ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ҒАЙРИМОДДИИ ХАЛҚИ ТОҶИК БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020

 

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Вазорати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои тадбирҳои пешбинишударо таъмин намоянд.
  3. Маблағгузории Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҳамасолаи дар Буҷети давлатӣ барои рушди фарҳанг, илм пешбинишаванда, инчунин грантҳои фондҳои байналмилалӣ амалӣ карда шавад.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 31 майи соли 2012, № 263

ш. Душанбе