ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯ, ИНТИХОБ ВА ҶОБАҶОГУЗОРИИ КАДРҲОИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲИСОБИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ЛАЁҚАТМАНД БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2022

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
  2. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалигардонии Барномаи мазкур муайян карда шавад.
  3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалигардонии Барномаи зикршударо дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда, аз ҷараёни иҷрои он ҳар нимсола ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот пешниҳод намоянд.
  4. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Барнома ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
  5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Барномаро дар доираи маблағҳои ба ин мақсад пешбинигардидаи буҷети давлатӣ таъмин намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                          Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 1 апрели соли 2017 № 158

ш.Душанбе