Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ҒАЙРИМОДДИИ ХАЛҚИ ТОҶИК
БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020
1. Муқаррароти умумӣ
Бояд зикр намуд, ки фарҳанги суннатӣ заминаи асосии гуногунрангии тамоми самтҳо, шаклу намудҳои фарҳанги Тоҷикистони муосир буда, зимни он ҷахонбинии инсон, низоми тасаввурот ва забон, дину эътиқод, донишу малака, расму оин, урфу одатҳои истеҳсолӣ ва рўзгордорӣ, ҷашну маросимҳо, низоми фолклор ташаккул меёбанд.
Барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон мероси фарҳангии ғайримоддӣ яке аз воситаҳои муассири пешгирӣ ва аз байн бурдани падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ дар байни кўдакону ҷавонон, ташаккули ҳисси ватандўстӣ, хислатҳои шаҳрвандӣ, шахсият, тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ, устуворгардонӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои оилавӣ ва ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Тавассути он проблемаҳои ҷиддии одоби миллӣ, идеалҳои эстетикӣ ва ниҳоят ташаккули нерўи иҷтимоӣ ва иктисодии мамлакат ҳаллу фасл мегардад.
Тоҷикистон аз лиҳози хусусияти тамоюли таърихӣ кишвари фарҳанги суннатӣ аст. Бинобар ин, ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи муосири Тоҷикистон бағоят муҳим аст. Суннатҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар Тоҷикистон зиндаанд ва қисмҳои таркибии фарҳанги имрўзаи он ба шумор мераванд. Вале мардуми дорои суннатҳои бой, ки таърихан ва имрўз ба давлатҳои ҳамсоя ғизои маънавӣ мебахшад, айни замон мероси фарҳангии ғайримоддии худро ҳанўз ба расмият надаровардааст. Ин аз он ҷиҳат хавфнок аст, ки ҳамсоятон, ки ҷараёни барасмиятдарориро оғоз намудаанд, фарҳанги тоҷикии қабулнамудаашонро ҳамчун фарҳанги асили хеш муаррифӣ мекунанд.
Дар чунин маврид Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳарчи зудтар ва фарохтар барасмиятдарории давлатии мероси фарҳангии ғайримоддиро оғоз намояд. Ин омили муҳим боиси қабули Барномаи мазкур гардидааст.
-ҳифз ва барқарорсозии шаклу навъҳои гуногуни фарҳанги суннатӣ, ки аслияти маънавиёти халқи тоҷикро муайян месозанд;
-таъмини дастёбии баробари ҳамаи қишрҳои аҳолӣ ба арзишҳои фарҳангӣ;
-рушд ва оммавигардонии намунаҳои беҳтарини мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, тарғиби дастовардҳои фарҳанги суннатӣ дар фазои фарҳангии Тоҷикистон;
-рушди фарҳанг, таҳсилоти бадеӣ ва дастгирии эҷодиёт;
-дастгирии устодон - соҳибони суннатҳои фарҳанги мардумӣ;
-рущди инфрасохтор, шаклҳои нави кор, навсозии механизмҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии ҳифз ва рушди мероси фарҳангии ғайримоддӣ;
-тарбия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи мероси фарҳангии ғайримоддӣ;
-таъмини ҳифзи ҳуқуқии шаклҳои ҳифзи фарҳанги суннатӣ;
-ҷамъоварӣ, мукаммалгардонии воситаҳои бақайдгирӣ, истифодаи шаклҳои гуногуни сабти унсурҳо ва объектҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (чоп, маводи аудиовидеоӣ, сабти нотавӣ ва ғайра);
-чопи китоби бисёрҷилдаи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик;
-таҳияи силсилаи бисёрсериягии филмҳои мустанад оид ба мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик;
-баргузор намудани чорабиниҳои гуногун баҳри тарғиби шаклҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ;
-ташкил намудани экспедитсияҳои гуногун бо мақсади ҷамъоварии иттилоот ва мавод оид ба мероси фарҳангии ғайримоддӣ;
-таъсиси лабораторияҳои доимӣ дар ташкилотҳое, ки ба омўзиши мероси фарҳангии ғайримоддӣ машғуланд.
-ташаккули низоми давлатии дастгирии мероси фарҳангии ғай/римоддӣ;
-амалӣ намудани хароҷоти мақсадноки маблағҳои буҷетӣ баҳри ҳалли вазифаҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ;
-муттаҳидгардонии саъю кўшишҳои бахшҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ҳалли вазифаҳои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик;
-таъмини ҳаллу фасли воқеан илмӣ ва фарҳангии масъалаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ, бо дарназардошти вазъи муосири иҷтимоию фарҳангӣ.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсоз ва масъули татбиқи Барнома мебошад.
Хароҷот барои татбиқи Барнома аз ҳисоби тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ (тибқи нархҳои солҳои дахлдор) 10 млн. 148,90 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 млн.756,0 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи телевизион ва радио назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 млн. 332,0 ҳазор сомонӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 млн. 060.9 ҳазор сомониро ташкил медихад.
12.Барномаи мазкур дар солҳои 2013-2020 татбиқ мегардад.
Барномаи мазкур марҳилаи аввали татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷикро фаро мегирад. Бинобар ин, бо татбиқи пурраи мақсад ва иҷрои вазифаҳои он Барномаи мазкур идома хоҳад ёфт.
-барои таъмини нигоҳдорӣ ва барқарорсозии шаклу навъҳои гуногуни фарҳанги суннатӣ, ки аслияти халқи тоҷикро муайян месозанд, шароит фароҳам оварда шавад;
-сатҳи дастёбӣ, эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ва самаранокии сифати хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанги суннатӣ, эҷодиёти халқ, фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ баланд бардошта шавад;
-ҷалби аҳолӣ ба фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ ҷоннок карда шавад;
-дастёбии васеи қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба арзишҳои фарҳанги суннатӣ ва муосир, таҳсилоти бадеӣ таъмин гардад;
-инфрасохтори самараноки фарҳанг бунёд гардида, заминаи моддию техникии муассисаҳое, ки ба ҳифзу барқарорсозии фарҳанги суннатӣ ва рушди эҷодиёти халқ машғуланд, таҳким ёбад:
-нерўи кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарханги суннатӣ ташаккул ёбад;
-мероси фарҳангии ғайримоддии халки тоҷик дар китоби бисёрҷилда ба табъ расад;
-мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик дар силсилаи бисёрсериягии филмҳои мустанад муаррифӣ гардад;
-фонди мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик дар сатҳи давлатӣ ва сохторхои маҳаллӣ марказонида шавад;
-фонди тиллоии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик ташаккул ёбад.