Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 феврали соли 2015, № 104

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ МАҶМЎИИ ПАСТ КАРДАНИ САТҲИ ШУҒЛИ БА ҚАЙД ГИРИФТАНАШУДА (ҒАЙРИРАСМӢ)

ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2017

 

  1. МУҚАДДИМА

 

  1. Барномаи маҷмўии паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 (минбаъд - Барнома) дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, № 277), Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 (қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2007, № 530) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" таҳия гардидааст.
  2. Барномаи мазкур моҳиятан иҷтимоӣ буда, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 дар татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ нақши муҳим дошта, амалӣ намудани он барои мукаммал гардидани бозори меҳнат, ғанӣ гардонидани буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва паст намудани шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
  3. Барномаи мазкур чорабиниҳо оид ба такмилдиҳии заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва бартараф намудани шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) ва паст кардани шиддати он, ташкили ҳамоҳангсозии фаъолияти идораҳои давлатӣ дар самти паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ), ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ба огоҳкунӣ ва пешгирии шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) равонагардида, таҳия ва амалисозии чорабиниҳо ҷиҳати иттилоотонии аҳолӣ аз таъсири манфии чунин намуди шуғл дар ҷомеа, таъмини интизоми устувор ва риояи тартиби андозсупориро дар бар мегирад.
  4. Иқтисоди бозаргонӣ бо ҳама бартарият ва арзишҳои худ зуҳуроти манфиро низ меофарад, ки аз бисёр ҷиҳат ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат таъсир мерасонад, ки яке аз онҳо иқтисоди пинҳонӣ мебошад.
  5. Набудани шумораи кифояи ҷойҳои корӣ ё ҷойҳои кории маошаш паст ба он оварда мерасонад, ки як қисми аҳолӣ истифодаи фаъолияти меҳнатии худро дар бахши ғайрирасмӣ - дар соҳибкорӣ ва фаъолияти инфиродӣ пайдо мекунанд. Аз рўи маълумоти тадқиқоти қувваи кории соли 2009 гузаронидашуда, дар бахши ғайрирасмӣ 49 фоиз (428,6 ҳазор нафар) ва дар бахши расмӣ - 51 фоиз (446,1 ҳазор нафар) ба кор машғул буданд. Зиёда аз 77 фоизи аҳолии дар бахши ғайрирасмӣ машғул дар асоси фаъолияти инфиродӣ кор мекунанд.
  6. Ба ғайр аз шуғли ғайрирасмӣ як қисми аҳолӣ дар бахши расмӣ бе бастани шартномаи меҳнатии хаттӣ ва ё бе ҳуқуқи истифодаи рухсатии меҳнатӣ, ё бе пардохти кўмакпулиҳои иҷтимоӣ, яъне ба шуғли ғайрирасмӣ машғуланд, ки ин 42,0 ҳазор нафар ё 9,4 фоизи аҳолии дар бахши расмӣ машғулбударо ташкил медиҳад.
  7. Асосан шуғли ғайрирасмӣ дар соҳаи савдо (95,3 фоиз), нақлиёт (70,8 фоиз) ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ (69,1 фоиз) бе назардошти соҳаи кишоварзӣ паҳн гаштааст. Теъдоди аҳолии ба шуғли ғайрирасмӣ ҷалбгардида аз ҳисоби мардон 60, 4 фоиз ва аз ҳисоби занон 39,6 фоизро ташкил карда, теъдоди ҷавонони (15-29 - сола) қобили меҳнат 69,1 фоизро ташкил медиҳад.
  8. Дар минтақаҳо шуғли ғайрирасмӣ бештар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (57,2 фоиз), вилояти Суғд (55,5 фоиз) ва вилояти Хатлон (56,2 фоиз) паҳн гаштааст. Дар шаҳри Душанбе шуғли ғайрирасмӣ 48,2 фоиз ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 32,8 фоизро ташкил медиҳад.
  9. Музди кори паст аҳолиро маҷбур месозад, ки манбаи даромади иловагӣ ҷустуҷў намоянд, ки яке аз инҳо кори иловагӣ мебошад (ё ин ки шуғли дубора). Паҳншавии шуғли дубора тамоюл ба афзоиш дорад. Масалан, агар аз рўи маълумоти тадқиқоти қувваи кории соли 2004 177,2 ҳазор нафар кори иловагӣ дошта бошанд, пас дар соли 2009-ум шумораи онҳо 1,5 баробар зиёд шуда, 272,7 ҳазор нафарро ташкил дод. Сатҳи шуғли дубора дар соли 2004- 8,3 фоизи шумораи аҳолии машғул ва дар соли 2009- ум 14,7 фоизро ташкил дод.

Илова бар ин, 21,1 фоизи аҳолии бо кор машғул (392,0 ҳазор нафар) дар ҷустуҷўи кори иловагӣ буда, 42,5 фоиз мехоҳанд ба ғайр аз кори ҳаррўза кори иловагӣ дошта, 35,3 фоиз кори иловагии давомнокиаш зиёдтар ва 22,1 фоиз майл ба пайдо кардани соати зиёдтарро дар ҷойи кори аслиашон доранд.

  1. Шумораи занони дорои кори иловагӣ дар ин давра қариб 2 баробар зиёд шуда, 134,5 ҳазор нафар ва мардон 32,0 фоиз зиёд шуда, 138,2 ҳазор - нафарро ташкил доданд. Таносуби ашхоси кори иловагӣ дошта нисбат ба шумораи умумии ба кор машғул дар миёни мардон ва занон қариб 2 баробар афзуда, мутаносибан 13,1 фоиз ва 16, 8 фоизро ташкил дод.
  2. Ба ҳисоби миёна дар кори иловагӣ аҳолии бо кор машғул иловатан 15 соат дар як ҳафта кор мекунанд (ё ин ки 3 соат дар як рўз).
  3. Доираи истифодабарии кори иловагӣ, ки асосан дар бахши хусусии иқтисодиёт мебошад, зиёда аз 92 фоиз (дорои кори иловагӣ) дар кишоварзӣ, зиёда аз 7 фоизи боқимондаро машғули соҳибкории инфиродӣ дар соҳаҳои саноати коркард ва хизматрасонӣ (дар савдо, нақлиёт ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ) ташкил кардаанд.
  4. Кори иловагӣ дар ҳамаи минтақаҳо афзудааст, ғайр аз вилояти Суғд, ки дар он ҷо шумораи кори иловагидоштагон 17,9 фоиз кам шуда, 89,9 ҳазор нафарро ташкил додааст.
  5. Шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун поймолкунандаи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ дорои унсурҳои таҳдид ба амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мебошад.
  6. Рўзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро дар ин самт меандешад.
  7. Маҷмўи чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт пеш аз ҳама дар ҳамроҳ гардидан ва ба тасвиб расонидани санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла:

- Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак аз 20 ноябри соли 1989;

- Конвенсияи №182 Ташкилоти байналмилалии меҳнат "Дар бораи аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдак" аз 1 июни соли 1999;

- Конвенсияи №29 Ташкилоти байналмилалии меҳнат "Дар бораи меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ" аз 28 июни соли 1930;

- Конвенсияи №105 Ташкилоти байналмилалии меҳнат "Дар бораи барҳамдиҳии меҳнати маҷбурӣ" аз 25 июни соли 1957 ва ғайра.

 

2. Мақсад ва вазифаҳо

 

  1. Мақсади асосии Барномаи мазкур амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ба шуғли расмӣ ҷалб намудани аҳолии қобили меҳнат, таъмини кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи омории қувваи корӣ, ғанӣ гардонидани буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  2. Вазифаҳои асосии Барномаи мазкур иборатанд аз:

- мукаммалсозии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва бартараф намудани шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) ва паст кардани шиддатнокии он;

- ташаккули ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар самти паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ);

- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ба огоҳкунӣ ва пешгирии шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) нигаронидашуда;

- таҳия ва амалисозии чорабиниҳо ҷиҳати иттилоотонии аҳолӣ оид ба таъсири манфии шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) ба ҷомеа;

- таъмини интизоми устувор ва риояи тартиби андозсупорӣ.

 

3. Натиҷаҳои иҷрои чорабиниҳои Барнома дар солҳои 2015-2017

 

  1. Амалигардонии Барномаи мазкур бояд ба инҳо мусоидат намояд:

- паст гардидани шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ);

- ба шуғли расмӣ ҷалб гардидани шаҳрвандони қобили меҳнат;

- равона намудани маблағҳои буҷети давлатӣ барои татбиқи барномаҳои мушаххаси беҳсозии сатҳи некўаҳволии мардум;

- кам намудани эҳтимолияти маблағгузории иловагии воситаҳои буҷетӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ;

- зиёд гардидани сарчашмаҳои нави андозбандишаванда ба буҷети давлатӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ;

- таъмини шаҳрвандон бо ҳифзи иҷтимоии арзанда дар давраи пиронсолӣ, маъюбӣ ва дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории амалкунанда муайян кардааст;

- ташаккули механизми баҳисобгирии воқеии ҷойҳои корӣ, инчунин тартиби барҳамдиҳии ҷойҳои корӣ.

 

4. Татбиқи Барнома ва назорати иҷрои он

 

  1. Масъулини таъмини иҷрои Барнома вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд, ки ҷараёни иҷрои онро ҳар сол дар ҷаласаҳои ҷамъбастӣ баррасӣ намуда, аз натиҷаи он ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷамъбаст ва пешниҳоди минбаъда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоянд.
  2. Назорати иҷрои Барномаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазоратҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ анҷом медиҳанд.
  3. Нақшаи татбиқи Барномаи маҷмўии паст кардани шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 замима мегардад.

 

Замима

Нақшаи татбиқи Барномаи маҷмӯии паст кардани шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ)  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017

 

р\

т

Номгӯи чорабиниҳо

Мӯҳлати иҷро

Иҷрокунандагон

Шарикони иҷтимоӣ

Натиҷаҳои чашмдошт

1.Такмилдиҳии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва бартараф намудани шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) ва кам кардани оқибатҳои он

1.

Гузаронидани таҳлили меъёрҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятии корфармоён барои риоя накардани қонунгузории меҳнат ва дар ҳолати зарурат ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо

июли соли 2015

ВММША, ВРИС, КА, АОПЧТ, ПГ, СО, ММКПҶТ

ФИКМ, ИК, ТБМ

Таҳлил гузаронида шуда, меъёрҳо мушаххас ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад

2.

Гузаронидани таҳлили меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешбинӣ намудан ва пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои ба шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) ҷалб намудани шаҳрвандон                                        

августи соли 2015

ПГ, СО, ВА, ВРИС,

ммқпҷт

ФИКМ, ИК,ТБМ

Таҳлилҳо гузаронида шуда, лоиҳаҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад

3.

Гузаронидани таҳлили меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва барҳамдиҳии ҷойҳои корӣ, пешниҳоди ҷойҳои холии корӣ

сентябри соли 2015

ВММША, ВРИС, КА АОПҶТ,     ПГ, СО.ММҚПҶТ

ФИКМ, ИК, ТБМ

Талил гузаронида шуда, тартиб ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад

4.

Гузаронидани тадқиқоти қувваи корӣ барои муайян намудани ҳолати воқеии бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ноябри соли2015

АОПҶТ, ВММША

ИК, ТБМ

Тадқиқот гузаронида шуда, натиҷаи он ба баррасии Ҳукумаги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад

2. Ташаккули ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти паст кардани шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ)

5

Таҳияи пешниҳодот барои таъсиси Комиссияи байниидоравӣ ҷиҳати паст кардани шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ)

феврали соли 2015

ВММША, ВРИС, КА, АОПҶТ

ФИКМ; ИҚ ТБМ

Таклиф барои таъсиси Комиссия пешниҳод мегардад

6

Қабули нақшаи якҷояи гузаронидани санҷишҳои ногаҳонӣ ҷиҳати ошкорсозӣ ва бартарафнамоии ба шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) ҷалб намудани шаҳрвандон

солҳои 2015-2017

ВММША, АОПҶТ, ПГ

ФИКМ, ИҚТБМ

Нақшаи якҷоя қабул ва татбиқ мегардад

 

3. Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ба огоҳкунӣ ва пешгирии шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) равонагардида

7

Таҳия ва пахши роликҳои иҷтимоӣ оид ба оқибатҳои шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар телевизион ва радио

солҳои 2015-2017

КТР, ВММША

ТБМ; ФИКМ, ИК

Роликҳои рекламавӣ таҳия ва пахш карда мешаванд

8

Таҳия ва нашри маводи маълумотӣ дар бораи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ)

солҳои 2015-2017

ВММША

КТР, ТБМ, ФИКМ

Маводи маълумотӣ таҳия ва нашр мегарданд

9

Паҳн намудани маводи маълумотӣ дар

солҳои

ВММША

ТБМ,

Маводи маълумотӣ паҳн

                     

 

 

байни шаҳрвандон

2015-2017

 

ФИКМ, ИК

карда мешавад

10

Ташкил ва гузаронидани семинарҳо барои корфармоён вобаста ба пешгирӣ кардани шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) ва оқибатҳои ба он ҷалб намудани шаҳрвандон

солҳои 2015-2017

ВММША, ПГ, КА

ТБМ, ФИКМ, ИК

Семинарҳои омӯзишӣ ташкил ва гузаронида мешаванд

11

Гузаронидани пурсиши шаҳрвандон барои муайян намудани сатҳи маълумотнокии онҳо дар бораи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) ва оқибатҳои он

солҳои 2015-2017

ВММША, КҶВС, ККЗО

   ТБМ; ФИКМ, ИК

Пурсиши шаҳрвандон гузаронида мешавад