Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2017, № 158

 

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯ, ИНТИХОБ ВА ҶОБАҶОГУЗОРИИ КАДРҲОИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲИСОБИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ЛАЁҚАТМАНД БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2022

 

1. Муқаддима

 

  1. Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 (минбаъд - Барнома) ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рўзи 6 марти соли 2015 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рўзи модар ва эълон гардидани соли 2015 "Соли оила" баён гардидаанд ва тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо", "Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила", Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегии соҳаи пешбурди баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа таҳия шудааст.
  2. Барнома ба татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани нобаробарии гендерӣ мувофиқи принсипҳо ва самтҳои Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон, Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он, Ҳадафҳои Рушди Устувор ва иҷрои дигар мақсаду вазифаҳои дорои хусусиятҳои гендерӣ нигаронида шудааст.

 

2. Таҳлили вазъи умумӣ

 

  1. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки барои беҳбуди вазъи занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.
  2. Аз рузҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ то ба имрўз бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" баҳри аз байн бурдани мушкилоти гендерӣ оид ба нақши зан дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.
  3. Таҳия, қабул ва амалигардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар самти беҳдошти вазъи занон, аз ҷумла Барномаи давлатии "Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20012010", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо", "Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила", Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва Барномаи давлатии пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зўроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намуданд.
  4. Бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, № 496 Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 қабул гардид, ки барои баланд гаштани обрўву нуфузи зани тоҷик дар арсаи сиёсат ва афзудани теъдоди занон дар сатҳи роҳбарикунанда замина гузошт.

 

3. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

 

  1. Мақсадҳои Барнома:

- амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳуқуқҳо ва имкониятҳо доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд;

- таъмини дастрасии занону духтарон ба хизмати давлатӣ;

- таъмини ҳуқуқи баробари мардон ва занон ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда;

- ҷалби бештари духтарон ба таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

- омода намудани кадрҳои ҷавон аз ҳисоби донишҷўдухтарон.

  1. Бо дарназардошти ҳадафҳои муайяншуда Барномаи мазкур иҷрои вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- баланд бардоштани дараҷаи рақобатпазирии занҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ;

- мусоидат намудан дар болоравии маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси масъулият ба вазифаи ишғолкарда, тарбияи ахлоқӣ ва ватандўстиву ватанпарастӣ;

- такмили механизмҳои ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занони лаёқатманд;

- таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо оила дар самти фаъолият оид ба тарбияи шоистаи фарзандон ва ҷалби духтарбачагони синни мактабӣ ба таҳсил;

- ҳавасмандгардонии донишҷўдухтарони лаёқатманд;

- бартараф намудани номувофиқатии таносуби касбӣ бо роҳи таҳия намудани механизмҳои мусоидаткунанда барои гирифтани ихтисосҳое, ки талабот ба онҳо зиёд аст;

- рушди ҳамкории сохторҳои давлатии соҳавӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаи баланд бардоштани неруи занон дар соҳаи хизмати давлатӣ;

- фаъол гардонидани нақши воситаҳои ахбори омма дар масъалаи бартараф намудани қолабҳои гендерии тақсими нақшҳои мардон ва занон дар ҷомеа, ташаккул додани имиҷи зан-роҳбар.

 

4. Самтҳои асосии амалигардонии Барнома

 

  1. Амалигардонии Барнома амалӣ намудани тадбирҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки кафолатҳои давлатии намояндагии баробари занону мардонро дар зинаҳои гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла дар сатҳи қабули қарорҳо таъмин менамоянд;

- мунтазам нав ва пурра намудани махзани кадрӣ аз ҳисоби занону духтарон барои хизмати давлатӣ аз рўи ихтисосҳо;

- гузаронидани таҳлили гендерии интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар ҳама сатҳи мақомоти ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судӣ;

- баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, малакаи касбӣ ва фаъолнокии худи занон;

- бештар ҷалб намудани духтарон ба таҳсил дар синфҳои болоӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

- мунтазам гузаронидани мониторинг ва арзёбии вазъи пешбарии занон ба вазифаҳои роҳбарӣ;

- ташкили курсҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ;

- ташкили барномаҳои таълимӣ бо истифода аз технологияҳои нав ва усулҳои фаъоли таълим барои занон дар заминаи курсҳои бозомўзии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таҳияи модулҳое, ки ба баланд бардоштани қобилияти худбаҳодиҳии занон дар раванди идоракунии давлат ва мақомоти маҳаллӣ равона гардидаанд;

- зиёд намудани квотаҳои президентӣ барои духтарон аз рўи ихтисосҳои менеҷмент, технологияҳои коммуникатсионӣ, саноати кўҳкорӣ, энергетика ва кишоварзӣ;

- амалӣ намудани нақшаҳои муштарак бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон;

- таъмини иштироки занону духтарон дар курсҳои такмили ихтисос ва таҳсил дар хориҷи кишвар бо мақсади бозомўзӣ ва табодули таҷрибаи онҳо;

- тавсеаи барномаю лоиҳаҳои муштарак бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешбарии занон ба мақомоти роҳбарикунандаи ҳизбҳои сиёсӣ;

- баргузор намудани чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ оид ба амалисозии баробарии гендерӣ ва бартарафсозии қолабҳои гендерӣ дар ҳама табақаҳои ҷомеа;

- таҳияи барномаҳо, омода ва намоиши наворҳо доир ба мавзўи иҷтимоӣ дар шабакаҳои давлатии телевизион ва радио, чопи мавод дар рўзномаву маҷаллаҳо дар бораи зарурати бартарафсозии қолабҳо оид ба нақши мардон ва занон дар ҷомеа;

- таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ оид ба муаррифии ҳаёт ва фаъолияти занони муваффақи роҳбар.

 

5. Мониторинг ва арзёбии амалигардонии Барнома

 

  1. Мақсади мониторинг ва арзёбӣ ин таъмини иттилооти саривақтӣ, пурра ва саҳеҳ дар бораи рафти амалигардонии Барнома ва самаранокии он, фароҳам овардани замина барои қабули қарорҳо оид ба идоракунии рафти иҷрои Барнома мебошад.
  2. Мониторинг ва арзёбии рафти амалигардонии Барномаи мазкур дар асоои нишондиҳандаҳои зерин гузаронида мешавад:

- нишондиҳандаҳои равандӣ иҷрои чорабиниҳое, ки дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он пешбинӣ гардидаанд;

- нишондиҳандаҳои захираҳои сарфшаванда, ки сиёсати ҷалб ва тақсимоти захираҳои молиявии барои амалигардонии Барнома истифодашавандаро инъикос мекунанд;

- нишондиҳандаҳои натиҷаҳои ниҳоӣ, ки тағйир ёфтани вазъи амалисозии стратегияҳои давлатии қабулшударо мувофиқи вазифаҳои бамиёнгузоштаи Барнома тавсиф менамоянд;

- мониторинги Барнома дар асоси татбиқи чорабиниҳо ва аз рўи захираҳои молиявии масрафшаванда барои ҳар як чорабинӣ гузаронида мешавад.

 

6. Натиҷаҳои пешбинишаванда

 

  1. Натиҷаҳои асосии пешбинишавандаи амалигардонии Барнома инҳо мебошанд:

- амалисозии маҷмўи тадбирҳои қонунгузорӣ ва ниҳодӣ, инчунин дигар механизмҳои ҷалби занҳо ба раванди қабули қарорҳо, аз ҷумла ҷорӣ намудани принсипи квотаҳои безарар дар гузаронидани озмун барои ишғол намудани вазифаҳои маъмурӣ;

- камшавии тафовути гендерӣ дар масъалаи дастрасии мардону занон ба гирифтани таҳсилоти касбӣ, хусусан аз рўи ихтисосҳои сатҳи идоракунӣ;

- таъмини мунтазами нав ва пурра гардонидани махзани маълумот оид ба захираи кадрҳо барои хизмати давлатӣ бо намояндагии баробари номзадҳо аз ҳисоби мардону занон аз рўи соҳаҳо ва дараҷаҳои мансабҳои давлатӣ;

- омодакунии ҳисоботҳои ҳарсола оид ба натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии иҷрои Барнома;

- ҷорӣ намудани курсҳои махсус оид ба масъалаҳои гендерӣ дар барномаҳои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- то соли 2022 зиёд гаштани шумораи занҳо дар байни хизматчиёни давлатӣ то 40 фоиз ва дар байни роҳбарон то 30 фоиз.

 

7. Маблағгузории Барнома

 

  1. Маблағи умумӣ барои амалӣ намудани Барнома барои солҳои 2017-2022 486 ҳазор сомониро ташкил медиҳад:

- барои соли 2017 76 ҳазор сомонӣ;

- барои соли 2018 78 ҳазор сомонӣ;

- барои соли 2019 80 ҳазор сомонӣ;

- барои соли 2020 82 ҳазор сомонӣ;

- барои соли 2021 84 ҳазор сомонӣ;

- барои соли 2022 86 ҳазор сомонӣ;

  1. Маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби дигар манбаъҳои ғайрибуҷетие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷалб карда мешаванд.

 

Замимаи 2

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2017, № 158

 

 

 

Нақшаи чорабиниҳо

оид ба амалигардонии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои

роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд

барои солҳои 2017-2022

 

Ҳадафҳои стратегӣ

р/т

Номгӯи чорабиниҳо

Муҳлати иҷро

Масъулин

Нишондиҳандаҳо

 

1. Такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои занон дар самти дастрасӣ ба хизмати давлатӣ

1.1.

Ташкили гурӯҳи коршиносии муштарак дар самти ташхиси гендерии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои занон дар самти дастрасӣ ба хизмати давлатӣ

Март-апрели соли

2017

Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ

(дар мувофиқа)

Мавҷудияти гурӯҳи коршиносӣ

 

 

1.2.

Таҳияи дастуру усулҳо оид ба гузаронидани ташхиси гендерии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Соли 2017

Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Усулҳо ва дастурҳои дахлдор тасдиқ шудаанд

 

 

1.3.

Гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ ва ҷамъиятӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини баробарии воқеии занон ва мардон

(дар мувофиқа)

Ҳамасола

Дасттоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Баргузории ҳамасола на кам аз 2 муҳокимаи ҷамъиятӣ

 

 

1.4.

Гузарониданит таҳлили гендерии раванди ташаккул ва истифодаи захираи кадрҳо ва таҳияи пешниҳодот оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии дахлдор

Солҳои 2017-2018

Кумитаи кор бо занон ва оила, ташкилотҳои ҷамъиятӣ

(дар мувофиқа)

1. Мавҷуд будани   ҳисобот аз рӯи            

натиҷаҳои ташхиси гендерӣ

2. Мавҷуд будани санадҳои меъёрии   ҳуқуқӣ бо дарназардошти омилҳои гендерӣ

 

2. Такмили  механизмҳои ҳамкории Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон

2.1.

Мунтазам гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии сиёсати соҳавӣ оид ба коҳишёбии нобаробарии гендерӣ

Солҳои 2017-2022

Кумитаи кор бо занон ва оила,      Агентии хизмати          давлатӣ, вазорату        идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Мавҷуд будани ҳисоботҳои паҳншудаи ҳамасолаи вазорату идораҳо

 

 

2.2.

Мунтазам нав ва пурра намудани махзани кадрӣ аз ҳисоби занону духтарон барои хизмати давлатӣ аз рӯи ихтисосҳо

Солҳои 2017-2022

Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, вазорату идораҳо

Мавҷуд будани махзани кадрӣ аз ҳисоби занону духтарон барои хизмати давлатӣ аз рӯи ихтисосҳо

 

 

2.3.

Ташкили сафарҳои хизматӣ бо мақсади омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар масъалаҳои пешбарии сиёсии занон

Солҳои 2017-2022

Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ,  созмонҳои байналмилалӣ      

(дар мувофиқа)

Теъдоди сафарҳои хизматӣ бо мақсади омӯзипш таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар масъалаҳои пешбарии сиёсии занон

 

3. Васеъ намудани имкониятҳои духтарон оид ба дастрасӣ ба таҳсилоти касбие, ки талабот ба онҳо дар сатҳи кадрҳои

роҳбарикунанда

зиёд аст

 

 

 

3.1.

Гузаронидани таҳлили гендерӣ оид ба дастрасии ҷавонон ва духтарон ба гарифтани таҳсилоти касбӣ бо дарназардошти ихтисосҳое, ки талабот ба онҳо зиёд аст

Ҳамасола

Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати маориф ва илм, ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Мавҷудияти ҳисоботи таҳлилӣ   оид ба дастрасӣ          ба гирифтани таҳсилоти касбӣ бо

дарназардошти ихтисосҳое, ки талабот ба онҳо дар сатҳи роҳбарикунанда зиёд аст

 

3.2.

Омода намудани пешниҳодот оид ба зиёд намудани квотаҳои президентӣ барои духтарон ба ихтисосҳои  менеҷмент, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, кишоварзӣ ва пайгирии ҳамасолаи ҳолати таносуби квотаҳои ҷудогардида

Июни соли 2017

Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила

1. Мавҷудияти қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти зиёд намудани квота барои духтарон ба ихтисосҳои номбаршуда

2. Таносуби квотаҳои президентии ҷудогардида барои духтарон ва   писарон ба ихтисосҳои номбаршуда

 

3.3.

Гузаронидани мониторинги вазъи ба мансабҳои роҳбарикунанда пешбарӣ

шудани занону духтароне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсилоти олиро гирифтаанд

Соли

2018

Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ,

мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Мавҷудияти ҳисоботи таҳлилӣ   оид ба вазъи               ба мансабҳои роҳбарикунанда      пешбарӣ шудани    занону духтароне,       ки тибқи       квотаи президентӣ таҳсилоти олиро гирифтаанд

 

 

 

 

3.4.

Гузаронидани тадқиқот ҷиҳати ба таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ фаро гирифтани духтарон ва муайян намудани сабабҳои аз таҳсил дур мондани духтарон

Мунтазам

Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо занон ва оила, Маркази тадқиқоти стратегӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ      

(дар мувофиқа)

Мавҷудияти ҳисоботҳои омодагардида аз рӯи натиҷаҳои тадқиқоти гузаронидашуда

 

3.5.

Ташкили таҳсили духтарон дар муассисаҳои пешрафтаи таҳсилоти олии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дур

Солҳои 2017-2022

Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо занон ва оила, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Мавҷудияти махзани маълумот      оид ба мутахассисоне, ки                   дар муассисаҳои пешрафтаи таҳсилоти олии

кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва   хориҷи дур таҳсил намудаанд

 

4. Таҳияи маҷмӯи чораҳо оид ба тақвияти неруи занони сарвар, хизматчиёни давлатӣ аз захираи кадрҳо дар самти баланд бардоштани малака ва донишҳои роҳбарӣ

 

 

 

4.1.

Таҳким бахшидани фаъолияти Шӯрои духтарон тавассути ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ, аз қабили вохӯрӣ бо занон-роҳбарон, адибон ва шахсони барӯманд, ташкили шабнишиниҳо, мизҳои мудаввар  ва конференсияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ

Солҳои 2017-2022

Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо    занон ва оила, ташкилотҳои ҷамъиятӣ             

(дар мувофиқа)

Теъдоди чорабиниҳои гузаронидашуда

 

4.2.

Тавсеаи таҷрибаи баргузории курсҳо аз рӯи барномаи

"Зан-сарвар"

Солҳои 2017-2022

Агентии хизмати давлатӣ, Донишкадаи идоракунии давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Теъдоди духтарон         ва заноне, ки дар курсҳои мазкур таҳсил намудаанд

 

4.3.

Гузаронидани курсҳои омӯзиши такмили ихтисос аз рӯи барномаи "Менеҷменти нави давлатӣ" бо истифода аз технологияҳои нав ва усулҳои интерактивии омӯзиш барои занон аз захираи кадрҳо

Солҳои 2017-2022

Донишкадаи идоракунии давлатӣ, Агентии хизмати давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Теъдоди заноне, ки дар курси "Менеҷменти нави     давлатӣ" таҳсил намудаанд

 

4.4.

Гузаронидани курсҳои "Мактабҳои сарварӣ" барои занҳои сарвар дар сатҳи маҳал

Солҳои 2017-2022

Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ

(дар мувофиқа)

Теъдоди духтарон         ва заноне, ки

дар курсҳои "Мактабҳои сарварӣ" дар сатҳи маҳал таҳсил намудаанд

 

 

 

 

4.5.

Гузаронидани курсҳои "Мактаби сарварони ҷавон" дар заминаи Шӯрои духтарони назди Кумитаи кор бо занон ва оила барои донишҷӯдухтарони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

Солҳои 2017-2022

Кумитаи кор бо занон ва оила, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои

байналмилалӣ

(дар мувофиқа)

Теъдоди хатмкунандагони         "Мактаби сарварони ҷавон",    ки ба рӯйхати захираи кадрӣ        ворид карда    шудаанд ва ба вазифаҳои роҳбарии

мақомоти худадоракунии маҳаллӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъин гардидаанд

 

4.6.

Ҳавасмандгардонии донишҷӯдухтарони лаёқатманди муассисаҳои    таҳсилоти олии касбӣ,   муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти    миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо идрорпулиҳо

Ҳамасола

Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Теъдоди духтароне, ки соҳиби идрорпулиҳо гардидаанд

 

 

4.7.

Ташкили семинарҳо ва тренингҳои омӯзишӣ бо мақсади фаъолгардонии занон, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва малакаи касбии онҳо

Мунтазам

Кумитаи кор бо занон ва оила, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ

(дар мувофиқа)

Теъдоди семинару тренингҳои гузаронидашуда

 

5. Рушди ҳамкориҳои сохторҳои соҳавии

давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаи баланд бардоштани неруи занон дар хизмати давлатӣ

 

 

5.1.

Таҳия ва амалӣ намудани нақшаҳои муштарак  бо

ташкилоти ҷамъиятӣ дар самти тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон

Солҳои 2017-2022

Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии

хизмати давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ,   созмонҳои байналмилалӣ

(дар мувофиқа)

Мавҷудияти нақшаҳои

муштарак бо намояндагони Ташкилоти ҷамъиятӣ  ва Ташкилоти байналмилалӣ

 

5.2.

Баргузории муҳокимаҳои якҷояи ҷамьиятӣ оид ба масъалаҳои пешбарии занон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷалб намудани онҳо ба равандҳои қабули қарор

Солҳои 2017-2022

Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ

(дар мувофиқа)

Теъдоди муҳокимаҳои ҷамъиятии гузаронидашуда     оид ба масъалаҳои пешбарии занон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷалб намудани онҳо ба равандҳои қабули қарор

 

 

Гузаронидани тренинг ва семинарҳои муштарак ва дигар барномаҳои омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани неруи занон аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аъзои ҳизбҳои сиёсӣ

Солҳои 2017-2022

Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, Донишкадаи идоракунии давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои байналмилалӣ

(дар мувофиқа)

1. Теъдоди тренингҳо ва семинарҳои муштараки гузаронидашуда

2. Теъдоди занон-иштирокчиёни

тренингу семинарҳо        аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аъзои     ҳизбҳои сиёсӣ

 

 

 

 

 

5.4.

Ташкил ва фаъолияти маҳфилҳои мубоҳисавии муштараки "Нақши занон дар идоракунии давлат" бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ

Солҳои 2017-2022

Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ (дар мувофиқа)

1. Теъдоди

маҳфилҳои мубоҳисавии ташкилшуда

2. Теъдоди иштирокчиёни ҷаласаҳои маҳфилҳои мубоҳисавӣ

3. Саҳми занон дар сатҳи роҳбарияти ҳизбҳои сиёсӣ

 

6. Бартараф намудани қолабҳои гендерӣ дар тақсимоти нақши мардон ва занон дар ҷомеа, ташаккули имиҷи мусбати

зан-роҳбар

6.1.

Баргузор намудани чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ оид ба пешбурди баробарии гендерӣ ва бартарафсозии қолабҳои гендерӣ дар тамоми қишрҳои ҷомеа

Солҳои 2017-2022

Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи оид ва корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Кумитаи телевизион ва   радио, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои

байналмилалӣ

(дар мувофиқа)

1. Теъдоди чорабиниҳои гузаронидашуда

2. Теъдоди

занони ба чорабиниҳои

маърифатӣ фарогирифта шуда

 

 

6.2.

Дар барномаву гуфторҳои шабакаҳои давлатии телевизион ва радио, инчунин   тавассути воситаҳои        ахбори омма мунтазам тавзеҳот ва равшанӣ андохтан ба мавзӯи муҳимияти бартарафсозии қолабҳо дар бораи нақши мардон ва занон дар ҷомеа, ташаккули   имиҷи мусбати зан-роҳбар

Солҳои 2017-2022

Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ,  Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Кумитаи телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои

ҷамъиятӣ

Теъдоди барномаҳо дар шабакаҳои марказии телевизион ва радиои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ         дар бораи пешбарии воқеии баробарии занон ва мардон, ташаккули имиҷи    мусбати

зан-роҳбар

 

6.3.

Таҳияи барномаҳо, омода ва пахш намудани наворҳо дар мавзӯи иҷтимоӣ дар шабакаҳои давлатии телевизион ва радио, чопи мавод дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо дар бораи аҳамияти бартарафсозии қолабҳо оид ба нақши мардон ва занон дар ҷомеа

Солҳои 2017-2022

Кумитаи телевизион ва радио, Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо занон ва оила, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма   

(дар мувофиқа)

Теъдоди наворҳои омодашуда ва пахшгардида, маводи чопӣ дар воситаҳои ахбори омма дар бораи бартарафсозии қолабҳо оид ба на мардон ва занон дар ҷомеа

 

7. Баланд бардоштани    нақши воситаҳои       ахбори омма дар ташаккули афкори     омма дар бартарафсозии қолабҳои гендерӣ. Баланд бардоштани неруи рӯзноманигорон бо мақсади тақвияти таъсиррасонӣ ба қолабҳои гендерии нақши мардон ва занон дар ҷомеа

7.1.

Дар воситаҳои ахбори омма инъикос намудани намунаҳои фаъолияти пурмаҳсули занон дар сиёсат, иқтисодиёт ва ҳаёти ҷамъиягӣ

Мунтазам

Кумитаи телевизион ва    радио, Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо занон ва оила, ташкилотҳои ҷамъиятӣ,    воситаҳои ахбори омма

Теъдоди мавод оид ба инъикоси фаъолияти пурмаҳсули занон дар сиёсат, иқтисодиёт ва ҳаёти ҷамъиятии ҷумҳурӣ

 

 

7.2.

Баргузории ҳамасолаи озмун байни рӯзноманигорони радио ва телевизион оид ба барномаи беҳтарини "Нақшҳои гендерӣ: қолабҳо ва воқеият"

Ҳамасола

Кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Иттифоқи журналистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ,   созмонҳои

байналмилалӣ

(дар мувофиқа)

Баргузории ҳамасолаи озмун ва рӯйхати ғолибони озмунҳо

 

 

7.3.

Гузаронидани мониторинги ҷамъиятӣ ва арзёбии нақши воситаҳои ахбори омма дар бартарафсозии қолабҳои гендерӣ дар ҷомеа

Солҳои 2017-2022

Кумитаҳои кор бо занон ва оила, телевизион ва радио ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ

(дар мувофиқа)

Мавҷудият ва паҳн    намудани ҳисобот   аз рӯи натиҷаҳои мониторинги

ҷамъиятӣ ва арзёбии нақши воситаҳои ахбори омма дар бартарафсозии қолабҳои гендерӣ         дар ҷомеа

 

 

7.4.

Бунёд ва рушди шабакаи маҳфилҳои иттилоотӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва баргузории тренингҳои

мунтазам оид ба баланд бардоштани маълумотнокии гендерии рӯзноманигорони ҷумҳурӣ

Солҳои 2017-2022

Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо занон ва оила, Иттифоқи журналистон,

воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ

(дар мувофиқа)

1. Теъдоди маҳфилҳои иттилоотии таъсисёфта оид ба     масъалаҳои

гендерӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ

2. Теъдоди рузноманигороне,         ки аз тренингҳои омӯзишӣ гузаштаанд

 

 

7.5.

Хониши ҳатмии курсҳои махсус оид ба сиёсати  гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултаҳои рӯзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ

Солҳои 2017-2022

Вазорати маориф ва илм

Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ба барномаҳои таълимии факултетҳои рӯзномани-гориашон      курсҳои махсус   оид ба сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид        карда шудааст

 

8. Мунтазам гузаронидани мониторинг ва арзёбии иҷрои Барнома

8.1.

Ташкили таҳлили гендерӣ оид ба намояндагии занон дар мақомоти иҷроия, қонунгузор ва судӣ дар тамоми сатҳҳо, аз он

Ҳамасола

Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, Суди Олӣ, Агентии омор, мақомоти нҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Мавҷуд будани ҳисобот оид ба натиҷаҳои таҳдиди гендерӣ бо пешниҳодоти таҳияшуда

 

 

 

8.2.

Омода намудани ҳисоботҳои ҳамасола оид ба натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии ҳолати пешбарии занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва амалишавии Барнома

Ҳамасола

Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

1. Мавҷуд будани ҳисоботи ҳамасола оид ба натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии ҳолати пешбарии занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда   ва иҷрои Барнома 2. Маблағҳои барои иҷрои Барнома сарфшаванда аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҷалби дигар манбаъҳои маблағгузории ғайрибуҷетӣ

 

 

 

8.3.

Гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ва дигар чорабиниҳо вобаста ба баррасии натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии ҳолати пешбарии занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва амалишавии Барнома

Ҳамасола

Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Миқдори муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ва дигар чорабиниҳои гузаронида шуда     оид ба баррасии натиҷаҳои мониторинг ва арзёбӣ

 

8.4.

Ҷойгир намудани натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии иҷрои Барнома ва ҳолати пешбарии занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар торномаҳои Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар манбаъҳои иттилоотӣ

Ҳамасола

Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии хизмати давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Ҷойгир намудани ҳисоботҳои ҳамасола оид ба натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии иҷрои Барнома ва ҳолати пешбарии занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар торномаҳо