарназардошти таҳдидҳо ва баррасии доимии онҳо чӣ дар вазъияти муътадил ва чӣ дар ҳолатҳои фавқулодда;

д) таъмини иҷрои тавсияҳо оид ба такмили чораҳо ва расмиёти бехатарии авиатсионӣ;

е) огоҳ намудани мақоми ваколатдори дахлдор оид ба бехатарии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати чораҳо ва расмиёти таъмини бехатарӣ, ки айни замон дар фурудгоҳ амал мекунанд ва оид ба мушкилот дар соҳаи ҳифзи фурудгоҳ ва хадамоти он ки ҳал намудани онҳо дар сатҳи маҳаллӣ ғайриимкон аст;

ж) ташкили таълим ва омодагӣ оид ба масъалаҳои бехатарии авиатсионӣ барои кормандони фурудгоҳ ва дигар мутахассисон;

з) таъмини қоида ҳангоми таҳияи барномаҳои таҷдиди фурудгоҳ зарурияти азнавкунии системаҳо ва таҷҳизоти назорат дар фурудгоҳ ба инобат гирифта шавад.

  1. Ҷадвали кори комиссияро бояд ба талаботи фурудгоҳ вобаста намуд. Тавсия мешавад, ки Комиссияи фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ ҷаласаҳои худро ҳадди ақал ду маротиба дар як сол гузаронида, ҳадди имкон дар ҳайати гурўҳҳои мақсадноки начандон калон фаъолият намояд.
  2. Ба ҳайати комиссияи фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ роҳбари маъмурияти фурудгоҳ, сардори шўъбаи бехатарии авиатсионӣ, сардорони (муовинони) мақоми минтақавии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, воҳидҳои милитсия ва сарҳадӣ, хадамоти муҳоҷират, роҳбари мақоми гумрук, ки дар ҳудуди фурудгоҳ қарор доранд, сардорони хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, муҳофизони ҳарбӣ, хадамоти бехатарии авиатсионии эксплуатантҳо, командирони воҳидҳои авиатсионӣ, намояндагони мақомоти санитарию карантинӣ ва инчунин Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аэродромҳои истифодабарии муштарак ва дигар мақомоти ваколатдор дохил мешаванд. Ҳангоми зарурат ба фаъолияти комиссияи фурудгоҳӣ ашхоси дигари манфиатдор ва мутахассисон ҷалб карда мешаванд. Комиссияро роҳбари (муовини) фурудгоҳ (ё шахси ваколатдори ў) роҳбарӣ мекунад.
  3. Ҳайати комиссия ва низомнома дар бораи он бо мақомот мувофиқа карда мешавад, ки намояндагони он ба комиссияи мазкур дохил шуда, аз ҷониби роҳбари фурудгоҳ тасдиқ карда мешаванд. Комиссияи фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ дар фаъолияти худ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
  4. Қарори комиссия барои иҷро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо бевосита бо таъмини бехатарии авиатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ алоқаманд аст, ҳатмӣ мебошад.
  5. Комиссияи фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ. Комиссияи фурудгоҳӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ ҳар се моҳ ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотро оид ба ҳолати бехатарии авиатсионии фурудгоҳҳо, чорабиниҳои иҷрошуда ва банақшагирифташуда оид ба такмили он пешниҳод мекунанд.

 

§ 3. Робита бо намояндагони воситаҳои ахбори омма

 

  1. Огоҳонидани аҳолӣ дар бораи чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ тавассути воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад, ки иттилооти заруриро аз шабакаҳои расмии алоқа бо марказҳои матбуот ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранд. Дар фурудгоҳҳо ва муассисаҳои авиатсионӣ аз ҷониби истифодабарандагони авиатсияи гражданӣ маҷмўи чораҳо оид ба ҳифзи иттилоот, ки дорои хусусияти барои дастрасӣ маҳдуди бехатарии авиатсионӣ мебошад, қабул мегардад. Бе иҷозат ошкор намудани иттилооти мазкур дар воситаҳои ахбори омма метавонад ба бехатарии авиатсияи гражданӣ зарар расонад.

 

§ 4. Алоқа, ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо

 

  1. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо дар соҳаи таъмини бехатарии авиатсионӣ тавассути иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ, гузаронидани вохўриҳои дуҷониба, семинарҳо, ҷаласаҳо ва инчунин мубодилаи иттилоот оид ба барномаҳои миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ, барномаҳои тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи бехатарии авиатсияи гражданӣ ва барномаҳои назорати сифат дар соҳаи бехатарии авиатсияи гражданӣ ҳамкорӣ менамояд.
  2. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи ҳавоӣ ворид намудани моддаҳо, ки ба бехатарии авиатсионӣ дуҷонибаи байниҳукуматӣ дахл доранд, таъмин менамояд. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи байналмилалии бехатарии авиатсионӣ дар доираи шартномаҳои байналмилалии басташуда, қонеъ гардонидани хоҳиши дигар давлатҳоро вобаста ба андешидани чораҳои махсуси бехатарии авиатсионӣ нисбат ба хатсайрҳои мушаххаси истифодабарандагони чунин давлатҳо, таъмин менамоянд.
  3. Дар доираи ҳамкорӣ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости давлати хориҷӣ, иттилоотро вобаста ба талаботи муқаррарнамудаи Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
  4. Пешниҳоди давлатҳои хориҷӣ оид ба андешидани чораҳои махсуси бехатарии авиатсионӣ вобаста ба хатсайрҳое, ки аз ҷониби истифодабарандагони ин давлатҳо аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, барои баррасӣ ба унвонии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад ва дар сурати ҳалли мусбии масъалаи мазкур, аз ҳисоби воситаҳои давлати муроҷиаткунанда амалӣ мегарданд.
  5. Қарор оид ба қонеъ гардонидани дархости давлати хориҷӣ вобаста ба пешниҳоди кўмак ҷиҳати бартараф намудани вазъияти буҳронӣ ва оқибатҳои он аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
  6. Дар сурати пайдо шудани зарурат барои гирифтани кўмак аз давлати хориҷӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои амалӣ мудохилаи ғайриқонунӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Ҳукумати давлати дахлдор дархост фиристода мешавад, авиатсияи гражданӣ дархостҳои қаблан фиристодаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида нашуда бошанд.
  7. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад намояндаи мақомоти ваколатдоро оид ба бехатарии авиатсионии Маъмурияти авиатсионии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлатҳое, ки дар қаламрави онҳо ё аз қаламрави онҳо истифодабарандагоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, фаъолияти худро амалӣ менамоянд. Низомнома дар бораи намояндаи мақомоти ваколатдор оид ба бехатарии авиатсионии Маъмурияти авиатсионӣ дар минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин, ки давлати хориҷӣ аз ҷониби мақомоти ваколадор дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ таҳия гардида, аз ҷониби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  8. Дар сурати гирифтани иттилоот оид ба мавҷуд будани таҳдид ба киштии ҳавоии давлати хориҷӣ мақоми ваколатдори идоракунии ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КВД "Тоҷикаэронавигатсия") дар бораи чунин вазъият мақоми ваколатдори дахлдори ин давлат ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро иттиллоъ медиҳад.
  9. Созишномаи дуҷонибаи байналмилалӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо бояд талабот оид ба бехатарии авиатсиониро дар бар гирад.

 

§ 5. Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ

 

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости давлатҳои дигар метавонад қисмҳои дахлдори Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании худро дар шакли хаттӣ пешниҳод намояд. Ҳангоми зарурат Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо бо мақсадҳои мутобиқгардонии Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании худ тибқи амалия ва расмиёти давлатҳои дигар ва бо мақсадҳои баланд бардоштани бехатарии авиатсионии байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад.

 

§ 6. Чораҳои махсуси бехатарӣ

 

  1. Дархостҳо аз давлатҳои дигар оид ба андешидани чораҳои махсуси бехатарӣ вобаста ба хатсайри мушаххас ё хатсайрҳое, ки аз ҷониби истифодабарандагони ин давлат иҷро мешаванд, бояд пурра қонеъ гардонида шаванд. Чунин дархостҳо ба унвони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти фурудгоҳҳои алоқаманд фиристода мешаванд.

 

§ 7. Иттилоот оид ба таҳдид

 

  1. Агар дар ҷараёни ҷамъ овардану арзёбии иттилоот дар бораи таҳдид, ки ба муқобили авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст, дар бораи мавҷуд будани иттилооти даққиқ оид ба таҳдиди ба муқобили манфиатҳои авиатсияи граждании давлати дигар равонашуда маълум гардад, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчӣ зудтар мақомоти ваколатдори дахлдори давлати дигарро огоҳ месозад. Мақоми ваколатдор, ки барои огоҳсозӣ масъул мебошад, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад.

 

§ 8. Алоқа бо Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО)

 

  1. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) табадули иттилоот менамояд, ки бо талабот ба системаҳои таъмини бехатарии авиатсионӣ, аз ҷумла талабот ба паҳн намудани маводи маълумотдиҳӣ ва методӣ, инчунин расонидани кўмак дар омўзонидани ҳайати кормандон ва дигар кўмаки техникӣ алоқаманд мебошанд.
  2. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) дар бораи амалҳои мудохилаи ғайриқонунии содиршуда ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ хабар дода, иттилооти дахлдорро ба давлатҳои манфиатдор дар бораи киштиҳои ҳавоӣ, ки ба амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ дучор шудаанд, пешниҳод менамояд.

 

БОБИ 6. ҲИФЗИ ФУРУДГОҲҲО, КИШТИҲОИ ҲАВОӣ, ИНШООТ, ВОСИТАҲО ВА ХАДАМОТИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӣ

§ 1. Минтақаҳои назоратшавандаи фурудгоҳҳо, аэродромҳо (вертодромҳо)

 

  1. Дар фурудгоҳ ва аэродромҳои авиатсия гражданӣ минтақаҳои назоратшаванда таъсис дода, реҷаҳои иҷозатдиҳӣ ва дохилииншоотӣ ҷорӣ карда мешаванд.
  2. Минтақаи назоратшавандаи фурудгоҳ ва аэродром (минбаъдминтақаи назоратӣ) ва иншоотҳои дар онҳо ҷойгир шуда, бояд бо ҷалби ҳайати кормандони зарурӣ ва истифодаи воситаҳои ҳифзи муҳандисию техникӣ муҳофизат карда шаванд
  3. Фурудгоҳҳо, аэродромҳо ва иншооти инфрасохтори онҳо, иншооти заминии воситаҳо ва системаҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, аэронавигатсия, фуруд омадан (аз он ҷумла минтақаҳои бахшҳои кории радиоивазкунии самтӣ, глассадӣ) таҷхизоти алоқа ва бонгдиҳию рўшноии аэродромҳо, ҷойҳои таваққуфи киштиҳои ҳавоӣ, анборҳо бо маводи сузишворию молиданӣ, маҳлулҳои махсус ва газҳо терминалҳои почтаю боркашонӣ. Муассисаҳои хўроквории дохили фурудгоҳ, анборҳои борҳо, анборҳои нигоҳдории борҳои хатарнок, нуқтаҳои назоратию иҷозатдиию фурудгоҳҳо ва аэродромҳо бо воситаҳои муҳандисию техникии муҳофизатӣ, системаҳои мушоҳидаи видеоӣ бо сабти видеотасвирӣ ё худ бо воситаҳои дигар тибқи меъёрҳо, қоидаҳо ва расмиёт оид ба бехатарии авиатсионӣ таҷҳизонида мешаванд.
  4. Ҳифзи фурудгоҳҳо, аэродромҳо, иншооти инфрасохтори онҳо, иншооти системаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, инчунин иншооти таъмини радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ, ки ба иншооти системаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, ки дар ҳудуди фурудгоҳҳо ҷойгир шудаанд, дохил намешаванд, аз ҷониби воҳидҳои хадамоти бехатарии авиатсионии (минбаъд - ХБА) фурудгоҳҳо ё дигар идораҳои муҳофизатӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Ҳамзамон ҳифзи фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва иншооти инфрасохтори онҳо аз ҷониби воҳидҳои муҳофизатии хадамоти бехатарии авиатсионӣ амалӣ карда мешавад.
  5. Ҳифзи иншооти инфрасохтори аэродромҳои истифодаи якҷоя ба таври иловагӣ бо мақомоте, ки аэродромҳо дар тобеияти онҳо қарор доранд, мувофиқа карда мешаванд.
  6. Реҷаҳои иҷозатдиҳӣ ва дохилииншоотие, ки дар минтақаи назоратӣ ҷойгир шудаанд, аз ҷониби хадамоти бехатарии авиатсионӣ тибқи дастурамал оид ба реҷаҳои иҷозатдиҳӣ ва дохилииншоотии фурудгоҳ амалӣ мегарданд.
  7. Бо мақсади риояи шартҳои дастрасӣ ба минтақаи назоратӣ тамоми лоиҳаҳо оид ба сохтмон ва таҷдиди биноҳои мавҷудбуда дар фурудгоҳҳо ва аэродромҳо бояд бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шаванд.

 

§ 2. Минтақаҳои воридшавии маҳдуди фурудгоҳ ва аэродром

 

  1. Минтақаҳои воридшавии маҳдуди фурудгоҳ ва аэродром бояд аз воридшавии беиҷозат тавассути кўмаки ҳайати кории воситаҳои муҳандисию техникии муҳофизатӣ ҳифз карда шавад.
  2. Даромад (нуқтаҳои назоратию иҷозатдиҳӣ) ба минтақаҳои воридшавии маҳдуд ва ба иншооти инфрасохтори фурудгоҳ ва аэродром бо системаҳои автоматикунонидашудаи назорат ва идоракунии воридшавии кормандон таҷҳизонида мешаванд.

 

§ 3. Воридшавӣ ба минтақаи назоратӣ

 

  1. Тартиби воридшавӣ ба минтақаи назоратии фурудгоҳ ва муассисаи авиатсионӣ аз ҷониби экипажҳои киштиҳои ҳавоӣ, мусофирон ва кормандон, тибқи қоидаҳои авиатсионии "Талаботи бехатарии авиатсионӣ" бо тартиби воридшавӣ ба минтақаи назоратии фурудгоҳ ва муассисаи авиатсионӣ аз ҷониби экипажҳои киштиҳои ҳавоӣ, мусофирон ва кормандон, тибқи қоидаҳои умумии авиатсионии "Талаботи бехатарии авиатсия ва тартиби иҷрои онҳо - ҚУА ҶТ - 05", ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2014, №86 ва "Низомнома оид ба реҷаи рухсатномадиҳӣ ва дохилииншоотӣ дар фурудгоҳҳо, ширкатҳо ва ташкилотҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо фармони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали 2011, №41 тасдиқ шудаанд, амалӣ мегардад.
  2. Назорати давлатии авиатсияи гражданӣ ба минтақаи назоратӣ ва минтақаҳои воридшавии маҳдуд бо шаҳодатномаи нозири давлатии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда метавонад.
  3. Аъзои экипажи киштиҳои ҳавоӣ ба минтақаи назоратшавандаи фурурудгоҳ дар асоси шаҳодатномаи узви экипаж ва мавҷудияти супоришномаи парвоз ё захира роҳ дода мешаванд.
  4. Ба минтақаи назоратии фурудгоҳ танҳо мусофирони хатсайрҳои навбатӣ, ки чипта (талони саворшавӣ) бо тартиби муқарраргардида додашуда ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти мусофирро доранд, роҳ дода мешаванд.
  5. Кормандони хизматрасонии рўизаминӣ ва кормандони ташкилотҳои беруна, ки фаъолияти онҳо бо фурудгоҳ ё фаъолияти дар ҳудуди фурудгоҳ муассисаи авиатсионӣ) амалишаванда вобаста аст, ба минтақаи назоратӣ ва минтақаи воридшавии маҳдуд тибқи иҷозатномаи намунаи муқарраршуда бо нишон додани бахшҳо (минтақаҳои) иҷозатдиҳии воридшавӣ роҳ дода мешаванд. Иҷозатнома дар тарафи берунаи либос дар ҷойи намоён часпонида мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки аз рўи технологияи ҷараёни таъмири муҳаррикҳо ва таҷҳизоти киштиҳои ҳавоӣ овехта гаштани ашёи зиёдатӣ дар либоси махсус манъ карда шудааст.
  6. Ба кормандон воридшавӣ ба минтақаҳои зикршуда мутобиқи системаҳои иҷозатдиҳӣ ба минтақаи воридоти маҳдуд, тавре, ки дар барномаи бехатарии фурудгоҳ, иҷорагирандаи фурудгоҳ ё дигар барномаҳои бехатарӣ омадааст, рухсат дода мешавад. Ҳамзамон маъмурияти фурудгоҳҳо бо мақсади таъмини бехатарӣ чораҳои зарурии назоратиро меандешанд, аз қабили, аз санҷиш гузаронидани шахсони ба кор қабулшаванда, ки ба онҳо рухсати бе шахси ҳамроҳикунанда ворид шудан ба минтақаҳои назоратии воридоти маҳдуди фурудгоҳҳо дода мешавад ва инчунин мунтазам аз санҷиш гузаронидани шахсоне, ки аллакай чунин иҷозатномаро гирифтаанд.
  7. Мақомоти ваколатдор, ки барои додани иҷозатномаҳо ба минтақаҳои назоратии фурудгоҳ ҷавобгў мебошанд, таъмин менамоянд:

а) пешниҳод намудани тамоми дархостҳо барои иҷозатнома ба минтақаи назоратӣ дар шакли хаттӣ ба кормандони маъмурият аз номи аризадиҳанда;

б) санҷиши дархостҳои хаттӣ бо мақсади муайян намудани асосҳои кофӣ барои додани иҷозатнома;

в) санҷиши аризаҳои хаттии шаҳрвандонро мақомоти хадамоти бехатарии авиатсионӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии додани иҷозатномаҳо ба шахсони номатлуб меомўзанд;

г) тақсимоти минтақаҳои назоратии воридшавии маҳдуд ба ҳуқуқи ворид шудан ба ҳар як минтақае аз рўи зарурат;

д) дар ҳар як иҷозатнома, ҳадди ақал бояд мавҷуд бошад:

- сурати соҳиби иҷозатнома ва дигар иттилооти шахсӣ дар бораи ў;

- мўҳлати амал;

- номгўи минтақаҳои ҳифзшавандаи воридшавии маҳдуд, ки иҷозатномаи мазкур ба онҳо паҳн мегардад;

- насаби соҳиби иҷозатнома;

е) минтақаҳои воридшавӣ:

- маъмурият;

- перрон;

- минтақаи ҳарбӣ;

- аэродром;

- объектҳои идораи ҳаракати ҳавоӣ (ИҲҲ);

- объектҳои Хадамоти муҳандиси авиатсионӣ (ХМА);

- объектҳои маводи сўзишворӣ ва молиданӣ (МСМ);

- объектҳои хизматрасонӣ ба мусофирон (ХМ);

- ҳавопаймо.

 

§ 4. Назорати воридшавии шахсон ва воситаҳои нақлиёти ташкилотҳои беруна

 

  1. Воридшавии шахсон ва воситаҳои нақлиёти ташкилотҳои беруна ба минтақаҳои назоратӣ ва минтақаҳои воридоти маҳдуд танҳо аз рўи иҷозатномае, ки аз ҷониби хадамоти бехатарии авиатсионӣ дода мешавад, ба амал оварда мешавад.
  2. Хадамоти бехатарии авиатсионӣ бо мақсади таъмин намудани назорати воридшавии шахсон ва воситаҳои нақлиёти ташкилотҳои беруна

ба минтақаи назоратӣ ва минтақаҳои воридшавии маҳдуд тадбирҳои зеринро ба ҷо меорад:

- ҷудо кардани минтақаи назоратӣ ва минтақаҳои воридоти маҳдуд;

- санҷидани иҷозатномаи шахсон ва ронандагони воситаҳои нақлиётии ташкилотҳои беруна барои ворид шудан ба минтақаи воридшавии маҳдуди минтақаи назоратӣ;

- дар ҳолати дурусти корӣ нигоҳ доштани деворҳои муҳофизатӣ, ки минтақаҳои ҳифзшавандаи воридоти маҳдудро ҷудо мекунанд;

- тафтиш кардани мавҷудияти иҷозатнома дар шишаи пеши воситаи нақлиёт.

  1. Нуқтаҳои назоратию иҷозатдиҳии сатҳҳои фурудгоҳҳо бо дарвозаҳо, шлагбаумҳо, майдончаҳо барои азназаргузаронии воситаҳои нақлиётӣ, борҳо, инчунин бо воситаҳои техникии мушоҳидакунӣ ҷиҳати таҳти назорат гирифтани гузариши кормандон кабинаҳои автоматиконидашудаи иҷозатдиҳӣ ё турникетҳо таҷҳизонида мешаванд. Ҳамаи шахсон ва ашёе, ки онҳо бо худ доранд, инчунин воситаҳои нақлиётӣ ва боре, ки онҳо интиқол медиҳанд. Тавассути нуқтаҳои назоратию иҷозатдиҳӣ ба минтақаҳои ҳифзшавандаи воридшавии маҳдуди фурудгоҳҳо равона мешаванд, бояд вобаста ба натиҷаҳои баҳодиҳии хатар ва бахши фурудгоҳ, ки нуқтаи назоратию иҷозатдиҳӣ воридшавиро ба он фароҳам меорад, санҷида шавад. Шахсоне, ки ба минтақаи назоратӣ ворид мешаванд ва аз он хориҷ мешаванд. Бо мақсади бехатари азназаргузаронии шахсӣ, ашёе, ки онҳо бо худ доранд ба воситаи металлкобӣ равоқдор ё дастӣ ва дигар таҷҳизот, ки дар нуқтаҳои назоратию иҷозатдиҳии гузошта шудааст, мегузаранд. Дарвозаҳои иловагии гузариш, ки дар аэродром истифода бурда мешаванд, аз ҷониби воҳидҳои хадамоти бехатарии авиатсионӣ таҳти назорат гирифта мешаванд. Маъмурияти фурудгоҳ (муассисаи авиатсионӣ) дар ҳолати дурусти корӣ нигоҳ дошта шудани панҷараҳои ҳифзкунандаро, ки воридшавӣ ба минтақаҳои назоратиро маҳдуд мекунанд, таъмин менамояд.
  2. Ронандаи воситаи нақлиёт, ки иҷозатномаи шахсӣ ба минтақаи назоратӣ дорад, бояд чораҳои истифодаи бехатарии воситаи нақлиёт ва хатсайрҳои муқарраршудаи ҳаракатро дар ҳудуди фурудгоҳ ва муассисаи авиатсионӣ риоя намояд. Ҳангоми зарурат мумкин аст мушоиаткунандаи воситаи нақлиёт аз шумораи кормандони хадамоти бехатарии авиатсионӣ таъин карда шаванд. Шумораи шартномаҳо ба воситаҳои нақлиётӣ, то ҳадди имкон бояд кам бошанд, то ин, ки зиёд гардидани шумораи воситаҳои нақлиётӣ дар фурудгоҳ, барои ҳаракати киштиҳои ҳавоӣ монеа мегардад.
  3. Ҳар як иҷозатнома ба воситаи нақлиёт бояд дар ҷойи намоёни кузови воситаи нақлиёт часпонда шавад ва маълумоти зеринро дар бар гирад:

а) рақами бақайдгирии воситаи нақлиёт;

б) аломати соҳиби воситаи нақлиёт ва истифодабарандаи он;

в) мўҳлати амал;

г) минтақаҳои ҳифзшавандаи воридшавии маҳдуд, ки дар онҳо иҷозатнома эътибор дорад;

д) нуқтаҳои иҷозатдиҳӣ, ки барои истифодабарии воситаи нақлиёти мазкур рухсат дода шудааст.

  1. Ҳар як муассисаи ваколатдор таъмин менамояд, ки ронандагони воситаҳои нақлиётӣ, ки иҷозатнома барои воридшавӣ ба минтақаҳои назоратӣ доранд, бояд шаҳодатномаи дахлдор оид ба ҳуқуқи ронандаи воситаи нақлиёти дараҷаи дахлдор ва дастур оид ба риояи тамоми чораҳои бехатарӣ бо истифодабарии воситаи нақлиёт дар майдони парвоз алоқамандро дошта бошанд.

 

§ 5. Чораҳои ҳифзи киштии ҳавоӣ

 

  1. Истифодабарандагон чораҳои муқарраргардидаро барои таъмини бехатарии авиатсионии киштиҳои ҳавоӣ меандешанд.
  2. Киштиҳои ҳавоӣ ҳангоми қарор доштан дар замин дар минтақаи масъулияти фурудгоҳ ё муассисаи авиатсионӣ зери назорати доимии хадамоти бехатарии авиатсионӣ қарор мегиранд.
  3. Хадамоти бехатарии авиатсионӣ назорати ҳаракати одамон ва воситаҳои нақлиётро дар минтақаи таваққуфи киштиҳои ҳавоӣ бо мақсади пешгирӣ кардани воридшавии беиҷозати онҳо ба киштиҳои ҳавоӣ ба амал меорад.
  4. Тафтиши бехатарии ҳавопаймо аз ҷониби хадамоти бехатарии авиатсионӣ ба амал оварда мешавад, ки метавонад аз кўмаки мутахассисони хадамоти муҳандисӣ-авиатсионӣ (минбаъд - ХМА) ва дар ниҳояти кор аз аъзои экипажи киштӣ истифода барад. Ҳангоми омодашавии киштии ҳавоӣ ба парвоз аз ҷониби кормандони хадамоти бехатарии авиатсионӣ азаназаргузаронии пеш аз парвозии ҳавопаймо бо мақсади пайдо кардани шахсони бегона, инчунин дарёфти моддаҳои тарканда, силоҳ, лавозимоти ҳарбӣ ва дигар моддаҳо ва ашёи хатарнок, ки метавонад боиси содир шудани амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ дар фаъолияти авиатсияи гражданӣ гарданд, ба амал оварда мешавад.
  5. Истифодабарандагони киштиҳои ҳавоӣ чораҳои заруриро меандешанд, ки мусофирон ҳангоми фаромадан аз киштии ҳавоӣ ягон ашёро фаромўш накунанд.
  6. Дарҳои киштиҳои ҳавоӣ, ки истифода ва хизматрасонӣ намешаванд, бояд маҳкам бошанд, таҷҳизоти фурудоӣ ва саворшавӣ (трапи зинапоягӣ, телескопӣ ва ғ.) бояд аз киштии ҳавоӣ ҷудо карда шаванд.
  7. Ба хатсайрҳои киштиҳои ҳавоӣ, ки зери таҳдиди амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷониби истифодабарандагон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, ки имконияти аз ҷониби мусофирон дар дохили киштии ҳавоӣ гузоштани ашёи бегонаро, аз ҷумла ҳангоми таваққуфи транзитӣ истисно менамояд.
  8. Дар сурати гирифтани иттилоот дар бораи таҳдиди содир шудани далели мудохилаи ғайриқонунии киштии ҳавоии мушаххас:

- шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори дахлдори фурудгоҳ ва истифодабаранда хабардор карда мешаванд;

- чораҳои иловагии бехатарии авиатсионӣ андешида мешаванд;

- азназаргузаронии иловагии киштии ҳавоӣ дар таваққуфгоҳи махсус ҷудо гардида, мусофирон, ашёи мусофирон, бағоҷ, бор, почта, захираҳои дохили ҳавопаймо ва хўроки дохили киштии ҳавоӣ;

- дар сурати гирифтани иттилоот дар бораи таҳдиди содир шудани амали мудохилаи ғайриқонунӣ нисбат ба киштии ҳавоие, ки дар парвоз аст, тартиби амали аъзои экипажро дастурамали махсуси истифодабаранда муайян месозад.

  1. Дар сурати мавҷуд будани иттилооти даққиқ дар бораи он, ки киштии ҳавоӣ метавонад бо содир шудани амали мудохилаи ғайриқонунӣ дар замин дучор шавад:

- шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори дахлдори фурудгоҳ ва истифодабаранда хабардор карда мешаванд;

- чораҳои иловагии ҳифзи киштии ҳавоӣ тибқи нақшаи амалия, ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулодда андешида мешаванд.

 

§ 6. Воситаҳои аэронавигатсионӣ ва дигар иншооти муҳими инфрасохтори фурудгоҳ

 

  1. Воситаҳои аэронавигатсионӣ ва дигар иншооте, ки дар ҳудуди фурудгоҳ ё берун аз он ҷойгир шуда, барои фаъолияти авиатсияи гражданӣ аҳамияти муҳим доранд, аз ҷониби хадамоти бехатарии авиатсионии фурудгоҳӣ ва хадамоти бехатарии ин муассисаҳо ҳифз карда мешаванд. Номгўи воситаҳои аэронавигатсионӣ ва тартиби ҳифзи онҳо дар барномаи бехатарии авиатсионии мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, бо дарназардошти чораҳои бехатарӣ дар фурудгоҳи ҷойгиршавӣ баён мегарданд.
  2. Масъулият барои таҳияи нақшаи амалиёт дар сурати сар задани ҳолатҳои фавқуллода ва истифодаи захираҳо, иваз ё пешниҳоди хизматрасониҳои алтернативӣ бо сабаби корношоям гардидани иншооти махсусан муҳим дар натиҷаи тахрибкорӣ ё амалҳои дигари мудохилаи ғайриқонунӣ, ба зиммаи роҳбари муассисаи авиатсионӣ (молики васоит ё иншооти аэронавигатсионӣ) вогузошта мешавад.

 

БОБИ 7. НАЗОРАТ БО МАҚСАДИ БЕХАТАРИИ ШАХСОН ВА АШЁ ДАР ДОХИЛИ КИШТИИ ҲАВОӣ

 

  1. Мусофирон, ашёи онҳо, аъзои экипажҳои киштиҳои ҳавоӣ, бағоҷ, борҳо, почта, захираҳои дохили ҳавопаймо ва хўроки дохили киштии ҳавоӣ, бояд ҳатман мавриди азназаргузаронии пеш аз парвозӣ қарор дода шуда, кормандони хизматрасонии рўизаминӣ бошанд, ҳангоми воридшавӣ ба минтақаи назоратӣ муоина карда мешаванд. Тартиби гузаронидани тафтиши пеш аз парвоз аз ҷониби хадамоти бехатарии авиатсионӣ тибқи "Қоидаи гузаронидани тафтиши пеш аз парвоз ва пас аз парвози мусофирон, бағоҷ ва борҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚА РТ-01)", ки бо фармони Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2010, №131 тасдиқ гардидааст (минбаъд - Қоидаҳои азназаргузаронӣ) ба амал оварда мешавад.

 

§ 1. Азназаргузаронии мусофирон ва ашёи онҳо

 

  1. Азназаргузаронии мусофирон ва бори дастии онҳо, баъди ба қайдгирии чиптаҳо, инчунин баъди аз назорати сарҳадӣ, гумрукӣ, санитарию карантинӣ, муҳоҷиратӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ва дигар намуди назорат гузаштани мусофирон амалӣ мегардад.
  2. Мусофирон, ашёҳои бо худ дошта ва бағоҷи онҳо бо истифода аз воситаҳои техникӣ ва махсуси азназаргузаронӣ муоина карда мешаванд.

Тартиби истифодаи воситаҳои азназаргузаронии техникӣ ва махсусро Қоидаҳои азназаргузаронӣ ва барномаи таъмини бехатарии авиатсионии фурудгоҳ муайян менамоянд.

  1. Ҳангоми муоинаи мусофирон ва бағоҷи онҳо усули дастии (бевоситаи) азаназаргузаронӣ, инчунин азназаргузаронии шахсии (инфиродӣ) мусофирон низ метавонад истифода гардад.
  2. Тартиби азназаргузаронии шахсии (инфиродии) мусофирон, инчунин истифода намудани усули азназаргузаронии дастии бағоҷ ва ашёи мусофирон, тибқи қоидаҳои азназаргузаронӣ амалӣ мегардад.
  3. Бо мақсади андешидани чораҳои иловгӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ дар давраи таҳдид, фоизи азназаргузаронии интихобии шахсии (инфиродии) мусофирон, инчунин азназаргузаронии бағоҷ ва ашёи мусофирон бо усули дастӣ на камтар аз 10 % зиёд мегардад.
  4. Дар аэродромҳо ва ё майдонҳои фуруд, ки дар онҳо нуқтаҳои азаназаргузаронӣ ва воситаҳои статсионарии техникӣ ва махсуси муоина вуҷуд надоранд, азназаргузаронии мусофирон ба таври дастӣ бо истифода аз асбобҳои металлкобӣ ба амал оварда мешавад. Азназаргузаронии бағоҷ ва ашёи мусофирон бошад, танҳо бо усули дастӣ (мустақим) гузаронида мешавад.

 

§ 2. Ашё ва молҳои мусодирашуда

 

  1. Тамоми ашё, ки сабаби ташвиш шудааст, аз ҷониби кормандоне, ки азназаргузарониро амалӣ мегардонанд, мусодира карда мешавад. Дар сурати пайдо кардани силоҳи оташфишон, моддаҳои тарканда ё дигар силоҳи оташфишон, моддаҳои тарканда ё дигар силоҳи барои ҳамлу нақл иҷозатнадодашуда, дар бораи ин дарҳол шўъбаи корҳои дохилӣ дар нақлиёт огоҳ карда шуда, ба мусофири дахлдор пешниҳод карда мешавад, ки ба саволҳои илова кормандони шўъбаи корҳои дохилӣ дар нақлиёт ҷавоб диҳад. Ашёи алоҳидаи мусодирашуда ба ҷойи таъиноти мусофирон дар қисми боркашонии киштии ҳавоӣ интиқол дода шуда, дар нуқтаи ниҳоии таъинот ба мусофирон баргардонида мешавад. Расмиёте, ки дар чунин ҳолатҳо истифода бурда мешаванд, дар шакли хаттӣ дар барномаи бехатарии авиатсионӣ истифодабаранда муайян карда мешаванд.

 

§ 3. Даст кашидан аз расмиёти азназаргузаронӣ

 

  1. Шахсоне, ки аз расмиёти азназаргузаронӣ тибқи Барномаи мазкур ё аз расмиёти азназаргузаронии бағоҷ ё бори дастии ба онҳо мансуббуда ва ба қайд гирифташуда даст мекашанд, инчунин шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ ё нашъамандӣ қарор доранд, ба минтақаи воридоти маҳдуд роҳ дода намешаванд.
  2. Нисбати хатсайрҳои киштиҳои ҳавоӣ, ки дар як вақт хизматрасонӣ карда мешаванд, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, то ки имконияти омехташавии мусофирони аз муоинаи пеш аз парвозӣ гузашта бо мусофироне, ки азназаргузаронии пеш аз парвозиро ҳанўз нагузаштаанд, истисно карда шавад. Дар сурати омехташавии мусофироне, ки азназаргузаронии пеш аз парвозро гузаштаанд, бо мусофироне, ки азназаргузаронии пеш аз парвозро нагузаштаанд, азназаргузаронии такрории мусофирон ба амал оварда мешавад.

 

§ 4. Халал ёфтани татбиқи чораҳои назоратӣ бо мақсади бехатарӣ

 

  1. Дар сурати пас аз парвози киштии ҳавоӣ ошкор шудани нуқсон дар татбиқи зарурии чораҳои назоратӣ бо мақсади бехатарӣ ба мақомоти ваколатдори дахлдори давлате, ки киштии ҳавоӣ ба он ҷо парвоз намудааст, бояд дар хусуси камбудии ҷойдошта хабардор карда шавад.

 

§ 5. Азназаргузаронии мусофирони транзитӣ ва трансферӣ

 

  1. Мусофирони трансферӣ ва бағоҷи онҳо ҳамчун мусофирони парвозкунанда арзёбӣ мегарданд, аз ин рў, дар фурудгоҳи мобайнӣ аз муоина мегузаранд. Мусофирони транзитӣ ва бағоҷи онҳо низ муоинаро дар фурудгоҳи мобайнӣ мегузаранд, агар интиқолгари авиатсионӣ мусофирону бағоҷро дар давраи транзит дар дохили ҳавопаймо нигоҳ надорад.
  2. Мусофирони транзитӣ ва трансферӣ набояд ба бағоҷи бақайдгирифташудаашон роҳ дода шаванд.
  3. Кормандони Хадамоти давлатии фелдъегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муросилотро ҳамроҳӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд дар нуқтаҳои мобайнии хатсайрҳо дар дохили киштии ҳавоӣ бошанд ва мубодилаи муросилотро дар дохили ҳавопаймоҳо дар вақти таваққуфи онҳо амалӣ намуда, шахсан ҳангоми бор кардани (фаровардани) муросилот аз қисми боркашонӣ аз лаҳзаи кушодани қисми боркашонӣ то маҳкам намудан тибқи қоидаҳои азаназаргузаронӣ ҳузур намоянд.

 

§ 6. Экипажҳои киштиҳои ҳавоӣ, кормандони фурудгоҳҳо ва шахсони дигар, ки мусофир нестанд

 

  1. Аъзои экипажи киштии ҳавоӣ ба азназаргузаронии пеш аз парвоз танҳо пас аз пешниҳод намудани супориш ба парвоз иҷозат дода мешавад.
  2. Азназаргузаронии аъзои экипажи киштии ҳавоӣ, кормандони хизматрасонии рўизаминии муассисаҳои авиатсионӣ, истифодабарандагон ва шахсони дигари ғайримусофир дар асосҳои умумӣ гузаронида мешавад. Азназаргузаронии ин гурўҳи шахсон мумкин аст дар нуқтаҳои азназаргузаронӣ, ки дар нуқтаҳои назоратию иҷозатдиҳии фурудгоҳ таҷҳизонида шудааст, ба амал оварда мешавад.

 

§ 7. Расмиёти махсуси азназаргузаронии пеш аз парвоз

 

  1. Мактубҳои дипломатӣ (консулӣ), инчунин дигар мактубҳои муҳркардашудаи дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо баробаркардашуда, ки мукотиботи расмии муассисаҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро дар бар мегиранд ва дорои аломатҳои намоёни зоҳирӣ, ки ба хусусияти онҳо ишора мекунад, набояд аз назар гузаронида шаванд.
  2. Маводе, ки дорои муҳри махфияти муассисаҳои дахлдори ҳукуматӣ мебошанд, бояд танҳо бо истифодабарии воситаҳои техникӣ азназаргузаронӣ карда шаванд.
  3. Азназаргузаронии пеш аз парвози мусофирон, ки дар толорҳои шахсон ва ҳайатҳои расмӣ хизматрасонӣ карда мешаванд, дар нуқтаҳои азназаргузаронӣ, ки дар ин толорҳо ё дар асоси умумӣ таҷҳизонида шудаанд, гузаронида мешавад.
  4. Азназаргузаронии пеш аз парвози мусофирон, ки маводи қиматбаҳоро интиқол менамоянд, шахсон бо нумўяи дил, маъюбон, дорои дастгоҳҳои сунъӣ, ки фаъолияти дилро мураттаб месозанд, тибқи Қоидаҳои азназаргузаронӣ сурат мегирад.
  5. Мусофироне, ки ҳангоми азназаргузаронии бағоҷ ё ашёи онҳо аз имтиёз ва дахлнопазирӣ истифода мебаранд, тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аз расмиёти азназаргузаронии шахсӣ (инфиродӣ), аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникии азназаргузаронӣ, озод намебошанд.
  6. Азназаргузаронии пеш аз парвози кормандони хадамоти посбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизматӣ қарор доранд, ҳангоми ҳамроҳӣ кардани иншооти ҳифзи давлатӣ, Корхонаи воҳиди давлатии "Алоқаи махсус" ва Муассисаи давлатии "Хадамоти давлатии фелдъегерӣ"-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муросилотро ҳамроҳӣ мекунанд, инчунин ашёи онҳо, тибқи Қоидаҳои азназаргузаронӣ сурат мегирад.
  7. Силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва воситаҳои махсуси кормандони мусаллаҳи Муассисаи давлатии "Хадамоти давлатии фелдъегерӣ"-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алоқаи байниҳукуматии фелдъегерӣ, ки муросилот (почта)-ро ҳамроҳӣ мекунанд, дар вақти парвоз гирифта намешаванд. Таҳвилгарони авиатсионӣ пеш аз парвоз дар бораи дар дохили ҳавопаймо ҳузур доштани шахсони мусаллаҳ хабардор карда мешаванд.
  8. Азназаргузаронии пеш аз парвози ҳайати шахсии посбонии Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мушоиати шахсони посбонишаванда ва муоинаи маҳкумшудагонро пеш аз нишаст ба киштии ҳавоӣ ба амал меоранд, аз ҷониби хадамоти бехатарии авиатсионӣ тибқи Дастурамал оид ба фаъолияти хизматии воҳидҳои махсуси системаи ҷиноятию иҷрои ҷазо оид ба посбонӣ, ки аз ҷониби Вазорати адлия ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.

 

§ 8. Маводи хусусияти махфидошта

 

  1. Маводе, ки дорои мўҳри махфияти муассисаҳои дахлдори ҳукуматӣ мебошад, танҳо бо мақсади пайдо кардани силоҳ ё ашёи манъшуда, тафтиш карда мешавад. Вале, агар вобаста ба бехатарии маводи махфӣ ягон саволе ба миён ояд, маводи махфии зикршуда аз ҷониби истифодабарандагони киштиҳои ҳавоӣ интиқол дода намешавад.

 

§ 9. Муросилоти ҳукуматии қосидӣ ва почтаи дипломатӣ

 

  1. Почтаи дипломатӣ, мактубҳои консулӣ, инчунин дигар муросилоти расмии муассисаҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо баробар карда шудааст, набояд кушода ва аз назар гузаронида шаванд. Аломатҳои зоҳирии намоён, ки почтаи дипломатиро ташкил медиҳанд, қулфҳо, мўҳрҳои сурғучӣ, тамғаҳо, биркаҳои мўҳркардашуда бо нишон додани нуқтаи таъинот ва фиристодани почтаи дипломатӣ маҳсуб меёбанд. Шахсе, ки почтаи дипломатиро бурда мерасонад, бояд бо худ ҳуҷҷати расмӣ бо нишон додани мақоми ў (қосиди дипломатӣ) ва шумораи ҷойҳое, ки барои почтаи дипломатӣ ҷудо гардидааст, дошта бошад. Ҳуҷҷат аз тарафи намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати фиристонда ё роҳбарияти намояндаи авиатсияи граждании хориҷии ин давлат имзо гузошта мешавад. Аз ҷониби Конвенсияи Вена дар бораи муросилоти дипломатӣ номи мушаххаси чунин ҳуҷҷат гуфта нашудааст, вале аксарияти давлатҳо истилоҳи "варақаи қосидӣ"-ро истифода мебаранд.
  2. Борҳо ва почтаи махсус, ки тавассути киштии ҳавоӣ бо мушоиати кормандони Муассисаи давлатии "Хадамоти давлатии фелдъегерӣ"-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи алоқаи махсус интиқол дода мешаванд, набояд ашё ва маводеро дар бар гиранд, ки интиқоли онҳо тавассути нақлиёти ҳавоӣ манъ аст. Муросилоте, ки бо кормандони Муассисаи давлатии "Хадамоти давлатии фелдъегерӣ"-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон карда мешаванд, бояд ба таври зарурӣ борпеч ва мўҳр зада шавад. Шумораи ҷойҳо, вазн ва маълумоти дар мўҳр ҷойдошта бояд ба варақаи ҳамроҳикунанда сабт гардида, бо имзои навбатдори фаврии Муассисаи давлатии "Хадамоти давлатии фелдьегерӣ"-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ карда шавад. Муросилоте, ки аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии "Хадамоти давлатии фелдъегерӣ"-и Хадамоти алоқаи назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад, дахлнопазир буда, мавриди азназаргузаронӣ ва боздошт қарор дода намешавад.
  3. Ҳангоми пайдо шудани шубҳа дар хусуси он, ки дар бағоҷи махсуси алоқаи махсус ашё ва моддаҳои хатарнок мавҷуданд, ки тавассути нақлиёти ҳавоӣ интиқоли онҳо манъ аст, бағоҷи махсус дар ҳузури кормандони Хадамоти давлатии фелдъегерии алоқа ва иттилооти ҳукумати метавонад аз ҷониби корманди хадамоти бехатарии авиатсионӣ тавассути воситаҳои техникии назорат, бе кушодани борпеч, мавриди муоина қарор дода шавад.
  4. Шахсоне, ки муросилот ва бағоҷи махсусро ҳамроҳӣ мекунанд, муоинаро мутобиқи "Қоидаҳои гузаронидани муоинаи пешазпарвозӣ ва баъдипарвозии мусофирон, бағоҷ ва борҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚА ҶТ-01)", ки бо фармони Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2010, №131 тасдиқ шудааст (минбаъдҚоидаҳои муоина) мегузаранд.

 

§ 10. Озод намудан аз расмиёти азназаргузаронӣ

 

  1. Ҳолатҳои мушаххаси озод намудани шахсон аз муоинаи пешазпарвозӣ ва баъдипарвозӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешаванд.

 

§ 11. Азназаргузаронии ғайримуқаррарӣ

 

  1. Азназаргузаронӣ бо тартиби ғайримуқаррарӣ номунтазам гузаронида мешавад. Вале мусофироне, ки махсус аз назар гузаронида мешаванд, аз ҷумла мусофироне, ки маводи қиматбаҳоро интиқол медиҳанд, мусофирон бо нумўи дил ва мусофирони маъюб алоҳида аз дигар мусофирон азназаргузаронӣ карда мешаванд. Дар ин сурат мусофир ва бори дастии ў бо усулҳои зерин аз назар гузаронида мешавад:

а) тавассути азназаргузаронии дастӣ ё таҷҳизоти рентгенӣ;

б) ба воситаи металлкоби дастӣ ё азназаргузаронии дастӣ, дар сурати агар мусофир нумўяи дил дошта бошад ё маъюб бошад, наметавонад тавассути расмиёти муқаррарии азназаргузаронӣ бо ёрии металлкобӣ қарор дода шавад;

в) ба усули дастӣ аз тарафи шахсе, ки барои иҷрои ин вазифа ба таври зарурӣ тайёр карда шудааст:

г) дарҳол пас аз расмиёти азназаргузаронӣ, мусофири зикршуда ба минтақаи тамйизшуда гузаронида мешавад.

д) азназаргузаронии бемори дар болои занбар хобидаро мутахассисони Хадамоти бехатарии авиатсионии фурудгоҳ мегузаронанд. Интиқоли мусофири бемор ба киштиии ҳавоӣ аз ҷониби кормандони нуқтаи тиббӣ ва воҳиде, ки маъмурияти фурудгоҳ онро Ваколатдор намудааст, амалӣ мегардад. Супоридани мусофири мазкур ба роҳбаладони киштии ҳавопаймо тавассути имзо намудани санади қабул ва супоридан сурат мегирад. Кормандони Хадамоти бехатарии авиатсионӣ роҳ надодан ба алоқаи мусофир бо шахсони бегонаро ҳангоми ҳамлу нақли ў дар киштии ҳавоӣ таъмин менамоянд.

 

§ 12. Интиқоли силоҳ ва воситаҳои махсуси иҷозатдодашуда

 

  1. Интиқоли силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва воситаҳои махсус дар дохили киштии ҳавоӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал оварда мешавад. Вазорати корҳои дохилӣ метавонад интиқоли силоҳро ба корманди ваколатдор ё дар толори мусофирон, масалан ба кормандони милитсия ҳангоми аз ҷониби онҳо иҷро гардидани ўҳдадориҳои хизматӣ, дар қисми боркашии киштии ҳавоӣ ё дар дигар ҷойи дастнорас иҷозат диҳад. Гирифта гаштан ва интиқоли силоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонун "Дар бораи силоҳ" ба танзим дароварда мешавад.

 

§ 13. Интиқоли силоҳи иҷозатдодашуда дар толори мусофирон

 

  1. Интиқоли силоҳ дар дохили киштии ҳавоӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ваколатдор, ки ўҳдадориҳои хизматии худро ба ҷо меоранд, дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода мешавад:

а) баъди аз ҷониби намоянда пешниҳод намудани ҳуҷҷати хаттӣ, ки интиқоли силоҳро иҷозат медиҳад;

б) шахсоне, ки силоҳро интиқол медиҳанд, то ба киштии ҳавоӣ нишастанашон вобаста ба тамоми қоидаҳо ва муқаррарот, ки ба интиқоли силоҳ дахл доранд; дастури дақиқ гирифтаанд:

в) ҳангоми таъмини бехатарии шахсони давлатии муҳофизатшаванда;

г) ҳангоми ҳамроҳӣ кардани шахсони посбонишаванда;

д) дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст;

е) ба шахсоне, ки силоҳ доранд, нўшидани нўшокиҳои спиртӣ дар дохили киштии ҳавоӣ манъ аст;

ё) командири киштии ҳавоӣ ва ҳамаи аъзои экипаж дар бораи шумораи шахсоне, ки дар дохили киштии ҳавоӣ бо худ силоҳ доранд ва ҷойҳои нишасти онҳо огоҳ карда мешаванд.

  1. Истифодабарандагони киштиҳои ҳавоӣ, шахсонеро ки ба онҳо интиқоли силоҳ иҷозат дода шудааст, андешидани чораҳои зеринро таъмин менамоянд:

а) пешниҳоди ҳуҷҷати зарурии хаттӣ бо иҷозат барои интиқоли силоҳ;

б) то ба киштии ҳавоӣ нишастани шахсоне, ки силоҳро интиқол медиҳанд, онҳо дастури дақиқро вобаста ба тамоми қоидаҳо ва муқаррарот, ки ба интиқоли силоҳ дахл доранд, мегузаранд;

в) командири киштии ҳавоӣ ва ҳамаи аъзои экипаж дар бораи шумораи шахсоне, ки дар дохили киштии ҳавоӣ бо худ силоҳ доранд ва ҷойҳои нишасти онҳо огоҳ карда мешаванд.

 

§ 14. Истифодаи силоҳи оташфишон дар дохили киштии ҳавоӣ ҳангоми парвоз манъ аст

 

  1. Мақоми ваколатдори таъингардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои баррасӣ ва тасдиқи аризаҳо барои интиқоли силоҳи иҷозатдодашуда ба шахсони алоҳида дар толори мусофирон масъул мебошад, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳолати тасдиқшавӣ Вазорати корҳои дохилӣ инчунин барои ба фурудгоҳи трансфер, транзит, ҷои таъинот ва кишвари зисти мусофир интиқол додани тамоми иттилоот масъул мебошад.
  2. Дар сурати дархости давлати хориҷӣ дар бораи имконияти андешидани чораҳои иловагӣ бехатарии хатсайри мушаххаси киштии ҳавоӣ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин имкониятро дида баромада, ба ҳадди имкони давлат онро қонеъ менамояд.
  3. Муроҷиати давлати хориҷӣ (давлати бақайдгирии киштии ҳавоӣ) барои иҷозати дар дохили киштии ҳавоии истифодабарандаи худ қарор доштани корманди мусаллаҳ, бо тартиби муқарраргардида қонунгузорӣ баррасӣ карда мешавад.

 

§ 15. Интиқоли силоҳи иҷозатдодашуда, ки дар ҷойҳои дастнорас нигоҳ дошта мешавад

 

  1. Ба истифодабарандагони киштиҳои ҳавоӣ ҳангоми риояи шартҳои зерин иҷозат дода мешавад, ки силоҳро ба ғайр аз толори мусофирон дар ҷойҳои дигар интиқол диҳанд:

а) истифодабаранда ё намояндаи истифодабаранда тасдиқ намояд, ки силоҳ дар қисми боркашонии бағоҷи мусофирон ҷойгир шуда, шахси ваколатдор ва дорои тахассуси зарурӣ муқаррар намудааст, ки силоҳи мазкур аз тир холӣ аст.

б) силоҳ дар ҷое нигоҳ дошта мешавад, ки ҳангоми парвози киштии ҳавоӣ ба шахси дигар дастнорас аст.

 

§ 16. Шахсоне, ки маҳбус мебошанд ё зери назорати маъмурӣ қарор доранд

 

  1. Ҳамлу нақли шахсони маҳбус ба киштиҳои ҳавоӣ аз фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи меъёрҳои бехатарӣ амалӣ мегардад:

- шумораи маҳбусон ҳангоми ҳамлу нақл дар киштиҳои ҳавоӣ набояд аз даҳ нафар зиёд бошанд. Маҳбусонро посбонон ҳамроҳӣ мекунанд;

- шумораи зарурии посбонон барои ҳамроҳӣ намудан набояд камтар аз 4 посбон барои 2 маҳбус бошад. Ба ҳар як маҳбуси иловашуда ҳайати посбонон як нафар зиёд карда мешавад.

  1. Воридшавии автомобилҳои махсус ба минтақаи назоратии фурудгоҳ ба назди киштии ҳавоӣ, тибқи барномаи бехатарии авиатсионии фурудгоҳ танҳо бо ҳамроҳии хадамоти бехатарии авиатсионӣ амалӣ мегардад.
  2. Мушоиати маҳбусон аз автомобили махсус ба киштии ҳавоӣ як нафарӣ зери назорати сардори хадамоти бехатарии авиатсионӣ ва посбон сурат мегирад. Ҷинояткорони махсусан хавфнок таҳти назорати пурзўри посбонон ва танҳо бо дастбандҳо ба ҳавопаймо интиқол дода мешаванд. Посбонии маҳбусон дар вақти парвоз бо дастбандҳо (ба ғайр аз занон ва ноболиғон) сурат мегирад. Ҷойгиркунии маҳбусон дар киштии ҳавоӣ то ба ҷойҳои худ нишастани мусофирон ва фаровардани онҳо танҳо баъди аз киштии ҳавоӣ баромадани ҳамаи мусофирон амалӣ мегардад.
  3. Ҳангоми ҳамлу нақли маҳбусон чораҳо ва расмиёти зерин барои таъмини бехатарӣ истифода мешаванд:

а) маҳбус танҳо зери посбонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавассути ҳавопаймо интиқол дода мешавад;

б) намояндаи истифодабаранда посбонро дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ оид ба таъмини бехатарии парвоз ва пешгирии содир шудани амали мудохилаи ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ хабардор менамояд;

в) посбонон барои мавҷуд будани ашёи қочоқ, силоҳ ва дигар ашёе, ки интиқоли онҳо дар дохили киштии ҳавоӣ манъ буда, дар ихтиёри маҳбус карор дошта бошад, ҷавобгар мебошанд;

г) маҳбусон набояд дар наздикии бевоситаи даромад ва баромади киштии ҳавоӣ, инчунин дар муқобили онҳо ҷойгир карда шаванд;

д) посбонон бояд дорои воситаҳои зарурӣ барои маҳдуд кардани озодии ҳаракати маҳбусон дар вақти парвоз бошанд;

е) ба посбонон ва маҳбусоне, ки дар дохили киштии ҳавоӣ қарор доранд, нўшокиҳои спиртӣ пешниҳод карда намешавад.

  1. Ҳангоме, ки мусофир, бинобар маҳрум будан аз ҳуқуқи воридшавӣ ба давлат ва ё таҳти амали ордери бадарға иҷборан сафар мекунад, мақомоти муҳоҷирати фурудгоҳ (мамлакат) ба мақомоти ваколатдори давлатҳои транзитӣ ва ҷои таъиноти ин гуна мусофир дар бораи сабабҳои интиқоли шахси мазкур ва арзёбии ҳама гуна хатарҳои бо интиқоли ў алоқаманд маълумот медиҳад.

 

§ 17. Талабот оид ба хабардиҳӣ

 

  1. Мақоми ваколатдори дахлдор бо тартиби муқарраргардида интифодабаранда ва командири киштии ҳавоиро дар бораи дар дохили ҳавопаймо мавҷуд будани маҳбусон, шахсони депортатсияшуда, шахсони бе ҳуқуқи ворид шудан ба давлат, шахсони гирифтори бемориҳои руҳӣ ва шахсони ҳамроҳикунандаи онҳо хабардор месозад.

 

§ 18. Чораҳо ва расмиёти бехатарӣ

 

  1. Истифодабарандаи киштиҳои ҳавоӣ дар барномаҳои дахлдори бехатарии худ чораҳо ва расмиёти заруриро ворид карда, иҷро менамоянд ва бехатариро дар дохили киштии ҳавоӣ таъмин менамоянд, дар сурати агар мусофирон маҷбур шаванд парвозро бо сабаби дар зери амали расмиёти судӣ ё маъмурӣ қарор даштан амалӣ намоянд.
  2. Ҳамлу нақли маҳбусон тавассути киштиҳои ҳавоӣ аз фурудгоҳҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, бо риояи меъёрҳои зерини бехатарӣ амалӣ мегардад:

- маҳбус набояд дар дохили киштии ҳавоӣ ҳамлу нақл гирад, ў бо як ё якчанд корманди мақомоте, ки вазифаҳои милитсияро иҷро мекунад, посбонӣ карда нашавад;

- корманди мақомоте, ки вазифаҳои милитсияро иҷро мекунанд ё дигар шахсони ваколатдор бояд пешакӣ намояндаи масъули истифода барандаро дар санаи эҳтимолӣ ҳамлу нақли маҳбус хабар диҳад ё ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ҳарчи зудтар дар бораи маҳбус, рақами хатсайр, ки ҳамлу нақл амалӣ мегардад ва дар хусуси хавфнок будани маҳбус огоҳ намояд;

- истифодабаранда набояд барои ҳамлу нақл ба сифати мусофирони маҳбус ва посбононро қабул намояд, агар ин масъала қаблан бо давлатҳо ва дигар истифодабарандагон, ки метавонанд бо хатсайри мазкур ва нуқтаи таъминоти эҳтимолӣ вобаста бошанд, мувофиқа накарда бошад. Дар чунин ҳолатҳо истифодабаранда бояд пешакӣ, дар муҳлати на дертар аз 24 соат, бо мақсади ба даст овардани мувофиқаи пешакӣ огоҳнома ирсол намояд;

- посбонон бояд аз ҷониби намояндаи масъули истифодабаранда дар бораи хатари эҳтимолии парвози киштии ҳавоӣ дар сурати бе супориши сарнишини киштии ҳавоӣ андешидани ягон амал дар вақти содир шудани амали мудохилаи ғайри қонунӣ огоҳ карда шавад;

- посбон бояд таъмин намояд, ки маҳбус бо худ ашёи қочоқ, силоҳ, гўгирд (оташфурўзак) ва дигар ашёи хатарнок надошта бошад;

- посбонҳо бояд воситаҳои зарурии маҳдудгардонандаи озодии амалро дошта бошанд, то ки дар ҳолатҳои зарурӣ, агар ба хулоса оянд, ки чунин маҳдудкунии озодии амал зарур мебошад, аз онҳо истифода баранд. Дар ҳолатҳои муқаррарӣ маҳбус набояд тавассути дастгоҳҳо ба ягон қисми киштии ҳавоӣ, аз ҷумла курсӣ, миз ва ғайра баста шавад;

- посбонҳо на бояд ба дохили киштии ҳавоӣ контейнерҳоро барои гази ашковар ё дигар воситаҳои газдори ба ин монандро бо худ гиранд;

- посбононе, ки бояд ба тарзи дахлдор ба кормандони хадамоти бехатарӣ, кормандони навбатдори мақомоте, ки вазифаҳои милитсияро иҷро мекунанд ва роҳбалади ҳавопаймо худро муаррифӣ менамояд ва хоҳиш менамояд, ки дар хусуси ҳузур доштани онҳо дар дохили киштии ҳавоӣ ва рақамҳои курсиҳои онҳо ишғол намударо ба командири киштии ҳавоӣ хабар медиҳад, ки ў дар навбати худ гирифтани ин итилоотро бояд тасдиқ намояд;

- дар бораи ҳамлу нақли маҳбус ва посбонони ў, инчунин дар бораи ҷойҳои нишасти онҳо бояд дигар кормандони хадамоти бехатарӣ ва мусофироне, ки дар дохили киштии ҳавоӣ ҳуқуқи интиқоли силоҳи оташфишонро доранд, хабардор карда шаванд;

- воридшавии маҳбусон ба дохили ҳавопаймо бояд дар навбати аввал ба фаровардани онҳо пас аз он, ки ҳатман мусофирон киштии ҳавоиро тарк менамоянд, сурат мегирад;

- ҳамроҳикунандагон дар киштиҳои ҳавоӣ тибқи дастурамал оид ба посбонӣ ҷойгир карда шуда, ҷойҳое, ки онҳо ишғол менамоянд, бояд ҳарчи наздиктар ба қисми қафои толори мусофирон, вале на дар минтақаи истироҳати аъзои экипаж ё дар наздикии баромад ё муқобили он ҷойгир шаванд;

- онҳо бояд танҳо дар қатори ду ва ё беш аз он курсӣ ҷойгир карда шуда, ҳадди ақал яке аз посбонон бояд байни маҳбусон ва ягон гузаргоҳ қарор дошта бошанд;

- онҳо бояд доимо аз ҷониби посбонон ҳамроҳӣ карда шуда, зери назорат, аз ҷумла дар вақти ба ҳоҷҷатхона рафтан, қарор гиранд. Ҳамроҳи кардани маҳбусон ба ҳоҷҷатхона дар вақти парвоз аз рўи хоҳиши онҳо, як нафарӣ ва баъди аз назар гузаронии дақиқи ҳоҷатхона зери посбонии навбатдор ва сардори посбонон ё ёрдамчии ў амалӣ мегардад. Дари ҳоҷатхона ҳангоми қарор доштани маҳбуси мард дар он кушода буда, аз дастбандҳо озод карда мешавад;

- ба посбонон ва маҳбусон, ки дар дохили киштии ҳавоӣ қарор доранд, набояд нўшокиҳои спиртӣ пешниҳод карда шавад;

- бо салоҳдиди посбонон ба маҳбус бе асбоби хўрокхўрӣ хўрок дода мешавад;

- истифодабаранда бояд барои ҳамлу нақли маҳбус рад намояд, агар бо ақидаи намояндаи масъули истифодабаранда розигӣ барои чунин ҳамлу нақл метавонад ба бехатарии мусофирони дигар таҳдид намояд.

  1. Шахси дорои бемории рўҳӣ, ки сарчашмаи таҳдид барои бехатарии парвоз ҳисобида мешавад, метавонад ба дохили киштии ҳавоӣ танҳо бо ҳамроҳикунанда, ки дорои қувваи ҷисмонии кофӣ барои пешгирии амалҳои номатлуб аз ҷониби ў дар вақти парвоз мебошад, ҳамлу нақл карда мешавад. Бо тавсияи хадамоти тиббӣ ё хадамоти бехатарии худ, истифодабаранда ҳуқуқ дорад гирифтани шахсро ба дохили киштии ҳавоӣ рад намояд.
  2. Ҳамлу нақли шахсони департатсияшуда танҳо пас аз машварати пешакӣ бо истифодабарандаи киштии ҳавоӣ барои муайян намудани он, ки оё чунин шахс ба бехатарии парвоз таҳдид пеш намеорад ва оё қабул намудани чораҳои иловагии бехатарӣ талаб карда намешавад, амалӣ мегардад.

 

§ 19. Сиёсат нисбат ба мусофирони беинтизом

 

  1. Истифодабаранда нисбат ба мусофирони беинтизом сиёсати зеринро пеш мебарад:

- аъзои экипаж ва кормандони заминӣ ҳуқуқ доранд дар ҳолати, агар мусофирон огоҳии онҳоро ба эътибиор нагирифта, ба бехатарии парвозҳо таҳдид намоянд, чораҳои пешгирикунандаро истифода намоянд;

- аъзои экипаж ва кормандони заминии ширкати авиатсионӣ ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизматӣ набояд ягон зўроварии ҷисмонӣ ё сухани таҳқиромезро ба унвони худ ё ба унвони мусофирон бе натиҷа гузоранд;

- ба командири ширкати ҳавоӣ, аъзои экипаж ва кормандони ширкати авиатсионӣ ваколатҳоро ҷиҳати андешидани чораҳои амалӣ барои пешгирии вайронкунии қоидаҳои рафтор пешниҳод менамояд ва агар зарурат пеш ояд, ба интиқоли мусофирон, ки дар дохили киштии ҳавоӣ метавонанд вазъияти шиддатнокро ба вуҷуд оварда, ба бехатарии парвоз таҳдид намоянд, рад намоянд;

- барои татбиқи имконияти ба экипажҳо эътино намудан ба беинтизомии мусофирон, аз ҷониби ширкатҳои авиатсионӣ қоидаҳои рафтор дар дохили киштии ҳавоӣ ва дастур ба экипаж оид ба пешгирии амалҳои ғайриқонунии ин гуна мусофирон қабул ва ҷорӣ карда мешаванд.

 

§ 20. Тартиби амал дар замин

 

  1. Мусофири беинтизом дар бораи норавоии кирдори бадахлоқона огоҳ карда мешавад. Дар сурати такрор ёфтани кирдори бадахлоқонаи ў ба ҳавопаймо роҳ дода нашуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида мешавад.

 

§ 21. Тартиби амал дар вақти парвоз

 

  1. Мусофир ба таври шифоҳӣ дар бораи норавоии вайрон кардани қоидаҳои муқаррарнамудаи ахлоқ дар дохили киштии ҳавоӣ аз ҷониби экипаж огоҳ карда мешавад. Ҳангоми идома ёфтани амалҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби экипаж ба мусофирон ба тартиб додани санад огоҳии хаттӣ карда мешавад. Пас аз фуруд омадани киштии ҳавоӣ дар фурудгоҳи мобайнӣ (эҳтиётӣ) ё фурудгоҳи таъинот, ба дохили киштии ҳавоӣ намояндаи салоҳиятдори мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ХБА даъват карда шуда, командири киштии ҳавоӣ дар бораи фаровардани мусофири беинтизом аз хатсайр қарор қабул мекунад.

 

§ 22. Ваколатҳо ҷиҳати истифодаи чораҳои боздошт

 

  1. Ҳангоми аз ҷониби мусофири киштии ҳавоие, ки дар замин қарор дорад содир шудани:

а) ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноятӣ;

б) амалҳое, ки ҳуқуқвайронкунӣ мебошанд ё намебошанд ва киштии ҳавоиро зери таҳдид гузошта ба бехатарии киштии ҳавоӣ, шахсоне, ки дар дохили он мебошанд ба моликияти онҳо ё нигоҳ доштани тартибот ва интизом дар дохили ҳавопаймо таҳдид менамоянд. Командири киштии ҳавоӣ ҳуқуқ дорад дар бораи хориҷ кардани шахси вайронкунандаи интизом аз дохили киштии ҳавоӣ тавассути намояндагони салоҳиятдорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати будубош қарор қабул намояд.

  1. Ҳангоми аз ҷониби мусофир содир шудани ҳуқуқвайронкунӣ дар вақти парвоз:

а) ҳуқуквайронкуниҳои ҷиноятӣ;

б) амалҳое, ки ҳуқуқвайронкуни мебошанд ё намебошанд ва ба нигоҳ доштани тартибот ва интизом таҳдид менамоянд бо талаби ё иҷозати командири киштии ҳавоӣ, аъзои экипаж метавонад нисбат ба шахси вайронкунандаи интизом чораҳои пешгирикунандаро андешанд (беҳаракат кардани мусофир тавассути бастани дасту пойҳои мусофир ба курсӣ).

 

§ 23. Бағоҷе, ки дар қисми боркашонӣ интиқол мегардад

 

  1. Қабули бағоҷ ба дохили киштии ҳавоӣ аз ҷониби корманди хадамоти ҳамлу нақл ҳангоми ба қайдгирӣ танҳо мусофирон, ки чипта доранд, амалӣ мегардад.
  2. Азназаргузаронии пеш аз парвози бағоҷ аз ҷониби гурўҳи кормандон дар нуқтаҳои азназаргузаронии бағоҷ гузаронида мешавад. Тартиби азназаргузаронии бағоҷ тибқи қоидаҳои азназаргузаронӣ сурат мегирад.
  3. Бағоҷи мусофирони трансферӣ дар фурудгоҳҳои мобайни бояд то омехта шудан бо бағоҷи азназаргузарондашудаи мусофирон, ки нуқтаи мазкуриинтиқол ибтидоӣ мебошад, мавриди азназаргузаронии ҳатмии пеш аз парвоз қарор дода шавад.
  4. Боғоҷи мусофирони трансферӣ ва транзитӣ ҳангоми тағйир ёфтани хатсайрҳо бо ташаббуси онҳо такроран азназар гузаронида шуда, бо хатсайре, ки мусофирон парвоз мекунанд, фиристода мешаванд.
  5. Пас аз қабул намудани бағоҷи бақайдгирифташудаи мусофирон, ҳифзи он аз дастрасии беиҷозат таъмин карда мешавад. Бағоҷ ва бори бақайдгирифташуда, ки на дар нуқтаҳои бақайдгирии фурудгоҳӣ ба расмият дароварда шудаанд, бояд аз лаҳзаи бақайдгирӣ то ба дохили киштии ҳавоӣ ҷойгир намуданашон ҳифз карда шаванд.
  6. Ворид шудан дар минтақаҳои ҷамъкунӣ ва нуқтаҳои боркашонии бағоҷи бақайдгирифташуда, қарор доштани шахсоне, ки бо хизматрасонии он вобастанабуда, қатъиян манъ аст.
  7. Бағоҷи бақайдгирифташуда дар он сурат ба дохили киштии ҳавоӣ бор карда мешавад, агар мусофир - соҳиби бағоҷ бо ҳамон хатсайр ҳамлу нақл гардад. Бағоҷи бақайдгирифташудаи мусофир, ки ба киштии ҳавоӣ ҳозир нашудааст, бояд аз дохили киштии ҳавоӣ гирифта шуда, ҳатман ба таври иловагӣ аз назар гузаронида шавад. Агар мусофир дар фурудгоҳи мобайнӣ то расидан ба нуқтаи ниҳоии таъинот фарояд, пас бағоҷи бақайдгирифташудаи ин мусофир дар ҳамон фурудгоҳи мобайнӣ аз киштии ҳавоӣ фароварда мешавад.
  8. Ҳамлу нақли бағоҷи бемушоиат, ки бо сабабҳои аз мусофир новобаста ба амал омадааст, ба шарти мавридӣ азназаргузаронии иловагӣ қарор додани он иҷозат дода мешавад.
  9. Фурудгоҳ нигаҳдории зарурии бағоҷи гирифташударо дар бинои амбори бехатар то талаб кардани он, ба соҳиби он фиристодан ё ба таври бехатар нобуд сохтан, ташкил менамояд.

 

§ 24. Борҳо ва почтаи авиатсионӣ

 

  1. Бо мақсади бехатарии авиатсионӣ ҳангоми интиқоли борҳо ба нақлиёти ҳавоӣ, чораҳои фаъол ё превентивии бехатарӣ бо мақсади пешгирии пур шудани дастгоҳҳои боркашонии авиатсионӣ дар вақти борпеч кардан ва дар дигар марҳилаҳои коркарди он то лаҳзаи бор кардан ба дохили киштии ҳавоӣ андешида мешаванд.
  2. Борҳо ва почтаи авиатсионӣ, муросилоти қосидӣ ва фаврӣ, ки барои интиқол дар дохили киштии ҳавоӣ, пешбинӣ шудаанд, дар фурудгоҳ дар бинои ҳифзшаванда ҷойгир карда мешаванд.
  3. Назорати борҳо, почта, муросилоти қосидӣ ва фаврӣ, ки барои интиқол дар дохили киштии ҳавоӣ пешбинӣ шудаанд, бо мақсади таъмини бехатарӣ аз ҷониби хадамоти бехатарии авиатсионӣ амалӣ мегардад.
  4. Тартиби азназаргузаронии пеш аз парвози бор ва почта тибқи қоидахои азназаргузаронӣ сурат мегирад.
  5. Почтаи дипломатӣ ва мактубҳои консулӣ бояд аломатҳои зоҳирии намоён дошта бошанд, ки ба хусусият, нуқтаҳои таъинот ва

фиристодани онҳо, ишора намояд. Онҳо метавонанд танҳо ҳуҷҷатҳо ва ащёи дипломатиро дар бар гиранд, ки барои истифодаи расмӣ пешбинӣ мешаванд.

  1. Дар сурати пайдо шудани шубҳа, ки муросилоти дипломатӣ (консулӣ) ё муросилоти ба он баробаркардашуда, ашё ё маводеро дар бар мегирад, ки барои истифодабарии расмӣ пешбинӣ намешавад, он дар ҳузури шахси ваколатдор, ки фиристоданро амалӣ менамояд, бояд аз назар гузаронида шавад. Муросилоти дипломатӣ бояд бо истифодаи воситаҳои техникӣ ва махсус, муросилоти консулӣ бошад бо роҳи кушодани он аз назар гузаронида мешавад. Ҳангоми рад кардани азназаргузаронии муросилоти дипломатӣ (консулӣ) аз ҷониби шахс, ки барои фиристодани он ваколатдор шудааст, муросилоти дипломатӣ (консулӣ) ба нуқтае, ки фиристода шудааст, баргардонида мешавад.
  2. Бори транзитӣ, ки ба фурудгоҳ омадааст, такроран аз назар гузаронида намешавад, агар дар вақти қарор доштани он дар дохили киштии ҳавоӣ дар ҳудуди фурудгоҳ чораҳои пешгирии воридшавии беиҷозат ба киштии ҳавоӣ риоя шуда бошанд.
  3. Борҳо ва почтаи трансферӣ бояд дар фурудгоҳҳои мобайнӣ, то омехташавии онҳо бо борҳои аз назаргузаронидашуда, почта ва захираҳои киштии ҳавоӣ, ки нуқтаи мазкур барои онҳо ибтидоӣ мебошад, ҳатман аз назар гузаронида шаванд.

 

§ 25. Захираҳои дохилии ҳавопаймо, хўрок ва воситаҳои ҳамроҳикунанда

 

  1. Истифодабарандагон барои пешгирии ҷойгир намудани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои тарканда ва дигар ашёи хатарнок ба дохили захираҳои ҳавопаймо ва дигар воситаҳои ҳамроҳикунанда, ки барои таъмини интиқоли ҳавоӣ пешбинӣ шудаанд, чораҳои зарўрии назоратро меандешанд.
  2. Ташкилотҳое, ки хўроки дохили ҳавопайморо тайёр мекунанд барои назорати пешгирии воридшавии беиҷозати шахсони бегона ба биное, ки хўроки дохили ҳавопаймо тайёр карда мешавад, чораҳо меандешанд.
  3. Ташкилотҳое, ки хўроки дохили ҳавопайморо тайёр мекунанд ва берун аз ҳудуди фурудгоҳ ҷойгир шудаанд, ҳифзи онро аз воридшавии беиҷозат аз нуқтаи тайёр кардани хўрок то нуқтаи азназаргузаронии фурудгоҳ таъмин менамоянд.
  4. Азназаргузаронии пеш аз парвози захираҳои дохили киштиҳои ҳавоӣ, воситаҳои садамавию наҷотдиҳӣ, хўроки дохили ҳавопаймо ва воситаҳои ҳамроҳикунанда, дар ҷойҳои ҷамъшавии онҳо, аз ҷониби кормандони ХБА тибқи Қоидаҳои азназаргузаронӣ сурат мегирад.
  5. Назорати боркунии борҳо, почта, захираҳои дохили ҳавопаймо, воситаҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва хўроки дохили ҳавопаймо ва воситаҳои ҳамроҳикунанда аз ҷониби кормандони хадамоти бехатарии авиатсионӣ ба амал оварда мешавад.
  6. Борҳо, почта, захираҳои дохили ҳавопаймо, воситаҳои садамавию наҷотдиҳӣ, хўроки дохили киштии ҳавоӣ ва воситаҳои ҳамроҳикунанда набояд ашё ё маводеро дар бар гиранд, ки интиқоли онҳо дар дохили киштии ҳавоӣ манъ карда шудааст.

 

БОБИ 8. ВОСИТАҲОИ ТЕХНИКИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИОНӣ

 

  1. Барои таъмини сатҳи зарурии бехатарии авиатсионӣ, фурудгоҳҳо ва аэродромҳо бояд бо воситаҳои техникии зерини бехатарии авиатсионӣ таҷҳизонида шаванд:

- барои ҳифзи воридшавии беиҷозати шахсони бегона ва воситаҳои нақлиёт ба минтақаи назоратӣ ва ба иншооти инфрасохтори фурудгоҳ воситаҳои ҳифзи муҳандисию техникӣ панҷараҳои муҳофизатӣ, бонги огоҳсозӣ ва ҳифзнамоӣ, нуқтаҳои назоратию иҷозатдиҳӣ бо воситаҳои техникӣ ва махсуси азназаргузаронии кормандон ва дастгоҳҳои махсус барои азназаргузаронии воситаҳои нақлиётӣ ва борҳо, системаи мушоҳидаи видеоӣ бо сабти видеотасвир;

- барои азназаргузаронии мусофирон, бағоҷ ва ашёи онҳо, аъзои экипажҳои киштиҳои ҳавоӣ, кормандони авиатсионӣ, борҳо, почта, захираҳои дохили киштии ҳавоӣ ва хўроки дохили ҳавопаймо тавассути азназаргузаронии воситаҳои техникӣ ва махсус (интроскопҳои ғайрисайёрӣ рентгению телевизионӣ ва металлкобҳо; томографҳои ренгенографӣ; сканерҳои ренгенографӣ; системаҳои сканеркунӣ, ки бо принсипи назорати мавҷҳои фаъоли милиметрӣ, ки радиобасомадҳои муқаррарӣ мебошанд, кор мекунанд; системаҳои интробиниш дар диапазони спектри элекромагнитӣ, системаи инъикоси квадруполи ядроӣ; металлкобҳои сайёр (дастӣ); воситаҳо барои пайдо кардани буғҳо ё зарраҳои моддаҳои тарканда ва воситаҳои дигар, системаи мушоҳидаи видеоӣ бо сабти видеотасвир.

  1. Барои ҳифзи киштиҳои ҳавоӣ аз воридшавии беиҷозати шахсони бегона ба дохили ҳавопаймо ва ғасби он воситаҳои зерин истифода мешаванд, дастгоҳҳои зидди ғасби ҳавопаймоҳо бо бонги огоҳкунӣ, дарҳо ва панҷараҳои бо тир сўрохнашаванда, ки аз дохили кабинаи экипаж маҳкам карда шуда, кабинаи пилотиро аз толори мусофирон ҷудо нигоҳ медорад, дастгоҳҳои махсуси огоҳӣ ва алоқаи камандири киштии ҳавоӣ бо роҳбаладони ҳавопаймо (операторҳои дохили ҳавопаймо), системаҳои мушоҳидаи вазъият дар толори мусофирон, кабинаи экипажи парвоз ва воситаҳои назорат аз ҷойи кори ҳар як пилот бо имконияти пахши иттилооти аудиоӣ ва видеоӣ ба таври мустақим тавассути шабакаҳои алоқаи радифӣ ба марказҳои идоракунии заминӣ.

 

§ 1. Харидорӣ

 

  1. Воситаҳои техникии бехатарии авиатсионӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои авиатсионӣ ва истифодабарандагон харидорӣ карда, дар фурудгоҳҳо насб карда мешаванд, бояд ҷиҳати мутобиқат ба талаботи бехатарии авиатсионӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда шаванд.

 

§ 2. Ченкунӣ

 

  1. Насби ҳадди ба кор даромадани бонги огоҳии (лаҳзаи ба кор даромадани бонги огоҳӣ) таҷҳизоти азназаргузаронӣ бо истифода аз намунаҳои озмоишӣ (ашёҳои санҷишӣ), ки ашёҳои ошкоршавандаро танқид мекунанд, дар фурудгоҳ дуруст карда шуда, бояд ба талаботҳои меъёрии ҳуҷҷатгузории Вазорати нақлиёт ҷавобгў бошанд.
  2. Насби таҷҳизоти даққиқ (дорои ҳадди нисбатан пасттари ба кор даромадани бонги огоҳӣ) аз дараҷаи афзоиши хатар вобаста мебошад.

 

§ 3. Истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ

 

  1. Истифодабарии воситаҳои муҳандисию техникии муҳофизат, воситаҳои техникӣ ва махсуси азназаргузаронӣ, тибқи тавсияҳои истеҳсолкунанда ва расмиёти инфиродии стандартии истифодабарӣ, ки дар барномаи таъмини бехатарии авиатсионии фурудгоҳҳо, муассисаҳои авиатсионӣ ва истифодабарандагон мебошад, амалӣ мегардад.
  2. Ташкилотҳои авиатсияи гражданӣ, ки воситаҳои техникии муҳофизат ва воситаҳои техникӣ ва махсуси азназаргузарониро истифода мебаранд, ҷадвалҳои хизматрасонии пешгирикунандаи техникӣ ва таъмири воситаҳоро бо мақсади нигоҳ доштани самарабахши зарурии фаъолияти онҳо таҳия менамоянд.
  3. Барои нигоҳ доштани қобилияти доимии кори воситаҳои техникии муҳофизат ва воситаҳои техникӣ ва махсуси азназаргузаронӣ, истифодабарии онҳо аз ҷониби кормандони махсус тайёр кардашудаи Хадамоти бехатарии авиатсионӣ, хизматрасонии техникӣ бошад аз ҷониби кормандони дорои тахассуси дахлдор амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 9. ҲАЙАТИ КОРМАНДОН

§ 1. Меъёрҳои интихоб намудан

 

  1. Ҳангоми қабул намудан ба кор ба Хадамоти авиатсинӣ, бо тартиби ҳатмӣ интихоб ва санҷиши номзадҳо барои мувофиқа намудан ба талаботе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар намудааст, амалӣ мегардад.
  2. То таъин намудани корманд ба кор, маълумоти шахсии ў, тавсияҳои корфармоҳои қаблӣ ва хислатномаҳои шахсӣ санҷида мешаванд. Аниқ кардани маълумоти шахсии кормандони Хадамоти бехатарии авиатсионӣ, ҳангоми иҷозатномадиҳии шахсони ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо бевосита бо таъмини бехатарии авиатсионӣ вобаста аст, амалӣ мегардад.
  3. Интихоби кормандони хадамоти бехатарии авиатсионии фурудгоҳҳо, муассисаҳои авиатсионӣ, ширкатҳои ҳавопаймоии (истифодабарандагони) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  4. Пур кардани ҳайати кормандони хадамоти бехатарии авиатсионӣ аз рўи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба мўҳлате, ки тарафҳо аз шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа меоянд, аксаран шахсони ҷинси мардона, ки хизмати ҳарбиро дар қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои КДАМ ҶТ, ВКД ҶТ, Қувваҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, вазъи саломатии онҳо ба кор дар хадамоти бехатарии авиатсионӣ имконият медиҳад, амалӣ мегардад. Бо мақсади санҷиши мутобиқати коршоямии тахассусӣ, ингуна шахсон мўҳлати озмоиши то се моҳро мегузаранд.
  5. Ҳамзамон, ба кор дар хадамоти бехатарии авиатсионӣ шахсони зерин қабул карда намешаванд:

- онҳое, ки барои содир намудани ҷиноят доғи судии бардоштанашуда доранд;

- онҳое, ки дар қайди муассисаҳои мақомоти тандурустӣ бо сабаби бемории рўҳӣ, майзадагӣ ё нашъамандӣ қарор доранд;

- онҳое, ки пеш аз мўҳлат ваколаташонро дар муассисаи давлатӣ қатъ намудаанд ё аз мансаби давлатӣ озод карда шудаанд, аз ҷумла аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо содир намудани рафтори ношоями интизомӣ ва ғайра вобастаанд, агар пас аз чунин пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколатҳо ё аз кор озодкунӣ накам аз се сол гузошта шуда бошад;

- нисбат ба онҳое, ки аз рўи натиҷаҳои санҷиши хулосаи мақомоти салоҳиятдор оид ба ғайри имкон будани дастрасии ин гуна шахсон ба амалисозии фаъолият, ки бо иншооти барои ҳаёт ва саломатии инсон инчунин муҳити зист, хатари калон дорад, алоқаманд аст, вуҷуд дошта бошад.

 

§ 2. Омодагӣ дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ

 

  1. Асосҳои методологии тайёр намудани ҳайати кормандон ба стандартҳои байналмиллалии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) асос мегирад. Талабот оид ба тайёр кардан ва санҷидани дониш ва квалификатсияи кормандон мутобиқи қонунгузории соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  2. Тайёр кардани кормандон (тайёрии ибтидоӣ, тайёрии махсуси касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассус) дар соҳаи бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ дар марказҳои таълимии сертификатсияшудаи авиатсияи гражданӣ амалӣ мегардад.
  3. Кормандони хадамоти бехатарии авиатсионӣ тайёрии ҳатмии махсусро аз рўи нақшаҳо ва барномаҳои тайёр намудани кормандон дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ мегузоранд.
  4. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба масъалаҳои таҳия ва мубодилаи иттилооти марбут ба барномаи омодасозӣ дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ бо давлатҳои дигар ҳамкорӣ менамояд.

 

БОБИ 10. ТАШКИЛ, БАНАҚШАГИРӣ ВА РОҲБАРИИ АМАЛИЁТ, ВОБАСТА БА АМАЛҲОИ МУДОХИЛАИ ҒАЙРИҚОНУНӣ

§ 1. Банақшагирӣ

 

  1. Мақомоти ваколатдорӣ зидди террористии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти иҷроия, мақомоти ҳокимияти иҷроияи субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро оид ба муқовимат ба терроризм таъин менамояд, инчунин дар доираи салоҳияти худ дигар вазифаҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
  2. Фурудгоҳҳо, муассисаҳои авиатсионии мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо), шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияташонро дар ҳудуди фурудгоҳ ба амал меоранд, дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи амал кардан дар ҳолати сар задани вазъи фавқуллода ва дастурамалҳои кормандонро таҳия намуда, систамаҳои алоқаро насб мекунанд ва ба кормандон амалҳоеро, ки мавриди ба миён омадани ҳодисаи мудохилаи ғайриқонунӣ ва дигар ҳолатҳои фавқуллода гузаронида мешаванд, таълим медиҳанд.
  3. Мақомоти ваколатдори зиддитеррористӣ, муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқ, қувваҳои мусаллаҳ, истифодабарандагони киштиҳои ҳавоӣ, маъмурият ва иҷорагирандагони фурудгоҳҳо, мақомоти ваколатдори идоракунии ҳаракати ҳавоӣ барои омода намудани нақшаҳо дар сурати ҳолатҳои ғайричашмдошт ҷавобгў буда, барои кормандон дастурҳо интишор мекунанд, системаҳои алоқаро насб менамоянд ва омодагии кормандонро бо мақсади андешидани амалҳои ҷавобӣ дар ҷараёни амали мудохилаи гайриқонунӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мегардад ва ба бехатарии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври манфӣ таъсир мерасонад, мегузаронанд.

 

§ 2. Ташкил ва роҳбарӣ намудан

 

  1. Ташкилотҳои авиатсияи гражданӣ, ки иттилоотро дар бораи амали муҳокимаи ғайриқонунӣ гирифтаанд, тибқи нақшаи амалиёт ҳангоми ба вуҷудомадани ҳолатҳои фавқуллода чораҳои зарурӣ меандешанд.
  2. Дар фурудгоҳҳо роҳбарии корҳои ба танзимдарории ҳолатҳои фавқуллода, ки бо амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ алоқаманданд, аз ҷониби ситодаҳои фаврӣ таҳти роҳбарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал оварда мешавад. Роҳбарони фурудгоҳҳо ва муассисаҳои авиатсионӣ шароити заруриро барои фаъолияти ситодҳои фаврӣ таъмин намуда, дар чорабиниҳо оид банақшагирии амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ дар фаъолияти авиатсияи гражданӣ бевосита иштирок менамоянд.
  3. Муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои новобаста аз мансубияти идоравӣ барои пешниҳоди иттилоот дар бораи амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ дар фаъолияти авиатсияи гражданӣ, таҳдидҳои содиршавии онҳо, инчунин дигар иттилоотро, ки метавонад барои ба танзим даровардани ҳолатҳои зикршуда мусоидат намояд, тамоми воситаҳои алоқаро, ки дар ихтиёри худ доранд, пешниҳод менамоянд.

 

§ 3. Пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ

 

  1. Дар сурати содир шудани амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ, иттилооти зарурӣ дар бораи киштиҳои ҳавоӣ, мусофирон ва аъзои экипаж ба намояндагони дипломатии давлатҳо ва маъмуриятҳои муассисаҳои авиатсионӣ (фурудгоҳҳо) хабар дода мешавад, ки аз рўи хатсайри парвози киштии ҳавоӣ воқеъ мебошанд. Иттилоот дар бораи вазъият дар дохили киштии ҳавоӣ мунтазам ба нуқтаҳои дахлдори идоракунӣ бо тартиби муқарраргардида, хабар дода мешавад.
  2. Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда дар дохили киштиҳои ҳавоӣ он ба таваққуфгоҳи махсус ҷудокардашуда, ки дар ҳудуди фурудгоҳ (аэродром) ҷойгир шудааст, фиристода мешавад ва тамоми тадбирҳои минбаъда тибқи нақшаи амалиёт ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда андешида мешаванд.
  3. Дар сурати, агар киштии ҳавоие, ки ба амали мудохилаи ғайриқонунӣ дучор шудааст, фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур мекунад, Маркази дахлдори ташкили ҳаракати ҳавоӣ барои таъмини бехатарии парвоз дар вақти қарор доштани киштии ҳавоӣ дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Маркази ташкили ҳаракати ҳавоӣ тамоми иттилоотро дар бораи киштии ҳавоӣ ба давлатҳое, ки дар ихтиёри худ воҳидҳои дахлдори хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (идоракунии парвозҳо)-ро доранд, ба хадамоти фурудгоҳҳои нуқтаи таъиноти маълум ё эҳтимолӣ аз рўи парвози киштии ҳавоӣ барои андешидани чораҳои саривақтии муҳофизатӣ хабар медиҳад. Онҳо инчунин ба муассисаҳои дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медиҳанд.

 

§ 4. Вазифаҳои махсус

 

  1. Хадамот ва воҳидҳое, ки ҳангоми амали мудохилаи ғайриқонунии ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ дар амалҳои ҷавобӣ иштирок менамоянд, тибқи нақшаҳои амалиёт ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда амал мекунанд.

 

§ 5. Воситаҳои ахбори омма

 

  1. Иттилоот дар бораи амали мудохилаи ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ барои воситаҳои ахбори омма танҳо аз ҷониби намояндаи ваколатдори махсуси ситоди фаврӣ оид ба танзим даровардани ҳолатҳои фавқуллода бо дастури роҳбари ў дода мешавад.

 

§ 6. Огоҳинома

 

  1. Дар сурати содир шудани амали мудохилаи ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қароргоҳи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ бо шакли муқарраргардида, ҳисоботро пешниҳод менамояд.
  2. Дар сурати агар киштии ҳавоии хориҷӣ ё шаҳрвандони хориҷӣ объекти мудохилаи ғайриқонунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шавад, дар бораи ин фавран намояндагони дипломатии давлати бақайдгирии киштии ҳавоӣ ва давлати истифодабаранда огоҳ карда мешаванд. Ғайр аз ин, иттилооти дахлдор пешниҳод мегардад:

- ба давлате, ки шаҳрвандони он дар натиҷаи ҳолати фавқулодда фавтидаанд, маҷрўҳ ё дастгир шудаанд;

- ба ҳар як давлате, ки нисбати он муқаррар шудааст, ки шаҳрвандони он дар дохили киштии ҳавоӣ қарор доранд.

 

БОБИ 11. АРЗЁБИИ САМАРБАХШӣ

 

  1. Санҷиши самарабахшии системаи бехатарии авиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори назоратӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам мустақилона ва ҳам якҷоя бо мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Субъектҳои дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ фаъолияткунанда (фурудгоҳҳо, таҳвилгарони авиатсионӣ, хадамотҳои ҳаракати ҳавоӣ, шахсони ҳуқуқӣ) бояд барномаи дохилии худро оид ба назорати сифати кор тарҳрезӣ ва татбиқ намоянд.

 

§ 1. Азназаргузарониҳо

 

  1. Азназаргузарониҳо дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назоратӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пайдо намудани осебпазирии фурудгоҳҳо, муассисаҳои авиатсионӣ ва истифодабарандагон ба амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ дар фаъолияти онҳо гузаронида мешаванд. Дар асоси натиҷаҳои азназаргузаронӣ чораҳои иловагии бехатарии авиатсионӣ андешида мешаванд, ки ба хусусияти таҳдид ба авиатсияи гражданӣ мувофиқ мебошанд.

 

§ 2. Санҷишҳои назоратӣ ва ҳаматарафа

 

  1. Чораҳои назоратии соҳаи бехатарии авиатсионӣ дар бар мегиранд:

- санҷишҳои назоратии фаъолияти фурудгоҳҳо, муассисаҳои авиатсионӣ ва истифодабарандагон, аз ҷумла истифодабарандагони хориҷӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ ва муҳофизат аз амалиётҳои террористӣ;

- санҷишҳои ногаҳонии системаи муҳофизати зиддитеррористии объектҳои авиатсияи гражданӣ, омодагии қувваҳо ва воситаҳои фурудгоҳҳо ва истифодабарандагон (санҷишҳо бе огоҳии пешакӣ) ҷиҳати пешгирии ғасби киштиҳои ҳавоӣ ва дигар амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ;

- санҷишҳои такрори бо мақсади арзёбии сатҳи бехатарии авиатсионии фурудгоҳҳо, муассисаҳои авиатсионӣ санҷишҳои такрори бо мақсади арзёбии сатҳи бехатарии авиатсионии фурудгоҳҳо, муассисаҳои авиатсионӣ ва истифодабарандагон, ки ба амали мудохилаи ғайриқонунӣ дучор шудаанд;

- машқҳои махсус ва тактикӣ аз рўи нақшаи амалиёт ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ;

- бонгҳои таълимӣ бо мақсади такмили амалиёт оид ба пешгирии амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ;

 

§ 3. Санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ

 

  1. Бо мақсади муайян намудани ҳолати ҳифзи субъектҳои авиатсияи гражданӣ аз амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ ва сатҳи омодагии кормандони он дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ санҷиши бехатарии авиатсионии субъектҳои авиатсияи гражданӣ гузаронида мешаванд. Санҷишҳо нақшавӣ ва ғайринақшавӣ шуда метавонанд.
  2. Ҳисоботҳои ҷамъбастии ҳарсола оид ба натиҷаҳои санҷишҳои бехатарии авиатсионӣ барои таҳияи чорабиниҳо оиди баланд бардоштани сатҳи бехатарии авиатсионӣ истифода бурда мешаванд.
  3. Санҷишҳои нақшавии ҳолати бехатарии авиатсионии субъектҳои авиатсияи гражданӣ на камтар аз як маротиба дар як сол гузаронида мешаванд. Аз рўи натиҷаҳои санҷиш санад бо нишон додани камбудиҳо ва мўҳлатҳои бартараф намудани онҳо тартиб дода мешавад.
  4. Санҷишҳои ғайринақшавӣ бо мақсади арзёбии омодагии субъектҳои авиатсияи гражданӣ ба муҳофизат аз амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ дар сурати ба даст омадани иттилоот дар бораи вайронкунии талаботи меъёрҳо, қоидаҳо ва расмиёти таъмини бехатарии авиатсионӣ, инчунин пас аз содир шудани амали мудохилаи ғайриқонунӣ нисбат ба субъектҳои авиатсияи гражданӣ, гузаронида мешаванд.
  5. Гузаронидани санҷишҳои ҳолати бехатарии авиатсионии субъектҳои авиатсияи гражданӣ, тибқи дастурамале, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шудааст, амалӣ мегардад.

 

§ 4. Озмоишҳои системаи бехатарии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Озмоишҳои системаи бехатарии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани эътимоднокии унсурҳои алоҳидаи иҷрои амалии чораҳои бехатарии авиатсионӣ, ки бо Барномаи мазкур пешбинӣ шудаанд, гузаронида мешаванд.
  2. Арзёбии самарабахши системаи бехатарии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Барномаи назорати сифати таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
  3. Мутобиқи талаботи Барномаи ҳамаҷонибаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ оид ба гузаронидани санҷишҳо дар соҳаи таъмини бехатарии авиатсионӣ, Барномаи Ассотсиатсияи байналмилалии истифодабарандагони нақлиёти ҳавоӣ оид ба гузаронидани санҷишҳои ташкили назорати таъмини бехатарии авиатсияи гражданӣ (вобаста ба бехатарии авиатсионӣ) ва Барномаи назорати сифати таъмини бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданӣ, системаи назорати сифати бехатарии авиатсионӣ таҳия карда мешавад.
  4. Системаи назорати сифати бехатрии авиатсионӣ дар бар мегирад:

- таъсис додани системаи назораткунандаи нишондиҳандаҳо, муайян ва назорати маҷмўи хусусиятҳои муқарраргардидаи нишондиҳандаҳо, ки ба ҳолати бехатарии авиатсионӣ таъсир мерасонад;

- иҷрои расмиёти мунтазам, стандартӣ ва мақсадноки санҷишҳо ва озмоишҳои системаи бехатарии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муайян намудани сатҳи омодагии ташкилотҳои авиатсияи гражданӣ ва пешгирии амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ ба фаъоляти онҳо;

- таъмини тафтишоти ҳамаи амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ, гузаронидани арзёбии такрории чораҳои бехатарии авиатсионӣ ва назорати он бевосита пас аз содир шудани амали мудохилаи ғайриқонунӣ;

- арзёбии самарабахши амалисозии талаботи Барномаи мазкур ва таҳияи амалҳои минбаъда бо мақсади баланд бардоштани сатҳи бехатарии авиатсионӣ.

 

§ 5. Такмили таълимии чорабиниҳо

 

  1. Такмили таълимии чорабиниҳои бехатарии авиатсионӣ омодагии муштарак ва такмили амалиёти хадамоти бехатарии авиатсионӣ ва воҳидҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар чорабиниҳои ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда иштирок мекунанд, таъмин менамояд.
  2. Такмили амалиёти муштарак ҳангоми ғасби (кўшиши ғасб намудани) киштии ҳавоӣ, воридшавии беиҷозат бо иншооти инфрасохтори фурудгоҳ, таҳдиди таркиш, пурзўр намудани чораҳои бехатарӣ дар шароити таҳдиди зиёд, дар минтақаи назоратӣ, маҷмўи аэровокзалӣ ё дар дохили ҳавопаймо пайдо намудани ашёи шубҳанок (сумка, ҷомадон, қуттӣ ва ба монанди инҳо) ошкор намудани мусофирон, бағоҷ ва ашёи шубҳанок ё пайдо кардани ашёи барои интиқол манъбуда, хангоми гузаронидани машқҳои махсус ва тактикӣ амалӣ карда мешаванд. Такмили таълимии чорабиниҳои бехатарии авиатсионӣ на камтар аз як маротиба дар се моҳ, машқҳои махсус ҳар моҳ ва машқҳои тактикӣ на камтар аз як маротиба дар як сол гузаронида мешаванд.

 

БОБИ 12. ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА БАРНОМА ВА НАҚШАҲО ҲАНГОМИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ ҲОЛАТҲОИ ҒАЙРИЧАШМДОШТ

§ 1. Муқаррарроти умумӣ

 

  1. Вобаста ба хусусияти таҳдиди вуҷуддоштаи амалҳои мудохилаи ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо дарназардошти тағйироти стандартҳо ва амалияи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), ба тадбирҳои (унсурҳои) дахлдори Барномаи мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад.

 

§ 2. Тақсимоти ўҳдадориҳо

 

  1. Комиссияи байниидоравӣ вазъи бехатарии авиатсионии авиатсияи гражданиро таҳлил намуда, пешниҳодҳоро оид ба такмили низоми бехатарии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи стратегияи такмили онро баррасӣ мекунад.
  2. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурат ислоҳи муқаррарот ва тадбирҳои (унсурҳои) дахлдори Барномаи мазкурро амалӣ месозад.
  3. Иттилооте, ки аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳдиди эҳтимолӣ ба иншооти авиатсияи гражданӣ гирифта мешавад, то ба маълумоти мақоми ваколатдори назоратӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, роҳбарони фурудгоҳҳо, муассисаҳои авиатсионӣ ва авиатсияи гражданӣ он вобаста ба фаъолияти онҳо расонида шуда, нақшаи амалиёт ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ҷорӣ карда мешавад. Дар сурати таҳдид ба иншооти мушаххаси авиатсионӣ (киштии ҳавоӣ, истифодабаранда, иншооти инфрасохтори фурудгоҳ), чорабиниҳо тибқи нақшаи амалиёт ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда гузаронида мешаванд. Ҳангоми афзудани сатҳи таҳдид, чораҳои иловагии бехатарии авиатсионӣ ҷорӣ (гузаронида) мешаванд.

 

§ 3. Тафтишоти ҳодисаҳо

 

  1. Пас аз содир шудани амали мудохилаи ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ тафтишот ва таҳлили сабабҳои содир шудани он бо мақсади муайян намудани самарабахшии чораҳои бехатарии андешидашуда гузаронида мешавад.
  2. Ҳуҷҷатҳое, ки ба таъмини бехатарии авиатсионӣ дахл доранд, дар ҳолатҳои зерин аз нав дида баромада мешаванд ва ҳангоми зарурат нав карда мешаванд:

- ба таври мунтазам дар асоси арзёбии самарабахшии низоми бехатарии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол;

- пас аз содир шудани амали мудохилаи ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ дар асоси натиҷаҳои тафтишот;

- пас аз ворид намудани тағйирот ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба меъёр, қоидаҳо ва расмиёти бехатарии авиатсионӣ;

- пас аз ворид намудани тағйирот ба стандартҳо ва амалияи тавсияшудаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) дар соҳаи бехатарии авиатсионӣ;

- пас аз тағйироти технологияҳо (ҷорӣ намудани технологияи нав).

 

§ 4. Ворид намудани тағйиру иловаҳо

 

  1. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Барномаи мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 13. МАБЛАҒГУЗОРИИ ХАРОҶОТ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИОНӣ

 

224. Хароҷоти истифодабарандагони фурудгоҳҳо оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ аз ҳисоби боҷҳое, ки аз ҷониби истифодабарандагон пардохта мешавад, пўшонида мешаванд. Андозаи боҷҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад. Боҷҳо барои таъмини бехатарии авиатсионӣ вобаста ба шумораи мусофирон ё вазни киштии ҳавоӣ муқаррар гардада, аз истифодабарандагон ба таври иловагӣ аз дигар боҷҳо ва алоҳида ситонида мешавад. Ба баъзе гурўҳҳои истифодабарандагон аз рўи дархости онҳо хароҷоти иловагӣ оид ба таъмини сатҳи зарурии бехатарӣ пешниҳод карда мешавад. Боҷҳо барои таъмини бехатарии авиатсионӣ танҳо барои татбиқи чораҳо оид ба бехатарии авиатсионӣ истифода шуда, аз хароҷоти ба таври мушаххас кардашуда зиёд буда наметавонанд.