Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2012, №383
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ
ИСЛОҲОТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
1. Муқаддима
- Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ давраи ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардид. Аз соли 1992 инҷониб марҳилаи ба деҳқонон қисман ҷудо намудани заминҳои минтақаи кўҳистон ва наздикўҳӣ сар шуд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995, №342 ва аз 1 декабри соли 1997, №874 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба хоҷагидорон ҷудо карда шуд, ки ин амал ба таъминоти аҳолӣ бо озуқа мусоидати хуб кард. Мавриди қайд аст, ки пас аз қабул гардидани ин асноди мазкур як қисми бекори аҳолӣ ба кор ҷалб гардид, ки он барои ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ аҳамияти калон дошт. Бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996, №522 "Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ" қабул гардид ва дар раванди татбиқи он супориши давлатӣ ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ озод эълон гардид, ки ин ба соҳибихтиёрии хоҷагидорон барои парвариши маҳсулот мусоидат намуд.
- Ин ислоҳоти гузаронидашуда дар соҳаи кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳконӣ (фермерӣ) озодии интихоби парвариш намудани ҳама гуна зироатҳои кишоварзӣ, инчунин имконияти гузаронидани кишти такрориро дар майдонҳои холишудаи аксарияти маҳалҳо дода, ҳамзамон ҳал шудани масъалаи қарзи хоҷагиҳои пахтакор иқтидори ин соҳаро хеле афзун намуд. Гузариш ба тарзи нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, инчунин хусусигардонии амвол дар соҳаи кишоварзӣ ба тағйироти куллӣ оварда расонид. Имрўз дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба 54,3 ҳазор расида, аз ин миқдор 890 ададро ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), 819 ададро хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ ва 357 ададашро хоҷагиҳои кооперативӣ ташкил медиҳанд.
- Саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ мустаҳкам гардида истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол аз сол афзоиш ёфта истодааст. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2010 нисбат ба соли 1991 3,2 маротиба афзуда, дар маҷмўъ нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар соли 2010: аз ҷумла, ғалладона1261,1- пахта - 310,5, картошка - 760,1, сабзавот 1142,6, полезӣ - 482,4, мева - 225,4 ва ангур 124,3, гўшт - 143,2, шир - 660,7 ҳазор тонна ва тухм - 231,9 млн. донаро ташкил дод, ки ннсбат ба нишондодҳои соли 1991 ғайр аз пахта, гўшт, тухм дигар маҳсулот аз ҷумла ғалладона - 4,1 маротиба, картошка - 4,2 маротиба, сабзавот - 1,8 маротиба, полезӣ -2,8 маротиба, мева - 1,3 маротиба ва ангур - 1,0 маротиба зиёд мебошад. Саршумори чорвои калони шохдор 1896,7 ҳазор сар, гусфанду буз 4394 ҳазор сар, парранда 442,7 ҳазор сарро ташкил дод, ки мутаносибан нисбат ба соли 1991 1,3 маротибагӣ афзоиш ёфтааст.
- Бояд тазаккур дод, ки соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, дар солҳои охир новобаста аз таъсироти офатҳои табиӣ ва омилҳои бўҳронӣ дар сатҳи зарурии устувор қарор дошта, ба ҳисоби миёна 18 - 21% маҷмўи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд. Бо вуҷуди ҳамаи ин то ҳол масъалаҳои муҳими сиёсати аграрӣ, аз ҷумла номуайянин шаклҳои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, ки дар бахши иқтисодӣ асосӣ ҳисобида мешаванд, баррасӣ нашудаанд. Бинобар он бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ ва амалигардонии Фармонн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2009, №663 "Дар бораи чораҳои иловагии дастгирии бахши кишоварзӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як қарори дигарро аз 2 июли солп 2009, №406 "Дар бораи таҳияи Барномаи ислоҳоти бахши кишоварзӣ" қабул намуд.
- Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 (минбаъд - Барнома) ҷиҳати муайян кардани самтҳои стратегӣ ва усулҳои таъмини соҳаи кишоварзии сердаромад ва тамоили содиротидошта пешбинӣ шудааст, ки ин аз вазифаҳои умумии баланд бардоштани дараҷаи некўаҳволии мардуми деҳоти ҷумҳурӣ барои ноил гаштан ба амнияти озуқавории давлат ва таҳкими мавқеи он дар тақсимоти минтақавии меҳнат бармеояд. Барномаи мазкур дар заминаи чунин ҳуҷҷатҳои стратегии дар ҷумҳурӣ қабулшуда, ба мисли Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2010-2012, Барномаи амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст. Барнома тағйироти куллии солҳои охир дар сиёсати макроиқтисодӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодии бахши кишоварзӣ рўйдода, пурзўршавии таъсири равандҳои дар бозори ҷаҳонӣ ба вуҷудомада, инчунин вазъияти дар иқтисодиёти мамлакат вобаста ба бўҳрони молиявию иқтисодӣ ба амаломадаро ба назар мегирад. Ҳамаи ин зарурати баҳодиҳии имкониятҳои соҳаи кишоварзиро муайян намуда, мақсаду вазифаҳо ва самтҳои сиёсати аграрии ояндаи нисбатан дарозмўҳлатро аниқ карда, роҳу усулҳои илман асосноки рафъи нуқтаҳои алоҳидаи онро ташаккул медиҳад.
2. Масъалаҳои асосие, ки рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳуриро бозмедоранд
- То соли 1991 бахши хоҷагидории ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги биноҳои истеҳсолӣ, техникаи кишоварзӣ ва базаи таъмири он, инфрасохтори васеъ ва таҷҳизоти таъиноти иҷтимоию маишӣ, инчунин шабакаҳои васеи обёрию заҳбурканӣ, роҳҳо ва хаттҳои интиқоли барқ буд. ҳамчунин корхонаҳои давлатие фаъолият доштанд, ки ба корхонаҳои кишоварзӣ, чи аз ҳисоби давлат ва чи аз ҳисоби худи хоҷагиҳо корҳои сохтмониро анҷом доданд. Айни замон соҳибони фондҳои колхозу совхозҳо амалан аз байн рафтаанд ва ворисони ҳуқуқии онҳо аниқ муайян нагардиданд. Хоҷагиҳои деҳқонии хурду миёна бошанд, ворисони ҳуқуқии онҳо буда наметавонистанд, чунки онҳо шахсони ҳуқуқӣ маҳсуб наёфта, имконияти молиявии ба тавозуни худ гирифтан ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани ин иншоотҳоро надоштанд. Ҳамаи ин фондҳои асосӣ тибқи қонунгузорӣ бояд ба тавозуни вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои иҷтимоию маишӣ, маъмуриятҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо супорида мешуданд. Вале ин амал бо сабабҳои гуногун иҷро нагардид.
- Низоми сусти бонкӣ, сохтори ба қадри кофӣ рушднаёфтаи таъминоти моддию техникии кишоварзӣ, мавҷуд набудани механизми пешниҳоди субсидияҳо ба истеҳсолоти кишоварзӣ, низоми нави ҷойгиркунонии фармоишоти (маҷмўи умумии пешниҳодоту талаботи) хаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, набудани инфрасохтори кофии маркетинги кишоварзӣ ва номукаммалии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ рушди босуръати бахши кишоварзиро таъмин карда натавонист. Махсусан, таҳия ва такмили низоми маркетинги бозори кишоварзӣ, ҷадвали (тарификатсияи) воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва системаи стандартҳо доир ба истеҳсолот ва дараҷаи амнияти молҳои кишоварзӣ зарур буд. Ба ғайр аз ин камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар сохтори институтсионалӣ ва системаи идоракунии бахши кишоварзӣ унсурҳои низоми қадимаи маъмурию амрдиҳии шўравиро, ки аз даврони шўравӣ мерос мондаанд, нигоҳ доштанд. Дар замони норасоии захираҳои молиявӣ, ки бо бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ алоқаманд аст, ин мушкилот бештар ба назар аён гашт. Азбаски ташкилотҳои давраи шўравӣ таҷдид гардида, бар ивази онҳо сохторҳои самарабахши истеҳсолӣ ташкил наёфтанд, чунин тартиб то як дараҷаи муайян боиси ба вуҷуд омадани фазои маҳдуди (вакууми) сохторӣ гардид.
- Истеҳсолоти ҳозираи кишоварзӣ даромаднок ва самарабахш набуда, ҷойҳои кории устуворро ташкил намекунад, ки ин ба муҳоҷирати оммавии аҳолии қобили меҳнат оварда расонд. Имрўз аз рўи баҳодиҳии мавҷуда танҳо дар Федератсияи Россия қариб 1,2 миллион муҳоҷирони тоҷик (асосан мардон) кор мекунанд. Дар бахши кишоварзӣ тақрибан 550 ҳазор нафар одамон кор мекунанд, ки онҳо 20 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилиро истеҳсол мекунанд. Қариб 70 фоизи аҳолӣ мустақиман ё ғайри мустақим бо хоҷагии қишлоқ алоқамандӣ доранд. Аз сабаби дар сатҳи баланд қарор доштани муҳоҷират аксарияти аҳолии қобили меҳнатро дар деҳот занон ва пиронсолон ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз қисми зиёди корҳои хоҷагии қишлоқ аз ҷониби занон анҷом дода мешавад, ки дар бисёр ҳолат чун мардон аз ҳуқуқҳои худ, ба монанди андозаи саҳми замини хоҷагии деҳқонӣ, музди меҳнат, дастрасӣ ба маблағҳои молиявӣ ва қарзӣ истифода намебаранд. Инчунин нақши анъанавии зан дар сохтори иҷтимоӣ ба онҳо монеаҳо эҷод менамояд ва ў наметавонад дар баробари мардҳо аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя намояд. Бинобар ин хеле зарур аст, ки таваҷҷўҳи махсус ба талаботи занҳо оид ба дастрасии замин, хариду фурўши он, воситаҳои молиявӣ ва инчунин тақвияти малакаю баландравии сатҳи маълумотнокии онҳо дода шавад, то ки дар баробари мардҳо занон низ аз имкониятҳое, ки дар чорчўбаи ислоҳот пешниҳод мегардад, истифода бурда тавонанд. Дар навбати худ муваффақ гаштани ислоҳоти кишоварзӣ асосан аз то кадом андоза амалӣ гаштани имкониятҳои захиравии занҳо ва риоя гаштани ҳуқуқҳои онҳо дар ҳама самтҳои пешниҳод намудаи ислоҳот вобастагӣ дорад.
- Субсидияҳои (ёрии пули) давлатии дастгирии соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви, ки дар он воридот аз ҳисоби соҳаи хизматрасонӣ ва саноат сарчашмаҳои асосии ташакулёбии буҷетро ташкил медиҳанд, амалӣ карда мешаванд. Бо сабаби иҷро гаштани хадафҳои аввалиндараҷаи стратегии истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳаҷми субсидияҳои давлатӣ дар бахши кишоварзӣ нокифоя буд. Номукаммалии системаи идоракунӣ звенои поёнии идоракунии соҳаи кишоварзиро тадриҷан заиф гардонида, муносибатҳои якҷояшавии (интегратсионии) байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои молистеҳсолкунанда, корхонаҳои коркард ва шабакаҳои савдоро вайрон намуда, тақсимоти вазифаҳои мақомоти худидораи маҳаллиро дақиқ тартиб надода, иштироки ташкилотҳои чамъиятиеро, ки дар самти идоракунӣ манфиатҳои иктисодию сиёсии молистеҳсолкунандагони деҳотро намояндагӣ менамоянд, суст кард. Сардорони хоҷагиҳо аз ҷониби саҳмдорони ҳуқуқӣ заминистифобарандагон аз сабаби ба таври зарурӣ надонистани ҳуқуқҳои худ ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҷараёни қабули қарор ширкат намеварзанд ва инчунин тартиби муқарраргардидаи ҳисоботдиҳии мунтазами сардорони хоҷагӣ дар назди аъзоёни хоҷагӣ вуҷуд надорад. Дар ин ҷо маҷмўи монеаҳои иҷтимоӣ ва идоравӣ низ ҷой доранд. Соҳибони ҳуқуқҳои истифодабарандагони замине низ ҳастанд, ки ба шуғли ҳхавасманд нестанд. Дар баробари ин шахсоне низ мавҷуданд, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ заифанд ва имконияти ҷисмонии дар соҳаи кишоварзӣ кор кардан надоранд. Соҳибони "мавҷуднабудаи" ҳуқуқҳои истифобарандагони замине ҳастанд, ки дар ҷараёни фаъолияти хоҷагӣ ширкат надоранд. Ҳамчунин занҳое ҳастанд, ки ҳуқуқи истифодабарии заминро доранд, вале дар фаъолияти идораи хоҷагӣ ғайрифаъоланд ё умуман ҳавасманд нестанд. Айни замон мувофиқи қонунгузорӣ Сертификати заминистифодабарӣ ба хоҷагиҳо дода мешавад, ки дар он рўйхати ҳамаи саҳмдорони хоҷагӣ дарҷ гардидааст. Ба аъзоёни инфиродин хоҷагӣ бояд Шаҳодатномаи истифодаи саҳми замин дода шавад. Инчунин ҳолатҳое низ мушоҳида мегардад, ки баъзе аъзоёни хоҷагӣ ба руйхати саҳмдорони Сертификати истифодабарандагони замин шомил карда намешаванд.
- Ба рушди кишоварзӣ чунин омилҳои макроиқтисодӣ, ба монанди афзоиши нархи барқу сўзишворӣ ва дигар воситаҳои моддию техникӣ, ки дар соҳа истифода мешаванд, таъсири манфӣ мерасонад. Ин имконияти молистеҳсолкунандагони деҳотро барои вусъати такрористеҳсолкунии васеъ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, гузаштан ба технологияҳои нави сарфакунандаи захираҳо ва дар ин замина таъмин намудани модели рушди босуръати иқтисодиётро душвор мегардонад. Дар натиҷа чунин ҳолати ғайримуқаррарӣ - истифода нашудани заминҳои зиёди таъиноти кишоварзӣ дар шароити нарасидани маҳсулоти дохилӣ ва ҳаҷми афзояндаи воридоти он ба вуҷуд омадааст. Илова бар ин, афзоишёбии нархи маводи озуқа дар тамоми ҷаҳон давоми 15 моҳи охир ба вазъи амнияти озуқавории мамлакат таъсири манфӣ расонид.
- Тақвияти дифференсиатсияи (фарқияти) молистеҳсолкунандагони хоҷагии қишлоҳ аз рўи сатҳи даромад, муфлисшавии қисми зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бо тамоми оқибатҳои пайдошавандаи он, ба мисоли афзоиши бекорӣ, коҳишёбии истеҳсолот, бад шудани муҳити иҷтимоию равонӣ дар деҳот асосан бо сабаби парвариш намудани зироатҳои камдаромад ва дар навбати худ маҳсулнокии пасти кишоварзӣ дар робита бо ҳачми ками сармоягузорӣ, маҳдудияти дастрасӣ ба қарзҳо ва маблағгузории соҳаи кишоварзӣ, сифати пасти маводи кишоварзӣ ба монанди тухмӣ, нуриҳои минералӣ ва мушкилоти таъминоти об ҷиҳати обёрӣ ба назар мерасанд.
- Набудани инфрасохтори зарурӣ, нақлиёт, аз ҷумла бад будани ҳолати роҳҳо дар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин набудани дастрасӣ ба маълумотҳои бозорӣ, нокифоягии муташаккилии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), сохтори рушднаёфтаи бозори маҳсулоти кишоварзӣ ва душвории дастрасии молистеҳсолкунандагони хоҷагии қишлоқ ба он, мавҷуд набудани маҳорати маркетингӣ, афзоиши воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва хўрокворӣ ба амнияти озуқавории мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Истифода ва идоракунии ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ, номукаммалии муносибатҳои заминистӣфодабарӣ дар бахши кишоварзӣ, системаи сусти обёрӣ ба таназзулебии қисми ҳосилхезии хок, бадшавии ҳолати мелиоративии он ва афзудани заминҳои истифоданашуда оварда расонид. Истифодабарии ғайрисамарабахшонаи чарогоҳҳо, биёбоншавӣ, шўршавӣ, ботлоқшавӣ, таназзули таркиби хоки замин, ҳамаи ин дар якҷоягӣ ба бад шудани ҳолати экологии соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуд. Ҳамзамон суст гардидани назорат нисбати технологияи истеҳсолот ва сифати маҳсулоти хўрока ба истеҳсолоти кишоварзию саноатӣ ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонид. Тағйирёбии иқлим бори гарони дигарест, ки эҳтимол хатарҳои назаррасро барои фаъолияти иқтисодӣ, некўаҳволии ҷамъият ва муҳити атроф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш орад. Дар баробари дигар мушкилот дар роҳи рушди босубот ва дарозмўҳлати соҳаи кишоварзӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ низ як монеаи иловагӣ мебошад. Ҳамзамон таҳдидҳое, ки бо таъсири бўҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти мамлакат, ки ба сустшавии суръати умумии афзоиш ва рушди иқтисодӣ оварда мерасонанд ва дар навбати худ имкониятҳои давлатро ҷиҳати густариши инвеститсия дар соҳаи кишоварзӣ маҳдуд мегардонанд, зиёд мегарданд.
3. Мақсаду вазифаҳои Барнома
- Мақсади умумии Барнома ин татбиқи ислоҳот дар асоси иҷрои вазифаҳои афзалиятнок ва ҳалли мушкилоти асосие, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012, Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии қайд шудаанд, мебошад. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 оварда шудааст, ки рушди кишоварзӣ бо хароҷоти зиёд барои боркашонӣ ва обёрӣ, инкишофи нокифояи сохторҳои хизматрасон, ҳал нашудани мушкилоти маблағгузории низоми боркашонӣ ва обёрӣ маҳдуд мегардад, ки он боиси боқӣ мондани мушкилоти ҷиддӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ мегардад. Дар бахши рушди иқтисодии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 афзалиятҳои умумии он чунин муайян гардидаанд:
- тағйири самти сиёсати соҳавӣ барои ноилшавӣ ба хадаф ва афзалиятҳои миллӣ;
- диверсификатсия ва навсозии истеҳсолот, рушди рақобатнокӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ;
- таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунанда;
- коҳиш додани андозҳои иловагӣ ва монеаҳои маъмурӣ;
- ҳифзи муҳити атроф (истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои табиӣ, ба монанди замин ва об дар назар дошта шудааст).
- Мувофиқи вазифаҳои гузошташуда афзалияти асосие, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли2015 муайян гаштааст, ин беҳтар намудани вазъият дар соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии соҳаи кишоварзӣ тавассути таҳкими мавқеи бахши хусусӣ дар деҳот бо роҳи баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли пахта, рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таъмини ҳуқуқ ва кафолатҳои баробари заминистифодабарандагон ва барқарорсозию инкишофи системаи обёрӣ мебошад. Барои ноил шудан ба ки афзалиятҳо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2015 анҷомбахшии таҳия ва гузаронидани ҷараёни ислоҳоти замин, ҳамчун шарти қаблии асосӣ ва ҷузъиёти мусоидат бобати беҳдошти идоракунии захираҳои замин муайян гардидааст. Дар охир ҳамаи он ба афзоиши маҳсулнокии истеҳсолоти кишоварзӣ оварда мерасонад.
- Дар Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 барои расидан ба амнияти озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, чунин мақсадҳои асосӣ: "...афзоиши маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ ва баландшавии ҳосилнокии меҳнат..., аз ҷумла чунин соҳаҳои муҳим, яъне кишоварзӣ, идоракунии захираҳои об, ҳуқуқи истифодаи замин, ташкили ғизои солим ва дар маҷмўъ таъминотпи амнияти озуқаворӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, алалхусус дар деҳот" таъкид шудааст. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, ба ҳайси афзалияти асосӣ дар Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 такмилдиҳии ҷиддӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои замин ва об ишора гардидааст. Дар Стратегияи паст карданн сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 ба афзалиятнок шуморидани рушди инфраструктура ва манбаъ барои истеҳсоли маҳсулоти озуқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Дар Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 минбаъд қайд карда мешавад, ки зарурияти таъмини принсипи "Озодии интихоби зироати парваришшаванда", яъне озодии деҳқон ба интихоби парвариши ин ё он зироате, ки хоҳиши парвариши онро дорад ва зироатҳои талаботи бозорӣ бо роҳи додани имтиёз ва кафолат, мустаҳкам намудани заминаи моддию ҳуқуқӣ ва ташкили шароити мусоид барои фурўши маҳсулоти худ амалӣ карда шавад.
- Илова бар ин, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 масъалаҳо и гендериро дар ҳама бахшҳо эътироф ва муҳим шуморида, тарафдории худро ба усулҳои пешрафти рушди иқтисодӣ дар баробарҳуқуқии гендерӣ таъкид менамоянд, яъне ба баробарҳуқуқию афзалиятҳои ҳам мардҳо ва ҳам занҳо тавассути мустаҳкам намудани заминаи институтсионалӣ барои сиёсати гендерӣ ва таъсиси механизми самарабахш барои таъмини баробарӣ ва дастрасӣ ба захираҳо мусоидат менамоянд. Минбаъд, дар Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012, махсусан дарки хавф ва хатарҳои мавҷуда дар натиҷаи дигаргуншавии иқлим низ таъкид гашта, як қатор вазифаҳои муҳим, барои эътиногирии самаранок ба мисоли таҳияи заминаи меъёрии зарурӣ ҷиҳати мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим ва барқароркунии системаҳои куҳӣ, соҳилҳои дарёҳо ва биёбоншавии ҷангалҳо ҷиҳати мустаҳкамгардонии доманакўҳҳои теппаҳо ва мўътадилшавии раванди гидрологӣ дар баробари дигар вазифаҳо гузошта мешавад.
- Мутобиқи принсипҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 дар Барномаи амнияти озуқавории барои давраи то соли 2015 се афзалияти асосии барномавӣ муайян карда шудааст:
- таъминоти мавҷудияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба он (дастрасии воқеӣ ва иқтисодӣ) дар асоси рушди устувори соҳаи кишоварзӣ;
- таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъминоти аҳолӣ бо озуқаи солим (аз ҷумла, дар гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ);
- таъмини мўътадили озуқаворӣ.
- Мувофиқи ҳамаи ин Барнома барои ба хадафҳои таъмини амнияти озуқаворӣ расидан таъкид менамояд: "Такмили чораҳои дастгирии давлатӣ тақсимоти аниқи вазифаҳои давлат ва бахши хусусиро пешбинӣ менамояд". Барои ин зарур аст:
- таҳияи сиёсати бахши аграрие, ки ба гузариш аз вазифаи назораткунанда ба вазифаи ҳавасмандкунонӣ асос ёфтааст;
- баланд бардоштани масъулияти муасиссаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади коҳиш додани сатҳи сўистифодабарии ўҳдадориҳои мансабӣ ва вайрон кардани ҳуқуқҳои заминистифодабарандагон;
- пешгирии ҳолатҳои дахолати давлат ба раванди қабули қарорҳои истеҳсолӣ;
- таҳкими назорати давлатӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, таҳияи низомоти техникии амнияти озуқаворӣ (мувофиқи талаботи Кодекси Алиментариуси Созмони Миллали Муттаҳид) ва ҳамоҳангсозии стандартҳо.
Вазифаи умумии Барномаи мазкур расидан ба ду ҳадафи асосии миллӣ мебошад:
- рушди сермаҳсул ва даромадноки соҳаи кишоварзӣ дар асоси истифодабарӣ ва идоракунии устувори оқилонаи захираҳои табиӣ;
- гузаронидани ислоҳоти умумии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ислоҳоти сохтори ниҳодӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ.
- Барои расидан ба ҳадафҳои мазкур вазифаҳои мушаххас аз инҳо иборатанд:
- баланд бардоштани даромаднокии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бо роҳи интихоби озоди кишти зироат, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, №111 "Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009" ва таъмини озодии парвариши зироатҳои интихобнамуда ва фурўши маҳсулот дар маҳалли интихобнамудаашон тибқи талаботи бозор ва бе дахолати беруна, инчунин дастрасии баробарҳуқуқона ба замину об;
- ташкили шароити мусоиде, ки деҳқон истеҳсолкунандаи маҳсулоти озод мебошад;
- рушди минбаъдаи парвариши зироатҳои сердаромад;
- таъмини ҳуқуқ ба заминистифодабарии дарозмўҳлат, дар асоси принсипҳои одилона, бе ягон ҳуқуқпоймолкуниҳо, аз рўи аломатҳои ҷинсӣ, мансубияти этникӣ ва дигар меъёрҳо, бо воридоти тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафолати ҳуқуқ ба заминистифодабарии дарозмўҳлат, меросгузорӣ, иваз ва супоридани онро медиҳад;
- таҳияи механизми баҳодиҳии иқтисодии замин ва бозори амволи ғайриманқул, ки хариду фурўши Сертификати ҳуқуқи истифодабарии заминро пешбинӣ менамояд, инчунин додани имконияти ҳамчун гарав истифода бурдани ҳуқуқи заминистифодабарӣ ҷиҳати гирифтани қарз аз бонкҳо;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека" бо мақсади таъмини муҳофизати оддию муқаррарӣ ба қарздорон дар ҳолати муфлисшавӣ;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)" бо мақсади баланд бардоштани мақоми хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, № 111 "Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009", мутобиқи принсипи "Озодӣ ба интихоб ва парвариши зироат", ки аз рўи он саҳмдорон роҳбарони худро озодона бе мудохилаи мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ ё ҷумҳуриявӣ интихоб намуда, бо ин амал саҳмдоронро ба сармоягузории соҳа ҷалб менамоянд.
- Идомаи идоракунии бесамара ва истифодабарии ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ ба он оварда мерасонад, ки рушди соҳаи кишоварзӣ душвор мегардад ё тамоман ғайриимкон мешавад. Чунин ҳолат водор месозад, ки таҷрибаи истифодабарӣ ва идоракунии оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди соҳаи кишоварзиро имкон дода, баландравии амнияти озуқавории дарозмуддат ва устуворро барои наслҳои оянда таъмин мекунад, қабул гардад. Таҷрибаи мавҷудаи дигар кишварҳои дунё нишон медиҳад, ки ҳарчанд ҳукумат ва сохтори давлатӣ дар таҳкими манбаи захираҳои табиӣ вазифаи муҳимро иҷро намоянд ҳам, аммо маҳз худи истифодабарандагон барои таъмини босубот масъулиятро ба ўҳда доранд, агар ин иҷозатро (салоҳиятро) дошта бошанд. Барои мисол, дар бисёр кишварҳои рў ба инкишоф ассотсиятсияҳои истифодабарандагони об, ассотсиатсияҳои ҷамъиятии чарогоҳ ва захираҳои ҷангал, ташкилотҳои худихтиёри хоҷагиҳои дехқоние (фермерие), ки дорои малакаи касбӣ, иқтидор ва сохтори ташкилӣ ҳастанду вазифаи масъул ва муҳимро иҷро менамоянд, на танҳо қобилияти истиқрории манбаи захираҳои табииро доранд, балки истифодабарии онҳоро боз ҳам устуворонатар муносиб мегардонанд. Дар марҳилаи аввали татбиқи ислоҳот ҳатман бояд дар байни деҳқонон маъракаҳои васеи фаҳмондадиҳӣ оид ба чораҳои пешгирии коҳишёбии ҳолати захираҳои табиӣ гузаронида шавад; ин маъракаҳо метавонанд омўзишҳои махсусгардонида ҷиҳати қавигардонии таҷриба ва рушди институтсионалӣ дар ҷамъияти деҳқонон тавассути ташкили хоҷагиҳо ва ассотсиатсияҳои фермерон, ба мисоли Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, Кооперативҳои хизматрасон, Мактабҳои саҳроӣ барои хоҷагидорон ва ғайра бобати хотимабахшӣ ба истифодабарии ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ ва ба шаклҳои устувори идоракунии захираҳо гузаштани онҳо бошанд.
- Қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рўй додани ҳодисаҳои табиии доимӣ мувофиқ аст (ба монанди хушки, обхезӣ, ярч), илова бар таъсири истифодабарии шиддатноки бисёрсолаи нуриҳо ва заҳрхимикатҳо, ки ба шўршавӣ ва эрозияи хок дар баробари буридани ғайриқонунӣ ва босуръати дарахту буттаҳо дар тамоми кишвар оварда мерасонад. Бо таъсири тағйирёбии иқлим ин вазъият мушкилтар гашта, вокунишпазирии самаранокро талаб менамояд. Ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур меояд, ки масъалаи мазкурро бо роҳи таҳқиқот ва ҷорӣ намудани зироатҳои ивазкунанда (ба мисоли зироатҳои ба хушкӣ тобовар) ва растаниҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти бо заминҳои шўрнокияшон баланд алоқаманд ва раҳоиёбӣ аз партовшавии зиёди заминҳои киштшаванда ба зудӣ ҳал намояд. Мувофиқи дурнамои иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво бо афзоиши ҳолатҳои фавқулодда, ба монанди обхезӣ, хушкӣ ва тўфон дар назар дошта шудааст. Тахмин мегардад, ки дар Тоҷикистон заминҳои кишоварзие, ки асосан дар минтақаҳои хушк ва нимхушк ҷойгир шудаанд, зери таъсири боришоти кам ва хушк шудани захираҳои об аз ҳисоби баланд гардидани ҳарорати миёнаи ҳаво дар минтақа, аз ҳисоби бухоршавии зиёд ва кам шудани ҳаҷми захираи барф дар пиряхҳои кўҳӣ қарор мегиранд. Заминҳои лалмӣ, ки махсусан аз шароити иқлим вобастагӣ доранд, вале парвариши зироатҳо дар заминҳои обӣ низ аз таъсири тағйироти иқлимӣ дар натиҷаи харобшавии инфрасохтор ва нарасидани маблағ барои нигоҳдорӣ ва истифодаи он зарар мебинанд. Ҳамзамон дар Тоҷикистон ҳама иқтидори захираҳои обӣ то ҳол ба пуррагӣ истифода нашудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи минтақавии захираҳои обӣ буда, ҳамасола дар қаламрави он зиёда аз 61 млн. метри мукааб оби минтақа сарчашма мегирад; аммо танҳо 20% аз ҳаҷми умумии захираҳои обӣ дар кишвар истифодабарӣ мешавад. Сабаби асосии ин омил дар он аст, ки бинобар таназзулёфтани захираҳои табии дар қисмати болооби ҳавзаҳои об, қисми дигари захираҳои об зуд ба самти поёни ҷараён ҳаракат карда, дар натиҷа ҳама қисмати ҳосилхези хокро шуста мебарад. Дар натиҷаи коҳишёбии мунтазами захираҳои об зарурати амиқтар омўхтани иқтидори технологияҳои обсарфакунӣ ба миён меояд (масалан, усулҳои захираи оби борон), ки аллакай дар бисёр давлатҳои ҷаҳон, ҳатто дар минтақаҳое, ки шароити бебориш надоранд, чунин таҷрибаро васеъ истифода мебаранд. Дар соҳаи чорводорӣ, масалан, ҷорӣ кардани зотҳои чорвои ба сармою гармо устувор зарур мебошад. Ба ғайр аз ин, таҳияи технологияи зарурӣ ҷиҳати мутобиқгардонӣ ва вокунишпазирии самараноки бахши кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим муҳим мебошад.
- Таъсири манфии тағйиребии иқлим бисёртар ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ (хусусан ба оилаҳое, ки таъминкунандаи онҳо занҳо мебошанд), омилҳои синну солӣ, инчунин қобилияти корӣ тезтар мерасад. Бо дарназардошти ин, бояд мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим асосан ба камшавии талафоти ҳосил ва баландравии истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ (дар сатҳи хоҷагиҳои оилавӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) равона карда шавад ва махсусан ба воситаи коҳиш додани мунтазами эрозияи хок, таназзул ёфтани замин ва бурридани ҷангал тавассути идоракунии беҳтари захираҳои табиӣ ва сарфаи энергия дар деҳот бо ширкати комилҳуқуқонаи табақаҳои эхтиёҷманди аҳолӣ ва қабули қарорҳо аз ҷониби онҳо амалӣ мегардад. Ба чорабиниҳои асосии мутобиқгардонӣ инҳо медароянд:
- истифодабарии ҳамаҷонибаи таҷрибаи самараноки ба шартҳои идоракунии муштараки хоҷагии ҷангал ва чарогоҳҳо, бо таваҷҷўҳ ба барқарор ва ҳифзи захираҳои табиӣ инчунин истифодабарии гардишӣ (такрорӣ) асос ёфтааст;
- санҷидани усулҳои устувори коркарди замин дар таҷриба (бо дарназардошти коркарди пурра ва ё нопурраи хок, коркарди уфуқии хок дар теппаҳо, зина-зинакунии бофосила, зироатҳои ҳимоякунанда, истифодаи зиёди нуриҳои органикӣ) бо мақсади беҳдошти қисми ҳосилхези замин ва кам кардани таъсири заҳрхимикатҳою нуриҳои минералӣ;
- вусъатдиҳии технологияҳои арзони сарфакунии об, намнокӣ, аз ҷумлаи захираи оби борон (дар сатҳи хоҷагиҳои оилавӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ), обёрикунии қатрагӣ, мулчаронӣ ва ғайра;
- вусъатдиҳии технологияҳои арзон ва дастраси сатҳи маҳаллии сарфакунии энергия дар маҳалҷойҳо, нигоҳдории экосистемаҳо ва фароҳамоварии имконот ҷиҳати истифодаи бештари пору чун нурии органикӣ бар ивази истифодабарии он ҳамчун маводи сўхт, яъне тавассути ин чораҳо мусоидат ба баландравии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ;
- гузариш аз якказироат ба диверсификатсия ва агробиодиверсификатсия;
- ҷорӣ кардани зироатҳои имконпазир (ба хушки ва касалиҳо тобовар);
- соҳаи чорводории зотии сара (тавассути истифодабарии зотҳои ба гармию хунукӣ тобовар);
- робита байни зироатҳои ғалладонагӣ ва соҳаи чорводорӣ;
- агроҷангалпарварӣ;
- идоракунии маҷмўии мубориза бар зидди зараррасонҳо;
- рушди ниҳолхонаҳои хусусӣ барои истеҳсоли кўчат ва ниҳолҳои зарурӣ бо таваҷҷўҳи махсус ба парвариши навъҳои маҳаллии ( ба хушкӣ) тобовар.
- Дар баробари ин фаъолияти дигари мутобиқгардонӣ бояд дар самтҳои зерин гузаронида шавад:
- дастгирӣ ба таҳияи сиёсати/стратегияи мутобиқ, аз он ҷумла заминаи қонунгузорӣ ва страгегӣ барои татбиқи вазифаи навбатие, ки бо тағйирёбии иқлим дар ҳама соҳаҳои дахлдор алоқаманд аст;
- таҳия ва таъсиси низоми идоракунии иттилоотие, ки ба ҷамоатҳои деҳот ва намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ имконияти ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили маълумоти боэътимодро доир ба таъсири офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим ба таври самаранок медиҳад;
- мустаҳкам намудани иқтидори техникӣ, институтсионалӣ ва баланд бардоштани дараҷаи воқифӣ ҳангоми мувофиқакунонии миллӣ, маҳаллӣ ва ҷамоат ҷиҳати идоракунии самаранок ва камшавии таъсири офатҳои табиие, ки дар фаъолияти зисти аҳолии деҳот аҳамияти зарур дорад;
- таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва машваратҳо бо дигар бахшу барномаҳо ҷиҳати шиносоӣ ва вусъатдиҳии тартибу фаъолияти мавҷуда ва маълумотҳо (масалан, Барномаи пилотии амалкунанда оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ё Барномаи стратегӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ки аллакай дар самтҳои дар боло зикргардида фаъолият доранд).
- Мусоидатнамоӣ ба баробарҳуқуқии гендерӣ дар ҳама самтҳои ислоҳот. Пешрафти ҷараёни ислоҳоти аграрӣ дар бисёр ҳолат аз он вобастагӣ дорад, кн чи гуна иқтидори захиравии занҳо истифода бурда мешаванд ва чи тавр ҳуқуқҳои онҳо дар ҳама самтҳои ислоҳот тибқи шартҳои зикргардидаи сиёсати миллӣ риоя мешаванд. Бо дарназардошти он ки ҳамаи муҳоҷирони корӣ, ки шумораашон зиёда аз 1,2 млн. нафарро ташкил медиҳанд, асосан мардҳо мебошанд (бисёр оилаҳоро дар деҳот занҳо роҳбарӣ мекунанд) ва зимни муҳоҷират на танҳо вазифаҳои рўзгори оилавӣ, инчунин бори вазнини фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ, алалхусус кишоварзиро низ пурра ба ўҳдаи занҳо мегузоранд, ин омилҳо аҳамияти калон доранд.
- Амалишавии Барномаи ислоҳот, бешакку шубҳа бояд ба қисми асосии аҳолии деҳот фоида орад. Вале амалӣ гардидани баъзе аз ҷузъиёти махсуси ислоҳот, аз ҷумла ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) метавонад ба қисматҳои алоҳидаи аҳолии деҳот, хусусан ба табақаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат таъсири манфӣ расонад. Таҷрибаи Тоҷикистон ва давлатҳои дигари рў ба инкишоф нишон медиҳад, ки нисбат ба мардон занон бештар ба рушд ҳаракат доранд ва онҳо ташаббускортаранду идеяҳои инноватсиониро осонтар қабул мекунанд. Аз ин лиҳоз, равона кардани диққати асосӣ ба мустаҳкамгардонии имконот ва иштироки занон дар ин раванд бениҳоят муҳим аст. Таваҷҷўҳи махсус пеш аз ҳама ба талаботи занон нисбати воқифии онҳо ба дарку маънидоди қонунҳои амалкунанда, муқаррарот ва инчунин сиёсат ва барномаҳои ислоҳотӣ дода шавад. Иҷрои як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида, ки танзими дастрасии занони деҳотро ба замин ва фаъолгардонии нақши онҳоро ба роҳ мемонад, барои амалӣ гардидани ислоҳот мусоидат хоҳад кард.
- Ноил гаштан ба устувории молиявии хоҷагии қишлоқ ва таъмини дастрасӣ ба молия ва қарзҳо. Хавфҳои зиёди қарзӣ, аксарияти бонкҳоро водор месозад, ки сиёсати бағоят эҳтиёткоронаи кредитиро пеш баранд. Хавфи кредитҳои пардохтнашуда боиси изофапулиҳои баланде мегардад, ки ба меъёрҳои кредит татбиқ мешаванд ва меъёрҳои фоизии ҷорӣ аз 17,5 фоиз зиед мегарданд. Маҳдудияти эҳтиёҷот ба қарзҳо на танҳо аз сабаби баланд будани меъёри фоизҳо ба назар мерасад, балки бинобар вазнинию сахтии талаботи гаравгузорӣ низ дида мешавад. Бахши кишоварзӣ аз захираҳои маҳдуди мавҷудаи қарзҳо хаҷми на чандон зиёдеро мегирад, зеро бонкҳо соҳаи кишоварзиро бахши серхавф ҳисоб мекунанд ва танҳо якчанд корхонаи даромадноки кишоварзие вуҷуд дорад, ки маблағи қарзро пардохт карда метавонанд. Мақсади чорабиниҳои бо вусъатёбии дастрасӣ ба қарзҳо алоқаманд аз он иборат аст, ки устувории молиявии корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳоро мустаҳкамтар намояд. Барои расидан ба ин мақсадҳои гузошташуда, масъалаи ҷалби қарзҳо аз бонкҳои тиҷоратӣ ва қарзҳо аз соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳо ба манфиати шахсоне, ки фаъолияти худро дар соҳаи коркарди аввалия ва минбаъдаи маҳсулоти кишоварзӣ амалӣ месозанд, ҳал кардан лозим аст, то ба онҳо кўмак расонда шавад, ки маблағҳои чорию гардони худро пурратар карда, фондҳои асосии худро нав кунанд ва коркарди аввалияи маҳсулотро ривоҷ диҳанд.
- Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба якчанд принсип, ба монанди таъмини ҳуқуқҳои истифодабарии замину об, таъмини "озодии интихоби зироатҳои парваришшаванда" ва таъмини танзими бозор, таҳвили одилона ва устувори маҳсулоти кишоварзӣ ва хизматрасониҳо асос меёбад. Дар асоси ин принсипҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) зарур аст, ки ба маблағгузорӣ ва қарзҳо дастрасӣ дошта бошанд. Барнома ният дорад, ки ин душвориро тавассути пешбинии фаъолият дар ҳамкорӣ бо бонкҳои тиҷоратии дахлдор (бо роҳи таҳияи муқаррароти зарурӣ) бобати одилона ҷудо кардани маблағҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ҷиҳати таҳким ва рушди минбаъдаи дастрасӣ ба қарзҳои хурд ҳал намояд. Як қатор ташкилотҳои ғайридавлатӣ системаҳои ҷамъиятии қарздиҳиро (ташкилотҳои қарздиҳии хурдро) таъсис додаанд, ки фаъолияти самарабахш доранд ва онҳоро ба сифати таҷрибаи пешқадам мисол овардан мумкин аст. Ғайр аз ин, рушди кооперативҳои қарздиҳии кишоварзӣ дар асоси таҷрибаи минтақавӣ ва дигар намудҳои фаъолият имкон медиҳад, ки ба хоҷагиҳои деқконӣ (фермерӣ) дастраси ба кредитҳо ва қарзҳои қобили қабул таъмин карда шавад. Бароп ин зарур аст:
- нигоҳдории реҷаи имтиёзноки андозбандии истеҳсолоти кишоварзӣ мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузарондани солимгардонии молиявии молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ дар асоси такмилдиҳии заминаи қонунгузорӣ;
- рушди бозори амволи ғайриманқул ва механизми дахлдори қарздиҳӣ (ипотека), чун шарти муҳимтарини таъмини дастрасии молисеҳсолкунандагони кишоварзӣ ба захираҳои молиявӣ, заём ва қарзҳо.
- ба таъхиргузории пардохти қарзҳои бахши кишоварзӣ.
- Барнома ба таҳияи механизмҳои додани чунин қарзҳои имтиёзнок эътибори ҷиддӣ медиҳад:
- қарзҳои кўтоҳмўҳлати ба муддати то 1 сол додашаванда: ба ташкилотҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), аз он ҷумла ба соҳибкорони инфиродӣ барои хариди маводи сўхт ва равғанҳои молиданӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва мавод барои таъмири техникаи хоҷагии қишлоқ, нуриҳои минералӣ, воситаҳои ҳифзи растанӣ, хўрока, маводҳои бойторӣ ва дигар захираҳои моддӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои мавсимӣ, харидани ҷавонаи чорвои кишоварзӣ ва пардохти саривақтии маблағҳои суғуртавӣ ҳангоми суғуртаи маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин қарзҳо ба корхонаҳое, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон коркарди ибтидоӣ ва минбаъдаи маҳсулоти кишоварзиро анҷом медиҳанд, бояд дода шаванд;
- қарзҳои сармоягузории(заёмии) ба мўҳлати то 5 сол додашаванда: ба ташкилотҳои кишоварзӣ ва ташкилотҳои новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки коркарди ибтидоӣ ва минбаъдаи маҳсулоти кишоварзиро анҷом медиҳанд, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ барои хариди таҷҳизот (истеҳсоли хориҷӣ) гузаронидани мошинҳои боркаш, трактору мошинҳои хоҷагии қишлоқ ба сўзишвории газӣ, маҳсулоти (маводи) зотӣ, нақлиёти махсусгардонидашуда, техника ва таҷҳизоти махсус, шинонидани ниҳолҳои бисёрсола ва ток, сохтмон ва азнавсозии маҷмааҳои пайвандсозӣ, сохтмон, таҷдид ва навкунии маҷмааҳои (фермаҳоӣ) чорводорӣ, иншооти чорводорӣ ва истеҳсоли хўроки чорво, анборҳои картошка, сабзавоту мева, маҷмааҳои гармхонаҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти сабзавоту мева, корхонаҳои коркард, нуқтаҳои коркарди аввалияи чорво ва шир бо дастгоҳҳои хунуккунанда ва нигоҳдории гўшту шир, сохтмони иншоотҳои коркарди пурраи зироатҳои кишоварзии дорои протеини зиёд (лубиё, ҷав, ҷуворӣ, рапс, нахўд). Дар сурати татбиқи ислоҳот коҳишёбии мунтазами хоҷагиҳои зиёновар аз рўи худи ҳамин нишондиҳандаҳо ба назар расида, ҳамасола ин чораҳо ба 15 фоиз афзоиши даромаднокии миёнаи хоҷагиҳо равона мегарданд. Дар охир, системаи миллии суғуртаи ҳосилро бо мақсади ҳифзи манфиатҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), алалхусус хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) хурд ва миёна, дар вақти бўхронҳо, офатҳои табиӣ, ноустувории бозор ва чунин ҳодисаҳои дигар инкишоф додан зарур аст. Рушди механизми суғурта имконоти ҳалли мушкилоти алоҳидаро, ки бо талафоти ҳосил алоқаманд аст, медиҳад.
- Барномаи мазкур вусъатёбии дастрасии хоҷагиҳои деҳқониро (фермериро) ба майдонҳои бештари заминҳои кишт пешбинӣ намуда, ба ҳамин васила иқтидорҳои истеҳсолиро афзуда, вазъи молиявии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва кафолати сармоягузориҳоро аз ҳисоби буҷети давлатӣ устувортар мегардонад. Ҳамчунин ин Барнома ба ҳалли мушкилот бобати норасоии воситаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ ва нокифоягии хизматрасониҳои зарурӣ равона гардидааст. Дастрасӣ ба тухмии хушсифат, нурию заҳрхимикатҳои асосӣ, инчунин ба хизматрасониҳои бойторӣ ва хадамотӣ интишори донишҳои кишоварзӣ (муҳофизати растанӣ, мубориза бо зараррасонҳо ва бемориҳо) аз ҷониби бахши хусусӣ таъмин карда мешавад, давлат бошад, дастуру қоидаҳои дахлдори бозориро муқаррар намуда, масъулияти назорати сифатро ба зиммаи худ мегирад. Таҳия, мусоидат ва татбиқи технологияҳои дахлдор барои таъминоти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар вусъат додани истеҳсолот ва баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат боз ҳам заруртар аст. Хизматрасонии дастгирии иттилоотии техникӣ беҳад маҳдуд буда, бештар дар ҳолати ҷой доштан бесамара аст ва на танҳо барои хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ, балки эҳтимол барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ зиёдатар маҳдуд аст.
- Барномаи мазкур ҳалли мушкилоти соҳаи кишоварзиро бо роҳи инкишофи шабакаи кооперативҳои кишоварзӣ пешбинӣ мекунад, Вазорат бошад, барномаҳои устувори сиёсати соҳаро таҳия мекунад, муносибатҳои бозориро танзим, таълимот ва иттилоотонии соҳаро таъмин менамояд ва ба сифати хизматрасониҳою молҳои истеҳсолшаванда назорати қатъӣ ҷорӣ мекунад. Бо мақсади фаъолияти самараноки кооперативҳо маҷмўи чораҳои ҳуқуқӣ ва стратегӣ андешида мешаванд, аз ҷумлаи:
- таҳияи Қонуни нав дар бораи кооперативҳо (лоиҳаи Қонун дар сатҳи мувофиқакунонӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад);
- ҷорӣ намудани системаи ҳозиразамони кооперативҳои кишоварзӣ, аз ҷумла муайян кардани афзалиятҳо ва талаботи асосӣ; онҳо аз дастрасӣ ба таҷҳизот, маводҳои истеҳсолоти кишоварзӣ, иттилоот дар бораи бозорҳо, идоракунии самаранок ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, хадамоти интишори иттилооти кишоварзӣ иборат мебошанд;
- гузаронидани чорабиниҳои умумимиллии иттилоотию маърифатӣ;
- таҳияи як қатор барномаҳои мушаххас оид ба баланд бардоштани нерў ва таълими ниҳодӣ, техникӣ ва идоракунӣ;
- вобаста намудани фаъолияти кооперативҳо ба муассисаю ташкилотҳои амалкунанда ва имконпазир, ки ин барои аъзоёни кооператив чи ҳозир ва чи дар оянда фоидаи калон меорад, ба монанди ниҳодҳои молиявӣ, расонандагони эътирофшудаи молу хизматҳо, хадамоти интишори итттлооти кишоварзӣ ва ғайра.
- Барои мусоидат, танзим ва назорати самараноки хадамоти хизматрасонӣ ва додани иттилооту машваратҳо тавассути бахши хусусӣ Вазорат дар сатҳи миллӣ шўъбаи на чандон калони иттилоотӣмашваратиро ташкил намуда, истифодаи самараноки мутахассисони техникии худро дар сатҳи ноҳияҳо ва ҷамоатҳо барои амалӣ намудани ин вазифаҳо таъмин мекунад. Бо ин мақсад таҳияи супоришоти аниқи техникӣ ба ҳайати кормандони маҳаллӣ оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва инчунин равона намудани диқкати онҳо аз банақшагирӣ ба назорат ва таҳияи пешниҳодоти мушаххаси дастуру иттилоот ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) талаб карда мешавад. Бо вуҷуди он ки, айни замон қисми зиёди хизматрасониҳои иттилоотӣ, машваратӣ ва дастурӣ аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои донорӣ расонида шаванд ҳам, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамоҳангсозии онҳо барномаи самараноки ба стандартҳои мувофиқашудаи сатҳи миллӣ асос ёфтаро таҳия мекунад. Ҳарчанд барои ба даст овардани боварии ҷомеа ва ба дўши худ гирифтани ин ўҳдадориҳо аз ҷониби бахши хусусӣ вақти зиёд сарф шавад ҳам, вале Вазорат ҳайати кормандони техникии худро дар маҳалҳо барои таъмини хизматрасонии устувори машваратию иттилоотӣ дар ин давраи гузариш ба пуррагӣ истифода мебарад. Дар доираи Барнома хизматрасониҳои машваратӣ ба молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ ва бозомўзии мутахассисон дар соҳаи кишоварзӣ бо мақсади беҳтар намудани дастрасии молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ ва аҳолии деҳот ба хизматҳои машваратӣ ва ҳамчунин баланд бардоштани сифати бозомўзии мутахассисон ва тахассуси мутахассисони соҳаи кишоварзӣ таъмин мешавад. Барои ба даст овардани мақсадҳои гузошташуда ҳалли вазифаҳои зерин лозим аст:
- ташкили марказҳои таълимию методии дахлдор оид ба расонидани хизматҳои машваратӣ ба молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ дар ноҳияҳо;
- ҳамбастагии марказҳои таълимию методӣ бо марказҳои таъминоти иттилоотӣ;
- хизматрасонӣ ҷиҳати бозомўзии мутахассисоне, ки хизматрасониҳои кишоварзиро бо дарназардошти технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаю самарабахши нерў, расонидани кўмаки машваратӣ ба молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ ва аҳолӣ.
- Бо мақсади мустаҳкам намудани иқтидори соҳаи рушди ниҳодӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати аграрӣ ҳам барои молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ ва ҳам барои соҳаҳои дигари фаъолият бояд рушди фаъолияти шаклҳои кооперативӣ, инчунии фароҳам овардани шароит барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бошад, то ки онҳо тавонанд дар фаъолияти якҷоя таҷрибаи пешқадамро омўзанд. Мақсад аз он иборат аст, ки чунин системаи кооперативии истеҳсолоти кишоварзӣ тавонад камаш 70 фоиз истеҳсолкунандагонро, аз ҷумла коркард ва фурўши маҳсулотро то соли 2020 бо роҳи пешниҳод намудани маҳсулоти рақобатпазири кишоварзӣ ва таъмини имкониятҳо барои рақобат бо сохторҳои чаканаи муосир дар сатҳи минтакавӣ ва байналмилалӣ фаро гирад. Яке аз омили ҳавасмандгардонии иқтисодӣ барои ҳамкорӣ ин дастгирии молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ ва корхонаҳояшон ҷиҳати қисман ё ба пуррагӣ гирифтани ҳиссаҳои иқтидорҳои азнавкоркунӣ мебошад.
- Барномаи мазкур мақсад дорад, ки ташкил ва рушди иттифоқҳои кооперативҳоро, ки ба ташкили сохторҳои миллӣ мусоидат мекунанд ва манфиатҳои саҳмдорони худро дар ҳамаи зинаҳои идоракунии кишоварзӣ ҳимоя карда метавонанд, дастгирӣ ва қадр намояд. Аз тарафи дигар, рушди ҳамгироӣ дар байни кооперативҳо ва тиҷорати хусусии соҳаи кишоварзӣ ояндаи хуб дорад, зеро он ба ташкили корхонаҳои кооперативии хусусии омехтае мусоидат мекунад, ки барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва пардохти андози фоидаи ниҳоӣ масъул мебошанд. Дар маҷмўъ, рушди ҳамкорӣ бояд яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати аграрии давлат дар соҳаи азнавсозии ниҳодӣ дар 10-20 соли наздиктарин гардад. Ҳамин тавр, аз рўи Барнома мусоидатнамоӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) ихтиёрӣ, истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон ва ассотсиатсияҳои бозори кишоварзӣ, ки манфиатҳои гурўҳҳои мазкури кишоварзиро ҳимоя ва намояндагӣ доранд, пешбинӣ карда мешавад. Он бояд ба рушд ва ташкили чунин ассотсиатсияҳо аввалан дар сатҳи маҳаллӣ мусоидат намояд, то ин ки инкишоф ва тақвияти онҳо то сатҳи миллӣ расад.
- Бо мақсади мукаммалгардонии дастрасии обёрӣ зарурати гузарондани ислоҳоти ҷиддии соҳаи об дар асоси принсипҳои Идоракунии муташаккили захираҳои об ва муносибати дарёиву ҳавзавӣ талаб карда мешавад, ки он гузариши идоракунии соҳаи обро аз марзҳои маъмурӣ ба марзҳои гидрологӣ пешбинӣ менамояд. Дар доираи хадафҳои умумии қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, №406 "Оид ба тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2009, №663 "Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дасггирии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар соҳаи об ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида мешавад, ки дар натиҷаи татбиқи он механизмҳои институтсионалӣ муайян ва тақсимоти ўҳдадориҳо мувофиқа мегарданд. Минбаъд, дар доираи татбиқи идоракунии муташаккилонаи захираҳои об ва муносибати дарёиву ҳавзавӣ барои ҳамаи истифодабарандагони об, бо дарназардошти он ки зиёда аз 90% захираи об дар соҳаи кишоварзӣ истифода мегардад, ислоҳоти об гузарондани ислоҳоти соҳаи обёриро низ ҳамчун афзалияти асосӣ пешбинӣ менамояд. Ислоҳоти соҳаи об мувофиқи Нақшаи амал оид ба татбиқи тавсияҳое, ки аз таҳлилҳои функсионалии амудии дар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда бармеоянд ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 5 апрели соли 2011, №АП- 1574 тасдиқ шудааст, ба тақсимоти нақшу вазифаҳо оид ба масъалаҳои таҳияи сиёсат ва танзим дар сатҳи миллӣ тавассути ташкили Шўрои миллии об ва Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Ғайр аз ин, дар доираи гузаронидани ислоҳот ташкил намудани панҷ ташкилоти миллии ҳавзавӣ ва чор ташкилоти фаръии ҳавзавӣ пешбинӣ мешавад, ки онҳо манфиатҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои обро дар сатҳи ҳавзаҳои дарёӣ ҳимоя намуда, барои ташкил ва танзими захираҳои об дар сатҳи ҳавзаҳо масъул мебошанд; сохторҳои мустақили ҳавзавӣ ва ҳавзавии фаръии Агентии "Мироб" дар шакли муассисаҳои давлатии муттаҳид бо ҳалли масъалаҳои мубрами обёрӣ бе дахолати Вазорат, ба истиснои назорати сифат ва гузаронидани мониторинг тибқи стандартҳои миллӣ, қоидаю низомномаҳо машғул мешаванд; сохторҳои Агентии "Мироб" бо ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ки манфиати хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-ро оид ба масъалаҳои банақшагирии истифодаи об ҳимоя менамоянд, нақшаҳои худро бо мақомоти ҳавзавӣ мувофиқа намуда, бо таъминоти об ва хизматрасонии системаи асосии обёрӣ ҷиддӣ машғул мешаванд. Чӣ қадаре, ки Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бештар ташкил карда шаванд, ҳамон қадар бештар мақомотҳои Агентии "Мироб" ба онҳо ваколатҳояшонро хусусан дар масъалаҳои истифодаи каналҳои дуюму сеюмдавра ва иншоотҳои обёрӣ медиҳанд.
- Барномаи мазкур ба дастгирии рушди бахши хусусии кишоварзӣ равона гардидааст. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2010-2012 оварда шудааст, ки барои рушди иқтисодӣ беҳдошти муҳити корӣ хеле зарур аст, ки метавонад ба рушди муҳити рақобатнокӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шуғл, аз он ҷумла худтаъминкунӣ бо кор, бархилофи таҷрибаи инхисории бозор мусоидат кунад. Яке аз камбудиҳои асосӣ дар ин самт зиёд будани миёнаравҳо ва дастрасӣ наёфтани деҳқон ба бозор мебошад. Дастрасии кам ба иттилооти бозорӣ дар бораи молҳои кишоварзӣ ва инчунин маҳдудиятҳои ҷиддӣ доир ба ҳамлу нақл ва инфрасохтори вайроншудаи кишоварзӣ ба он оварда расониданд, ки қисми зиёди деҳқонон маҳсулотро бо нархи гарон харида, фурўши маҳсулоти истеҳсолкардаи худро бо нархи арзон ба воситаи миёнаравҳо ба роҳ мемонанд. Дар аксарияти мамлакатҳои рў ба инкишоф, аз ҷумла ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ, аксар ҳолатҳои ғайрисамарабахшонаи механизми бозорӣ истифодабарии таҷрибаи инхисорӣ аз ҷониби ширкатҳои муайян мебошад. Ҳамин тарик, тавсия дода мешавад, ки бо мақсади инкишоф додани бахши хусусӣ дар мамлакат масъалаҳои ҳалталаби зерин оҷилан ҳал карда шаванд:
- тақвияти заминаи қонунгузорӣ бо мақсади беҳдошти муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши кишоварзӣ;
- беҳдошти расмиёти ба танзимдарории фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии бевоситаи деҳқонон ба бозорҳо ва аз байн бурдани миёнаравҳо.
- Бо мақсади ҳавасмандгардонии ҷалби бештари бахши хусусӣ ба соҳаи кишоварзӣ, Барнома аз машваратҳои ҷории миллӣ оид ба масъалаҳои таҳиян стратегияи ҳамкории давлатию хусусӣ манфиат мебарорад; Барномаи мазкур мақсад дорад, ки аз бахши хусусӣ ба ҳама соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчун воситаи ҳавасмандгардонии гузариши бахши хусусӣ сармоягузории бештарро ҷалб намояд, ки дар натиҷаи он маблағгузориҳои давлатӣ ва кафолатҳои сармоягузорӣ чун як ҷузьиёти бунёди эътимоди байни субъектҳои бахши хусусӣ ва воситаи давраи гузариш хидмат намоянд. Азбаски эътимоднокӣ ҳарчи бештар гашта, заминаи миллии меъёрию ҳуқуқӣ мавҷуд аст ва он дар қатори чораҳои устувори сиёсат ва стратегияҳо амалӣ мегардад, эътимод ба бахши хусусӣ зиёд мешавад, дар ин раванд давлат тадриҷан масъулиятро ба дасти бахши хусусӣ месупорад.
- Барнома таҳияи стратегияҳоро барои сермаҳсулнокӣ (интенсификатсия) ва диверсификатсияи соҳа, ки ба принсипҳои идоракунии устувор ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ асос ёфтааст, пешбинӣ менамояд. Ин имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи кишоварзӣ таъмин карда шавад. Баъзе принсипҳои стратегияи ба нақша гирифташуда аз инхо иборатанд:
- такмили идоракунии бахши пахтакорӣ дар асоси таъмини дастрасии дарозмўҳлат ба замин, навъҳои мукаммали тухмии пахта, технологияҳои сарфаи об ва инчунин кам кардани истифодаи нурӣ ва заҳрхимикатҳо;
- иваз намудани кишти пахта дар баъзе ноҳияҳо ба зироатҳои равғандор, ғалладонагӣ, хўроки чорво дар асоси таҷрибаи мавҷудаи солҳои охир дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон бо мақсади баланд бардоштани сифати хоку замин. Ба ғайр аз ин, офтобпараст, лубиё, рапс ва юнучқа зироатҳои равғандор ва хўроки чорво ба ҳисоб рафта, сифати хоки заминро беҳтар мегардонанд;
- иқлими Тоҷикистон барои парвариши меваю сабзавоти хушсифат ва содир намудани онҳо ба бозорҳои минтақавӣ имкониятҳои хуб медиҳад;
- додани диққати махсус ба рушди чорводорӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи амнияти озуқаворӣ ва додани имконият ба деҳқонон ва хоҷагиҳои хонаводагии деҳот ҷиҳати зиёд намудани даромади худ. Се принсипи асосии рушди чорводорӣ: беҳтар намудани дастрасӣ ба базаи хўрокворӣ, аз ҷумла муносибати бонизомона баистеҳсоли хўроки чорво бо мақсади истифодабарии ками чарогоҳҳое, ки айнн замон аз сабаби чаронидани аз ҳад зиёди чорво аз кор баромадаанд ва ҳолати онҳо торафт бадтар мешавад, беҳтар намудани вазъи хадамоти бойторӣ ва дастгирии низоми истеҳсол ва фурўш (аз истеҳсол то коркард ва фурўш).
- бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва даромаднокӣ дастрасии васеи хоҷагиҳои дехқонӣ (фермерӣ) ба иттилооти бозорӣ талаб карда мешавад. Дар ин маврид давлат ба танзими бозорҳо диқкати махсус хоҳад дод.
- Рушди соҳаи чорводории мамлакат яке аз афзалиятҳои асосии Барнома, алалхусус бо дарназардошти афзоиши саршумори чорво мебошад. Айни замон кам гардидани манбаи хўрокаи чорво барои пурра қонеъ гардонидани талаботи соҳа монеаҳоро ба миён овардааст. Инчунин дар самти воридоти хўроки чорво мушкилиҳо ба назар мерасанд. Гаронии боҷи давлатӣ ва андозҳо ҳангоми воридоти хўроки чорво ба пешрафти соҳа мушкилоти зиёд эҷод менамояд. Ҳамзамон пиршавии пода, паст гардидани қобилияти ирсии чорво ба кам шудани маҳсулнокии он оварда расонд. Дар ин раванд дастгирии давлатии соҳа нақши муҳимро мебозад. Ҳал нашудани ин камбудиҳо метавонад ба истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва дар маҷмуъ ба амнияти озуқавории мамлакат таъсири манфӣ расонад. Барои мустаҳкам намудан ва рушди минбаъдаи чорводории миллии зотӣ ҳалли вазифаҳои зерин зарур аст:
- ворид намудани тағйиру иловахо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ" тибқи талаботи Бюрои байналмилалии эпизоотикӣ ва Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бо мақсади татбиқи принсипҳои "Истифода аз микрочипҳо ва тамғагузорӣ дар гўш" ва "Додани шиносномаи инфиродии алоҳидаи байторӣ ба ҳайвонҳои бемаҳсул аз рўзи таваллуд, ки он бояд то рўзи фавташон (забҳашон) нигоҳ дошта шавад";
- таҳия ва пешниҳоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ" дар таҳрири нав, бо мақсади танзими самтҳои асосии фаъолияти зотпарварӣ, ҳуқуқи моликият ба маҳсулоти зотӣ, манбаъҳои маблағгузорӣ, дастгирии давлатӣ ва таъмини илмии соҳаи зотпарварӣ, ҳуқуқу ўҳдадориҳои субъектҳои зотпарварӣ, фаъолияти шахсони воқеии бо зотпарварӣ машғул ва ҳамкориҳои байналмиллалиро дар бар мегирад. Дар сурати қабул гардидани Қонуни мазкур соҳаи зотпарварӣ, аз ҷумла фаъолияти ташкилотҳои соҳавӣ, корхонаҳои зотпарварӣ ва хариду фурўши маҳсулоти зотӣ ба низом даромада, барои ба роҳ мондани дастгирии давлатии соҳа заминаи мусоид фароҳам меоварад;
- таҳияи барномаҳои сармоягузорӣ ва лоиҳаҳо барои рушди чорводорӣ;
- таъмини беҳдошти вазъи эпизоотӣ ва амнияти саломатии аҳолӣ;
- таҳияи низоми дастгирии рушди чорводории зотӣ ва таъмини талаботи хоҷагиҳо ба чорвои хушзот;
- такмили низоми баҳисобгирии чорвои зотӣ;
- таъмини дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони чорвои зотии ватанӣ;
- такмили низоми андозбандӣ нисбати соҳаи чорводорӣ, махсусан чорводории зотӣ;
- таъмини дастрасии озоди корхонаҳои хусусии чорводорӣ ба қарзҳои имтиёзнок;
- таъмини ташкили инфрасохтори ба рушди чорводорӣ мусоидаткунанда;
- таҳкими базаи моддию техникии истеҳсоли хўрока;
- таъмини рушди саноати байторию фармасевтӣ;
- таҳияи механизми дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони чорвои зотии ватанӣ (моҳипарварӣ, паррандапарварӣ, занбўри асалпарварӣ) барои баланд бардоштани ҳавасмандии онҳо;
- гузаронидани барўйхатгирии хоҷагиҳои зотпарварӣ;
- фароҳам овардани шароитҳои мусоиди эпизоотӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ.
- Дар ҷараёни рушди соҳаи чорводорӣ ба истифодаи самараноки чарогоҳ, коркарди хўрокаи имконпазири чорво, аз қабили коркарди зироатҳои хўроки чорво, ҳамзамон истеҳсоли хўрокаи омехта аҳамияти бештар зоҳир намудан лозим аст. Рушди соҳаи чорводории зотӣ дар баробари истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ масъалаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, чунки он имконияти зиёди рушдро доро мебошад. Бозтавлидии саршумори чорво ва тамоюли рушди соҳа дар солҳои охир мавҷудияти иқтидорро барои рушди соҳа собит менамоянд ва бартарии дахолат накардани давлатро нишон медиҳанд. Вале танзими оқилонаи соҳа аз ҷониби давлат ба рушди устувори соҳа мусоидат намуда истодааст. Истифодаи бенизоми заминҳо бо мақсади чаронидани чорво дар атрофи деҳот(қишлоқҷойҳо) ва истифода нашудани 1 млн. гектар чарогоҳ метавонад боиси пурра аз гардиш баромадани онҳо шуда, масъалаи ҷиддии экологиро ба миён оварад. Дар робита бо ин чарогоҳҳо моликияти давлат буда, таҳти назорати пурраи хоҷагии ҷангал ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ карор дорад. Ҳангоми зарурат ба хоҷагии ҷангал ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки чарогоҳҳоро барои истифодаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибони чорвои хонагӣ дар асоси шартномаи дарозмўҳлат бо дарназардошти истифодаи оқилона ба иҷора диҳанд.
- Барои рушди соҳаи чорводорӣ дар баробари истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ чораҳои зеринро амалӣ бояд намуд:
- таҳия ва даровардани тағйирот ба заминаи зарурии қонунгузорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои мусоидат ба идоракунии/истифодабарии устувори чарогоҳҳо;
- мусоидат ба рушди хизматрасонии хусусии бойторӣ;
- рушди хоҷагиҳои тухмипирварии зироатҳои хўроки чорво;
- вусъат додани кишти зироатҳои хўроки чорво;
- ҷорӣ намудани киштгардони зироатҳои хўроки чорво;
- мусоидат намудан ба истеҳсоли хўрокаҳои омехтаи чорво;
- ҷорӣ намуданӣ таҷрибаи истифодаи бонавбати чарогоҳҳо;
- таъмин намудани шароити мусоид барои чарогоҳҳо;
- татбиқи барномаҳои соҳавӣ (ташкили шароити мусоид барои чарогоҳҳо, моҳипарварӣ, паррандапарварӣ, занбўрпарварӣ ва чорводорӣ).
- Таҷдиди истеҳсолот, коркард ва фурўши маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин яке аз самтҳои афзалиятнок барои Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии маҳсулоти хўрока, кам кардани ҳаҷми воридоти озуқаи истеҳсолкунандааш номаълум ва пешниҳоди имконот ба деҳқонон барои гирифтани даромади зиёд, ки ба ин восита сатҳи зиндагиашон баланд ва ризқу рузияшон беҳтар мегардад. Мақсад дар таъмини афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ дар хаҷми имкониятдиҳандаи моҳиятан наздик ба истеъмоли навъҳои асосии озуқаворӣ аз ҷониби тамоми гурўҳҳои аҳолӣ, ки ҷавобгўи талаботи меъёрҳои ратсионалии хўрокхурӣ аст, мебошад. Истеҳсолоти имрўзаи ватанӣ талаботи аҳолиро дар сатҳи зарурӣ қонеъ гардонида наметавонад. Вазифаи Барномаи мазкур аз дастгирии истеҳсолоти ватанӣ тайи 10 соли оянда ва ноил шудан ба хадафҳои зерини қонеъгардонии талаботи аҳолӣ мебошад: ғалла (нон ва маҳсулоти нонӣ), картошка, тухм, аз рўи биринҷ - 90 фоиз, меваю бехмева - 70 - 80 фоиз, равғани растанӣ - 80 фоиз, гўшти мурғ 40 фоиз, шир ва маҳсулоти ширӣ (бо баргардониш ба шир) - 50 фоиз. Дар натиҷа ҳиссаи воридот ба бозори дохилӣ ба қадри зиёд коҳиш меёбад. Айни замон фоизи миёнаи қонеъгардонии талаботи физиологии аҳолии ҷумҳурӣ бо тамоми маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшаванда 43,5 фоиз-ро ташкил медиҳад ва ҳаҷми норасогии маҳсулот барои пурра қонеъ гардонидани талаботи аҳолии ҷумҳурӣ бошад 2,8 млн. тоннаро ташкил менамояд. Масалан, Тоҷикистон ҳамасола ба маблағи 50 млн. доллари ШМА равғани хўрока ворид менамояд, дар баробари он метавонад, ки маҳсулоти камикунандаро ба осонӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ пур намояд.
- Маҳсулоти афзалиятнок барои содирот маҳсулоти пахтакорӣ, боғпарварӣ, истеҳсолоти меваи хушк, картошкаи барвақтӣ, карами барвақтӣ, помидор, полезиҳо, ситрусиҳо, истеҳсолоти афшураҳои мевагию сабзавотӣ ба ҳисоб мераванд. Бо мақсади мустаҳкам гардонидани истеҳсолоти ватанӣ барои қонеъ гардонидани талаботи худӣ ва барои пур кардани ҷойҳои холии бозорҳои минтақавӣ зарур аст:
- рушд ва вусъати масоҳати боғҳо, бехмеваҳо ва зироатҳои равғандор;
- дастгирии молиявии инноватсия дар соҳаи кишоварзӣ доир ба навсозии фондҳои асосӣ, азхудкунии технологияҳои нав, дарёфт намудани мошину таҷҳизоти нав (нарасидани техникаи хоҷагии қишлоқ 17000 адад , таъмини талабот 65 фоиз), тухмии навъи аъло ва чорвои зотӣ, нуриҳои минералӣ (таъминот 23 фоиз, талабот 330 ҳазор тонн) воситаҳои муҳофизати растанӣ ва ғайра;
- таҳияи механизми оқилона ва самараноки агролизинг;
- чораҳои ҷубронӣ, ки молистеҳсолкунандагони кишоварзиро аз таъсиррасонии манфӣ ба иқтисодиёташон ва қиматшавии захираҳои моддию техникии дар соҳа истифодашаванда ҳифз менамоянд;
- дастгирии молиявии рафъи хатарҳои истеҳсолӣ, ки бо ходисаҳои табиат ё дигар воқеаҳо робита дошта, аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ вобастагӣ надоранд;
- ҳавасмандии барқарорсозии майдонҳои кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ, инчунин истеҳсолоти маҳсулоти чорводорӣ;
- мутобиқ намудани истеҳсолоти кишоварзӣ ба меъёрҳои экологӣ;
- ташаккули инфрасохтори истеҳсолии таъиноти умумӣ (роҳҳо, таъминоти барқ ва ғайра);
- ҳавасмандгардонии ҷалби кормандони ботахассус, омода ва бозомўзии кадрҳо;
- таъминоти иттилоотӣ ва машваратӣ.
- Дасттирӣ бояд бо истифодаи муносибати меъёрӣ ва принсипҳои маблағгузории муштарак, фарқияташон вобаста ба имкониятҳои молиявии онҳо татбиқ карда шавад. Воситаҳои иқтисодии чунин дастгирӣ ҳангоми истифода ба ҳар як самти зикршуда метавонанд фарқ кунанд. Рўйхати воситаҳои зикршуда инҳоро дар бар мегирад:
- реҷаҳои махсуси андозбандӣ;
- пешниҳоди субсидияҳо (ёрии пулӣ), аз ҷумла дастгирии қарздиҳӣ, суғурта ва лизинг, субвенсия, кафолат ва ҷуброн ба молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ ва дигар шаклҳои маблағгузории буҷетӣ;
- сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла бобати беҳдошти дастрасӣ ба маводҳои сифатноки истеҳсолоти кишоварзӣ ва рушди инфрасохтори обёрӣ ва кишоварзӣ;
- тартиботи техникӣ, стандартикунонӣ ва кам кардани расмиёти иҷозатномадиҳӣ, рафъи дигар монеаҳои маъмурӣ ва маҳдудиятҳо.
- Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ: Дар натиҷаи таҷдиди колхозу совхозҳо молистеҳсолкунандагони асосии кишоварзӣ хоҷагиҳои деҳқонии (фермерӣ) майдамолӣ гардиданд, ки онҳо имконоти бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ доир ба масъалаҳои селексияю тухмипарварӣ, фаъолияти маркетингӣ, коркарди саноатӣ, борҷомабандӣ ва тамғагузории маҳсулоти хоҷагии қишлоқ вобаста ба талаботи истеъмолкунандагон ва қудрати нархгузории пешакии молҳои истеҳсолоти кишоварзӣ, риояи муқаррароти муайяншудаи содиротӣ ва пеш мондани шартҳоро ҷиҳати бастани шартномаҳои одилона надоранд. Бо мақсади беҳдошти вазъияти баамаломадаи ин соҳа Барнома мусоидат ва дастгирии ташаккулт гурўҳҳои якҷояи молиявию саноатии бахши хусусиро, ки бо истеҳсол, коркард ва фурўши маҳсулоти кишоварзӣ машғул мешаванд, пешбинӣ менамояд. Гурўҳҳои молиявию саноатӣ зери аломати ягонаи тиҷоратӣ тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти хоҷагии қишлоқро муттаҳид карда, сохтори майдони киштро бо онҳо мувофиқа менамояд ва дар асоси шартҳои дархост ва пешниҳоди иқтисоди бозаргонӣ ҷиҳати таъминот бо маҳсулоти кишоварзӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуда созишнома мебандад. Ташаккулёбии чунин гурўҳҳо дар соҳаи истеҳсол, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ хароҷоти қиёсиро кам карда, рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватаниро баланд мекунад ва дар бозори хориҷӣ аломати маҳсулоти кишоварзии тоҷикиро ташкил медиҳад. Ин ҳамчунин ба афзоиши устувори хаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар шакли коркардшуда мусоидат менамояд. Дигар равияи афзалиятнок истеҳсоли маҳсулоти меваю сабзавоти хушк бо истифодаи технологияи хушккунии табиӣ ва технологияи коркарди саноатии чандир мебошад. Пахта ҳамчун маҳсулоти асосии содиротӣ бояд ба дараҷаи олӣ коркард шуда, ба бозори хориҷӣ дар шакли маҳсулоти тайёр пешниҳод шавад. Дар ин маврид фоиданокии пахта 400 фоизро ташкил дода, барои афзоиши даромади хоҷагиҳои деҳконии (фермерӣ) истеҳсолкунандаи пахта ва саноати коркарди ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.
- Маҷмўи маркетинг чор унсури асосиро дар бар мегирад: мол, нарх, фурўш, коммуникатсия (реклама, фурўши инфиродӣ, ҳавасмандгардонии фурўш, робита бо ҷомеа). Маркетинг ҳамчун раванди иқтисоди робитаи истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаро таъмин намуда, ба баландравии самаранокии мубодилоти ба ҷо овардаи онҳо, тамоюли оқилонаи такрористеҳсолкунии ҷамъиятӣ мусоидат мекунад ва ҳамчун натиҷа оғози ҳадафпешниҳодкунандаи истеҳсолот, воситаи ба ҳадди ақал расонидани номувофиқатии талабот ва пешниҳодот ба ҳисоб меравад. Муқаррароти зикршударо нисбати корхонаҳои кишоварзӣ мушаххас намуда, зикр бояд намуд, ки маркегинг ҳадафҳои зеринро дар бар мегирад:
- муайян намудани эҳтиёҷот ва талаботи харидорон;
-таҳияи пешниҳодоти молҳои зарур ва қонеъкунандаи талаботи харидорон ба бозор;
- муқаррар намудани нархи мусоидаткунандаи муносибатҳои байни истеҳсолкунандагону харидорон тавассути бозор ва қобили қабули харидорон ва таъминкунандаи фоидаи кофии истеҳсолкунандагон;
- пешниҳоди имкониятҳои нисбатан манфиатбахш ва мақбули бозор ҷиҳати таъмини таҳвили самараноки мол ба истеъмолкунандагон;
- асосноккунӣ ва истифодаи усулу воситаҳои таъсиррасони мусбат ба бозор бо мақсади ташаккули талабот ва ҳавасмандгардонии фурўш.
- Барои мусоидати самарабахши муносибатҳои маркетингӣ байни истеҳсолкунандагон ва харидорон зарурати гузаронидани таҳлили бозорҳо дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ ( берун аз кишвар) бо дарназардошти имкониятҳои иқтидорӣ, ки ба хоҷагидорон имконият медиҳад, ки ба чунин иттилоот дар бораи бозор дастрасии мунтазам дошта бошанд ва пас аз ин истеҳсолоти худро ба талаботи бозорӣ равона месозанд. Дар ин раванд қадами аввал ин таҳлили имкониятҳои бозор мебошад, ки дар маркетинг барои қабули қарор асос ба ҳисоб рафта, дар ин замина ҳаҷми бозорҳо ҳисоб карда мешавад. Аз нуқтаи назари мушаххасоти ҳудудӣ чунин бозорҳо муайян гардидаанд: маҳаллӣ (локалӣ), миллӣ (дар дохили мамлакат) ва минтакавӣ. Бо дарназардошти ба роҳ мондани фурўши маҳсулоти кишоварзӣ дар ин се навъи бозорҳо мутаносибан маҳсулоти истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои дехқонии (фермерӣ) мамлакат чунин паҳн мегардад:
- маҳсулот барои таъмин гардонидани истеъмолоти дохилии аҳолии кишвар дар хаҷми дахлдор ва бо сифати таъминкунандаи амнияти озуқавории мамлакат;
- ашёи хом барои саноати коркарди мамлакат;
- маҳсулот барои пўшонидани ўҳдадориҳои содиротии ҷумҳурӣ.
- Мусоидат ба рушди шабакаи бозорҳои ватанӣ як қадами заруре барои татбиқи самараноки мақсадҳои нишондодашуда мебошад, алалхусус агар мо бозорҳои сертификатдоштаи амалкунандаи имрўзаро ба назар гирем, онҳо хеле маҳдуд буда( шумораи умумӣ ба миқдори 159 адад дар кишвар), бо фурўши чакана машғуланд, дар холе ки бозорҳои яклухте, ки ашёи хоми барои саноат зарурро фурўшанд, то ҳол таъсис наёфтаанд. Бозорҳои мавҷудаи кишвар на танҳо бо фурўши озуқаворӣ, балки бо фурўши маҳсулоти омехтаи хўрока, молҳои маишӣ ва дигар молҳои истеъмоли халқ машғуланд ва ба афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорон (фермерон) эътинои самарабахшона намекунанд. Ҳамин тариқ, фурўши махсуси чакана, бозорҳои майда ва бузурги хўрокворӣ минбаъд низ ба фурўши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли маҳаллӣ ва ҳам ҷумҳуриявӣ мусоидат хоҳанд кард. Дар натиҷа Барнома ба таҳияи маҷмўи маркетинг оид ба фурўши маҳсулоти кишоварзӣ равона мегардад.
- Ислоҳоти системаи андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ). Фаъолияти чорсолаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз рўи андози ягона як қатор бартариҳоро нисбат ба реҷаи кўҳнаи андозбандӣ нишон дод. Яке аз бартариҳои андози мазкур вобастагӣ надоштани истеҳсолкунанда ба натиҷаҳои фаъолияти кишоварзӣ (яъне аз ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, даромади солонаи хоҷагӣ, фоида, дараҷаи фоиданокӣ ва ғайра) мебошад. Маблағи андози ягона аз категорияи замин ва маҳалли ҷойгиршавии хоҷагӣ вобаста аст Бартарии дигари он содда будани ҳисоббаробаркунӣ мебошад, яъне ҳар як молистеҳсолкунанда аз меъёрҳои андози ноҳияе, ки дар ҳудудаш зиндагӣ дорад, бо мутобиқатии категорияҳои замин ва андозаи масоҳати он воқиф аст ва маблағи умумии андозро ба осонӣ муайян мекунад. Вале чи тавре ки дар амал маълум аст, шумораи андозҳо кам нашуда, дар сатҳи пештара боқӣ мондааст. Ин чунин маъно дорад, ки тибқи Кодекси амалкунандаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2005 муайян шудааст, ки молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ ба ғайр аз андози ягона, иловатан андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, андози роҳ, андози ҳадди ақали даромади корхонаро (агар истеҳсолкунанда маҳсулоти худро коркард кунад) пардохт менамоянд. Ба ғайр аз ин, идомаи ситонидани андози ҳифзи иҷтимоӣ ба заминистифодабарандагони хурд таъсири манфӣ мерасонад, дар натиҷа аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) расман худро ҳамчун саҳмдорон ба қайд намегузоранд, ин омил бештар ба занҳо хос буда, онҳо танҳо гирифтани шаҳодатномаи саҳмияи заминро ҷиҳати напардохтани андози ҳифзи иҷтимоӣ афзалтар мешуморанд. Дар навбати худ ин омил ба он оварда мерасонад, ки аксарияти роҳбарони хоҷагиҳои дехқонӣ (фермерӣ) ҳуқуқи саҳмдорони худро инкор мекунанд ва онҳоро ба ҳайси кормандони хоҷагӣ истифода мебаранд, ки онҳо аз даромади хоҷагӣ фоида намегиранд. Мисоли дигари андозбандии нобаробари зироатҳо, ин то 50% кам кардани ҳаҷми андоз аз заминҳои барои кишти пахта истифодашаванда мебошад. Шояд ин амал бо мақсади инкишофи истеҳсоли пахта бошад, вале дар асл ин тавр нашуда, боиси поймол гаштани ҳуқуқҳои деҳқононе, ки бо пахтакорӣ машғул набуда мегардад. Ин амал дар ҳамин маврид деҳқонони маҳсулоти зарурии озуқа истеҳсолкунандаро ҳавасманд накарда, хоҷагидоронеро, ки бо пахтакорӣ машғуланд, ҳавасманд мегардонад. Аз ин лиҳоз, дар доираи Барномаи мазкур ҳамкории бевосита бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз доир ба танзими меъёри андози ягона ба сифати як маош барои ҳама пешбинӣ гардидааст. Дар якҷоягӣ бо ин ба мақсад мувофиқ аст, ки маблағҳои мазкур (ба ҳисоби миёна 2 млн. доллари ШМА) ба саноатикунонии кишоварзӣ ва ташкили биолаборатория ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати экологӣ равона гардад. Вале мулокотҳои гузаронидашуда бо Вазорати молия оиди ин масъала натиҷаҳои мусбӣ надод, чунки маълум аст, ки андоз яке аз сарчашмаҳои асосии даромади буҷети давлат буда, маблағҳо ба ҳама бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ баробар тақсим карда мешаванд.
- Номутобиқатии дигар дар он мебошад, ки истеҳсолкунандагони пахта, аз як тараф ҳам андози содиротӣ (андоз аз фурўш 10 %) месупоранд ва аз тарафи дигар бошад, барои супоридани андози ягона то 50% имтиёз доранд. Ғайр аз ин хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ аз фурўши чакана (то 3%) ба мақомоти маҳаллӣ андоз месупоранд. Дар ин ҷо мақоми воридшавии андозҳо аз истеҳсолкунандагони пахта, инчунин таъсири якхелаи андози ягона ба ҳавасмандгардонии баландравии самаранокии хоҷагии қишлоқ куллан равшан нест. Бо мақсади ҳал намудани низоми андозбандии мураккаб, дар доираи Барномаи мазкур, қатъиян тавсия дода мешавад, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил ва барои таъмини андозбандии содда на танҳо барои соҳаи кишоварзӣ, инчунин барои дигар соҳаҳои иқтисодӣ аз нав баррасӣ карда шавад. Дар ин ҷо бояд ҳамоҳангии ҳама намуди андоз - иҷтимоӣ, аз даромад, барои фоида, воридот ва содирот ба шакли андозбандии ягонаи низоми содда, хусусан андозбандии соҳаи кишоварзӣ илова карда шавад. Айни замон бо дастгирии Фонди умумиҷаҳонии асъор гурўҳи кории махсус бо иштироки намояндагони Вазорати молия, Бонки миллӣ ва Кумитаи андоз бо мақсади мувофиқа намудани таҳияи қонунгузории нави андоз дар таҳрири нав ва баъдан таҳияи санадҳои зерқонунӣ ва соддагардонии низоми андозбандӣ ташкил шудааст. Таҳияи Қонун дар таҳрири нав ва реҷаи он бояд давоми соли 2012 анҷом ёфта, амалишавии он аз соли 2013 бояд оғоз гардад. Вале то он давра, зимни пеш омадани масъалаҳо дар ҳалли мушкилоти андозбандӣ супориши протоколии ҷаласаи Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011 ба роҳбарӣ гирифта мешавад.
- Сиёсати молӣ. Вазифаи асосии сиёсати молӣ дар маҷмўъ таҳияи тавсияҳои оқилона оид ба муносибии номгўи молҳо ва муайянсозии навъҳои молҳои нисбатан афзалиятдошта ва таъмини фаъолияти самарабахши соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ мебошад. Бо мақсади татбиқи сиёсати молӣ корҳои зеринро анҷом додан лозим аст:
- гузаронидани таҳлили майдонҳои фаъолияткунандаи кишт ва маҳсулнокию нокифоягии онҳо, барои мутобиқкунонӣ ба талаботи бозорӣ аз рўи нишонаҳои махсус, таҳияи консепсияи майдонҳои кишт ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тибқи талаботи бозорҳои озуқаворӣ ва саноатӣ;
- муайян кардани андозаи ҳарсолаи маблағгузории давлатӣ ба зерсоҳаҳои афзалиятдор;
- таҳия ва татбиқи молҳои нави то ҳол ба бозор пешниҳоднагардида ва инчунин таҳияи тамғаи молӣ;
- таҳкими чорводории зотии миллӣ, ки ба соҳа имкони самарабахшона ба талаботи бозорӣ ҷавобгў буданро медиҳад;
-таҳкими тухмипарварӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи мазкур, ки бо мақсади додани имконот ба деҳқонон ҷиҳати дастрасии имконпазири тухмиҳои хушсифат, ки бо қувваи худӣ дар сатҳи миллӣ истеҳсол шудаанд;
- беҳдошт ва такмили инфрасохтори истеҳсолӣ, бозорӣ ва соҳаи коркард;
- такмили идоракунии ниҳодии ташкилотҳои кишоварзӣ.
- Сиёсати нарх ва молҳои афзалиятнок: Барномаи мазкур бо мақсади беҳдошт ва сурьатбахшии афзоиш ва рушди соҳаи кишоварзӣ бо дарназардошти нақши пешбари бахши хусусӣ ва рў овардан ба бозор тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоати барои давраи солҳои 2010-2012 ва Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2015, ки дахолати мақомотҳои давлатӣ ба масъалаи бозорҳо, раванди нархгузорӣ ва ба ин монандро боздошта, дар навбати худ бо дарназардошти зоҳир намудани таваҷҷўҳи якҷоя ба масъалаҳои танзими бозор ва муҳайё намудани шароити мусоид ба имконоти дастрасии деҳқонон ба базаи ашёи хом ва фурўши маҳсулоти худиашон дар бозорҳои дохилӣ, миллӣ ва минтақавӣ таҳия гардидааст. Чунин усули сиёсат дар асоси пешниҳоду талабот ҷоришавии нархҳо дар бозор таъмин гардида, дар натича соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба соҳае табдил ёбад, ки рў ба бозор оварад. Вобаста ба ин мақоми пешбарандан сиёсати соҳаи кишоварзиро зарур аст, ки тибқи тартиби муқарраргардида, Номгўи маҳсулотҳои афзалиятноки кишоварзии аз тарафи истеҳсолкунандагони ватанӣ истеҳсолшавандаро бо дарназардошти талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бо мақсади таҳти ҳимояи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо қарор гирифтани ин маҳсулотҳо барои тасдиқ таҳия ва пешниҳод намояд.
- Ба гурўҳи зироатҳои ғалладонагӣ аз рўи банди 9 низоми ҳамоҳангии Номгўи молии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне молҳои афзалиятнок биринҷи молӣ ва маҳсулотҳои биринҷӣ дохил мешаванд. Барои ин ҳамчун як қисмати миёнамўҳлати стратегия, Барнома ҳавасмандкунии деҳкононро ба назар гирифтааст, ки дар навбати худ онҳо истеҳсоли дохилии биринҷи молиро бо мақсади қонеъгардонии аҳолӣ зиёд менамоянд. Ҷиҳати ҳимояи самараноки бозори кишоварзии мамлакат ва молистеҳсолкунандаи миллии кишоварзӣ дар ҷараёни мустаҳкамшавии ҷаҳонишавӣ ва либерализатсияи тарифҳои савдои байналхалқӣ, ки ба пайдоиши сиёсати сифатан нави протексионизм оварда мерасонад, нақши асосӣ ба истифодабарии маҳдудиятҳои ғайритарифӣ дар рақобати номукаммали монополистӣ ва афзоиши ошкорои иқтисодиёти миллӣ дода мешавад, андешидани чораҳои зерин зарур аст:
- васеъ намудани доира ва ҳудуди истифодаи усулҳои ғайритарифии танзим;
- таъмини дахолати комилан мувофиқи давлат бо мақсади маҳдудияти дастрасии воридоти номатлуб ба бозори дохилии озуқаворӣ ва дастгирии содироти миллӣ ва истеҳсолоти воридотро ивазкунанда;
- таҷрибаи фаъолонаи унсурҳои ҳимояи соҳаи аграрӣ бо истифода аз унсурҳои зерин:
а) квотаҷудокунии тарифӣ ва авҷгирии тарифӣ;
б) ташкили системаи таъминкунандаи ҳимояи нархҳои дохилӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ;
в) ҷуброни таъсири манфии рақобати ноодилонаи истеҳсолкунандагони хориҷӣ;
г) истифодаи чораҳои нисбатан сахти санитарӣ ва фитосанитарӣ дар ҳолати зарурӣ.
- Соддагардонии расмиёти содироту воридот. Таҳлили маводи муомилоти савдои хориҷӣ нишон медиҳад, ки айни замон дар ҷумҳурӣ омилҳои боздорандаи муомилоти савдои хориҷӣ мавҷуданд ва яке аз онҳо мураккабии низоми давлатии иҷозатдиҳии амалиёти содироту воридот мебошад. Талаботи зиёд якҷоя бо хароҷоти вобаста ба риояи онҳо метавонад сарбории вазнине барои мақомоти давлатии идоракунӣ ва доираҳои корӣ бошанд ва ҳамчунин монеаи ҷиддие :барои рушди савдои байналхалқӣ гарданд. Барои беҳтар намудани ҳамкории мутақобилаи байни агентиҳо, мақомоту ташкилотҳои давлативу ғайридавлатии иштироккунанда дар танзими ғайритарифии расмиёти савдои хориҷӣ татбиқи системаи "Равзанаи ягона" ҷиҳати соддагардонии расмиёти содироту воридот зарур аст. Чунки ҳадафи асосии системаи "Равзанаи ягона" ташкили оқилонаи фаъолияти сохторҳои маъмурӣ ва кам кардани монеаҳои маъмурӣ зимни омодасозии ҳуҷҷатҳо (сертификатҳо, шаҳодатномаҳо, санадҳои иҷозатдиҳӣ ва ғайра) мебошад, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ заруранд. Бинобар ҳамин асосноккунии техникию иқтисодӣ оид ба татбиқи "Равзанаи ягона" чиҳати содда гардонидани расмиёти содироту воридот дар системаи кишоварзӣ зарураст.
- Афзоиши содироти молҳои кишоварзӣ унсури муҳими стратегияи рушди аграрӣ ба шумор меравад. Барои рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ зарурати фароҳам овардани шароитҳои мусоиди иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра, инчунин ташкили инфрасохтор, механизмҳои расондани кўмакҳои давлатии молиявӣ, андозӣ, иттилоотию машваратӣ, маркетингӣ ва дигар намудҳои кўмакрасонӣ ва дастгирии содиркунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ ба миён меояд. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои мазкур татбиқи чораҳои зерин зарур аст:
- гузаронидани корҳои мураттаб ҷиҳати омўзиш ва таҳлили иқтидори кишоварзии кишвар ва ҷараёни инкишофи афзалиятҳои рақобатии он;
- гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ ва рекламаи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ;
- ташкили инфрасохтори марбутае, ки рушди содиротро таъмин мекунад (Барномаи рушди инфрасохтори таъминкунандаи татбиқи ҳаҷми зарурии содирот омода карда шавад);
- муайян намудани афзалиятҳои мусоидат ба содирот;
- ташкили низоми иттилооти савдои беруна ва хадамоти иттилоотию машваратӣ;
- таҳияи механизми таъминкунандан суғуртаи содирот бо иштироки ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ;
- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати пешбурди фаъолонаи маҳсулоти содиротӣ ва ҳифзи манфиатҳои корхонаҳои ватанӣ дар хориҷа;
- пешпардохти мунтазам ва таъмини истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ бо тухмию ниҳолҳои зарурӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тибқи маҷмўи фармоишот;
- хизматрасониҳои машваратии мунтазам ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ оид ба интихоби намуд, навъ ва тухмиҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар заминаи талабот ва маҷмўи фармоишот;
- ташкили инфрасохтори дахлдор барои навъҷудокунӣ, борҷомабандӣ, тамғагузорӣ, нигоҳдорӣ ва фурўши маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ;
- таҳия намудани аломати молӣ.
- Рушди селексия ва тухмипарварӣ. Селексия ва тухмипарварӣ дар Барномаи мазкур нақши афзалиятнок дорад. Тибқи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20102014 такмили заминаи моддию техникии барномаҳои селексионии Институти илмӣ тадқиқотии "Зироаткор" ва Институти илмӣ тадқиқотии "Боғпавар"-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, инчунин хоҷагиҳои хусусӣ пешбинӣ гардидааст. Ин имконият медиҳад, ки раванди пешниҳод намудани навъҳои нави зироатҳои афзалиятдошта тезонида шуда, тухмипарварии тиҷоратӣ ва фоидагирии иловагӣ барои рушди минбаъдаи соҳа вусъат ёбад. Барнома ташкил ва азнавташкилкунии 7 стансияи навъсанҷиро дар минтақаҳои агроэкологии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Мўъминобод, Турсунзода, Конибодом ва Спитамен ба нақша гирифтааст. Бо мақсади татбиқи нақшаи таҳкими тухмипарварӣ амалигардонии тадбирҳои зерин зарур аст:
- пешниҳоди рўйхати хоҷагиҳои тухмипарварии тадриҷан навшаванда аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ворид шудан ба Иттиҳоди байналмиллалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ";
- ворид шудан ба Конвенсияи байналмиллалӣ оид ба карантин ва ҳифзи растанӣ;
- ворид шудан ба Ассотсиатсияи байналмиллалӣ оид ба таҳлили сифати тухмӣ ва тарҳи сертификатсияи тухмӣ;
- воридшавӣ ба иттифоқии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо.
- Ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) яке аз қадамҳои нахустини ислоҳоти ниҳодии кишоварзӣ мебошад. Дар Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 658 тасдиқ шудааст, оварда шудааст, ки барои расидан ба мақсадҳои стратегӣ, афзалияту самтҳои ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии дар ҳуҷҷатҳои барномавӣ инъикосёфта аз ҷониби роҳбарияти сиёсии кишвар татбиқ мегарданд. Мақсади ниҳоии онҳо аз таъмини сатҳи зиндагии арзанда ва сазовор барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ иборат аст ва тақозо менамояд, ки оид ба ҳар як соҳаи хоҷагии халқ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Консепсия вазифаи худро дар ноил гардидан ба мақсадҳои дар боло зикргашта аз рўи нуқтаи назари: "ҳар як коргари деҳот истеҳсолкунандаи озод буда, давлат ба ў шароити мусоид фароҳам меорад ва кафолат медиҳад". Дар ҳолате, ки давлат сиёсати ягонаро муайян менамояд, ин раванд тамоюлро ба бахши хусусӣ дар пешбинии шароитҳои тиҷорат ҳангоми интихоби фаъолияти истеҳсолӣ равона месозад.
Дигар масъалаҳое, ки Барнома пешбинӣ намудааст ин: Гирифтани дастрасӣ ба қарзҳои фоизашон паст ва ҳамчун натиҷа, дастрасӣ ба ашёи хоми баландсифат, дастрасӣ ба иттилооти бозаргонӣ ва дастрасии воқеӣ ба бозорҳо, таҳияи стратегияи бозорӣ, коркардӣ ва борпечонӣ ва ҳамчунин дастрасӣ ба технологияҳои зарурӣ, аз ҷумла технологияи коҳиш додани талафоти об (обмонии катрагӣ) ва мутобиқшавӣ ба иқлим.
- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 дар ҳалли масъалаҳои идоракунӣ дар сатҳи маҳаллӣ нопурра маънидод шудани масъалаҳои ҳуқуқӣ, ваколат ва ҳисоботдиҳии мақомотҳои идоракунии маҳаллиро қайд карда, чунин ифода мекунад, ки онҳо дар раванди иҷрои ислоҳот дар сатҳи маҳаллӣ иштироки фаъол надоранд. Аз ин лиҳоз, дар Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 қайд шудааст, ки татбиқи чораҳои дастгирии давлатӣ маънои тақсимоти аниқи вазифаҳои давлат ва бахши хусусиро дар бар мегирад. Сиёсати мазкур қабули қарорҳои зеринро талаб мекунад:
- ташаккули сиёсати соҳаи кишоварзӣ, ки ба гузариш аз вазифаи назоратбарӣ ба мусоидаткунӣ равона аст;
- пешгирии мудохилаи мақомоти давлатӣ ба раванди қабули қарорҳо аз ҷониби молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ (аз ҷониби деҳқонон);
- Барои ноил гардидан ба мақсадҳои дар боло зикргардидаи сиёсат ва стратегияи миллӣ Барнома гузаронидани таҳқиқоти ҳамаҷонибаи идоракунии маҳаллӣ ва таҳияи чораҳои махсусро тибқи низоми мавҷудаи қонунгузории миллӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ пешбинӣ менамояд ва ба тағйироти мусбӣ дар идоракунии маҳаллии соҳаи кишоварзӣ ва сохтори идоравӣ бо дарназардошти ин чораҳо оварда мерасонад:
- таҳлили умумии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин дар доираи ўҳдадориҳои мақомотҳои идоракунии маҳаллӣ, муайян намудани норасоиву масъалаҳои зарурӣ, ворид кардани тағйиру иловаҳо ба низоми қонунгузориҳои амалкунанда;
- муқаррар кардани вазифа ва ўҳдадориҳои аниқи мақомотҳои маҳалли дар сатҳи вазоратҳо ва идораҳо (бо таваҷҷўҳи махсус ба соҳаи кишоварзӣ, истифодабарии об ва замин), инчунин дар сатҳи вилоятҳо ва ноҳияҳо мутобиқи қонунгузориҳои миллӣ ва сиёсати амалкунанда;
- тағйир додани низоми тобеияти дучандаи ҳайати кормандони техникӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва муайянсозии низоми тобеият барои ин кормандон нисбати вазоратҳои ҳудудии дахлдор;
- таҳия намудани воҳидҳои омўзишии дахлдор барои мақомотҳои маҳаллӣ ва гузаронидани омўзиш дар сатҳи умумимиллӣ бо мақсади беҳдошти иттилоотонии мақомотҳои маҳаллӣ дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва сиёсату стратегияи миллӣ;
- Беҳтар кардани муносибатҳои " заминдорӣ, махсусан дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) барои рушди соҳа ахамияти муҳим дорад. Ҳолати кунунӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки бинобар надоштани имконияти молиявӣ заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ аз гардиши кишоварзӣ бозмондаанд. Барои аз байн бурдани чунин камбудиҳо ва бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолият ба хочагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) имконият дода шавад, ки заминро ба иҷора диҳанд ва инчунин сертификати ҳуқуқи истифодабарии заминро ҳамчун воситаи гарав барои гирифтани қарз истифода баранд.
Бо мақсади истифодаи самараноки замин ва таъмини фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) чораҳои зерин андешида шаванд, аз ҷумла:
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини ҳар як заминистифодабаранда бо нусхаи Сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин;
- дастгирии ҷаласаҳои мунтазами деҳқонон, таҳлили фаъолияти деҳқонон ва интихоби шаффофи намояндагони онҳо;
- истифодаи шартномаҳои иҷораи замин бо мақсади додани иҷозат ба тарафҳо барои иҷораи замин бо таъмини ҳифзи амволи худ ва пешниҳоди дастрасии беҳтаршудаи дехқонон барои гирифтани замини зиёд;
- таъмини дастгирии иттилооти тавассути паҳн намудани маҷаллаҳо, истифодаи васоити ахбори омма, аз ҷумла телевизион, радио ва
- таъмин намудани ҳар як деҳқон бо нусхаи Шаҳодатномаи қитъаи замин.
- мусоидат ба деҳқонон дар раванди қабули қарорҳо вобаста ба интихоби шаклҳои шахсони ҳуқуқӣ, таҳияи низомномаҳои зарурӣ, ба тартиб даровардани расмиёти ҳуқуқӣ, аз ҷумлаи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ, ташаккули сохтори маъмурӣ ва идоравӣ бо дастгирии Марказҳои кўмаки ҳуқуқӣ;
- баланд бардоштани даромаднокии хоҷагиҳои деҳқонӣ бо мақсади баргардонидани муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар;
- такмили муносибатҳои иҷораи замин.
- Беҳдошти вазъи замин. Вазъи кунунии заминҳои кишоварзӣ якчанд мушкилоти асосиро дар бар мегиранд, аз ҷумла ба кор набурдани заминҳои оби, ки дар натиҷа ҳазорҳо гектар заминҳои корам бекор хобидаанд, истифодабарии ғайриоқилонаи коркарди замин бе истифодаи чораҳои ҳимояи сифати замин аз ҷониби деҳқонон, аз меъёр зиёд истифодабарии нурию заҳрдоруҳо, масалан дар пахтакорӣ, ки аллакай оқибатҳои ҷиддиро ба мисли шўршавӣ, салтатсия ва амсоли ин ҷараёнҳои таназзуллёбиро ба миён овардаанд. Барнома ба таҳияи механизми самараноки мониторинги вазъи замин ва истифодабарии он, аз ҷумла гузаронидани таҳқиқоти махсус оиди баҳодиҳии масъалаҳои вобаста ба ифлосшавии саноатии замин ва об равона гардидааст. Ба ин васила механизм бояд истифодабарии самараноки заминро бо мақсади пешниҳоди ҳуқуқи истифодаи замин ба шахсони инфиродии воқеи ва хоҷагиҳои деҳконие (фермерие), ки маҳдудияти ба шахси дигар додани заминро, ба истиснои ҳолатҳое ба шахси дигар бо мақсади истифодабарии бевосита дар мавзеъҳое, ки зироатҳои ғалладонагии манфиати миллӣ доштаро таъмин менамояд. Ғайр аз ин Барнома мувофиқ будани технологияи ҷоришударо нисбати истифодаи замин ва системаи обёрӣ, ки дар асоси шартҳои нигаҳдории сифати замини кишоварзӣ ва такмилдиҳии технологияҳои обёрӣ барои кам намудани ҳаҷми зарурии оби полезӣ, пешбинӣ менамояд. Барои он, ки ин ва ба ин монанд дигар масъалаҳо, ки ба истифодабарии заминҳое, ки минбаъд дар онҳо парвариши ғалладонагиҳои анъанавӣ қобили истифода нест, технологияҳои махсусгардонидашударо бо мақсади истифодаи хаддалимкони ин гуна заминҳо ба парвариши зироату растаниҳои ба хушкӣ ва шўрнокӣ тобовар мутобиқ мегардонанд.
- Ба ғайр аз ин Барнома ба таҷдиди сохтори Вазорати кишоварзӣ, ки ба сиёсати миллии мавҷуда ва стратегияи рушди соҳаи хусусӣ асос ёфтааст, равона гардидааст. Дар Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20102012 оварда шудааст, ки рушди босуботи соҳаи аграрӣ асосан аз ислоҳоти системаи идоравии соҳаи аграрӣ, чи хеле ки дар поён қайд шудааст, вобаста аст: "Тафсир ва таҷдиди сохтори мавҷудаи давлатии танзими соҳаи аграрӣ муҳим мебошад. Дар мадди аввал ислоҳоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузаронидан зарур аст. Вазифаи ислоҳот ин гузариш аз ақидаҳои идораҳои фармондиҳӣ ба ақидаҳои идоравие, ки рў ба бозор овардаанд, иборат аст. Нақши асосии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияву татбиқи сиёсати аграрӣ ва истифодаи самараноки намудҳои фаъолияте мебошад, ки танҳо давлат метавонад иҷро намояд ва аз фаъолияте, ки бахши хусусӣ қобилияти анҷомбахшии онро дорад, худдорӣ намояд. Чунин роҳбарии сиёсат муайянсозии аниқи вазифа ва ўҳдадориҳои вазоратро ҳамчун мақомоти ташшакулдиҳандаи сиёсат, танзимкунанда ва фароҳамоварандаи шароитҳои мусоиди афзоиш ва рушди хоҷагии қишлоқи ба бахши хусусӣ асосёфта, ки идоракунии хочагиҳои деҳқонӣ ва тамоми силсилаи бунёди нархро аз истеҳсолот то коркард ва маркетинг ба бахши хусусӣ вомегузорад, таъмин мекунад. Ин тағйири сохтор, муттаҳидшавии шўъбаҳо ва ташкили марказҳои махсусгардонидашудаеро тақозо менамояд, ки бо масъалаҳои алоқаманди фаъолияти ҳуқуқиву танзимӣ, ташаккули низоми самараноку устувори пешгирикунанда ва огоҳкунни саривақтии ҳолатҳои буҳронӣ ва ғайр аз ин таҳияи стратегияи мониторинги амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳа машғуланд.
- Ба муносибатҳои бозоргонӣ гузаштани соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа ба ҳисоб меравад. Гузаштан ба муносибатҳои бозоргонӣ имконият медиҳад, ки истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ба таври табиӣ танзим гардад. Вобаста ба ин барои ба муносибатҳои бозорӣ гузаштан ба таври илова як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул кардан лозим аст, аз ҷумла:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативи қарзии кишоварзӣ ва маҳсулоттайёркунии давлатӣ";
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои рафоқатӣ";
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳо";
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи чарогоҳҳо";
- санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҳукуматн Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи системаҳои иттилотию технологии "Равзанаи ягона" оид ба қоидаҳои содиротию воридотӣ ва гранзитӣ, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналхалқӣ оид ба карантин ва ҳифзи растанӣ ва Созмони аврупоию баҳри Миёназамин оид ба карантин ва ҳифзи растанӣ.
- Таъмини рушди инфрасохтори деҳот. Тавассути татбиқ намудани барномаҳои соҳавӣ ва иҷтимоию иқтисодии рушди минтақавӣ то соли 2015 маҷмўи инфрасохтори аҳамияти иҷтимоӣ ташкил мегардад, вале рушди хизматрасонии бахши хусусӣ, ки вазифа ва ўҳдадориҳоро дар ҳамкории бахши хусусӣ ва давлатӣ муқаррар менамояд, самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 54 маркази хизматрасонии техникӣ ва 161 маркази фурўши чаканаи нуриҳои минералӣ, қисмҳои эхтиётӣ, заҳрхимикатҳо, 107 нуқтаи хизматрасонии байторӣ ва 240 маркази бордоркунии сунъии чорво мавҷуд аст. Аммо фаъолияти ҳамаи ин корхонаҳо танҳо ба як қисми талаботи миллӣ ҷавобгў аст ва пас бояд низоми истифодабарии самарабахш ва оқилонаи роҳҳо, ҳам дар шабакаи миллӣ ва ҳам роҳҳои байнидеҳотии аҳамияти маҳаллидошта, шабакаи таъмир ва таҷдиди хатти интиқоли барқ, вусъати бозорҳои фурўши нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо, таъминот бо қисмҳои эҳтиётии мошинҳои хоҷагии қишлок, нуқтаҳои хизматрасонии байторӣ, хадамоти ҳифзи растанӣ, коргоҳҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, заводҳои пахтатозакунӣ, харид ва фурўши маҳсулоти кишоварзӣ, боркашонӣ дар асоси фаъолияти соҳибкорӣ ташкил карда шавад.
- Таҳияи механизми татбиқи дастовардҳои илм ва истеҳсолот ва ташкили мақоми ҷорӣ намудани ин механизмҳо. Рушди самараноки хоҷагии кишлоқ аз бисёр ҷиҳат аз масъалаи омўзиш ва бозомўзии ҳайати кадрҳо ва татбиқи дастовардҳои навтарин дар истеҳсолот ва илм вобаста аст. Ҳамчунин фаъолияти илмию таҳқиқотиро дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барои муҳит ва саломатӣ бехатар бояд инкишоф дод. Марказҳои илмию тахқиқотӣ ва муасисаҳои таълимии кишоварзии мавҷуда ба пуррагӣ ба талаботи афзуда истодаи деҳконон ва кишвар ба маънои томаш, ки ба масъалаҳои беҳдошти сифат ва афзоиши ҳаҷми маҳсулот новобаста аз манбаъҳои мавҷудаи истифодаи бехатарии захираҳои табиӣ ва технологияҳои амалӣ ҷиҳати истифодабарии оқилонаи энергия, об ва амсоли инҳо ҷавоб дода наметавонанд. Аз ин лиҳоз, ба мақомоти дахлдор лозим аст, то он навгониҳои дар соҳаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва маълумоти кишоварзӣ, ба монанди татбиқи технологияҳои ҳозиразамони истеҳсолоти кишоварзӣ, ташкили марказҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳияи барномаи омўзиши муосирро барои марказҳои илмию омўзишӣ, аз он ҷумла Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон самарабахшона пайгирӣ намояд. Таъсири назаррас ба самаранокии кори илмию таҳқиқотӣ бояд аз ҷониби давлат дастгирӣ ва ба воситаи татбиқи маҳсулоти ниҳоии дар натиҷаи кори илмӣ ба даст омада ба истеҳсолот тавассути зиёд кардани ҳаҷми маблағгузорӣ бо роҳи фароҳам намудани реҷаи мусоиди андозсупорӣ, шартҳои қарздиҳӣ ва иҷораи дарозмўҳлат, ҳамчунин ба воситаи дигар воситаҳои молиявӣ расонида шавад. Инчунин баҳамоии фаъолияти илмию таҳқикотии асосӣ ва амалӣ, истифодабарии якҷояи донишу технологияҳои илмӣ, фарогирии пурраи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзию дигар истеҳсолкунандагон бо дастгирии машваратӣ дар маҷмўъ бо низоми пешниҳоди иттилооти соҳа, аз он ҷумла ташкили сарчашмаҳои давлатии иттилоот аз марказҳои илмию маърифатӣ ва марказҳои баланд бардоштани тахассуси кадрҳои дорои маҳорати баланди касбӣ зарур аст.
- Мақомоти ваколатдори соҳаи кишоварзӣ бояд ҳамасола Нақшаи чорабиниҳои дастгирии рушди Маркази баланд бардоштани тахассуси мутахассисони соҳаи кишоварзиро пешниҳод карда, масъалаи дастгирии ҳарсолаи молиявиро новобаста аз шакли моликият пешбинӣ намояд. Барои расидан ба ин хадафҳо зарур аст:
- такмили заминаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷиҳати тиҷоратӣ намудани соҳаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ;
- таҳияи механизми татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот;
бо таъкиди махсус ба фаъолияти амалии илмию таҳқиқотӣ дар заминаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рушди мактабҳои саҳроии деҳқонон бобати беҳдошти вазъи мубодилаи иттилоот ва таҷриба байни деҳқонон;
- татбиқи низоми муосири омўзиш дар соҳаи маърифати кишоварзӣ ва ташкили курсҳои такмили ихтисос тибқи талаботи замон дар байни мутахассисони соҳаи кишоварзӣ;
- гузаронндани тахқикоти илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо мақсади ташкили истеҳсолоти сарфакунандаи энергия ва аз ҷиҳати экологӣ тоза;
- таҳияи тадбирҳо бобати ҷалби мутахассисони ҷавон ба фаъолияти илмӣ тавассути ҳавасмандии онҳо;
- таҳияи воситаҳои гузаронидани монигоринг барои муайянсозии талабот ба мутахассисони соҳаи кишоварзӣ оид ба равияҳои нави омодасозии мутахассисон;
- ҷоригардонии усулҳои коҳиш додани бекорӣ байни мутахассисони соҳаи кишоварзӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои кўтоҳмўҳлат дар истеҳсолот:
- таҳияи воҳидҳои омўзишии васеъихтисос барои деҳконон дар масьалаҳои истеҳсолоти самарабахш, технологияҳои коркард ва фурўш, инчунин идоракунии оқилона ва самараноки хоҷагиҳои деҳқонӣ.
- Ислоҳот ва тағйироти куллӣ ҳамеша ғолибон ва мағлубонро тавлид менамояд. Барои ҳамин Барномаи мазкур ба ҳалли масъалаҳои ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар натиҷаи гузаронидани ислоҳот ба миён меояд, равона шудааст. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ба рушди яке аз бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ "Таъмини шуғли самараноки аҳолӣ" афзалият дода, татбиқи чораҳои низомӣ оид ба ташкили ҷойҳои кории иловагӣ, аз он ҷумла аз ҳисоби мусоидат ба бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии худфаъолияткунӣ ва бо кор таъмин намудани занҳо ва инчунин рушди ҳунарҳои миллӣ ва меҳнати хонагӣ, омўзиш ва бозомўзии бекорон ба ихтисосҳои нави эхтиёҷдоштаи бозори меҳнат, васеъ намудани таҷрибаи истифодаи шаклҳои муваққатии шуғлнокӣ, таъмини иштироки шарикони иҷтимоӣ дар ҳалли масъалаҳои шуғлнокии аҳолӣ дар назар дошта шудааст.
- Ислоҳоти идораи бахши пахтакорӣ ва татбиқи диверсификатсияи зироатҳои кишоварзӣ самти дигари Барнома ба ҳисоб меравад:
- қисми зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ(фермерӣ) дар бахши пахтакори тўли 70-80 сол танҳо пахта парвариш кардаанд ва новобаста аз оне, ки соҳиби заминҳои наздиҳавлигӣ буда, меваю сабзавот парвариш мекунанд, дорои малакаю иқтидори маҳдуди дифференсиатсияи дигар зироатҳо мебошанд. Ин амал метавонад мушкилиҳоро барои хоҷагидорон(фермерон) дар мавриди гузариши нисбатан бо муваффақият эҷод намояд ва ба оқибатҳои ҷиддӣ оварда мерасонад.
- ғайр аз хоҷагиҳои деҳконӣ(фермерӣ), ки бо пахта сару кор доранд, қувваи зиёди кирояи дар хоҷагиҳои пахтакор фаъолияткунанда низ мавҷуд аст. Бо дарназардошти ислоҳоти идоракунии бахши пахтакорӣ ва ё диверсификатсияи зироатҳо, баъзе аз онҳо даромади мавсимии худро аз даст медиҳанд.
- тақвияти сармоякунонии соҳаи кишоварзӣ бе ягон шакку шубҳа ба истифодаи техникаи муосири кишоварзӣ оварда мерасонад ва ба ҳамин тариқ талабот ба қувваи корӣ кам гашта, дар навбати худ имконоти бо кор таъминкуниро дар хоҷагиҳо, алалхусус хоҷагиҳои деҳқонӣ паст мекунад.
- пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ, аз он ҷумла баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ имконияти мустаҳкам намудани иқтидор ва омўзиши деҳқонон тамоман набуд. Ғаир аз ин афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ ба он оварда расонд, ки ҷавонмардони дорои малакаҳои махсус тарки деҳот менамоянд ва хоҷагиҳо бе кормандони соҳибмалакаи зарурии касбию техникӣ мемонанд. Дар навбати худ он ба ҳосилнокӣ ва даромаднокии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) таъсири манфӣ мерасонад.
-дастрасӣ ба иттилооти бозаргонӣ оид ба маводи кишоварзӣ ва инчунин маҳдудиятҳои ҷиддӣ доир ба ҳамлу нақл ва инфрасохтори бадшудаистодаи кишоварзӣ ба он оварда расониданд, ки қисмати зиёди деҳқонон ба хариди маводҳои беҳад гарону бо нархҳои арзон фурўхтани маҳсулоташон ба воситаи миёнаравҳо эътимод доранд.
-бо дарназардошти набудани танзими самарабахшонаи қувваи кории хориҷӣ, аз он ҷумла дар лоиҳаҳои калони бо инфрасохтор ва истеҳсолоти кишоварзӣ алоқаманд, коргарони тоҷик дар баъзе мавридҳо бекор мемонанд. Як қатор давлатҳои донор талаб менамоянд, ки дар навбати аввал коргарони соҳибкасб ва корноозмудаи давлатҳояшон ба кор қабул гарданд, ки чунин вазъият имкониятҳои ками бо кор таъминкуниро дар ин лоиҳаҳо ба коргарони тоҷик мемонад.
-андозҳои иҷтимоӣ бори гарони дигаре барои аксарияти хоҷагидорон (фермерон) мебошанд ва махсусан барои онҳое, ки музди маоши кам мегиранд ё эътимод ба ҳосили заминҳояшон доранд.
Мутобиқи таҳлили овардашудаи вазъият зарурати таҳияи низоми мониторинг, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти самарабахшона ошкор намудани гурўҳҳои нисбатан хассосеро, ки ба онҳо ислоҳот таъсири манфӣ расонидааст, пеш меояд; гузаронидани таҳқиқот оид ба шуғлнокии ғайрирасмӣ ва муайянсозии иқтидори ҷорию оянда ва дар баробари ин омўзиши техникию касбӣ, ки мутобиқи нуқтаҳои назари мухталифи ислоҳот барои иҷрои самарабахшонаи ислоҳоти мазкур лозим аст, таъмин гардад.
4. Баҳодиҳии самаранокии Барнома
- Иҷрои Барномаи мазкур бояд ба татбиқи вазифаҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2010-2012, Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Консепсияи сиёсати аграрии Тоҷикистон оварда расонад. Ғайр аз ин зарур аст, ки Стратегияи соҳаи кишоварзӣ барои давраи солҳои 20122020 , аз он ҷумла Нақшаи инвеститсионӣ оид ба таъмини маблағгузории он таҳия гардад, инчунин татбиқи самарабахшонаи Барнома зарур аст. Яке аз воситаҳои баҳодиҳии самарабахшии Барнома дар давраи ибтидоии татбиқи Стратегияи соҳаи кишоварзӣ дар солҳои 2012-2015 ин тақсимоти дуруст ба 10-12 ноҳияи интихобӣ, ки дар минтақаҳои мухталифи агроэкологӣ ҷойгиранд, мебошад. Зарурати гузаронидани мониторинг ва мушоҳидаи дақиқона аз болои татбиқи амалии давраҳои мухталифи ислоҳот дар қатори бахшҳои замину об, мақсаднокӣ ва самаранокии онҳо, методологияи истифодашаванда ва инчунин дараҷаи иштироки тарафҳои манфиатдор, хоҷагидорон (фермерон), мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатии марказӣ ва институтҳо бурда шавад. Бо ин пешбинӣ мегардад, ки татбиқи Барномаи мазкур ва ислоҳот тавассути стратегияи соҳавӣ чунин натиҷаҳои мушаххасро хоҳад дод:
- баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ба воситаи ширкати фаъолонаи бахши хусусӣ;
- васеъ намудани номгўй ва модернизатсияи маҳсулот тавассути навкунии соҳаи кишоварзӣ;
- рушди рақобат ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ;
- барқарор ва инкишофи системаи обёрӣ;
- рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини ҳуқуқҳои баробар ва кафолатҳо барои истифодабарии замин;
- истифодабарии оқилона ва идоракунии устуворонаи захираҳои об ва замин;
- пешниҳоди шарти "Озодии интихоби зироатҳои парваришшаванда" бо имтиёзот ва кафолатҳои дахлдор тавассути таҳкими заминаи моддӣ ва ҳуқуқӣ;
- ташкили шароитҳои мусоид барои фурўши маҳсулот дар бозор;
- коҳиш додани вобастагии истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти асосии хурокворӣ тавассути афзоиши хаҷми маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, ки ба пастшавии сатҳи камбизоатӣ оварда мерасонад;
- тақсимоти аниқи вазифаҳои бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ;
- таъмини аҳолӣ бо ғизои солим ва маҳсулоти хўрокворӣ;
- беҳдошти таъминоти ғизои аҳолӣ;
- ҳифзи устувори захираҳои табиӣ;
- беҳтар намудани шароиту воситаҳои зист барои ҳаёти шаҳрвандон.
5. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома ва стратегияи татбиқи он
- Татбиқи Барнома, намунаҳои маблағгузории он, сармоягузорӣ ва амаликунонии он бояд пурра дар стратегияи соҳа батафсил оварда шаванд, ки таҳияи он дар нимсолаи дуюми соли 2012 ба нақша гирифта шудааст. Татбиқи стратегияи соҳавӣ бо дигар стратегияҳои соҳа, махсусан соҳахои замин ва об зич алоқаманд мешавад ва инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки дар нимсолаи дуюми соли 2012 чунин стратегияҳои соҳавӣ таҳия карда шаванд. Татбиқи амалии Барнома бояд дар ҳамкорӣ бо дигар вазоратҳои соҳавӣ, махсусан Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатин заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон самарабахшона анҷом ёбад. Намудҳои фаъолияте, ки иҷрои онҳо дар доираи Барномаи мазкур ба нақша гирифта шудааст, муфассал дар стратегияи соҳавӣ бо мутобиқатии мақсадҳои муайян ва нишондиҳандаҳои шуморавӣ баён мегарданд. Стратегия аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ ва барномаҳои дастгирии техникии ташкилотҳои донорӣ амалӣ карда мешавад. Ғайр аз он мақомоти ваколатдори соҳа дар нимсолаи дуюми соли 2012 стратегияи амиқро барои ҷалби барномаҳои сармоягузории дохилӣ ва берунӣ, аз он ҷумла ҳамкории давлатию хусусӣ ва корхонаҳои муштарак таҳия менамояд. Агар татбики Барнома самарабахшона амалӣ гардад, пас стратегияи он ҷалби худи хоҷагидоронро (фермеронро) ҷиҳати маблағгузории соҳа пешбинӣ менамояд.
6. Ташкил ва мониторинги рафти иҷрои Барнома
- Назорати умумии татбиқи Барномаи мазкур аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои муқарраршуда бурда мешавад ва аз ҷониби вазорат ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди иҷрои Барномаи мазкур ҳисобот пешниҳод мегардад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии татбиқи Барномаи мазкурро амалӣ мекунад. Ҳамчунин Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори таъсиси гурўҳи кори мустақил оид ба мониторинги Барномаи мазкур мебошад. Ба ҳайати гурўҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва сохторҳои зертобеъ, ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин намояндагони ассотсиатсияҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахборт омма дохил мешаванд. Гурўҳи корӣ бояд дар бораи татбиқи ислоҳот дар семоҳа ҳисобот бо интишори ҳатмии он дар воситаҳои ахбори омма омода созад.