Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 феврали соли 2015, № 101

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ РУШДИ НИЗОМИ АДЛИЯ БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020

 

  1. Муқаррароти умумӣ

 

  1. Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020 (минбаъд - Барнома) ба муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ислоҳот ва рушди мақомоти адлия нигаронида шуда, бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, № 284 "Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 зикр гардидаанд" таҳия гардидааст, ки амалигардонии онҳо барои ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд ва ба афзалиятҳои асосии Барномаи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 ҷавобгў мебошад.
  2. Барномаи ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди мақомоти адлия муайян менамояд.
  3. Ташаккули давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ташаккули минбаъдаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро бо инобати баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешбинӣ менамояд. Бо дарназардошти ин омилҳо пурзўр намудани нақши Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорати адлия) ва ба он додани мақоми муосиру пешрафта, ки вазоратҳои адлияи давлатҳои мутараққии ҷаҳон доранд, мувофиқи мақсад мебошад.
  4. Низоми ҳуқуқии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта, мувофиқан амалияи татбиқи ҳуқуқ низ дигаргун шуда истодааст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, чун дар ҳама кишварҳои дунё, ки дар онҳо принсипи волоияти ҳуқуқ ҳукмфармост, Вазорати адлия яке аз ҷойҳои муҳимтаринро ишғол намудааст ва ҳоло мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва он амалигардонии сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, нотариати давлатӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тарғиботи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ташхиси судӣ - криминалистӣ, таъмини иҷрои қарорҳои судӣ, инчунин дигар соҳаҳои марбут ба фаъолияти сохторҳои мақомоти адлияро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, таъмин менамояд.
  5. Дар баробари ин як қатор масъалаҳои ҳуқуқие мавҷуданд, ки ба доираи ваколатҳои Вазорати адлия шомил нагардидаанд. Яке аз вазифаҳои мукаммал ва беҳтарнамоии фаъолияти ҳуқуқӣ ин муттаҳиднамоии он ба доираи ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқ маҳсуб мегардад. Зеро айни ҳол дар таҷриба таснифоти фаъолияти ҳуқуқӣ дар идоракунии давлатӣ ба назар мерасад ва татбиқи онҳо аз ҷониби мақомоте амалӣ мешаванд, ки ба доираи ваколатҳои онҳо фаъолият дар соҳаи ҳуқуқ дохил намешавад.
  6. Зарурати ислоҳоти мукаммали соҳаи ҳуқуқии ҷомеа аз он бармеояд, ки татбиқи таҷдиди низоми иқтисодӣ ва сиёсии он таъсиси инфрасохтори комилан мувофиқи ҳуқуқиро тақозо дорад. Дар ин асос ислоҳоти ҳуқуқӣ бояд дар радифи тағйироти иқтисодию сиёсии дар кишвар амалӣ гардидаистода ҳамоҳанг бошад ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо аз онҳо пешсаф бошад, то ин ки ислоҳоти татбиқшавандаро дар доираи меъёрҳо танзим намояд.
  7. Бо мақсади ҳалли мушкилоти зикргардида, Барномаи мазкур роҳҳои асосии фаъолияти минбаъдаи мақомоти адлияро, бо дарназардошти вазифаҳои нави ба зиммаи он вогузоршаванда, ки аз баланд бардоштани нақш ва масъулияти мақомоти адлия дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлат бармеоянд, муқаррар менамояд.

 

2. Мақсад, вазифа ва принсипҳои ислоҳот ва рушди мақомоти адлия

 

  1. Мақсади асосии ислоҳот ва таҷдиди сохтории мақомоти адлия аз ташкил намудани низоми идоракунии босамари таъмини сиёсати ҳуқуқии давлат тавассути ҷобаҷогузории сохтор ва ваколатҳо, ки аз ҷониби воҳидҳои зерсохтории Вазорати адлия амалӣ мешаванд, иборат мебошад. Амали мазкур шакли ягона ва бартарафнамоии монеаҳоро дар марҳилаи гузариш ба таҷрибаи муосири идоракунии раванди зикршуда таъмин менамояд. Ба мақсадҳои ислоҳоти мақомоти адлия расидан аз он вобастагӣ дорад, ки нақши он дар ҷомеаи имрўза чӣ тавр фаҳмида мешавад.
  2. Вобаста ба эҳтиёҷоти ҷомеа ва истифодаи навгониҳои низоми адлияи давлатҳои мутараққӣ дар ҳама марҳилаҳои давраи ислоҳот вазифаҳои авалиндараҷа инҳо мебошанд:

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти босамари мақомоти адлияро таъмин менамояд;

- таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти адлия";

- тақвияти таъминоти ташкилӣ ва сохтории дастгоҳи марказии мақомоти адлия ва сохторҳои он тавассути зиёд намудани воҳидҳои корӣ;

- беҳтар намудани таъминоти моддӣ ва техникӣ, аз ҷумла электроникунонии тамоми коргузории мақомоти адлия;

- ҳавасмандгардонии кормандон, аз ҷумла бо роҳҳои таъмин бо манзили истиқоматии хизматӣ, бо назардошти муҳимият, мураккабӣ, зиёд будани сарбориҳо бо истифодаи таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ҷори намудани иловапулиҳо барои кормандони сохторҳое, ки ба фаъолияти меъёрэҷодкунӣ машғуланд;

- таҳлили низоми фаъолияти мақомоти нотариати давлатӣ бо мақсади дар оянда таъсис додани нотариати хусусӣ.

- баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии кормандони мақомоти адлия бо роҳи ҷорӣ намудани низоми муосири таълим, тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кормандон, инчунин ба роҳ мондани такмили ихтисос дар давлатҳои хориҷӣ;

- ташкили курсҳо барои кормандони мақомоти адлия ҷиҳати омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ;

  1. Барои расидан ба ҳадафҳо ва ҳалли вазифаҳои дар Барнома муайяншуда татбиқи принсипҳои асосии зерин ба мақсад мувофиқ мебошад:

- фаврият ва фасеҳият дар раванди иҷрои ваколатҳои ба мақомоти адлия вогузоршуда;

- баландбардории воқеӣ, фаврӣ ва таъмини босамари идоракунии дастгоҳи марказии мақоми адлия ва сохторҳои он;

- ташаккули дастгоҳи касбии мақоми адлия ва сохторҳои он, ки воҳиди кориашон ба сифати тахассусӣ ва кордонии кормандон асос ёфтааст.

  1. Таҷрибаи давраи соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки дар Вазорати адлия ҳаҷми сарбориҳои аз ҷониби кормандони Вазорати адлия амалишаванда ба шумораи кормандони он мутобиқат намекунад. Нишондиҳандаи ҳаҷми сарбориҳо аз шумораи кормандон зиёдтар мебошад, ки он ба сифати иҷрои вазифа ва функсияҳо таъсири манфӣ расонида, ҳамзамон воқеан ба номутобиқатӣ ба талаботи муосири идоракунӣ ва маъмурикунонӣ оварда мерасонад. Ҳалли масъалаи мазкур яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб гардида, ба рушди низоми адлия заминаи мусоид мегузорад.
  2. Мутобиқи муқаррароти Барномаи мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба такмили механизмҳои ҳамкории мутақобилаи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллии дар амалигардонии самтҳои афзалиятноки ислоҳоти мақомоти адлия равона шудаанд, зарур мебошад. Дар ин робита гузаронидани омўзиш ва таҳлили қонунҳо, низомномаҳо, дастурамалу фармоишҳои амалкунандае, ки фаъолияти мақомоти адлияро ба танзим медароранд, мувофиқи мақсад мебошад. Бояд таҳлил ва баҳисобгирии стандартҳои муосири фаъолияти мақомоти адлия ва ислоҳоти он бо истифодаи таҷрибаи дигар давлатҳо анҷом дода шавад. Ҳангоми гузаронидани ислоҳоти мақомоти адлия стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи адлия, таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ба назар гирифта мешаванд.

 

3. Фаъолияти меъёрэҷодкунӣ

 

  1. Яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими фаъолияти Вазорати адлия ин иштирок дар таъмини сиёсати ҳуқуқии давлат, меъёрэҷодкунӣ, таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб ёфта, он аз давраи таъсиси мақомоти адлия оғоз мегардад ва то ба имрўз идома меёбад.
  2. Фаъолияти меъёрэҷодкунии мақомоти адлия вобаста ба марҳилаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби Шўъба, Раёсат ва сипас Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлия амалӣ гардида, он дар ҳар як марҳилаи гузариш вазифаи мураттабсозандаи низоми ҳуқуқии кишварро бар дўш дорад.
  3. Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлия (минбаъд - Сарраёсат) воҳиди пешбари сохтории дастгоҳи марказии Вазорати адлия буда, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ташкил карда шудааст.
  4. Саҳми Сарраёсат дар даврони ислоҳоти низоми ҳуқуқии кишвар бо дарназардошти рушди ҷомеа назаррас мебошад. Чи тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2005 қайд намуда буданд, "дар Тоҷикистон ислоҳоти ҳуқуқӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими талаботи объективии рушди ҷомеа идома ёфта, дар тўли соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар ин ҷода корҳои назаррас ва муҳим сурат гирифтанд. Зарур аст, ки ин раванди таърихӣ идома ва такмил дода шавад". Воқеан ҳам ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Зеро дар ҷамъияти имрўза санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чун василаи танзимкунандаи кулли паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс доранд, чунончи инкишофу пешрафти ҷомеа танҳо тавассути танзими одилонаи муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ имконпазир аст. Дақиқ муайян намудани зарурати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муқоисаи онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, омўзиш, таҳлил ва муайян намудани мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшаванда ба талаботи замон ва ҷомеа аҳамияти зиёд дорад.
  5. Дар ин замина ба Сарраёсат дар доираи фаъолияти Вазорати адлия иштирок дар таъмини баамалбарории сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ, дар таъмини фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлил ва мутобиқсозии қонунгузории ҷорӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида, санҷиши ҳуқуқӣ ва омода намудани лоиҳаи хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои қонунҳо, ки бо ташаббуси қонунгузории аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешаванд, санҷиши ҳуқуқии лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи субъектҳои гуногуни фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ таҳия мешаванд ва пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ оид ба мутобиқати онҳо ба Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва техникаи меъёрэҷодкунӣ, инчунин омода намудани таклифу пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, вогузор карда шудааст.
  6. Соҳибихтиёр гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи он дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва пеш гирифтани роҳи демокративу ҳуқуқбунёд куллан тағйир додани низоми ҳуқуқии кишвар, инчунин ислоҳоти ҳуқуқиро дар баробари ислоҳоти дигар соҳаҳо талаб менамуданд. Ба ҳисоби миёна ҳар сол аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлия ба зиёда аз ҳазор лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаҳои ҳуқуқӣ дода мешаванд, ки ин шумора сол аз сол дар афзоиш мебошад. Ҳамаи вазифаҳои зикршуда аз ҷониби кормандони Сарраёсат, ки айни ҳол аз ду раёсат ва як шўъба иборат аст ва мувофиқи ҷадвали штатӣ 20 воҳиди кориро дар маҷмўъ ташкил медиҳад, ба иҷро расонида мешавад, ки аз рўи ҳисоботи омории сарбориҳо ба шумораи кормандони Сарраёсат мутобиқат намекунад. Аз ҷумла, агар дар соли 2006 аз ҷониби кормандони Сарраёсат дар маҷмўъ 1208 ҳуҷҷат баррасӣ шуда бошад, пас дар соли 2013 шумораи ҳуҷҷатҳои баррасишуда 3913 адад ва танҳо дар нўҳ моҳи соли 2014 он 2771 ададро ташкил медиҳад, ки зиёдшавии чандинкаратаи воридшавии маводҳо сол аз сол мушоҳида гардида, ҳолати мазкур ба иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳо таъсири манфӣ мерасонад. Дар баробари ин ба зиммаи Сарраёсат иҷрои барномаҳо, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати адлия ва иштирок дар гурўҳҳои кории байниидоравию дохилиидоравӣ вогузор шудааст. Ҳамзамон ба Сарраёсат барои омўзиш, таҳлил ва пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳои гуногун пешниҳод мегарданд, ки Сарраёсат аз ҳисоби кам будани шумораи кормандон ва мавҷуд набудани сохторҳои марбутаи соҳавӣ тибқи Таснифоти ягонаи умумиҳуқуқии тасдиқшуда имконияти баррасӣ ва пешниҳоди хулосаҳои дақиқ ва ҳаматарафаро надорад. Дар Таснифоти ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 августи соли 2006, № 359 тасдиқ шудааст, 34 соҳа муайян шудааст. Ҳол он, ки дар Сарраёсат танҳо се сохтор мавҷуд аст.
  7. Таҳлили вазъи фаъолияти меъёрэҷодкунии вазоратҳои адлияи давлатҳои ҳамҷавор нишон доданд, ки дар онҳо сохторҳои зарурии соҳавӣ ташаккул дода шудаанд. Аз ҷумла дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти зикршуда вобаста ба соҳаҳои алоҳидаи меъёрэҷодкунӣ зиёда аз 11 сохторҳои дахлдор таъсис дода шудаанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ҳолати ба соҳаҳо тақсимбандӣ намудани фаъолияти меъёрэҷодкунӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ босифат, ҳамоҳанг ва ба талаботи муосир мутобиқ таҳия ва қабул карда мешаванд.
  8. Бо сабаби мавҷуд набудани сохторҳои соҳавӣ ва кам будани шумораи кормандон, Сарраёсат имконияти таҳлил ва мутобиқсозии сифатноки санадҳои меъёрии ҳуқуқиро надорад. Ҳамзамон аз сабаби паст будани музди меҳнати кормандон ивазшавии зиёди онҳо ба назар мерасад, масалан танҳо дар солҳои 2012 - 2013 зиёда аз 70 фоизи мутахассисони соҳибтахассуси Сарраёсат ба корҳои музди меҳнаташ нисбатан хубтар рафта, ба ҷои онҳо мутахассисони камтаҷриба ба кор ҷалб карда шуданд, ки дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ таҷрибаю малакаи кофӣ надоранд. Ин омил ба паст шудани сифати фаъолияти меъёрэҷодкунии Вазорати адлия ва дар маҷмўъ ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонад.
  9. Бо мақсади ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва татбиқи воқеии ислоҳоти ҳуқуқии кишвар бо дарназардошти таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии муосир ва ҳамоҳанг ба иҷро расонидани амалҳо дар сохтори Сарраёсат марҳила ба марҳила таъсис намудани сохторҳои соҳавии алоҳида дар самтҳои қонунгузории асосҳои сохтори конститутсионӣ, мудофиа ва амният, қонунгузории гражданӣ, қонунгузории молия, қарз, андоз, гумрук ва соҳибкорӣ, инчунин қонунгузории меҳнат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, қонунгузории истифодаи замин, манзил, сохтмон, шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва алоқа, қонунгузории сарватҳои зеризаминӣ, энергетика ва ҳифзи муҳити зист, қонунгузории мурофиавӣ, қонунгузории маориф, илм, фарҳанг ва иттилоот зарур мебошад.
  10. Ҳалли мушкилоти зикршуда ба беҳтар гардидани раванди фаъолияти меъёрэҷодкунӣ, омўзиш, таҳлил ва таҳияи хулосаҳои ҳуқуқии босифат ва ҷавобгў ба талаботи замони муосир, бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди мақомоти адлия, ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини волоияти қонун дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки онро меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ эътироф намудааст, такони ҷиддӣ хоҳад расонд.

 

4. Фаъолият дар самти муносибатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ

 

  1. Таҳкими муносибатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ яке аз самтҳои дигари фаъолияти Вазорати адлия ба ҳисоб меравад, ки онро Раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
  2. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар ба дигаргуниҳои ҷиддӣ рў ба рў гардид.
  3. Дар давраи истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт санади асосии байналмилалии Созмони Милали Муттаҳидро вобаста ба ҳуқуқи инсон эътироф намуд, ки бо эътироф намудани санадҳои мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ўҳдадориҳоро ба зимма гирифт ва барои дар амал татбиқ намудани ўҳдадориҳои мазкур зарурати дар Вазорати адлия ташкил намудани сохтори нав ба миён омад.
  4. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 1995 № 128 "Дар бораи тасдиқи сохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар сохтори Вазорати адлия Шўъбаи равобити ҳуқуқии байналхалқӣ таъсис дода шуд.
  5. Бо дарназардошти васеъ гардидани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои мухталиф ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин таъмини ҳуқуқии лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, Шўъбаи мазкур ба Раёсат, Сарраёсат ва сипас боз ба Раёсат табдил дода шуд, ки айни замон Раёсат аз чор шўъба иборат буда, дар маҷмўъ 18 воҳиди кориро ташкил медиҳад.
  6. Тибқи Низомнома Раёсат вазифаҳои омода намудани пешниҳодҳо оид ба мувофиқ гардонидани қонунгузории амалкунанда бо меъёрҳои байналмилалии эътирофгардида, таҳлили ҳуқуқӣ ва омода намудани хулосаҳо оид ба лоиҳаҳои шартномаҳо ва созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, омода намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ, ташкили иҷрои шартномаҳо оид ба ёрии ҳуқуқӣ, омода намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои обиву энергетикӣ ва сохтмони иншоотҳои стратегӣ, додани хулосаҳои ҳуқуқӣ оид ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва иштирок дар ҳалли баҳсҳои сармоягузориро амалӣ менамояд.
  7. Фаъолияти Вазорати адлия дар самти мазкур бо пешниҳод намудани хулосаи ҳуқуқӣ оид ба тамоми лоиҳаҳои санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ маҳдуд намегардад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои дақиқи ўҳдадориҳои ба зиммааш гирифта, ки механизми татбиқи онҳо ба мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ равона карда шудааст, аҳамияти муҳим дошта, имрўз мақсади асосии Вазорати адлия ба ҳисоб меравад.
  8. Бинобар сабабе, ки соҳаи энергетика яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад, дар айни замон масъалаи таъминоти ҳуқуқии манфиатҳои Тоҷикистон дар сохтмони иншооти махсусан муҳим - Нерўгоҳҳои барқии обии Сангтўда-1, Сангтўда-2, Роғун, Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерўи барқии САSА-1000, сохтмон ва истифодаи лўлаи газ ва сохмони дигар иншооти махсусан муҳим муносибати ҷиддиро талаб менамояд.
  9. Мухолифат оид ба истифодабарии об бо кишварҳои поёноб нишон дод, ки заминаи меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тағийр додан ниёз дошта, ба гузаронидани таҳлил ва эҳтимолияти таҷдиди тавсия намудани санадҳои байналмилалии ҳуқуқиро бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ тақозо дорад.
  10. Таҳлили ҳаҷми кории сарборӣ нишон дод, ки аз ҷониби кормандони Раёсат дар се соли охир ҳамагӣ 7114 мавод мавриди баррасӣ қарор гирифт.
  11. Бо вуҷуди ин, Раёсат аз надоштани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ва мутахассисоне, ки бо забонҳои хориҷӣ озодона ҳарф мезананд, танқисӣ мекашад, зеро қисми асосии кормандони Раёсатро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки баъди хатми донишгоҳҳои олӣ бе тайёрии пешакӣ ва бе таҷрибаи корӣ ба Вазорати адлия тибқи роҳхат ба кор қабул карда мешаванд.
  12. Инчунин мутахассисони таҷрибадор ва донандаи забонҳои хориҷии дар Раёсат фаъолияткунанда баъди 1-2 соли корӣ бо сабаби мавҷудияти мушкилоти молиявӣ барои идомаи фаъолияти меҳнатӣ ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё бахши хусусӣ ба кор мегузаранд.
  13. Таҳлил дар самти баррасии лоиҳаҳои байналмилалии сармоягузорӣ нишон дод, ки назар ба соли 2012 дар соли 2013 ва нимсолаи аввали соли 2014 воридшавии созишномаҳои хусусӣ ва ҳуқуқӣ ба Вазорати адлия зиёд шудаанд. Бештари онҳо созишномаҳои сармоягузорӣ буда, сабаби асосии зиёдшавии онҳо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ" дар соли 2013 мебошад.
  14. Айни замон, бо иштироки давлат ва мақомоти давлатӣ як зумра шартномаҳои дигари сармоягузорӣ аз ҷумла, шартномаҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз рўи усули консессия ва ё тақсими маҳсулот, сохтмони иншоотҳои барқию гармидиҳӣ амалӣ шуда истодаанд ва дар аксарияти чунин шартномаҳо барои ҳалли баҳсҳои бавуҷудоянда расмиёт ва қоидаҳои суди арбитражии давлатҳои хориҷӣ истифода карда мешаванд.
  15. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб Конвенсия дар бораи эътироф ва мавриди иҷро қарор додани ҳалномаҳои судҳои арбитражии давлатҳои хориҷиро эътироф кардааст, аз эҳтимол дур нест, ки теъдоди баррасии баҳсҳо дар судҳои арбитражии давлатҳои хориҷӣ дар ояндаи наздик афзоиш ёбанд.
  16. Айни ҳол дар самти ҳимояи манфиатҳои давлатӣ дар судҳои хориҷӣ дар Вазорати адлия мутахассисони донандаи забонҳои хориҷӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ фоизи камро ташкил медиҳанд. Барои ҳимояи манфиатҳои давлат бояд мутахассисони баландихтисоси донандаи забонҳои хориҷӣ ва пешбарандаи баҳсҳо дар мурофиаҳои судҳои арбитражӣ омода карда шаванд.
  17. Бо ин мақсад, бо ҷалби маблағҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ (аз ҳисоби грантҳо ва кўмаки техникии созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ) мутахассисоне, ки хоҳишу иродаи анҷом додани фаъолияти минбаъдаи худро дар мақомоти адлия доранд, барои таҳсилот ба донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои хориҷӣ ва барои омўзиши низоми корӣ ва таҷрибаи судҳои арбитражии давлатҳои хориҷӣ ба хориҷи кишвар барои таҷрибаомўзӣ бояд равона карда шаванд. Ин имконият медиҳад, ки чунин мутахассисон дар оянда мутахассисони ҷавонро оид ба нозукиҳои ҳалли баҳсҳо дар судҳои арбитражии давлатҳои хориҷӣ тарбия намоянд.
  18. Яке аз самтҳои дигаре, ки ба соддакунонӣ ва танзими ҳуқуқӣ ниёз дорад ин қонунигардонии ҳуҷҷатҳои аз хориҷи кишвар пешниҳодшаванда мебошад. Сол аз сол фоизи чунин ҳуҷҷатҳо зиёд гардида, кори мақомоти адлияро дар маҷмўъ мушкил намудааст.
  19. Ҳамзамон расмиёти мавҷуда барои сармоягузорони хориҷие, ки мехоҳанд фаъолияти соҳибкориро дар кишвар ба роҳ монанд, монеаҳои маъмуриро рўи кор меорад, ки ин ба ҷолибнокии фазои сармоягузории кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
  20. Бо мақсади соддагардонии ин низом Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2014 ба Конвенсияи бекоркунандаи талаботи тайиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961 ҳамроҳ шудааст. Дар ин радиф Тоҷикистон ба низоми нави соддашудаи қонунигардонии ҳуҷҷатҳо мегузарад, ки худ "апостилгузорӣ" ном дорад. Дар ин замина пеш аз ҳама бояд мақомоти ваколатдор, шакл, забон ва модели баамалбарории апостилгузорие, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошад, муайян карда шавад.
  21. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз 106 давлати узви Конвенсия дар 68 - тои он моделе, ки дар он 2 ва ё 1 мақоми ваколатдори апостилгузоранда муайян карда шудааст, амалӣ карда мешавад.
  22. Дар се давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ - Молдова, Озарбойҷон ва Арманистон ба сифати мақоми ваколатдори апостилгузоранда вазоратҳои адлия ва корҳои хориҷӣ, муайян карда шудаанд.
  23. Ба мақсад мувофиқ аст, ки баъди ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи бекоркунандаи талаботи тайиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961 мақомоти ваколатдори баамалбароварандаи апостил дар Тоҷикистон низ ду мақомот ва яке аз он мақомоти адлия муайян карда шуда, ҷиҳати татбиқи талаботи Конвенсияи зикршуда дар сохтори марбутаи ин вазоратҳо таъсис додани шўъбаи апостилгузорӣ таъсис дода шаванд.

 

5. Фаъолияти баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

 

  1. Вазорати адлия барои пешбурди сиёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ ваколатдор гардидааст, ки онро тавассути Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад.
  2. Раёсат мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш вогузошташуда, ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро, ки хусусияти умумиҳатмӣ доранд, ба санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон месанҷад ва бақайдгирии давлатии онҳоро амалӣ мекунад;

- Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш мебарад;

- санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро ба ҳисоб гирифта, нусхаҳои назоратии ин санадҳоро маҳфуз медорад;

- назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти мунтазами онҳо анҷом медиҳад;

- мундариҷаи Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳар моҳ) ва маҷаллаи "Ҳаёт ва Қонун"-ро (ҳар семоҳа) тартиб дода, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мақолаҳои ба онҳо дохилшавандаро барои нашр омода менамояд;

- таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар самти фаъолияти Раёсат анҷом дода, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолиятро таҳия менамояд.

  1. Мушкилоти асосӣ барои ҳамаҷониба амалӣ намудани вазифаҳои дар боло зикргардида ин кам будани ҷадвали вазифаҳои кормандон (ҳафт нафар) мебошад. Зеро, танҳо барои ба нашр омода намудани маҷаллаи Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар моҳ бояд бо ду забон ба чоп расад то 3-4 мутахассис вобаста карда мешаванд, ки ин қариб 50 фоизи қувваи кории Раёсатро ташкил медиҳад. Дар баробари омода намудани ин маҷалла мутахассисони мазкур, инчунин дигар вазифаҳои ҷории Раёсатро, ки дар боло қайд гашт иҷро менамоянд.
  2. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки ҳаҷми Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар нашрияи расмии муқарраршудаи даврӣ (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) қариб се-чор маротиба зиёд аст. Чунки дар Феҳрист ба ғайр аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чопшаванда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дар Вазорати адлия ба қайд гирифташуда низ нашр мегарданд.
  3. Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 183 мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дастрас карда мешавад. Аммо сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, махсусан сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дар маҳал фаъолияткунанда ин нашрияро намегиранд ва дар натиҷа аз тағйироти дар санадҳои қонунгузорӣ баамаломада сари вақт огоҳ шуда наметавонанд.
  4. Аз ҷумла мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти дар ҳар шаҳру ноҳия амалкунанда, ки дар фаъолияти кориашон ҳамарўза бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сару кор доранд, аз чунин манбаи матни расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бархўрдор нестанд. Дар маҷмўъ зиёда аз 700 субъектҳое ҳастанд, ки бояд ҳатман нашрияи Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сари вақт гиранд ва дар фаъолияти худ мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро пеш баранд.
  5. Мураттабсозӣ ва дар ҳолати назоратӣ нигоҳ доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳомилҳои коғазӣ ва электронӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ яке аз омилҳои асосии таъмини иҷрои талаботи қонунгузорӣ ва дастрасӣ ба татбиқи меъёрҳои он оид ба ҳалли дурусти масъалаҳои бамиёномадаи ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад.
  6. Аз ин рў салоҳ дониста мешавад, ки мақомоти дар боло номбурда тариқи обуна бо нашрияи Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гашта, мураттабсозӣ ва дар ҳолати назоратӣ нигоҳ доштани нусхаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби ин мақомот ба амал бароварда шаванд. Ин амал барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва риояи воқеии ҳуқуқу ўҳдадориҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат хоҳад намуд.
  7. Кори Раёсат дар дигар самтҳои фаъолият низ ба дараҷае афзудааст. Аз ҷумла, дар солҳои охир шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлия пешниҳодшаванда қариб аз 30 фоиз то 50 фоиз зиёд шудааст. Дар қиёс: агар дар соли 2010 ба Вазорати адлия барои бақайдгирӣ 126 адад санад пешниҳод шуда бошад, дар соли минбаъда ба ҳисоби миёна ин шумора 260 ададро ташкил медиҳад, ки ин дар қиёс бо соли 2010 ду баробар зиёд мебошад. Ё ин ки ба Вазорати адлия дар се соли охир (2011-2013) 781 санади меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазорату идораҳо пешниҳод карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба се соли қаблӣ (2008-2010) 186 адад ё ин ки 31,2 фоиз зиёд мебошад.
  8. Зиёдшавии шумораи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳои воридшуда ба онҳо дар солҳои охир таъсири худро ба пешбурди Таснифоти ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати назоратӣ қарор додани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ мерасонанд.
  9. Вобаста ба омода намудани Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2000, № 138 шўъбаи махсусгардонидашуда дар ҳайати 4 нафар таъсис дода шуда буд. Корҳо оид ба омода намудани Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсис додани Шўъбаи алоҳида дар Вазорати адлия оид ба таҳияи Маҷмўи қонунҳо аз соли 2000 оғоз ёфта, нақшаи такмилёфтаи чопи он соли 2007 тасдиқ шуд ва он аз 11 фасли алоҳида иборат мебошад.
  10. Дар давраи фаъолияти Шўъба (аз моҳи марти соли 2000 то моҳи июни соли 2006) ҳамагӣ се фасли Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷилди 1 соли 2002), ҳуқуқи гражданӣ ва оила (ҷилди 2 соли 2002) ва қонунгузории меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ (ҷилди 3 соли 2005) бахшида шуда буд, таҳия ва нашр гардиданд.
  11. Минбаъд дар мавриди баргузории ислоҳоти сохтории Вазорати адлия шўъбаи мазкур аз сохтори Вазорати адлия ихтисор карда шуд. Омодасозии Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вогузор карда шуд, ки сарбории кории онро зиёд намуд.
  12. Раёсат то ба имрўз қисми 1 фасли IV оид ба қонунгузории ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти адлия, адвокатура, прокуратура, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва адолати судӣ соли 2007, қисмҳои 2-3 фасли номбурда, ки мутобиқан қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, қонунгузории мурофиавии гражданӣ ва мурофиавии хоҷагӣ ва фасли V он, ки ба қонунгузорӣ дар бораи муҳофизат ва истифодаи захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи замин, заминсозӣ ва муҳофизати замин бахшида шудаанд, танҳо солҳои 2010-2013 аз чоп баровард.
  13. Ҳамин тариқ, аз 11 фасли ба нақша гирифташуда ҳамагӣ 5 фасли он, ки аз 8 ҷилд иборат аст, нашр гардида, 1 фасли дигар омодаи чоп мебошад, ки онҳо камтар аз нисфи маводҳои нашршавандаро ташкил мекунанд. Ҳол он ки дар давраи фаъолияти шўъба бояд 11 фасл чоп гардида, минбаъд корҳо вобаста ба омода намудани тағйиротҳои ба он воридгардида, идома дода мешуданд.
  14. Сабабҳои асосии сари вақт чоп нагардидани Маҷмўаи мазкур ин барҳам хўрдани Шўъбаи таҳияи Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 4 воҳиди корӣ дошт ва ба зиммаи Раёсати мазкур вогузор намудани ин вазифа, инчунин набудани воҳидҳои кории муҳаррирон ва мусаҳҳеҳон мебошад.
  15. Бояд тазаккур дод, ки қаблан дар сохтори Вазорати адлия гурўҳи табъу нашр иборат аз 12 нафар фаъолият дошт (то соли 2009), ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи он таҳлил ва муқоисаи матни санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар нашрияҳо ҷойдодашуда бо нусхаҳои аслии онҳо, дида баромадани мувофиқати матни забони давлатӣ ба матни забони русии он, ислоҳ намудани хатогиҳои техникии дар матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойдошта, иборат буд.
  16. Маҳз гурўҳи табъу нашр иҷрои вазифаҳои техникиеро, ки зимни омода ва чоп намудани Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо мешуданд, ба ўҳда дошта, Шўъбаи таҳияи Маҷмўи қонунҳо бошад, роҳбарии умумиро вобаста ба интихоб ва ҷобаҷогузории маводҳо аз рўи фасл, боб, параграф, банд ва зербандҳо иҷро мекард.
  17. Қобили қайд аст, ки дар байни манбаъҳои расмии санадҳои қонунгузорӣ Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона манбаест, ки дар варақаҳои ивазшаванда чоп карда мешавад. Минбаъд матни санади меъёрии ҳуқуқии дар "Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷойдодашуда бо тағйиру иловаҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии минбаъда ба он дохил кардааст, дарҷ мегардад ва аз рўи мавзўъ ҷой дода мешавад. Тағйиру иловаҳои зиёд ба қонунгузорӣ, масъалаи пешбурди Маҷмўи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро душвору мураккаб месозад.
  18. Ҳамаи ин корҳои зикргардидаро бо воҳиди кории мавҷудаи Раёсат (7 нафар) мувофиқи мақсад ва босифат ба ҷо овардан ғайриимкон аст.
  19. Аз ин рў, бо мақсади пурра, ҳамаҷониба, сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намудани вазифаҳои номбаршуда мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки минбаъд давра ба давра басти вазифаҳои Раёсат зиёд карда шуда, басти кории муҳаррирон пешбинӣ шавад.

 

6. Фаъолияти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ

 

  1. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати адлия ин расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқӣ мебошад.
  2. Айни замон дар ин самт Вазорати адлия фаъолияти идораҳои нотариалии давлатиро ташкил ва роҳбарӣ мекунад, кори онҳоро тафтиш, таҳлил ва ҷамъбаст менамояд, тарғиботи ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро амалӣ менамояд, ба шахсони воқеӣ барои фаъолияти адвокати ваколатдор иҷозатнома (литсензия) медиҳад, ба Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия ёрии методӣ мерасонад.
  3. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ", ташкили Феҳристи ягонаи бақайдгирии адвокатҳо дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили Феҳристи адвокатҳои давлатҳои хориҷа пешбинӣ гардида, гузаронидани ҷаласаҳои комиссияи тахассусӣ ва дигар масъалаҳои ташкили фаъолияти адвокатҳо зарурати ташкил намудани Шўъбаи алоҳидаро дар ин самт ба миён меорад.
  4. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 128 нотариуси давлатӣ фаъолият менамояд, ки шумораи онҳо талаботи рўзафзуни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро қонеъ карда наметавонад.
  5. Соли 2005 дар идораҳои нотариалии давлатии кишвар 243 686, соли 2010 - 470 452 ва соли 2013 - 621 463 амалиёти нотариалӣ ба расмият дароварда шудааст. Барои ба расмиятдарории амалиётҳои нотариалӣ дар солҳои зикргардида мутаносибан 4 437 067, 24 529 533 ва 44 755 941 сомонӣ боҷи давлатӣ рўёнида шудааст.
  6. Дар соли 2013 аз шумораи умумии амалиёти ба расмият даровардашуда (621 463 амалиёти нотариалӣ) ба ҳар як нотариуси давлатӣ 4 855 амалиёти нотариалӣ рост меояд. Дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо сарбории нотариусони давлатӣ хеле зиёд мебошад ва таҳлилҳои дар соли 2013 гузаронидашуда чунин натиҷаҳоро нишон дод.
    1. Зиёд будани муроҷиати шаҳрвандон ба идораҳои нотариалии давлатӣ ва сари вақт иҷро нагардидани талаботи онҳо ба сифати амалиёти нотариалӣ таъсир расонида, боиси норизогии аҳолӣ шуда истодааст, ки дар натиҷа сабаби пайдо шудани баҳсҳои гражданӣ мегардад.
    2. Аз ин лиҳоз зарурати зиёд намудани воҳидҳои штатии нотариусони давлатӣ ба миён омадааст. Ҷудо намудани дувоздаҳ воҳиди штатӣ - чор воҳиди штатии нотариуси давлатӣ барои идораҳои нотариалӣ давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, як воҳиди нотариуси давлатӣ барои идораҳои нотариалии давлатии шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Рўдакӣ, Ҳисор, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон ва як воҳидӣ нотариуси давлатӣ барои идораи нотариалии давлатии вилояти Хатлон тақозои замон мебошад. Ҳамзамон зикр бояд кард, ки дар идораҳои нотариалии давлатӣ амалиётҳои нотаралии ба расмият даровардашуда (се соли охир) нигоҳ дошта мешаванд ва дар идораҳои нотариалии давлатӣ воҳиди штатии нотариус-бойгонидор (архивариус) вуҷуд надорад. Дар ин самт муроҷиати шаҳрвандон барои гирифтани нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо (дубликат) ва нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои маҳфузбуда низ зиёд мебошад.
    3. Дар ин радиф ҷиҳати дар оянда даст кашидан аз хизматрасонии котибаҳои чопкунанда, дар идораҳои нотариалии давлатӣ ҷорӣ намудани воҳидҳои штатии ёрдамчиёни нотариусони давлатӣ, нотариусбойгонидор ҷиҳати сабти электронии амалиётҳои нотариалии тасдиқшаванда ва ҳуҷҷатҳои нотариалии дар бойгониҳо маҳфузбуда зарур ва ҳатмӣ мебошад.
    4. Дар аксарияти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ниҳоди "нотариати хусусӣ" бо муваффақият амал карда истодааст, ки ин хоси ҷомеаи демократӣ мебошад. Давра ба давра ҷорӣ намудани фаъолияти ниҳоди мазкур тақозои замон буда, дар ин раванд сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар мегардад. Дар сурати амалӣ намудани ин иқдом теъдоди нотариусҳои хусусӣ ва доираи ваколатҳои онҳо (бо дарназардошти муҳимияти амалиётҳои нотариалӣ) муайян карда мешаванд. Дар ин замина дар шаҳру ноҳияҳое, ки шумораи амалиёти нотариалӣ зиёд мебошад ҷорӣ намудани хизматрасонии нотариусҳои хусусӣ ба манфиати кор аст. Бо дарназардошти тараққӣ кардани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дастрас намудани хизматрасониҳо ба аҳолӣ зарурати таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати хусусӣ" ба миён омадааст.
    5. Тибқи талаботи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ" раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот васиятномаҳо, ваколатномаҳоро ба истиснои ваколатномаҳо оид ба идора ва ихтиёрдорӣ кардани воситаҳои нақлиёт, молу мулки ғайриманқул ва дурустии нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибоси аз онҳо гирифташударо тасдиқ мекунанд.
    6. Дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот таваллуд, вафот, ақди никоҳ ва муқаррар намудани падариро ба қайди давлатӣ мегиранд. Амалиёти ҳуқуқии мазкурро котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот анҷом медиҳанд, ки таҳсилоти ҳуқуқӣ надоранд. Ин бевосита ба сифати амалиёти гузаронида таъсири манфӣ мерасонад.
    7. Бо дарназардошти меъёрҳои зикргардида ва бо мақсади дуруст ба расмият даровардани амалиёти нотариалӣ ва сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Раёсат пешниҳод менамояд, ки дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот басти кории "ҳуқуқшинос" ҷорӣ карда шуда, ба вазифа таъин кардани онҳо дар мувофиқа бо Вазорати адлия амалӣ карда шавад.
    8. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011, №505 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (минбаъд - САҲШ) аз 1 январи соли 2012 пурра ба тобеияти Вазорати адлия гузаронида шуд.
    9. Баъди ба тобеияти Вазорати адлия қабул кардани мақомоти САҲШ, муайян гардид, ки мушкилоти зиёд дар соҳаи мазкур ҷой доранд. Аз ҷумла бо бинои алоҳидаи маъмурӣ таъмин набудан, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ надоштани мудирони шўъбаҳо ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, таҳия нагардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ва ғайра аз зумраи ин мушкилиҳост.
    10. Ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта ва беҳбудии кор дар ин самт, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014, № 21 "Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019" тасдиқ карда шуд, ки дар он мақсад ва вазифаҳо, давраҳои татбиқ ва натиҷаҳои иҷрои Барнома муайян карда шудааст.
    11. Бо мақсади рушди мақомоти адлия ва беҳбудӣ бахшидан ба самтҳои фаъолият сохтори Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ таҷдиди назар гашта, он ба Сарраёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ табдил ва таъсиси Раёсати кор бо нотариати давлатӣ, адвокатура ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва Раёсати кор бо мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зарур мебошад.

     

    7. Бақайдгирии давлатии иттиҳодаяҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ

     

    1. Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ самти дигари фаъолияти Вазорати адлия ба ҳисоб рафта, он тавассути Раёсати бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ амалӣ карда мешавад.
    2. Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ва шароити фаъолияти озодонаи қишрҳои гуногуни ҷомеа, инчунин баланд бардоштани мақоми ҷомеаи шаҳрвандӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Соли 1991 бо Фармони Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таркиби Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ Шўъбаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ташкил карда шуд, ки он баъдан, ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудан ва ба таври кофӣ ба роҳ мондани назорати фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ соли 1998 шўъба аз таркиби Раёсати ёрии ҳуқуқӣ бароварда шуда, ҳамчун сохтори алоҳида, яъне ба Раёсати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ (минбаъд - Раёсат) табдил дода шуд.
    3. Дар ин замина айни ҳол Раёсат бақайдгирии давлатии итгаҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллии дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойгирбуда, иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда ва ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин бақайдтирии давлатии барҳамдиҳии онҳо, қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагӣ ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбударо амалӣ менамояд.
    4. Айни ҳол дар Раёсат ҳафт нафар кормандон фаъолият карда истодаанд, ки вазифаҳои зикршуда аз ҷониби онҳо пурра ва сари вақт ба иҷро расонида мешавад.
    5. То имрўз 2863 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва 8 адад ҳизбҳои сиёсӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки ин аз фароҳам омадани фазои озодандешӣ ва болоравии мақоми ҷомеаи шаҳрвандӣ далолат мекунад.
    6. Бо вуҷуди ин як қатор мушкилоте мавҷуданд, ки барои фаъолияти самаранок дар самти бақайдгирӣ ва назорати минбаъдаи фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ мушкилот эҷод мекунанд.
    7. Яке аз мушкилоти ҷойдошта мавҷуд набудани низоми муайян оид ба дастраснамоии маълумот дар бораи фаъолияти молиявӣ, сарчашмаҳои маблағҳо ва мақсадҳои истифодаашон дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад. Мутобиқи маълумоти ғайрирасмӣ тавассути иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ маблағҳои калон гардиш меёбанд, ки сарчашмаи пайдоиш ва мақсади сарфнамоии ин маблағҳо номуайян боқӣ мондааст. Бо дарназардошти он, ки имрўз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ истифодаи маблағҳо барои дастгирии гурўҳҳои фаъолияти иғвоангезию ифротгароидошта тавассути иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ зиёд шуда истодаанд, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ низ аз Тоҷикистон риоя ва пешгирӣ намудани ин омилҳои номатлубро тақозо дорад.
    8. Дар ин асос таҳия ва қабул намудани тартиби дастраснамоии маълумот дар бораи фаъолияти молиявии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва назорати минбаъдаи асоснок ва мақсаднок хароҷот гардидани онҳо талаботи замон мебошад. Ҳамзамон, муқаррар намудани ваколатҳои назоратӣ аз болои фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби сохторҳои маҳаллии Вазорати адлия саривақтӣ мебошад.
    9. Ин амалҳо метавонанд ба шаффофияти фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ заминаи мусоид гузошта, онҳоро аз содир намудани амалҳои зиддиҳуқуқӣ пешгирӣ намоянд.
    10. Мушкилоти дигаре, ки дар самти бақайдгирии баъзе шаклҳои ташкилию ҳуқуқии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз қабили ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо, муассисаҳо ва фондҳо рўи кор меоянд ин мавҷуд набудани низоми ҳуқуқии мукаммал мебошад.
    11. Таҳлили вазъи танзими ҳуқуқии ташкилотҳои ғайритиҷоратии зикршуда нишон медиҳад, ки мушкилоти бақайдгирии давлатии онҳо рўи кор аст. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои онҳо ва баъзе масъалаҳои ташкилиашон меъёр муайян намуда, вале дар мавриди бақайдгирии давлатии онҳо ва дигар ҳолатҳои ҳуқуқии фаъолияташон ба қонунгузорӣ ҳавола кардааст.
    12. Дар ин раванд, қонуни алоҳидае, ки фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратии зикршударо дар маҷмўъ ба танзим дароварда, вазъи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии онҳоро муайян намояд, мавҷуд нест.
    13. Масъалаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ (ба истиснои ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма) дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ" таҳрири соли 2003 пурра танзими худро ёфта буд.
    14. Дар натиҷаи баргузорӣ ислоҳот ва дар соли 2009 қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ", ки бақайдгирии давлатиро тариқи принсипи "Равзанаи ягона" ҷорӣ намуд, масъалаи бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ зикршуда берун аз доираи Қонуни мазкур қарор гирифт. Қонунгузории амалкунанда, масъалаҳои бақайдгирии давлатии ассотсиатсияҳо, муассисаҳо, фондҳо, кооперативҳои ғайритиҷоратӣ, принсипҳои таъсис ва фаъолият, доираи амал, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои иштирокчиёни онҳоро танзим накардааст.
    15. Бо мақсади танзим намудани ҳолатҳои зикршуда ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ" зарур аст.

     

    8. Фаъолияти таъмини иҷрои санадҳои судӣ

     

    1. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2008, № 408 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2008, № 176 "Дар бораи ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани истеҳсолоти иҷро", иҷрочиёни суд аз тобеияти Шўрои адлия ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Вазорати адлия гузаронида шудаанд.
    2. Вазорати адлия дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти кори иҷрочиёни судҳоро месанҷад ва ба онҳо ёрии методӣ ва амалӣ расонида, таҷрибаи кори иҷрочиёни судро ҷамъбаст менамояд, бо мақсади таҳкими фаъолияти минбаъдаи иҷрочиён дастурҳои заруриро таҳия менамояд, фаъолияти раёсатҳои адлияи вилоятҳоро оид ба масъалаҳои фаъолияти иҷрочиёни суд ҷамъбаст менамояд, таъминоти моддию техникии идораҳои иҷрочиёни судро меомўзад ва пешниҳодҳои дахлдор омода менамояд. Ин самти фаъолияти Вазорати адлияро Раёсати ташкили иҷрои санадҳои судӣ (минбаъд - Раёсат) ва 233 иҷрочии суд амалӣ менамоянд.
    3. Натиҷаи ҳисоботҳои оморӣ нишон медиҳад, ки воридшавии ҳуҷҷатҳои иҷро ба истеҳсолоти иҷрочиёни суд сол аз сол тамоюли зиёдшавиро доранд. Агар дар соли 2008 ба истеҳсолоти иҷрочиёни суд дар сатҳи кишвар 23177 адад ҳуҷҷатҳои иҷро ворид гардида бошад, ин шумора дар соли 2013 ба 39594 адад расидааст. Дар соли 2014 аз ҷониби иҷрочиёни суд 44661 истеҳсолоти иҷро оғоз гардид. Дар маҷмўъ дар соли 2014 дар истеҳсолоти иҷрочиёни суд 51372 исеҳсолоти иҷро қарор дошт.
    4. Яке аз омилҳои асосии гузаронидани мўҳлати амалҳои иҷро ва ба таври дахлдор иҷро нагардидани ҳуҷҷатҳои иҷро аз ҷониби иҷрочиёни суд ин сарбории зиёд ва нарасидани теъдоди иҷрочиёни суд мебошад.
    5. Дар ин давра теъдоди судяҳои судҳои кишвар бо татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили соҳаи ҳуқуқию маъмурӣ ва оилавӣ дар се давра зиёд гардида, аз 233 ба 427 нафар расидааст, ки ин нисбат ба теъдоди иҷрочиёни суд 194 нафар зиёд мебошад, вале теъдоди иҷрочиёни суд 233 нафар боқӣ мондааст. Аз рўи назарияи маъмул ва таҷрибаи таъмини иҷрои санадҳои судӣ ба ҳар як судя бояд лоаққал як иҷрочии суд вобаста бошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ба тобеияти Вазорати адлия гузаронида шудани истеҳсолоти иҷро, ҳар як судя бо як иҷрочии судӣ таъмин буданд.
    6. Мушкилоти асосие, ки садди роҳи иҷрои санадҳои судӣ мегардад, ин риоя нашудани талаботи қонунгузории мурофиавӣ ҳангоми таҳқиқ, тафтиш ва баррасии парвандаҳои гражданӣ дар қисмати таъмини даъво мебошад. Омўзиши истеҳсолоти иҷро вобаста ба рўёнидани маблағ ба манфиати давлат ва рўёнидани зарар дар қисми даъвои гражданӣ, ки ба истеҳсолоти иҷрочиёни суд ворид гардидаанд, нишон дод, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ чораҳои таъминотӣ ба таври зарурӣ андешида намешаванд. Чунин ҳолат бошад, иҷрои санади судиро имконнопазир мегардонад.
    7. Мувофиқи моддаи 116 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳабси молу мулк чораи маҷбурии мурофиавӣ буда, барои таъмини даъвои гражданӣ ё эҳтимоли мусодираи молу мулк татбиқ карда мешавад. Талаботи сархати шашуми қисми 1 моддаи 262 Кодекси зикршуда ҳангоми ба суд ворид шудани парвандаи ҷиноятӣ, судяро ўҳдадор менамояд, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ҷиҳати таъмини рўёнидани товони зарар, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят расонида шудааст ва эҳтимоли мусодираи молу мулк чора андешида шудааст ё нашудааст, муайян намояд. Дар сурати аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор наандешидани чорае, ки рўёнидани товони зарари бо ҷиноят расонидашуда ва эҳтимоли мусодираи молу мулкро таъмин менамояд, тибқи талаботи моддаи 267 ҳамин Кодекс судя бо қарори худ мақомоти тафтишотро вазифадор мекунад, ки чораҳои зарурии таъминотӣ андешанд. Барои риояи мувофиқи меъёрҳои мазкур имконияти иҷрои санадҳои иҷроро фароҳам оварда, ба пойдории қонуният ва адолати судӣ замина мегузорад.
    8. Мувофиқи талаботи моддаи 142 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон судя ҳуқуқ дорад, ки тибқи аризаи иштирокчиёни парванда барои таъмини даъво тадбирҳо андешад, Таъмини даъво дар ҳама марҳилаҳои баррасии парванда имконпазир аст, агар наандешидани чунин тадбирҳо иҷрои ҳалномаро мушкил ё ғайриимкон гардонад.
    9. Тибқи талаботи моддаи 153 Кодекси мазкур судя ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ ҳамзамон бояд оид ба таъмини даъво тадбирҳо андешад. Меъёрҳои шабеҳ дар Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешбинӣ гардидаанд.
    10. Айни ҳол Раёсат бо шумораи 8 басти корӣ ва дар раёсатҳои адлияи вилоятҳо шўъбаҳои ташкили фаъолияти иҷрочиёни суд бо теъдоди 3-4 басти корӣ фаъолият менамоянд, ки мутахассисон аз зиёд будани арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва дастуру супоришҳо, имконияти ҷамъбасту таҳлили ҳаматарафаи соҳаи истеҳсолоти иҷроро надоранд.
    11. Дар ин асос ҷиҳати таҳлилу ҷамъбасти соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолоти иҷро, назорати таъмини иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷро ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиетон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" ба мақсад мувофиқ мебошад, ки дар заминаи Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суд Сарраёсат таъсис дода шавад.

     

    9. Бақайдгирии давлатии ўҳдадориҳои гаравӣ

     

    1. Бақайдгирии давлатии ўҳдадориҳои гаравӣ яке аз самтҳои фаъолияти Вазорати адлия мебошад, ки ҳамчун низоми бақайдгирии давлатии ўҳдадориҳои бо гарав таъминшуда дастоварди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар баробари ривоҷ ёфтани муносибатҳои бозорӣ дар иқтисодиёти кишвар роҳи пурпечутоби инкишофи худро дорад.
    2. Раёсати бақайдгирии давлатии шартномаҳои гарав ҷиҳати иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гарав" ва бо мақсади таҳияи механизми бақайдгирии давлатии шартномаҳои гарав дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 1999, № 365 "Дар бораи бақайдгирии давлатии шартномаҳои гарав" таъсис дода шуд.
    3. Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2000, № 154 "Дар бораи бақайдгирии давлатии шартномаҳои консессионӣ" Вазорати адлия ҳамчун мақоми бақайдгирандаи шартномаҳои консессионӣ муайян карда шуд ва сохтори татбиқкунандаи вазифаи мазкур дар Вазорати адлия Раёсати бақайдгирии давлатии шартномаҳои гарав муқаррар гардид.
    4. Дар соли 2005 бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гарави амволи манқул" Вазорати адлия ҳамчун мақоми бақайдгирандаи гарави амволи манқул муайян карда шуд ва Раёсати бақайдгирии давлатии шартномаҳои гарав ҳамчун сохтори амаликунандаи ин расмиёт вазифадор гардид.
    5. Дар натиҷаи ислоҳоти сохтори идоракунии давлатӣ дар соли 2007 Раёсати бақайдгирии давлатии шартномаҳои гарав ба Шўъбаи сабти давлатии ўҳдадориҳои гаравӣ ва дар соли 2012 шўъбаи мазкур ба Бахши бақайдгирии давлатии ўҳдадориҳои гаравии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
    6. Дар соли 2008 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2008, №456 "Дар бораи муайян намудани мақоми махсуси ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" ваколати Вазорати адлия дар бақайдгирии давлатии шартномаиҳои гарав (ипотека) ба салоҳияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Ба вазифаи Бахши бақайдгирии давлатии ўҳдадориҳои гаравӣ бақайдгирии гарави амволи манқул ва шартномаҳои консессионӣ боқӣ монд.
    7. Мушкилоти бақайдгирии давлатии гарави амволи манқул ва шартномаҳои консессионӣ дар номукаммалии қонунгузории соҳавӣ ва мавҷуд набудани низоми муосири бақайдгирӣ мебошад.
    8. Яке аз омилҳои асосии пайдоиши мушкилот дар истифодаи амволи манқул ба сифати таъмини гаравии ўҳдадории қарзӣ сиёсати нодурусти ташкилотҳои қарзӣ ба ин гуна амвол мебошад. Ташкилотҳои қарзӣ ба сифати гарави иҷрои қарз асосан ипотекаро (гарави амволи ғайриманқул) мавриди истифода қарор дода, амалан молу мулки манқулро ҳамчун кафолати иҷрои ўҳдадориҳои пулӣ қабул надоранд. Ислоҳи вазъи бамиёномада ҳам такмили қонунгузории ҷорӣ ва ҳам тағйир додани сиёсати нодурусти субъектҳои муносибатҳои гаравиро ба амволи манқул тақозо дорад.
    9. Мушкилоти муносибатҳои консессионӣ бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консессияҳо" дар соли 2011 дар таҳрири нав ҳал нагашт, чунки байни ин Қонун ва Қонуни пешинаи соли 1997 фарқияти мусбӣ дида намешавад. Яке аз мушкилоти асосии қонуни нави консессионӣ набудани ҳамбастагии он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" мебошад. Инчунин, тартиб ва шартҳои гузаронидани озмуну музоядаҳо ҷиҳати додани консессияҳо бо принсипҳои шаффофият ва зиддикоррупсионӣ мувофиқат намекунанд.
    10. Аз тарафи дигар, бо сабаби бартараф нагаштани мухолифатии муносибатҳои консессионӣ мутобиқи қонуни соҳавии соли 1997, дар соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" қабул гардид, ки ба сармоягузорони хориҷию дохилӣ шароитҳои васеи фаъолиятро фароҳам овард. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" бо вуҷуди атрофи ҷустуҷў, тадқиқ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок маҳдуд будани худ, имконияти бастани созишномаи гуногунҷабҳаро ба миён овард, ки бо ин хусусияти худ аз созишномаҳои консессионӣ фарқ мекунад ва барои сармоягузор кафолатдиҳанда ва мусоид аст. Барои мисол, агар аз соли қабули Қонуни консессионии пешинаи соли 1997, то қабули қонуни нави консессионӣ дар соли 2011 инҷониб ҳамагӣ ду консессия ба қайд гирифта шуда бошад, дар солҳои 2007-2014 зиёда аз 10 созишнома оид ба тақсими маҳсулот баста шудааст. Аммо чунин раванд низ барои рушди иқтисодиёти кишвар он қадар мувофиқ буда наметавонад. Аз нигоҳи илмӣ Созишнома оид ба тақсими маҳсулот моҳиятан аз нуқтаи назари муносибатҳои танзимшаванда ба шартномаи консессионӣ наздик аст, ки ба ҷустуҷў, тадқиқ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок равона гардидааст. Консессия, ки мазмуни иҷозат, гузашт, супоридани ҳуқуқ ва азхудкуниро дорад, дар асоси шартномаи консессионӣ пешниҳоди ҳуқуқи истифодабарии самаранок супоридани объектҳои моликияти давлатӣ, аз ҷумла: замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот, дигар моликияти давлатӣ ва боигарии табиӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, инчунин ҳуқуқи бунёди (сохтмони) иншооти нав аз ҳисоби консессиядор бо шарти дар оянда баргардонидани онҳо ба давлатро дар бар гирифта метавонад.
    11. Бинобар ин, бо мақсади такмили воқеии муносибатҳои консессионӣ ва ба талаботи имрўза ҷавобгў сохтани онҳо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консессияҳо" бояд тағйир дода шавад.
    12. Равнақ додани низоми бақайдгирии гарави амволи манқул ва шартномаҳои консессионӣ ҳадафи барномавӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт афзалият дар содда ва мутобиқ кардани расмиёти бақайдгирӣ барои соҳибкорон мебошад, ки бо роҳи кам кардани хароҷоти маблағ ва вақт ба даст меояд.
    13. Барои рушди самараноки соҳа фаъолияти сохтори мазкур бояд шабеҳи идораҳои нотариалии давлатӣ бошад, чунки ин фаъолият моҳиятан бо хизматрасонии ҳуқуқӣ алоқамандӣ дорад. Соҳаи мазкур бояд дар баробари доштани маблағгузории буҷетӣ, сарчашмаи ғайрибуҷетии маблағҳо аз фаъолият низ дошта бошад, ки хароҷоти ҷорӣ, хароҷоти нигоҳдории техникаи компютерӣ, такмили дониш ва ҳавасмандаи моддии кормандонро пўшонад. Дар ин самт масъалаи такмили қонунгузории амалкунандаи соҳавӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ва қоидаҳои хизматрасонӣ аввалиндараҷа мебошад.

     

    10. Низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

     

    1. Бо мақсади мутобиқ намудани низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон аз 26 июли соли 2002, № 855 "Дар бораи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" соли 2002 системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз тобеияти Вазорати корҳои дохилӣ ба Вазорати адлия гузароиида шуд. Ҳадафи асосии ислоҳоти мазкур ин пеш аз ҳама ба принсипҳои башардўстона мутобиқ сохтани тартиби адои ҷазои маҳкумшудагони аз озодӣ маҳрумгашта, шаффоф ва дастрастар намудани фаъолияти система мебошад.
    2. Бо мақсади боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти кории воҳидҳои сохтории системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурра дар амал татбиқ намудани талаботи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии танзимкунандаи соҳаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ амалӣ намудани чорабиниҳои зерин зарур мебошад:

    - бо сабаби солҳои тўлонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудан, зина ба зина гузаронидани азнавсозии биною иншооти муассисаҳои ислоҳӣ, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, ки қисми онҳо ҳанўз солҳои 20-40-уми асри гузашта сохта шудаанд ва мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ;

    - азнавсозии пурраи воситаҳои муҳандисӣ - техникии муҳофизатии муассиса ва минтақаҳои мамнўии зикргардида, ки бинобар солҳои тўлонӣ истифода бурда шуданашон фарсудаю корношоям гашта, ба талабот ҷавобгў намебошанд;

    - ҷудо намудани мавзеи мувофиқ барои сохтмони тавқифгоҳи тафтишотӣ ва оғози сохтмони он, бо дарназардошти меъёр ва дар ҳудуди он сохтани минтақаи алоҳидаи маҳдуд барои нигоҳдошти маҳкумшудагоне, ки ба низоми махсуси маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гаштаанд ва маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум шудаанд;

    - бо дарназардошти норасогии мутахассисони соҳавӣ, таъсис додани шўъбаи алоҳида дар заминаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисони соҳаи иҷрои ҷазо мувофиқи мақсад мебошад.

     

    11. Ташкил ва гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ

     

    1. Самти дигари фаъолияти Вазорати адлия ба гузаронидани экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ вобаста аст, ки он тавассути Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ татбиқ карда мешавад.
    2. Ҳоло дар Марказ 80 нафар фаъолият намуда, дар филиали вилояти Суғд -12 нафар, филиали вилояти Хатлон - 8 нафар, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 4 нафар ва дар шаҳри Душанбе 48 нафар ҳамчун коршинос ва ҳафт нафари дигар ҳамчун кормандони техникии Марказ ба шумор мераванд.
    3. Экспертизаи судӣ барои ошкор намудани ҷиноят ва ҳал намудани баҳсҳои гражданӣ, маъмурӣ ва иқтисодӣ нақши муҳимро дорост. Сари вақт ва пурра фош намудан, ба ҷавобгарӣ кашида шудани ашхоси гунаҳгор яке аз омилҳои муҳими мустаҳкам намудани қонуният, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, муҳофизати манфиатҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
    4. Ҳангоми мубориза бурдан бар зидди ҷинояткорӣ, ошкор намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо эҳтиёҷ ба ёрии илму фан, касбҳои махсус ва техника пайдо мешавад, ки дар ин раванд мутахассисон ва коршиносони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлия (минбаъд - Марказ) нақши муҳимро мебозанд. Ҳамасола Марказ зиёда аз 5200 (панҷ ҳазору дусад) адад ташхисҳои судӣ барои мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мегузаронад, ки аз ин ҳисоб баъзе саволҳои гузошташуда бо сабаби набудани таҷҳизоти муосири техникаи криминалистӣ, адабиёти махсус ва мутахассисони соҳаҳои ташхиси судӣ, бе баррасӣ баргардонида мешаванд.
    5. Солҳои охир аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ вобаста ба гузаронидани экспертиза саволҳои нав пайдо мешаванд, ки ин саволҳо зарурати таҳқиқоти нави соҳавӣ ва таъсиси шўъбаҳои навро тақозо дорад. Норасоии воҳидҳои штатӣ дар Марказ ва ҳамасола зиёдшавии теъдоди маводи барои экспертиза воридшаванда, ба экспертон имконият намедиҳад, ки онҳо тадқиқотро мукаммал ва пурра бо истифодаи комёбиҳои муосири илм ва асоснокии илмӣ ба роҳ монанд. Ҷинояткорон бо раванди инкишофи ҷомеаи ҷаҳон ва инкишофи техникаи муосир ба ҷиноятҳое даст мезананд, ки барои ошкор намудани онҳо зарурат ба донишҳои махсус ва кор дар таҷҳизоти муосир зарур мебошад.
    6. Содир намудани ҷиноятҳо бо истифодаи технологияи нав ва усулҳо ва инчунин афзоиши талаботи рўйафзуни теъдоди экспертизаҳои соҳаҳои мухталиф моро водор месозанд, ки дар ин раванд самтҳои нави экспертиза, аз ҷумла: экспертизаи судии компютерӣ, фототехникӣ, аксшиносӣ, забоншиносӣ, моликияти зеҳнӣ, экологиро инкишоф дода, мутахассисони ҷавонро дар ин соҳа омода намоем.
    7. Айни ҳол дар қатори Марказ, экспертизаи судии криминалистӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, ки такроршавии функсияҳо ба назар мерасад. Дар ин асос зарурати гузаронидани ислоҳот дар низоми экспертизаи судии давлатӣ ба миён омадааст. Барои гузаронидани ислоҳот ва бартараф намудани дахолати маъмурӣ зарур аст, ки тамоми шаклҳои экспертизаро дар тобеияти як мақомоти давлатӣ муттаҳид намуда, дар як вақт онҳо аз тобеияти мақомоти таҳқиқ ва тафтишот бароварда шаванд.
    8. Барои рушди устувори соҳаи экспертиза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни навро "Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ" таҳия намуда, дар он асосҳои ташкил намудани муассисаи экспертизаи давлатии аз мақомоти таҳқиқу тафтишот вобаста набударо дарҷ намудан ва инчунин Қонуни мазкурро бо кодекс ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудан лозим аст. Барои мустаҳкам намудани соҳаи экспертиза рақобати озод ташкил карда, теъдоди мутахассисони ҷавони лаёқатмандро зиёд намудан муҳим аст. Чораҳои мазкур танҳо бо ҷорӣ намудани механизмҳои нави ба кор қабул намудани мутахассисони ҷавон ва ташкил намудани ниҳоди нави сохтори мустақил ва хусусӣ имконпазир аст. Дар ҳолати ташкил намудани экспертизаи хусусӣ ва мустақил, дар байни муассисаҳои экспертӣ рақобати корӣ пайдо шуда, он имконият медиҳад, ки сифати хулосаҳои экспертон беҳтар гашта, мутахассисони ҷавон донишҳои худро пайваста такмил дода соҳаҳои нави экспертиза ривоҷ ёбад.
    9. Барои ноилшавӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар рушди соҳаи экспертиза корҳои зеринро гузаронидан зарур мебошад:

    - таҳияи лоиҳаи Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолият дар соҳаи экспертизаи судӣ", мутобиқ намудани қонунгузорӣ ба он, таҳлил ва омода намудани тафсири Қонуни мазкур;

    - омода намудани пояҳо ва принсипҳои амалӣ намудани экспертизаи хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи механизми ҷорӣ намудани экспертизаи хусусӣ, литсензиякунӣ ва суғуртаи он;

    - пурзўр намудани соҳаҳои нави экспертизаи судӣ, ба монанди экспертизаи судии экологӣ, техникӣ-компютерӣ, забоншиносӣ ва экспертизаи нархгузории амволи ғайриманқул.

    1. Дар самти ворид намудани технологияи нав барои гузаронидани экспертиза:

    - ҷорӣ намудани методикаҳои муосири замонавй ва такмил додани онҳо;

    - ҷорӣ намудани намудҳои нави экспертиза бо истифодабарии таҷҳизот ва технологияи муосири замонавӣ;

    - мутобиқ намудани бинои Марказ бо стандартҳои лабораторӣ;

    - дар утоқҳои кории алоҳида таъсис додани лабораторияҳои замонавӣ бо таҷҳизоти нави муосир;

    - ворид намудани системаи ҳисобкунии технологияи автоматизатсиявӣ ва низоми назорати ҳуҷҷатгузорӣ.

     

    12. Такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхона, муассиса ва ташкилотҳо

     

    1. Такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар низоми адлия аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия амалӣ карда мешавад.
    2. Шароити мавҷудаи заминаҳои моддии Донишкада, ки қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи раванди таълим ба шумор меравад, бинобар сабаби нарасидани воситаҳои муосири илмӣ, илмӣ-техникӣ ва техникӣ сатҳи таълимро ба пуррагӣ қонеъ накарда, дараҷаи азхудшавии барномаҳои таълимиро аз ҷониби шунавандагон маҳдуд менамояд.
    3. Фаъолияти илмии Донишкада - ҳамқадами пешрафти ҷаҳонӣ набуда, зарурати тақвият додани робитаҳои илмиро дар риштаҳои гуногуни соҳаи ҳуқуқ бо роҳи муқаррар намудани масоили асосии амалия ва назарияи ҳуқуқ ба миён овардааст, ки ин ҷоннок намудани фаъолиятро дар ин самт талаб менамояд.
    4. Мушкилоти мавҷудаи рушди Донишкада ҳадафҳо ва афзалиятҳои зерини стратегии инкишофи соҳаро муайян менамояд:

    - барқарор гардидани ҳамкориҳо дар самти корҳои илмию тахқиқотӣ бо роҳи табодули таҷриба;

    - ба муассисаҳои олии таълимӣ ва такмили ихтисоси дар назди вазоратҳои адлия фаъолияткунанда бо мақсади гузаштани курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ фиристодани ҳайати омўзгорон ва профессорони Донишкада;

    - дуруст хоста гирифтани мавзўъҳои барномаҳои таълимӣ ва мутобиқатии онҳо бо амалияи ҳуқуқӣ.

     

    13. Роҳҳои таъмини рушди мақомоти адлия

     

    1. Ҷиҳати рушди мақомоти адлия ва мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ, инчунин таъмини воқеии волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо зарур аст.
    2. Тавре қайд гардид, гузаронидани экспертизаи судии криминалистӣ аз ҷониби мақомоти гуногуни давлатӣ амалӣ карда мешавад, ки дар онҳо такроршавии функсияҳо ва бархўрди манфиатҳо ба назар мерасад.
    3. Дар ин асос зарурати гузаронидани ислоҳот дар низоми экспертизаи судии давлатӣ ба миён омадааст. Татбиқи чораҳо оид ба рушд ва такмил додани муассисаҳо дар соҳаи экспертизаи давлатии судӣ тақозои замони муосир мебошад. Бо мақсади гузаронидани экспертизаи мустақил ва бартараф намудани дахолати маъмурӣ, зарур аст, ки тамоми шаклҳои экспертиза ба истиснои экспертизаи судии тиббӣ дар тобеияти як мақомоти давлатӣ муттаҳид карда шуда, дар як вақт онҳо аз тобеияти мақомоти таҳқиқ ва тафтишот бароварда шавад.
    4. Бо мақсади соддакунонӣ ва қонунигардонии ҳуҷҷатҳои аз хориҷи кишвар пешниҳодшаванда, тибқи талаботи Конвенсияи бекоркунандаи талаботи тайиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961, инчунин мувофиқи натиҷаи омўзиши таҷрибаи давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба мақсад мувофиқ аст, ки ба сифати мақоми ваколатдори апостилгузоранда вазоратҳои адлия ва корҳои хориҷӣ муайян карда шаванд.
    5. Вазъи меъёрэҷодкунии давлатҳои мутараққӣ вобаста ба рушд ва талаботи ҷомеа соҳабандӣ карда шудааст. Дар ин раванд таҳлили вазъи фаъолияти меъёрэҷодкунии вазоратҳои адлияи давлатҳои ҳамсоя нишон дод, ки дар онҳо сохторҳои зарурии соҳавӣ таъсис дода шудаанд. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Беларус дар самти зикршуда се Сарраёсат, шаш Раёсат ва ду шўъба фаъолият дорад. Ин масъала дар Қазоқистон, Украина, Россия ва дигар давлатҳои ИДМ низ пурра танзим карда щудааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ҳолати ба соҳаҳо тақсимбандӣ намудани фаъолияти меъёрэҷодкунӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ босифат, ҳамоҳанг ва ба талаботи муосир мутобиқ таҳия ва қабул карда мешаванд. Тақсимбандии соҳавии фаъолияти меъёрэҷодкунӣ дар як вақт барои омодасозии мутахассисони касбии баландихтисос заминаи мусоид мегузорад.
    6. Бо мақсади гузаронидани ислоҳоти мақомоти адлия ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгў намудани он, инчунин ба роҳ мондани коргузории мутамарказонидашуда ва таъмини назорати қатъии фаъолияти нотариусҳои давлатӣ, кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва иҷрочиёни суд, таъсис намудани раёсат ва ё шўъбаҳои адлия дар шаҳру ноҳияҳо ё ҳадди ақал шўъбаҳои минтақавӣ (байниноҳиявӣ) зарур мебошад. Дар натиҷаи таъсиси раёсат ва ё шўъбаҳои адлия дар шаҳру ноҳияҳо сохторҳои мақомоти адлия дар маҳалҳо мутамарказонида шуда, ба баррасии саривақтии арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии онҳо мусоидат мекунад.
    7. Дар давраи татбиқи Барнома ҷорӣ намудани низоми мутамарказонидашудаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз ҷумла таъсиси махзанҳои ягона, ба роҳ мондани коргузории электронӣ, таъсис намудани феҳристҳои бақайдгирии соҳавии электронӣ барои рушди соҳа ва татбиқи принсипҳои ҳукумати электронӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
    8. Ҳамзамон фароҳам овардани шароити хуби корӣ, аз ҷумла бо манзили истиқоматӣ таъмин намудани кормандони эҳтиёҷманди Вазорати адлия ва ҷорӣ намудани иловапулӣ ба музди меҳнат барои фаъолияти меъёрэҷодкунӣ бо мақсади нигоҳдорӣ ва ҷалби мутахассисони баландихтисоси соҳа афзалияти асосии Барномаи рушди соҳа маҳсуб мешавад.
    9. Дар маҷмўъ чорабиниҳои зикршуда таҷдиди сохтории мақомоти адлияро бо дарназардошти талаботи ҷомеа ва рушди муосири соҳа тақозо дорад.
    10. Дар ин радиф такмили заминаи меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти босамари мақомоти адлияро таъмин менамояд, аз ҷумла таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти адлия" дар назар дошта шудааст. Қабул гардидани Қонуни мазкур барои таҷдид намудани сохтори Вазорати адлия ва иҷрои самараноки ваколатҳои он заминаи мусоид мегузорад.

     

    14. Татбиқи чорабиниҳои Барномаи рушди мақомоти адлия

     

    1. Идоракунӣ ва назорати умумии рафти татбиқи Барномаи мазкурро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Ҳадафҳои Барнома тавассути Нақшаи чорабиниҳои таҳия ва қабулшаванда марҳила ба марҳила татбиқ мегарданд.

     

    15. Маблағгузории чорабиниҳои Барнома

     

    1. Маблағгузории чорабиниҳои Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва дигар сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ давра ба давра амалӣ гардонида мешавад. Ҳаҷми маблағгузорӣ барои татбиқи Барнома аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.